§114.Ҳуқуқвайронкуни,чиноят ва чавобгарии экологї
Ҳуқуқвайронкунии экологи-ин кирдори(ҳаракати беҳаракати)содиршудаи гунаҳкоронае мебошад, ки ба тартиботи муқараршудаи экологии Чумҳурии Точикистон таҳдид мекунад,ё ин ки хатари реалии расонидани чунин зарарро ба вучуд меорад.
Чинояти экологи-он кирдори содиршудаи гунаҳкоронаи барои чамъият хавфноке мебошад,ки ба
тартиботи ҳуқуқии экологи,бехатарии экологии чамъиятии Чумҳурии Точикистон таҳдид мекунад
ва ба муҳити табии атроф ва саломатии инсон зарар мерасонад ва Кодекси чинояти бо таҳдиди татбиқи чазо манъ кардааст,чинояти экологи эътироф карда мешавад.
Чавобгарии экологи-институти мураккаби ичтимои ва экологи-ҳуқуқи мебошад.Ба фаҳмиши маънои парспективи- ин уҳдадории риоя намудани меъёрҳои илман асосноки алоқамандии чамъияту табиат дар қонеъгардонии манфиатҳои экологи ва иқтисоди мебошад,дар маънои ретроспективи бошад-уҳдадориҳои тобовар будан ба оқибатҳои носазовори муқарар кардаи қонун барои вайронкориҳои талабҳои алоқамандии чамъияту табиат фаҳмида мешавад.
ФАСЛИ IV.МАЌОМОТЊОИ ЊИФЗИ ЊУЌУЌИ
ЉУМЊУРИИ ТОЉИКИСТОН
Боби 21.Суд
§115.Низоми судии Чумҳурии Точикистон
Адолати судї ва принсипҳои он
Ҳокимияти суди ва низоми суди дар ЧТ
Мувофиқи моддаи 84 Конститутсияи ЧТ «ҳакамияти суди мустақил буда,аз номи давлат ва аз тарафи судҳо амали карда мешавад.Ҳакамияти Суди ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, манфиати давлат, ташкилоту муассисаҳо ва қонунияту адолатро ҳифз менамояд»
Низоми суди дар Чумҳурии Точикистон
Низоми судии Чумҳурии Точикистонро Констиутсия ва Қонуни конститутсиони«Дар бораи Судҳои ЧТ»-6.08.2001 сол ба танзим медарорад.
Адолати судиро Суди конститутсиони,Суди Оли,Суди Олии Иқтисоди,Суди ҳарби,Суди ВМКБ, суд ҳои вилоятҳо,шаҳри Душанбе,шаҳру ноҳияҳо,Суди иқтисодии ВМКБ,Суди иқтисодии вилоятҳо, шаҳри Душанбе,Суди ҳарби горнизонии ВМКБ,суди ҳарби горнизонии вилоятҳо ва шаҳри Душанбе .Муҳлати ваколати судяҳо дар Чумҳурии Точикистон 10-сол мебошад.
Адолати суди ва принсипҳои он
Судҳо ҳамчун мақомоти баамалбарорандаи адолати суди мустақиланд.Мустақилияти судҳо ба Конститутсия ва қонунҳо кафолат дода мешавад.Дахолат ба фаъолияти судяҳо манъ аст.
Адолати суди-як навъи адолати ичтимои буда аз тарафи судҳо ба амал бароварда мешавад.Ба амал ба ровардани баробари мебошад.
Судҳо адолати судиро ба таври зайл ба амал мебароранд:
1)Барраси ва ҳалли парвандаҳои конститутсиони.2) Барраси ва ҳалли парвандаҳои граждани.3)Бар раси ва ҳалли парвандаҳои чинояти.4)Барраси ва ҳалли парвандаҳои иқтисоди.5)Барраси ва ҳалли парвандаҳои маъмури.
Принсипҳои адолати суди:
1.Танҳо аз тарафи судҳо ба амал баровардани адолати суди.
2.Мутобиқи қонун ташкил намудани судҳо ба амал баровардани адолати суди.
3.Мустақил будани судҳо дар фаъолияти худ ва танҳо ба Конститутсия ва қонунҳо итоат кардани онҳо.
