Мураттиб ва муаллифи сарсухан пайванди гулмурод



бет4/5
Дата14.07.2016
өлшемі0.9 Mb.
#198435
1   2   3   4   5

БУДУ ШУД - 83-ТИН!

Аз мањаллаи навбунёд истиќоматгоњи нав гирифтему бо хонаводаи Бобо-Амон њамсоя афтодем. Агарчи хонаи мо дар мањали њаштум ва хонаи панљњуљрадори бобо дар мањали панљум воќеъ аст, мо њамсояњои наздик мудом аз њоли якдигар бохабарем. Бобо монанди њамаи мўйсафедон андаке сергаптар, вале ман одами пурсабрам - саргузаштњои чандин борњо аз дањони пиракї шунидагиамро агар боз ба гуфтан сар кунад, дандон ба дандон монда мешунавам.

Лекин ваќтњои охир пиракї аз њаддаш мегузарад: рўзњои якшанбе дар хонааш палави хоса пухта маро љеѓ заданаш кам набуд магар, боз рўзњои миёнњафта њам безор мекунад: ба хастагиам нигоњ накарда ба назди мењмонњояш љеѓ мезанад. «Як нафас дароед, аз барои иззати мењмон», гўён ба њолам намемонад.

Ана, ин бегоњ њам аз кор хастаю бедимоѓ омада аз дар дароям, ду бор хабар фиристода интизор будани мўйсафедро гуфтанд.

- Узр гўї, аз кор хеле хаста омадам, - гўён ба њамсарам супориш додаму кафшамро кашида, кулоњамро ба либосовезак монда, тараддуди шустушў доштам, ки дар оњиста роѓ шуду аз он ними сари писари калонии бобо - Маќсудљон намоён гашт.

- Ассалом. Амаќ додом ба шумо нигаронанд. Тез биёед будаст.

Бача инро гуфта-нагуфта сарашро аз дар берун кашиду ѓайб зад. Фурсати узргўї њам надод. Ночор кафшамро дигар бора пўшидаму аз дар баромадам. Дар ин хел мавридњо одам њарфе назанад њам, аз дилаш чињо гузаштанашро кї намедонад?

Дар сари дастархон Бобо-Амон бо љавонмарди ба тахмин сиюпанљсолаи мўяш пеш аз ваќт мошу биринљ њамсўњбат буд. Њарду ба истиќболи ман аз љо бархостанд.

- Э-э-э... Наљунбед, наљунбед! Безобита нашавед, - гўё он њарду ганљеро њамин замон мерехта бошанд, шитобон аввал дасти боборо гирифта вохўрї кардаму сипас ба мењмон даст додам ва сонияе ба тањќиќ ўро аз назар гузарондам. Љавони боаќл, боодоб, аз рафтораш дилпур барин намуд. Ба асари захме, ки дар тањи манањи ман буд, зењн монданашро пинњон кунад њам, бан­да пай бурдам ва ба хулосае омадам, ки ў духтур аст. Чунон ки аз назди кўњнадўз гузаред, вай аввал ба поятон чашм медўзад, духтури њаќиќиро бо як назар шинохтан мумкин аст.

-Њамсояи азиз, ин кас духтур, номашон Абдурашид. Фамилияашон Саидуф мешудагист-да? А?-бобо бо табассум ба мењмон рў оварду ба тасдиќи вай нигарон нашуда шиноскуниашро идома дод: -Падарашон, рањматї Саидљони нонвой одами асл буданд. Љояшон љаннат шавад, одами њалол буданд. Мо дар як мањалла калон шудем... Э, афсўс, афсўс... - мўйсафед оње кашиду бо надомат сар љунбонд ва сонияе хомўш гашт. - Њама рафтанд. Вањ, вањ, вањ,...- Чашми ў лањзае ба нуќтае номаълум андармон гашт. Сипас аз ќайди гузашта берун омаду ба мо рў овард: - Канї, ба нон нигаред. Ана, як пиёла чой, - мўйсафед аз рўйи одаташ ба пиёла панљоњ грамм барин чой рехта ба ман дароз кард.

Чойро гирифтаму аз фурсат истифода карда бо мењмон њолљўї намудам.

- Мулло, ман ба шумо гўям, ана њамин кас духтур, - бобо аз нав лаљоми суханро ба дасти худ гирифт.

