Вуҷуби амал ба суннати Расули Худо (с)



Дата21.06.2016
өлшемі331.81 Kb.
#151680

Вуҷуби амал ба суннати Расули Худо (с)

] طاجيكية – Tajiki – Тоҷикӣ [

Абдулазиз ибни Абдуллоҳ

Таҳия ва таҳрир: Мусъаби Ҳамза
2011 - 1432


﴿ وجوب العمل بسنة رسول الله صلى الله عليه وسلم وكفر من أنكرها ﴾

«باللغة الطاجيكية»

عبد العزيز بن عبد الله بن باز

مراجعة: مصعب حمزة


2011 - 1432



Вуҷуби амал ба суннати Расули Худо (с) ва куфри касе, ки онро инкор кунад
Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон

Ҳамду сано барои Худованди якто, Ӯро шукргузорӣ мекунем, ва аз Ӯ ёрӣ ва талаби мағфират мекунем ва ба сӯи Аллоҳ аз шарри нафсҳоямон ва бадии аъмоламон паноҳ мебарем. Касеро Худованд ҳидоят кунад, пас ӯро касе гумроҳ карда наметавонад ва касеро гумроҳ кунад, пас ӯро ҳидояткунандае нест.

Ва шоҳидӣ медиҳам, ки нест Худои барҳақ магар Аллоҳи ягонаи бешарик ва шоҳидӣ медиҳам, ки Муҳаммад бандаи Ӯ ва расули Ӯст.

Илми ҳадис ё суннат илмест, ки ба воситаи он гуфтаҳо, кардаҳо ва аҳволу кирдори Пайғамбар (с) шинохта мешавад.


Суннат чист?

Суннат дар луғат ба маънои рафтор омада аст, хоҳ рафтори хуб бошад хоҳ бад , онро суннат мегуянд.

Чи гунае ки Расули худо (с) мефармоянд:

«من سنَّ سنة حسنة فله أجرها وأجر من عمل بها إلى يوم القيامة, ومن سنَّ سنة سيئة فعليه وزرها ووزر من عمل بها إلى يوم القيامة». [مسلم].

«Касе, ки суннат ва рафтори хубе бунёдгузорӣ кунад, аҷру подоши он суннат ва касе, ки ба он амал кунад, то рӯзи қиёмат ба ӯ мерасад ва касе ки суннат ва рафтори баде бунёдгузорӣ кунад, гуноҳи он кирдори бад ва гуноҳи касе, ки онро анҷом медиҳад то рӯзи қиёмат ба бунёдгузораш мерасад» (Муслим)

Олимони ҳадис суннатро ингуна таъриф гузоштанд: Маҷмуъаи гуфтор, кирдор, таъйид ва васфи чигунагии хилқат ва ахлоқи собитшуда аз пайғамбари худоро, хоҳ пеш аз пайғамбариаш бошад ва ё баъди пайғамбариаш, суннат гуфта мешавад.

(Пас ҳар чизе, ки аз Расули худо (с) барои мо расидааст, аз суханҳо, амалҳо, корҳое, ки таъйид кардааст, васфи хилқати пайғамбар ва ахлоқи пайғамбар, суннат номида мешавад.)

Дар истилоҳи олимони усул: Қавл, феъл ва тақрир, яъне: аҳволи нақлшуда аз Расули худо (с) суннат ном дорад.

Мисоли қавл: Гуфтори Пайғамбар дар ҳар муносибате ва ончи мутааллиқ ба шарҳи аҳком аст.

Чигунае ки Пайғамбари худо (с) фармуданд:

«إنَّما الأعمال بالنيات». [متفق عليه].

«Дар ҳақиқат амалҳо ва кирдор ба ният бастагӣ дорад». (Муттафақун алайҳи).

Мисоли афъол ва кирдор: Ончи ки саҳоба аз корҳо ва рафтори Расули худо (с) дар ибодатҳо мисли адои намоз, ҳаҷ, одоби рӯза ва дигар аҳкоми шариъат барои мо нақл намудаанд.

Мисоли тақрир: Агар аз саҳоба амале содир мешуд ва Пайғамбар (с) дар баробари он сукут мекард ва ё онро таъйид менамуд, ва ё ин ки он корро бузург мешуморид, ин амали Пайғамбар (с) тақрир аст.

Баҳсу ҷустуҷӯ дар суннат ва аҳодиси Мустафо (с) бисёр амри муҳим аст, зеро суннат аз ҷумлаи масодири шариъат аст ва хусусан душманони исломро мебинем, ки мехоҳанд дар мавриди суннати Мустафо (с) дар дили мусулмонон шак ва тардид эҷод намоянд.

Ва ҷойи ҳеҷ шакку тардиде нест, ки суннати мутаҳҳари Пайғамбари ислом масдари дуввуми ташриъ баъд аз Қуръон аст. Зеро Қуръон ғолибан дарбаргирандаи қоидаҳои умумӣ ва аҳкоми куллӣ дар ташриъи исломӣ аст. Ва суннати мутаҳҳар шарҳдиҳандаи ин қоидаҳои умумӣ ва аҳкоми куллӣ мебошад.

Ва мо аз сабаби он ки ин рисола равшангари аҳамияти суннати мутаҳҳари Расули худо (с) мебошад, ба забони тоҷикӣ онро тарҷума ва таҳия намудем. То ин ки бо хондан ва мутолиаи он битавонанд ба аҳамияти суннат пай баранд.

Умедворам бо тарҷума ва таҳияи ин рисола хидмате ба дини мубини ислом карда бошем ва хонандагони гиромӣ аз хондани ин рисола истифодаи хубе бибардоранд.

Ва қаблан аз хонандагони мӯҳтарам аз хатоҳои эҳтимолӣ дар тарҷума, таҳия ва чоп узрхоҳӣ мекунем.

Чунки касе ҷуз пайғамбарон ва анбиё (алаҳимус-салом) маъсум ва пок аз хато нест ва башар мояи иштибоҳ аст.

Аз Худованд масъалат дорем, ки онро хос барои ризоӣ ва хушнудии худ қарор диҳад.

Ҳамду сано барои Худованд ва дуруду салом бар

Пайғамбарамон Муҳаммад (с) ва олу асҳобаш бод.

Ҳамду сано барои парвардигори оламиён ва оқибати неку барои парҳезгорон ва муттақиён аст.

Ва дуруду раҳмат бар бандаи Худо ва расулаш Пайғамбарамон Муҳаммад фиристодашуда: раҳмат барои оламиён ва ҳуҷҷат барои ҳама бандагон ва бар олу асҳобаш, касоне, ки китоби Худовандро бо суннати пайғамбараш бо амонати комил ва яқин ва муҳофизати пурра бар алфоз ва маъонияш бар ояндагони баъдашон расониданд ва Худованд моро аз пайравони некуи онҳо гардонад.
Аммо баъд:

Олимони Ислом дар замони гузашта ва ҳозира иттифоқ кардаанд, ки асл ва асоси муътабар дар исботи аҳкоми шариъат ва ҳалолу ҳаром дар дараҷаи аввал Қуръони карим китоби Худованд аст.

