Наќша Сарсухан Мувозинии макроиќтисодї, моњият, шакл ва хусусиятњои он



Дата06.07.2016
өлшемі217.55 Kb.
#181497
Мавзуъи: Мувозинати умумии макроиќтисодї дар модели АD- AS
Наќша

Сарсухан

1. Мувозинии макроиќтисодї, моњият,

шакл ва хусусиятњои он

2. Назарияи мувозинии маќроинтисодї:

нигањ аз диди таърих ва имрўз

3. Мувозинати умумии макроиќтисодї дар модели АD- AS


1. Мувозинии макроиќтисодї, моњият

Њодиса ва равандњои иќтисодї њамеша дар асоси муносибатњои ба њам муќобил (истењсол - истеъмол, харид - фурўш, содирот - воридот, пул - мол ва ѓайра), яъне тавозуни(баробари)-и муайян ташкил ва густариш меёбанд.

Мувозинї яке аз усулњои маъмули тадќиќ ва тањли-ли илми иќтисод мебошад. Вобаста ба мавќеи онњо дар њавзаи микроиќтисод, он њамчун таносубии байни таќозо ва арзаи бозори алоњида ва бозори омилњои истењсолот дар сатњи бозорњои молї, мењнатї, сармоя, молия ташкил меёбад.

Дар миќёси иќтисоди миллї (макроиќтисод) мувозинии байни даромад ва харољот, яъне мувозинии макро-иќтисодї ањамияти бебањо пайдо мекунад. Мувозинї њам-чун масоили марказии илми макроиќтисод ва сиёсати иќ-тисодї баромад карда, равандњои ташаккули мунтазамї ва муттаносибии иќтисод, истењсол ва истеъмол, таќозо ва арза, масрифоти моддї ва натиљагирии он, анбўњи чизию моддї ва воситањои молиявї ва ѓайраро мавриди тањлил ќарор медињад.

Тањти мувозинии макроиќтисодї, вазъ ва њолати иќтисоди миллиеро тасаввур мекунанд, ки дар он таносубии мусоидтарини байни захирањои мањдуди истењсолї ба маќсади тавлиди неъматњову хадамоти истифодашаванда ва таќсими он дар байни аъзоёни љамъият вуљуд дошта бо-шад. Бо ибораи дигар, дар доираи иќтисоди миллї, њо-лати доимию устувори истиќрор ва эътидолї, яъне муттаносибї байни захирањои мањдуди љамъият, таќсиму исти-фодаи он ва ќонеъ гардондани талаби беинтињои љамъи-ят, яъне таносубии оќилонаи ќобилияти фардњо ва имконияти дар амал тадбиќ гардондани онњо дар доираи њав-зањои гуногуни љамъият вуљуд дошта бошад.

Мувозинї, мувофиќи аќидаи иќтисоддони Венгрия Я. Корнай, њолати мўътадилї мебошад, ки дар он механизми танзим ќодир бошад дар њолати љунбишњои мав-људа, низомро гаштаю баргашта ба нуќтаи ибтидої пас гардонад.

Ин тарз ва њолати тавозунии иќтисод њамчун фарзият ё худ њолати идеалї, яъне иќтисоди бояду шояд, бидуни муфлису касодї, бўњрону таваррум, харобињою заду-хўрдњо ва њаводисњои баларзишоварандаи сиёсї, иљти-мої, иќтисодї ва бурунмарзї, яъне тамсилаи бо ном «сот-сиализми хаёлї» тасаввур карда мешавад. Дар њаёти во-ќеї сари њар як ќадам, ќонун ва ќоидањои ин тамсилаи идеалї вайрон карда мешавад. Вале бо таври назариявї донистан ва фањмида гирифтани ин тамсилањо имкон медињад, ки љомеа сабабу шароитњои амиќу мушаххаси ин калобишњоро сари ваќт дарк намуда, роњњои пешгирї, ин-кишоф ва истиќрори онро андешад.

Аз ин нигањ, дар илми макроиќтисод ду шакли мувозинї: идеалї (дилхоњ) ва воќеиро фарќ мекунанд.



Мувозинии идеалї, вазъ ва њолате мебошад, ки тавозунии иќтисод тибќи дархосту эњтиёљи субъектњои иќ-тисодї ва дар амал тадбиќ гаштани ангеза ва њавасман-дии онњо дар кулли низом ва њалќаи хољагии халќ - хоља-гињои хонавода, фирма, соња, ноњия ва ѓайра таъмин карда шавад.

Мувозинии идеалї њамчун лањзаи мўътадил дар асоси меъёрњои махсуси мантиќї, нишондињандањои сифа-тию миќдорї ва тарзу услуби барќарор кардани мувозинии устувор дар байни захирањои дар ихтиёри љамъият бу-да ва роњу воситањои ба он расидан ташкил меёбад.

Дар амал тадбиќ ва амалї гардондани ин тарз ва усули мувозинї мављуд будани чунин шароитњои такрор- истењсолро дар назар дорад:

* њама дар бозор бояд чизњои истеъмолї ёфта, талаби худро ќонеъ гардонанд;

* њама субъектњои иќтисодї, алалхусус соњибкоро-ну корчаллонон, хољагињои хонаводаю дењќонї ва ѓайра дар бозор воситањои истењсолотро дастрас намоянд;

* њамаи мањсулоти соли гузашта бояд фурўхта шавад.

