Мураттиб ва муаллифи сарсухан пайванди гулмурод



бет1/5
Дата14.07.2016
өлшемі0.9 Mb.
#198435
  1   2   3   4   5




БАЊРОМ ФИРЎЗ

МУАЛЛИМИ

САХТГИР

ДУШАНБЕ

«АДИБ»

2007

ББК – 84 Тољик 7-4

Ф – 22

Ин китоб бо дастгирии Президенти Љумњурии Тољикистон мўњтарам Эмомалї Рањмон ба табъ расидааст.


МУРАТТИБ ВА МУАЛЛИФИ САРСУХАН

ПАЙВАНДИ ГУЛМУРОД

МУЊАРРИР М. ХОЉАЕВ


Бањром Фирўз. Муаллими сахтгир. Маљмўаи њикояњо. - Душанбе, «Адиб», 2007.- 128 с.

Маљмўа аз њикояњое тартиб ёфтааст, ки муаллиф онњоро дар солњои гуногуни фаъолияти эљодиаш таълиф намуда, мўњтавояшон баёнгари хислатњои неки инсонї ва тарѓибгари ахлоќи њамидаву накўкорї њастанд.



ISBN 978 99947-32-34-0

© Бањром Фирўз, 2007
ТУХМИ НЕКЇ МЕПОШИД...

Дар зиндагї њар кас ба ќадри њиммату тавоної аз паи кореву касбе меравад ва бо часпу талоши зиёде рўзњоро ба шаб, шабњоро ба сањар мебарад. Яке дар ѓами имрўз асту маишату истироњат ва фароѓати лањзаинаи худро аз њама чиз боло мегузорад ва маънии зиндагиро њам дар хўрдану хуфтан мебинад. Дигаре зањмат мекашад, шабњоро бедор рўз мекунад, бо умеди осоиши њамзамонону њамдиёронаш кору пайкор дорад.

Ањли эљод дунёи дигаре доранд. Онњо паёмбари фардоянд. Дирўзро ба имрўз ва имрўзро ба оянда мепайванданд, ки бад-ин васила номи эљодкор њам абадият пайдо мекунад.

Бањром Фирўз – адиби маъруфи тољик чун шоири умедбахш вориди адабиёт гардида, дар муддати кўтоњ дар байни хонандагон бо ашъори хубу марѓубаш мањбубият пайдо кард.

Ду китоби шеърњоро ба табъ расонд, ки “Розњои мањтобшаб”-аш чун роздори дилдодагон даст ба даст мегашту “Силсила”-аш њамчун силсиладори гузаштаву оянда, њалќаи пайванди аљдодон ва авлодон саршори мењру вафо ва сидќу сафо буданд.

Ў дар ашъораш кўњистону оби равон, сабзаи навхези кўњсорону гулу хори онро васф мекард ва аз он ифтихор дошт, ки кўњњо гањвораю аввалин љавлонгоњ, ибтидои роњи умру зиндагиаш мебошанд:


Кўњњо – гањвораи ман, аввалин љавлонгањам,

Аз њамин љо роњи умри зиндагї сар кардаам.

Аз њамин љо бори аввал чашми њайрат дўхта,

Ман ба пањноии олам низ бовар кардаам.
Бањром Фирўз 1 ноябри соли 1939 дар яке аз шањракњои дурдасти тољикнишини Нуратои Самарќанди бостонї дида ба олам кушода, айёми бачагиашро дар дењаи кўњистони бобоияш-Устук гузаронида, дар њамон љо мактаби њафтсоларо хатм намуд. Шавќи касбу њунар ўро хеле барваќт-баъди ба итмом расонидани мактаби њафтсола ба маркази кўњани илму фарњанг-Самарќанд бурд, дар омўзишгоњи тољикии омўзгорї бо устодони дилсўз Мария Аванесовна, Наимї рў ба рў кард, ки аз лутфу марњамат ва ѓамхориашон бањрањо бардошт. Баъди хатми омўзишгоњ ба факултаи таъриху филологияи Донишгоњи омўзгории Хуљанд дохил шуда, онро соли 1962 ба итмом расонд. Муддате дар кафедраи адабиёти њамин донишгоњ кор кард. Њангоми тањсилу кор дар донишгоњ бо шоњасарњои адибони љањон ошно шуд, ба каломи бадеъ дил баст. Нахустин таронањояшро эљод карда, аз нависандаи маъруфи тољик Рањим Љалил маслињату машварат гирифт, ки дар сайќали мањорати эљодиаш ёрдам мерасонд. Таќдир ба маркази Тољикистон- Душанбе овард, ки устодони маъруф Мирзо Турсунзода, Боќї Рањимзода ва Мирсаид Миршакар њамеша дастгиру мададгораш буданд.

Вале чи дар марказњои ќадимии фарњанги тољикон-Самарќанду Хуљанд ва чи маркази нави тољикон-Душанбе ёди айёми хуши кўдакию хаёлњои рангини бачагиро ба сар мебурд. Аз кўњсорону оби равони он худро људо тасаввур карда наметавонист. Њамин хаёлњои ширину рангини даврони кўдакию бачагї буд, ки њар сањар ба лаби дарё мерафт. Њар гоње ки фурсату имконият даст медод, бе њељ тааммулу андеша роњи дараи Варзоб ё теппаи Самарќандро пеш мегирифт. Барояш тафовуте надошт, ки айёми гармои тобистон аст ё њукмронии сармои зимистон. Муњим он буд, ки даме, лањзае ба таллу теппањо баромада, ба оби равон, шаху санги кўњсорон рози дил мегуфт, сафњаи хотирањои гуворояшро вараќгардон мекард.

Ба љањони орзуњо мепайваст ва гумкардањои худро аз нав меёфт:
Гузашта аз баланду пасти дунё

Ба оѓўши ту оям боз фардо.

Равам аз маљлису ѓавѓои бисёр,

Бипечам дар љањони орзуњо...

Ду чашмам бор мебардорад аз бахт,

Маро, кўњсор, шоир мекунї боз.
Навбањорон, њангоми дамидани сабзањову шукуфтани гулњои рангоранг бо ќуттињои занбўрњои асалаш роњи дараи сергулеро пеш мегирифт ва ба њосилљамъкунии занбўрњо зењн мемонд. Аз гул ба гуле, аз бутта ба буттае нишастану шира гирифтан чї ќадар зањмат, сабр ва њаракатро талаб мекунад.

Аљаб кайфияте, њикмате, панде дорад тамошои ин манзарањо. Ањли эљодро лозим аст, ки ба зањмату мењнати ин љонварак мутаваљљењ бошанд, лаззат бурдан аз љамъоварии шарбати гулњоро биомўзанд ва њангоми иншои шеъру тарона, ќиссаву њикоят аз гулистони забони бою пуртаровати тољикї мисли занбўри асал гулчинї кунанд…

Дар айни замон, олами њар эљодкор олами афсунгарест, ки на њама ба дарку эњсосаш ќодир мебошем, ба ќадру ќиматаш мерасем. Њар эљодкор оламе дораду бо оламе моро тарк мегўяд, ки мутаассифона, дар бисёр маврид розу асрори оламаш нокушода мемонад. Њангоми зиндагиаш кўшише барои ифшояш намекунем…

Бањром Фирўзи шоир ба наср рў овард ва аввалин њикояи худро бо номи «Бобо» соли 1972 дар маљаллаи «Садои Шарќ» ба табъ расонд, ки дар назари бисёрињо санљиши ќалам ва њаваси шоирона намуд. Вале насри шоир таваљљўњи адибони маъруфу мунаќќидони нуктасанљро, аз ќабили Мирзо Турсунзода, Мирсаид Миршакар, Фазлиддин Муњаммадиев, Абдумалик Бањорї, Муњаммадљон Шакурї ба худ кашид ва маслињат доданд, ки «Бањром, шеърњоят хуб аст, аммо насрат хубтар омад, домани ин шуѓлро сидќан сахт бигир».