)لَّا يَأۡتِيهِ ٱلۡبَٰطِلُ مِنۢ بَيۡنِ يَدَيۡهِ وَلَا مِنۡ خَلۡفِهِۦۖ تَنزِيلٞ مِّنۡ حَكِيمٍ حَمِيدٖ ٤٢ ( [فصلت: ٤٢]

«На аз пеши рӯй ботил ба ӯ роҳ ёбад ва на аз пас (Яъне аз ҳеҷ тарафе ботил бар ӯ роҳ намеёбад). Нозилшуда аз ҷониби Худованде ҳакиму сутуданист» (Фуссилат, 42)

Баъд аз Қуръон суннати Расули Худо (с) аст, ки аз ҳавову ҳавас гап намезанад, балки ваҳйи аст, ки Худованд бар Ӯ (с) нозил фармуда аст.

Баъд аз Қуръон ва суннат (яъне асл ва масдари севум) Иҷмоъи олимони уммати исломӣ аст.

Ва олимон дар аслҳои дигар ихтилоф доранд, ки муҳимтарини он Қиёс мебошад.

Ва ҷумҳури олимон бар ин назаранд, ки Қиёс агар шартҳои муътабари он комил бошад ҳуҷҷат аст.

Ва далелҳо бар ин аслҳо зиёд аст, ки ҳатто шумораш наметавон кард ва шӯҳраташ зиёда аз он аст, ки мо инҷо онро зикр кунем.


Асли аввал:

Аммо асли аввал: Қуръон китоби Худованд аст, ки дар баъзе аз ҷойҳои ин китоб бар вуҷуби иттибоъ ва пайравӣ ва чанг задан ба он ва таваққуф кардан дар ҳудуди қонунҳои Илоҳӣ далолат мекунад.

Худованд мефармояд:

)ٱتَّبِعُواْ مَآ أُنزِلَ إِلَيۡكُم مِّن رَّبِّكُمۡ وَلَا تَتَّبِعُواْ مِن دُونِهِۦٓ أَوۡلِيَآءَۗ قَلِيلٗا مَّا تَذَكَّرُونَ ٣ ( [الأعراف: ٣]



«Аз он чӣ аз ҷониби Парвардигоратон бароятон нозил шудааст, пайравӣ кунед ва ғайри ӯ аз худоёни дигар пайравӣ макунед! Шумо чӣ андак панд мепазиред!» (Аъроф 3)

Дар ҷои дигар Худованд мефармояд:

)وَهَٰذَا كِتَٰبٌ أَنزَلۡنَٰهُ مُبَارَكٞ فَٱتَّبِعُوهُ وَٱتَّقُواْ لَعَلَّكُمۡ تُرۡحَمُونَ ١٥٥ ( [الأنعام: ١٥٥]

«Ин китобест муборак. Онро нозил кардаем. Пас аз он пайравӣ кунед ва парҳезгор бошед,  то  ки мавриди раҳмат қарор гиред!» (Анъом 155)

Инчунин мефармояд:

)يَٰٓأَهۡلَ ٱلۡكِتَٰبِ قَدۡ جَآءَكُمۡ رَسُولُنَا يُبَيِّنُ لَكُمۡ كَثِيرٗا مِّمَّا كُنتُمۡ تُخۡفُونَ مِنَ ٱلۡكِتَٰبِ وَيَعۡفُواْ عَن كَثِيرٖۚ قَدۡ جَآءَكُم مِّنَ ٱللَّهِ نُورٞ وَكِتَٰبٞ مُّبِينٞ ١٥ يَهۡدِي بِهِ ٱللَّهُ مَنِ ٱتَّبَعَ رِضۡوَٰنَهُۥ سُبُلَ ٱلسَّلَٰمِ وَيُخۡرِجُهُم مِّنَ ٱلظُّلُمَٰتِ إِلَى ٱلنُّورِ بِإِذۡنِهِۦ وَيَهۡدِيهِمۡ إِلَىٰ صِرَٰطٖ مُّسۡتَقِيمٖ ١٦ ) [المائدة: ١٥- ١٦]

«Эй аҳли Китоб, паёмбари Мо назди шумо омад, то бисёре аз китоби Худоро, ки пинҳон медоштед, бароятон баён кунад ва аз бисёре даргузарад ва аз  ҷониби Худо нуре ва китобе сареҳу ошкор бар шумо нозил шудааст 15.

То Худо ба он ҳар касро, ки дар пайи хушнудии ӯст, ба роҳҳои саломат ҳидоят кунад ва бо фармони Худ аз торикӣ ба рӯшноияшон бубарад ва ононро ба роҳи рост ҳидоят кунад 16.» (Моида 15-16)

Дар ҷои дигар Худованд мефармояд:

(إِنَّ ٱلَّذِينَ كَفَرُواْ بِٱلذِّكۡرِ لَمَّا جَآءَهُمۡۖ وَإِنَّهُۥ لَكِتَٰبٌ عَزِيزٞ ٤١ لَّا يَأۡتِيهِ ٱلۡبَٰطِلُ مِنۢ بَيۡنِ يَدَيۡهِ وَلَا مِنۡ خَلۡفِهِۦۖ تَنزِيلٞ مِّنۡ حَكِيمٍ حَمِيدٖ ٤٢ ) [فصلت: ٤١- ٤٢]

«Онон, ки ба Қуръон, ки барои ҳидояташон омадааст, имон намеоваранд (бар мо пӯшида намемонанд ва ба сазои хеш расанд), ҳол он ки китобе арҷманд аст 41.

На аз пеши рӯй ботил ба ӯ роҳ ёбад ва на аз пас. Нозилшуда аз ҷониби Худованде ҳакиму сутуданист 42» (Фуссилат 41-42)

Инчунин Худованд мефармояд:

(وَأُوحِيَ إِلَيَّ هَٰذَا ٱلۡقُرۡءَانُ لِأُنذِرَكُم بِهِۦ وَمَنۢ بَلَغَۚ ١٩ ) [الأنعام: ١٩]

«Ва ин Қуръон бар ман ваҳй шудааст, то шуморо ва ҳар касро, ки ба ӯ бирасад, бим диҳам» (Анъом 19)

Инчунин Худованд мефармояд:

(هَٰذَا بَلَٰغٞ لِّلنَّاسِ وَلِيُنذَرُواْ بِهِۦ وَلِيَعۡلَمُوٓاْ أَنَّمَا هُوَ إِلَٰهٞ وَٰحِدٞ وَلِيَذَّكَّرَ أُوْلُواْ ٱلۡأَلۡبَٰبِ ٥٢) [إبراهيم: ٥٢]

«Ин паёмест барои мардум то ба он бимнок шаванд ва бидонанд, ки ӯст Худои якто ва то хирадмандон панд гиранд!» (Иброҳим 52).

Ва дигар оятҳои зиёдест дар ин мавзӯъ.

Инчунин аҳодиси саҳеҳ ва собити зиёде аз Расули худо (с) ворид шудааст, ки далолат бар тамассук ва чанг задан ва паноҳ бурдан ба китоби худованд, Қуръони карим ва пайравӣ аз авомири он мекунад.

Ин аҳодис далолаткунандаи онанд, ки ҳар касе бар ин китоб чанг бизанад ва аз он пайравӣ кунад бар ҳидоят ва роҳи рост аст, ва ҳар касе онро тарк кунад ва аз он пайравӣ накунад дар гумроҳӣ ва залолат аст.