Аз нигоњи зоњирї мувозинии идеалї ба шароитњои бозори раќобати комил мувофиќат менамояд. Вале дар асл, чї тавре аз таљрибаи хољагидории љањонї бар меояд, бозори соф озод ва соф раќобати комил ќариб, ки вуљуд надорад. Фаъолияти соњибкорї ва иштирокчиёни муноси-батњои истењсолї, хоњ но њоњ тањти таъсири омилњои до-хилию берунї таѓйир ёфта, раванди мувозинї ва муттаносибии иќтисодро вайрон мекунанд: буњронњои иќтисодї, бекорї, таваррум ва ѓайра.

Мувозинии воќеї - њолати мувозиние дар иќтисод дониста мешавад, ки дар шароити њукмрон будани муносибатњои раќобати нокомил сурат мегирад. Он на фаќат тањти таъсири омилњои дохилї, балки омилњои беруна низ ташкил меёбад.

Мувозинии идеалї ва воќеї њамчун мувозинии љузъ ва кулл ташкил меёбанд.



Мувозинии љузъ - мувозинатие мебошад, ки байни њодиса ва равандњои алоњида - бозорњои алоњида, субъект ва намояндагони људогонаи иќтисодї ва ѓайра ташкил ва ташаккул меёбад.

Мувозинии кулл - вазъ ва њолати воќеии макроиќ-тисодие дар назар дошта мешавад, ки дар он таносубии муайяни байни бозорњои алоњида, бозори омилњо, хусуси-яти низом дар шакли том ифода ёфтааст.

Фарќи мувозинии кулл нисбат ба мувозинии љузъ дар он аст, ки он дар шакли том раванди ба њаммувофиќ-ої ва инкишофи босуботу устувори њамоњангсозии њамаи њавзањои низоми иќтисодиро дар бар мегирад. Ба он чу-нин хусусиятњо хос мебошад:

* мувофиќи њадафи умумимиллї ва имкониятњои иќтисодии вуљуддошта тасниф карда шудан;

* имконияти афзалиятан истифода кардани захира-њои иќтисодї (сармоя, ќувваи коргарї, пул, сарват...), таъ-мин кардани дараљаи мўътадили бекорї, захирањои мав-људаи истењсолї, имкон надодан ба бозистии иќтидорњои истењсолї, молњои ба фурўш бароварда нашаванда, бекории оммавї ва аз њад зиёд истифода кардани захирањо;

* ба њам мутобиќгардонии таркиби истењсолот бо таркиби истеъмолот (масалан, аз сабаби ба касодї гириф-тор шудани комплекси кишоварзию саноатї дар Тољикис-тон, соњањои кишоварзї имконияти бо мањсулоти хоља-гии ќишлоќ таъмин кардани ањолиро то њол надорад);

* таъмин намудани таносуби мусоидтарини байни таќозои кулл ва арзаи кулл дар њамаи намудњои бозор - молї, мењнат, сармоя ва пул.

Кунун ќисми зиёди ин омилњо бо воситаи усулњои риёзї тамсилабандї карда шудаанд ва асоситаринашон инњоанд:


  • тамсилаи Сей, ки дар он арзаи макроиќтисодии молњо бо таќозои кулл мувофиќат мекунад,

яъне:

AS=AD,


дар инљо: AS - арзаи кулл;

AD - таќозои кулл.

* тамсилаи «њисобњои миллии» мамлакат, ки њаљми умумии харољотњои миллии мамлакат ба даромади миллї баробар аст, ё худ:

AE=NJ,


дар инљо: AE - њаљми харољоти миллї;

NJ - даромади миллї;

* тамсилаи тавозуни сармоягузорї ва пасандоз дар иќтисодиёт, ки дар он мувозинии байни таќозои кулл ва арзаи кулли молњо њамчун натиља ва оќибати тарози сар-моя ва њаљми пасандози ањолї сурат мегирад:

S=J,


дар инљо: S - пасандози умумї;

J - сармоягузории умумї;

* тамсилаи «JS-LM»- ин тамсила кулли бозорњои пулиро дар ихтиёри мувозинатии кулл пиндошта, љойи-вазкунињои таќозои куллро тањти таъсири таќозо ва арзаи пул ифода мекунад. Дар ин инљо: J-сармоягузорї, S-па-сандоз, L-бозоргирї (ликвидность-р.), ва M-пул.

Бояд дар назар дошт, ки тамсилањои мувозинии кулл вобаста ба хусусиятњои иќтисоди боз ва иќтисоди баста (бо назардошти омилњои беруна ва калобишњои асъор, савдои бурунмарзї) њархела сурат мегирад.



2. Назарияи мувозинии маќроинтисодї:

нигањ аз диди таърих ва имрўз
Дар илми иќтисод тамсилањои зиёде оиди тавозу-нии (мувозинии) макроиќтисодї, ки љанбањои гуногуни ин масоилро инъикос мекунанд ба чашм мерасад. Баъзе аз он тамсилањо сирати умумї гирифта, дар шакли мактабњои маъмули иќтисодї, тањти унвонњои офарандагонашон амал мекунанд. Масалан:

Ф. Кенэ - тамсилаи такрористењсоли оддї, ки тањти «Љадвали Кенэ» машњур аст;

К. Маркс - тамсилаи такрористењсоли оддї ва васеи капиталистї;

В. Ленин - схемаи такрористењсоли васеи љомеавии капиталистї бо таѓйирёбии сохти узвии сармоя;

Л. Вальрас - тамсилаи мувозинии кулли иќтисод дар шароити раќобати озод;

В. Леонтьев - тамсилаи «Додањо - ситодањо»;

Љ. Кейнс - тамсилаи мувозинии инкишофи кўтоњ-мўњлати иќтисод дар асоси танзими давлатии иќтисод ва ѓайра.

