Сарватҳои табиии Тоҷикистон ва баҳои иктисодии он а Сарватхои зеризаминй



Дата23.06.2016
өлшемі370 Kb.
#154726
Сарватҳои табиии Тоҷикистон ва баҳои иктисодии он

а) Сарватхои зеризаминй

Ҳама мавод ва ашёю боигарихои табиие, ки инсон истифода мебарад, сарвати табий меноманд. Аз чихати хусусияти истифода онхоро ба се гурух чудо мекунанд:

а) Сарватхое, ки инсон бевосита истифода мебарад: об, пабототи истеъмолй, хайвонхои шикорй ва мохй.

б) Сарватхое, ки барои истехсоли неъматхои модцй исти­фода мешаванд: хок, канданихои фоиданок, кувваи об, шамол, наботот, чангал ва гайра.

в) Сарватхои рекреатсионй, ки онхоро барои истирохату (|>арогат ва баркарор намудани саломатй истифода менамоянд: манзараи фарахбахши табиат, обанборхо, дарёхо, чашмахои оби маъданй, лойкаи табий ва гайра. Дар мавзеъхое, ки намуди канданихои фоиданок зиёданд, корхонахои саноатй комат рост мекунанд. Заминхое, ки хоки хосилхез доранд, барои кишту кори чироат, бунёди богу токзорхо истифода мебаранд. Об манбаъи ,\нсг ва унсури пайвастаи хастии инсон аст. Ягон сохаи истех- солот бе об вучуд дошта наметавонад. Аз чангал чуб, аз чуб масолехи сохтмон, асбобхои рузгор, селюлоза, когаз ва гайра истехсол менамоянд. Дар саноати химиявй хамчун ашёи хом истифода мебаранд.

Сарватхои табий бо захира ва давомнокии истифода низ аз якдигар фарк менамоянд. Аз ин чихат онхоро ба сарватхои баркароршаванда ва баркарорнашаванда чудо мекунанд. Ба сарватҳои баркарорнашаванда асосан сарватхои зеризаминй дохил мешавад. Захираи онхо махдуд мебошад. Окилона исти­фода бурдани онхо муддати истифодаро дароз мекунад, вале аз пав баркарор карда наметавонад ва билохир ба нестй мерасад.

Сарватхои баркароршаванда хок, наботот, хайвонот, нури Офтоб, хаво, обро дар бар мегирад. Дар шароити окилона ва эхтиёткорона истифода бурдан, онхо метавонанд беинтихо хизмат кунанд. Каламрави Точикистонро аксар баландй ва куххо ишгол кардааст. Бинобар пайдоиши сарватҳои табииро сохти геолога (сарватхои зеризаминй) ва ё ба таври амуди таксим шудани дигар намудхои онро омилхои иклимхосил- кунанда муайян мекунанд.

Мухимтарини онхо сарватхои зеризаминй мебошанд. Аз чумла канданихои маъданй дар тахнишинхои эраи палеозой хело зиёд ва гуногун мебошад. Ба ин маъданхо рух, сурб, нукра, висмут, сурма, молибден, симоб, мис, волфрам, калъагй, охан, уран ва гайра дохил мешаванд. Дар он тахнишинхо инчунин шпати сахрой, булури кухй низ дида мешаванд. Бойигарихои гайри маъданй дар тахнишинхои давраи мезозой ва кайнозой пахн гардидаанд. Ин намуди сарватхои табий ангиштсанг, ангишти сиёхтоб, нафт, озокерит, газ, фосфорит, намаксанг, масолехи бинокорй, оби маъданй ва гайраро дарбар мегирад. Х,оло дар каламрави чумхурй зиёда аз 500 конхои канданихои фоиданок тадкик карда шудаанд. Такрибан 100-и он дар истех- солот чалб гардиданд, ки аз он 70 намуди ашёи хоми саноатй х,осил карда мешавад. Аз чихати захираи баъзе намуди конхои маъдан дар чахон дар байни ИДМ ва дар байни давлатхои Оснёи Марказй мавкси пешќадамро ишѓол менамояд. Аз љумла аз љињати захираи умумии нуќра дар љањон чои сеюм, аз чихати захираи сурма, намаки ошй дар байни ИДМ чои аввал ва бо захираи сурб, рух, шпати сахрой ва висмут дар байни давлатхои Осиеи Марказй яке аз чойхои асосиро ишгол менамояд. Захираи охай, ашёи хоми алюминй ва стронсий хам ахамияти саноатй дорад. Захираи сангхои ороишию киматбахо, кандакорикунй ва металлхои киматбахо низ назаррас мебошад. Обхои маъдании шифобахш ва нушокй дар каламрави чумхуриро кариб дар хамаи мавзеъхо вомехурад. Хамаи сарватхои зеризаминии чумхурй аз чихати таъиноти хочагй ба чор гурух так,сим кардан мумкин:


  1. Гурухи сузишворй-энергетикй;

  2. Гурухи химиявй, ё маъданию гайриметаллй;

  3. Гурухи маъданхои металлй;

  4. Гурухи сангхои киматбахо ва масолехи сохтмон.

Захирахои кашфшудаи сарватхои зеризаминиро мувофики

дарачаи истифода ба 4 категория чудо мекунанд: А, В, О, С2. Чунин таксимот дарачаи омузишу истифодаи захирахои кашф- шударо муайян мекунад.

Категорияи А - захирахое мебошанд, ки пурра омухта, барои истифода тавсия дода шудаанд; кагегорияхои В ва С| - конхое хастанд, ки кашф шудаанду аммо то хол захирахои онхо пурра аник карда нашудаанд. Категорияи Сз - захирахое мебошанд, ки алхол ба онхо бахои аник дода нашудааст ва ё худ тавсияи тахминй дода шудааст.