Аз маслињати дилсўзонаю суханони ѓамхорона адиб рўњ гирифт ва ба насрнависї љиддї машѓул шуд.

Сабаби ба наср рў оварданашро ў дар пешгуфтори яке аз китобњояш чунин маънидод карда буд:

«Чї шуд, ки њамчун шоир ба арсаи адабиёт ќадам нињодаму ба ин тариќа зуд дастгоњи шеърро бастам ва гўё аз шоирї истеъфо намудам ва рўи ихлосу иродат ба љониби наср овардам? Ин матлабро бисёр китобхонон ва њаводорони адабиёт аз ман савол мекунанд, баъзан суханони устод Айниро аз ваљњи тангии чорчўбаи назм ба ман хотирнишон мекунанд. Аз ин хусус хеле андешидаам ва њаќиќати кори ман ин аст, ки мавзўъ, матлаб ва мадорики шеър дигар аст ва пояи наср бар мадорики дигаре асос барнињодааст. Шеър њикмат аст, сўз аст, оњанг аст, панди рўзгор аст, хулосаест аз зиндагї, вале он ба њељ ваљњ тасвири комил ва возењи зиндагї нест ва инчунин тасвирро аз шеър чашм доштан натавон. Агар дар замони Рўдакї таълифи ќиссаву романњои воќеї расм мебуд, мо имрўз њаёту зиндагї, андешаву омоли ниёгонамонро нисбат ба ахбори љамъи китобњои дигар равшантар ќиёс мекардем…»

Адиби маъруф Абдумалик Бањорї дар охирсухани яке аз маљмўањои аввалини ќиссаву њикояњои ў навишта буд, ки «аз њама муњимаш, ќањрамонони повесту њикояњои Бањроми Фирўз бофтаи хаёли адиб не, балки одамони зиндаю заминианд. Муаллиф аз масъалањои сарпеч ва мушкили њаёт њаргиз рў натофтааст. Ў хуб медонад, ки сўњон кардани теѓањои сартези њаёт дар адабиёт худфиребї аст, зеро инсон хоњу нохоњ, бо онњо рў ба рў мешавад ва он гоњ нохушии андаке ба сари љавони ширинхаёл фољеаи азиме хоњад буд. Бинобар он њам, адиб ќањрамонони худро њамеша дар умќи зиндагї тасвир мекунад ва бо љузъияти њаёт ќонеъ намемонад.

Бањром Фирўз ба љодаи адабиёт бо кўлвори вазнини таассуроти рангин ќадам нињодааст».

То чї андоза аниќу сањењ будани хулосаи адиби соњибтаљрибаро эљоди солњои минбаъдаи Бањром Фирўз собит сохт. Ў хонандаро ба тасвирњои дилангезу љаззоб ва сењри суханаш њам дар силсилањикояњояш ва њам дар ќиссањои «Рухсора», «Тарма», «Ситораи думдор», «Ту танњо не», «Тору пуд», «Агар вай мард мебуд» ба ишќу муњаббати софу беолоиш, одаму одамгарї, накўкориву хайрандешї даъват менамуд.

Бино ба таъкиди академик Муњаммадљон Шакурї «арзишњои маънавии љовид бунёди одамиятро ташкил менамояд. Онњоро бодиќќат омўхтан, дар рафти дигаргунињои пурсуръати замони тўфонии мо муњимтарин падидањои онњоро аз даст надода, бо худ эњтиёткорона ба оянда бурдан ва барои фардои башарият мањфуз доштан вазифаи бузурги гуманистї мебошад. Адабиёт њам дар ин роњ хидмат мекунад. Ањамияти аксарияти асарњои Бањром Фирўз низ дар њамин аст».

Ў аз њикояи нахустинаш «Бобо» то ба романи нотамомаш «Ѓафлатзадагон» ба арзишњои маънавї арљ гузошта, суннати волои тољикї-эњтироми бузургсолон ва хислатњои накўи сидќу сафо, мењру вафои байнињамдигарии мардумонро тараннум кардааст, ки бобо чун шахси пастиву баландии зиндагиро дида, талху ширинињои рўзгорро чашида орому пуртамкин аст. Бо андешаву мулоњиза сухан мегўяд, дар њар кору амал тањаммул дорад. Набера беќарор аст, чун аксарияти њамсолонаш њама чизро донистан мехоњад, кунљковона савол медињад ва атрофу акнофро бо диди мушоњидакори худ ба тањќиќ мекашад. Ў њамсафари бобо аст ва аз ин њамсафарї бештар бањра бардоштан мехоњад. Њарчанд аз беэњтиромии раис нисбат ба бобо хашмгин мешавад, вале чун бархе аз њамсолонаш пешхезї намекунад, ба бањси калонсолон њамроњ намешавад, носазо намегўяд, ба дашному њаќорат дањон намекушояд. Ў тарбиятдидаи муњити маънавию фарњангист, ки хўю хислаташ орї аз даѓаливу дуруштї, пешхезиву пештозист.

Бо гузашти солњо ва воќеањои пурталотуму пурмољарои љанг нигоњаш ба зиндагии рўзмарраву рўзгори одамон дигар шуда: “Заминњои нав аз хоби зимистон бедоршудаи дења, боѓњо, таворањои аз санги ќайроќи сой чидагии заминњои рўидарича, сафедорњои ќатори сари роњ, ќуруќу чашмаву сой, шаху зовњо ба ман ошно буданд, гўё њељ дигар нашудаанд. Аммо онњо пештара барин хушрўй ва аљиб набуданд. Ким-чї хел ба назар оддї ва хурд менамуданд. Бомњои дења аз пештара пасттар, дарахтони азим гўё хурдтар, одамон њам гўё дигар шуда буданд.

Балки ин таъсири сахтии солњои љанг буд ё худ ман акнун калон шуда ва њар чизро аз канор истода мушоњида карданро омўхта будам, кї медонад?“

Чунин тасвири манзарањои кўњистон, аз як тараф, бозгўи таъсири љанги хонумонсўзи фашистї ба гўшаву канори мамлакат, аз тарафи дигар, мушоњидаву андешаи амиќи набера гувоњи ба камолот расидани ўст, ки назараш ба одаму олам дигар шуда. Њатто бомњои дења пасттару дарахтони азим хурдтар менамоянд.

Дар њикояи “Њаќиќати талх” ду нуктаи муњими зиндагии инсонњо бо тасвири як манзараи оддии олами бачагї таъкид ёфта, ки аз як сў, талќингари бефурўѓии умри дурўѓ ва дурї љустан аз фитнаву иѓво, аз љониби дигар, тараннумгари посдории ањди дўстиву рафоќат аст. Ду бародар сагчаашон Алопарро ба чўпон мефурўшанд ва бо маслињати пешакї фурўхтани сагчаро аз волидон, ба вижа аз падар пинњон карданї мешаванд. Гўё то андозае ба ин муваффаќ њам мегарданд. Вале њодисае рух медињад, ки додараш бо маќсади халосї аз љазои падар сирро ошкор мекунад:

“-Вай... вай Алопара... а-а, ба чўпон фурўхт... пулаша гирифта..-ногањон канда-канда эълон кард Салим.

Нафаси ман ба дарун заду на ба рўи дадаам нигаристам, на ба тарафи Салими хоин.

-А-а?-дубора пурсиданд дадаам.

-Чўпон аввал панљоњ сўм дод...сонї...сонї боз...сї сўм...

Салим суханашро ба поён нарасонда “њаќќаш”-ро бигирифт. Аз падар як торсакии обдор хўрданашро, ба гумонам, худаш њам нафањмида монд.