4.Ба таври дастачамъи ва ё танҳо барраси намудани парвандаҳо.
5.Бо тарзи мубоҳиса ва дар асоси баробарии тарафҳо сурат гирифтани мурофиаи суди.
6.Кафолати ҳифзи суди доштани ҳар шахс.
7.Аз тарафи суди босалоҳият ва беғараз барраси намудани парванда.
8.Эҳтимолияти бегуноҳи.
9.Таъмин намудани ҳуқуқи ҳимоя ба дастгиршуда,гумонбар,айбдоршаванда,судшаванда ва маҳкум шуда.
10.Ҳимояи ҳуқуқи чабрдида.
11.Бо тарзи ошкоро гузаронидани мурофиаи суди.
12.Забони мурофиаи суди:забони давлати ё забони аксарияти аҳолли маҳали дахлдор.
13.Баробар будан дар назди қонун ва суд.
14.Иштироки намояндагони ташкилотҳои чамъияти(машваратчиёни халқи)дар суд.
Санадҳои суд ва зинаҳои суд
Баъди баррасии парвандаҳо суд чунин санадҳоро кабул мекунад:
1)Ҳукм(чинояти).
2)Ҳалнома(граждани ва иқтисоди).
3)Қарор.
4)Таъинот.
Зинаҳои суди:
Суди зинаи I аввал (ноҳияви ва шаҳри).
Суди зинаи II касатсиони (ВМКБ,вилоятҳо ва шаҳри Душанбе).
Суди зинаи III назорати (Суди Олии ЧТ).
§116.Судҳои шаҳр ва ноҳия
Судҳои шаҳр ва ноҳия дар низоми суди Чумҳурии Точикистон мавқеи назаррасро ишғол менамояд. Судҳои шаҳр ва ноҳия аксарияти парвандаҳои чинояти,граждани ва маъмуриро барраси менамояд. Судҳои шаҳр ва ноҳия суди зинаи I аввал буда,танҳо ба сифати суди марҳалаи I-ум баромад карда, парвандаҳоро моҳиятан барраси менамояд.
Ҳайати суди шаҳр ва ноҳия
Тибқи моддаи 85- Қонуни конститутсиони«Дар бораи Судҳои ЧТ»-ҳайати суди шаҳр ва ноҳия:аз раиси суд,судяҳо ва машваратчиёни халқи иборат аст.Бояд қайд кард,ки новобаста аз ҳайати суди ба ҳар як судя 50 машваратчии халқи интихоб карда мешавад.
Тартиби таъин намудани судяҳои суди шаҳр ва ноҳия
Мутобиқи қисми 2 моддаи 85 Конститутсияи Чумҳурии Точикистон ба вазифаи судяи суди шаҳр
ва ноҳия шахсе(ҳуқуқшиносе)таъин мешавад,ки синни у аз 25 кам ва аз 65 зиёд набошад,ҳадди ақал 3 сол собиқаи кории касби дошта.Судяҳои суди шаҳр ва ноҳияро бо пешниҳоди Шурои адлия
Президент таъин менамояд.Шахсе,ки бори аввал ба вазифаи судя таъин мешавад,бояд имтиҳони тахасуси супорад.Ҳоло дар чумҳури 71 судҳои шаҳру ноҳия вучуд дорад.
§117.Судҳои ҳарбї
Судҳои ҳарби дар ҳама қисмҳои ҳарби,қушунҳои дохилии ВКД,қушунҳои сарҳадии КДАМ, мақомоти идораи ҳарби ва дигар қисмҳои алоҳидаи ҳарби адолати судиро ба амал мебароранд. Фарқи асосии судҳои ҳарби аз дигар судҳо дар он аст,ки судҳои ҳарби парвандаҳоро нисбат ба шахсони ҳарби барраси мекунанд.Аз болои судҳои ҳарби Суди Олии Чумҳурии Точикистон назорати суди мебарад.Судҳои ҳарбии горнизонии Душанбе,ВМКБ,Хатлон,Суғд ва колегияи ҳарбии Суди Оли ба низоми судҳои ҳарби дар Чумҳурии Точикистон дохил мешаванд.Судҳои ҳарбии горнизонҳо аз чиҳати ҳайат ба суди шаҳр ноҳия монанд мебошанд.Судҳои ҳарби салоҳияти баррасии парвандаҳои граждани ва чиноятиро доранд.Ин судҳо парвандаҳои зикршударо ҳамон вақт барраси мекунанд,ки агар парвандаҳои мазкур ба судҳои ҳарби тобеияти иродави дошта бошанд.Барои муайян кардани тобеияти иродавии парвандаҳои чинояти мафҳумҳо хизмати ҳарби ва хизматчии ҳарбиро донистан лозим аст.Шахсе хизматчии ҳарби ҳисобида мешавад,ки у дар хизмати ҳарби қарор дошта бошад.