Ба гурухи якум нафт, гази табий, ангишт, вараксанги сузанда ва уран дохил мешавад. Аз уран дар истгохи атомй кувваи барк истехсол мекунанд. Махсулоти гурухи якум гайр аз уран инчунин дар саноати химия ба таври васеъ истифода мешавад. Гурухи дуюм намаки ошй, фосфорит, флюорит, селестин, барит, асбест, охаксанг, доломит, сулфур, марги муш ва гайраро дар бар мегирад. Бисёрии ин намунахои ащёи хом на факат дар саноати химия, инчунин дар дигар сохахои саноат истифода мешавад. Гурухи сеюми сарватхои зеризаминй хам хело гуногун мебошанд. Ин гурух хамаи намуди металлхои ранга ва сиёхро дарбар мегирад. Ч,их.ати хоси металлхои ранга бисёртаркибй мешавад. Дар таркиби онхо гайр аз металлй асосй боз металхои киматбахо ва камёб низ вомехуранд. Ба таври комплексй кор кардани онхо ба иктисодиёт даромади иловагй ворид месозад ва харчи истехсолиро кам менамояд. Ба ашёи хоми металлхои сиёх маъданй охан, хром, волфрам ва манган дохил мешавад, ки дар як катор мавзеъхои чумхурй кони онхо тадкик карда шудааст. Маъданй охани ахамияти саноатидошта дар вилояти Сугд кони Чокадамбулок мебошад. Дар таркиби он охан 40 фоизро ташкил менамояд. Гайр аз ин дар як вакт аз он кобалт ва висмутро чудо кардан мумкин аст. Конхои волфраме, ки тадкик карда шудаанд ва амал мекунанд, дар таркиби маъдан гайр аз волфрам микдори зиёди калъагй, тилло, рух, маргй муш ва дигар металлхо вомехуранд. Дар асоси намудхои ашёи хом дар ояндаи наздик истехсоли металлхои сиёхро ба рох мондан мумкин аст. Гурухи чоруми сарватхои табий гайр аз сангхои киматбахо дигар намуди онхо дар хама нохияхои чумхурй васеъ пахн гардидааст. Ба саигхои киматбахо асосан лаъл, лочвард, фируза, акик, гранат, корунд, зумуррад ва гайра дохил меша­ванд, ки бештар дар каламрави Помир тадкик карда шудаанд, Ба саигхои коркардшаванда аметист, оникс, топаз, аквамарин, турмалин, скаполит, булури кухй, амазонит, родонит, обседиап, офикалсит, мармар ва гайра дохил мешаванд.

Х,оло дар каламрави чумхурй кариб 300 кони сангхол рангини шаффоф тадкик шудаанд, ки ахамияти саноатй дорапд. Масолехи сохтмониро саигхои сохтмонй (санги хоро, грани диорит, диорит, порфирит, диабаз, охаксанг, кварсит, гнейс, кумсанг) рег, конгломерат, мармар, доломит, гил, гилхок, шагал, гипс, хокаи рангаи минералй ва гайра ташкил менамоянд, ки дар каламрави чумхурй манбаъхои зиёди онхо муайян карда шудаанд. Мавчудият ва гуногунии масолехи сохтмонй имко- ният медихад, ки дар чумхурй саноатй сохтмон бештар инкипюф ёбад.

К,аламрави чумхуриро академик Р.Баротов аз нигохи геог рафию иктисодй, геологй ва хусусияти комплексии бойига рихои зеризаминй ба чор регион (музофот) чудо намудааст; 'Гочикистони Шимолй, Точикистони Марказй, Точикистопп Ч,ануби Гарбй ва вилояти худмухтори Бадахшони Кухй.



Точикистони Шимолй бо чунин сарватхои зеризаминй фарк, менамояд. Дар ин музофот ангишти сиёхтоб, нафт, газ, рух,, сурб, волфрам, маъданй охан, висмут, молибден, мис, тилло, нукра, стронсий, уран, шпати гудохташаванда, озокерит, валас- тонит, барит, саигхои пардозй, заргарй, намаки ошй, гипс, охаксанг, реги кварсй, гили ба оташ тобовар, лойкаи табобати, обхои маъданй ва масолехи сохтмон тадкик карда шудаанд Музофот барои инкишофи минбаъдаи саноатй кухй имкопмитп калон дорад.

Точикистони Марказй. Сарватхои асосии ин музофо! асосан сурма, тилло, волфрам, симоб, калъагй, сиенит, фосфо рит, марги муш, флюорит, мармар, охаксанг, гил, ангишт на гайра мебошад. Дар айни замон сурма, тилло, симоб, волфрам, ангишт ахамияти саноатй дорад.

Точикистони Чднуби гарбй. Дар ин музофот захираи ангишт, нафт, газ, волфрам, тилло, уран, селестин, шпат сахрой, намаки ошй, охаксанг, доломит, сангхои киматбахо, заргарй, обхои маъданй, гипс, гил ва масолехи сохтмон омухы ба хисоб гирифта шудааст. Барои васеъ намудани замипаи апнн хоми корхонахои амалкупанда ва муайян намудани конхои панн газ ва нафт, кофтукови геологии тилло, волфрам, шпати сахрой, нафт ва газ, минбаъд давом дода мешавад. Аммо барои чус < ум\ и пифт нармакунии чукур (6 км)-ро талаб менамояд. Ин бе гсхпологияи нави пармакунй гайри имкон аст.

Вилояги худмухтори Бадахшони Кухй. Дар ин чо мавчуд (•удами тилло, калъагй, нукра, молибден, волфрам, симоб, мис, ■ урма, рух, сурб, бор, висмут, намаки ошй, асбест, слюда, талк, металлхои нодир, сангхои иардозй, ороишй, киматбахо, заргарй, миеолехи сохтмон, ангишт, торф, обхои маъданй муайян карда шудаанд. Х,оло захираи зиёда аз 20 кон ба хисоб гирифта шудааст, ки 15 намуди ашёи хомро дар бар мегирад. Боигарихои шбиии ин музофот имконият медихад, ки дар ин чо саноати металлхои ранга, химияи кухй, заргарию коркарди санг ташкил на и пкишоф дода шавад.

Х,амин тавр захира ва гуногунии сарватхои зеризаминй ба мо имконият медихад, ки дар чумхурй сохахои мавчудаи < лноатро инкишоф дода ва дар як вакт сохахои нави онро | а111кил намуда, иктисодиёт бо суръати баланд тараккй дода шавад.