-Нокас!.. Дар зоти мо иѓвогар набуд, ту аз куљо ин “њунар”-ро ёд гирифтї?!

Салим бо фиѓон аз њавлї берун рафт”.

Бародари калонї бо суханњои он солњо маъруфу машњури “ту чи хел пионерї” гуноњашро рўпўш карданї мешавад, вале падар ба нигоњи пур аз нафрат ѓазаби худро ба сари писари калонї мерезад:

“-Нољинс!.. Гум шав, афтата набинам!.. Агар дўстатро фурўхта бошї, ягон рўз модаратро њам мефурўшї!..”

Ин таъкид ва нигоњи пур аз ќањру нафрати падар як умр дар ёди писар монда ва бозгўи њаќиќате шуда, ки “табањкориро бо нияти нек пардапўш кардан кори бењуда будаст. Аз ин мебарояд, онњое, ки мулкеро хароб карда, мо онро наљот додем мегўянд, як рўз не, як рўз рўсияњї мекашанд”.

Муаллиф дар аксарияти њикояњояш, аз ќабили “Гўштигирї”, “Бузѓола ва писарак”, “Даканг”, “Рамида”, “Муаллими сахтгир”, “Чї сон аълохон гаштам?” одамияти баланд, адлу инсоф, имону виљдон, тањаммулу андешаро тарѓиб карда, хонандаро ба фикру мулоњиза мекашад. Чен кардани њар кору рафтор, гуфтору кирдорашро дар тарозуи аќлу фаросат талќин менамояд, ки њикояњояш ибратомўзанд.

Дидори 13-сола аз њикояи “Бузѓола ва писарак” баъди бе иљозати ў фурўхтани бузѓолаи Сиёњаки бо мењр парвариш намудааш ва онро куштани ќассоби дењаи њамсояашон се сол боз гўштро истеъмол намекунад.

Адиб дар ин њикоя ба воситаи Дидор тазоди аљиберо ба риштаи тасвир мекашад, ки кўдак дар рањмдиливу мењрубонї намунаи ибрати калонсолон, вале онњо зориву илтиљои ўро аз нозу нуз, инљиќию эркагї беш намедонанд.

Ќањрамони њикояи “Чї сон аълохон гаштам?”-талабаи мактаби тањсилоти њамагонї дар як муддати кораш дар дўкони зарфѓундорї дар симои амаки Ѓулом чандин хислати ношоями калонсолон – дурўѓу фиреб, ноустуворї ба ањди худ, дурўягї ва сўистифода аз мансабу номењрубонї нисбат ба кўдакону бечорагонро ошкор мекунад. На танњо худашон дурўѓ мегўянду фиреб мекунанд, балки дигарњоро низ ба ин амали ношоиста тарѓиб менамоянд, манфиати хешро аз њама боло мегузоранд:

“Амаки Ѓулом агарчи аз кори ман асосан розї буд, ба шиша шумурданаму ќабул карданам доим эрод мегирифт:

--Ду-сеташа чиркин гўй, биста шиша биёрад, ту њам одам барин њаждањта ё нуздањта гўй, ин ќадар метарсї!.. Хайр, бача хато кард-дия мегўянд, баъзењо пешакї нашумурда мебиёранд... Кай ту одам мешавї, намедонам...-норозї ѓут-ѓут мекард амаки Ѓулом.

Аммо чї кунам, ки ман дурўѓ гуфта наметавонистам”.

Ќањрамони ин њикоя низ дар муњити дигар тарбият меёфт ва оќибат ба ин гуна рафтору кирдор тоб наоварда, ба хулосаи ќатъї меояд, ки хонда коргар, духтур, инљинер ё профессор мешавад. Аз соли нави тањсил оњиста-оњиста ба сафи аълохонон дохил мешавад, ки падару модараш гумон мекунанд сахтии кори ќуттикашонї чашми вайро ба зиндагї кушодааст. Вале ў аз мушоњидаи даќиќи зиндагї, рафтору кирдор, муносибати амаки Ѓулом ба мардум ва маломати занону мардон дар замони мушкилтарини зиндагии амаки Ѓулом-њалокати фарзандаш ба чунин хулоса омада буд:

“--Љавон њайф гаштаст... Ба модараш мушкил... Худи Ѓулом тањи мошин монад, њељ кас афсўс намегуфт,--таассуф мекард яке.

--Касофати њаромхўрї њамин аст. Њаќќи саѓиру кабир намемонад, - ба сухани вай илова мебаст дигаре.

Баъди он ки њафтае аз шунидани ин ќабил суханон безор гаштам, амаки Ѓулом ба кор баромад. Ман зуд дўконро њисобу китобаш катї ба вай супоридаму хайрухуш кардам”.

Ќањрамонњои њикояњои Бањром Фирўз аксаран бачањои ќобилу пурѓайрат, хушахлоќу накўкор, дар талоши гирудори зиндагї ба камол расида, сабаќомўзи дигаронанд, ки адиб ба воситаи онњо бачагону наврасонро ба омўхтани хислатњои неки инсонї тарѓибу ташвиќ мекунад. Дар акси њол чун Шодї (њикояи “Муаллими сахтгир”) ба љазои муаллими сахтгир-зиндагї гирифтор хоњанд шуд.

Дар воќеъ, Бањром Фирўз бо асарњояш дар дили хонандагони љавонаш тухми некї мепошид, барояшон накўкорї меомўхт.

Ў дар эљодиёт ба дараљаи устодї расида, дастгиру мададгори љавонон буд. Андешаву мулоњизањояшро дар хусуси чї будани њикояту чї тавр навишта шудани он, мафњуми шеъри нав, дар бораи эљоди адибони љавон бе пардаву ошкоро иброз медошт, ки на њамеша ва на ба њама писанд меомад, гоњо боиси малули хотири бархе мешуд. Ба сараш борони маломат мерехт, вале ў фош мегуфту аз гуфтаи худ дилшод буд...

Ваќте ки бо эљоди љавонони соњибзавќу њунарманд ошно мегардид, меболид, бе њељ дудилагї дастгириашон мекард, дигаронро даъват мекард, ки ибрат гиранд: “Њоло аз бепарвої ё бевуќуфии баъзе роњбарони матбуот тарѓиби китоб хеле суст гаштааст. Агар ба китобе таќризе ба нашр расад њам, он холисона нест, љўра ва ё аксар њамдиёрони адиб китоби ўро зўр мезананд, то таъриф кунанд. Баъд адиби камњунар бо он њама чормаѓзи пуч доман пур мекунаду худро пайѓомбар метарошад.

Борњо хондаем, ки њамдиёрон аксаран халтураи њељу пучи якдигарро ситоиш мекунанду мардуми камхирад ва соддалавњро бовар кунонданї мешаванд. Аммо ин навъ мунаќќидон фаќат адиби хушбоварро мефиребанду бас. Бо хеле адибони љавон њамин њолат рух дод. Фарзона аз ин миён истисност. Мусаввадаи китоби ашъори тозаи ўро барои ба наќша гирифтан дар нашриёт ман хондам.

Шоире расидааст, ки бе муболиѓа, бо Симину Фурўѓ пањлў мезанад.

Ба ќавли шоира бовар накардан натвон:


Ватан, рўзи фирўзи ту мерасад,

Ватанхоњи дилсўзи ту мерасад,

Ватан, офтоби ту мебишукуфад,

Ватан, боз наврўзи ту мерасад.
Ба гумонам, шеъри Фарзонаро аз њамдиёронаш касе ситоиш накардааст. Шеъри ў њамон мушкест, ки худ мебўяду ба фарёди аттор эњтиёљ надорад.

