Низомномаи намунавии муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон



Дата27.06.2016
өлшемі162.38 Kb.
#160997
Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 28 майи соли 2009 № 300

тасдиқ шудааст


Низомномаи намунавии

муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон
1. Муқаррароти умумӣ
1. Низомномаи намунавии мазкур фаъолияти муассисаҳои таҳсилоти

ибтидоии касбиро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.

2. Муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ бо мақсади тайёр намудани

кадрҳои ихтисосманди коргарӣ аз рўи тамоми самтҳои фаъолияти фоиданок

тибқи номгўи касбҳои (ихтисосҳои) тасдиқнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии

Тоҷикистон таъсис дода мешавад.

3. Муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ фаъолияти худро дар асоси

Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии

Тоҷикистон "Дар бораи маориф", "Дар бораи таҳсилоти ибтидоии касбӣ",

амру фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии

Тоҷикистон, Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Низомномаи мазкур ва

Оинномаи муассисаи таълимӣ ба роҳ мемонад.

4. Вазифаҳои асосии муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ иборатанд

аз:

-муҳайё намудани шароити зарурӣ ҷиҳати қонеъ гардонидани талаботи



шахс барои гирифтани таҳсилоти ибтидоии касбӣ аз рўи самтҳои асосии

фаъолияти самараноки ҷамъиятӣ мувофиқи номгўи касбу ихтисосҳои

таҳсилоти ибтидоии касбии Стандарти давлатии таълимии таҳсилоти

ибтидоии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

-қонеъ гардонидани талаботи ҷомеа бо кадрҳои ихтисосманди дорои

таҳсилоти зинаи ибтидоии касбӣ;

-бозомўзӣ ва такмили ихтисоси шаҳрвандони машғули кор ва бекори

Ҷумҳурии Тоҷикистон;

-ташкили курсҳои кўтоҳмуддати касбомўзӣ (1, 2, 3 ва 6-моҳа).

5. Муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ дар асоси қонунгузории

Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис, табдил ва барҳам дода мешавад.

6. Аттестатсия ва аккредитатсияи давлатии муассисаи таҳсилоти

ибтидоии касбӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии

Тоҷикистон амалӣ мешавад.

7. Муассисаи таҳсилоти ибтидоии касби ҳуқуқи пешбурди фаъолияти

таълимӣ ва имтиёзҳои муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии

Тоҷикистонро аз рўзи гирифтани иҷозатнома пайдо мекунад.

8. Муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ иҷрои барномаҳои таълимии

таҳсилоти ибтидоии касбиро таъмин намуда, ба хатмкунандагон имконияти

гирифтани тахассуси касбии сатҳи муайянро дар заминаи таҳсилоти миёнаи

умумӣ ва дар заминаи таҳсилоти умумии асосӣ бо гирифтани таҳсилоти

миёнаи умумӣ ё бе гирифтани таҳсилоти миёнаи умумӣ имконият медиҳад.

Инчунин дар ҳолатҳои зарурӣ муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ

иҷрои барномаҳои таълимии ҳамгирошудаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва

миёнаи касбиро таъмин намуда, барои хатмкунандагон имконияти гирифтани

дараҷаи олии тахассуси касбӣ ва таҳсилоти миёнаи касбиро фароҳам

меорад.

Дар заминаи муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ташкили таҷрибаи



пешқадами тайёр кардани мутахассисон аз рўи касбҳои махсус, ки сатҳи

баланди таълими касбӣ, талаботи шахс ва истеҳсолотро таъмин менамояд,

амалӣ мешавад.

9. Муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ метавонад дар сохтори худ

шўъбаҳо, гурўҳҳои таълимӣ, курсҳои кўтоҳмуддат, кабинетҳои таълимӣ,

лабораторияҳо, устохонаҳои таълимӣ ва таълимию истеҳсолӣ, хоҷагиҳои

таълимию таҷрибавӣ, машқгоҳҳои таълимӣ, ҷузъҳои таълимии таҳсилоти

иловагии касбӣ, хобгоҳ ва дигар ҷузъҳои сохторӣ дошта бошад.