Ва аз ҷумлаи он аҳодис хутбаи ҳаҷҷи видоъ аст, ки Расули худо (с) чунин фармуданд:

«إنّي تارك فيكم ما لن تضلوا إن اعتصمتم به كتاب الله». [مسلم]

«Ман байни шумо чизе гузоштаам, ки агар ба он эътисом карда ва чанг бизанед ва амал кунед, ҳаргиз гумроҳ нахоҳед шуд ва он китоби Худо Қуръон аст». (Муслим)

Инчунин дар саҳеҳ Муслим аз Зайд ибни Арқам (рз) ривоят аст, ки расули худо (с) фармуд:

«إنّي تارك فيكم الثَّقَلَين أولهما كتاب الله فيـه الهُدى والنور فخذوا بكتاب الله وتمسكوا به» [مسلم]

«Ман байни шумо ду чизи сангин ва азим гузоштаам, яке китоби худо (Қуръон) аст, ки ҳидоят, пирӯзӣ ва нур дар он аст, онро маҳкам бигиред ва ба ӯ чанг бизанед – пас мардумро ба сӯи китоби худо таҳрик ва ташвиқ намуд - сипас фармуд: Ва аҳлу байтро миёни шумо мегузорам, дар бораи аҳли байтам аз худо битарсед, (ва онро ду бор такрор кард)» (Муслим)

Ва дар лафзи дигар омадааст: Қуръон ресмони Худо аст, касе ки бар он тамассук варзад ва чанг бизанад, ӯ бар роҳи рост ҳидоят хоҳад ёфт ва касе ки онро тарк кунад бар гумроҳӣ аст.

Ва иҷмоъи олимон ва аҳли имон аз саҳоба ва касоне, ки баъди онҳо омадаанд, дар мавриди воҷиб будани тамассук ба китоби худо ва ҳукму қазоват кардан ба он бо ҳамроҳии суннати Расули худо (с) кифояткунанда аст ва ҳоҷат ба овардани далелҳо дар ин маврид ва тӯлонӣ кардани матлаб нест.



Асли дувум:

Масдари дуввум дар Ислом суннати Пайғамбар (с) мебошад.

Аз усул ва масодири сегона, ки олимони ислом бар он иттифоқ ва иҷмоъ доранд, суннати саҳеҳи расули худо (с) аст ва касоне ки баъд аз Расули худо (с) омадаанд ба он асл ва асос имон оварда ва онро ҳуҷҷат қарор додаанд ва онро ба уммати Муҳаммад омӯзиш додаанд.

Дар ин бора китобҳои зиёде таълиф намуда онро дар китобҳои "Усули фиқҳ ва мусталаҳи ҳадис" баён намудаанд.

Дар мавриди ин ки суннати Расули худо аслу асоси дуввум аст далелҳои зиёде вуҷуд дорад, ки ҳатто наметавон онҳоро дар ҳаср ва шумор овард.

Баъзе аз ин далелҳо дар Қуръони карим ворид шудааст, ки худованд дастур ба пайравӣ ва итоат аз Расулашро додааст.

Ва мавриди хитоби ин дастурот ва авомир уммати Расули худо (с) дар замони Ӯ ва касоне, ки баъд аз Ӯ (с) меоянд, қарор мегирад.

Зеро Ӯ (с) барои тамоми ҷаҳониён фиристода шудааст ва онон маъмуранд то рӯзи қиёмат тобеъ ва пайрави Ӯ(с) бошанд.

Ва Ӯ (с) муфассир ва баёнкунандаи Қуръон аст ва ҷойҳои номафҳуми он бо гуфтаҳо ва кирдору тақрироти Ӯ (с) баён шудааст.

Ва агар суннати Пайғамбар (с) намебуд мусалмонон адади ракатҳои намоз ва чигунагии он ва воҷиботи онро намедонистанд.

Инчунин шарҳу тафсили аҳкоми рӯза, закот, ҳаҷ, ҷиҳод дар роҳи худо ва амри ба маъруф наҳйи аз мункарро намедонистанд.

Ва шарҳи аҳкоми муъомалот аз хариду фурӯш ва муҳаррамот аз ҳалолу ҳаром ва воҷиботро дар мавриди кайфарҳо ва ҷазоҳои шаръӣ намедонистанд.

Аз ҷумлаи оятҳое, ки дар ин бора нозил шудааст, Худованд мефармояд:

(وَأَطِيعُواْ ٱللَّهَ وَٱلرَّسُولَ لَعَلَّكُمۡ تُرۡحَمُونَ ١٣٢) [آل عمران: ١٣٢]



«Ва аз Худову расул итоат кунед, то  дохили раҳмат шавед!» (Оли Имрон 132)

Дар ҷои дигар Худованд мефармояд:

(يَٰٓأَيُّهَا ٱلَّذِينَ ءَامَنُوٓاْ أَطِيعُواْ ٱللَّهَ وَأَطِيعُواْ ٱلرَّسُولَ وَأُوْلِي ٱلۡأَمۡرِ مِنكُمۡۖ فَإِن تَنَٰزَعۡتُمۡ فِي شَيۡءٖ فَرُدُّوهُ إِلَى ٱللَّهِ وَٱلرَّسُولِ إِن كُنتُمۡ تُؤۡمِنُونَ بِٱللَّهِ وَٱلۡيَوۡمِ ٱلۡأٓخِرِۚ ذَٰلِكَ خَيۡرٞ وَأَحۡسَنُ تَأۡوِيلًا ٥٩ ) [النساء: ٥٩]

«Эй касоне, ки имон овардаед, Худоро итоат кунед ва аз расул ва сардорони хеш фармон баред. Ва чун дар коре ихтилоф кардед, агар ба Худову  паёмбар руҷӯъ кунед, дар ин хайри шумост ва саранҷоме беҳтар дорад» (Нисо 59)

Дар ҷои дигар Худованд мефармояд:

(مَّن يُطِعِ ٱلرَّسُولَ فَقَدۡ أَطَاعَ ٱللَّهَۖ وَمَن تَوَلَّىٰ فَمَآ أَرۡسَلۡنَٰكَ عَلَيۡهِمۡ حَفِيظٗا ٨٠ ) [النساء: ٨٠]

«Ҳар кӣ аз Паёмбар итоат кунад, аз Худо итоат кардааст. Ва онон, ки саркашӣ кунанд, пас Мо туро ба нигаҳбонии онҳо нафиристодаем» (Нисо 80)

Чӣ гуна мумкин аст, ки тоати Ӯро (с) ба ҷой оред ва дар он чи, ки мардум ихтилоф кунанд ба сӯи китоби худо ва суннати Расули худо (с) баргардонед, агар аз суннат ҳуҷҷат ва далел гирифта нашавад? Ё ин ки тамоми суннат маҳфуз набошад?

Ва агар ин гуна бошад пас сухани худованд мардумро ба чизе баргардонидааст, ки вуҷуд надорад.

Ва ин аз ботилтарин ва пучтарин дурӯғҳо аст ва куфри бузурге ба худо ва гумони бад ба Ӯст.

Худованд мефармояд:

(بِٱلۡبَيِّنَٰتِ وَٱلزُّبُرِۗ وَأَنزَلۡنَآ إِلَيۡكَ ٱلذِّكۡرَ لِتُبَيِّنَ لِلنَّاسِ مَا نُزِّلَ إِلَيۡهِمۡ وَلَعَلَّهُمۡ يَتَفَكَّرُونَ ٤٤ ) [النحل: ٤٤]



«Бар ту Қуръонро нозил кардем, то он чиро барои мардум нозил шудааст, барояшон баён кунӣ ва бошад, ки биандешанд» (Наҳл 44)

Инчунин Худованд мефармояд:

(وَمَآ أَنزَلۡنَا عَلَيۡكَ ٱلۡكِتَٰبَ إِلَّا لِتُبَيِّنَ لَهُمُ ٱلَّذِي ٱخۡتَلَفُواْ فِيهِ وَهُدٗى وَرَحۡمَةٗ لِّقَوۡمٖ يُؤۡمِنُونَ ٦٤ ) [النحل: ٦٤]

«Мо ин китобро (Қуръонро) бар ту нозил кардаем, барои он ки ҳар чиро, ки дар он ихтилоф доранд, барояшон баён кунӣ. Ва низ роҳнамову раҳмате барои мӯъминон бошад» (Наҳл 64)

Пас агар суннат ҳуҷҷат ва собит набошад чӣ гуна Худованд шарҳу баёни Қуръони нозилшударо бар Пайғамбар вогузор мекунад.