Чаро дар њунар ва хоксорї аз ў ибрате намегиред, дўстони љавон!”

Бањром Фирўз, аз сўи дигар, устодони худро фаромўш намекард ва њамеша дар бораи њар кадоме аз онњо бо самимияту эњтироми хоссае сухан мегуфт, аз некиву сабаќашон, ёриву дастгириашон ёдовар мешуд.

Устодони шодравонаш Мирзо Турсунзодаю Мирсаид Миршакар, Боќї Рањимзодаву Рањим Љалил, Љалол Икромї, Фотењ Ниёзиву Фазлиддин Муњаммадиев, дўсти соњибњунараш Љумъаи Одинаро дар њар давраю мањфил ба хотир меовард. Дар хусуси адибони забардаст Сотим Улуѓзода, Абдумалик Бањорї, адабиётшиноси маъруф академик Муњаммадљон Шакурї ва дўстони њамќаламаш бо мењри беандоза сухан мегуфт.

Ростї, ба ќадри дигарон расидану некии дигаронро пос доштан њам њунар аст, њунари волову њавасангез.

Бањром Фирўз бо дили пур аз орзуву умед, бо маќсадњои аљибу наљиб умр ба сар мебурд, вале марги нобањангом нагузошт, ки он орзую умед ва маќсадњояшро амалї созад...

Боиси тасаллї ва шодмонист, ки аз шоири ширинхаёлу адиби нуктапардоз ёд монда, шеър монда, њикояту ќисса монда, андешаву мулоњиза монда. Дар тирамоњи умраш барои њамдиёрону њамзамонон ва ояндагон номи нек монда:

Хоњам ба мисли оби дарё бошї,

Гањ гулшану гањ бодияпаймо бошї,

Љўшиву хурўшиву ситезї, аммо,

Дар тирамањи умр мусаффо бошї.
Ќисме аз мањсули эљоди солњои гуногуни адиби хушзавќро дар маљмўаи “Муаллими сахтгир” пешкаши хонандагони љавон гардонида, таманно мекунем, ки дар одамшиносиву камолоти маънавиашон дастгиру мададгор бошад.
БОБО
Ман њамроњи бобоям ба дења меравам. Бобоям пиранд, ман њоло бачаам. Бо вуљуди ин сўњбати мо ќўр мегирад.

Баъди як соли ба шањр кўчиданамон дадаам ба љанг рафтанд. Чор сол дар љанг буданд. Дар давоми ин солу моњњо рўзе набуд, ки ман дењаамонро ба ёд наоварда бошам. Аз боѓњои мевазору сою чашмасорон, аз рамањои бузу гўсфанду чарогоњњои сабзу гулпўши он, аз одамони дилкушодаву њимматбаланд ва хушњолаш бо муболиѓањои зиёд ба љўрањои шањриам њикоя мекардам. Ман дењаамонро пазмон будам. Модарам мегуфтанд, ки дадаат аз љанг оянд, мо боз ба дења кўчида меравем. Дадаам дар хаташон њамин хел навиштаанд. Дар љанг дењаамонро хоб медидаанд, оби чашмаро хоб медидаанд. Боз бўи хирмани навкўфтаи гандум ба димоѓашон мерасидаст. Зиндаву саломат аз љанг оянд, аввал ба дења рафта, ду кафашонро пур карда, аз чашма об мехўрдаанд.

Оќибат он рўз расид: падарам аз љанг рост ба дења омаданду бобоямро фиристоданд, ки аз шањр моро кўчонда баранд. Модарам аввал њайрон шуданд, ки дадаам чаро рост ба назди мо наомада, ба дења рафтаанд.

— Аз баъзе шиносони инљоияш дилмонда барин,— гуфтанд бобоям.

Ман ба маънии ин хел гапњои он кас дуруст сарфањм намеравам.

Ана, ба њамин тариќ, њоло ману бобоям ба дења равонем.

Дашти њамвору якранг ва бе долу дарахт аќиб монд. Мо ба домани кўњњо расидем ва якбора ба дараи кўњ, ки шав-шуви оби сойчае хамўшии онро халалдор мекард, даромадем. Дар ду тарафи роњ кўњњои баланд ва шаху зовњо соя андохта буданд. Паррандагони бешумори ин љо, ки чириќ-чириќ, чув-чув садо мебароварданд, аз чї сабаб бошад, ба ман бегона намуданд. Гунљишкакони сабзу нилобї, сурху зард дучор мешуданд, ки ман номашонро намедонистам. Онњо чўљаи парида наметавонистагї барин аз як шох ба шохи дигар љањида, маро фирефтан мехостанд.

Аз афти кор, паррандагон њам ба мисли мо — бачањо бањорро бесаброна интизорї мекашанд. Бањор наомада, онњо парида меоянду хомўшии зимистон мераванд. Умуман, агар ба хониши паррандагон бодиќќат гўш кунед, мефањмед, ки онњо ба сари худ, бењуда чањ-чањ намезананд. Ана, гўш кунед, яке бо дигаре њамовозї мекунад, дар љавоби фарёди яке дигаре садо медињад. Њо, ана, дар он љо љамъ шуда, бо њам бањсу хархаша мекунанд. Баъзан, аввал ду тан ором нишаста, сўњбат мекунанду баъд ба манша мегузаранд.

Гоњо дар осмон калхоте пайдо шуда, ором чарх мезанад. Ба синфи пурѓулѓула гўё муаллим даромада бо­шад, паррандагони атроф якбора хомўш мешаванд.

Њоло ману бобоям ба дења меравем. Ваќти ба шањр кўчиданамон ман хурд будам, ба мактаб намерафтам. Дар дења хешу таборамон бисёр, аммо ман аз њама зиёдтар њамсояамон — амаки Хушваќтро ёд дорам. Марди миёнаќади ситорагарм, бурутдор буданд. Амаки Хушваќт ба мо хеши наздик набошанд њам, ба ќавли модарам, бо дадаам љўраи наздик будаанд. Он кас баъди кор аксар ваќт бо ман андармон мешуданд. Ман гањвораи духтарчаашонро мељунбонидам ва дар ивазаш аз он кас конфетњои коѓазпеч мукофот мегирифтам, ки онро дар дења «гижбил» мегуфтанд. Амаки Хушваќт боре аз сой ба ман гулмоњї дошта доданд. Ёд дорам, рўзе бодбаракпарронии бачагони калонро дида, «бодбарак сохта медињї» гўён, модарамро хеле зиќ кардам. Амаки Хушваќт ба ман бодбарак сохта доданд. Он солњо мудири дўкон буданд. Мегўянд, ки њоло он кас одами калон шудагї... Дар љои дигар хона сохта, аз њамсоягии мо рафтагї.

Роњ печутоб хўрда, торафт ба дарунтари дара медаромаду деворњои он ба сўи мо љафстар мешуд. Ба боло нигоњ кунам, ба назар чунон менамуд, ки гўё ќуллањо чун сутунњо ба китфи худ осмонро дошта истодаанд. Диламро вањм зер мекард. Кошкї, зудтар аз баѓали хилвати ин кўњњо баромада, ба ягон дења ё аќаллан ба манзили чўпонон мерасидем. Ман бо халачўб ба гардани хар зада, онро аз роњ боздоштанї шудам, то ки аз бобоям, ки бо хари сустпои худ хеле аќиб монданд, дур наравам.

