Мураттиб ва муаллифи сарсухан пайванди гулмурод



бет3/5
Дата14.07.2016
өлшемі0.9 Mb.
#198435
1   2   3   4   5

ГЎШТИГИРЇ
Дар миёнаљои давра аз кундаю ѓўлањои яклухт гулхани бузурге афрўхта буданд. Оташ баъзан баробари ду ќади одам баланд гашта, њезум часур-чусуркунон ба атроф шарораву лахча мепарронд. Шўълаи гулхан атрофро равшан карда, рўйи одамони дар ќатори пеш нишастаро метафсонд. Онњо гоњ бо як даст, гоњ бо дасти дигар рўяшонро аз њарорати сўзони оташ панањ мекарданд, аммо љойи тамошобобро аз даст намедоданд.

Давродаври гулханро њамвор карда, рег пошидаанд.

Дар ќатори пеши давра, асосан, пирону дањанкалонони дења ва мењмонони аз роњњои дуру наздик омадагї нишаста, чой мехўрданд, сўњбат мекарданд. Дар байни онњо роњбарони колхоз, идораи љамоат ва район њам буданд. Дар аќиб дигарон-мардон, љавонону бачагон, дар ду-се љой тўдаи занону духтарон нишаста, њама интизори саршавии гўштї буданд.

Саркор баъзењоро аќибтар шинонда, майдонро барои гўштигирон васеъ карду аз њозирон гаштаю баргашта мепурсид, ки Комил-полвон чаро бедарак аст.

Саволи саркор аз дањан ба дањан гузашта, ба гўши полвони ин дам ба тўда ворид омадагї расиду ў аз торикї овоз баровард:

--Таќсир, мо дар њамин љо!

--Э, дар куљо гум шуда гаштед? Њама ба шумо нигарон,-саркор ба сўи овоз мурољиат кард.

Дар аќиби издињом каллаи калон ва пешонии фарохи Комил-полвон намудор шуд.

-Њой, полвон, имшаб гўштї буданашро намедонистед-чї?!

-Соати њашт, баъди њама рафтан як мошин беда оварданд,--бо овози баланд сабаб меовард ў.-Ночор ќати шофёр фуровардаму ба ѓарам зер кардам... Як бор ба тўйхона даромада, муборакбод гуфта бароям?-иљозат хост вай. Матлаб аз ин “муборакбод гуфтан” хўроке хўрдан буданаш њам ба саркор ва њам ба дигарон равшан буд.

-Муборакбодро дар њамин љо мегўед. Барои шумо ошро ба њамин љо меоранд.

Саркор ба љониби тўйхона фарёд кард:

-Њой, Абдувалї, барои полвон дастурхон!..

Комил-полвон гузашта аз ќатори пеш, дар пањлўи се-чор нафар мўйсафедон нишаст, ки пирони обрўманди дења буданд ва хурду бузург дар њар боб ба адолати онњо шубња надоштанд ва дар воќеъ њам, ин касон аз њар гуна таассуб пок буда, њамеша дар бањсу талош ва дигар маъракаи ин мардум њакам ва довари боэътимод њисоб меёфтанд.

Саркор ду нафар бачаяки њафтсоларо аз байни бачањои довталаб пеш бароварда, ќабл аз он, ки ба талош андозад, барои гўштии имрўза аз кўњансолони давра фотиња пурсид.

-Пирон даст дињанд, арвоњ мададгор шаванд, афтодаро замин бардорад, афтондагиро... яке аз он пирон, ба ин минвол хеле суханони дуо гуфту бо тантана ба фотиња даст кушод.-Оми-ин!..

Њама даст ба рўй кашиданд. Баъд саркор он ду бачаро, ки мисли хурўсчўљањо њар лањза омодаи ба якдигар њамлакунї буданд, ба гўштї андохт.

Гўштигирии бачањо галатї аст! Онњо монанди калонсолон такаллуф ва худнамої надоранд, барои озмудани якдигар дуру дароз чарх намезананд. Бачањо њамин ки даст ба миёни якдигар расонданд, гарму љўшон талош мекунанд. Ана, кайњо афтонд!.. Бачаяки афтида њунгос зада гириста сар дод. Саркор бо хавотирї ўро њолљўї кард:

-Чї шуд, канї?.. Куљот?.. А?.. Бигў?-вай дасту пои ўро даст-даст кард, ки мабодо лат нахўрда бошад.

-Га... гар... гарданама ханљолид...

-Њељ гап не, канї?.. Э, барои њамин њам кас гиря мекунад? Айб аст... Ма, -саркор ба вай њам як ручка подош дод.

Ду нафари дигар дар майдон талош доштанду боз якчанд нафар довталабони хурд миён баста, омодаи ба гўштї даромадан буданд. Кадоме аз њарифон ѓолиб меояду бо вай бояд гўштї гирад, барои ин ѓайратмандони хурдсол фарќ надошт.

Комил-полвон аз талоши бачањо чашм наканда, пиёлаи чойи кадоме дароз кардагиро њўрт мекашид. Чойи кабуди талх ба меъдаи холї чандин таъсири хуш надошт магар, њар дам ба атроф нигариста, фањмонданї мешуд, ки дастархон наовардаанд. Аммо чашму гўши њама ба гўштигирон банд, ба назди полвон дастархон овардан ба ёди касе намеомад. “Сабили ишкам расо танбўр навохт-ку!-гуфт вай худ ба худ. Баъд боз ба умед ба атроф нигарист.-Рањматї падарам мегуфтанд-а, нонро пеши по назан. Аз гўштї намонам гуфта, мастобаи занакро нахўрда омадам, уболаш гирифт. Нона пеши по задан намешавад... Ба ишками гушна гўштї њам завќ надорад. Хайр, меовардагист, фаромўш накунад шуд...”

-Канї, полвон, чї шуд, чї мегўед?-Ногоњ саркор ду нафар гўштигири ба пањлў афтодаро боздошта, ба ў рў овард.

-Њалол шавад. Аз дигар,-њукми худро гуфт полвон. Овози вай мисли њарваќта ќатъї ва салобатнок набуд.

Навбати гўштї тадриљан аз хурдсолон ба наврасон мегузашт. Гўштигирии наврасони 14-15 сола хеле љиддї ва киройи тамошо аст. Њиммати тўйдор њам бад не. Саркор мукофоти ѓолиб-як дастгоњи суратгириро аз ќуттиаш гирифта, ба мардум намуд ва сипас, оварда ба дасти полвон дод. Одатан, ѓолиб мукофоташро аз дасти полвон мегирад. Комил-полвон ѓилофи чармини онро даст-даст карда диду аз дил гузаронд, ки нархаш чанд пул бошад. Ин Бахтиёр як умр ба кори сиёњ даст назад, нахондагї бошад њам, чаќќон баромад,-мегуфт вай ба дил аз хусуси тўйдор андешида.-Як дањ соли охир дар райпо, ба магазинњо мол медињад. Дўкондори дења мегуфтаст, ки аз њар ќуттї араќ як дона-ду дона ба худаш мегирифтаст, аз чойи наѓз њам, аз дигар чизњо њам. Баъд дўкондорњо ќусури онро аз мо мебаровардаанд...

Ду тан наврасон уќобвор ба њам дарафтоданд. Комил-полвон як-ду сол аз инњо калон буд ё не, дар тўй бо як љавони дар гўштї ном баровардагї талош карда, ўро афтонду номи “Полвон”-ро гирифта буд. Њамон ваќт граммофон дар њар дења якта ё дута буду бас... “Э-э, дастархон овардан аз ёдашон рафт. Саркор њам як бор нигоњ намекунад, ки ишора кунам. Шикамсер чї парвои шикамгурусна!.. Њамдам-ќассобро чї фалак задаст, дина ба нася як кило гўшт надод-е. Ягон бор гўшт гирифта, пулашро надода намондаам-ку! Аз бањри насяфурўшї баромадаст!.. Гўшт-танќис, бозораш тез-дия. Кї дар киса доим пули наќд дорад?! Ин љо ба ту шањр аст-чї?.. Эњ, канї, љавонтар бошаму аз ин гўштї як гўсфанди фарбењ гирифта барам. Дар охир, барои полвонњои калон гўсфанд ё ќолин будагист? Бе ин намешавад... Хайр, ба ман њам, як ваќте полвон буд, гуфта ягон чиз шавгун медињанд: калўш ё ягон яктањи чит...” Полвон оњиста оњи бадард кашид.