б) Сарватхои табиии гайри зеризаминй

Пайдоиш ва ташаккулёбии ин гурухи сарватхои табий ба г .1 гори дигар омилхо ба иклим вобаста мебошад. Хусусият ва фиркияти худудии онро релефи кухй, ки барои Точикистон хос .и г, муайян менамояд. Хусусияти асосии он зиёд будани рузхои офтобй, хавои хушк ва континента (хушки зуд-зуд тагйир- еиаида) мебошад. Дар шароити релефи кухй дар куллаи куххои Оилаид иклими «сармой абадй», дар миёнакуххо иклими муъ гадили гарм, дар хамворй ва водихо иклими субтропикии хушк хукмфармо аст. Х,амаи ин континента будани иклимро муайян мекунад. Ь^атъи назар аз зуд-зуд тагйир ёфтани обу хаво нар каламрави чумхурй давомнокии нургюшии Офтоб хело зиёд лет. Микдори умумии он дар як сол 2500-3000 соатро ташкил менамояд. Бузургии нургюшии Офтобро бо хисоби килокал- нприя дар як сантиметри мураббаъ ба вохиди вакт муайян п'плмоянд. Мачмуъи нурпошии Офтоб дар водихо дар як сол 1М) к/кал. сантиметри мураббаъ, дар куххо бошад баробари пфзуп гардидани баландй то 185-190 к/каллория тагйир меёбад. А I мо,\и феврал то ноябр дар каламрави чумхурй замин гармиро л I ()(|) гоб бештар мегирад ва кам хорич мекунад. Бинобар ин нан.теп гармй мусбй мебошад. Дар зери таъсири он ва дигар " 1иих,оп иклимхосилкунанда киемхои таркибии табиат: релеф, щ . \ано, паботот, хайвонот, обхои дохилй ташаккул ва инки- ||) ё(|)ганд, ки хусусияти иклими континентиро бар худ инъикос менамояд. Хусусан, хушкии иклим аз даврахои кадим то ин дам ба чойгиршавии ахолй, тахассусёбй ва самту таркиби соха и хочагии кишоварзй таъсир расонидааст. Аз он дар сохили дарёхо, назди чашмахо, каналхо чойгир шудани махалхои ахолинишин гувохй медихад. Махз иклими гарм ва хушк барои таъмин намудани ахолй аз хурока водор намуд, ки заминхои обиро васеъ намоем. Ин зарурат ва зарурати таъмин намудани саноат бо оби технологи ва ахолии шахру дехот бо оби нушокй, кувваи барк водор намуд, ки дар дарёхои чумхурй обанборхо, истгоххои обии баркй, накб ва каналхо бунёд намоем. Дар атрофи онхо ва заминхои обшоргардида шахру шахрчахо ва дехахои нав сохта шуданд. Нуриошии зиёди Офтоб ва боришоти зиёд барои кишти лалмй мусоидат менамояд. Дар Бадахшон аз баландии 3200 то 3860 метр зироат ва картошка кишт мена­моянд. Дар мавзеъхои иклими субтропикй дошта аз 2 то 3 бор хосил мегиранд.

Дигар сарвати табий обхои дохилй мебошад, ки дар зери таъсири мутакобилаи релеф ва икдим ташаккул ёфтаанд. Обхои дохилиро ниряххо, дарёхо, кулхо ва обхои зеризаминй ташкил менамояд. Пирях манбаи хама гуна обхои дохилй мебошад. Масохати ниряххо дар Точикистон 8,5 хазор километри мураб- баъро ташкил намуда, микдори умумии онхо кариб ба 10 хазор мерасанд. Аз онхо дарёхои пуроби Панч, Вахш, Кофарнихон, Зарафшон, Сир, Исфара ва гайра гизо мегиранд. Захираи умумии оби дарёхои чумхурй 88,6 миллиард метрии мукаабро ташкил менамояд. Вобаста ба ин каламрави Точикистон аз захираи кувваи барк бой мебошад. Мачмуъи захираи потен- сиалии неруи обй такрибан дар як сол 530 млрд. кВт. соатро ташкил менамояд. Точикистон аз чихати захираи неруи барк ба кат ори чунин давлатхои бузург - Хитой, Русия, ИМА, Бразилия, Х,индустон, Канада дохил мешавад.

Хок хамчун сарвати табий дар кишоварзй онро хамчун воситаи истехсолот истифода мебаранд. Дар каламрави Точикистон хокхои гуногун дида мешавад.

Хрсилшавии он ба чараёни хокхосилшавии биёбонй, даштй, чангалй ва дар баъзе мавзеъхо ботлокй вобаста мебошад. Хоки асосии каламрави чумхурй хоки хокистарранги равшан, ки дар таркибаш 0,8-1,5 фоиз модцахои иусида, хокистарранги мукаррарй аз 1,5 то 2 фоиз ва хокистарранги тира аз 2,5 то 4 фоиз модцахои иусида дорад. Ин намуди хокхо дар шароити обёрии сунъй ва ба хок андохтани нурии минералй (маъданй) хосили баланд медиханд. Масохати умумии замини чумхурй, ки дар он хокхои номбурда ва дигар намуди хокхои миёнакух ва баландкухй пахн гардидаанд, 14255,4 хазор гектарро ташкил менамояд. Аз он заминхое, ки ба тобеъияти корхона ва хоча- гихои дехконй шомиланд ба 8335,6 хазор гектар баробар мебошад. Бокимонда 3178,6 хазор гектарро захираи замини давлатй, хочагии чангал ва 2741,6 хазор гектари онро дигар намудхои заминхо ташкил менамоянд. Вобаста ба бартарй доштани релефи кухй дар чумхурй масохати замин аз чумла замини обии корам махдуд мебошад. Ин моро водор менамояд, ки ба кадри хар як вачаби замини обй расем ва онро самаранок факат ба максади афзун кардани маводи хурока истифода барем. Инро сол то сол мураккаб шудани вазъи демографй ва амалй намудани амнияги озукавории мамлакат такозо менамояд.

Каламрави Точикистон аз наботот ва хайвонот низ бой мебошад. Набототро асосан набоготи алафй ташкил мена­моянд. Он мувофики шароити хоку иклимй дар худуди чумхурй ба таври амудй пахн гардида аст, ки хамчун чарогох истифода мебаранд. Дарахтон ва буттазорхо 268 намудро дар бар мегирад. Ба онхо 2,6 фоизи масохати умумии чумхурй рост меояд. Ч,ангал дар каламрави чумхурй минтакаи яклухтро ташкил намедихад. Он аз китъахои алохида иборат буда, дар баландихои аз 700 то 3000 (3500) аз сатхи бахр баланд пахн гардидааст.

Дарахт ва буттахое, ки чангалро ташкил медиханд, хело гуногун мебошанд. Х,амаи онхоро геоботаникхо ба 6 тип (гурух) таксим намудаанд.


  1. Бешаи дарахтони пахнбарги омехта. Дар миёнакуххо дар баландихои 2000 (2200) метр аз сатхи бахр доман пахн кардаанд. Мавзеи пахншавии он нишебихои шимолии каторкухи Хисор, Каротегин, Дарвоз ва Петри Як мебошад, ки дар ин чойхо ба хисоби миёна аз 800 то 1300 мм бориш мешавад. Масохати чангал 50 хазор гектарро ташкил менамояд.