Ин тамсилањо, ки аз љониби аксарият эътироф гар-дида, љонибдорї карда мешаванд бештар тањти мактаб-њои: классикї, марксистї, неоклассикї, кейнсгароии мувозинатии таќозо ва арзаи кулл машњур мебошанд.

Аз нигањи тањлили мувозинии идеалї, воќеї, љузъ ва кулли равандњои макроиќтисодї хулоса бар меояд, ки мувозинї, аслан бо воситаи ба њам барбаст кардани кулли нишондињандањои макроиќтисодї сурат мегирад. Охи-рон, ба сифати њисобу китоби њаљми воќеии тавлидоти миллї, њамчун миќдори ба њам баробари молу хадамот ва дараљаи нархи кулли онњо интихоб карда мешавад.

Асосан, вобастагињои мувозинии макроиќтисодї бо воситаи каљхатањо - хатњои координатї (амудї ва уфу-ќї) тасвир карда мешавад.

Дар хатти амудї (вертикалї) - суръати афзоиши со-лонаи нарх (дифлятори МУД) ва дар хатти уфуќї (гори-зонталї) - суръати афзоиши солонаи МУД ё худ даромади миллї гузошта мешавад.

Ин тарзи тасвири нишондињандањои макроиќтисо-дї имкон медињад, ки миќдори неъматњои моддии дар љо-меа тавлидгардида ва нархњои миёнаи онњо дар давоми сол муайян ва танзим карда шаванд. Донистан ва фањми-да гирифтани он бо воситаи тасвири каљхаттаи таќозо ва арза дар доираи иќтисоди миллї имконпазир мегардад (ниг.наќшаи 2.1).

Таќозои кулл (АД), тамсилае мебошад, ки њаљми гуногуни неъматњою хадамот ё худ њаљми воќеии истењ-солоти моддиро, ки истеъмолгарон, ширкатњову корхона-њо ва бизнес, алалхусус њукумат тайёранд, бо кадом нархе, ки набошад харида гиранд ифода мекунад.

Арзаи кулл (АS) тамсилаест, ки дараљаи воќеии њаљми истењсолотро дар шароити дараљаи имконпазирии нархњо нишон медињад. Нуќтаи буриши таќозои кулл ва арзаи кулл - E њамчун нуќтаи мувозинии кулли иќтисодї дониста мешавад.



Наќшаи 2.1. Мувозинї дар иќтисоди миллї

Аз каљхаттањои таќозо ва арзаи бозорї (ќисми микроиќтисод) ва иќтисоди миллї (макроиќтисод) хулоса бар меояд, ки мувозинии макроиќтисодї дар шароити ба њам баробар будани њаљми таќозо ва арзаи кулл имконпазир мебошад. Дар амалия мувофиќати пурраи онњо ѓайри-имкон аст. Ба таѓйир ёфтани њаљми онњо омилњои гуногун таъсир расонида метавонанд. Масалан, баланд гардидани талабот (таќозо) ба боло рафтани дараљаи нарх, њаљми истењсол ва даромади миллї оварда мерасонад. Паст шудани таќозои кулл сабаби паст шудани нарх, њаљми истењ-солот ва даромади миллї мегардад. Афзоиши арзаи кулл њаљми истењсолотро афзун гардонда, ба пастравии нарх шароит тайёр мекунад. Пастравии арзаи кулл, таносубан ба пастравии њаљми истењсолот ва афзун гардидани дараљаи нарх оварда мерасонад. Азбаски нархњо ва њаљми истењсолот тањти омил ва шароитхои гуногун ба њар тараф майл мекунанд, бинобарин таѓйир ёфтани њаљми даромади миллї ноаён мемонад. Аз ин љињат тавозунї (мувозинатї) дар сатњи макроиќтисод аз сабаби номуайян бо-ќї мондани самт ва майлони (калобиши) таќозо ва арзаи кулл имконнопазир мегардад ва агар он бавуљуд ояд њам, хислати доимї ва устувор дошта наметавонад. Шояд аз њамин сабаб бошад, ки дар байни иќтисоддонон аќидаи ягона перомуни ин масоил вуљуд надорад ва аз ин љињат ба мо лозим меояд, ки оиди баъзе аз он тамсилањо каме таваќќуф намоем.

Назарияи классикии мувозинии макроиќтисодї, бештар шабоњат ба раќобати комил дошта, то давраи солњои 30-юм, яъне бўњрони иќтисодии солњои 1929-1933 ва аз чоп баромадани китоби Љ. Кейнс «Назарияи умумии шуѓл, фоиз ва пул» (с.1936) дар илми улуми иќтисод наќш ва маќоми хоса дошт.

Нотавонї ва беќудратии ин назария, махсусан дар њалли масъалаи аз бўњрони иќтисодї баромадан, ба эътидол даровардан ва таъмин кардани мувозинии макроиќ-тисодї (таќозо ва арзаи кулл), муайян кардани мавќеи бекорї, пасандоз, андўхт, сармоягузорї ва ѓайра бештар на-заррас буд.