Ба њамин тариќ, ў чашм ба гўштигирон фикр мекарду фикр мекард. Њарчанд зўр зад, аз ќайди ин андешањо баромада, лањзае бо атрофиён ё гўштигирии бачањо андармон шавад, аммо натавонист. Ба гўшаш гап намефорид. “Наход, ки ба тўй гушна омада, гушна равам? Э, ин ќадар дабдабаю дову дастгањатро ба сарам занам! Ошу нонат бошад њам, хешу табор, ёру дўсти дурустат набудаст. Дар ин хел ваќт наздиконаш аз омадаю равандагон хабардор шаванд-дия! Њамин њам кор шуд!.. Ин не, вай не, Бахтиёр њам калонњоро мешиносад. Ба љои ман раис омада шинад канї... Барои дилёбию дилљўї тўй мекунанд... Ягон мансабдор ояд, “хуш омадед” гўён дар гирдаш патаку пайтоба мешаванд... Њамин њам мардї аст?!-Ўњ, Рауф њарифаша бардошт!.. Ња, ана, ба сари зону гирифт. Парто тезтар!.. Ња, бале!.. Тавба кардам, њељ кас гумон надошт, ки њамин шатрама одам мешавад. Чунон бесар, чунон айѓоќ буд, ки ба замин занед, ба осмон мељањид! Дар шикамаш як рўдаи рост надошт. Аз дасти ин на полизи мардум дар амон буду на арѓамчини мол. Ба ќавле, аз ганда пўст меканд, аз наѓз-пўстин. Ба аскарї рафту одам шуда омад... Дастархон овардан аз ёдашон рафт... Њозир агар ба љои ман ягон одами ба инњо нафъаш мерасидагї ояд, њамааш тохта меомад... Аслаш, барои халќ тўй намедињанд, барои калонњо...”

Ќариб ду-дуним соат гўштї гирифтанду тадриљан навбати пањлавонони номдор расид. Њама медонистанд, ки аз дењаи Яккатут Мурод ном пањлавони таърифї барои бо Сангин гўштигирї омадааст. Сангин пањлавони номдори ин гирду атроф, шогирди Комил-полвон, умеду ифтихори вай аст. Комил-полвон шогирди бисёре дорад, аммо Сангин дигар аст. “Пањлавонї ба вай мерос. Аљдод-аљдодаш пањлавон гузаштагї. Комил-полвон рањматї бобои ўро ёд дорад, як фил барин ќувват дорад, мегуфтанд. Тахтапушташ ба замин норасида аз гўштї баромад, аммо сабилмондаи мўњтољї ўро маъюб кард. Мегуфтанд, ки Хўљамуроди аллоф як иморати дакаданг андохта, барои шањсутуни айвонаш аз сойи Љизмон як дарахти чормаѓзро ѓалтондаст. Роњи кўњ танг, улав намегардад. Чор йигити њузарб ду рўз овора шуда, ѓелондаю кашола карда, сад ќадам барин овардаанду бас. Хўљамурод, замин хабар накашад, одами айёр буд, мегўянд. Рўйирост аз пањлавон илтимос накардааст. Андешидааст, ки баногоњ маъюб шавад, дар пеши халќ умрбод рўсиёњ мегардад. Бинобар ин, овоза сар додаст, ки агар њар кас њамон чўба биёрад, як пуд гандум медињад. Пањлавони камбаѓал ина шунида, дар як шаб танаи чормаѓзро оварда, ба таги дарвозаи бой партофтаст. Мегуфтанд, ки ана, баъди њамон воќеа пањлавон дигар ба худ наомад, ќоматаш рост нашуд. Баъзе мегуфтанд, ки вай маъюб шудагї, баъзеи дигар чашм расид, мегуфтанд. Боз кї медонад, ман рањматиро аранг-аранг ёд дорам,-мегуфт худ ба худ андешида Комил-полвон.-Дар рагу пайи Сангин ќуввати бобояш њаст. Ман ба вай нозукињои њунарамро ёд додам, ин тарафаш ба худаш вобаста. Сангин дар аввал як ављ карду сонитар танпарвар шуд. Аз афти кор, маишат, сониян, сабилмонда араќ шасташа гардонд... Дар як дастархон чорта нону мева њам наоварданд-е!.. Ње, ноумедњо! Агар ош намонда бошад, нону чой њам нест-чї?.. Арвоњ занад...”

--И-и-и, полвони яккатутиаш баромаданї-ку! Э-э, вай ин Тоњирчаро меафтонад... Мурод-Мурод мегўянд, њамин будаст-дия. Људо њам бўзбала-ку! Њар як кафаш бел барин-е!-гуфт Мулло Нори дар аќибаш буда дањонашро ба тањи гўши Комил-полвон наздик карда.

-Ња, сахттар чангол занад, ќабурѓаи Тоњирчаро канда мегирифтагї барин,-Комил-полвон њам ўро назараш гирифт.

Комил-полвон њаракатњои Муродро мушоњида карда, ўро аз њар љињат писандид. Пањлавони љавон њанўз шармин буда, ба сухан дањон кушояд, хиљолат кашида, сурх мегашт. Хоксору батамкин буданаш аён. Ња, маѓрурию худнамої надорад.

Ваќте ки вай бо Тоњирча ба талош сар кард, Комил-полвон пай бурд, ки мењмон љавони баќувват буда, њанўз аз зўри худ бехабар аст. Вай баъди он ки њарифашро ду-се бор афшонда дида, зўри ўро санљид, дилпурона ба вай наздик рафт. Тоњир њам зўри ўро фањмиду ана, худашро мегурезонад. Дуруст. Агар ба зери баѓали Мурод афтад, вай вазнаш катї мадори инро хушк мекунад...

Пањлавонон чунон ба њам дарафтоданд, ки саркор аз хавфи он ки ногањ якдигарро ба оташ назананд, мудом дар тарафи гулхан меистод.

Тоњирча Муродро хеле араќ кунонд. Мурод њар ќадар ўро ба чапу рост меандохт, аммо бефойида буд. Тоњирча ба њарифи худ сахт такя партофта, монанди кундаи чанор нољунбон меистод. Аз байни издињом овозњои тањсин баланд мегашт.

--Сахт ист, Тоњир!

--Ту аз вай кам не!.. Нони трактор њалол аст!..

Полвон тўбу тухмаи Тоњирчаро њам наѓз медонад: “Падараш як одами нимљон. Пањлавонї ба Тоњирча аз туби модараш мерос аст. Таѓояш полвони забардаст буд. Як йигит буд, ки аждањо мегуфтед. Дар љанг нобуд шуд...”

Комил-полвон таърихи гўштї ва гўштигирони 30-40 соли охирро наѓз медонист. Вай дар бачагї гўштигирии таѓои ана њамин Тоњирчаро дида буд. “Дар як тўйи калон ќариб тамоми полвонњои гирду атроф љамъ шуданд. Таѓойи Тоњирча—Абдусамад дасташ омад карду ягон-ягон шаш полвонро афтонд. Як номарди дигар-Њафиз њам даъвои полвонї дошт. Мардум ѓавѓо бардоштанд, ки дарояд. Ночор ба майдон даромаду бо Абдусамад даст ба миён шуд. Абдусамад, дар њаќиќат полвони зўрдаст, љавонмард ва тандењ буд. Њамин ки Њафизро ба сари сина бардошта, ба замин заданї шавад, ин номард аз љойи нозуки полвон гирифт. Абдусамад аз зўри дард бо ќањр ўро чунон ба сари синааш фишурд, ки аз дањану бинии Њафиз хун омад. Њафиз пеш аз ин њам дар як маъракаи дигар бо сари зонуяш ба шиками њарифаш зада, сабабгори ѓавѓои калоне гашта буд. Як гурўњ одамон, ки он лањза аз номардии Њафиз бехабар буданд, ба тарафгирии вай хестанду ќариб дењодењи калон сар зад. Пештар дар тўйњо ба гўштию бузкашї њар як ќавм йигит љамъ карда, дар баѓал гурзу калтак, теѓу шашпар мерафтанд. Баъзан тўйњои калон хунрезию азо катї тамом мешуд. Њар як дења, њар як ќавм орият гуфта љон медоданд-е! Ањмаќира бинед!.. Њукумат њамаро ба тартиб оварда, хуб кори савоб кард... Аммо равнаќи гўштї њам аз миён рафт. Давраш гузашт. Он хел тўйњо њам нест, он хел полвонњо њам. Љавонњои ин давр се бор талош кунанд, нафасашон мегардад. Њамааш аз папирос, мондан гиред аз араќ. Баъзе йигитњо ба сї даромада-надаромада чарбу мебанданд. Одам фарбењ, ки шуд, аз вай полвон намебарояд...

-Мањкам ист, Тоњир!

-Ња, дастакотба садќа!..

Шўру ќийѓоси мардум Комил-полвонро аз банди хаёлот ба худ овард.