  2. Бешаи дарахтони майдабарг дар баландихои аз 1800 то 2000-3500 метр аз сатхи бахр вокеъ гардидааст. Дар таркиби чангал сафедор ва хаданг бартарй дорад. Ин гурухи чангал дар болооби Зарафшон, дар Искандардарё, Дарвоз, Оби Хингоб, водии Сурхоб ва Бадахшон вомехуранд.

  3. Бешаи дарахтони сузанбарг асосан аз арча (бурс) иборат буда, дар каторкухи Туркистон, Зарафшон, Петри Як дар баландихои 1700-3400 метр аз сатхи бахр пахн гардидааст. Масохати он 150 хазор гектарро ташкил мекунад. Арча дер нашъу намо мекунад. Дар зарфи 30-40 сол аз 2 то 2,5 м кад мекашад.

  4. Бешаи дарахтони баргсахти тунук. Он аз омехтагии дарахтон ва буттахои гармидуст ташкил ёфтааст. Дар ин гурух

мавкси асосиро листа ташкил менамояд. Он такрибан 80 хазор гектарро ишгол менамояд.

• 5. Бешаи дарахтони тугайй. Дар каламрави чумхурй дар водии дарёхои Сир, Зарафшон, Вахш, Панч, Кофарнихон, Шохдара ва гайра вомехуранд. Он асосан аз буттахо, сафедор, санчид, лиф, ангат ташаккул ёфтааст.

6. Буттахои хушкидуст. Он аз бодом, зирк, кумот, вагнич, иргай ва дигар буттахо иборат г^ебошад.

Дар каламрави чумхурй микдори хайвонот низ зиёд мебошад. Х,оло 569 намуди мухрадорон ва 10000 намуди бемух- рагон ба хисоб гирифта шудааст. Х,амаи ин намудхои наботот ва хайвонот окилона истифода бурдан ва мунтазам баркарор намудани онхоро талаб менамояд. Х,ар сол шахрвандон ва муассисахои дахлдор хазорхо дона нихоли дарахтхои гуногунро мешинонанд. асбобхои заминларзасанчй (сейсмографй) кайд менамоянд. Заминларзаи сахт ва харобиовар дар фосилаи дахсолахо рух медихад. Аз хама минтакди фаъоли заминларза аз гарб ба шарк ба самти К,аротог - Файзобод - Обигарм - Гарм (Рашт)- Точик- обод тул кашидааст. Чашмахои оби радиоактивй доштаи Хоча- обигарм, Шамбарй, Обигарм хам дар хамин самт вокеъ гарди- даанд. Замииларзахои сахт сабаби кандашавии кухпорахо, лагчиш, тармакаий ва дигар офатхои табий мегардад. Ин нафакат релефро тагйир медихад, балки ба хочагии халк зиёии чиддй мерасонад. Чуиин заминларзахо соли 1907 дар Кдратог, соли 1911 дар Сарез, соли 1949 дар Х,°ит, 1977 дар Исфара, соли 1986 дар Кдйрокум ва соли 1989 дар Шарора рух доданд. Аз хамин сабаб дар чумхурй хангоми сохтани иморатхои бисёр- ошёиа ва иншоотхои гидротехники ба устувории онхо нисбат ба заминларза диккати чиддй дода мешавад.



3. Сарватхои зеризаминй ва мохияти он

Каламрави Точикистон дорой сарватхои гуногуни табий буда, яке аз мухимгарини онхо сарватхои зеризаминй мебо­шад. Пайдоиш ва намудхои он ба сохти геологии кисмхои ало- хидаи чумхурй вобаста мебошад. Х,оло дар натичаи тадкикот ва кофтуковхои геологй дар нохияхои чумхурй зиёда аз 400 кони ашёи минералй муайян карда шудааст. Аз ин такрибан 100 намуди он мавриди истифода карор дорад. Аз он бештар аз 36 намуди ашёи хоми минералй истихроч карда мешавад. Сар­ватхои минералии маъданй, шпати сахрой ва булури кухй асосан дар таркиби чинсхои кухии кадими палеозой васеъ пахн гардидаанд. Дар тахшииихои мезозой ва кайнозой бештар сарватхои зеризаминии гайримаъдаий вомехуранд. Дар тахши­иихои давраи чорум бошад, дар баъзе мавзеъхои каламрави чумхурй тиллои пошхурда муайян карда шудааст. Хамаи сар­ватхои зеризаминии мавчуда, ки дар чумхурй муайян карда шудаанд, ба се гурух чудо мешаванд: сузишворию энергетикй, маъданй ва гайри маъданй.

Сарватхои сузишворию энергетикй вобаста ба сохти геологй дар каламрави чумхурй нобаробар чойгир шудаанд. ()нхо дар шароити муайяни табий хосил шудаанд. Маълум аст, к и он дар хама даврахои геологй дар кисмхои алохидаи Точикистон як хел иабуд. Бинобар он канданихои сузишворй баробар пахн нашуда, вобаста ходисахои геологй харчо-харчо \осил шудаанд. Аз ин нигох давраи юра барои хосил шудани ангипгг шароити мусоид дошт. Дар ин давра такрибан 140 млн.


сол кабл дар бисёр мавзеъхои Точикистон иклим гарм ва нам буд. Дар ин шароит дар хушкй дарахтони азимчусса, алафхои кадбаланд ва дар хушкию об хайвонхои калон хаёт ба сар мебурданд. Дигаргуншавии иклим ва дигар ходисахои табий боиси халокати аксари набототу хайвонот гардид. Минбаъд ин чангалу дарахтони азим дар халичу тунукобахои бахрй ва ботлокхо тахшин туда, руи онхоро чинсхои майдаи обоварда мепушониданд. Дар натичаи фишори зиёд, харорати баланд ва нарасидани хаво он бокимондахои органикй ба ангишт табдил ёфтанд, ки аз он накши барг ва шоху танаи дарахтони кабатхои ангишт гувохй мсдиханд. Конхои ангишти Точикистон аксар дар давраи юра хосил шудаанд. Кисми зиёди онхо дар Точикистони Марказй ва Ч,анубу Шаркй воксъ гардидаанд. Дар айни зам он дар чумхурй 36 кони ангишт ба хисоб гирифта шудааст. Аз ин 7-той он ахамияти саноатй до ранд. Калон- тарини онхо кони ангишти Фону Ягноб, Киштуду Заврон, Миёнаду, Могиён, Зиддй ва Назарайлок мебошанд. Захираи умумии ангишт ба 4 миллиард тонна мерасад, ки аз ин 1 миллиард тоннаашро ангишти коксдиханда ташкил медихад. Ба гайр аз ангишти коксдиханда, инчунин конхои ангишти сиёхтоб низ дида мешавад. Калонтарини он копи ангишти Шуроб мебошад.

