__________________________________ Баҳром Фирӯз
* * *
Саҳаргоҳон ба истиқболи хуршед
Баро ба қуллаҳои кӯҳсорон.
Рух андар чашмаи нури шафақ шуй,
Нафас гир аз насими обшорон.
Ҳавояш соф чун оби равонаш,
Заминаш поку пок аст осмонаш.
Ҳама гарду ғубори тира дар паст,
Чу оби қаъри кӯза таҳнишин аст.
Сабукрӯҳаст инсон дар баландӣ,
Намебинад аз ин ҷо пастии роҳ,
Ба қайди худ гирифторӣ надорад,
Набистезад ба ҳар ошӯби бадхоҳ.
Нидои ишқ ___________________________________
* * *
Чун уқобе ба фазо бол кушо боло шав,
Зери пар гир ҷаҳоневу ҷаҳонпаймо шав.
Ҳайф чун хор ба домони хасон печидан,
Сӯз чун лола, дило, машъалаи саҳро шав.
Гар матоест туро муштарие пайдо кун,
Нест умри абадат, чашм кушо, бино шав.
Оби мурдоб агар моҳии заррин парвард, Ҳоҷати хеш мабар, ҷӯш зану дарё шав.
Донасӯз аст агар хоки ҷаҳони дигарон,
Мушти гил дорӣ ту ҳам, аз гили худ пайдо
шав!
__________________________________ Баҳром Фирӯз
* * *
Аз санг шаву аз санг амон мапурс,
Аз захми тир нола кун, раҳм аз камон мапурс.
Роҳи талош бигзину ҳиммат баланд дор, Зинҳор дасти ёварӣ аз нокасон мапурс.
Дар об ғарка гарду даме дасту по бизан,
Аз бутта лутфу, марҳамат аз осмон мапурс.
Шафқатталаб чӣ лоиқи ин гирудор шуд?
Аз фили дар қафас раҳи Ҳндустон мапурс.
То метавонӣ миннати болин макаш, ҷавон, Дастат ба cap гузору зи кас ину он мапурс.
Нидои ишқ ___________________________________
* * *
Ман шеваи мунофиқон бас озмудаам,
Гаҳ бо ту як мавиз ду тақсим мекунанд.
Пеши ту лоф мезананд аз сидқу дӯстӣ,
Сар хам гаҳ аз ниёз, гаҳ аз бим мекунанд.
Гоҳо ба пеши пои ту хам гашта лаҳзае
Сар гӯиё ба ҳурмат таслим мекунанд.
Бовар макун тамаллуқи ночори нокасон,
Бар кӯҳ то баромадан таъзим мекунанд.
__________________________________ Баҳром Фирӯз
РУБОИЁТ
Баъд аз сари мо низ ҷаҳон хоҳад буд,
Ин гиряву ханда ҷовидон хоҳад буд.
Обе, ки ба ҷӯй меравад, гирён аст,
3-ин ҷӯй гузаштан ормон хоҳад буд.
* * *
Аз неруи тан ҳикояте хоҳад монд,
Аз ҳусни чавонӣ сурате хоҳад монд.
Бар умри гузаштаи худ афсӯс махӯр,
Аз меҳру вафо саодате хоҳад монд.
* * *
Ҳиммат сухани дастнигарҳо будаст,
Ҳотам ҳашами тангназарҳо будаст.
Он чашм, ки гуфтаанд дунёбинаш,
Кӯри худу бинои дигарҳо будаст.
* * *
Аз марг амон, кӣ ёфт, то ман ёбам?
Боз умри ҷавон кӣ ёфт, то ман ёбам?
Шеър умри ману паёми фардои ман аст,
3-ин беш ҷаҳон, кӣ ёфт, то ман ёбам?
Нидои ишқ _______________________________
* * *
Ҳар ошиқи булҳавас наояд ба дарат,
Ҳар лофзане намешавад ҷонписарат.
Дар боғи ҷавонӣ нахли ишқе парвар,
Дар мавсими пирӣ соя созад ба сарат.
* * *
Шаб чашм ба роҳ печу тобам додӣ.
Бар ман сабақе зи сарҳисобам додӣ,
Бар нуқли лабат умед бастам, ҳайҳот.
Аз мурғи дар осмон кабобам додӣ.
* * *
Чун лола зи дур сурхрӯй накунам,
Бо дилсияҳои шукуфтарӯй накунам.
Бо неку бади ҷаҳон дилоростаам,
Аз халқи ватан канораҷӯй накунам.