Мисоли он ин гуфтаи худованд аст, ки мефармояд:

(قُلۡ أَطِيعُواْ ٱللَّهَ وَأَطِيعُواْ ٱلرَّسُولَۖ فَإِن تَوَلَّوۡاْ فَإِنَّمَا عَلَيۡهِ مَا حُمِّلَ وَعَلَيۡكُم مَّا حُمِّلۡتُمۡۖ وَإِن تُطِيعُوهُ تَهۡتَدُواْۚ وَمَا عَلَى ٱلرَّسُولِ إِلَّا ٱلۡبَلَٰغُ ٱلۡمُبِينُ ٥٤ ) [النور: ٥٤]



«Бигӯ: «Ба Худо итоат кунед ва ба Паёмбар итоат кунед. Пас агар рӯй гардонед, бар Паёмбар анҷоми он чизе воҷиб аст, ки бар души вай ниҳода шудаст (таблиғи рисолат) ва бар шумо ҳам анҷоми чизе воҷиб аст, ки бар души шумо ниҳода шудааст (итоати содиқона ва ибодати мухлисона). Ва агар ба ӯ итоат кунед, ҳидоят ёбед. Ва бар Паёмбар ҷуз таблиғи ошкор ҳеҷ нест» (Нур 54)

Худованд мефармояд:

(وَأَقِيمُواْ ٱلصَّلَوٰةَ وَءَاتُواْ ٱلزَّكَوٰةَ وَأَطِيعُواْ ٱلرَّسُولَ لَعَلَّكُمۡ تُرۡحَمُونَ ٥٦) [النور: ٥٦]

«Ва намоз бигузоред ва закот бидиҳед ва ба паёмбар  итоат кунед, то, ки бар шумо раҳмкарда шавад!» (Нур 56)

Дар ҷои дигар Худованд мефармояд:

(قُلۡ يَٰٓأَيُّهَا ٱلنَّاسُ إِنِّي رَسُولُ ٱللَّهِ إِلَيۡكُمۡ جَمِيعًا ٱلَّذِي لَهُۥ مُلۡكُ ٱلسَّمَٰوَٰتِ وَٱلۡأَرۡضِۖ لَآ إِلَٰهَ إِلَّا هُوَ يُحۡيِۦ وَيُمِيتُۖ فَ‍َٔامِنُواْ بِٱللَّهِ وَرَسُولِهِ ٱلنَّبِيِّ ٱلۡأُمِّيِّ ٱلَّذِي يُؤۡمِنُ بِٱللَّهِ وَكَلِمَٰتِهِۦ وَٱتَّبِعُوهُ لَعَلَّكُمۡ تَهۡتَدُونَ ١٥٨ ) [الأعراف: ١٥٨]

"Бигӯ: «Эй мардум ман фиристодаи Худо бар ҳамаи шумо ҳастам. Он Худое, ки фармонравоии осмонҳову замин аз они ӯст ва ҳеҷ Худое барҳақ ҷуз ӯ нест. Зинда мекунад ва мемиронад. Пас ба Худо ва Расули ӯ, он паёмбари уммӣ, ки ба Худову суханони ӯ имон дорад, имон биёваред ва аз ӯ пайравӣ кунед, бошад, ки ҳидоят шавед!» (Аъроф 158)

Дар оятҳои гузашта далели возеҳу равшан аст, ки ҳидоят ва раҳмат дар иттибоъ ва пайравӣ аз Расули худо (с) мебошад.

Пас амал накардан бар суннати Расули Худо (с) ё ин ки суннати Ӯ (с) саҳеҳ н ест, ё бар суннати Ӯ (с) эътимод наметавон кард, гуфтан, чӣ гуна мумкин аст, ки раҳмат ва ҳидоят бошад.

Худованд мефармояд:

(فَلۡيَحۡذَرِ ٱلَّذِينَ يُخَالِفُونَ عَنۡ أَمۡرِهِۦٓ أَن تُصِيبَهُمۡ فِتۡنَةٌ أَوۡ يُصِيبَهُمۡ عَذَابٌ أَلِيمٌ ٦٣) [النور: ٦٣]

«Онон, ки аз фармони ӯ сарпечӣ мекунанд, бояд битарсанд, ки мабодо ба онҳо фитнае ё азобе дардовар (дар баробари исёне, ки меварзанд) бирасад (мисли қаҳтӣ, зилзила ва дигар мусибатҳои дунявӣ ва ё ин ки мисли дӯзах ва дигар шиканҷаҳои ухравӣ)!» (Нур 63)

Ва Худованд мефармояд:

)وَمَآ ءَاتَىٰكُمُ ٱلرَّسُولُ فَخُذُوهُ وَمَا نَهَىٰكُمۡ عَنۡهُ فَٱنتَهُواْۚ وَٱتَّقُواْ ٱللَّهَۖ إِنَّ ٱللَّهَ شَدِيدُ ٱلۡعِقَابِ ٧ ( [الحشر: ٧]

«Ҳар чӣ паёмбар ба шумо дод, биситонед ва аз ҳар  чӣ шуморо манъ кард, парҳез кунед. Ва аз Худо битарсед, ки ҳаройна,  Худо сахтуқубат аст!» (Ҳашр 7)

Дар ин ҷо як қоидаи муҳиме муқаррар доштааст, ки он тобеъияти роҳбари мусулмонон аз нусуси шариъат аст.

Дар ин мавзӯъ оятҳои зиёде ворид шудааст, ки далолат бар вуҷуби итоат аз Ӯ (с) ва пайравӣ аз он чи ки Ӯ овардааст, мекунад.

Чунонки дар боло вуҷуби иттибоъи китоби Худоро ва ба ҷой овардани авомир ва навоҳии онро бо далелҳо зикр кардем.

Ин ду асл ва масдар ки зикр кардем, мулозим ва вобаста ба ҳам ҳастанд ва аз ҳам ҷудошуданӣ нестанд.

Ва ҳар касе агар яке аз ин ду аслро инкор кунад, гӯё ҳардуро инкор кардааст. (Яъне: агар касе суннати Расули худоро (с) инкор кунад, маънои онро дорад Қуръонро ҳам инкор кардааст ва акс ҳам ҳаминхел аст.)

Ин амал (инкор ё дурӯғ шуморидани яке аз ин ду асос: Қуръон ва суннати Расули худо (с)) бо иҷмоъ ва иттифоқи аҳли илм куфру гумроҳӣ ва хориҷ шудан аз дини Ислом мебошад.

Инчунин аҳодиси зиёде дар вуҷуби итоат ва пайравӣ аз ончи Расули худо (с) овардааст ва ҳаром будани нофармонияш ба таври мутавотир ворид шудааст.

Ва ин вуҷуби итоат аз Расули худо (с) барои ҳама то рӯзи қиёмат аст, касоне ки дар замони Расули худо (с) буданд ва касоне ки дар замони мо ҳастанд ва касоне, ки то рӯзи қиёмат меоянд, ҳама бояд итоати Расули худоро (с) ба ҷой биёранд.