Ангишт, хусусаи ангишти коксдиханда нафакат сузиш-ворй, балки ашёи хоми комплексй мебошад. Ба таври ком-гшексй истифода бурдани он имконият медихад, ки аз он кокс ва дар як вакт аз коркарди гази хоричшаванда смола, нахи синтетики, бензол, сулфати амоний, нафталин истехсол намоем. Ба сифати сузишвории хочагии манзил истифода бурдани он чоиз нест. Х,ол он ки дар аксар нохияхои чумхурй захираи ангишти сиёхтоб вучуд дорад. Аз дигар намуди сузишвории минералй дар каламрави чумхурй конхои нафту газ, варак-сангхои сузанда ва торф тадкик карда шудаанд. Дар худуди Точикистон нафт ва газ дар давраи бур, юра (чануби Точикис-тон), палеоген (шимоли Точикистон) хосил гардидаанд. Конхои нафти шимоли Точикистон дар нохияи Исфара (Нефтобод, Ким), Конибодом. (Равот, Конибодом, Айритан, Конибодоми Шимоли, Махрам, Ниёзбек, Обишифо) вокеъ гардидаанд. Дар нохияи Конибодом дар шимолии дехаи К^аракчикум гази табий (аз чукурии 400 м) истехсол менамоянд, ки аввалин маротиба соли 1977 ба кор даромад. Дар айни замон дар атрофи Нефтобод, Конибодом ва Хучанд як катор чоххои газдиханда амал мекунанд.





Дар Чануби Точикистон конхои нафт ва газ нисбат ба шимоли Точикистон дида васеъ пахн гардидааст. Дар ин чо кабатхои нафту газдиханда дар водии Хисор, водии Кофар- нихон, водии Вахш ва Кулоб доман иахн кардаанд. Дар ин чо конхои нафту гази Кичикбел, Андигон, Бештентак, Балчувон, Сулдузй, Хочасартез^ Шамбарй ва Кургончаи Шимолй муайян карда шудаанд. Х,оло конхои Кичикбел, Окбошадир, Бештен­так мавриди истифода карор доранд, вале сифати паст доранд. Захираи газ дар кабати тахшонихои бур ва юра вомехуранд. Дар водий Вахш кони гази Кизилтумшук, аз соли 1964 инчониб амал мекунад. Солхои охир кони гази Хочасартез ба кор сар кард. Мувофики тадкикотхои геолога дар чануби Точикистон дар кабатхои юра захирахои бузурги нафту газ нихон аст. Х,оло дар ин самт корхои чустучуй идома дорад. Дар катори ангишт, нафт ва газ дар каламрави чумхурй вараксанги сузанда ва торф вомехуранд. Конхои вараксанги сузанда дар нохияи Шахритус, (Октог, Еаравтй), атрофи Кургонтеппа (Тераклитог) нохияи Фархор (К'фатог) ва Турсунзода омухта шудаанд. Храмин тавр каламрави Точикистон аз захираи ашёи сузишворию энерге­тики, аз чумла ангишт бой мебошад. Ин сарватхорс мувофики максад ва ба маврид бояд истифода бурд.

Вобаста ба таърихи инкишофи кишри Замин ва сохти геолога дар каламрави Точикистон кариб хамаи намуди сар­ватхои маъданй махсусан металлхои ранга вучуд доранд. Х,амаи онхо Дар се кисми кухии Точикистон - шимоли Точикис­тон, Точикистони Марказй, Помиру Дарвоз чойгир шудаанд. Дар байни онхо аз чихати гуногунй ва захираи сарватхои маъданй каторкуххои шимоли Точикистон фарк мекунанд. Дар байни каторкуххои шимоли Точикистон куххои Курама ва Мугул аз сарватхои гуногунй маъданй хело бой мебошанд. Мухимтарини он металлхои ранга мебошад. Дар он захираи сурб ва руХ бартарй дорад. Онхо ба шакли соф сурб ва рухи танх,о вонамехуранд. Дар таркиби маъданй онхо металлхои нодир ва к амёб якчоя вомехуранд. Яъне дар таркиби маъдан гайр аз металлхои асосй сурб ва рух, инчунин мис, селен, теллур, кадмий, висмут, молибден, тилло, нукра ва гайра дида мешаванд. Бо хам омехта вохурдани онхо коркарди ком- плексиро талаб мекунад. Барои ин истифодаи техника ва технологияй навин зарур аст. Конхои металлхои ранга дар ду мавзеъ вокеъ гардидаанд: Кдрамазори Гарбй (Консой, Куруксой, Чолота, Олтинтопкан, Тошбулок) ва Шаркй (Гудос, Тонщутан, Кони Мансур, Замбарак, Тариэкан., Чикурчилга). Дар кухй Мугул (Чорукдаррон) волфрам истехсол мекунанд.

Дар нишебии чанубии куххои Курама дар Чакадамбулок ва Туранглй конхои маъдани охал муайян карда шудааст. Аз ин конх,о факат копи Чакадамбулок тадкик карда шудааст, ки захираи он 60 млн. тоннаро ташкил менамояд. Дар таркиби маъдан гайр аз охан, микдори зиёди висмут вомехурад. Дар шаркии К^арамазор маъдани омехтаи мису висмут вомехурад. Дар нохияи Исфара хам конхои металлхои рангаи Эскикон ва Каротек муайян карда шудаанд. Дар ин нохия инчунин кони мангани Чатиротек вокеъ гардидааст.

Мавзеи дигаре, ки аз чихати сарватхои маъданй, аз чумла металлхои ранга омухта шудаанд, Точикистони Марказй мебо- шад. Дар ин мавзеь конхои сурб ва рух дар хавзаи дарёи Варзоб мукаррар гардидаанд. Кони онхо дар махалли Такоб, Кондара, Сафедорак, Дехималик ва гайра вокеъ гардидаанд. Дар Такоб дар баробари шпати сахрой (флюорит) дар як вакт сурб истех- сол менамоянд. Дар миёнакухи Зарафшон дар Киштудак кони нукра муайян намуданд, ки дар таркиби маъдан нукра 150-200 г/т-ро ташкил менамояд. Тадкикотхои солхои охир нишон дод, ки металлхои ранга, аз чумла рух ва сурб дар чануби Точикис- тон низ вучуд доранд. Дар ин чо кони Хочамастон, Балчувон, Йокунч, Сангисабз ва гайра муайян карда шуданд.