Њељ чашмдошт набуд, ки Тоњирча Муродро ин ќадар монда мекунад. Аз њозирон ин сирро аксар пай набурданд, аммо мардони гўштидида маќсади Тоњирро фањмиданд. Вай барои ѓалтондани њарифаш зўр намезад. Аз ў худро дур кашида, имконият намедод, ки талош зуд яктарафа гардад. Мурод њамвора зўр мезад, ки зудтар ўро ѓалтонад. Маќсади Тоњир њам њамин-ўро монда кардан буд, то ки ба љўрааш, њамдењааш Сангин осон шавад. Сангин кайњо таѓйири либос карда, њозирї медид.

-Парво накун, Тоњир, Сангин дар њамин љо!-фарёд кард кадоме барои ба Тоњирча рўњ бахшидан. “Чойникњои чойро дам ба дам бурда мебиёранд, аммо аз дастархон дарак не. Ё ба саркор як имои бурут карда фањмонам-чї? Айб аст охир, мардуми гирду пеш чї мегўянд? Саркор аз худаш дониста гўяд, гапи дигар. Њуши вай њозир ба гўштї. Ман барин рўзаш катї ѓарам зер кардааст-чї?.. Хайр, њељ гап не, як шаб-дия. Мардум рўза медоранд-ку! Аз тўй нарасад, гила накун, гуфтаанд...”

-Мурод, телба нашав!..-кадоме аз мењмонон маќсади Тоњирчаро пай бурд магар, њамдењаашро огоњ кард.

Ќийѓоси ањли маърака баланд гашт. Мурод оќибат Тоњирчаро ба сари сина бардошту пои ўро аз замин канд ва як бор давр гардонду зад. Гўё замин кўчида бошад, аз издињом наъра бархост:

-Ў-ўњ!..

-Ќандата зан!..

-Њалолат бод!-гуфт Комил- полвон њам зери лаб ба тањсин сар љунбонда.

Мўйсафедони атрофаш њам ба тањсин лаб кушоданд.

-Њалол... Њалол...

-Беѓилу ѓаш гўштї гирифтанд!

-Њаќќу њалол!.. Ќанд занед!..

Мурод пеш омада радиои инъомро аз дасти Комил-полвон гирифт. Вай дар њолате, ки њарсос зада нафас мегирифт, чолок онро гирифту бурда ба дасти яке аз наздиконаш дод. Мурод баъди каме ин тараф-он тараф роњ гашта, тапиши дилашро паст кардан, рафта дар пањлўи њамдењагонаш нишаст. Ду нафар љавони бўзбала ба молидани дасту пои ў машѓул шуданд. Дигарон ба сўйи ў хам шуда, маслињати як марди миёнсолро гўш мекарданд.

Сангин аз гўшае оњиста ба майдон даромаду маърака лањзае хомўш монд. Ба назари одами бегона чунин менамуд, ки ў гўё вазъ мегуфта бошаду халќ барои сухани вайро шунидан ором шудаст. Сангин бо кафи даст чашму рўяшро аз дуду аз гармии оташ панањ карда, оњиста майдонро давр гашт. Ўро бинад, њар кас њам пањлавон мегуфт. Навча, синафароху миёнборик, дасту бозувонаш мисли оњани тобхўрда, чењракушод-хуллас бо тамоми њастиаш мегуфт: пањлавони њаќиќї манам! Њама бо шавќ ба ќаду басти ў зењн монда буданд. Сангин, аз рўи одат, давраро чарх заду омада дар рў ба рўи Комил-полвон дузону нишаст ва аз устоди худ фотиња пурсид.

-Њаросон нашав, дасти ман не, дасти бобоям, гўй... Пирон мададгор шаванд... Комил-полвон даст ба рўй кашиду лањзае ба чашми Сангин нигариста монд. Баъд ба тарафи ў хам шуда, бо овози паст гуфт:-Ба ман нигар, њой... аз вай сабилмонда хўрдагї барин менамої... Чї љин зад ба ту? И-и... Охир масљид... И-и... Э, пир занад тура...

-Камакак зиён надорад, таѓо... Бачањо намонданд...

-Номаъќул кардї!.. Гўштина мурдор накун!-Якбора ба шўр омад Комил-полвон, аммо овозашро баланд накард.

-Э, парво накунед!.. Њозир мебинед...

-Гарданат мешиканад!-гуфт полвон ситезаомез сар љунбонда.-Бас, оњиста аз майдон барою љомара каш! -Суханашро аз зињи дандон бароварда амр кард ў. -Ягон сабаб биёру дафъаи дигар мегирам гўй ё рўйирост гўю мон: камтар араќ хўрда будам, устодам рухсат надоданд.

-Тавалло мекунам, рухсат дињед... Маро беобрў накунед...-илтиљо кард Сангин.

-Не, намешавад... Масљид...- боз маќоли њангоми ќањр мегуфтагиашро ба забон гирифт полвон.

-Хуб гўед, охир... Мурам њам, аз ин намеѓалтам... Ман ба номаш лаб тар кардам...

Комил-полвон лањзае дудила шуда ба рўи шогирди худ нигариста монд. Ин лањза мўйсафедони пањлўяш ба миён даромаданд:

-Каму тум хўрда бошад, њељ гап не, полвон...

-Њозир њамаи љавонњо мехўранд...

-Ба гапи ман бовар намекунед?-исрор мекард Сангин.

-Бовар кардан катї...-ќадре мулоим гашта ѓурунгос зад полвон.-Њамин њам кор шуд!.. Шарм кун...

-Дилпур бошед...

Атрофиён тўл кашидани гуфтугўйи устоду шогирдро дида, ба сўйи онњо чашми шавќ дўхта буданд. Сангин барои ба дигарон сир надодан дањанашро инљ карда, табассум менамуд. Баъди бо ишораи сар бархез гуфтани устодаш ў бархосту довталабона майдонро давр зад. Нидоњои тањсину офарин баланд шуданд.

-Ња, баракалло!..

-Кам нашав, додар!.. Саломат бош!

-А љонат гардам, сари мара паст накун!

Комил-полвон гушнагиашро фаромўш кард ё худ баъд аз гузаштани ваќти муќаррарии хўрокхўрї иштињош кўр шуда буд. Њоло њушу хаёлаш ба гўштї. Шаш сол боз ў гўштї намегирад. Њамсолонаш аз майдон баромаданду вай њам ночор бас кард. Бо љавонон гўштигирї хуб не. Аммо њар боре, ки Сангин ба майдон дарояд, тамоми узвњои бадани Комил-полвон паридан мегирад. Гўё њозир худаш ба майдон медаромада бошад. Дили одаткарда балои љон будаст.

Сангину Мурод-ду тан зўртарин пањлавонони ин маърака ба њам дарафтоданду атроф ба якборагї сокит гашт. Фаќат чарс-чарскунон сўхтани кундањои бед ва гурс-гурс пойкўбии пањлавонон ба гўш мерасиду бас. Ањли маърака нафасашонро ба дарун кашида, сањнаи асосии гўштигирии имшабаро тамошо мекарданд. Ин талош аз он љињат њам талоши ба ѓоят муњим буд, ки њар ду пањлавон њам то њол аз касе маѓлуб нашуда буданд. Ин гуна гўштиро дидан ва шоњид будан ба њар кас муяссар намешавад ва онњое, ки гувоњи маѓлубияти пањлавони пушташ замин налесида буданд, як умр ин воќеаро хотира карда, ба авлодон њикоят мегўянд.

Сангин аз кўфтагии Мурод истифода кардан хост магар, яку якбора њарифи ношиносро дурустакак наозмуда, њамла сар кард. Аз њамлањои Сангин Мурод саросема шуд. Мардум ба зўрии њамдењаашон дилпур шуда, ба ќийѓос ва офарингўйї сар карданд. Мурод пањлавонвор истодагарї дошт ва њангоми ором шудани њарифи худ ду даст ба миёни ў мунтазири њамлањои нав нафас рост мекард. Сангин, одатан, чусту чолок ва бо суръат гўштї мегирифт. Бинобар ин, ором ва ба фурља чарх гаштани Мурод ба вай намефорид.

Комил-полвон њамлањои бебарори шогирдашро мушоњида карду нафасгирии ноњамвори ўро пай бурд ва оњиста, зери лаб “оббо” гуфту ба афсўс ба зонуяш шаппотї зад. Баъд худ ба худ, аммо ба доварони пањлўяш шунаво зери лаб пичиррос зад:

--Нагуфтам, ки араќ кори ина кардагї!..

Шиддати њамлањои Сангин кам-кам паст гашта, њоло ду пањлавон монанди ду барзагови шох ба шох нињода, аз миёни якдигар дошта, ором чарх мезаданду фаќат ањён-ањён њамдигарро такон дода мемонданд. Одатан, пањлавонон ё барои озмудани усули якдигар ва ё њангоми монда шудан ин тариќ гўштї мегиранд.

Расул-бобои андовакаш аз аќиб хам шуда, ба гўши Комил-полвон гуфт:

--Инат кайњо араќ кард, љиян...