Аз ҷумлаи он аҳодис ҳадиси Абӯҳурайра (р.з) аст, ки Расули худо (с) фармуданд:

«من أطاعني فقد أطاع الله ومن عصاني فقد عصى الله». [متفق عليه]

«Касе, ки аз ман итоат кунад, монанди ин ки аз худо итоат кардааст ва касе, ки аз ман нофармонӣ кунад монанди ин ки аз худо нофармонӣ кардааст». (Муттафақун алайҳи)

Инчунин Абӯҳурайра (р.з) ривоят мекунад, Расули акрам (с) фармуданд:

«كل أمتي يدخلون الجنّة إلاَّ من أبى قيل يا رسول الله ومن يأبى قال: من أطاعني دخل الجنة ومن عصاني فقد أبى». [البخاري]

«Ҳама уммати ман дохили биҳишт хоҳанд шуд, магар касе ки худ аз дохил шудан имтиноъ варзад, гуфта шуд: Эй Расули худо, кӣ аст он касе, ки аз дохил шудан ба биҳишт имтиноъ меварзад? Фармуданд: Касе ки аз ман итоат кунад дохили биҳишт хоҳад шуд ва касе, ки аз ман нофармонӣ кунад, ӯ ҳамон касе аст, ки худ аз дохил шудан ба биҳишт имтиноъ варзидааст». (Бухорӣ)

Имом Аҳмад, Абӯдовуд ва Ҳоким бо исноди саҳеҳ аз Расули худо (с) ривоят фармуданд:

«ألا إنّي أوتيت الكتاب ومثله معه, ألا يوشك رجل شبعان على أريكته يقول عليكم بهذا القرآن, فما وجدتم فيه من حلال فأحلوه, وما وجدتم من حرام فحرّموه»

«Ҳамоно бар ман Қуръон ва мислу монанди он (яъне: суннати Расули худо (с)) дода шудааст, ҳамоно марди серхурда ва такязада бар такягоҳ ва болишти худ, ки бигӯяд: бар шумост, ки фақат пайрави Қуръон бошед ва ҳар чи дар он аз ҳалол ёфтед, пас онро ҳалол бидонед ва он чи дар он ҳаром ёфтед, онро ҳаром бидонед». (Аҳмад, Абӯдовуд ва Ҳоким бо исноди саҳеҳ)

Абӯрофеъ аз падараш ривоят мекунад, ки Расули худо (с) фармуданд:

«لا ألفين أحدكم متكئاً على أريكته يأتيه الأمر من أمري مما أمرتُ به أو نهيتُ عنه فيقول لا ندري, ما وجدنا في كتاب الله اتبعناه». [أبوداود وابن ماجه بسند صحيح]

«Набинам, ки яке аз шумо бар болишташ такя зада ва амре аз авомире, ки ман амр кардаам ва ё аз он наҳйи кардаам, бар ӯ расад ва ӯ гӯяд: Намедонам! Фақат он чизе ки дар китоби Худо (Қуръон) пайдо кардем, қабул хоҳем кард» (Абӯдовуд ва ибни Моҷаҳ бо санади саҳеҳ) Ва Ҳасан ибни Ҷобир аз Миқдом ибни Маъдикарб ривоят мекунад , ки мегӯяд:

«حرّم رسول الله صلى الله عليه وسلم يـوم خيبر أشياء ثم قال يوشك أحدكم أن يكذبني وهو متكئ يحدِّث بحديثي فيقول بيننا وبينكم كتاب الله فما وجدنا فيه من حلال استحللناه, وما وجدنا فيه من حرام حرمناه, ألا إنَّ ما حرّم رسول الله مثل ما حرّم الله». [الترمذي وابن ماجه والحاكم]

«Расули худо (с) рӯзи Хайбар чизҳоеро ҳаром гардонида сипас фармуд: пайдо мешавад яке аз шумо, ки манро такзиб ва дурӯғгӯ гӯяд, дар ҳоле, ки бар болишти худ такя зада ва аз суханони ман сӯҳбат мекунад, сипас мегӯяд: Байни мо ва шумо китоби худо аст (Қуръон), ҳарчи дар он ҳалол ёфтем, онро ҳалол медонем ва ончи дар он ҳаром ёфтем онро ҳаром медонем, бидонед, ки ҳамоно он чи Расули худо (с) ҳаром гардонидааст, мисли он чизе аст, ки Худованд онро ҳаром гардонида аст».

Ҳадисҳои мутавотири зиёде аз Расули худо (с) ривоят ва собит шудааст, ки дар хутбаҳо ва васиятҳо мефармуд: Ҳозирон бар ғоибон бирасонанд (суханҳои гуфтаи Расули худоро (с)). Ва мефармуд: Мумкин аст иблоғшудае бардошти бештар ва диққат ва таваҷҷӯҳи беҳтаре аз шунаванда дошта бошад.

Аз он ҳадисҳои мутувотир, ҳадисе дар Бухорӣ ва Муслим аст, ки Расули худо (с) дар ҳаҷҷи видоъ дар хутбаи худ рӯзи Арафа ва рӯзи иди Қурбон барои мардум чунин фармуданд:

"Афрод ва шахсони ҳозир ба афроди ғоиб бирасонанд, зеро мумкин аст, ки касе ки ба ӯ расонида шавад, диққат ва таваҷҷӯҳи беҳтаре аз шунаванда дошта бошад”.

Пас агар суннати Ӯ (с) бар шунавандагон ва иблоғшудагон ҳуҷҷат намебуд ва агар суннаташ то рӯзи қиёмат боқӣ намемонд, ба онҳо амр ва дастури таблиғ ба ояндагон дода намешуд.

Пас маълум мешавад ки далел ва ҳуҷҷат будани суннати Ӯ (с) ҳамчунон барои ҳама побарҷо аст, бар шунавандае, ки аз забони Расули худо шунидааст ва барои касоне, ки барояшон бо асонид ва ривоятҳои саҳеҳ оварда расонида шудааст.

Ва асҳоби Расули худо (с) суннатҳои қавлӣ ва феълии ӯро ҳифз кардаанд, инчунин тобиъин ҳам (олимоне, ки аҳодисро аз асҳоби Расули худо (с) шунида, ба насли баъдӣ ривоят кардаанд), ва баъд аз он тобиъин онро ба насли баъдии худ ривоят карданд, инчунин олимон ва донишмандони сиқа (боваринок, ростгӯ), ки сухани онҳо мавриди эътимод мебошад, насл баъди насл ва қарн баъди қарн ин аҳодиси саҳеҳи Расули худоро (с) ривоят ва нақл карда, барои мо расониданд.

Ва онро дар китобҳои худ ҷамъоварӣ намуда, саҳеҳ ва заифии онро баён намудаанд.

Ва барои шинохтани ҳадисҳои саҳеҳ ва заиф қонунҳо ва шартҳо байни худ гузоштанд, то ин ки ба воситаи ин қонунҳо ҳадисҳои саҳеҳ аз заиф ҷудо ва шинохта шавад.

Олимону донишмандон ба ғайр аз Бухорӣ ва Муслим дигар китобҳоеро, ки ҳадисҳоро ҷамъоварӣ кардаанд низ ба хубӣ ва комил ҳифз кардаанд. Чигунае ки Худованд китоби худро (Қуръонро) тибқи ваъдаи намудааш аз бозича қарор гирифтан ва аз илҳоду куфри кофирон ва таҳрифу тағйири ёвагӯён ҳифз намудааст.