Мис хамчун омехтаи хамсафар дар як катор конхои мавзеи Карамазор вомехурад. Аммо аз хама бештар дар таркиби металлхои ранга дар Чорукдаррон ва 'Гарор дида мсшавад. Солхои охир маъдани мис дар кисми чанубу гарбии каторкухи Дарвоз муайян карда шудааст, ки дар таркиби он пайвастагии никел, кобалт ва платина вомехурад. Кони он дар Равнов ва Дарайтанг вокеъ гардидааст. Дар чанубу гарбии Точикистон маъдани мис инчунин дар таркиби тахшинихои куми давраи бури поён муайян карда шудаанд.

Волфрам. хамчун унсури хамсафар нафакат дар конхои металлхои рангаи Точикистони Шимолй, инчунин дар кони Майхура муайян карда шудааст. Конхои асосии волфрам дар Чорукдаррон (кухи Мугул) дар куххои Зарафшон (Сармат), Х,исор (Такфон, Кабутй) вокеъ гардидаанд. Дар каламрави Точикистон калъагй, молибден, сурма, симоб, нефелин, тилло низ тадкик шудаанд. Дар айни замон конхои калъагй дар Майхура, Мушистон, Тагобикул муайян гардидаанд (Точи­кистони Марказй). Молибденро хамчун унсури дар таркиби маъдан бартарй дошта дар кони Янгикони чанубй истехсол менамоянд. Дар таркиби маъдани он гайр аз молибден инчунин мис ва дигар металлхо дида мешавад. Дар кони Чорукдаррон хамчун унсури хамсафар вомехурад. Он дар таркиби чинехои кухии охири давраи палеозой дида мешавад. Хамчун унсури омехтаи хамсафар дар таркиби маъданй конхои Шафтолу, Юбилейний низ пахн гардидааст.

Сурма асосан дар каламрави Точикистони Марказй муайян карда шудааст. Мухимтарин конхои он дар хавзаи дарёхои Ягноб ва Могиён вокеъ гардидаанд. Дар инчо инчунин зиёда аз 40.-то махали симоб дошта мукаррар карда шудааст. Солхои охир дар каламрави Точикистон конхои боксит ва нефелину сиенит ошкор карда шуданд. Асосан онхо дар Точикистони Марказй вокеъ гардидаанд ва дар кабати тахшинихои палезой ва мезозой вомехуранд. Мухимтарини он кони нефелину сиенити Турий мебошад. Дар таркиби он хокаи алюминий 21 фоизро ташкил менамояд. Дар Точикистони Марказй инчунин конхои боксит муайян карда шудааст. Аз чумла дар нишебии шимолй ва чанубии каторкухи Хисор нишонаи конхои боксити Санггалт, Агбатахт, Шингакучкол, дар нишебихои шимолии каторкухи Зарафшон (Киштут, Урметан), каторкухи Туркистон (Кизимчак, Шаршар, Ворух) муайян карда шуданд. Он бо охаксанги давраи ангишт ва девон пайваста вомехуранд. Захираи боксит дар ин конхо начандон зиёд аст ва ахамияти саноатй надорапд. Маъданй магний дар як катор махалхои фурухамидаи Точикистон ва каторкухи Хисор ошкор карда шудааст.

Тилло вобаста ба сохти геологии Точикистон кариб дар хама мавзеъхои кухй вомехурад. Конхои онро олимон - гео- логхо ба се намуд чудо менамоянд: чинси кухии модарй, иаро- канда ва метаморфагенй. Дар каламрави Точикистон асосан конхои тиллои асил (аз кух истехсол менамоянд) ва пароканда (бо тахшинихо омехга) муайян карда шудааст. Дар каторкухи Карамазор тилло бо омехтагии металлхои ранга вомехурад. Холо дар ин чо тилло аз партови корхонаи коркарди металл­хои ранга ва кисман аз конхои асил истехсол мекунанд. Гайр аз ин тилло дар доманакухи шимолии каторкухи Зарафшон ва Дарвоз дар якчапд махал ошкор карда шудааст. Мухимтарини он кони Тарор, Чднав ва Риждавра мебошад. Тиллои паро­канда дар Дарвоз истехсол карда мешавад.

Солхои охир геологхо дар Помир мавчуд будани сарватхои маъдании зиёдро муайян кардаанд. Мухимтарини онхо тилло, волфрам (Икар), калъагй (Окчилга, Седандона, Ч,ашнй), молиб­ден, сурма, симоб, нукра мебошанд. Дар шаркии Помир аз махали Окархар захираи борро ошкор намуданд.

Каламрави Точикистон вобаста ба сохти геологй аз сарват­хои гуногунй гайри маъданй низ бой мебошад. Ин гурухи сар- ватной табий флюорит, барит, асбест, талк, магнезит, графит, волостонит, охаксанг, доломит, кварс, шпати гудохташаванда, сулфур, озокерит, намаки ош ва гайраро дарбар мегирад. Дар байни ин гурухи сарватхои гайри маъданй намаки ошй мавкеи хосро ишгол менамояд. Онро нафакат дар хурок истифода мебаранд, инчунин аз он моддахои гуногуни химиявй тайёр менамоянд. Дар каламрави Точикистон тадкикотхои геологи холо зиёда аз 50 кони намакро ошкор намудааст, ки 13-тои он захираи калон дорад. Захираи умумии намак миллиардхо тоннаро ташкил менамояд. Кисми асосии он байни куму гили давраи юра, бур ва неоген вомехурад. Аз нигохи географй он дар се мавзеъ вокеъ гардидааст: Ч,анубу Гарби Точикистон, водии Фаргона ва Помир. Аз хама конхои калони намак дар Ч,анубу Гарби Точикистон чойгир шудаанд. Аз чумла аз чихати масохат ва баландй кони намаки Хочамумин ва Хочасартез ба кух шабохат доранд. Оихоро куххои намакин хам мегуянд. Захираи геологии намаки Хочасартез 40 млрд.т., Хочамуъмин 30 млрд. тонннаро ташкил менамояд. Гайр аз ин дар ин мавзеъ конхои намаки Тутбулок, Танобчй, Норак вокеъ гаштаанд. Дар заминаи кони намаки Хочамуъмин заводи намаки Восеъ кор мекунад. Дар таркиби намаки Тутбулок (аз Ёвон 8 км дур) 63 фоиз хлориди натрий дида мешавад, онро дар комбината электрохимиявии Ёвон хамчун ашёи хом истифода мебаранд. Конхои дигари намак дар нохияи Ашт (кони Камишкургон) ва дар Помир кони намаки Шурбел маълуманд.