Мўйсафед пас аз сонияе чанд илова кард:

--Худат миёната бастан гир.

--Ман кайњо бас кардагї, таѓо.

--Њељ гап не, дар зарурат... Баройи обрўйи халќамон...

--Рагу пай хунук шудагї. Бекора чї даркор,-даст афшонд полвон.

Аммо ў њис кард, ки дар таги дилаш майле ба гўштї њасту аммо забонаш инкор мекунад. Пай бурд, ки аз аќиб, аз пањлў њамдењагони солдидаю рамузи гўштигириро мефањмидагї, њоло ба сўйи вай менигаранд. Пањлавонон баъди таќрибан бист даќиќа талош кардан њар ду њам араќшор гаштанду саркор бо иљозати доварон ба онњо танаффус дод. Муроду Сангин миёнбанди якдигарро сар дода, њар яке ба назди тўдаи худ рафта, дар пеши давра нишастанд.

Комил-полвон хотирпарешон менишаст. Шогирдаш ўро нописанд кард, ба гапаш гўш надода, ба гўштї даромад. “Шогирд тарбия карда натавонист”, мегўяд халќ. Усули гўштиро ёд додан кам аст, одаму одамгарї, љавонмардию тандењиро њам ёд додан даркор. Љойи мана гирифт, акнун хотирљамъ аз майдон мебароям, гуфта будам. Сабил монад, араќ рагу паяша сўхтааст... Э-э-э...”

Сангин ба саркор ким-чї гуфту рафта, сарулибосашро пўшидан гирифт.

--Наход?!-беихтиёр хитоб кард полвон.-Њай, афсўс... Нотандењї кард... Расми полвонњо ин хел набуд...

--Гап зан, Комил-полвон!..-Расул-бобо аз ќафо зањрханда кард.

Саркор ба назди доварон омада маслињат андохт:

--Сангин мегўяд, ки “дуранг”. Тобаш набудааст. Насиб бошад, ягон бори дигар мегирем мегўяд...Хўш, шумо чї мегўед? -Вай як-як ба чашми доварон нигарист.

Пирони солманд маънидорона ба чашми якдигар нигариста, сар љунбонданду чї гуфтанашонро надониста, ба Комил-полвон рў оварданд. Полвон ба чашми онњо нигариста натавонисту сарашро хам кард. Ин дам гўё њама ба вай нигариста мегуфтанд: шогирди ту нотандењї кард!

--Насиби Муродро дињед...-гуфт вай аз замин сар набардошта.

--Хайр, ба Сангин њам ягон чиз дињед,-илова кард яке аз мўсафедон.

Дигарон дар тасдиќи ин њукм сар љунбонданду саркор аз љояш бархост.

Комил-полвон норозї даст афшонду оњиста худро аќиб кашид ва аз байни мардуми бо ѓалоѓўла бархостагї гузашта сархам аз маърака баромада рафт.

с. 1974


ЊАЌИЌАТИ ТАЛХ
Аз саргузашти рўзњои бачагиам бисёр воќеањоро њикоя кардаам, аммо ин њодисаро њаргиз ба ёд овардан намехоњам. Вале чї кор кунам, ки он мудом дар нўги забонам, шабу рўз дар сарам љўлидагеш, љўлидагї. Аз афти кор, то онро нагўям, маро аз ин шиканча халосї нест. Агар гуфтанаш осон мебуд, кайњо онро мегуфтам, лекин... Њар як кори чигил ана њамин хел «лекин» дорад. «Лекин»-и ин воќеа як сири намегуфтагї. Њар сире, ки онро ба кас гуфтед, сир нест. Хуллас, имрўз ман ин сирро гуфта, аз бори гароне, ки ќариб чоряк аср ба дўши дили бечораам бардошта гаштам, халос мешавам. Хато ва гуноњ њаргиз виљдони одамиро осуда намегузорад: гўй, барои чї руст мекунї гуфта, дилро харошидагеш, харошидагї. Ман аз гуфтани њаќиќат, њарчанд ки бисёр талх аст, наметарсам ва шарм њам намекунам. Одати ман њамин аст: њама гапро бояд гўям. Агар баъзе чизњоро нагўям, он њам бесабаб не: ё њамон воќеа ба гуфтан намеарзад, яъне, њаќиќати ба мардум нодаркор аст ва ё чунон ки Шайх Саъдї овардааст, рости фитнаангез ва зарарноке, ки аз гуфтан ногуфтани он авло. Ќисса кўтоњ, он саргузашти нохушамро мегўям. Ба њар њол, он ба ман сабаќи зиндагї гашта буд.

Аввал бояд гўям, ки дадаам он солњо њозира барин пири хушњолу чаќчаќї набуданд. Ман агар дадаам гў­ям, шумо як марди хода барин дарозу лоѓар, чашмонаш дар косахона шиштагї, коркун, камгап ва хеле љиддию вазнин, њатто аз њад зиёд љиддиро пеши назар оред. Инро ба ман бачањо њам мегуфтанд. Онњо њаминро њам таъна мекарданд: «Дадаат одами бадљањл ба­рин» мегуфтанд. Аммо ман наѓз медонам, ки дадаам њељ гањ бадљањл набуданд, фаќат кам механдиданд, њатто ки ќариб намехандиданд. Сабаби кам хандиданашонро худам њам намедонам. Балки солњои баъди љанг талабот аз мардумон њамин хел буд, кї медонад? Барои намозу рўза, барои хатна кардани бачаашон баъзењоро љазо медодаанд-ку! Таѓоии очаамро барои он њабс кар­да будаанд, ки дар хонаашон китоби кўњнаро нигоњ медоштаанд.

Он солњо дадаам бегоњї аз кори сањро димоѓашон гирифтагї, хастаю шалпар меомаданд. Ќавоќашонро накушода болои кундаи њезумкафонї амонат менишастанду як бор уф кашида мондагиашонро мебароварданд. То дўѓоб оварда додани очаам бо мо саволу љавоб кар­да, як-ду супориш медоданд. Баъди дўѓобро дам кашидан, каландашонро гирифта ба замини рўидаричаамон мерафтанд. Дар он љо то шом кор мекарданд. Очаам ме­гуфтанд, ки њамин як парча замини рўидарича хонаводаи моро ба по рост медорад. Албатта, ман он солњо маънии ин гапро дуруст намефањмидам.

Аслан, чандон хурд њам не, дувоздањсола будам. Њанўз дуруст каланд зада натавонам њам, дигар корњоро наѓз ўњда мекардам: киштро об додан, ба молњо алаф овардан, хошок даравидан, аз кўњ њезум овардан. Њатто ду-се бор додарам катї ба осиёб љуворї бурда, орд карда омадам. Додарам — Салим он солњо дар синфи сеюм мехонд. Ман аълохон гуфта баъзан аз худ мерафт. Њар чизе биёранд, вай наѓзашро мегирифт. Каљу килеб сурат мекашиду рассом мешавам, мегуфт. Доим дар кисааш ангишт ё бўр, тахтасангњои сари роњро кажу маж хат кашида, пур мекард. Њатто сурати Алопарро дар санг оњан катї канд, он сурат дигар намеравад. Баъди Алопарро аз даст доданамон Салим њар бор њамин суратро нишон дода, ба љароњати дили ман намак мепошид.

Худи Салим бачаи бад не, аммо гоњ-гоњ зўъмию якравї дорад. Азбаски ў харобу лоѓару рангпарида аст, очаам баъзан аз ман рустї ба вай саршир медињад. Гурбаи шум барин чанд бор аз хонаи дарун саршир хўрда, лабонашро лесида баромаданашро дидам. Бо вуљуди ин, думчаи мурўд барин гардани борикаш, каллаи ошкаду барин калонашро базўр дошта истодааст. Амакам мегўянд, ки биниашро кашї, љонаш мебарояд. Ќувваташ нест, пуф кунед, меѓалтад.

Рўзе ману Салим ба кўњ барои њезум рафтем. Аз хонаи мо кўњ дур не, агар пиёда, бебор равед, яксоата роњ аст. Сагчаамон Алопар њам афтону хезон аз ќафоямон рафт. Сагча њанўз хурд буд — думоња ё семоња. Ваќти таваллуди онро намедонем, чунки мо онро аз лойхандаќи ќафои идораи колхоз ёфтем. Чунон ба лой љўлидагї буд, ки чї махлуќ будани онро дониста намешуд. Њамсояамон Гулсумхола онро «бачаи шаѓол ба­рин» гуфтанду очаам њам ба фикри он кас шарик гаштанд:

— Аз кадом гўр ёфтї, гўрков? Охир ин шаѓол...