Худованд мефармояд:

(إِنَّا نَحۡنُ نَزَّلۡنَا ٱلذِّكۡرَ وَإِنَّا لَهُۥ لَحَٰفِظُونَ ٩ ) [الحجر: ٩]

«Бегумон мо Қуръонро фурӯ фиристодаем ва ба ростӣ мо нигаҳбони он ҳастем» ( Ҳиҷр 9)

Ва ҷои ҳеҷ шакку тардиде нест, ки суннати Расули худо (с) ваҳйи нозил шудааст ва Худованд онро чи гунае, ки китоби худро ҳифз намудааст, суннатро ҳам ҳифз намудааст.

Барои ҳифз намудани суннати Расули худо (с) Худованд олимони бузург ва ҷудокунандаи байни хубу бадро халқ намудааст, ки таҳриф, тағйир ва табдили ёвагӯён ва бадандешонро, ва нодуруст таъбир ва тафсир кардани нодононро аз он дур бартараф мекунанд. Ва ҳар ончизе ки дуруғгӯён ва нодонону мулҳидон бар он часпонидаанд тоза мекунанд.

Зеро Худованд суннатро тафсиркунандаи китоби худ қарор додааст, ки ҳар нофаҳмие дар Қуръон бошад дар аҳком ё ибодатҳо ва ғайра руҷӯъ ба Қуръон мешавад.

Баъзе аз аҳкоме ҳаст ки дар Қуръон матни он ворид нашудааст, монанди тафсир ва шарҳи аҳкоми даврони ширхорагии кӯдак ва баъзе аҳкоми мерос ва ҳаром будани ҷамъ байни зан ва аммаи ӯ ва зан холааш ва дигар аҳкоме ки дар суннати саҳеҳи Расули худо (с) ворид шудааст ва дар Қуръон аз он зикре нест.

Баъзе аз суханони саҳоба ва тобиъин ва аҳли илм дар бораи таъзим ва бузургдошти суннати Расули худо (с) ва воҷиб будани амал ба он.

Аз Абӯҳурайра (р.з) дар саҳеҳайн ривоят аст, ки гуфт: Вақте Расули худо (с) дунёро видоъ гуфтанд, баъзе аз арабҳо кофир шуданд. Абӯбакр гуфт: Савганд ба худо бо ҳар касе, ки байни намозу закот фарқ гузорад ҷанг хоҳам кард. Умар ибни Хаттоб гуфт: Чӣ гуна бо онон ҷанг хоҳӣ кард, дар ҳоле ки Расули худо (с) фармуданд:

«أمرت أن أقاتل الناس حتى يقولوا لا إله إلاَّ الله فإذا قالوها عصموا منّي دماءهم وأموالهم إلاَّ بحقها». [متفق عليه].

«Маъмур шудаам бо мардум биҷангам то ин ки бигӯянд: (Ло илоҳа илло Аллоҳ) Маъбуди барҳақе ҷуз худои якто нест, пас агар онро гуфтанд ҷон ва моли ба ҷуз ба ҳаққи он аз ман ҳифз мешавад».

Абӯбакри Сиддиқ (р.з) гуфт: Оё закот аз ҳаққи он нест? Савганд ба худо агар гарданбанди шутуре, ки ба Расули худо (с) медоданд аз ман манъ кунанд, ба хотири манъи он, бо онон ҷанг хоҳам кард.

Умар (р.з) гуфт: Дар натиҷа донистам, ки Худованд сина ва қалби Абӯбакрро барои ҷанг равшан кардааст ва донистам, ки ӯ бар ҳақ аст.

Саҳоба раъю машварати Абӯбакрро барои қитоли аҳли ридда қабул карданд ва бо ӯ ба ҷанг пардохтанд то ин ки ононро ба ислом баргардонанд ва касе, ки бар он исрор варзид, ӯро куштанд.

Ин қисса барои таъзим ва бузургдошти суннати Расули худо (с) ва воҷиб будани амал ба он возеҳтарин далел аст.

Модарбузурге назди Абӯбакр омада аз мероси худ пурсид, Абӯбакр ба ӯ ҷавоб дод, ки дар китоби худо дар ин бора чизе ворид нашудааст ва намедонам, ки Расули худо (с) дар ин бора қазовате карда бошад ва аз мардум ин масъаларо суол хоҳам кард.

Сипас аз саҳоба дар ин бора суол кард, баъзе аз саҳоба шаҳодат доданд, ки Расули акрам (с) модарбузургро як шаш додааст, пас Абӯбакр (р.з) ба он қавл ҳукм кард.

Умар (р.з) омилони худро васият мекард ки ба китоби худо ҳукм ва қазоват кунанд ва агар дар китоби худо он ҳукмро наёфтанд ба суннати Расули акрам(с) руҷӯъ кунанд.

Вақте дар бораи сақти ҷанин, ки дар шиками модар ба сабаби таъади ва зулм мурдааст ба ӯ мушкилӣ пайдо шуд, аз саҳоба пурсид, Муҳаммад ибни Маслама ва Муғира ибни Шуъба (р.з) назди ӯ гувоҳӣ доданд, ки Расули Худо (с) дар бораи ин ба озод кардани як каниз ё ғулом ҳукм кардааст, пас Умар ба он ҳукм қазоват намуд.

Вақте, ки Усмон (р.з) ҳукми азодории зане, ки шавҳараш вафот кардааст, намедонист дар куҷо бояд азодор бошад. Фариъа духтари Молик ибни Синон хоҳари Абӯсаъиди Худрӣ (р.з) ба ӯ хабар дод, ки: Расули худо (с) ба ӯ амр намуданд баъди вафоти шавҳараш дар хонааш азодорӣ кунад, то ин ки ҳидод ва азои ӯ тамом шавад, пас Усмон ба ҳамон ҳукм қазоват кард.

Инчунин дар иҷрои муҷозот ва шаллоқ задан бар шаробхории Валид ибни Уқба ба суннати Паёмбар (с) ҳукм ва қазоват кард.

Вақте ба Алӣ (р.з) хабар расид, ки Усмон (р.з) аз ҳаҷҷи таматтуъ манъ мекунад, Алӣ (р.з) ҳаҷҷи таматтуъ анҷом дод – яъне ба ҳаҷҷ ва умра бо ҳам эҳром баста лаббайк гуфт - ва фармуд: Суннати Расули акрамро (с) ба хотири қавл ва сухани як нафар тарк намекунам.

Ва вақте баъзе аз мардум бар Абдуллоҳ ибни Аббос (р.з) дар мавриди ҳаҷҷи таматтуъ эътироз кардан ва гуфтанд: Абӯбакр ва Умар (р.з) ба ҳаҷҷи ифрод ташвиқ карда ва онро муқаддам медонистанд. Абдуллоҳ ибни Аббос (р.з) гуфт: Метарсам, ки сангҳое аз осмон бар шумо партоб шавад, ман мегӯям Расули худо (с) чунин фармуданд, шумо мегӯед Абӯбакр ва Умар (р.з) чунин гуфтанд.

Пас касе, ки ба хотири сухани Абӯбакру Умар (р.з) бо суннат мухолифат намояд, бими он меравад, ки дучори азоб шавад, пас ҳоли касоне, ки ба хотири сухани ғайри Абӯбакру Умар (р.з) муҷарради ба раъй ва иҷтиҳоди худ бо суннат мухолифат мекунанд, чӣ хоҳад шуд?