Аз ин љињат Љ.Кейнс исбот менамояд, ки иќтисоди миллї ба монанди бозори алоњида нест, ки мувофиќи ќо-нуну ќоидањои пешакї муќарраркардашуда ташкил ёбад. Тавлид ё худ арзаи њар як мањсулоти алоњида имкон до-рад бо таври дилхоњ афзун гардад. Иќтидорњои истењсо-лии хољагидории њар як мамлакат, вобаста ба дараљаи ис-тифодаи захирањои мењнатї мањдуд гардонда мешавад. Бо мурури ба истењсолот љалб кардани ќувваи коргарї, њаљ-ми тавлиди мањсулот таносубан зиёд гардида, бо ба нињоя (охир) расидани захираи ќувваи коргарї, зиёдшавии њаљ-ми мањсулот низ ќатъ мегардад. Аз ин љо хулоса бар меояд, ки ќонунњои микро ва макроиќтисод ба њам номувофиќанд. То давраи Љ. Кейнс аќидае мављуд буд, ки бо мурури афзудани њаљми истењсолот даромади ањолї низ афзун гашта, он боиси баланд рафтани таќозои истеъмолї мегардад. Агар бо ягон сабаб, ягон њиссаи воситањои пулї ба маќсади истеъмол масраф нашуда бошад, хоњ но хоњ, ягон ваќт ин маблаѓњо барои ба даст овардани воситањои асосї - таљњизот, материал, дастгоњ ва ѓайра истифода (сармоягузорї) карда мешавад. Аз ин љињат њаљми умумии даромадњои андўхташуда ба њаљми маблаѓњои сармоягузорикардашуда баробар мебошанд.

Љ. Кейнс аввалин шуда исбот намуд, ки дараљаи миёнаи даромади шањрвандон дар аксарияти давлатњои тараќќикардаи капиталистї дар сеяки асри ХХ, нисбат ба њадди аќали даромади зарурї баландтар мебошад, бинобар ин муносибати ањолї ба даромади дар ихтиёрдоштаи худ дигар мешавад. Ќисми даромад барои пасандоз ва ќисми дигари он барои истеъмол људо карда мешавад. Чї ќадаре, ки њаљми умумии даромад зиёдтар бошад, ќисми аќали он барои истеъмол ва аксари он барои пасандоз истифода мешавад. Њамин тавр, агар таќозо танњо аз харољоти истеъмолии ањолї иборат бошад, андозаи умумии он чї ќадаре, ки даромад бо суръати баланд афзун гаштан гирад, њамон ќадар пасттар шудан мегирад. Дар ин асно, зарур ва лозим нест, ки маблаѓњои пасандозшуда барои сармоягузорї сарф карда шаванд. Яъне, ангезаи пасандоз ва сармоягузорї дар њар як лањза ва мавриди алоњида, тибќи имкон ва дархостњои субъектњои иќтисодї њархела сурат мегирад. Бинобар ин ставкаи фоиз - танњо меъёри ягонаи ангезишдињандаи сармоягузорї буда наметавонад. Ба сифати чунин ангеза фоида, ки њангоми зиёд шудани сармоягузорї афзун мегардад, баромад карда метавонад. Бояд дар назар дошт, ки дар бозори пулї пасандоз манобеи ягонаи ташаккули сармоягузорї намебошад (чуноне, ки классикон исбот мекунанд). Ба њайси он ташкилотњои дигари ќарзию молї, суѓуртавї низ баромад карда метавонанд.

Аз љамъбасти ин гуфтањо Љ. Кейнс ба хулоса меояд, ки наќшаи пасандоз ва сармоягузорї кардан аз љониби субъект ва агентњои иќтисодї, њељ гоњ ба њам мувофиќ намеоянд ва њамчун натиљаи бемайлон ва беинтињо калобиш ёфтани онњо, њаљми умумии мањсулот, даромад, харољот, фоида, нарх ва ѓайра низ њархела ташкил меёбанд.

Мувофиќи назарияи Љ. Кейнс иќтисодиёт (чї тавре онро классикон тасаввур мекарданд) на њама ваќт якхела ва бо роњи рост бидуни костию касодї пеш меравад. Бозор бо таври аксар таносубї ва мувозинии бахшњои хоља-гии халќ, алоќањои дохилии онњо, унсурњои таркибии тав-лидот, таќсиму истеъмол ва ѓайраро таъмин карда наме-тавонад. Байни нарх ва музди кор чандирї ва эътидолї ќариб ки вуљуд надорад.

Таќозои кулл дар тамсилаи Кейнс, мустаќиман аз сатњ ва дараљаи истеъмол ва пасандоз вобаста мебошад. Њам истеъмол ва њам пасандоз, тибќи андешаи Кейнс, натиљаи вазифаи даромад мебошад.

Њамин тавр, мувофиќи аќидаи Љ. Кейнс мувозинї хислати хоси иќтисоди бозорї набуда, вай барои пурра банд сохтани ањолї кафолат намедињад ва аз ин љињат он њамчун олоти худтанзимкунандаи бозор хизмат карда наметавонад.

Љ. Кейнс алоќамандии байни сармоягузорї, пасандоз ва ставкаи фоизро дар истиќрор ва таъмин кардани мувозинии кулл зери шубња мегузорад. Мувофиќи назардошти он, байни сармоягузорї ва пасандозњо таносубї љой надорад, чунки субъектњои сармоягузор ва пасандозкунанда гурўњњои њархела мебошанд, бинобар ин ќарор дар бораи сармоягузорї ва пасандоз кардан аз љониби онњо ба тарзи гуногун ва дар даврањои гуногун ќабул карда мешавад. Њар яке аз онњо тибќи ангеза ва манфиати худ амал карда, онњоро ба маќсади ба худ мувофиќ истифода мекунанд. Якеро барои рўзгузаронї, харидани мошину хона, лавозимоти рўзѓор, дигаре ба маќсади харида-ни корхона, ташкил ва густариш додани фаъолияти кор-чаллонї, саввўмин, ташкил кардани њавзањои алоњидаи иќтисоди нињон, чањорўмин, барои ќаллобї, меросдињї ва ѓайра истифода мекунанд. Барои иќтисодиёти кунунї на шакли бозори раќобати комил, балки бозори раќобати нокомил хос мебошад. Дар бозор, теъдоди харидорон ва фурўшандагони неъматњою хадамот то рафт мањдуд гардида, њукмронии он ба дасти гурўњњои алоњида - монополия, олигополия, монопсония ва дигарњо мегузарад. Аз ин нигањ нарх на тањти таќозою арзаи бозорї, балки тибќи дархости онњо гузошта мешавад. Аз тарафи дигар, иттифоќњои касаба пўрзўр гашта, бо нерў ва ќудрати худ ба равандњои бозорї, махсусан пастравии музди кор, баланд шудани нархњо муќобилият нишон медињанд. Бинобар ин паст рафтани нархњо ва музди кор яке аз сабабњои паст шудани њаљм ва меъёри даромад гардида метавонад. Ин дар нињояти кор ба мањдудгардонии таќозо ба мењнат оварда мерасонад ва аз ин љо теъдоди бекорон зиёд мегардад.