Гашти харро суст кардаму чї гуна бо дадаам вохўрданамро пеши назар оварданї шудам: Калонсолон аз љанг омадагињоро оѓўш гирифта, вохўрї мекунанд. Ман дадаамро андаке дар ёд дорам. Рўзи ба љанг рафтанашон маро бардошта, дар сањни вокзал бо модарам гапзанон карда, хайру хуш карданашон дар ёдам мондааст. Баъд сураташонро фиристоданд. Ман одамро аз сураташ шинохта наметавонам. Сурати дадаи Олимљонро дар хонаашон чандин бор дида будам. Аммо як сањарї, ваќте ки ба мактаб мерафтам, он кас љомадон дар даст дар рањ пеш омаданду нашинохтам. Агар мешинохтам, тозон ба холаи Назокат хушхабар мебурдаму шодиёна мегирифтам. Њар хонаводае, ки чашм ба роњ аст, барои шодиёна ягон чизи рустї дорад... Дадаам ордену медали мўл гирифтагї. Њар бор дар хаташон ордени нав гирифтанашонро менавиштанд. Агар дар шањр мебудем, ман њам бо дадаам ба кўча мебаромадам, бачањо дида њайрон мешуданд.

— Бобо, дадаам ордени мўл доранд-а? — ба аќиб нигариста, аз бобоям, ки ба зўр ба хари ман расида омада буданд, пурсидам.

— Ња, рўзи омаданаш сари дилаш пури орден буд. Баъд, аз афташ гирифта монд.

— Ба куљо гирифта монданд?

— Ба ягон љо руст кардагист-дия.

— Ордена руст намекунанд, њама овехта мегарданд-ку!

— Њї... Њар бор шишта хезад, шутури зангўладор ба­рин љарангос занонда гардад?

Ман ба ришханди бобоям љавобе нагуфтам.

— Ордени Ленин њам доранд?

— Аз њар хелаш буд.

— «Ситораи тилло» надоранд?

— Доштагист. Муаллимони мактаб омада буданд, дадаата дар ќишлоќ аз њама пурорден гуфтанд.

— Аздусар «Ситораи тилло» надоранд, ќањрамон нашудаанд. Шумо намедонед. Аз гузари мо як одам ќањрамон шуда, «Ситораи тилло» гирифта буд, њукумат ба вай њама чиза бепул дод. Хонаи нав дод, гов дод.

Хари бобоям боз аќиб монд. Худашон пинак мераванду харашон аќиб мемонад. Хайрият, ки хар пинак намеравад, набошад њоло чандин бор ба замин ѓелида, пешониашон ќашќа мешуд. Ба хар мушкил, љонвар як умр дар азоб: савор мешаванд, хала мекунанд, бор мекашонанд, баста мемонанд...

Курраи хари ман дар дења мондааст. Њоло љонвар бе халаву шатта ба пасту баланд нигоњ накарда, йўрѓа мекунад. Хари бобоям пиру коњил, фаќат бо зарби халачўб роњ мегардад. Бобоям мегўянд, ки аз зарбаи халачўб пўсташ чунон ѓафс шудаст, ки акнун ба вай шат­та таъсир намекунад. Бобоям њоло харро ба њоли худаш монда, чашмонашон нимпўш, сурудеро замзама меку­нанд. Хар буттањои сари роњро дањан зада, хоњам-нахоњам по мемонад. Бобоям одами аљибанд. Ба корњои он кас гоњ ќањри одам меояд, гоњ механдад. Модарам мегў­янд, ки он кас одами ќадим, сахтиву сустии бисёр дида, кўфта шудаанд. Ба пириашон нигоњ накарда, дастёри беминнати хурду калони дења будаанд. Одамон њар чї гўянд, хуб мегуфтанд, одати не гуфта, касеро ранљондан надоштанд.

— Бобо, тезтар њай кунед! — тоќатам тоќ шуду фарёд кардам.

Он кас овози маро шунида, ба сўям як назар партофтанду харашонро халачўб заданд. Баъд ба ман расида омада «Чї гуфтї?» гўён пурсиданд. Гўшашон вазнин шудаст, овозро мешунаванду чї гуфтани касро нафањмида, ба чашми одам нигоњ карда мемонанд, гўё аз чашми кас сухани гуфтаи ўро фањмиданї мешаванд.

Рўбоње аз селрања баромада, ба сўи мо сарашро гардонда ду-се бор нигоњ карду бехавотир ба кўњ рост шуд.

— Бин, рўбоњ! — дида истода бошам њам, бохабар карданд бобоям.

— Бобо, дар ин кўњ гург њаст? — оќибат саволеро, ки диламро мехарошид, ба забон овардам.

— Њаст њам гап шуд! — аз афти кор саволи ман бељо буд, ки бобоям табассум карданд. — Њо дар поён, дар сари роњ турбатро дидї? — бобоям ба аќиб ишора карданд. — Турбати як аскарбача. Порсол зимистон гург хўрд, — гўё ягон љояшон ба дард омада бошад, бобоям рў турш карда, хомўш шуданду баъд аз тањти дил оњ кашида монданд.

Дили маро вањм зер кард. Аммо дурусттар фикр ку­нам, гапи бобоям ба њаќиќат рост намеояд. Аскари сурхи аз њама зўрро, аз њељ кас наметарсидагиро гўрг мехўрдаст! Бобоям кино намебинанд-дия.

— Гург аскарро хўрда наметавонад! — эътироз кар­дам ман. Ба њар як даъвои он кас розї шавам њам, ба ин сухан тан дода наметавонистам. — Аскар фашистро мепаронаду аз гург метарсад?!

— Чї, аскар шох дорад? Вай њам бандаи худо-дия!

— Агар вай аскар бошад, гургро мепаронд. Аскар не!

— Милтиќаш набудаст. Ханљар доштаст.

— Нагуфтам! Бемилтиќ бошад, вай аскар не!

— Хайр, ба гумонат вай кї буд? — бобоям бо истењзо ба ман нигаристанд.

— Ман чї донам? Аммо вай аскар не! — Аскари сурхро ин хел паст задани он кас ба ман намефорид.

— Хайр, ба њар њол, аз аскарї меомадаст, — ќадре паст фуромаданд бобоям.

— Чаро танњо ба рањ баромадаст? — чунон ѓамгин будам, ки овозам ба гўшам бегона расид.



  • Дар рўзи равшан-а! —бобоям саволи маро нашуниданд.

  • Аз аскарї омада, ба район фуромадасту улав наёфта, пиёда ба роњ баромадаст. Дар роњ аз пешаш Исмати хаткашон баромада, зорї кардааст, ки аз роњ гардад, не гуфта, якравї кардаст. Гургон аз паи Исмат њам тохтаанд, аммо аспаш халос кардаст. Ба аспаш расида натавонистаанд. Аскарбача, рањматї, йигити базарда будааст, аз рањаш нагаштааст. «Фашистро бурда ба хонааш монда омадаму аз тарси гург аз рањ гардам? Не-е! Бепарво бошед, ханљар дорам», гуфтаст. Ин не, он не, аљал расидагї,— бобоям бо дард боз оње кашиданду «ё оллоњ» гуфта монданд. Баъд халачўбро аз гиребонашон дароварда, тахтапушташонро хориданд.

— Баъд чї шудаст?

— Чї мешуд, бечорара гург хўрдаст. Устухонњояш мондаст. Гург љомадонашро њам лах-лах кардаст.

— Бо ханљараш назадаст охир? — Акнун аз њад зиёд ба дањшат афтода, харамро аз пањлўи хари бобоям мерондам.

— Ќарибињои намози дигар аз район мошин катї одамон омада мебинанд, ки дар тањи кўњ як гург дароз-дароз уллос мекашад. Мошин наздик меояду гург мегурезад. Нигаранд, ки устухони одам, љомадон ва як гурги дигар мурда... Ваќте ки гургон дармеафтанд, љавонмард башаст якеша ханљар мезанаду теѓ ба устухони гург дармонда, дигар онро кашида гирифта наметавонад. Гурги дигар аз ќафо гирифта, бечораро аз пой афтондаст.— Пас аз каме хомўшї бобоям боз илова карданд: — Устухонњоша ѓун карда дар як линга ба хок супурданд.