10. Шўъба ва гурўҳҳои таълимӣ дар мувофиқа бо вазоратҳои дахлдор

(муассис) дар доираи маблағҳои пешбинишуда ва воҳидҳои кории

амалкунанда аз тарафи муассисаи таълимӣ таъсис дода мешавад.
2. Қабул ба муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ
11. Миқдори ҷой барои қабули хонандагон ба муассисаҳои таҳсилоти

ибтидоии касбӣ, ки аз ҳисоби буҷети давлатӣ маблағгузорӣ карда

мешавад, аз ҷониби Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии

Тоҷикистон дар мувофиқа бо Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон

муқаррар карда мешавад.

12. Муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ метавонад дар доираи

рақамҳои назоратӣ (замимаи иҷозатнома) барои қабули мақсаднок дар

асоси қарордод (шартнома) бо шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ озмуни алоҳида

ташкил намуда, дар мувофиқа бо муассис миқдори муайяни ҷойҳо ҷудо

намояд.


13. Қабул ба муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ тибқи Қоидаҳои

қабул ба муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки

аз тарафи мақомоти ҷумҳуриявии давлатии идораи маориф тасдиқ мегардад,

амалӣ мешавад.


3. Фаъолияти таълимии муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ
14. Раванди таълим дар муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ бо

баинобатгирии хусусиятҳои синнусолӣ ва фардӣ, бо принсипи демократӣ ва

башардўстӣ ба роҳ монда мешавад.

15. Раванди таълим дар муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ бояд ба

ннкишофи имконияти хонанда, худмуайянкунии касбӣ, такмили нхтисос ва

тахассуси хатмкунандагон равона шуда бошад.

16. Раванди таълим таълими назариявӣ ва истеҳсолӣ, таҷрибаомўзии

истеҳсолӣ ва корҳои тарбиявиро бо хонандагон дар бар мегирад.

17. Ҳангоми зиёда аз 1 сол будани мўҳлати таҳсил давомнокии

умумии таътилҳо дар як сол на камтар аз 11 ҳафтаро ташкил медиҳад.

Таътили зимистона пас аз ҷамъбасти нимсолаи аввали соли таҳсил ба

мўҳлати 10 рўз муқаррар карда мешавад.

18. Машғулиятҳо дар муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ тибқи

нишондоди нақша ва барномаҳои таълимӣ гузаронида мешаванд

19. Дониш, маҳорату малакаҳои хонандагон дар ҳуҷҷатҳо бо баҳоҳои

зерин муайян карда мешаванд: "5" (аъло), "4" (хуб), "3"

(камоатбахш),"2" (ғайриқаноатбахш), "аз санҷиш гузашт" (санҷиш).

20. Таълими истеҳсолӣ дар устохонаҳои таълимию истеҳсолӣ,

лабораторияҳо, қитъаҳои машқгоҳҳои таълимӣ, хоҷагиҳои таълимию

таҷрибавии муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ, инчунин дар коргоҳҳои

корхонаҳо, таълимгоҳҳои онҳо, фермаҳо, объектҳои сохтмонӣ ва ғайра

гузаронида мешавад.

21. Таҷрибаомўзии истеҳсолӣ дар асоси шартномаи дутарафа дар

корхонаҳо, ташкилотҳо, иттиҳодияҳо, хоҷагиҳои давлатию деҳқонӣ ва

ғайра, ки барои онҳо кадрҳои коргарӣ тайёр карда мешаванд, гузаронида

мешавад.


22. Ҳангоми таҷрибаомўзии истеҳсолӣ вақти кории хонандагон бояд

аз давомнокии вақти кории мутахассисони истеҳсолот, ки қонунгузории

Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудааст, зиёд набошад.

23. Шартҳои пардохти музди меҳнати хонандагон дар вақти гузаштани

таҷрибаи истеҳсолӣ дар шартномаи дутарафаи байни муассисаи таълимӣ ва

корфармо инъикос мегардад.

24. Низомнома оид ба таҷрибаомўзии истеҳсолии (таълимии)

хонандагони муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбиро мақомоти ҷумҳуриявии

давлатии идораи маориф тасдиқ менамояд.