Бинобар ин, тибќи аќидаи Љ. Кейнс, таќозои кулл таѓйирёбанда буда, нархњо ѓайричандиранд ва аз ин нигоњ бекорї дар як давраи муайян нигоњ дошта мешавад. Ба-рои ба эътидол даровардан ва танзими таќозои кулл истифода кардани сиёсати макроиќтисодии давлат зарур ва њатмї мебошад.
3. Мувозинати умумии макроиќтисодї дар модели АД- AS

Тўли дањсолањои охир раванди амиќи тањлил ва тањќиќи мувозинии кулли макроиќтисодї дар амсоли там-силаи мувозинати таќозои кулл (АД - аз анг. аggregate demand) ва арзаи кулл (AS - аз анг. aggregatе supply) диќ-ќати тадќиќотчиёнро бештар ба худ љалб мекунад. Њам-љоягии онњо дар адабиёти кунунии иќтисодї њамчун тамсилаи макроиќисодии AD-AS ќадршиносї карда мешавад. Ин тамсила њамчун тањкурсии омўзиши майлњои њаљми истењсоли мањсулот ва дараљаи нарх дар доираи иќтисоди миллї ва ташаккули вариантњои гуногуни сиёсати иќтисо-дии давлат хизмат мекунад. Новобаста аз таснифи бисёр-љанбавии он, аксарият љонибдори он њастанд, ки таќозои кулл њамчун сарљамъи њамаи масрифотњои нињоии молу неъматњои дар доираи иќтисодиёт тасбит ёфта сурат меги-рад. Он алоќамандии байни њаљми кулли мањсулот, ки ба он таќозо пешнињод мегардад, агент ва субъектњои иќти-содї ва дараљаи умумии нархро дар иќтисод ифода менамояд. Одатан, ду шакли зоњирї: шакли натуралию моддї ва арзишии таќозои куллро фарќ мекунанд.



Шакли натуралию моддии таќозои кулл дар худ кулли талаботњои љамъиятї - ањолї, фирма ва давлатро ба молу хадамот инъикос мекунад. Он њамчун шакл ва на-мудњои гуногуни молу хадамоти истеъмолии ѓайриистењ-солї, ки талаботњои инфиродї ва дигар њавзањои ѓайри-истењсолиро ќонеъ мегардонанд ва маљмўи воситањои ис-тењсолот ва хадамотњои истењсолї (тадќиќотњои илмї, на-воварињо дар њавзањои технологї, алоќа, иттилоот ва ѓай-ра) ташкил меёбад.

Дар шакли арзишї таќозои кулл њамчун маљмўи ња-маи масрифотњои нињоии мањсулоту хадамот, ки дар доираи иќтисоди миллї тавлид гардидааст сурат мегирад. Он равобити байни њаљми кулли мањсулоти баровардашуда, ки ба он аз љониби намояндагон ва субъектњои иќтисодї (ањолї, фирма, давлат) ва дараљаи умумии нарх дархост карда шудааст ифода мекунад. Одатан, чунин унсурњои таќозои куллро људо мекунанд:

  • истеъмол С - таќозо ба молњо ва хадамоти истеъмолї;

  • сармоягузорї J - таќозо ба молњои сармоягузо-ришаванда;

  • харидкунии давлатї G - таќозо ба молу хадамот аз љониби давлат;

  • содироти соф Х - фарќи байни талаботи хориљи-ён ба молњои ватанї ва талаботи ватанї ба молњои хори-љї. Аз инљо таќозои кулл њамчун таќозои умумии нињоии мањсулот ташкил меёбад:

C + I + G + X

Бояд махсус ќайд намуд, ки ќисме аз унсурњои он, ба монанди масрафњои истеъмолї собит ва ќисми дигари он - масрафњои сармоягузорї серњаракат буда, вазъи иќ-тисодро ба љунбиш меоваранд. Инро дар амсоли каљхат-ти таќозо мушоњида кардан мумкин аст.

Каљхатти таќозо нишон медињад, ки харидорон чї ќадар молу хадамотро дар њолати имконпазирии дараљаи нарх харида метавонанд. Дар он њолатњои гуногуни ба њаммувофиќоии њаљми мањсулоту нарх ва мувозинии бо-зори пул ва мол тасвир карда мешавад.

Дар адабиёти иќтисодї ин алоќамандї бо воситаи чунин формула тасвир карда мешавад:


MV = PV,

дар инљо P = MV/Q,

ё худ Q = MV/P, ё худ AD = MV/P.

дар ин љо: M - миќдори пул дар иќтисодиёт;

V - суръати гардиши пул;

P - дараљаи нарх дар иќтисодиёт, ё худ индекси нарх;

Q - њаљми воќеии молњои баровардашуда, ки ба он талабат пайдо шудааст;

AD - таќозои кулл.