— Ман не, Салим ёфт, сонї ман даромада гирифтам, — аз эњтиёт ба ин гуноњ шарик будани додарамро гўшзад кардам. Кї медонад, кор оќибат чї ранг мегирад? Баногоњ ягон гап хезад, гуноњро таќсим кардан хуб аст. Аълохонї ва нимљонии Салимро дар назар дошта, љазоро сабуктар мекунанд ва ё тамоман мебахшанд.

— Агар ин бачаи шаѓол бошад, шаб очааш кофта мебиёду якта њам мурѓ намемонад, — тарсонданд очаам. Баъд ба љонвари дир-дир ларзида истодагї рањмашон омад магар, гуфтанд: — Ба пеши бобот бар, ку бинанд, чї махлуќ аст. Холаи Гулсум бачаи шаѓол гуфтанд, гўй.

Ман он љонварро бардошта, ба тарафи њавлии бобоям давидам. Салим аз ќафоям метохт. Њавлии бобоям дур не, дар он дасти сой, пеши замини рўидаричаамон.

Бобоям дар офтобрў љули харашонро дўхта менишастанд. Он кас љонвари ёфтагиамонро пасу пеш гардонда диданду гуфтанд:

— Кучукбача-ку.

— Ура, кучукбача! — Ман онро гирифта сўи њавлиамон тохтам.

Салим бо фиѓону њаёњу аз ќафо омад, ки сагча азони вай аст, чунки онро вай ёфт. Мо аз ин хусус зуд ба са­ри муросо омадем: сагча аз њардуямон. Медонистем, ки аздусар онро ду њис карда намешавад ва ягонтаамон аз он даст намекашем. Љое, ки ба ѓайр аз муросо ди­гар чора нест, талош бефоида буданашро мо наѓз медонистем.

Сагбачаро дарњол шуста пок-покиза кардем. Ало будаст, Алопар ном додем. Љонвар аз гушнагї ќариб ба мурдан расидаст. Мо аз лойдон гирифта љои он, ки хўрокаш дињем, ба муќаррар кардани зоту зурриёти он машѓул будем. Бечора чунон ба ширу нон дарафтод, ки...

Баъд барои Алопар дар њавлї аз сангу лой хонача сохта, ба тагаш пахоли мулоим андохтему аз болои пахол як порча пўстаккўњна партофтем.

Ману Салим ба куљо равем, чї кор кунем, Алопар њамроњ буд. Афтону хезон мерафт, агар бишинем, мешишт, тозем, метохт, баъзан аз ягон чиз хурсанд, баъ­зан аз рўбарўшавї бо ягон њайвон дар тарсу њарос. Њамроњи мо Алопар њам кам-кам калон мешуд.

Як моњ нагузашта вай одамони атрофамонро аз бегонагон фарќ мекард. Агар аз њамсояњо касе ё хе­шу табори наздик ба њавлї дароянд, як-ду бор аккос зада, моро хабардор мекарду бас. Не, агар ягон одами бегона ё ба вай ношинос дарояд, то аз хона баромада «хап шав» нагўем, ором намешуд. Алопар њатто молњои моро аз моли бегона фарќ мекард. Њар бегоњї чун рама омад, модагов ва чор бузи мо људо шуда ба њавлї медаромаду моли сиёњ ба сари мехаш, моли реза ба ќўтанча мерафт. Агар ягонта мол ќоидаро вайрон карда, ба тарафи дархона ва гўшаи нињолу гулзор гузаштанї шавад, Алопар валвала сар мекард. Махсусан, агар ба њавлї моли бегонае дарояд, то онро аз дарвоза берун наронад, Алопар ором намегашт. Аккосзанон, баъзан тарсону њаросон аз ќафои он мол метохт, тањдид ме­кард, зорї менамуд, то ки зудтар аз њавлї барояд. Шаби аввали як сар гўсфанди њисорї хариданамоп саги бечора шаби дароз хоб накард, хавотир буд. Гумонаш, ин моли бегона моро фиреб дода ба њавлї даромадасту ќасде дорад, нимишаб ё ваќти сањар, њангоми хоби ѓафлати мо ягон нобакорие карданист.

Алопар ба очаам баѓоят маъќул афтода буд. Хусусан, баъди як воќеа ѓамхории он кас ба сагча афзуд, љонвараки дастнигарро назарашон гирифт ва њароина љонибдорї мекарданд. Воќеа ин тавр рух зад: он солњо дар дењаи мо на электр буду на яхдон. Мо њатто номи яхдонро нашунида будем. Не, хато кардам, бибиам њикоя карда буданд, ки пеш аз инќилоб ва колхозї дар дења баъзе давлатмандон ва њалвопазон тањхонаи чуќури зеризаминї кофта, зимистон дар он барфро ѓун мекардаанду аз болояш хок мепошидаанд. Он барф дар тобистон кам-кам об шавад њам, адо намегаштаст. Тањхонаи барфдор вазифаи яхдонро адо мекардаст. Ба ѓайр аз ин, дар саратон аз барфи он яхобу яхмос, њалвою нишаста месохтаанд... Сари суханам чї буд?.. Ња, дар дењаи мо он солњо на яхдон буду на электр. Дўкони гўштфурўшї њам набуд. Одати мардуми мо чунин аст: њар хонавода ягон буз ё гўсфандашро кушта, гўшти он­ро хушк карда мегираду муддатњо воситаи дегљўшї месозад. Очаам барои дам наоварда хушк шудани гўшт онро намак зада, шабњо шаддавор ба чўб мегузаронданду дар шамолгањ меовехтанд... Шабе аз шамоли сахт як лахти калони гўшт канда гашта ба замин афтодаст. Алопар то сањар дар сари он пораи гўшти ба замин афтодагї посбонї карда, гурбањоро рањ надодаст. Сањар очаам аз хоб хезанд, Алопар дар назди гўшти афтодагї фукаш ба рўи ду пояш, аз гўшт чашм наканда менишастаст. Очаамро дида, ба назди он кас тохтаст, баъд ѓишингос зада боз ба сари гўшт рафта воќеаро фањмондаст. Аз таљрибаи солњои дароз мо медонистем, ки агар Алопар набошад, аз гўшти ба замин афтодагї ному нишон намемонд. Њатто баъзе гурбањои ганда љањида гўштро аз тор гирифта мебурданд.

Алопар саги боаќл буд, аммо ман беаќлї карда он­ро аз даст додам. Аслан, аз даст доданам беаќлї не, баръакс, пионер бояд ки айнан њамин хел амал кунад, мегўянд муаллимон. Хайр, рости гап, андаке аз ман њам гузашт... Барои ин то њол виљдонам маро гоњу бегоњ дар шиканља гирифта, азоб медињад. Ман дигар саг напарвардам. Сагу сагбача гўянд, Алопар ба ёдам мерасаду дар як дам вуљудам таб мебарорад.

Њамон рўз ману Салим арѓамчину табарча гирифтему ба кўњ њезумкунї рафтем. Алопар њам њамроњ буд. Мо ду пуштора њезуми хушкро баста, акнун ба роњ медаромадем, ки аз пушти ёлаи кўњ рамаи колхоз баромаду ду саги хирс барин барзангї аккосзанон ба сўи мо тохтанд. Аз тарс саросема њар ду њам ба як дарахти арча баромадаем. Бечора Алопар дар бехи дарахт тар­сону ларзон, бељуръатона ак-ак карда, он ду балоро пешвоз гирифт. Мо бо доду фарёд чўпонро ба ёрї љеѓ задем.

Сагњои рама бо фукњои ѓафсу вањмангези худ Алопарро бўй-бўй карда диданду аз афти кор, боварї пайдо карданд, ки ин љонварак аз авлоди гург ё шаѓол не, бо он шўхию бозї оѓоз намуданд. Аз њаракатњояш маълум буд, ки Алопари шўр чандон раѓбати бозї надошт ва аз њазлу шўхињои онњо метарсид, илоље ёфта канортар гурехтан мехост, аммо он ду хирси барзангї ду-се њаллос зада, сари роњи вайро мегирифтанд.

Хайрият, чўпон расида омаду сагњоро аз сари мо дур андохт. Ману Салим аз дарахт фуромадем.

— Ягон дуогўятон аз тањти дил дуо мекардаст... Ба шарофати дуо... ин арча будаст, — изњори мамнунї кард чўпони якдаста.

Бинии ин марди навчаи сурхрў айнан ба мисли минќори уќоб хамидагї буд.

— Набошад, исќотњо нагазанд њам, сахт метарсонданд.

— Барои чї нагазанд, мегазанд, — гуфт Салим, ки ашки чашмаш њанўз хушк нашуда буд. Ман акнун пай бурдам, ки њангоми њамлаи сагон вай фарёд зада гириста будаст.

— Бачара намегазад. Агар худат кордор шавї, гапи дигар ё ба мол расї...— чашми чўпон ба Алопар афтоду онро бањ-бањ гуфта доштанї шуд, аммо сагбача нияти ўро пай бурду дур гурехт.