25. Гурўҳҳои теъдодашон аз 15 нафар зиёд ҳангоми гузаронидани

машғулиятҳои лабораторӣ, машғулиятҳо оид ба асосҳои донишҳои

компютерӣ, омўхтани забони русӣ дар гурўҳҳои таълимашон ба забони

давлатӣ, англисӣ (хориҷӣ) дар ҳама намуд гурўҳҳо ва забони давлатӣ дар

гурўҳҳои таълимашон ба забони ғайридавлатӣ ба ду зергурўҳ тақсим карда

мешаванд.

26. Ба шахсоне, ки аз муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ хориҷ

гардидаанд, маълумотномаи академӣ дода мешавад, ки дар он ҳаҷм ва

мазмуни таҳсилоти азбаршуда нишон дода мешавад.

27. Ба хатмкунандагони муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ, ки

барномаҳои дахлдори таълимиро дар ҳаҷми пурра азхуд намуда, аз

аттестатсияи ҷамъбастии давлатӣ гузаштаанд, дипломи намунаи давлатии

таҳсилоти ибтидоии касбӣ дода мешавад.

28. Ба хатмкунандагони курсҳои кўтоҳмуддат низ ҳуҷҷати намунаи

давлатӣ (ба курсҳои 3 ва 6-моҳа шаҳодатнома, ба курсҳои 1 ва 2-моҳа

сертификат) дода мешавад.

29. Ба хатмкунандагони муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ, ки

имтиҳоноти хатмкунии тахассусиро бо баҳои "5" (аъло) супоридаанд, на

камтар аз 75 фоизи фанҳои омўхташуда, инчунин аз таҷрибаомўзии

истеҳсолӣ баҳои "5" (аъло) гирифтаанд ва аз фанҳои боқимондаи нақшаи

таълимӣ баҳои "4" (хуб) доранд, дипломи намунаи давлатии "аъло" дода

мешавад.

30. Ба шахсоне, ки таҳсилро ба охир расонидаанд, аммо имтиҳоноти

хатмкунии тахассусиро супорида натавонистаанд, сарфи назар аз шаклу

намудҳои таълим, маълумотнома дода мешавад.


4. Хонандагони муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ
31. Ба хонандагони муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ хонандагон

ва шунавандагон дохил мебошанд.

32. Хонандаи муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ (минбаъд хонанда)

шахсе мебошад, ки бо фармони директор ба муассисаи таҳсилоти ибтидоии

касбӣ барои таҳсил аз рўйи барномаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ қабул

карда шудааст. Ба хонандаи муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ билети

хонанда ва дафтарчаи имтиҳонӣ дода мешавад. Шакли билети хонанда ва

дафтарчаи имтиҳониро мақомоти ҷумҳуриявии давлатии идораи маориф

муқаррар менамояд.

33. Шунавандаи муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ (минбаъд

шунаванда) шахсе мебошад, ки бо фармони директор ба муассисаи

таҳсилоти ибтидоии касбӣ барои таҳсил дар курсҳои кўтоҳмуддат ё

омўзиши барномаҳои иловагии таҳсилоти ибтидоии касбӣ қабул карда

шудааст.


34. Мақоми ҳуқуқии шунаванда дар бахши соҳиб гаштан ба таҳсилот

ба мақоми хонандаи шакли марбутаи таҳсилот баробар аст.

35. Ҳуқуқҳо ва вазифаҳои хонандаи муассисаи таҳсилоти ибтидоии

касбӣ тибқи Оинномаи муассисаи таълимӣ, созишномаи фардии миёни

муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва хонанда баимзорасида ва ҳамин

Низомнома муайян карда мешавад.