Таќозои кулл тањти таъсири омилњои нархї ва ѓай-ринархї ќарор мегирад.

Байни таќозои кулл ва дараљаи нарх вобастагии мутаќобила љой дорад. Њангоми паст будани нархњо, истеъмолгарон инконияти бештари аз худ кардани МУД ё худ даромади миллиро доранд. Чї ќадаре, ки нарх боло рафтан гирад, таносубан њаљми таќсим ва аз худ кардани даромади миллї, алалхусус, таќозои кулл таносубан мањ-дуд мегардад. Аз ин нигоњ графикаи таќозои инфиродї ва таќозои кулл, зоњиран, бидуни таъсири омилњои муайянкунандаи онњо, якхела сурат мегирад.

Ба доираи тангу вобастагињои њаљм ва дараљаи нарх чандин самарањои макроиќтисодї (самараи ставкаи фоиз, боигарї, харидкунии воридотї...) таъсир мерасо-нанд.

Яке аз ин самарањо самараи ставкаи фоиз мебошад. Муайян кардашуда аст, ки ставкаи фоиз аз арзаи пул дар бозор вобаста аст. Дар њолати доимї будани њаљми пул, боло рафтани дараљаи нарх таќозоро ба пул ё худ ставкаи фоиз зиёд мегардонад. Дар навбати худ чї ќадаре, ки ставкаи фоиз баланд гардад, њамон ќадар ќисми зиёдтари истеъмолгарон кўшиш ба пасандози пул менињанд ва ња-ракат мекунанд, ки њарчи камтар чизу чора ба даст ова-ранд. Дар натиља пасандозњои шахсї афзун мегарданд. Ќиммат шудани кредит маљбур месозад, ки соњибкорон низ њаљми сармоягузорињои худро ба њадди аќал расо-нанд, яъне харидкунии истењсолиро бас кунанд. Њамчун натиљаи самараи ставкаи фоиз, паст шудани таќозои кулл ба мањсулоти умумии миллї ба миён меояд. Каљхатти АД бошад, сирати шикаста ва рў ба таназзул ба љониби хатти рости уфуќї ќабул мекунад.

Ба таќозои кулл таъсири самараи Пигу, ки он тањти самараи боигарї машњур аст, аз ањамият холї нест. Тибќи он, дар ихтиёри ањолї будаи воситањои пулї ва ќоѓазњои ќимматнок, баробари баланд шудани нарх беќурб шуда, ќобилияти харидории худро гум мекунанд ва он ба камшавии сарвати љомеа оварда мерасонад.

Ба ѓайр аз ин таќозои кулл зери таъсири самараи молњои воридотї низ ќарор гирифта метавонад. Њангоми баланд шудани нархњо дар дохили мамлакат таќозо ба молњои арзони воридотї баланд мешавад. Дар њолати бе-таѓйир мондани тарифњои гумрукї он ба баланд шудани њаљми молњои воридотї ва кам гардидани њаљми молњои содиротї, бо ибораи дигар, ба камшавии талабот ба мол-њои ватанї оварда мерасонад. Ва баръакс, паст гардида-ни нарх дар мамлакат њам аз љониби бозори дохилї ва њам бозори берунї талаботи куллро баландтар мегардонад.

Кулли омилњои номбаркардашуда, дар якљоягї им-кон медињад, ки каљхати таќозои кулл ташкил ва густа-риш ёбад.

Ба њаљми таќозои кулл омилњои ѓайринархї низ таъсир мерасонад. Ба он њамаи он омилњое, ки ба ташак-кули масрафи истеъмолии хољагињои хонавода, харољоти сармоягузорињои фирмањо, харољотњои давлатї, содиро-ти соф, бењбудии дараљаи некўањволии истеъмолгарон, андозњо, ставкаи фоиз, ќарзадокунињо ва ѓайра таъсир мерасонанд дохил карда мешаванд.

Масалан, дар натиљаи зиёд гаштани даромад, дар њолати бетаѓйир мондани нархњо масрифоти истеъмолї меафзояд. Њар чї ќадаре, ки даромад афзунтар гардад, майли истеъмол њамон ќадар суст шудан мегирад, бино-бар ин афзоиши таќозо аз афзоиши даромад њамаваќт ќа-фо мемонад; чї ќадаре, ки ќарзи ањолї зиёд бошад, њамон ќадар масрафи љорї ва таќозо кам мегардад, ва баръакс; паст кардани ставкаи андоз њаљми даромад ва таќозоро зиёд мегардонад.
Арзаи кулл - миќдори умумии нињоии молу мањсу-лоте мебошад, ки (дар шакли арзишї, пулї) дар доираи иќтисоди миллї тавлид карда шудааст. Он расман њамчун њамрадифи мањсулоти умумии (ё худ дохилии) миллї ќадршиносї карда мешавад.

Арзаи кулл (AS) њамчун дараљаи воќеии њаљми тав-лидот дар мамлакат, ки дар шароити имконпазирии гуно-гунии нархњо ташаккул меёбад фањмида мешавад. Бо ибо-раи дигар он њамчун:

AS=Q х P,

ё худ


AS=Музди кор+Рента+Фоиз+Фоида сурат меги-рад.

Чї тавре аз каљхатти арзаи инфиродии молњо маъ-лум аст, арзаи кулл ба монанди он баробари баланд шу-дани нархњо ва афзун гардидани њаљми истењсолот тамо-юли баланд гаштан дорад ва каљхатти он тамоюли аз паст ба болоравиро низ ќабул мекунад. Фаќат шакли каљхатти арза, вобаста ба мўњлати тањлил (кўтоњ ё худ дарозмўњ-лат) метавонад намудњои њархела ќабул намояд (ниг. наќ-шаи 2.4.).