- Њозир мењмони азизи мо шудаанд... Илоњо, умрашон дароз шаваду њаргиз рўйи камию костиро набинанд, роњати фарзандонашонро дида, аз касбу корашон барака ёбанд, - дар байни сухан дуо кардан ба Бобо-Амон одат шудааст. - Ба шумо гуфта будам-ку, ба дастам як љароњати фалокат баромада маро хуб ташвиш дод. Э-э, ќиссаи саргардонии маро њељ напурсед!

Бобо-Амон саргузашти чандин бор ба ман гуфтагиашро боз ба гуфтан сар кард. Њарф ба њарф, майдатарин љузъиётро фаромўш накарда њикоя кардани саргузашташ маро дилгир кунад њам, ин њиссиёти худро зоњир намекунам. Масалан, ба Ёвон бо чї хел автобус рафту чигуна сўроѓ карда чойхонаро ёфт, иморати чойхона чї хел буд, каташ чї хел ѓиљљос зада мељунбид ва баъди чанд даќиќа ба назди вай чой оварда монданду он чой чигуна беранг ва нонашон обгурехта ва ѓайра ва њоказо. Њамаи ин ба кї даркор, намедонам.

Ќисса кўтоњ, воќеаи мегуфтагии бобо ин аст: соли гузашта ба дасти вай љароњате мебарояд. Монанди њамаи мўйсафедони мањалла бобо њам ба чойхона медарояду дар сари як чойник чой аз мўйсафедони шиносаш маслињат мепурсад. «Давои ин барги зуф,-маслињат медињад яке. - Кўфта бандед, ман дидам, шумо надидед, дуруст мешавад. Фаќат барги зуфро аз ин љойњо не, аз ягон марѓзори пок гиред», - маслињат медињад он шахс.

Бобо-Амон аз шањр баромада мераваду аз як марѓ­зори хушалаф, ки њанўз дос нарасида будаст, як халтача барги зуф канда меорад. Як њафтаи расо ба дасташ барги зуф баста мегардад, вале њељ аломати шифоёбиро намебинад. Дар ин миён шиносонаш боз як олам маслињат медињанд. Аксарият мегўянд, ки ба љароњат ќурбоќаро кафонда бандад. Гўё чандин касон бо њамин усул шифо ёфтаанд. Зањри ќурбоќа ба њар як захм дору будаст. Ќурбоќаи шањру атрофи шањр барои доругї кор намеомадаст. Бинобар он, бобо њамроњи писари кенљааш Маќсудљон ба тарафи Найистон мераванд.

- Исќотро бо азоби алим дукафон карда ба љароњат мондаму сахт бастам. Ќурбоќќа дар дастам ќариб бўй гирифт, аммо њељ таъсир накард, бо шавќ њикоя мекард бобо. Усто-Камол мегўем, пештар дуредгари гулдаст буд, дар кандакорї устухон надошт. Сонитар этажсозї ављ гирифту њунари вай аз равнаќ монд. Њозир дар театр сањнасозї мекунад. Ана, њамон усто-Камол гуфтанд, ки асали тозаи Ѓарму зираи Дарвозро гирифта, аз њардуяш ќиём тайёр мекунед, ба љароњат мебандед. Њамин корро кунед, канї чї сир мебинед. Асалу зираи бозори мо намешавад...

Ин дам њамсари Бобои Амон Њикоят-холаи дандонтилло дар як табаќи сафолї палав кашида оварду мўйсафедро саргарми гап дида дарафтод:

- Њой, пиракї, камтар аќлу њушатонро ба љояш биёред, њамин гапро чандин бор ба ин кас гуфтед. Охир шумо њам мўйсафедони дигар барин як дам аз гўру ќиёмат гап занед, аз уболу савоби дунё насињат ку­нед.

- Э, мон-е! - даст афшонд мўйсафед. - Ман як љояшро нагуфтаам, ана, њамонро гуфтанї будам... - Худашро сафед кард Бобо-Амон. Баъд ба мо рў овард: - Канї, мењмонњои азиз, ба дастархон наздиктар шинед, равѓанаш начакад. Бай-бай-бай, худаш њам палавхонтўра шудаст-да! Ња, воќеан, байташ чї буд?- бобо боз ба ман рў овард.

- Ба нимрўзї агар бошад бисоторо палав хонро...

- Ња-ња, ба нимрўзї агар бошад бисоторо палавхонро...- мисраи дуюми шеър боз ба ёди пиракї нарасиду дасташ ба гўштпоракунї банд ба рўйи ман хира шуд.