Флюорит дар бисёр мавзеъхои кухии Точикистон воме­хурад. Конхои он асосан дар шимоли Точикистон вокеъ гарди­даанд. Дар каторкухи Курама дар махали Навгарзан, Кони Мансур дар каторкухи Зарафшон дар Куликалон муайян карда шудааст. Дар нишебии чанубии каторкухи Х,исор геологхо флюоритро дар махалхои Такоб, Кондара, Бигар, Тениахои Сурх, Могов пайдо намуданд. Солхои охир падидаи начандон зиёди флюоритро дар каторкухи КаРотегш1 ва Помир ошкор намуданд.

Шпати сахрой бошад дар атрофи кули Маргузор, Кули­калон ва кухи Мугул муайян карда шудааст. Аз нишебии чанубии каторкухи Х,исор дар водии дарёи Селбур кони аметистро ошкор сохтанд. Мавчудияти селестинро дар шимол дар нохияи Исфара ва вилояти Хатлоп (кони Азизкент, Азиз- кенти чанубй, Чолтош-2 ва гайра) муайян намуданд, захираи ин конхо метавонад заводи гидрометаллургияи Исфараро аз ашёи хом пурра таъмии намояд. Кони барит дар кухи Мугул вокеъ гардидааст. Аммо аз сабаби кам будани захира холо истифода намешавад. Асбест дар Точикистони Шимолй, Маказй ва Помир дида мешавад. Х,оло факат кони Бунай (Помир) ахамияти саноатй дорад. Дар Чднубу Гарбии Помир, инчунин дар махалхои Мулвоч, Кухилаъл ва Ророндара мавчуд будани талк ошкор карда шудааст, ки дар кабати чинсхои кухии токембрй вомехурад. Дар байни чинсхои кухии палеозой дар води дарёи Варзоб (Харангон), нохияи Ванч магнезит кашф карда шудааст. Баъдтар конхои онро дар Чднубу Рарбии Помир хам муайян намуданд. Волластонит дар гарбии Кара- мазор дар Ч,ангалак, графит дар Помир, каторкухи Хисор, Каротегин тадкик карда шудааст. Конхои ба назар намоёни графит дар Навобод (Санги кар), Варзоб (Зардй), нохияи Ишкошим (Бодомдара) вокеъ гардидаанд. Гили ба оташ тобовар дар нохияи Турсунзода (Тошкунат), Варзоб (Зиддй) ва нохияи Исфара (Шуроб), гили адсорбсионй бошад, дар Султонобод, Кизимчй, Хочакозй, Калъаиболо, Карокушхона дида мешавад. Кони Тоинак 9 км аз Уротеппа дуртар вокеъ гардидааст. Захираи ин конхо даххо миллион тоннаро ташкил менамояд.

Охаксанг ва доломитро хамчун ашёи хом дар саноатй химия истифода мебаранд. Кони онхо дар нохияи Ёвон (Пусхур, Ёвон), Рудакй (Чинор), Каратог, Харангон, Дахана, Табокчй, Консой, Исфара (Араб, Ворух) мавчуданд. Ин конхо пайдоиши палеогенй доранд. Конхои Исфараро барои истех- соли охаки сохтмонй ва конхои Ёвон бошад, барои истехсоли соддаи каустики, карбиди калсй ва металли магний истифода бурдан мумкин аст. Кони Пусхурро комбината электрохи- миявии Ёвон истифода мебарад. Кварс ва шпати сахрой хамчун ашёи хом дар саноатй шиша, истехсоли асбобхои оптикй, сафо- лин истифода мешавад. Кони онхо дар кухй Карамазор, Варзоб (Такоб, Дехаималик), нохияи Конибодом, кухй Мугул дида мешаванд. Дар кухй Карамазор кони перлит ва баъдтар, дар нохияи Исфара (Лаккон), Шахритус (Туюнтог), Мургоб ва каторкухи Зарафшон кибрит муайян карда шудааст. Захираи озокерит дар нохияи Исфара (Селроха) бештар аст. Конхои булури кухиро дар Помир (хавзаи дарёи Бартанг, Ванч, Язгулом, Шохдара) ва Варзоб тадкик намудаанд. Конхои сшода бошад дар Чднубу Гарбии Помир (Лочвардцара, Абхар) ошкор шудааст.

Конхои фосфорит асосан дар каламрави Точикистони Марказй ва фурухамидаи чанубии Точикистон пахн шудаанд. Онхо дар тахшонихои куму гил ва охаксанги давраи палеогенй вомехуранд. Холо зиёда аз 30 махалли мавчудияти фосфорит мукдррар гардидаанд. Кони калонгарини он дар Равот (катор­кухи Туркистон) ва Зиддй (каторкухи Х,исор) чойгир шудааст. Кони Равот дар масофаи 22 км дуртар кашол ёфта бари он 1,5-2 км-ро ташкил менамояд. Он 5 км аз Панчдкент вокеъ гарди­дааст. Дар таркибаш оксиди фосфор ба хисоби миёна 5-5,5 фоизро ташкил менамояд. Кони Зиддй дар назди дехаи Зиддй дар самти шимоли он чойгир шудааст. Он аз 8 кабати фосфор- диханда иборат буда гафсии хар кабат 1 метр ва аз ин зиёд- тарро ташкил менамояд. Захирааш 2 млн. тонна буда, дар таркибаш оксиди фосфор ба хисоби миёна 8,2 фоизро ташкил менамояд. Селитраи табий дар атрофи ш. Исфара (Араб- кишлок, Кулкамазор, Алмабарсу, Шуроб, Хонобод, Зумрад, Калъачаимазор) ва нохияи Вахш (кисми гарбии КИЗИЛТУМШУК ва КУргон) вомехурад.

Каламрави Точикистон вобаста ба сохти геологи аз санг- хои киматбахо ва ашёи зебузинатию ороишй низ бой мебошад. Онхо бо шаффофй, рангорангй, сахтй ва ба зарба тобоварй фарк менамоянд.