Шумораи судяҳоро барои ҳар як суди ҳарбии горнизони Президенти Чумҳурии Точикистон муқарар менамояд.
§118.Суди ВМКБ,суди вилояти,суди шаҳри Душанбе
Судҳои номбаршуда баъд аз Суди Олии Чумҳурии Точикистон барои судҳои шаҳриву ноҳияви суди болои ба ҳисоб меоавад.Судҳои вилояти ва шаҳри Душанбе парвандаҳоро дар марҳилаи якум барраси мекунанд.Ин судҳо тибқи моддаи 32-Кодекси мурофиавии чинояти дар ҳудуди вилоят ва шаҳри Душанбе ҳамчун суди зинаи якум парвандаҳоро оид ба чиноятҳои одамкуши,тачовуз ба номус,тероризм,генотсид,биотсид ва ғайра барраси мекунад.
Ҳайати судҳои вилояти ва шаҳри Душанбе
Ҳайати судҳои вилояти ва шаҳри Душанбе аз раис,муовини якум,муовини раис,судяҳо ва машварат
чиёни халқи иборат аст.Дар суди ВМКБ вазифаи муовини якуми раис муқарар нашудааст.
Тартиби таъин ба вазифаи судяҳои суди вилояти ва шаҳри Душанбе
Ба вазифаи судяҳои суди зинаи II суди ВМКБ,судҳои вилоятҳо ва шаҳри Душанбе шахсе(ҳуқуқши носе)таъин карда мешавад,ки синни у аз 30 кам ва аз 65 сола зиёд набошад,ҳадди ақал 5 сол собиқаи кории судяги дошта бошад.
§119.Суди конститутсионии Љумҳурии Тољикистон
Бояд гуфт,ки Суди конститутсиони хусусияти ба худ хос дорад ва ба дигар судҳо монанд нест.Он ба
хотири ҳифзи Конститутсияи ЧТ амал мекунад ва мақоми болои ва поёни надорад. Ҳайати Суди конститутсиони за7 нафар иборат буда,яке аз онҳо намояндаи ВМКБ мебошад.Санадҳои Суди конститутсиони аз қарор,хулоса ва таъинот иборат мебошад.Санадҳои суди конститутсиони қатъи мебошад.
Тибқи(қисми 3 моддаи 89) Конститутсияи ЧТва Қонуни конститутсиони «Дар бораи Суди Конститутсионии ЧТ»-3.11.1995 сол салоҳияти Суди конститутсиони чунин мебошад:
1.Муайян намудани мувофиқати қонунҳо, санадҳои ҳуқуқии якчояи Мачлиси милли ва Мачлиси намояндагон, Мачлиси милли, Мачлиси намояндагон. Президент,Ҳукумат, Суди Оли, Суди Олии иқтисоди ва дигар мақомоти давлатию чамъияти,карордодҳои ба қувваи конун надаромадаи Точикистон ба Конститутсия;
2.Ҳалли баҳсҳои байни мақомоти давлати доир ба салоҳияти онхо;
3.Ичрои ваколатҳои дигаре, ки Конститутсия ва қонунҳо муайян кардаанд.