Акнун ин љоњо ба назари ман нињоят шум ва дањшатангез гаштанд. Дилам мехост, ки мурѓе шуда парвоз кунаму дар як мижа задан аз ин дараи бехосият берун равам. Саволњои бисёре диламро мефишурданд, аммо аз пурсидан ибо мекардам. Фањмидан мехостам, ки гургњо ба мо њам њамла карда метавонанд ё не? Гоње ба назарам чунин менамуд, ки дар паси њар як сангу њар як бутта гурге роњи моро мепояд.

— Шумо аз ин рањ ягон бор шабона гузаштаед? — Беихтиёр савол медињаму метарсам, ки боз ягон њодисаи дањшатнокро нагўянд.

— Ягон бор гуфтї? — мисли њамеша бобоям аввал саволи маро такрор пурсида, баъд аз дур гап сар мекунанд.— Як замонњо аз ин рањ одам на шаб гузашта метавонист, на рўз. Макони дузду рањзан буд. Аз инќилоб ду сол ё се сол пеш амакама дар њамин рањ барои ним пуд гандум дуздон кушта, ба чоњ партофта буданд. Э, аљаб замонњое буд. Дар Миёнкол чоряккорї карда, каму беш ризќу рўзї ёфтам, аммо илољи ба хона овардан набуд. Ба маслињат сари зимистон кўчида, ба он тараф рафтем. Зимистона дар њамон љо гузаронда, сари бањор боз ба дења омадем.

Бобоям ба хаёл рафта, хомўш шуданд.

Ман дадаамро пеши чашм оварданї шуда, њар ќадар зўр задам, нашуд. Фаќат ќомати баландашон дар ёдам. Баъд дар хаёли худ дадаамро ба ягонтои он мардоне, ки аз љанг омада буданд, монанд карданї шудам. Не, ин њам нашуд. Агар баъзеи онњо монанди дадаам лоѓару ќадбаланд бошанд њам, ба он кас монанд набуданд. Чаро монанд набуданд, намедонам. Модарам мегўянд, ки дадаат аз бехобї ба љанг рафтанд. Як бор он касро духтурњо гардондаанд. Пичингу таънањо шунидаанд, ба тўњматњо гирифтор гаштаанд. Сонї дадаам ариза додаанд. Аризаашонро рад кардаанд. Дадаам боз ариза додаанд. Баъди ин њодиса хобпар шудаанд, шабњо хобашон набурда, печутоб хўрда мебаромадаанд. Оќибат аризаашон ќабул шудасту ба љанг рафтаанд.

— Њо, дар тањи зов сиёњира дидї? Ѓор аст,— бобоям бо халачўби худ ба камари кўњ ишора карданд. Аз ња­мин ља ба ѓор даромада, аз болои дења мебарої. Дења дар аќиби њамин кўњ. Мо кўња чарх зада меравем.

Дар тањи зови вањмангез сиёњие ба назар мерасид, ки аз рањ дањани ѓалбер барин менамуд.

— Дањанаш хурду аммо дарун дарої, торафт васеъ шудан мегирад,— бовар накардани маро дида, шарњ доданд бобоям.

— Шумо ягон бор аз ин тараф ба он тарафаш гузаштаед?

— Не, ман нагузаштаам, аммо њамин хел мегўянд. Даруни ѓор торик, роњ гашта намешавад. Солњои инќилобу босмачигарї буд. Ман бањору тобистон дар кўњ кор мекардам. Шудгор мекардам, тухм мепошидам, гандум медаравидам, хирман мекўфтам. Аз баландї ба дења роњ гирифтани камондоронро аз дур медидаму як ѓарамча алафи хушка алав мезадам. Мардуми дења ду­да дида, бўѓчаю бисоташон, духтару писарашон катї дар њамин ѓор паноњ мебурданд.

— Душман ба ѓор даромада наметавонист?

— Ѓайбдон шудаст-чї! Роњи ба ѓор мебурда чап, рафтан осон не. Даруни ѓор торику ноњамвор.

— Агар душман шабона ояд, чї кор мекардед?

— Шабона — осон... Њамин ки ба дења даромаданд, мардум дар торикї тез њисобашона меёфтанд... Аммо як шаб дар тањи дари Намоз гуфтагї њамсояамон ногоњ панљ нафар савора дар китф милтиќу ќаторвазна пайдо мешаванд. Намоз њамон шаб дар хона набудаст. Сардори даста овозаи њусни духтари уна шунида ошиќ гашта будаст. Духтараш њам духтар буд-дия, дар рўзи равшан агар бехост пеш ояд, парї мегуфтї. Берўзї њусни худодод дошт. Ин хел њусна хосияташ кам мегў­янд. Ана, баъд дар њасрати њамон духтар очаву додо адо шуданд. Ѓами њамон духтар катї рафтанд.

— Саворањо шаб омада чї кор карданд, аввал гўед.

Бобоям њамеша њамин хел: гапи гуфта истодаашон мемонаду як нўги онро гирифта ѓоз медињанду ѓоз медињанд. Хайр, хушрў будаст, њамин њам гап шуд.

— Саворањо аз асп нафуромада, «Як коса об барор» мегўянд. Зани Намоз об барорад, рад мекунанд. «Аз дасти Санам об хўрданї омадем, Санам об барорад» гўён, талаб мекунанд. Номи духтар Санам буд. Аз дасти вай обро гирифта мехўранду худашро ба асп савор шав мегўянд.

— Баъд чї шуд?

— Чї мешуд, духтар њам, саворањо њам бедарак шуда рафтанд... Ња, воќеан, ба ќарибї дараки духтарро ёфтанд: дар Мирзочўл бачаю качааш катї саломат будаст. Ба сардори саворањо расида будаст.

Монанди аксар мўйсафедон бобоям њам гуфтани саргузашти худ, њодисањои дидаву шунидаашонро наѓз мебинанд. Ба хотири он ки ман шунавандаи наѓзам, дилгир нашуда гапашонро гўш мекунам, баъзе нозу нузи маро мебардоранд. Кунљковона њар хел савол дињам ё ба ягон гапашон розї нашуда, талош кунам, намеранљанд. Агар аз њад гузаронам, «Оббо, мањмаддоное! Хайр њељ гап не, гањ аз пир, гањ аз мурид-дия», гуфта мемонанд.

Роњ ќад-ќади сой торафт боло мерафт. Кўњњои ин љо пур аз буттањои хордори каљљак, љо-љо бодом ба назар мерасид. Мо харњоро ба ихтиёри худ мондем. Бо­боям мегўянд, ки хар роњи як бор гузаштаашро њаргиз фаромўш намекунад, дар шаби торик њам рањгум назада меравад.

— Бобо, гург харро мехўрад, аммо ба асп зўраш намерасад-а?

— Баъзе аспон гургро мекушанд. Ба чашми худ дидаам.

— Не-е?!—њайрон шудам ман. — Асп гургро кушт?

— Кушт, кушт. Аввал ќўшлагад зада, майиб кард. Гург гурехтанї шуд, лекин асп намонд, газида-газида кушт. Асп њам асп буд-дия! Акнун ин хел аспњо намонданд.

— Хайр, гўед, ки ба њамин аспњои мо зўраш мерасад ё не? — «Аспњои мо» гуфта ман аспњои колхозу идорањоро дар назар доштам, ки он солњо дар њама љо кор мефармуданд, аз аробаи нон то ѓаллаи ба фронт мефиристодагї њама чизро бо онњо мекашонданд.

— Ба зўрї зўраш намерасидагист, аммо мехўрад исќот. Њар сол зимистон се-чор аспи колхозро мехўрад.