36. Хонандаи муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ҳуқуқ дорад:

- мутобиқи Стандарти давлатии таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ

барномаи муайянро интихоб намуда, аз рўйи он таҳсил намояд ва дониш

гирад;


- дар доираи Стандарти давлатии таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ

тибқи нақшаи таълимии инфиродӣ ва курсҳои кўтоҳмуддати омўзиши касбҳо

таҳсил намояд;

- барои гирифтани хизматрасониҳои иловагӣ (аз ҷумла

хизматрасониҳои пулакӣ);

- дар муҳокима ва ҳалли масъалаҳои муҳимтарини фаъолияти

муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ иштирок намояд;

- фикру ақида ва нуқтаи назари шахсии худро озодона баён намояд;

- дар муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ як маротиба бепул

таҳсилот гирад;

- ба фармон ва амрҳои роҳбарияти муассисаи таҳсилоти ибтидоии

касбӣ тибқи муқаррароти қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон шикоят

пешниҳод намояд;

- тибқи тартиби муқарраркардаи Оинномаи муассисаи таҳсилоти

ибтидоии касбӣ аз китобхона, хазинаи иттилоот, хизматгузории ҷузъҳои

таълимӣ, иҷтимоию маишӣ, муолиҷавӣ ва ҷузъҳои монанди инҳо ройгон

истифода намояд.

Маҷбуран аъзо намудани хонандагони муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии

касбӣ ба узвияти ташкилотҳои динӣ, ҷамъиятию сиёсӣ, ҳаракату ҳизбҳои

сиёсӣ, инчунин маҷбуран ҷалб намудани онҳо ба тарғибу ташвиқ дар

ҷараёни маъракаҳои сиёсӣ манъ аст;

Таълими хонандагони ятим ва аз парастории волидайн маҳруммонда аз

ҳисоби давлат амалӣ мешавад.

37. Хонандаи муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ вазифадор аст:

- талаботи Оинномаи муассисаи таълимӣ, Низомномаи мазкур ва

Қоидаҳои тартиботи дохилиро риоя намояд;

- дар вақти таҳсил талаботи барномаҳои таълимиро иҷро намояд.

38. Дар сурати қатъ гардидани фаъолияти муассисаи таҳсилоти

ибтидоии касбӣ, гузаштани хонандаро бо розигии волидайни онҳо

(намояндагони қонунӣ) ба дигар муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ

муассис таъмин месозад.

39. Тартиби гузаронидан, барқароркунӣ ва хориҷ намудани хонандаи

муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбиро Оинномаи муассисаи таълимӣ

муқаррар менамояд.

40. Муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ шароитҳое муҳайё месозад,

ки ҳифз ва таҳкими саломатии хонандагонро кафолат медиҳад, барои

хўроки онҳо танаффуси кофӣ пешбинӣ менамояд. Барои тайёр намудани

хўрокворӣ ва ҷои хурокхўрии хонандагон, инчунин расонидани

хизматрасонии тиббӣ дар муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ бино ва

иншооти махсус пешбинӣ карда мешавад.


5. Кормандони муҳандисию омўзгории

муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ


41. Ба ҳайати кормандони муҳандисию омўзгории муассисаи таҳсилоти

ибтидоии касбӣ роҳбарият, омўзгорон, методистҳо, сарустоҳо, устоҳои

(инструкторони) таълими истеҳсолӣ, мураббиён ва дигар шахсии

омўзгорон, ки раванди таълиму тарбияро амалӣ менамоянд, дохил

мебошанд.

42. Дар муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ бо фаъолияти

муҳандисию омўзгорӣ шахсоне машғул шуда метавонанд, ки дорои таҳсилоти

олӣ ё миёнаи касбӣ, малакаи зарурии касбӣ ва тахассус аз рўйи ихтисос,

тайёрии амалии касбӣ дошта бошанд.

43. Корманди ҳайати муҳандисию омўзгории муассисаи таҳсилоти

ибтидоии касбӣ ҳуқуқ дорад:

-шараф ва эътибори касбияшро химоя намояд;

-бо тартиби дар Оиннома муқарраргардида дар идораи муассисаи

таҳсилоти ибтидоии касбӣ ширкат намояд;

-бо тартиби муқарраргардида ба Шўрои муҳандисию омўзгорӣ ва

ташкилотҳои интихоботӣ интихоб кунад ва интихоб шавад, дар муҳокима ва

ҳалли масъалаҳои ба фаъолияти муассисаи таълимӣ алоқаманд, аз ҷумла

тариқи созмонҳои ҷамъиятии худидоракунӣ ширкат намояд;

-тарзу усул ва воситаҳои таълимро, ки сифати баланди раванди

таълимро таъмин менамояд, интихоб ва корбаст намояд.