Аз назар ба наќшаи 2.4. бар меояд, ки каљхати ар-заи кулл нисбат ба каљхати арзаи инфиродии молњо фарќ дорад. Вай аз се ќисмат иборат мебошад: а) уфуќї (гори-зонталї ё худ кейнсгарої), б) болораванда (хати фароз) ва в)хати амўдї (вертикалї ё худ неоклассикї).


AS

дарачаи



нарх AD1 AD2 Арзаи кулл

E

Таќозаи кулл



E1

0 Q


Наќшаи 2.2. Каљхати арзаи кулл
Ќисмати кейнсгарої аз он шањодат медињад, ки (дар давраи кўтоњмуњлат) истењсолот ба ќудрати пештара пурра кор намекунад, нопурра истифода кардани иќти-дорњои истењсолї ва шумораи зиёди бекорон ба чашм мерасанд ва музди кор ва нарх дар як сатњ боќї мемонад. Ин аз њолати касодии (шахшавии) иќтисодиёт гувоњї меди-њад.

Ќисмати дуввўми каљхати арзаи кулл (б) нишон ме-дињад, ки иќтисодиёт ба њолати пурра истифода кардани захирањо наздик мешавад. Дар ин марњала баландшавии нархњо ва мањсулоти умумии миллї рух медињад. Баланд шудани нарх аз боиси афзоиши харољоти иловаи истењсо-ли воњиди мањсулот ба вуќўъ пайвастааст.

Аз ќисмати неоклассикї бар меояд, ки имконияти истењсолии иќтисод пурра истифода карда шудааст. Ба он хусусиятњои пурра ба кор банд будани ањолї, ба таври ак-сар истифода шудани иќтидорњои истењсолї хос мебо-шад. Дар ин шароит минбаъд афзоиш ёфтани истењсолот имкон надорад. Таќозо гарчанде афзояд њам, арза дар асл афзоиш надорад, вале таъѓирёбии сифатии он љой дошта, азнавњисобкунии пулии он идома дорад.

Баландшавии нархњо, асосан аз сабаби нарасидани (касодии) захирањои истењсолї ба роњ монда мешавад, чунки дар ин шароит васеъ кардани њаљми истењсоли мањ-сулот дар доираи корхонаи алоњида харољоти зиёдеро та-лаб мекунад, ва дар амал тадбиќ намудани он фаќат бо воситаи баланд бардоштани нарх имконпазир мегардад. Аз ин љињат, дар давраи дарозмўњлат њаракати каљхати арзаи кулл ба сўи хати амудї бештар ба чашм мерасад.

Таъсири омилњои ѓайринархї низ ба каљхати арзаи кулл назаррас мебошад. Масъалан, чї ќадаре, ки нархи захирањои иќтисодї (сармоя, мењнат, замин) боло раванд, њамон ќадар харољотњои истењсолот зиёд гашта, ба паст-равии каљхати арза оварда мерасонанд. Ба амсоли њамин, ќобилияти соњибкорї ва дараљаи фаъоли иќтисодї дар љомеа таъсир расонда, каљхати арзаро майли ба тарафи чап рафтан медињад.

Таъсири баландшавии њосилнокии мењнат, њамчун таносуби њаљми воќеии истењсолот ба миќдори захирањои истифодашуда ба њаљми арзаи кулл бузург мебошад. Ба-ланд шудани њосилнокии мењнат арзиши воњиди мањсу-лотро паст мегардонад ва бо њамин имконият медињад, ки љамъият њаљми воќеии истењсолии миллиро, дар њолати захирањо ва харољотњои мављуда, афзун гардонад. Аз ин љињат, афзоиши њосилнокии майли каљхати арзаи кулл ба тарафи рост ва пастшавии он ба зиёд гаштани арзиши во-њиди мањсулот оварда расонда, майли каљхати мазкурро ба тарафи чап пурзўр мегардонад.

Калобишњои арзаи кулл тибќи таѓйирёбии сиёсати иќтисодии давлат метавонад њархела сурат гирад. Баланд шудани меъёрњои андозситонї харољотњои истењсолиро афзун гардонда, ба пастравии арзи кулл оварда мерасо-над. Пулљудокунињои (ёрирасонињои пулии) давлат ва имтиёзњо ба корхонањо ба камшавии харољот ва густариши арзаи молњо сабаб мегардад.

Тамсилаи классикї, асосан вазъи иќтисодро барои давраи дарозмўњлат ифода мекунад. Тањлили арзаи кулл аз нигањи назарияи классикї дар асоси чунин шароитњо ба роњ монда мешавад:



  • њаљми тавлиди молу хадамот фаќат аз миќдори омилњои истењсолот (замин, сармоя, мењнат) ва техноло-гия вобаста мебошад. Вай аз дараљаи нарх вобастагї на-дорад;

  • дигаргунињо дар омилњои истењсолот ва техно-логия бо суръати хеле њам суст ба роњ монда мешавад;

  • иќтисодиёт дар шароити пурра банд будани омилњои истењсолот амал мекунад, бинобар ин њаљми молњои баровардашуда ба њаљми потенциалї (иќтидори аслї) баробар мебошад;

  • нарх ва музди кори исмї - чандир буда, таѓйиро-ти онњо мувозиниро дар бозор таъмин менамояд.

Каљхати АS дар шароити пурра банд будани омил-њо сирати амудї дорад.

Дар тамсилаи классикї каљхати АS мустаќиман бо тањлили омили мењнат алоќаманд мебошад.