Тартиби таъин ба вазифаи судяи Суди конститутсиони
Ба вазифаи судяи Суди конститутсиони ҳуқуқшиносе интихоб мешавад,ки синни у аз 30 кам ва аз
65 зиёд набошад ва беш аз 10 сол собиқаи кории судяги дошта бошад.Судяи Суди конститутсиони наметавонад вазифаи дигари ба музди кор вобастабударо ичро кунад,вакили мақомоти намояндаги,узви ҳизб ё созмони сиёси бошад,ба соҳибкори машғул шавад ба истиснои фаъолияти илми, эчоди ва омузгори.
§120.Суди Олии Чумҳурии Тољикистон
Суди Олии Чумҳурии Точикистон дар давлати мо мақоми олии суди ба ҳисоб меравад ва аз болои фаъолияти судҳои ҳарбии горнизонҳои Душанбе ва вилоятҳо,суди ВМКБ,вилоятҳо ва шаҳри Душанбе,шаҳру ноҳияҳо оид ба парвандаҳои дар тобеияти ин судҳо қарордошта назорати судиро ба амал мебарорад.Мақоми оли доштани ин суд аз он иборат аст,ки вай нисбат ба судҳои вилоят ва шаҳру ноҳия,судҳои ҳарбии горнизони суди боло ба шумор меравад ва асоснок будани ин санадҳои судии аз чониби судҳои поёнии қабулшударо муайян мекунад,яъне доир ба амали гардонидани адолати суди назорати суди мебарад.Суди Оли ваколати тайғир додан ба қувваи қонуни мондани санадҳои суди дигарро оид ба тамоми парвандаҳои чинояти,граждани ва маъмури дорад.Суди Оли инчунин тачрибаи суди судҳои поёниро муайян мекунад,яъне ҳуқуқи ба ин судҳо додани тавзеҳоти дастиро дорад.
Сохтори Суди Оли ва тартиби таъин ба вазифаи судяи Суди Олии ЧТ
Сохтори Суди Оли аз Пленум,Раёсат,Колегияи Суди Оли оид ба парвандаҳои граждани, Колегияи Суди Оли оид ба парвандаҳои чинояти ва Колегияи Суди Оли оид ба парвандаҳои ҳарби иборат
аст.Пленуми Суди Оли зинаи олии суди ба ҳисоб меравад.
Ба вазифаи раис,муовини раис ва судяҳои Суди Оли ҳуқуқшиносе интихоб шуда метавонад,ки синнаш аз 30 кам ва аз 65 зиёд набошад ба сифати судя ҳадди ақал 5 сол собиқаи кори доштабошад. Номзадҳо ба вазифаи судяи Суди Оли бо пешниҳоди Президенти ЧТ аз чониби Мачлиси Милли ба муддати 10 сол интихоб мегардад.
§121.Судҳои иқтисодии Чумҳурии Точикистон
Суди Олии иқтисоди,суди иқтисодии ВМКБ,судҳои иқтисодии вилояти,суди иқтисодии шаҳри Душанбе ба низоми судҳои иқтисодии Чумҳурии Точикистон дохил мешаванд.Судҳои иқтисоди адолати судиро дар соҳаи муносибатҳои хочаги ва иқтисоди ба амал мебароранд.Судҳои иқтисоди аз руи салоҳияти худ аз дигар судҳо фарқ мекунанд,зеро он баҳсҳои иқтисодиеро ҳал мекунанд,ки аз муносибатҳои ҳуқуқи граждани бар меоянд.Мазмуни мурочиати онҳо масъалаи молу мулк ва ҳимояи ҳуқуқи амвол аст.
Тартиби таъин ба вазифаи судяи Суди иқтисодии ЧТ
Ба вазифаи раис,муовини раис ва судяҳои Суди иқтисоди ҳуқуқшиносе интихоб шуда метавонад,ки синнаш аз 30кам ва аз 65 зиёд набошад ба сифати судя ҳадди ақал 5 сол собиқаи кори дошта бошад. Номзадҳо ба вазифаи судяи Суди иқтисоди бо пешниҳоди Президенти ЧТ аз чониби Мачлиси Милли ба муддати 10 сол интихоб мегардад.