* * *
Субҳе зи гиребони шабам механдад,
Хуршеди ман андар талабам механдад.
Оташ ба дилам зи меҳри ӯ пеши касон
Месӯзам чун лола лабам механдад.
__________________________________ Баҳром Фирӯз
* * *
Чун лола агар бо диле доғам бошам,
Он беҳ, ки гиёҳи боғу роғе бошам.
Қандил нашавам ба қасри шоҳон харгиз,
Дар кулбаи бенаво чароғе бошам.
* * *
Хоҳам ба мисоли оби дарё бошӣ,
Гаҳ гулшану гаҳ бодияпаймо бошӣ,
Ҷӯшиву хурӯшиву ситези аммо,
Дар тирамоҳи умр мусаффо бошӣ.
* * *
Гар ғунча ниқоб медарад хушнудам,
Гар чашма ба рӯд мебарад, хушнудам.
Аз лонаи хештан агар чуҷаҳаке,
Рӯзе чу уқоб мепарад, хушнудам.
* * *
Ман рози дилам ба кӯҳҳо гӯям,
Таскини дилам зи тоби дилҳо ҷӯям.
Чун дона миёни хоки раҳ гум шудаам
Шояд ки ба иқболи ту фардо рӯям.
Нидои ишқ ___________________________________
* * *
Ман қатрааму зиндагиам ошӯб аст,
Домони яке рӯд маро матлуб аст.
Аз халқ канора ҷустан кӯрдилист,
Аз хеш гаҳе канора ҷустан хуб аст.
* * *
Гаҳ бар гулу гаҳ ба боғбон механдам,
Гаҳ ба худу гаҳ ба бехудон механдам.
Ҳар кас, ки ба ҷуз хеш касеро нашнохт,
Хомӯш ба сармастии он механдам.
* * *
Дар хилвати хеш гӯи Афлотунӣ,
Аз бехабарӣ муаллими гардунӣ.
Пое ба замин гузору чашме бикушо.
Дар ҳар қадаме бинӣ зи худ афзуне.
* * *
То ғунча шукуфт, субҳидам мегузарад,
Ғавғои таккабури ту ҳам мегузарад,
Аз ёри нахуст дил набардор ба саҳл,
Ин бахти хуш аз кӯи ту кам мегузарад.
____________________________ Баҳром Фирӯз
* * *
Аз туст кунун маро ҳама шодиву ғам,
Аз туст чи бахти неку толеи бадам,
Дил сафҳаи нонавиштаи дафтари туст.
Бинавис, чи мехохӣ ба дасти ту қалам.
* * *
Ҳар гул зи баҳори нав нишон аст маро.
Ҳар қатра ба руд ҳамзабон аст маро,
Ин қадр ба чашми кам мабин, эй ғофил,
Дар сина ниҳон баҳри дамон аст маро.
* * *
Дур аз ту дилам шод нашуд, шод нашуд,
Бе ту сарам аз хиҷолат озод нашуд.
Бе ту қадаме пеш ниҳам пас мерафт,
Бе ту мадади табъи худодод нашуд.
* * *
Дар чашми рамузбин тамошост китоб,
Гар кайфияте шиносӣ, дунёст китоб,
Эй бехабар, аз бузургиҳои қатра,
Гар ғӯта задан тавонӣ, дарёст китоб.
Нидои ишқ ___________________________________
* * *
Эй қатраи пок, роҳи худ гум накунӣ,
Бе рӯд дар ин ҷода талотум накунӣ,
Ҳастии ту як ҳалқаи ин занҷир аст,
Хуш дор, ки ин силсиларо гум накунӣ.
* * *
Онам, ки талотум аз вуҷудам наравад,
Аз дил шарарам ба тирадудам наравад. Ошуфтагии сари ҷавонам боқист,
Ин сӯзи ҳаёт аз сурудам наравад.
* * *
Наврӯз расид рубоб дар даст баро,
Аз ишқ чу гул хумор нашикаст, баро.
Ман рози дилам ба гӯши гулҳо гӯям,
Гар накҳати гул шамиданат ҳаст баро.
* * *
Тасвири ту бо қалам муяясар нашавад, Ташбеҳи ту моҳу меҳру ахтар нашавад.
Дар нозукиву лутфу адоҳо суханам
Бо мисраи қоматат баробар нашавад.
__________________________________ Баҳром Фирӯз
* * *
Гардун, чу ба сӯи мардум андохт каманд,
Овард басо сари баланде дар банд,
Ҳар мард чу Рӯдакӣ ба домаш н-афтод,
Ин гург ду чашми равшани ӯро канд.
