Ба номи Худованди Бахшандаи Меҳрубон



бет1/17
Дата11.07.2016
өлшемі1.66 Mb.
  1   2   3   4   5   6   7   8   9   ...   17




Ба номи Худованди Бахшандаи Меҳрубон

قال الله تعالى:



﴿إِنَّمٰا يُرِيدُ اللَّهُ لِيُذْهِبَ عَنكُمُ الرّجْسَ اَهْلَ الْبيْتِ وَ يُطَهِّرَكُمْ تَطْهِيرًا﴾

Худованди Мутаол дар Қуръон мефармояд:

Худованд фақат мехоҳад палидӣ ва гуноҳро аз шумо Аҳли Байт дур кунад ва шуморо комилан пок созад. (Сураи Аҳзоб, ояи 33.

Шумори бисёр зиёде аз аҳодиси шарифи Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ дар китобҳои шиа ва суннӣ бар ин амр далолат доранд, ки ин ояи муборака дар хусуси панҷ тани Оли Або буда ва вожаи "Аҳли Байт" махсуси онҳост ва онҳо Паёмбари Худо ҳазрати Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ, ҳазароти Алӣ, Фотима, Ҳасану Ҳусайн саломуллоҳи алайҳим мебошанд. Ба унвони намуна ба китобҳои зер муроҷиат кунед:

Муснади Аҳмад (мутаваффои 241 ҳ) ҷ 1 с 331 ва ҷ 4 с 107 ва ҷ 6 с 292 ва 304, Саҳеҳи Муслим (мутаваффои 261 ҳ) ҷ 7 с 130, Сунани тирмизӣ (м 279 ҳ) ҷ 5 с 361 ва ..., Сунани куброи Насоӣ (м 303 ҳ) ҷ 5 с 108 ва 113, Зурриятут тоҳираи Дулобӣ (м 310 ҳ) с 108, Мустадраки Ҳоким (м 405 ҳ) ҷ 2 с 416 ва ҷ 3 с 133 ва 146 ва 147, Ал-Бурҳони Заркашӣ (м 794 ҳ) с 197, Фатҳул бории Ибни Ҳаҷар (м 852 ҳ) ҷ 7 с 104, Усули кофӣ, Кулайнӣ ( м 328 ҳ) ҷ 1 с 287, Ал-имомату ват табсираи Ибни Бобивайҳ ( м 329 ҳ) с 47 р 29, Даоимул Исломи Мағрибӣ, (м 363 ҳ) с 35 ва 37, Ал-хисоли Садуқ, (м 381 ҳ) с 403 ва 550, Амолии Тўсӣ, (м 460 ҳ) р 438 ва 482 ва 783 ва низ ба тафсири оя дар китобҳои зер муроҷиат кунед: Тафсири Табарӣ (м 310 ҳ), Аҳкомул Қуръони Ҷассос (м 370 ҳ), Асбобун нузули Воҳидӣ (м 468 ҳ), Зодул масири Ибни Ҷавзӣ (м 597 ҳ), Тафсири Қуртубӣ ( м 671 ҳ), Тафсири Ибни Касир (м 774 ҳ), Тафсири Саолибӣ (м 825 ҳ), Дуррул мансури Суютӣ ( м 911 ҳ), Фатҳул қадири Шавконӣ (м 1250 ҳ), Тафсири Айёшӣ (м 320 ҳ), Тафсири Қуммӣ (м 329 ҳ), Тафсири Фуроти Кўфӣ (м 352 ҳ) зери ояи Улул амр, Маҷмаъ-ул-баёни Табрасӣ ( м 560 ҳ) ва китобҳои бисёри дигар.

Роҳи наҷот

قَالَ رَسُولُ اللهِ :

إنِّي تَارِكٌ فِيكُمُ الثَّقَلَيْنِ: كِتَابَ اللهِ وَعِتْرَتِي أهْلَ بَيْتِي، مَا إنْ تَمَسَّكْتُمْ بِهِمَا لَنْ تَضِلُّوا بَعْدِي أبَداً، وَإنَّهُمَا لَنْ يَفْتَرِقَا حَتَّى يَرِدَا عَلَيَّ الْحَوْضَ.



Расули Худо(саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ) фармудаанд:
Ман ду чизи гаронбаҳоеро дар миёни шумо аз худ боқӣ мегузорам: Яке Китоби Худованд ва дигарӣ Итратам, Аҳли Байтам. Агар ба ин ду чанг занед, ҳаргиз гумроҳ нахоҳед шуд. Ин ду ҳеҷ вақт аз якдигар ҷудоӣ надоранд, то он гоҳ ки бар ҳавзи Кавсар бар ман ворид шаванд.

Ин ҳадиси шариф ва мутавотир аз роҳҳои гуногун дар бисёре аз китобҳои исломӣ ворид шудааст, ки барои намуна ба китобҳои зер муроҷиат кунед: Саҳеҳи Муслим, ҷилди 7, саҳ. 122; Сунани Дорамӣ, ҷилди 2, саҳ. 432; Муснади Аҳмад, ҷилди 3, саҳ. 14, 17, 26, 59, ҷилди 4, саҳ. 366, 371, ҷилди 5, саҳ. 182, Мустадраки Ҳоким, ҷилди 3, саҳ. 109, 148, 533 ва ...