Боби 22.Вазорати адлияи Љумҳурии Тољикистон
§122.Вазифаҳо ва сохтори Вазорати адлияи
Чумҳурии Точикистон
Мувофиқи банди 1«Низомномаи Вазорати адлияи ЧТ»ки Ҳукумати Чумҳурии Точикистон аз 28
декабри соли 2006 тадиқ намудааст,Вазорати адлия-мақомоти марказии ҳокимияти ичроия буда,
сиёсати давлатиро дар соҳаи танзими меъёрэчодкуни,ёрии ҳуқуқи ба шаҳрвандон,тарғби ҳуқуқи,
ичрои чазои чинояти,экспертизаи суди ва криминалисти ва дигар соҳаҳои адлия таъмин менамояд.
Мувофиқи банди 5 Низомномаи мазкур Вазорати адлия чунин вазифаҳоро ичро менамояд:
1)Таъмини сиёсати давлати дар соҳаи ҳуқуэчодкуни.
2)Иштирок дар таъмини фаъолияти ҳуқуқэчодкуни аз тарафи Президент ва Ҳукумати ЧТ.
3)Бақайдгири ва баҳисобгирии санадҳои меъёрҳои ҳуқуқи.
4)Ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомотҳои давлати оид ба тарғибу ташвиқи ҳуқуқи,баланд бардош тани сатҳи дониши ҳуқуқии шаҳрвандон.
5)Танзими давлатии фаъолияти мақомоти нотариали.САҲШ,фаъолияти адвокатҳои ваколатдор.
6)Бақайдгирии шахсони ҳуқуқи ва ташкилотҳои чамъияти.
7)Таъмини ичрои чазои чинояти.
8)Ташкил ва гузаронидани экспертизаи суди ва криминалисти.
Сохтори Вазорати адлияи Чумҳурии Точикистон
Сохтори Вазорати адлияи Чумҳурии Точикистонро-раёсатҳои адлияи ВМКБ,вилоятҳои Суғду Хатлон,идораҳои давлатии нотариали,Раёсати сабти асноди ҳолати шаҳрванди(САҲШ),раёсатҳои корҳои ислоҳи,Донишкадаи такмили ихтисоси мақомоти ҳифзи ҳуқуқ,Маркази чумҳуриявии экспер
тизаи суди ва криминалисти ва нашриёти «Қонуният»ташкил медиҳад.
§123.Мақомоти САҲШ
Санадҳои ҳолати шаҳрванди -амали шаҳрванд ва ё ҳодисаест,ки боиси ба вучуд омадан,тайғир додан,қатъ намудани ҳуқуқ ва уҳдадориҳо гардида,ҳолати ҳуқуқии шаҳрвандонро муайян мекунад.
Раёсати сабти асноди ҳолати шаҳрвандии Вазорати адлияи ЧТ мақомоти назорати ва ҳамоҳангсо зандаи фаъолияти мақомоти САҲШ дар кишвар мебошад.
Мақомоти САҲШ- и шаҳру ноҳияҳо ва чамоатҳои шаҳраку деҳот-таввалуд,вафот,ақди никоҳ,бекор кардани ақди никоҳ,фарзандхони,муқарар кардани падари ва иваз намудани ному насабро ба қайди давлати гирифта,асноди ҳолати шаҳрвандиро тайғир медиҳад,пурра ислоҳ ва бекор мекунад, сабтҳои гумшударо барқарор мекунад,инчунин китобҳои аснодро нигоҳ медорад,шаҳодатномаи такрори ва маълумотномаҳои дахлдор медиҳанд.Чамоатҳои шаҳрак ва деҳот бошанд-танҳо таввалуд,вафот,ақди никоҳ муқарар намудани падариро ба қайди давлати мегирад.Ҳамаи ин амалҳоро мақо моти САҲШ тибқи Қонуни ЧТ«Дар бораи бақайдгирии асноди ҳолати шаҳрванди»-аз 29 апрели соли 2006 анчом медиҳад.
§124.Вазифа ва ваколатҳои идораҳои нотариалї
Мафҳуми Нотариат-калимаи лотини буда маънояш котиб мебошад.
Вазифаи асосии нотариати давлати ҳифзи ҳуқуқ ва менфиатҳои қонунии шахсони воқеи,ҳуқуқи ва давлат бо роҳи аз номи Чумҳурии Точикистон ба чо овардани амалиёти нотариалии пешбинишу даи қонунгузори аст.Ин ва дигар вазифаҳои нотариат дар Қонуни ЧТ«Дар бораи нотариати дав лати»-аз 15 майи соли 1997 муқарар шудаанд.
