Қарори маҷлиси олии ҷУМҲурии тоҷикистон дар бораи авфи умумӣ



Дата07.07.2016
өлшемі45.49 Kb.
#182295




ҚАРОРИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи авфи умумӣ

(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1999, №5, м.55)
Ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Э.Ш.Раҳмоновро оид ба авфи силоҳбадастони оппозитсияи тоҷик, ки ба қарори Комиссияи Оштии Миллӣ № 029 аз 4 маи соли 1999, дархости иттиҳоди нерӯҳои оппозитсияи тоҷик асос ёфтааст, баррасӣ намуда ва бо мақсади суръат бахшидан ба раванди сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон бо назардошти принсипҳои башардӯстӣ ва мутобиқи моддаи 49 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Аз ҷазои маҳрумӣ аз озодӣ, сарфи назар аз мӯҳлати ҷазои таъиншуда, инчунин аз ҷазоҳои бо маҳрум кардан аз озодӣ алоқаманднабуда силоҳбадастони Иттиҳоди нерӯҳои оппозитсияи тоҷик тибқи рӯйхати тасдикнамудаи Комиссияи Оштии Миллӣ аз 3 марти соли 1999 озод карда шаванд.

2. Парвандаҳои ҷиноятӣ, ки дар баррасии мақомоти тафтишоти пешакӣ мебошанд, аз ҷумла парвандаҳои ҷиноятие, ки баррасии онҳо боздошта шудааст ва парвандаҳои ҷиноятие, ки аз тарафи судҳо баррасӣ нагардидаанд, нисбати ашхосе, ки таҳти амали банди 1 ҳамин Қарор мебошанд, қатъ карда шаванд.

3. Таҳти амали ҳамин Қарор ашхосе қарор мегиранд, ки аз тарафи мақомоти тафтишотӣ нисбати онҳо тафтишоти пешакӣ бурда мешавад ё аз тарафи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳкум шудаанд ва то қабули ҳамин Қарор ҷиноят содир намудаанд.

4. Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қайд менамояд, ки:

а) авфи силоҳбадастони ИНОТ дар асоси қарори Комиссияи Оштии Миллӣ таҳти № 15 аз 3 марти соли 1999 сурат гирад;

б) роҳбарияти ИНОТ якҷоя бо вазоратҳои низомӣ қароргоҳҳои дастаҳои мусаллаҳи ИНОТ-ро ба Протоколи низомӣ мувофиқ намуда, силоҳҳо ва фаъолияти размандагонро зери назорати қатъӣ гирад;

в) силоҳбадастоне, ки бар хилофи Созишномаи умумӣ бе иҷозат аз қароргоҳҳо берун мераванд ва бо силоҳ мегарданд, мувофиқи тартиби муқарраркардаи қонун ба ҷазо кашида мешаванд;

г) масъулияти дастгир намудан ва халъи силоҳи силоҳбадастоне, ки аз итоати фармондеҳон мебароянд, то иҷрои марҳилаи дуюми Протоколи масъалаҳои низомӣ ба зиммаи вазоратҳои дахлдор ва роҳбарияти ИНОТ мебошад;

д) қарори авф нисбат ба силоҳбадастоне, ки баъди қабули ин қарор ба қонуншиканӣ роҳ медиҳанд, татбиқ намешавад.

5. Ҳамин Қарор пас аз расман нашр гардиданаш эътибор пайдо мекунад ва бояд дар давоми се моҳ мавриди иҷро қарор гирад.
Раиси Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон С. Раҷабов
ш.Душанбе, 14 майи соли 1999

742

______________________________
ҚАРОРИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи тартиби татбиқи Қарори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

«Дар бораи авфи умумӣ»
(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1999, №5, м.56)
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Иҷрои Қарори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авфи умумӣ» ба зиммаи инҳо гузошта шавад:

а) мақомоте, ки иҷрои ҷазо нисбати маҳкумшудагоне, ки дар ҷойҳои маҳрумият аз озодӣ мебошанд, онҳое, ки шартан аз озодӣ маҳрум гардидаанд ва ба меҳнати ҳатмӣ ҷалб карда шудаанд ва онҳое, ки шартан аз ҷойҳои маҳрумият аз озодӣ бо ҳатман ба меҳнат ҷалб кардан озод карда шудаанд, дар ихтиёрашон мебошад.