— Љеѓ зан, сагата як бинам, — хоњиш кард вай. Баъд гуфт: — Зотї барин.

Ман Алопарро доштам. Вай дандонњояшро гиз кар­да, тањдидкорона ар-ар мекарду чўпонро наздик омадан намемонд. Аммо дањмарда ба вай эътиное накарда чанг заду аз ёли Алопар бардошт. Сагча ѓишингос за­ду бо ѓазаб ба чўпон дарафтод ва аз чанги ў рањої ёфта он сўтар гурехт. Баъд њимоятљўёна ба назди Салим рафту кинахоњона ба тарафи чўпон ак-ак задан гирифт.

— Сагбачаро ба мо те, пеши сагои мо калон шавад, — гуфт чўпон ба ман хитобан бо як оњанги омирона.

— Худамон њам калон мекунем, — гуфтам ман бепарво ва ба содадилии чўпон дар дилам хандидам.

— Њайф мекунї. Саг – саги рама. Миёни мардум вайрон мешавад. Ма, — вай як панљоњсўмии сабзро аз кисабаѓалаш бароварда ба ман дароз кард.

— Не-е, даркор не, — гуфтам ман хиљолат кашида. Ба ман чунин намуд, ки панљоњсўмиро дида, чашмам сиёњї зад. Ташвишомез ба рўи Салим нигаристам. Вай гаранг барин ба дањони воз ба чўпон менигарист.

— Гир. Ту боз дигараша меёбї. Дар ќишлоќ чї пур, сагбача пур. Ина ба рамаи колхоз те. Ту пионер-­ку!.. Шарм намедорї?

— Не, ман ба шумо дигараша оварда медињам, — бе ќатъият сухан гуфтанамро худам њам њис кардам. Ба панљоњсўма дилам кашол буд, њатто метарсидам, ки чўпон мабодо аз нияташ гашта, онро ба кисааш андозад.

— Ана, ма, гир... Инаш барои додарат, — чўпон ин дафъа аз љайбаш як сисўмии сурхи шараќќосиро баро­варда њамроњи он панљоњсўмї ба кисаи ман андохт. Дигар эътироз баён накардам. – Бихез, ту дор, ман баста мегирам. Пионер бояд ки ѓамхори моли давлат бошад...

Ман Алопарро доштам. Чўпон чолокона бо чилбур онро басту ба фукаш њалќа гузаронд. Сипас, ба тапар-тапару ѓишинг-ѓишинги сагбача эътиборе надода бардошта бурд.

Сагча чунон вовайло бардошт, чунон чингос зада аз мо мадад мехост, ки ман тоб оварда натавониста, рўямро гардондаму хостам гўшамро ба карї занам, аммо муяссар намегашт. Зории Алопар аз дуродур њам ба гўшам мерасид.

Фарёди имдодхоњонаи он аз миён солњо гузашта бошад њам, то њол дар гўши ман садо медињад ва диламро мефишорад.

Ман он рўз аз ин муомила хурсанд будам. Њазл не, њаштод сўм-а! Албатта, пули он солњо беќурб буд, ам­мо дадаам рўзњои ид њам идипулї гўён ба мо ин хел пули калон надодаанд.

Ба роњ афтодему дарњол бо Салим пулро таќсим кардем. Ба вай — сисўмии сурх, ба ман — панљоњсўми сабз, рангаш ќурбоќќаи наќшин барин. Мо ба ин пулњо чињо хариданамонро њам маслињат кардем.

— Аттор ояд, ман чангаки моњидорї мехарам. Боз аз шофёрњо якта гупсари резинї мехарам. Сонї, дам мекунаму ба оби сой партофта, ба болояш савор то ху­ди њавзи Љонварсўз меравам, — гуфтам ман.

— Не, ман ба ин пул ќалами ранга мехарам. Сонї, чунон суратњое кашам, ки дањоната кушода монї! — нияташро изњор кард Салим.

Вай сисўмии сурх дар даст, гоњ онро аз чашмаш дур, гоње наздик оварда менигарист, баъд ба монанди байраќ ба сараш баланд мебардошт.

— Ман савори гупсари резинї ба осиё њам меравам, ба њезум њам.

— Њой каллагаранг, чї хел аз поён ба боло меравї? Оби сой ба поён мебараду сонї аз обпар чунон гирифта мезанад, ки хари бобом барин парча-парча мешавї!..

Ба пули Алопар чињо хариданамонро рањорањ расо муњокима кардем, аммо ин гуфтугузор њељ ба диламон намезад.

Њамин ки ба њавлї наздик расидем, диламонро як хавфи номаълум оњиста-оњиста туман барин зер кар­дан гирифт. Аз ваљњи Алопар як тарафи диламон торик буд.

— Алопара ба чўпон доданата агар дадаам фањманд, тура мекушанд! — Оќибат Салим худдорї карда натавонисту буѓзи дилашро кушод.

— Барои чї? Мо барои рамаи колхоз додем! Чўпон гуфт-ку агар дар рама калон шавад, саги њаќиќї мешавад... Мумкин Алопари мо ягон ваќт рамаро аз њамлаи гургон халос кунаду сонї... сонї ном барорад. «Ин саг аз куљо?» — гуфта пурсанд, номи моро мегўянд. Со­нї Раис-бобо мумкин ба мо таърифнома дињанд. Ба мактаб омада, дар пеши саф... Ин кори њазл не. Лекин њозир ин сира бояд ба касе нагўем.

— Ту ба чўпон гуфтї, ки сагча аз њардуямон?

— Ња... Худат дидї, ба њар дуямон пул дод-ку!

— Хайр, агар ин хел бошад, барои чї пула ба кисаи ту андохт?

— Њамту, андохт-дия. Сонї, њар ду таќсим мекунанд гуфта...

Аз он ки Алопар рамаи колхозро посбонї мекунад, Салим њам ба ваљд омад. Вай чунон ба ин гап часпида гирифт, ки тайёр буд њозир рафта аз дадаам барои ин корамон шодиёна гирад.

— Лекин њушёр шав, мабодо аз дањонат барояд... Дадаам ин гапњоро наѓз намебинанд. Њозир дар ин хусус гап намезанем. Агар пурсанд, мегўем, ки аз паси мо ба кўњ рафт, сонї чўпон дошта гирифту ина барои рама дињед, гуфт, додем, мегўем. Пул гирифтем нагўй, љанг мекунанд. Агар надињед, шуморо аз пионерї мебароранд гуфт, мегўем.

Салим розї шуд.

Аз ваљњи пул табъам ночоѓ буд. Пушаймон будам, ки чаро пули чўпонро гирифтам. Хоњ-нохоњ, агар рўзе дадаам фањманд, љанг мекунанд.

Дар њавлї аз наомадани Алопар аз њама пеш бибии пир хабардор гаштанд. Сонї очаам пурсиданд. Мо воќеаро, чунон ки маслињат карда будем, гуфтем. Оча­ам бо ќањр даст афшонданду рафтанд. Ман ба рўи бибиам нигариста, дараљаи гуноњамро фањмидан хостам, аммо фикри он касро њаргиз дониста намешавад: ягон ољинги рўяшон намељунбад.

Ман андаке хотирљамъ гаштам. Баъзан калонсолонро фањмида намешавад: барои арзан барин гуноњатон замину осмонро ба њам мезананду аз гуноњи калон чашм мепўшанд. Шояд, аљаб не, дадаам аз ин кори мо хурсанд бошанд?.. Ё мумкин ќањрашон омадагисту лекин ба хотири Раис-бобо моро љанг накардагистанд? Раис-бобо агар фањманд, ки барои сагча моро љанг кардаанд, мегўянд-дия: «Барои моли колхоз як кучукчаатро дареѓ доштї?! Одамон дар љанг љон доданд, хун рехтанд...».

Аз байн як моњ гузашт. Дили ман тамом таскин ёфт. Аммо ногоњ Салим корро расво кард.

Њамон рўз ман таъинот гирифтам ба осиёб як љувол љуворї бурда, орд карда биёрам. Ба Салим фармуданд, ки барои молњо аз лаби сойњо алаф даравида орад. Дадаам сањарї супориш доданду ба кор рафтанд. Бобояму очаам љуволи љувориро ба хар бор кар­да доданд. Ман ба болои бор савора ба роњ афтодам. Салим «ман њам ба осиёб меравам» гуфта хархаша кард. Очаам розї нашуданд. Салим ѓишингос за­да аз паси хар равон гашт. Сонї аз думи њайвон сахт дошта кашида истоду нагузошт, ки хар рањ гардад. «Сар те» гўям, сар надод. Дар дастам химчаи тар буд, дарозу борик, сањл ба сараш расондам ё не, вай аз алам мушт барин санга аз замин бардошту ба сари ман зад. Хун чашма барин љорї шуд. Очаам тохта омада маро аз хар фуроварданду ба хона бурда хобонданд, ба љароњат зуд намад сўхта зер карданд.