Сангхои киматбахо дар Точикистон ва истифодаи онхо аз даврахои кадим маълум буд. Хусусан Помир бо лаъл, лочвард ва фирузаи худ машхур буд. Минбаъд дар замони мо барои кофтуков, омузиш, истехсол ва коркарду ба фуруш баро- вардани он муассисахои махсус ташкил карда шуданд. Х,оло микдори конхои сангхои киматбахо ва ашёхои нардозию ороишй бепггар аз 300-ро ташкил менамояд. Онхо асосан дар ду мавзеъ: Точикистони Марказй ва Помир вокеъ гардидаанд. Мавкеи асосиро Помир ишгол менамояд. Дар айни замон дар каламрави Точикистон гайр аз лаълу лочвард ва фируза, ёкут боз топаз, аквамарин, турмалин, скаполит, акик, амазонит, булури кухй, яшм ва гайра кашф карда шудаанд. Мавзеи чанубии Х,исор, Рашт ва Точикистони Марказй низ мавзеъхои умедбахш мебошанд.

Худуди Точикистон аз ашёи масолехи сохтмон бой мебошад. Амалан онро дар хама гушаю канори чумхурй дидан мумкин аст. Х,оло зиёда аз 100 манбаъи ашёи истехсоли масо­лехи сохтмон муайян карда шудааст. Он аз гил, охаксанг, куму шагал, куми кварсй, гач, ангидрид ва гайра иборат мебошад. Дар дохили ашёи истехсоли масолехи рупушкунанда ва ороишй ахамияти калон дорад. Ба он мармар, доломит, санги хоро, гач, конгломерат, габбро, туф ва гайра дохил мешаванд. Конхои он дар Точикистони Шимолй, Марказй ва Помир муайян карда шудаанд.

Аз чумла охаксанги сохтмонй дар Каратог, Ширкент, (каторкухи Х,исор), Табакчй (Вахш), Делонтог (нохияи Кулоб), Шуроб, Исфара (нохияи Исфара), гипс (гач) дар шимоли Точикистон, гурухи нохияхои Хатлон, атрофи шахри Душанбе (5 кон) вокеъ гардидаанд. Такрибан дар хама нохияхои кухии чумхурй сангхой сохтмонй ба монанди санги хоро, диорит, порфирит, диабаз, охаксанг ва кварсит дида мешаванд. Конхои Калонтарини санги хорои сурх ва габбро дар шимоли Точикистон (Шайдон, Окчар) вокеъ гардиданд. Аз ин сангхо - санги осиёхои оби хам тайёр мекунанд. Кум ва конгломерат дар водии дарёхо ва доманакуххо вомехуранд. Онхо бештар дар чануби Точикистон пахн гардидаанд. Дар шимоли Точикистон конгломерата Такелиро хамчун ашёи рупушкунанда истифода мебаранд. Аз чинсхои кухии карбонатии сохтмонй охаксанг, мармар, доломит ва мергел пахн гардидаанд. Дар нохияи Ванч (Даштак), Гончй (Дайлони боло), водии дарёи Варзоб (Сиома) конхои охаксанги ба мармар табдил ёфта вокеъ гардидаанд. Солхои охир дар нохияи Ванч конхои нави мармар - Шавгар ва Ч,ангалакро муайян карданд. Мармар инчунин дар нохияи Панчакент вомехурад.

Дар каторкуххои Помир, Зарафшон, Туркистон ва Х,исор обхои зиёди маъданй ва шифобахш муайян карда шудаанд. Дар доманакухи Туркистон дуто манбаъи оби гарм тадкик карда шуданд: Обишифо ва Хавотог. Обишифо 25 км аз Исфара ба тарафи гарб вокеъ гардида аст. Онро дармоигохи Зумрад истифода мебарад. Оби маъдании Хдвотог то 54° харорат дорад. Он дар наздикии шахри Истаравшан вокеъ гардидааст. Ин обро дар дармонгохи Х^авотог истифода мебаранд. Обхои гарми маъданй дар нишебии кисми чанубии каторкухи Х^сор зиед мебошад. Дар ин чо тавассути пармакунй оби гарми маъдании Гармоба, Хочаобигарм, Обигарм, Шамбарй, Явроз ба сатхи замин бароварда шудааст, ки онро дар дармонгоххо барои муолича истифода мебаранд. Хочаобигарм аз сатхи бахр дар баландии 1860-1900 метр вокеъ гардида аст. Дигар манбаъи оби гарм дар Ромит дар баландии 1000-1300 м (Калтуч) чойгир шудааст. Дар каторкухи Хдсор дар баландии 3000 м чашмаи оби нугаокй навъи нарзан - Сапгхок вокеъ гардидааст. Дигар мавзсъе, ки обхои маъдании гарм ва шифобахш бештар вомеху­рад, ин Помир аст. Аз хама мухими он Гармчашма мебошад. Х,арорати он такрибан 62°-ро ташкил менамояд. Чунин чаш- махо дар Ваздара, Чурж, Баршор, Авч, Аидароб, Удит, Инив, Даршай низ вучуд доранд. Ба чашмахое, ки таркибашон ба оби нарзан монанд аст, чашмаи Бувак, Хозгунй, Дустироз, Жунт,

Нерхун, Сист, Ширгин, Саришитхавр, Врангро дохил мсша- ванд.

Дар байни чапшахои ншфобахши Помир аз хама бсштар барои табобат Гармчашма, Авч, Баршор истифода бурда мешаванд. Дар асоси ин маибаъхои обхои маъданй дар назди онхо барои табобат дармонгохх,о ташкил дода шудаанд.



Дар Точикистони чанубй хам обхои маъдании гарм ва нушокй зиёданд. Онхо бештар дар водии Вахш ва Кулоб воме- хуранд. Аз чумла обхои гарму хунуки маъданиро солхои охир геологхо дар кухи Ятим, Кичикбел, Ариктог, Кародум, Сайёх, Пушмиён, Гурдара ва гайра муайян намуданд. Обхои шур дар атрофи конхои намаки Хочамуъмин, Хочасартез вомехуранд. Х,амиы тавр каламрави Точикистон аз хама намудхои сарват- хои табий, ки заминаи инкишофи хочагии халк мебошад, бой аст. Истифодаи самараноки онхо яке аз роххои мухими пеш- рафти иктисодиёти кишвар мебошад.





Достарыңызбен бөлісу:




©dereksiz.org 2024
әкімшілігінің қараңыз

    Басты бет