Иҷрои Қарори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авфи умумӣ» (минбаъд дар матн – Қарор дар бораи авф) тибқи қарори сардори мақомоте, ки иҷрои ҷазоро анҷом медиҳанд ва аз ҷониби прокурор иҷозат дода шудааст, сурат мегирад;

б) ба мақомоти таҳқиқи ибтидоӣ ва тафтиши пешакӣ – нисбати ашхосе, ки парванда ва маводи ҷиноятҳояшон таҳти баррасии ин мақомот қарор доранд;

в) ба зиммаи судҳо:

нисбати ашхосе, ки парванда ва маводи оид ба ҷиноятҳояшон дар суд таҳти баррасӣ қарор дошта, то эътибор пайдо намудани Қарор дар бораи авф баррасӣ нашудаанд, инчунин ашхосе, ки парвандаҳо дар бораи ҷиноятҳои онҳо баррасӣ гардида, вале ҳукми онҳо қувваи қонунӣ пайдо накардаанд;

нисбати маҳкумшудагоне, ки иҷрои ҳукмашон ба таъхир андохта шудааст ва ашхосе, ки шартан маҳкум гардидаанд (масъалаи татбиқи авф аз рӯи пешниҳоди мақоми корҳои дохилие, ки рафтори маҳкумшударо назорат менамояд, аз ҷониби суде, ки ҳукм баровардааст, ҳал карда мешавад);

нисбати ашхосе, ки бо ҷазои ҷарима маҳкум шудаанд, агар то эътибор пайдо кардани Қарор дар бораи авф ҷарима ситонида нашуда бошад (масъалаи татбиқи авфро суде, ки ҳукм баровардааст, ҳал менамояд);

нисбати ашхосе, ки шартан пеш аз мӯҳлат аз ҷазо озод карда шудаанд ва ашхосе, ки қисми адонагардидаи ҷазояшон то эътибор пайдо намудани Қарор дар бораи авф ба ҷазои сабуктар иваз карда шудааст (масъалаи татбиқи санади авфро суде, ки дар бораи татбиқи шартан пеш аз мӯҳлат озод кардан ё ба ҷазои сабуктар иваз кардани қисми адонашудаи ҷазо таъинот баровардааст, ҳал мекунад);

г) ба зиммаи мақомоти корҳои дохилӣ:

нисбати ашхосе, ки ҳукмҳо нисбати онҳо қувваи қонунӣ пайдо кардаанд, ашхосе, ки ба маҳрумият аз озодӣ маҳкум шудаанду дар ҳабс нестанд ё шахсоне, ки шартан ба маҳрумият аз озодӣ бо ҳатман ҷалб намудан ба меҳнат маҳкум гардида, ба маҳалли кор фиристода нашудаанд;

нисбати ашхосе, ки ҷазоро дар шакли корҳои ислоҳи меҳнатӣ бидуни маҳрумият аз озодӣ адо мекунанд, маҳрум намудан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан ба фаъолиятҳои муайян.

2. Қарори татбиқ ё татбиқ накардани санади авф барои ҳар шахс алоҳида қабул карда мешавад.

3.Қарори татбиқи авф, ки мақомоти таҳқиқи ибтидоӣ ва тафтиши пешакӣ, мақомоти корҳои дохилӣ қабул мекунанд, аз ҷониби прокурор иҷозат дода мешавад.

Ҳангоми татбиқи санади авф аз ҷониби судҳо иштироки прокурор ҳатмист.

4. Ашхосе, ки таҳти авф қарор мегиранд, ҳам аз ҷазои асосӣ ва ҳам аз ҷазои иловагӣ озод карда мешавад, агар ҷазои иловагӣ то рӯзи эътибор пайдо намудани Қарор дар бораи авф адо нагардида бошад.

5. Дар ҳолатҳое, ки агар масъалаи истифодаи санади авф пас аз мӯҳлати се моҳаи пас аз санаи эътибор пайдо кардани Қарор дар бораи авф ба миён ояд, он мувофиқи тартиби пешбининамудаи банди 1 ҳамин Қарор иҷро карда мешавад.

6. Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муддати як моҳи пас аз гузаштани мӯҳлати амали Қарори авф ба Раёсати Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хусуси иҷрои он ҳисобот пешниҳод намоянд.
Раиси Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон С. Раҷабов
ш.Душанбе, 14 майи соли 1999

743







Достарыңызбен бөлісу:




©dereksiz.org 2024
әкімшілігінің қараңыз

    Басты бет