Салим ба ким-куљое гурехта рафту бо њамин то ба шом гум шуд.

Дадаам аз кор омаданду воќеаро фањмида, пеш аз он ки ба сари полез раванд, ба боми зинхона баромада Салимро љеѓ заданд:

— Салим!.. Њой, Салим!.. Салим!..

Дар ин хел мавридњо овози дадаам монанди раъд гулдуррос мезад ва аз тарафи сой акси садо медод. Фурсате нагузашта Салим пайдо шуд.

— Њозир љазоята мебинї! — гуфтам њамчун мазлуми адолатхоњ бо андаке овози озурда. Вай аз замин чашм набардошта омаду дар рў ба рўи дадаам гунањкорона истод. Дадаам хомўш ба сар то пои вай нигариста, барои бетамизиаш љавоб талаб доштанд. Аммо Салим гардани дарозаша ба дарун ка­шида хомўш буд. Љазои њасадхўр ва нобинам ана њамин гуён, дар дил шодї кардам.

— Ња, гап зан! — дадаам суханашонро аз зињи дандон бароварда, бо ѓазаб ба тарафи вай як ќадам монданд.

Дадаам моро назананд њам, чунии ваљоњаташон басанда буд, ки дигар он номаъќулиро такрор накунем.

— Вай... вай Алопара... а-а, ба чўпон фурўхт, пулаша гирифта... — ногањон канда-канда эълон кард Салим.

Нафаси ман ба дарун заду на ба рўи дадаам нигаристам, на ба тарафи Салими хоин.

— А-а? — дубора пурсиданд дадаам.

— Чўпон аввал панљоњ сўм дод... сонї... сонї боз... сї сўм...

Салим суханашро ба поён нарасонда «њаќќашро» бигирифт. Аз падар як торсакии обдор хўрданашро ба гумонам худаш њам нафањмида монд.

— Нокас!.. Дар зоти мо иѓвогар набуд, ту аз куљо ин «њунарро» ёд гирифтї?!

Салим бо фиѓон аз њавлї берун рафт.

— Чўпон... чўпон... гуфт, ки... ту чи хел пионерї... ин сагча а-а... барои рамаи колхоз...

Ман худро сафед кардан хостам, вале падар гўш кардан нахостанд.

— Нољинс!.. Гум шав, афтата набинам!.. Агар дўстатро фурўхта бошї, ягон рўз модаратро њам мефурўшї!..

Падар ба рўи ман чунон бо ќањру нафрат нигаристанд, ки агар ин лањза замини зери поям кафад, рост худро ба роѓи он меандохтам. Њурмати нон, ќасам ба љони љавонам, агар як не, дањ торсакї зананд, аз ин хел нигаристанашон сад рањ авлотар буд. Чунин нигоњи падарро ман дигар њаргиз надидам. То ба њол, агар нигоњи њамонрўзинаи он касро ба хотир оварам, бада­нам виљиррос мезанад.

Баъд аз ин воќеа ман як њаќиќати оддиро дарк кардам: табањкориро бо нияти нек пардапўш кардан ко­ри бењуда будаст. Аз ин мебарояд, онњое, ки мулкеро хароб карда, мо онро наљот додем мегўянд, як рўз не, як рўз рўсияњї мекашанд.


с. 1976
КАМГАП
Рўз гашт карда то офтобшинам як-якуним соат ваќт монда буд. Шиддати гармо паст гашт, сояњо дароз шуданд.

Дар истгоњ мардум интизори мошин буданд. Марду зан, пиру барно автобуси охиринро, ки аз район меомад, бетоќатона нигарон. Мошини равѓанкашони Аб­дулло аз роњи калон ба тарафи дења тоб хўрду баъзењо ѓайриихтиёр аз љо бархостанд, вале равѓанкашониро дида даст афшонданд. Ба сўйи мошин фаќат Даврону Ќубоди муаллим давиданду худро ба кабина заданд. Вале мошин аз љо наљунбид...

Комрон истињола карду ба тарафи мошини собиќ њамсинф ва рафиќи мактабиаш нарафт. Кабина фаќат ду касро мебарад. Агар вай равад, Абдулло маљбур савораш мекунад, наѓз не.

Лаќаби ў, асосан, «Камгап» буд, вале баъзењо «Хаппак» њам мегуфтанд, њатто аз ў ягон алам дидагињо «Хапгир» гўён тањќир њам мекарданд. Вай, дар њаќиќат, љавони камгап буд. Њикоя мекарданд, ки боре раис ба кабинаи мошини ў нишаста ба Душанбе равон шудаст. Чањорсад километр рањро гузаштаанду ба якдигар сухане нагуфтаанд. Њангоми аз теппаи Фахробод фуромадан раис гуфтаст: «Ана, Душанбе». Абдул­ло дар љавоб норозиёна ѓўт-ѓўт кардаст: «Кўр нестам, мебинам». Раис ќоњ-ќоњ зада хандида фиристодасту гуфтаст: «Њой, суханро харида мегирї-чї?! Ягон гап зан, дилам торс кафид-ку!» Абдулло табассум кар­даст, ки маънии он равшан: «Ту њам, раис, ба гапи бењуда хушат будаст».

Абдулло ба њамсинфонаш муњаббати хосае дошт. Њар кадомеро бинад, айёми бачагї ва мактабхониаш ба ёд меомад магар, дурудароз табассум мекард. Бале, ба рўйи ў нигариста, хомўш, дурудароз табассум ме­кард. Ба савол ва њолљўии он њамсинфаш низ сар љунбонда бо табассум љавоб медод.

Њоло Даврон њамроњи Ќубоди муаллим ба кабинаи мошини ў худро заданду баробар њар ду амр карданд:

- Канї, њай кун!

Абдулло хастањолона ба рўйи он ду тан нигаристу бо табассум ба ќафо - ба сўйи истгоњ ишора кард. Азбаски он ду баъди бист - сї ќадам давидан њоло њарсос зада нафас мегирифтанд, бо чашм ба сўйи истгоњ ишо­ра кардани ўро пай набурданд, балки ба авзои ў дуруст зењн њам намонданд.

- Ман мењмон дорам,- гуфт вай оќибат.- Ком­рон омадаст.

- Хайр, рав, тезтар бину биё! Чї гапи зарур дорї?- гуфт Даврон бепарво.

Абдулло сарашро ба чанбараки фармони мошин нињода фаќат табассум мекард. Эњ, вай бо табассуми худ чињо мегуфт, на њар як одами бино мефањмид!

- Э, тезтар бош, рўз бегањ шуд! - бетоќатї кард Ќубод.

- Дањонатро инљ накуну тезтар фуро, мегуфтагї гапатро гўй,-каме асабонї буд Даврон.

- Мо љўрањои наздик... Сонї, вай - мењмон... Шуморо њар рўз мебарам...- гуфт вай дар љавоби бетоќатї ва зўъмии он ду.

- Аз љўрагии њамон ба ту чї фоида? Њай кун-е! - усули дигарро пеш гирифт Даврон.- Аз булбули дар осмон чумчуќи дастам бењ мегўянд.

- Ба ту як чиз-ним чиз даркор шавад, ана, ин одам њољатбарорї мекунанд,- Ќубод-муаллим ба сўйи Дав­рон ишора кард.- Ман њам дар як тарафи мактаб даро баро дорам, як рўз не, як рўз ба ту њам нафъам мерасад. Ана, писарат калон шавад... Рост не?- Ќубод барои тасдиќи гуфтањояш бо савол ба Даврон рў оварду дандонњои сиёњу ќирмзадаашро намоён карда хандид.

Абдулло хомўш ба рўйи онњо нигариста лабханд мекард. Лабханди ўро аз љунбиши бурутњои ѓафсу тобиши чашмони ростгўяш фањмидан мумкин буд. Оќибат Абдулло моторро хомўш карду Даврон ба сари муросо омад.

- Хайр, кабина калон, се кас меѓунљем~ку!

Ў инро гуфту аз кабина фуромад ва Комронро љеѓ зад.

Комрон омада бо Абдулло вохўрда њолљўї намуд ва бо миннатдорї таклифи онњоро рад кард.

- Се кас намеѓунљем... Ѓунљем њам ман шуморо танг карда бероњат намесозам. Хилофи ќоида... ба шо­фёр халал мерасонем... Шумоён бемалол равед... Њамин замон автобус меояд.