- Фурўѓи лангарї њайрон кунад хуршеди тобонро! - хитоб кардам ман ва бобо њамоно онро аз дањони ман гирифта такрор кард.

Ин дафъа «палавхон»-и ўро ислоњ накардам. Њар бор таъкид мекунам, ки «хон» ба маънии дастархон аст, аммо мўйсафед боз онро ба палав нисбат медињад. Аз афташ, бобо бар асари пирї хеле фаромўшхотир шудаст. Вале дигар гапу кори дунё мў ба мў дар хотираш њастанд-ку. Њамин як байт шеър ва номи як доруе, ки ин духтури љавон ба мўйсафед навишта додааст, њељ дар ёдаш намеистад ва ў њар боре байтро аз ману номи доруро аз њамсараш мепурсад.

- Канї, ба ош нигаред! Ња, сар кардем. Гиред писарам... Ња, њамсоя... Табаќи чинї шикасту бетабаќ... Рўзамон ба њамин сафол монд, - ошро хоида-хоида шарњ дод бобо.

- Њеч гап не, дар сафол ош хўрдан савоб мегўянд, - гуфтам ман.

- Суханатон њаќ асту рост, писарам. Ба савоби ин њељ чиз баробар намешавад.

- Албатта, агар табаќи чинї ёфт нашавад, дар табаќи чўбин ош хўрдан њам савоб, - њазломез сухан кард мењмон.

- Чумчаи чўбин барои чї гум шуд-а? На дар даст меёбед, на дар магазин. Кори ягон душман будаст-чї?

Ман ба аломати намедонам китф дарњам кашидам.

- Ба њамон усто-Камол фармудам, се-чорта тарошида медињам гуфт, - суханашро идома дод бобо. - Чумчаи аллюмин катї мурам њам хўрок хўрда наметавонам.

Њар се «ња, гиред, ња, гиред» - гўён як пайт ошхўрї кардему андаке шастамон гашта буд, ки бобо саргузашташро боз идома дод. Вай саросема нашуда ошро лўнда карда ба дањонаш меандохту бафурља мехоид ва дар баробари ошхўрї, гоњ ба яке, гоњ ба дигаре нигариста, чунон сухан мегуфт, ки гўё ягон даъвоеро ба мо тасдиќ мекунонда бошад.

- Хўш, ки бошад, сонї ин гапро шунидаму як рўзи шанбе, сањар катї хеста ношто кардам, либоси гармакак пўшидам (тирамоњрўя буд), ба хонавода гуфтам, ки...

Агар ин саргузаштро аз забони Бобо-Амон айнан оварем, метарсам, ки таноби сухан хеле дароз мешаваду хонандагони азиз дилгир мешаванд, бинобар он наќлаш љоиз аст. Хулласи гап њамин, ки мўйсафед асали тозаю зираи холис кофта ба тарафи Ѓарм меравад. Зањмати зиёде кашида он давољотро ёфта меорад, вале аз он њам шифо намеёбад. Яке мегўяд, ки ба ин љароњат гўшти кўрмуш дору, дигаре, талќин мекунад, ки пўсти хорпуштакро канда гармогарм ба љароњат бандад. Аз байни њамаи ин доруњо, аз чї бошад, ки шифобахшии шири шутур ба бобо боварибахш менамояд. Ба ќавли худи мўйсафед ду-се одами корафтода ба вай ин маслињатро медињанд. «Пеши табиб нарав, пеши корафто­да рав», - гўён бобо сабаби бовариашро ба ин ретсепт асоснок мекард. Аљаб не, њоло камёб будани шутур бештар боборо ба шифобахшии шири он водор карда бошад. Дар љустуљўи шири шутур ба Ёвон сафар кардани бо­бо, азоби роњ, чанде хизмати шутурбонро адо намуданаш ќиссаи дуру дарозест. Аз њама аламовараш ба бо­бо њамин буд, ки шутурбони нокас ўро бовар кунондааст, ки аз шири шутур дида пешоби он бештар дору аст. Мўйсафед чандин бор ба пешоби он њайвон даст шуста, ду шишаашро ба хона њам мебиёрад.

- Як соли дароз, ба шумо дурўѓ, ба Худо рост, аз њама кору бор мондам. Агар ба дард печед, њељ чиз ба чашматон наменамудаст - на кору бор, хонаю зиндагї, - хулоса мебаровард Бобо-Амон.- Калон-калон ош гиред... шумо њам њамсоя...