— Чї хел, зўраш нарасад њам, мехўрдааст! Гапатонро кас намефањмад.

— Зўраш намерасад, аммо мехўрад! Гург фиреб медињад. Гургон аспро аз гала људо карда, ба ягон баландї мебаранд. Њамин ки асп аз баландї ба поён сарнишеб шуд, гург аз думи асп сахт кашида, сонї якбора сар дода мефиристад. Асп ба шиддат парчин шуда меафтад. Њамин ки афтод, дигар имкони бархестан надода, тала мекунанд.

Акнун мо аз тангнои кўњ рањої ёфта, ба водї баромадем. Баъд заминњои лалмї, аз паси он боѓу киштзорњо пеш омаданд. Дар сари роњ њар љо-њар љо тутњои каллаки пир монанди пирони ќадхамидаи асобадаст гўё ба роњ менигаристанд.

— Ишш!.. Иш-ш! — харашон аз роњ истода – наистода бобоям худашонро таппї ба замин партофтанду хар­ро пеш андохта, ду-се халачўб заданд.

— Ман њам фуроям?

Дили нохоњам пурсиданам аз овозам ё оњанги суханам маълум шуд магар, бобоям:

— Њай кардан гир, — гуфтанд. Баъди андаке илова карданд: — Ман ин рањро пиёда гузашта, мўям сафед шуд. Як ваќтњо ду пуд гандум дар пушт аз шањр пиёда меомадам. Устухони мо ба мењнат сахт шуд. Њоло њам кор накунам, наљунбам, пиёда нагардам, наметавонам, аз касал батар мешавам. Нафасам кўтањ шуда, сари синаам дард мекунад, сарам вазнин мешавад. Аз афташ, тану љони одам њам ќонуни Њукумати Шўроро фањмидагї барин. Њар кас кор накунад, намехўрад мегўянд-ку!

Мо аз назди молхонае мегузаштем. Ду саги монан­ди хирс калон ва бадњайбат ба сўямон давида, моро саросема карданд. Бобоям пой ба замин кўфта, бо тањдид «хап шав!» гуфтанду сагњои наздикомада истоданд.

Дар сари чашма, ки марѓзоре буд, ду-се аспи кишанзада мечарид. Ба димоѓ бўи порую араќи њайвонот мезад.

— Бобо, говатон чандта? — пурсидам.

— Гов надорем, писарам. Говро кайњо ба колхоз супорида будем, — маъюс иќрор карданд бобоям. Баъд шарњ доданд: — Зимистони парерсол на ба худамон як љав хўрданї монд, на ба гов як пар кањ. Ба колхоз до­да, камтар љаву картошкаву сабзї гирифтем.

— Чаро тобистон алаф наѓундоштед?

— Тобистон аз хона дур будам. Њамаи хирманњои Коризи болоро ман бод кардам.

— Аз хирман чаро гандуму љав наовардед?

— Боракалло! — ба соддадилии ман хандиданд он кас.— Охир хирман — хирмани колхоз-дия!

Бобоям харашонро аз роњ боздошта, бори онро, ки ба як сў каљ шуда буд, рост карданд. Баъд расида омада, ба бори хари ман зењн монданд:

— Ба тарафи рост камтар зер кун.

Боз њар ду хомўш монда, ба фикру хаёли худ банд шудем. Ман бобоямро, ки бањор аз паси љуфтронњо ба замин тухм мепошиданду баъд тобистон хирманњоро паси њам кўфта, бод мекарданд, пеши назар овардам. Пеши назар овардам, ки чї гуна тамоми алафњои марѓзорро дигарон медараванду барои гови бобоям чизе намемонад.

— Бобо, говатон гўсола надошт? — ба аќиб рў гардонда боз пурсидам.

— Колхоз гўсолааш катї баркашида гирифт.

— Чї хел баркашида гирифт? — њайрон шудам ман.

— Ба тарозуи калон монда, баркашида гирифт. Со­нї, ба њар килош њисоб карда, ба мо њаќ дод. Мудири анбор Њосилкаљова чї хел њисобу китоб кард, худаш медонаду худо.

— Шумо говатонро сер карда, баъд баред буд, ё гурусна бармекашад?

— Баъзењо њамин хел њам карданд, — хандиданд бобоям. — Доштагї дег-дег атолаи оби раббано хўронда, баъд бурд. Ба авлоди мо ин хел корњо намефорад. Ху­до аз њалолаш дињад.

Бобоям чоруќ дар по шиппас зада, чолок ќадам монда меомаданд. Пиёдагардии он касро дида, ман њам аз хар фуромадам. Рўз гашт карда, акнун аз љониби кўњ шамолаки сард мевазид. Замин, ки њоло кўрпаи барфашро партофта, ба назари ман луч менамуд, гўё хунук хўрда меларзид. Сабза нав медамид, гоњ-гоњ бойчечаку сияњгўш ба назар мерасид. Дар рўи шахњои пањн-пањни сари роњ аз оби борон кўлмакчањои бењисоб пайдо шудаанд. Гўё касе сангњоро мисли сўрохи ангуштпона, баъзан аз он калон, баъзан аз он хурд, гоње дўлча ва њованча барин кофта, об пур кардааст. Ман њамаи ин аљоиботи табиатро тамошо мекардам, аммо як тарафи њушам ба дадаам банд буд. Модарам мегуфтанд, ки дадаам аз љанг оянд, кор мекунанд, мо њам наѓз зиндагї мекунем. Дадаам чї кор мекарда бошанд? Аљаб не, одами калон шаванд, он кас хондагї-ку. Агар раис шаванд, наѓз мешавад. Бачањо — њамаашон аз писари раис метарсанд, калонњо њам метарсанд. Одам кадом мактаба хонад, раис мешавад?

— Бобо, дадаам њам раис мешаванд?

Бобоям ба гапи ман хандида монданду гап назаданд.

— Хайр, гўед, чи хел одам раис мешавад?

— Бахташ тофтагї мешавад.

Бобоям майли гапзанї надоранд. Ба гапзанї хушашон наояд, њамин хел ягон чиз мегўянд. Агар ман ра­ис шавам, ана њамон раиси «Фрунзе» Рањимов барин мешавам. Њама њурмат мекунанд, «љони одам» мегўянд. Ба хурду калон баробар, њамаро бо як чашм мебинад, гуфта таъриф мекунанд. Ин чї гуфтагиашон бошад? Боз Рањимов колхозро худаш сохтагї будаст.

— Бобо, тирамоњ колхози шумо њам харбузаю тарбуз медињад?

— Хока.

— Моён як бор аз полези колхоз харбуза дуздидем.



— И-и!—бобоям бо табассум ба ман нигаристанд.— Дар ќишлоќи мо дузд нест. Њар кас дуздї кунад, бурда зиндон мекунанд.

— Барои харбузадуздї ба зиндон намебаранд.

— Тухмдузд — шутурдузд мешавад мегўянд. Касе, ки дар бачагиаш харбуза дуздад, калон шавад, гов медуздад.

— Худатон њељ дуздї накардед?

— Не.

— Ќасам хўред.



— Хайр, дар бачагї мева-чева дуздида бошам, дуздидагистам.

— Аз полези колхоз њељ чиз надуздидед?

— Не-е! — Бобоям шубњаомез табассум карданд.

— Дурўѓ мегўед! — Аз табассумашон фањмидам. — Харбуза дуздидагистед? Гўед, бобо.

— Мон њамин хел гапњоро.

— Не, гўед! — исрор кардам ман. — Чї метарсед, гўед. Ба њељ кас намегўям. Ќавли пионер якта.