Ваколатҳои идораи нотариали:
1)Тадиқ намудани аҳдҳо,шартномаҳо,васиятномаҳо,ваколатномаҳо.
2)Додани шаҳодатномаҳо оид ба ҳуқуқ ба мерос.
3)Тасдиқ намудани ҳаққонияти ҳуччатҳо.
4)Тасдиқ намудани дурустии тарчумаи ҳуччатҳо аз як забон ба забони дигар.
5)Навишта додани номаҳои ичроия.
6)Додани шаҳодатномаҳо оид ба ҳуқуқи моликият ва ғайра.
Фаъолияти идораҳои нотариали таҳти назорати давлати қарор дорад.Қонуни зикршуда назоратро
аз болои фаъолияти идораҳои нотариалии давлати ба зимаи Вазорати адлия,раёсатҳои адлияи ВМ КБ, вилоятҳои Суғд ва Хатлон вогузор намудааст.
Боби 23.Мақомоти Прокуратура
§125.Прокуратураи Љумҳурии Тољикистон
Мувофиқи моддаи 1-ум Қонуни конститутсионии Чумҳурии Точикистон«Дар бораи мақомоти Прокуратура»-аз 25 майи соли 2005 Мақомоти Прократура-мақомоти ягонаи марказонидашуда мебошад, ки дар доираи ваколатҳои худ риояи дақиқ ва ичрои якхелаи қонунҳоро дар қаламрави Чумҳурии Точикистон назорат мекунад.
Сохтор ва ташкили мақомоти Прокуратураи Чумҳурии Точикистон
Бо фармони Президенти Чумҳурии Точикистон №1340 аз 2 июни соли 2004 сохтори мақомоти Прокуратураи ЧТ чунин аст: Прокуратураи генерали,Роҳбарият,Сарпрокуратураи ҳарби, Прокура тураи нақлиёти, раёсатҳо,шуъбаҳо,котибот,ёрдамчиёни Прокурори генерали.Прокуратураи Чумҳурии Точикистонро Прокурори генерали роҳбари менамояд ва он бо пешниҳоди Президенти ЧТ аз тарафи Мачлиси миллии ба вазифа интихоб ва аз вазифа озод карда мешавад.Прокурори генерали прокурорҳои тобеи худро таъин ва озод менамояд. Муҳлати ваколати прокурорҳо 5 сол мебошад.Прокурорҳо бе дахолати дигар мақомотҳои давлати ва шахсони мансабдор мустақилона дар асоси қонун фаъолият мекунанд.Прокурор наметавонад вазифаи дигареро ичро намояд,вакили мақомоти намояндаги,узви ҳизб ва созмонҳои сиёси бошад,ба соҳибкори машғул шавад.ба истиснои фаъолияти илмиву эчоди ва омузгори.
Мақсад ва вазифаҳои Прокуратура
Мақсадҳо:
-Ҳифзи мустақилият ва соҳибихтиёрии Чумҳурии Точикистон.
-Ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои асосии инсон ва шаҳрванд
-Асосҳои сохтори демократии ҳокимияти давлати,мақомоти худидоракунии маҳалли.
-Иттиҳодияҳои чамъияти ва дини,ҳизбҳои сиёси ва дигар сохторҳои давлати.
Вазифаҳо:Аз таъмини волияти қонун,таҳкими қонуният,тартиботи ҳуқуқи ва ҳифзи ҳуқуқу озоди ва манфиатҳои қонунии шаҳрвандон мебошад.
§126.Назорати прокурори,Прокурор ва санадҳои он
Самтҳои асосии назорати прокурори:
1)Назорат ба ичрои қонунҳо аз чониби вазоратҳо,кумитаҳои давлати,корхонаҳо ва идораҳои давлатии Чумҳурии Точикистон.
2)Назорат аз болои риояи ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд,ки арзишҳои оли эътироф шудааст аз чониби ҳамаи сохторҳо ва шахсони мансабдоре,ки дар сохторҳоии давлати кор ва фаъолият мекунанд.