Корманди муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ инчунин дорои

ҳуқуқҳои дигаре мебошад, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарордод

ва Оинномаи муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ муқаррар намудааст.

44. Корманди муҳандисию омўзгории муассисаи таҳсилоти ибтидоии

касбӣ ўҳдадор аст:

-Оиннома ва Қоидаҳои тартиботи дохилии муассисаи таҳсилоти

ибтидоии касбиро риоя намояд;

-аз рўи меъёрҳои этикаи касбӣ рафтор намояд;

-ўҳдадориҳои вазифавии ба зиммааш гузошташуда ва корҳои

мутобиқатии ўҳдадориҳои тахассусӣ ва мансабиро ба сифати баланд иҷро

намояд;

-дар коллектив аз амалҳои ифода намудани суханҳои қабеҳ, ки ба



халалдор шудани вазъи рўҳию психологӣ оварда мерасонад, худдорӣ

намояд.


45. Барои корманди муҳандисию омўзгории муассисаи таҳсилоти

ибтидоии касбӣ давомнокии вақти корӣ на бештар аз 40 соат дар як ҳафта

муқаррар карда мешавад.

46. Ба корманди муҳандисию омўзгории муассисаи махсуси таҳсилоти

ибтидоии касбӣ, ки ба таълиму тарбияи хонандагони (шаҳрвандони) аз

озодӣ маҳрумгардида омода мебошанд, тибқи қонунгузории Ҷумҳурии

Тоҷикистон шартҳои махсуси меҳнатӣ муқаррар гардидааст.

47. Корманди муҳандисию омўзгории муассисаи таҳсилоти ибтидоии

касбӣ дар 5 сол як маротиба аз аттестатсия гузаронида мешавад. Тартиби

аттестатсия ва шаклҳои гузаронидани онро Вазорати маорифи Ҷумҳурии

Тоҷикистон муқаррар менамояд.
6. Идораи муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ
48. Идораи умумии муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбиро Шўрои

муҳандисию омўзгорӣ амалӣ менамояд.

Фаъолияти Шўро бояд дар идораи муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ

барои васеъ намудани шаклҳои коллегиалӣ, демократӣ ва рушди

ташаббускорӣ равона гардида бошад.

Тартиби интихоби Шўрои муҳандисию омўзгорӣ тибқи Оинномаи

муассисаи таълимӣ муайян карда мешавад.

49. Идораи бевоситаи муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбиро

директор ба ўҳда дорад.

50. Ваколатҳои Шўрои муҳандисию омўзгорӣ ва директори муассисаи

таҳсилоти ибтидоии касбиро Оинномаи муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ

муайян менамояд.

51. Ба директори муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ дар дохил ва

берун аз муассисаи таълимӣ (ба ғайр аз роҳбарии илмӣ, илмию методӣ)

ишғол намудани вазифаи дигари роҳбарикунанда манъ мебошад.

52. Муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ тибқи қонунгузории

амалкунанда баҳисобгирии фаврию муҳосибавиро анҷом медиҳад.

Баҳисобгирии оморию муҳосибавиро дар мўҳлату сўроғаи муқарраргардида

пешниҳод менамояд. Ҳар сол дар хусуси фаъолияти молиявию хоҷагӣ

ҳисобот медиҳад.


7. Фаъолияти молиявию хоҷагии

муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ


53. Маблағгузории фаъолияти муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбиро

муассисони он амалӣ менамоянд. Инчунин мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии

Тоҷикистон ба фаъолияти молиявии муассисаи таълимӣ бо мстифода аз

сарчашмаҳои худмаблағгузорӣ, аз ҳисоби ба даст овардани даромад аз

фаъолияти истеҳсолӣ ва хоҷагӣ, пешниҳод намудани хизматрасониҳои

пулакии таълимӣ ва фаъолиятҳои дигар иҷозат дода мешавад.