Ва вақте баъзе аз мардум бо Абдуллоҳ ибни Умар (р.з) дар мавриди баъзе аз суннатҳо ихтилоф карданд, гуфт: Оё мо маъмурем, ки тобеъи Умар бошем?

Инчунин вақте марде ба Имрон ибни Ҳусайн (р.з) гуфт: моро аз китоби худо - Қуръон сухан бигӯ! Ва ӯ аз суннати Расули худо сухан мегуфт, асабонӣ шуд ва гуфт: Суннат баёнкунанда ва тафсиркунандаи китоби худо аст, агар суннат намебуд намедонистем, ки намози пешин чаҳор ракаъат аст ва намози шом се ракаъат аст ва намози бомдод ду ракаъат аст ва шарҳу тафсили закотро ва дигар чизҳоро, ки дар суннати Расули худо (с) аст намедонистем.

Инчунин ривоятҳои зиёде аз асҳоби Расули худо (с) дар бораи бузургдошти суннати Расули худо (с) ва воҷиб будани амал ба он ва огоҳӣ аз мухолифат ба он ворид шудааст.

Аз Абдуллоҳ ибни Умар (р.з) ривоят аст, ки Расули худо (с) фармуданд:

«لا تمنعوا إماء الله مساجد الله». [متفق عليه]

«Канизони худоро (яъне занони мусулмонро) аз рафтан ба масҷидҳо манъ макунед». (Муттафақун алайҳи)

Баъзе аз писарони ӯ гуфтанд: Савганд ба худо, ки ононро манъ мекунем, Абдуллоҳ ибни Умар аз онҳо асабонӣ шуд ва ба онҳо сухаҳои сахт гуфт ва гуфт: Мегӯям Расули худо (с) фармуданд, мегӯед: савганд ба худо ононро манъ мекунем!

Вақте Абдуллоҳ ибни Муғаффали Музани (р.з) яке аз наздиконашро дид, ки якдигарро бо сангреза ва рег мезананд, онҳоро аз ин амал боздошт ва гуфт: Расули худо (с) фармуданд: Ин сангрезаҳо чизеро сайд намекунанд ва душманро шикаст намедиҳад ва боз намедорад, валекин дандонеро мешиканад ва чашмеро берун бароварда кур мекунад.

Сипас ӯро дигар вақт дид, ки ин корро такрор мекунад, ба ӯ гуфт: Савганд ба худо, дигар бо ту то абад сухан нахоҳам гуфт, туро аз Расули худо (с) хабар медиҳам, ки аз ин кор наҳӣ фармудаанд, боз мебинам ту онро дубора анҷом медиҳӣ!

Ва имом Байҳақӣ дар китоби «Сунани кубро» аз Аюби Сухтиёни тобеъии ҷалил ривоят мекунад, ки гуфт: Агар суннати Расулуллоҳро барои мардуме ба сухан ва гуфтор овардӣ ва ӯ гуфт моро аз ин вогузор ва аз Қуръон сухан бигӯ бидон, ки он шахс гумроҳ аст.

Ва имом Авзоъӣ (р) мегӯяд: Суннат ҳукмкунанда ва шарҳдиҳандаи китоби Худо аст. Ва мутлақҳои китобро муқайяд мекунад ва ё ба аҳкоме, ки дар Қуръон зикр нашудааст, мепардозад.

Чунонки Худованд мефармояд:

(وَأَنزَلۡنَآ إِلَيۡكَ ٱلذِّكۡرَ لِتُبَيِّنَ لِلنَّاسِ مَا نُزِّلَ إِلَيۡهِمۡ وَلَعَلَّهُمۡ يَتَفَكَّرُونَ ٤٤) [النحل: 44]

«Ҳамроҳ бо далелҳои равшан (мӯъҷизаҳо) ва китобҳо ва бар ту низ Қуръонро нозил кардем, то он чиро барои мардум нозил шудааст, барояшон баён кунӣ ва бошад, ки биандешанд» (Сураи Наҳл, 44)

Қаблан гуфтаи Расулуллоҳро зикр кардем, ки фармуданд: Ҳамоно ба ман Қуръон ва монанди он дода шудааст (яъне суннати Пайғамбар).

Ва имом Байҳақӣ (р) аз Омири Шаъбӣ (р) ривоят мекунад, ки ба баъзе аз мардум гуфт:

«إنَّما هلكتم في حين تركتم الآثار». [البيهقي].

Ба ростӣ шумо ҳалок ва гумроҳ шудед, вақте ки асар ва суннати саҳеҳи Пайғамбарро тарк кардед.

Ва имом Байҳақӣ (р) аз имом Авзоъӣ (р) ривоят мекунад, ки ба баъзе аз дӯстон ва ёрони худ гуфт: Агар аз Расули акрам (с) ҳадис ва суннате ба ту расид, мабодо баъд аз он сухан бигӯӣ, зеро Расулуллоҳ иблоғкунандае аз ҷониби Худованди таъоло буд. Ва имом Байҳақӣ аз имом Суфёни Саврӣ (р) ривоят мекунад, ки гуфт: Огоҳ бошед! Ҳамин илму дониш илм ба суннат ва осори Расули худо (с) мебошад.

Ва имом Молик (р) ба сӯи қабри Расулуллоҳ (с) рӯ овард ва гуфт: Сухан ва гуфтори ҳамаи мо қобили рад аст, магар сухан ва гуфтори соҳиби ин қабр, ки қобили рад нест (яъне сухан ва гуфтори Пайғамбар (с).

Ва имом Абӯҳанифа (р) мегӯяд: Агар ҳадис ва суннате аз Расули худо (с) омад, онро ба сару чашм мегузорем.

Ва имом Шофиъӣ (р) мегӯяд: Ҳар гоҳ аз Расули Худо (с) ҳадиси саҳеҳе ривоят кардам ва онро нагирифтам ва амал накардам, шуморо гувоҳ медонам, ки ақли худро аз даст додаам.

Инчунин имом Шофиъӣ мегӯяд: Агар сухан ва гуфторе гуфтам ва ҳадиси Расулуллоҳ (с) бар хилофи гуфтаи ман буд, пас қавл ва гуфтаи манро бар девор бизанед.

Имом Аҳмад ибни Ҳанбал (р) ба баъзе аз ёрони худ гуфт: маро тақлид макунед ва имом Моликро тақлид макунед ва имом Шофиъиро тақлид макунед ва аз он ҷое, ки мо онро гирифтем, бигиред (яъне аз ҳадисҳои Пайғамбар (с).

Ва ҳамчунин имом Аҳмад мегӯяд: тааҷҷуб кардам аз қавме, ки суннат ва сиҳати исноди ҳадиси Расулуллоҳро дониста, сипас мераванд ва раъйи Суфёнро мегиранд.

Ва Худованд мефармояд:

(فَلۡيَحۡذَرِ ٱلَّذِينَ يُخَالِفُونَ عَنۡ أَمۡرِهِۦٓ أَن تُصِيبَهُمۡ فِتۡنَةٌ أَوۡ يُصِيبَهُمۡ عَذَابٌ أَلِيمٌ ٦٣) [النور: ٦٣]



«Онон, ки аз фармони ӯ сарпечӣ мекунанд, бояд битарсанд, ки мабодо ба онҳо фитнае ё азобе дардовар (дар баробари исёне, ки меварзанд) бирасад (мисли қаҳтӣ, зилзила ва дигар мусибатҳои дунявӣ ва ё ин ки мисли дӯзах ва дигар шиканҷаҳои ухравӣ)!» (Сураи Нур, 63)

Сипас гуфт: оё медонӣ фитна чист? Фитна ширк аст. Мумкин аст агар баъзе аз гуфтори Расули Худоро рад карда қабул накунад, дар қалби ӯ гумроҳӣ афканда шавад ва ҳалок гардад.