3)Назорат аз болои риояи қонунҳое,ки ба муносибатҳои иқтисоди,байналмилали,ҳифзи муҳити зист,гумрук ва андоз мансуб мебошанд.
Прокурор- зери мафҳуми прокурор Прокурори генералии ЧТ,муовинони у,сардорони раёсатҳо (шуъбаҳо)ва муовинони онҳо,прокурорҳои мақоми поёни,муовинони онҳо,ёрдамчиёни калон ва ёрдамчиён,сарпрокурорҳо ва прокуророни раёсат ва шуъбаҳо,ки дар доираи салоҳияташон фаъолият менамоянд,фаҳмида мешавад.
Санадҳои прокурор
Прокурорҳо ҳангоми гузаронидани санчишҳо ва таҳлили умумии маводи назорати прокурори дар доираи салоҳияти худ чунин навъи санадҳои прокурориро қабул мекунанд:
1)Эътирози прокурор
2)Пешниҳоди прокурор
3)Қарори прокурор
4)Амри прокурор
1)Эътирози прокурор-нисбат ба санад,супориш ва дигар ҳуччатҳои аз тарафи мақомот ва шахсони мансабдор қабул шуда,ки хилофи қонун мебошанд,бароварда мешавад.Ҳуқуқи пешниҳоди эътироз
танҳо ба прокурор ва муовини у дода шудааст.Муҳлати баррасии эътирози прокурор 10 руз аст.
2)Пешниҳоди прокурор-дар хусуси бартараф намудани ҳуқувайронкуниҳо,сабабу омилҳои ба он мусоидаткарда ба муассисаву ташкилот ва шахси мансаборе фиристода мешавад,ки ба бартараф намудани ҳуқувайронкуни ваколат дорад.Муҳлати баррасии пешниҳоди прокурор як моҳ аст.
3)Қарори прокурор-ва ё муовини у ҳангоми ошкор намудани ҳуқувайронкуни дар рафтори шахси мансабдор ё шаҳрванд бо назардошти муқарароти қонун оид ба оғоз намудани истеҳсолот дар бораи ба чавобгарии интизоми,модди ва маъмури кашидан ё дар бораи оғоз намудани парвандаи чинояти бароварда мешавад.Муҳлати баррасии қарори прокурор 10 руз мебошад.
4)Амри прокурор-дар мавридҳое пашниҳод карда мешавад,ки қонунвайронкуниҳо ошкор шудааст
ва дар ҳолати фавран бартараф карда нашудан метавонад ба манфиати давлат,корхонаву муассиса
ва шаҳрвандон зарари чидди расонад.
Боби 24.Мақомоти таҳқиқ ва тафтишоти пешакї
§127.Мақомоти таҳқиқ дар Чумҳурии Точикистон
Тибқи қонунгузории мурофиавии чинояти дар Чумҳурии Точикистон-ВКД(милитсия),Мақомоти амнияти милли,Сарраёсати сухторхомушкуни.Қумандонҳои қисми ҳарби,Сардорони муассисаҳои ислоҳи,Хадамоти гумрук,Агентии назорати маводи нашъадори назди Президенти ЧТ, Агентии назорати давлатии молияви ва мубориза бо коррупсия ба мақомоти таҳқиқ дохил мешавад.
Мақомоти милитсия-дар Чумҳурии Точикистон мақомоти асосии таҳқиқ ба шумор рафта,кормандо ни он аз руи парвандаҳои чиноятие,ки тафтишоти пешакиро талаб мекунад,таҳқиқ бурда сипас онро ба мақомоти тафтишоти месупорад.
Агентии назорати маводи нашъадори назди Президенти ЧТ-тибқи Қонуни ЧТ«Дар бораи модаҳои нашъадор,психотропи ва прекурсорҳо»-аз10 декабри соли 1999-дар минтақаҳои сарҳади ва гумруки ҳуқуқи бурдани тақиқро доро мебошад.
Мақомоти амнияти милли (КДАМ)-тибқи Кодекси мурофиавии ва Қонуни ЧТ«Дар бораи мақомо ти амнияти давлати»-аз руи чиноятҳои хиёнат ба давлат(м 305),чосуси(м 308),ифшори сирри давла ти(м 111) салоҳияти бурдани таҳқиқро доро мебошад.