Афзоиши умумии дараљаи нарх музди кори воќеи-ро паст мегардонад, бинобар ин, таќозои мењнат аз арзаи мењнат дар бозори мењнат баландтар мебошад (коргарон ва соњибкорон на ба таѓйирёбии музди кори исмї, балки музди кори воќеї эътино (њиссиёт) доранд). Ин ба баланд гардидани музди кори исмї оварда мерасонад. Дар натиља музди кори воќеї то ба нуќтаи ибтидої боло рафта, мувозиниро дар бозори мењнат барќарор менамояд. Дар ин асно шуѓл ба дараљаи ибтидої барќарор мегардад ва њаљми тавлиди мањсулот бетаѓйир мемонад. Тасњењ(ис-лоњ)-и музди кори исмї бо суръати тез анљом меёбад, аз ин сабаб дар њолати таѓйир ёфтани дараљаи нарх арзаи кулл (њаљми молњои тавлидгардида) бетаѓйир дар дараљаи потенсиалї Q боќї мемонад.

Пешравии АS дар њолати таѓйирёбии андозаи омил-њои истењсолот ва технология имконпазир мебошад. Агар ингуна таѓйиротњо љой надошта бошанд, пас каљхати АS дар давраи дарозмўњлат (LRAS - аз анг. Long run aggre-gate supply) дар сатњи молбарории потенсиалї сабт карда шудааст ва лаппишњои (љунбишњои) таќозои кулл дар дараљаи нарх инъикоси худро меёбад (ниг. наќшаи 2.3).


P LRAS

AD1

E2

AD2

Q1

0 D


Наќшаи 2.3. Тамсилаи классикии арзаи кулл
Тамсилаи кейнсгароии арзаи кулл ташаккули иќти-содро дар давраи нисбатан кўтоњ дар бар мегирад. Тањли-ли арзаи кулл дар асоси мулоњизањои зерин пешбинї карда мешавад:

  • иќтисод дар шароити нопурра банд будани омилњои истењсолот ташкил карда мешавад;

  • нарх, музди кори исмї ва дигар андозањои исмї нисбатан ќавитар буда, ба калобишњои бозорї бо суръати хеле њам суст мутобиќ мегарданд;

  • андозањои воќеї (њаљми мањсулоти тавлидгардида, шуѓл, музди кори воќеї…) зиёда аз он зудњаракат бу-да, бо зуддї ба таѓйиротњои бозор мувофиќ мегарданд.

Каљхати арзаи кулл АS дар тамсилаи кейнсгарої уфуќї буда, баъзан тањти таъсири нархњо ва музди кори исмї майли мусбї дорад.

Ба он тадбирњои кўтоњмўњлат оиди танзими муносибатњои мењнатї, давомнокии он, танзими давлатии њад-ди аќали музди кор, фаъолияти иттифоќњои касаба ва ѓай-ра таъсир мерасонанд.

Бояд дар назар дошт, ки андозаи АS дар тамсилаи кейнсгарої аз тарафи рост бо дараљаи њаљми молбарорї мањдуд карда мешавад ва аз ин сабаб вай шакли рости амудї мегирад, яъне ба каљхатти AS дар давраи дароз-мўњлат ба њам мувофиќ меояд.

Њамин тавр, њаљми арзаи кулл дар давраи кўтоњ-мўњлат аз андозаи таќозои кулл вобаста мебошад. Дар шароити нопурра истифода кардани омилњои истењсолот, майлгирињои таќозои кулл ба таѓйир ёфтани њаљми арза ва баъд аз он ба андозаи нарх таъсир марасонад (ниг. наќшаи 2.4.).



E1 E2 SRAS

Q1 Q2

Наќшаи 2.4. Тамсилаи кейнсгароии арзаи кулл

Дар ин љо SRAS - каљхати арзаи кулл дар давраи кўтоњмўњлат, - аз анг. Short rin aggregate supply curve).

Мувофиќи тамсилаи кейнсгарої, агар њукумат барои афзун гардондани њаљми мањсулот манфиатдор бошад, бояд таќозои куллро бо воситаи сиёсати хазинадорї ва пулї, яъне харољоти давлатиро зиёд гардондан, меъёри андозњоро кам кардан, пешнињоди пулро васеъ гардондан ва ѓайраро ба сомон расонад.

Нуќтаи бурриши каљхатњои АД ва АS њолати муво-зинии њаљми тавлиди молу хадамот ва нархро нишон ме-дињад.

Яку якбора таѓйир ёфтани таќозо ва арзаи кулл - садамот1 ба тарафи дигар майл кардани њаљми мањсулот ва шуѓл аз дараљаи мављуда (потенсиалї) оварда мерасо-над. Садамот аз љониби таќозои кулл њангоми таъљилан таѓйир ёфтани арзаи пул, ё худ суръати гардиши он ва воситањои сармоягузорї ба вуљуд омада метавонад. Садамо-ти арза метавонад бо раванди таѓйирёбии нархњо ба за-хирањо, офатњои ѓайричашмдошт, пурзўр гардидани фаъ-олияти иттифоќњои касаба, афзудани масрифот ба муњити зист ва ѓайра алоќаманд бошад.



Бо воситаи тамсилаи АД-AS њолати садамавии иќ-тисодиёт ва дурбинии он њамчун натиљаи сиёсати давлат оид ба эътидол ва истиќрори иќтисод, таъмин кардани шарту шароитњои мувозинии макроиќтисодї муайян карда мешавад.



1



Достарыңызбен бөлісу:




©dereksiz.org 2024
әкімшілігінің қараңыз

    Басты бет