* * *
Дap хилвати рози мо наё, эй бадхӯ,
Гap омадаӣ аз дили худ кина бишӯ,
Сози ғаразу кинакашӣ барҳам зан,
Чун зоғ ту аз меваи мо кирм маҷӯ.
* * *
Эй бахт, маро ранҷ мадеҳ бо афсун,
Чун хома ба дар даст макун хору забун.
Ҳаp он чй дилат хост раво дор, вале
Дар қабзаи нокасон маро зоча макун.
* * *
Чун рӯд ман аз баландиҳо паст шудам,
Чун боди сабо поку тиҳидаст шудам.
Лек иззати худ нарехтам пеши касе,
Бо шавқати сарбаландиҳо маст шудам.
Нидои ишқ ___________________________________
* * *
Дар маҳфили ҷумла пухтагон мо хомем,
Бo росдилии хештан нокомем.
Аз чарбзабонӣ рӯи шум овардем,
Чун оинае ба пеши зиштандомем.
* * *
Ҳар ҷо, ки ту рафтӣ дар канорат будам,
Бе ваъда сари paҳ, интизорат будам,
Нохонда ба сад баҳона дар хонаи ту,
Ҳар рӯз зи бахт умедворат будам.
* * *
Аз гуфтаи худ наям парешон, эй дӯст,
Аз кардаи худ наям, пушаймон,эй дӯст.
Ман хӯшаи донарез гаштам акнун,
Аз оташам ин қадар матарсон,эй дуст.
__________________________________ Баҳром Фирӯз
МУНДАРИҶА
“Ба сухан зинда шавад ...”...................................... 4
Хоки ватан ............................................................. 7
Диёрам ................................................................... 8
Забони модарӣ ........................................................... 9
Мактаб ......................................................................... 10
Зан ................................................................................ 11
Модар .......................................................................... 12
Раҳи армон .................................................................. 13
Падар ........................................................................... 16
Муаллими ман ............................................................ 17
Хуни шоир .................................................................. 19
Шаби соли нав ............................................................ 21
Муҳаббат ..................................................................... 23
Бегона .......................................................................... 26
Нидои ишқ ................................................................... 27
Чашмҳоят ..................................................................... 29
Суруди духтари ношинос ........................................... 30
Шиква ........................................................................... 31
Маслиҳат .................................................................... 32
Сурат ........................................................................... 33
Дар базм ...................................................................... 34
Базм ............................................................................. 35
Надомат ...................................................................... 36
Розҳо ........................................................................... 37
Боз аз розҳои маҳтобӣ ............................................... 38
Нимишаб ..................................................................... 39
Бе ту дар сайр будам ................................................. 40
Қисмати ҳалолам деҳ ................................................. 41
Такрор меоям ............................................................. 42
Ман дилеро намекунам қисмат ................................ 43
Кӯҳсор ......................................................................... 45
Ҳулбӯй ........................................................................ 46
Шикваи рӯди кӯҳӣ ..................................................... 47
Тифли офтоб ............................................................... 49
Тешаи наҷҷор .............................................................. 51
Шогирд ........................................................................ 52
Шеър ............................................................................ 53
Қалам ........................................................................... 55
На ину на он ................................................................ 56
Молдова ....................................................................... 57
Дар кӯчаи Ню- Йорк ................................................... 59
Рози падар ...................................................................... 60
Фили пир ......................................................................... 61
Таронаи Ёвон .................................................................. 62
Тирезаҳо .................................................................... 63
Ниқоб ........................................................................ 64
Тавба кардем ............................................................ 65
Ба ту рӯхи қавӣ, тани солим ……………………...... 67
Як шаби тираранги маҳолуд ................................... 68
Шоир аз гуфтор монад ……………………………... 69
Шоир аз ҷавҳари ҷон шеърро ҷилодор кунад ........ 70
Рӯи қолини сабза биншаста ………………………… 71
Ошиқам, эй диёри кӯҳистон .................................... 72
Бихон, ёро суруди шодмонӣ ..………………………. 73
Саҳаргоҳон ба истиқболи хуршед …….…………… 74
Чун уқобе ба фазо бол кушо боло шав ……………. 75
Аз санг шаву аз санг амон мапурс …………………. 76
Ман шеваи мунофиқон бас озмудаам …………...… 77
Рубоиёт ………………………………………………... 78
Достарыңызбен бөлісу: |