Хадамоти гумрук-мувофиқи қонун кормандони ин мақомот ҳуқуқи гузаронидани таҳқиқ ва тафтишотро дар сарҳади гумруки ва нуқтаҳои гумруки доро мебошад.
§128.Самтҳои фаъолият ва салоҳияти милитсия
Милитсия-дар Чумҳурии Точикистон мақомоти давлатии ҳифзи ҳуқуқ ва таҳқиқу тафтишот ба
шумор рафта вазифаи асосии он ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд,тартиботи чамъияти,
манфиатҳои давлату чамъият аз кирдои чинояткорона ва дигар ҳуқуқвайронкуниҳост.Милитсия ба сохтори мақомоти корҳои дохила шомил буда,ба ВКД итоат мекунад.Самти асосии фаъолияти милитсия мувофиқи моддаи 5 Қонуни ЧТ «Дар бораи милитсия»-аз 17 майи соли 2004 ин ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд,сарфи анзар аз шаҳрванди,чои истиқомат,чинс,миллат,нажод, забон, эътиқоди дини,мавқеи сиёси,таҳсил,вазъи ичтимои ва молулмулки мебошад.
Мувофиқи Қонуни зикршуда мақомоти милитсия дорои 27 номгуи вазифа ва 31 номгуи ҳуқуқҳо мебошад.Муҳимтарин вазифаи мақомоти милитсия ин ошкор ва пешгири кардани чиноят ва дигар ҳуқуқвайронкуниҳоест,ки ба ҳаёт,саломати ва ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд таҳдид мекунад мебошад.Ба ин мақсад кормандони мақомоти милитсия амалиёти оперативи-чустучуи гузаронида, тартиботи қонуниро дар чойҳои чамъияти ҳифз менамояд.
Сохтори Вазорати корҳои дохила
Дар ҳайати Вазорати корҳои дохилаи Чумҳурии Точикистон инчунин бо мақсади пурзур намудани мубориза алайҳи чинояткори сохторҳои гуногун аз қабили бригадаҳои махсус ва қушунҳои дохила созмон дода шудааст,ки вазифаи хизмати-муҳорибавиро адо менамоянд.
ВКД- низоми ягонаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Чумҳурии Точикистон аст.Вазорати корҳои дохиларо
Вазир идора менамояд.
Сохтори Вазорати корҳои дохилаи ЧТ:
1)Раёсати корҳои дохилии ВМКБ
2)Раёсатҳои корҳои дохилии вилоятҳо ва шаҳри Душанбе
3)Шуъбаҳои корҳои дохилии шаҳру ноҳияҳо
4)Мақомоти милитсия
5)Раёсати БДА
6)Қушунҳои дохили
7)Академияи ВКД ва дигар муассиаҳои таълими
§129.Агентии назорати молияви ва мубориза бо коррупсия
Бо дигар шудани шароити иқтисодиву ичтимои ва рушди давлатдори роҳу усулҳои мубориза бо чинояткори низ тайғир меёбанд.Ҳамин тавр ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Чумҳурии Точикистон илова шудани сохтори нав- Агентии назорати молияви ва мубориза бо коррупсия тақозои шароити нави ичтимоиву иқтисоди дар мамлакат мебошад.Ин мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар Чумҳурии Точикистон алайҳи як зуҳуроти номатлуб ришвахури мубориза мебарад.Низомномаи ин сохтор бо
Фармони Президенти ЧТ аз 10 январи соли 2007 тасдиқ шудааст.Ин мақомот дар асоси Конститут сия ва Қонунҳои Чумҳурии Точикистон «Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия»-25 июли соли 2005,«Дар бораи назорати давлатии молияви»-20 марти соли 2008,«Дар бораи фаолияти оперативи -чустучуи»-22 майи соли1998,Кодекси мурофиави чинояти соли 2010 ва санадҳои байналхалқие,ки Точикистон онҳоро эътироф кардааст,фаъолият мекунанд.
Достарыңызбен бөлісу: |