Ва Имом Байҳақӣ ва Муҷоҳид ибни Ҷабр тобеъии ҷалил ривоят меунад, ки дар сухани Худованд:

(فَإِن تَنَٰزَعۡتُمۡ فِي شَيۡءٖ فَرُدُّوهُ إِلَى ٱللَّهِ وَٱلرَّسُولِ ٥٩) [النساء 59]



«Агар дар бораи чизе ихтилоф намудед барои рафъи ихтилоф ба сӯи Худо ва Расулуллоҳ (с) руҷӯъ кунед, то ҳалли ихтилофро аз китоб ва суннат биёбед». (Нисо, 59)

Гуфт: Баргардонидан ба сӯи Худо, яъне ба сӯи китоби Ў ва баргардонидан ба сӯи Пайғамбар (с), яъне ба сӯи суннати ӯст.

Ва имом Байҳақӣ аз имом Муҳаммад ибни Шиҳоби Зуҳрӣ (р) ривоят мекунад, ки гуфт: Касоне, ки аз уламо ва донишмандони мо рафтанд ва фавт карданд, чунин мегуфтанд: Эътисом ва пайравӣ аз суннати Расули Худо (с) наҷот ва пирӯзӣ аст.

Ва Муваффақуддин ибни Қудома (р) дар китоби худ «Равзату нозир дар баёни усули аҳком» чунин мегӯяд: Асл ва асоси дуввуми аз далелҳо суннати Расулуллоҳ мебошад. Ва гуфтори Расулуллоҳ (с) ҳуҷҷат аст, зеро мӯъҷизаҳо аз далелҳо бар сидқ ва ростии ӯст. Ва Худованд ба тоати Ў ва огоҳӣ аз мухолифати Ў амр фармудааст.

Имом ибни Касир (р) дар тафсири ин оят чунин фармудааст:

(فَلۡيَحۡذَرِ ٱلَّذِينَ يُخَالِفُونَ عَنۡ أَمۡرِهِۦٓ أَن تُصِيبَهُمۡ فِتۡنَةٌ أَوۡ يُصِيبَهُمۡ عَذَابٌ أَلِيمٌ ٦٣) [النور: ٦٣]



«Онон, ки аз фармони ӯ сарпечӣ мекунанд, бояд битарсанд, ки мабодо ба онҳо фитнае ё азобе дардовар (дар баробари исёне, ки меварзанд) бирасад (мисли қаҳтӣ, зилзила ва дигар мусибатҳои дунявӣ ва ё ин ки мисли дӯзах ва дигар шиканҷаҳои ухравӣ)!» (Нур, 63)

Яъне, аз амрҳои Расули акрам (с) он ҳам тариқа ва роҳу равиш, суннат ва шариати ӯст. Пас гуфтор ва кирдори байни одам бо гуфтор ва кирдори Расулуллоҳ (с) муқоиса ва мутобиқат мешавад ва он чи мувофиқи он буд қабул ва он чи мухолифи он буд мардуд ва бар гӯяндаи баргардонида мешавад. Ва он ҳам ҳар ки бошад.

Чуноне ки Расули Худо (с) фармудаанд:

«من عمل عملاً ليس عليه أمرنا فهو رد». [متفق عليه].

«Ҳар кас амале ва кирдоре анҷом диҳад, ки роҳу равиши мо бар он нест, он амал ва кирдор мардуд ва ғайри қобили қабул аст». (Муттафақун алайҳи)

Пас битарсад ва барҳазар бошад касе ки зоҳиран ва ботинан мухолифи шариати Расулуллоҳ (с) бошад, أَن تُصِيبَهُمۡ فِتۡنَةٌ ки ба онон мусибате дар қалбҳояшон аз куфр ва нифоқ ва бидъат ба вуҷуд ояд.

(أَوۡ يُصِيبَهُمۡ عَذَابٌ أَلِيمٌ ٦٣)

Яъне дар дунё ба куштан ё муҷозот ва ё зиндон ва ғайр аз инҳо мубтало шаванд.

Аз имом Аҳмад ибни Ҳанбал аз Абдураззоқ, аз Маъмар, аз Ҳумом ибни Мунаббиҳ ривоят аст, ки Абӯҳурайра гуфт: Расули Худо (с) фармуданд:

«مَثَلي ومَثَلُكم كمثل رجلٍ اسْتَوْقَدَ ناراً فلمّا أضاءتْ ما حولها جعل الفراشُ و هذِهِ الدوابُّ اللائي يقعْنَ في النَّار يقَعْنَ فيها وجعلَ يحجُزُهُـنَّ ويغْلبْنَهُ فَيقْتَـحِمْنَ فيها قال فذلك مثلي ومثلكم, أنا آخذُ بحجزكم عن النَّار, هلمَّ عن النَّار فتغلبوني وتقتحمون فيها». [متفق عليه].

«Масали ман ва масали шумо монанди марде аст, ки оташ рӯшан карда, вақте атрофи худро нуронӣ ва равшан кард ва парвонаҳо ва ҳашарот, ки дар тарофи он мегарданд, дар оташ меафтанд. Он мард ҷилавгирӣ мекунад ва намегузорад, ки парвонаҳо ва ҳашарот дар оташ биафтанд. Вале бар ӯ ғалаба карда, худро бар оташ меандозанд. Фармуд: Пас ин масали ман ва шумост, ман камарбанди шуморо гирифта, аз оташ дур мекунам ва шумо бар ман ҳуҷум карда, худро дар оташ меандозед». (Муттафақун алайҳи).

Ва имом Суютӣ (р) дар китоби худ «Мифтоҳул ҷаннатӣ фил иҳтиҷоҷ бис суннати» (Калиди биҳишт дар ҳуҷҷияти суннати Расули худо (с) чунин мегӯяд: Бидонед – Худо раҳмат кунад шуморо – ҳар кас ҳуҷҷат будани ҳадиси Расулуллоҳ қавлӣ ва феълӣ бо шартҳои маъруфи он дар усули динро инкор кунад, кофир мебошад ва аз доираи Ислом хориҷ аст ва рӯзи қиёмат бо яҳуд ва насоро ва бо фирқаҳо ва тоифаҳои гумроҳ ва кофир маҳшур хоҳад шуд.

Ва ахбор аз саҳоба ва тобеин ва касоне, ки баъд аз эшон омадаанд, аз олимон ва донишмандон дар таъзими суннат ва воҷиб будани амал ба ӯ ва таҳзир ва огоҳӣ аз мухолифати ӯ бисёр зиёд ворид шудааст.

Ва умед аст он чи дар ин ҷо зикр шуд аз оёт ва аҳодис ва ахбор барои касе, ки ҳақталаб аст кофӣ ва қонеъкунанда бошад.

Аз Худованд барои худ ва тамоми мусалмонон тавфиқ ба он чи ризогии онро дорад, масъалат дорам. Ва саломатӣ аз асбоби хашму ғазаби Ў ва ин ки тамоми моро ба роҳи рост ҳидоят фармояд. Ў шунаво ва наздик аст.

Ва дуруд ва салом бар бандааш ва Расулаш Пайғамбарамон Муҳҳаммад ва олу асҳоб ва атбоъаш бод.





Достарыңызбен бөлісу:




©dereksiz.org 2024
әкімшілігінің қараңыз

    Басты бет