Роҳи наҷот


Илёс Қосимов

Маҷмаи ҷаҳонии Аҳли Байт алайҳимус салом



نام كتاب: راه نجات

نويسنده: الياس قاسم اف

زبان: تاجيکی



Роҳи наҷот

Муаллиф: Илёс Қосимов

Таҳиякунанда: Идораи тарҷума, Муовинати фарҳангӣ, Маҷмаи ҷаҳонии Аҳли Байт алайҳимус салом

Навбати чоп: Аввал

Таърихи чоп: 2008

Ношир: Маҷмаи ҷаҳонии Аҳли Байт алайҳимус салом

Чопхона: Иcpоъ

Тираж: 3000

www.ahl-ul-bayt.org

info@ahl-ul-bayt.org

ISBN: 978-964-529-483-8



Феҳрест

Муқаддимаи китоб 11

Сақалайн ва маънои он 15

1- Аҳодиси Зайд ибни Собит бо лафзи "Халифатайн" 16

Ҳадиси Зайд бо лафзи "Сақалайн" 22

2- Аҳодиси Имом Алӣ (Алайҳис салом) 24

3- Ҳадиси Имом Ҳасан (Алайҳис салом) 31

4- Аҳодиси Зайд ибни Арқам 31

1- Аҳодиси Абӯтуфайл аз Зайд ибни Арқам 32

2- Аҳодиси Язид ибни Ҳайён аз Зайд ибни Арқам 46

3- Аҳодиси Ҳабиб ибни Абисобит аз Зайд ибни Арқам 48

4- Аҳодиси Муслим ибни Субайҳ аз Зайд ибни Арқам 48

5- Аҳодиси Алӣ ибни Рабиа аз Зайд ибни Арқам 50

6-Ҳадиси Яҳё ибни Ҷӯъда аз Зайд ибни Арқам 51

7- Ҳадиси писар ҳамсари Зайд аз ӯ 53

5-Аҳодиси Абӯсаиди Худрӣ 54

Аҳодиси Атия аз Абӯсаиди Худрӣ 54

6-Аҳодиси Ҷобир ибни Абдуллоҳ 66

7- Аҳодиси Абдуллоҳ ибни Аббос 71

8- Ҳадиси Абдуллоҳ ибни Умар 74

9-Ҳадиси Ибни Умар ва Саъд ибни Абўваққос 74

10-Ҳадиси Ҳузайфа ибни Усайд 75

11-Ҳадиси Ҷубайр ибни Мутъим 77

12- Ҳадиси Абдуллоҳ ибни Ҳантаб 78

13- Ҳадиси Абӯзари Ғифорӣ 79

14- Ҳадиси Абӯҳурайра 82

15- Ҳадиси Абӯрофеъ 84

16- Ҳадиси Барроъ ибни Озиб 85

17- Ҳадиси Умми Салама 86

18-Ҳадиси ҳазрати Фотимаи Заҳро (Саломуллоҳи алайҳо) 87

19-Ҳадиси Умми Ҳонӣ 88

20- Ҳадиси Абдураҳмон ибни Авф 88

21- Ҳадиси 17 нафар аз саҳоба 89

22- Ҳадиси Омир ибни Абӯлайло ибни Замура 91

23- Ҳадиси Анас ибни Молик 92

24- Ҳадиси Зумайра 93

25- Ҳадиси Ҳузайфа ибни Ямон 93

Ҳадиси Сақалайн дар мактаби Аҳли Байт 95

Эътирофи уламо бар зиёдии ровиёни ҳадис 99

Маънои ҳадис аз назари уламо 99



12 ҷонишинони Паёмбар (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) 105


Муқаддимаи китоб


Паёмбари бузурги Ислом (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ) дар ҳадиси мутавотире роҳеро ба унвони танҳо роҳи наҷоти уммати исломӣ аз гумроҳӣ муаррифӣ кардаанд. Мо дар ин навиштор, ин роҳи наҷотро, ки бешак як масъалаи бисёр муҳим ва сарнавиштсозе аст, мавриди баррасӣ ва дар ихтиёри хонандагон қарор хоҳем дод.

Расули гиромии Ислом (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ) дар ин ҳадиси мутавотир уммати исломиро ба пайравӣ аз китоби Худо ва Аҳли Байти худ суфориш намуда ва эълон мефармоянд, ки танҳо роҳи наҷот аз гумроҳӣ, бо пайравӣ аз ин ду ба даст меояд. Бинобар ин ҳар ки хоҳону толиби ризояти Парвардигор ва биҳишти ҷовидон аст, бояд аз ин ду ёдгори Расули Худо ( Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ ), ки ба амонат гузоштаанд пайравӣ кунад то саодати абадиро ба даст оварад.