Бобоям хандиданду баъд ба гап даромаданд:

— Хайр, аслаш, ин дуздї њам набудагист? — баъд гўё худ ба худ мегуфта бошанд: — Аздусар, агар дар ин дунё иќрор нашавем, дар он дунё ночор иќрор мешавем, — гуфтанд. — Парерсол, бањор ду моњ то љавпазї рўи нонро надидем. Аввалин хирмани љави колхозро кўфтем, бод кардем, ба нўњ љувол бардошта фиристодему ду кас аз пасмондаи хирман ду кило-ду кило љав гирифтем. Њамон њам сангрезадор ки буд... Баъд кадоме хабари инро ба раис расондаст. Як ваќт кас монда ба идора љеѓ заданду камтар дўѓу пўписа карданд: одамон дар љанг хун мерезанд, барои ватан љон медињанду мо ин љо зиёнкорї мекардем! Ба ким-кадом осиёби душман об мемондем. Њељ кас аз худи вай намепурсад, ки чор соли љанг мардум љояш омад, як пора карбос наёфт, ки љои айбашро пўшида, аз хона берун барояд, зану духтари ту аз куљо куртаву лозимии оњораш нашикастагию обаш начакидагї мепўшад?

Мо саргарми гуфтугузор ба роњи аробагард баромаданамонро надониста мондем. Акнун роњ аз байни боѓњо, ќитъањои хурд-хурди заминњои корам мегузашт. Роњи аробагард ќад-ќади сой тўл кашида, монанди ресмони чигил тоб хўрдаву печида боло мерафт, боз чарх зада поён мефуромад, лањза ба лањза моро ба дења наздик мекард. Дар боѓњо олуча сап-сафед гул карда буд. Дар тирагии бегоњирўзї байни дарахтони њанўз саросар сияњшох ягон-ягон дарахтони навшукуфта ба шохашон чарбу кашидагї барин. Не, арўс барин... Арўсро бо чодири сафед печонда њамин хел мебиёранд.

— Ана, ин љо понздањ сол пеш як нишебии санглох буд, — бобоям ба ќитъаи замини дар тарафи рости роњ ишора карда, гап сар карданд. — Солњои аввали колхозї буд, бо дасти худ онро замин кардам. Дар ин љойњо то як пора замин њамвор шудан, шири аз модар хўрдаи кас аз биниаш меояд. Њамаи санги ин тавораро (бобоям ба тавораи начандон баланди аз ќайроќсангњои хурду калон чидагї, ки он заминро аз роњ људо мекард, ишора мекунанд) аз њамин замин чидам. Хар катї хок кашондам. Њар сол чї ќадар пору мерехтам! Эњ-ње! Њар љо-њар љояшро ўра барин кофта, банд-банд хошок партофта гўр кардам.

— Барои чї?

— Пўсида, хок мешавад, заминро баќувват мекунад. Ку вай ќуввату вай ѓайрат? Акнун одамон ба за­мин мењр надоранд. Замин соњиб надорад... — Бобоям боз ким-чињо гуфта, ба сўи он замин менигаранд. — Нисфи заминро, ки харобтар буд, юнучќазор кардам, ба нисфи дигараш кунљит корида, дањ синтир кунљит гирифта будам! Ана, акнун боз нокорам шуда рафт. Эњ, ба чї машаќќатњо љўй канда, об оварда, ана ин тутњоро шинонда, пайванд кардам. Афсўс...

Бобоям агар аз киштукору дењќонї ё замину боѓдорї сухан сар кунанд, ба њељ кас навбат намедињанд, љоѓашон метафсад. Ман зиќ мешаваму баъд ба суханашон гўш намекунам, ба фикру хаёли худ банд мешавам.

Ногоњ аз хамгашти роњ ду савор баромад. Њар ду њам савори аспњои чун аспи сарлашкарњо оростагї, њар ду њам марди фарбењ...

— Гардон! — бо изтироб амр карданд бобоям. — Аз рањ барор!

Аз овози пуризтироби бобоям ман тамоман дасту по хўрдам.

Мо харњоро ба канори роњ бароварда, истодем.

— Ассалому алайкум! — гуфтанд бобоям даст пеш гирифта сархам.

Дар љавоб яке аз саворон, ки аспи сафеди зебоеро савор буд, аз роњ истода пурсид:

— Ња, аз куљо ба куљо? Боз ин лаќу луќи кї?

Гўё забонашро занбўр газида бошад, суханони он марди савор нимѓурма мебаромад. Телпак ва гиребони палтояш аз пўсти ќароќулии дорчинранг буда, љило медоданд ва ўро дар назари кас боз њам пурсалобат мекарданд. Аз рўи фарбењ ва тару тозааш маълум буд, ки шахси баландмартабаи ин љойњо аст. Аспи ў гўё пар бароварда мепарида бошад, ба лаљомро кашида истодани соњибаш нигоњ накарда, ќарор нагирифта, тапар-тапар мекард. Савори дуюм онсўтар рафта, сари аспашро гардонда истод.

— Бачањои Неъматро аз шањр кўчонда овардем, раис... Ба шумо фуќарои нав. Ана, ин писарчааш, — ба ман ишора карданд бобоям.

Ман барои салом додан дањон љуфт карда, ба рўи раис нигоњ кардам, аммо вай ба ман эътиборе надод.

— Худаш чаро рафта наоварда, шуморо аз кору бор мононд? Кї шудаст вай?!

— Ба љуфтбарорї ваќт њаст-ку, раис, — гуфтанд бо­боям, ба рўи вай нигоњ накарда. — Бекор мешиштам, хайр, равам гуфтам...

Ба бобоям рањмам омад. Талабаи гунањгор барин дасту по хўрда, меларзиданд.

— Ба љуфтбарорї ваќт будааст! — бо тамасхур сухани он касро такрор кард савор. — Равед, ба усто ёрї дињед, омочу молањо тайёр не, тухмиро тоза кардан даркор.

Бобоям даст ба сина бурда «хуб шудаст, раис, хуб шудаст», гўён меистоданд. Дар назарам он кас чунон бечора, чунон ољизу нотавон намуданд, ки аламам омад.

— Ба ман нигаред, — хитоб кард раис сари аспашро аз роњ гардонда. — Ба њамон мўзаи афсарии Неъмат њаваси Љўрабеки мо рафтаст. Бача-дия! Акнун ба Неъмат мўзаи хиром чї даркор? — Баъд овозашро пасттар карда, илова кард: — Пагоњ-фардо љав мепазад, аз хирман ягон чиз дода розї мекунам.

— Раис, ин корро худаш катї гапзанон кунед, — гуфтанд бобоям акнун каме баљуръат.

Савор дар љавоб ба сўи бобоям ба ќањр як нигоњ карду:

— Ња, хайр, — гуфт ва аспашро ба резачорпо андохту рафт. Бобоям аз ќафои ў мањзун нигариста монданд.

Мо харњоро ба роњ андохтем ва лањзае нагузашта, ба дењча даромадем. Заминњои нав аз хоби зимистон бедоршудаи дења, боѓњо, таворањои аз санги ќайроќи сой чидагии заминњои рўидарича, сафедорњои ќатори сари роњ, ќўруќу чашмаву сой, шаху зовњо — њама ба ман ошно буданд, гўё њељ дигар нашудаанд. Аммо онњо пештара барин хушрўй ва аљиб набуданд. Ким-чї хел ба назар оддї ва хурд менамуданд. Бомњои дења аз пештара пасттар, дарахтони азим гўё хурдтар, одамон њам гўё дигар шуда буданд.

Балки ин аз таъсири сахтии солњои љанг буд ё худ ман акнун калон шуда ва њар чизро аз канор истода мушоњида карданро омўхта будам, кї медонад?

с. 1970



Достарыңызбен бөлісу:
  1   2   3   4   5




©dereksiz.org 2024
әкімшілігінің қараңыз

    Басты бет