54. Буҷети муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбии давлатӣ, ки дар

асоси меъёрҳои давлатӣ ба ҳисоб гирифта шудааст, бояд чунин хароҷотро

ба назар гирад:

-татбиқи барномаҳои асосии таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ

(музди меҳнати кормандони муҳандисию омўзгорӣ, нигоҳдорӣ, рушд ва

мустаҳкам кардани заминаҳои моддию техникӣ, харидории ашёи хом,

маводҳои масрафшаванда, таъминоти таълимию методии ҷараёни таълим);

-ҳифзи иҷтимоии хонандагон, таъминоти моддӣ, аз ҷумла пардохтҳои

дастгирии давлатии кўдакони ятим ва кўдаконе, ки аз парастории

волидайн маҳруманд, бо хобгоҳ таъмин намудан, чорабиниҳои санитарию

солимгардонӣ ва фарҳангию оммавӣ;

-музди меҳнати маъмурият ва ҳайати кормандони техникӣ.

55. Муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ҳуқуқ дорад мутобиқи

қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон новобаста аз шаклҳои ташкилию

ҳуқуқиаш маблағгузории манбаъҳои гуногунро аз ҳисоби пешниҳод намудани

хизматрасониҳои пулакии иловагии таълимӣ, тайёркунӣ, бозомўзӣ ва

такмили ихтисос, аъзоҳақиҳои истифодашудаи волидайн барои касбу

ихтисосҳои бартаридоштаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ, ки дар бозори

меҳнат талаботи зиёд доранд, хизматрасонии таҷҳизот ва воситаҳои

нақлиёт, биною иншоот, даромадҳои фаъолияти истеҳсолии аз хоҷагиҳои

таълимӣ-таҷрибавӣ, устохонаҳои таълимию истеҳсолӣ бадастовардашуда,

инкишоф додани чорводорию мурғпарварӣ истифода намояд.

Даромадҳои аз манбаъҳои маблағгузориҳои ғайрибуҷетӣ бадастовардаи

муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ дар муассисаи таълимии мазкур барои

инкишофи заминаҳои моддию техникӣ ва таълимию методӣ, ҷиҳати анҷом

додани таъмири ҷорӣ ва пурраи биною иншоот, барои дастгирии иҷтимоии

кўдакони ятиму бесарпараст, кўдакон аз оилаҳои камбизоат, инчунин

барои ҳавасмандкунии моддӣ мувофиқи тартиби муқаррагардида сарф карда

мешаванд.

56. Муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ тибқи қонунгузории

Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Оиннома метавонад фаъолияти таълимии пулакиро

анҷом диҳад.

57. Муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ҳуқуқ дорад изофа аз

миқдори муҳассилини аз ҳисоби буҷет маблағгузоришаванда (рақамҳои

назоратӣ) тайёр кардани мутахассисонро дар заминаи қарордод (шартнома)

бо шахсони воқеӣ ва (ё) ҳуқуқӣ, ки пардохти маблағи таҳсилро кафолат

медиҳанд, амалӣ намояд.

58. Муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ шахси ҳуқуқӣ буда, дорои

баланси мустақил, суратҳисоб дар муассисаи бонкӣ, мўҳр бо тасвири

Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.


8. Заминаҳои моддию техникии

муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ


59. Ба заминаҳои моддию техникии муассисаи таҳсилоти ибтидоии

касбӣ биною иншоот, маҷмўи амвол (таълимӣ, манзилӣ, ёрирасон),

минтақаҳои замин, хоҷагиҳои таълимӣ, машқгоҳҳои таҷҳизоти мухталиф,

амволи асосии истеъмолӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва таҷҳизоти дигар,

техникаи электронии ҳисоббарор, компютерҳо ва дигар амволи таҷҳизоти

таълимӣ, ки барои мақсадҳои вазифавии муассисаи таҳсилоти ибтидоии

касбӣ мухолифбуда истифода намешаванд, ташкил медиҳад.

60. Муассисаи таҳсилоти ибтидоии касби барои нигоҳдори ва

истифодаи самараноки моликияти ба вай вобастакардашуда дар назди

муассис масъул мебошад.


9. Ҳамкории байналмилалӣ ва фаъолияти иқтисодии хориҷӣ
61. Ҳамкории байналмилалӣ ва фаъолияти иқтисодии хориҷии

муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии



Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.

Достарыңызбен бөлісу:




©dereksiz.org 2024
әкімшілігінің қараңыз

    Басты бет