Ин ду амонати он ҳазрат он қадар муҳим аст, ки бино бар эътирофи уламои аҳли суннат, Расули гиромии Ислом (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ) онро дар се моҳи охири умри шарифи худ дар се чаҳор макон ва замонҳои гуногун ба уммати худ бозгӯ карда ва уммати худро ба пайравӣ ва чанг задан ба он тавсия ва супориш фармудаанд.

Ҳамчунин аз матолиби муҳимми дигар ин ки Расули Худо (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ) ба уммати худ хабар додаанд, ки баъд аз он ҳазрат 12 нафар халифа ва ҷонишинони он ҳазрат хоҳанд омад. Ва аз ҷумлаи ҷойҳое, ки он ҳазрат ин ҳадиси шарифро фармудаанд, дар Ҳаҷҷатул видоъ ва рӯзи Арафа аст. Пас он ҳазрат дар Ҳаҷҷатул видоъ ва дар рӯзи Арафа ба уммати худ, ҳам аз раҳбарии китоби Худо ва Аҳли Байти худ хабар додаанд ва ҳам аз ин ки ин раҳбарони динӣ 12 нафаранд.

Вале мутаассифона хелеҳо огоҳона ё ноогоҳона ба ин аҳодису суфориши он ҳазрат амал намекунанд ва аз он хеле фосила гирифтаанд. Бинобар ин мо хостем дар ин навиштор ин мавзӯъ ва масъалаи муҳимро дар ихтиёри хонандагони азиз тарҳ намоем то иншоаллоҳ роҳнамое дар шинохти ҳақ ва пайравӣ аз он ва расидан ба саодати абадӣ бошад.

Расули гиромии Ислом (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ) дар ин ҳадиси мутавотир, танҳо як роҳ ва амал ба онро сабаби наҷот аз гумроҳӣ муаррифӣ фармудаанд. Пас ҳар ки мехоҳад гумроҳ нашавад, танҳо роҳаш ҳамин аст, ки бояд аз китоби Худо ва Аҳли Байти он ҳазрат пайравӣ кунад ва дар ғайри ин сурат, Ислом ва Худованди Мутаол ҳеҷ тазмине ба касе накардаанд.

Пас бо вуҷуди ин ҳадиси мутавотир, ҳеҷ узре дар пешгоҳи Худованди Мутаол нахоҳем дошт!

Ёдовар мешавем, ки мо дар ин навиштор танҳо китобҳоеро овардем, ки ин ҳадисро бо санад зикр кардаанд ва ё дар бораи санади он назар додаанд, вагарна ин ҳадисро садҳо китоби дигар ва уламо дар навиштори худ зикр кардаанд, ки мо ба онҳо ишора накардем.

Огоҳон медонанд, ки дар бораи ҳадиси мутавотир қонун ин гуна аст, ки лозим нест ба саҳеҳ ва ё заиф будани санади он таваҷҷӯҳе бишавад, чун ҳадиси мутавотир судураш аз маъсум қатъӣ ва яқинӣ аст ва ҳеҷ шакке дар он роҳ надорад. Аммо бо ин вуҷуд, мо аксари санадҳои ин ҳадиси шарифро баррасӣ ва ба саҳеҳ ё заиф будани санади он ишора кардем. Ва чун ин ҳадис, аз аҳодиси хеле муҳим, ки дар воқеъ дар ҳаққаш хеле кўтоҳӣ ва зулм шуда ва ба мардум бозгў нашуда ва аз мусулмонон пинҳон нигаҳ дошта шуда аст, бинобар ин, барои ин ки хонандаи азиз ба азамати ин ҳадис пай бубарад, мо санадҳои ин ҳадисро низ ҳамроҳи матни арабии он комил овардем, то агар хонандаи азиз худ ҳар кадом аз санадҳои онро хост, метавонад мавриди баррасӣ қарор бидиҳад.


Каталог: download
download -> ЖҰмабекова гүлбақыттың халықаралық конференцияларда жарық КӨрген мақалалар тізімі
download -> Атты халықаралық ғылыми-практикалық конференция өтеді. Конференция жұмысының бағыттары
download -> Конференция жұмысының бағыттары: Лингвомәдени концептология және ұрпақтың мәдени сабақтастығы
download -> Тараз мемлекеттік педагогикалық институты ф 15-38-1/ 2-006
download -> Ғалымның тарих мектебі сөз басы әйгілі Себастьян Бранд «Дүниедегінің бәрі де өткінші, бәрі де тозады, тек ғылым ғана мәңгілік, бәрінен де озады»
download -> Сабақтың тақырыбы: Публицистикалық стильдің тіл ерекшеліктері. Сабақтың мақсаты
download -> Сабақтың тақырыбы: Етістік
download -> Акционерлік қоғамдар туралы 2003 жылғы 13 мамырдағы №415-іі
download -> Қазақстан республикасы білім және ғылым министрлігі мемлекет тарихы институты


Достарыңызбен бөлісу:
  1   2   3   4   5   6   7   8   9   ...   17


©dereksiz.org 2019
әкімшілігінің қараңыз

    Басты бет