Даврон ба зўрї ўро тела карда ба кабина шинонду худаш аз канор нишаста дарро пўшид. Бо ин якрав дигар хел муомила карда намешавад, мегуфт ў дар дилаш Абдуллоро њам Комронро њам лаънат карда. Воќеаи тўи Тоњирча њанўз аз пеши назараш дур нарафта буд. Артистони аз шањр омадагї базмро расо тафсонданд. Садта-нимсадта шудагї, кайфи њама баланд. Дар ќатори дигарон вай њам ба раќќосаи нозанин пул часпонд. Хайр, се-чор бор аз сурху кабудаш баромад. Кайф баланд шавад, ба рўйи пул менигаред-чї?! Ин бедањан якбора љор андохта эълон кард: «Пули говњои гўсола шудагиро барор! Натарс, миёнат дард накардаст!» Ањмаќ маст шавад, њељ рўйи хотир намекунад. Ваќти мудири ферма буданам бисту ду гов камомад шуду ба љояш бист гўсола харида ба колхоз супоридам. Чї фарќ дорад, бањори дигар гўсола њам гов мешавад-да! Њамин гапро аз куљо фањмида ба њама зълон кард-а! Инро шунида табъи раис хира шуду аз базм баромада рафтанд. Натиљаи бемаданиятї њамин-да. Ра­ис ба кї некї накардаанд? Худи њамин Абдулло иморат карданї шуд, чї ќадар шиферу чўб доданд... Ин беоќибат кадом рўз Љабборовро њам изо додаст. Дар колхоз баъди раис хўљаин њамон кас-а! Њаминрўза ба­рин мошинашро дар истгоњ доштаст. Љое, ки Љабборов истодааст, кї њаќ дорад ба тарафи мошин равад? Рањбарро иззат кардан даркор-дия. Аммо ин беандеша чї кор кардаст? Ба тарафи мошинаш омадани Љабборовро дидаю дониста аз кабина сарашро бароварда барќасди вай гуфтаст: «Бародарон, ба кабина ду кас мегирам. Агар розї бошед, таѓои Насруллою бобои Њољї савор шаванд». Љабборов изо кашида сурх шудасту сир бой надода «Э, Насруллобеќ шумо њамин љоед-чї? Бед, са­вор шавед, савор шавед», гуфта онњоро пеш гузарондасту оњиста худашро ба ќафо кашидаст. Якеро маъюб гуфта, дигареро солдида гуфта расо ба фарќи сарамон баровардем! Як пой катї ба чор тараф надаву дар хонаат шин! Хайр, барои поятро дар љанг доданат нафаќа мегирї, иззататро дору «њазор рањмат, ман одами бекор, шумо савор шавед», гуфта Љабборовро савор кун, беаќл!.. Э, ин не, вай не, њамаашон чашми дидан надоранд. Набошад, ман кию ана, ин Комрон кї?! Олим шудаст, шудаст-да, њозир сагро занї, рафта ба болои олим меафтад, аз њар чї бисёр донишманд. Кал њам, кўр њам - њама олим шуда рафт, дар ќишлоќ якта подабон намеёбем! Аз олимии Комрон ба ин њатўл чї фонда мерасидагї бошад?! Аз барои вай ќариб ки моро аз мошинаш фурорад-а! Њоло сабр кун...

- Хайр, акнун ту то кай дар он тарафњо мегардї? -Саволи ногањонии Ќубоди муаллим риштаи хаёли Давронро буриду вай ба худ омад.

- Чунон ки мўйсафедон мегўянд, то нону насиб,- сухани Комрон дар дањонаш монд.

- Э, мон ин гапњоро, гўй, ки кай ту омада ба халќат хизмат мекунї?-Даврон ўро нописанд карда бо њамин бухси дилашро баровардан хост.

Комрон бо тааљљуб ба рўйи Даврон нигарист. Аз ки­са рўмолча гирифту аввал шишањои айнаки сабзашро, сипас араќи пешониашро пок кард. Баъд ба Абдулло нигарист. Вай аз роњ чашм наканда зери бурут табассум мекард.

- Ѓалатї... Ман... ман њоло ба кадом халќ хизмат мекунам?- гуфт вай канда-канда.

- Вай хизмати ту њисоб не,- саволи худро эзоњ дод Даврон.- Ба ин љо омада ба халќи њамин дења хизмат кун. Аз ту чї фоида мерасад, бинем.

- Ња-а...- хиљолатомез табассум кард Комрон.- Балки фоидаи њамин корам њам мерасидагист? Шояд ягон рўз...

- Барои мо вай корат як пул!- беэътино сухани Комронро бурида даст афшонд Даврон.- Барои њамин љамоа, барои халќи Селоба чї кор кардї, мо намедонем. Ку, ягонтаашро ба институт даровардї ё дигар хел ёрдамат расид? Не.

Табассум аз чењраи Абдулло нопадид гашт. Лабонашро сахт ба њам фишурда, бо дастњои азиму панљањои пурќувваташ фармонро сахт фишурда, гўё ба роњ ситезкорона фишор меоварда бошад, гашти мошинашро тез мекард. Дар роњи ноњамвор бардорузани мошин ба њадде буд, ки Комрон гоњ бо сараш ба шифти кабина мезаду гоњи дигар пешониашро ба шишаи пеш. Абдулло гўё ќасд карда буд, ки бо њамин бардорузан ба онњо дигар имкони сухангўї надињад.

- Агар дурусттар санљида бароем, додот њам ба халќамон ќазої хизмат накардаст,- ба сухан њамроњ шуд Ќубоди муаллим.

«Додом ба њар дуи инњо њаќќи устодї доранд,- бо изтироб аз дил гузаронд Комрон.- Наход, ки сї сол дар мактаби дења бењуда кор карда бошанд? Чї, магар ба бачањо савод омўхтан хизмат нест? Инњо калоншинос шудагї, муаллими оддиро назару писанд намекунанд. Охир, њамин Ќубодро бо ташвиќу тарѓиб он кас ба институт фиристоданд. Аввалин касе, ки аз дењаи мо ба институт дохил шуд, њамин Ќубод аст. Агар имрўз дониш ва касби худро хору забун карда шаробхўрї кунад, гуноњи додом не-ку! Ё кї медонад, балки он кас њам гунањгор будагистанд?»

- Дар ягон институт муаллим нестї, то ёрї кунї бачањо дароянд. Ку, бигў, аз олимии ту ба халќи мо чї фонда? «Олими беамал, замбўри беасал» гуфта шумо баринњоро мегўянд-да...

«Ин маќол аз гуфтори радио ё намоиши телевизион ба гўшаш даромадагї,-аз дил гузаронд Комрон.- Айнан, талаффузаш њам талаффузи кадом як диктореро мемонад».

- Ањён-ањён газету журнал њам мехонед ё не? - ногањон ба Даврону Ќубод рў овард Абдулло. -А? Ѓўзапояи бекораро, ки ба ѓайр аз танўртафсонї ба чизи дигар кор намеомад, кї ба хўроки чорво гардонд? - љиддї мепурсид ў.- Авлод-авлоди шумо ба халќу давлат ин ќадар манфиат оварда наметавонад.

- Ња, њамин хел гуфта мегардем-дия...- гуфт дар љавоби ў Ќубод тамасхуромез. Аз оњанги сухани вай чунин маънї бармеомад, ки гўё Комрон мардумро бо суханони пуч фирефта гаштааст.

- Аз вай корњош ба халќи мо як пула фоида нест,- рўйирост нописандї мекард Даврон.- Маќсадаш - олим шавам, зиёдтар пул гирам...

- Тфу!- бо ќањр аз дарича ба берун туф кард Аб­дулло ва фармонро сахттар фишурда газро зер кард.

Дар тањдари магазини њамсоядења Даврон мошинро нигоњ дошт.

- Канї, фуромадем, йигитњо! - вай аз кабина фуромаду дигаронро таклиф кард.- Тезтар, садта-садтаякак зада бароем.

- Ња-ња, заряд гирифтан даркор,- гўён Ќубоди муаллим аз мошин фуромаду ба сўйи магазин равон шуд.

Комрону Абдулло таклифи Давронро ќатъї рад карданд.

- Ана, аз њамин одамгурезиатон маълум...-гуфт Даврон дар љавоби аз араќхўрї сар кашидани онњо.

Абдулло даст афшонду монд. Баъд аз кабина баромада ба сатили кўњнаи равѓанолуд аз љўйбори канори роњ аввал як сатил об гирифта ба кўча, баъд сатили дигарро ба радиатори мошин пошид. Сипас ба кабина даромада нишасту дурудароз бо табассум ба рўйи Комрон нигарист.

- Парво накун,- гуфт оќибат бо њамон табассум, ки рўяшро пур мекард.

Њамаи тобишу оњангњои сухани ўро ифода кардану эзоњ додан баѓоят мушкил аст. Ў бо ду-се калима ба одами рамузфањм метавонад як олам маъниро фањмонад.
с. 1976



Достарыңызбен бөлісу:
1   2   3   4   5




©dereksiz.org 2024
әкімшілігінің қараңыз

    Басты бет