- Ќиссаи мор хўрданатонро нагуфтед-ку? - њарчанд ки медонам бобо ин љузъи саргузашташро њаргиз фаромўш намекунад, боз мепурсам.

- Њозир-њозир... Калон-калон, гўшташ катї гиред... Бай-бай, аљаб ош шудаст-да! - гуфт ў зоњиран ба њамсараш шунавонда, ки дар хонаи дигар њамроњи бачањо буд. - Дастат дард набинад, занак. Худам таъриф накунам, аз шумоён садо намебарод, - сипас шарњ дод: - Ошро хўрда, ошпазро таъриф накунед, дилаш ганда мешавад.

- Оши наѓз, - гуфт мењмон.

- Янгаам ошпази моњир, - ман њам њамовозї кардам.

Бобо-Амон ќиссаи морхўриашро баъди ошро хўрдан, дар сари чойи кабуд гуфт.

- Оќибат дорую дармони наозмудагї намонд, гўям, хато намешудагист. Як ошнои носфурўш дорам... - Маънидорона ба якдигар нигаристани ману мењмонро пай бурду мўйсафед бо табассум шарњ дод: - Мегуфтагистед, ки ошноњои ин одам њамааш бангию њангї будаст?! А? Не-е! - бо саволаш боз худи ў љавоб дод. - Ин ошнои носфурўш гуфтагем пештар, солњои љанг, баъди љанг носфурўшї мекард. Кайњо аз бањри ин касбу кор баромада бошад њам, номи носфурўшї ба вай часпида монд. Агар Дўсталї гўед, њељ кас намедонад. Дўсталии носфурўш ба њама маълум. Њозир ќаровули анбори чўбу тахта. Нафаќа њам мегирад. Хўш, њамон Дўсталии носфурўш як рўз гуфт, ки як дору гўям, мекунї? Гуфтам, ки тезтар гўй, агар зањр бошад њам, мехўрам, теѓ бошад њам, худамро ба он мезанам. «Давои ин дардат кўрмор аст. Кўрмор ёфта хўр». «Кўрморро аз куљо меёбанд?». «Дењќонњо ба бозор меоянд-ку, аз њамонњо сўроѓ кун. Сад сўм медињам гўй, баъзе одам кўрмор як тараф истад, аждањоро дошта мебиёрад!»...

Ќисса кўтоњ, як нафар марди ангурфурўш як мори каланддаста баринро оварда њафтоду панљ сўми боборо мегирад. Пири аз дарду шиканља ба дод омадагї чору ночор, бо чї машаќќат морро шўрбо карда мехўрад. Боз бетаъсир. Баъд аз ин бобо ба таќдираш тан медињаду дигар ба њељ кас аз бобати дардаш дањон намекушояд.

Рўзе аз рўзњо ба мањаллаи пешини худ ба таъзияи як нафар дўсташ мераваду бо дасти љароњатнок вохўрї карданро ба худ эб надида, бо шиносњо ба тарзи шифоњї салом мекунад. Дарњол дар байни њозирон шибир-шибир, пичир-пичир мешаваду хабари љароњати дасти Бобо-Амон ба гўши духтур Абдурашид њам мерасад. Њангоми аз таъзияхона баромадан Абдурашид ба бобо њамроњ мешаваду дар роњ гўё ногањон чашмаш ба љароњати дасти мўйсафед меафтад ва ба рўйи як по­ра коѓаз номи доруеро навишта медињад.

- Њой, занак! - садо дод Бобо-Амон. - Маќсудљон, очаатро гўй. - Баъди он ки њамсараш дар тањи дар пайдо шуд, бобо таъинот дод: - Асбоби дорузаниро тайёр кун.

- Аљаб мекунад! - гуфт занак бо алам хитобан ба шавњараш. - Сад бор ба шумо гуфтам... Ош намефорад, нахўред, духтур њам нахўред гуфтагї...

- Э, занак, одам мурад њам, ошро хўрда мурад-да! - бобо ќоњ-ќоњ зада хандид. - Устухони ман оши палав катї сахт шудагї бошад, ман чї кор кунам? Чї хел намехўрдаам?! Солњои ќањтии љанг худамро ба теѓу табар мезадам, љояш ояд, ними нонамро мефурўхтаму моње як бор палави равѓанин мехўрдам.

- Диабети ќанд?- пурсид духтур ва љавоби тасдиќро гирифта, ба аломати таассуф сар љунбонд.

- Баъди он, ки аз доруи шумо шифо ёфтам, - ба духтур рў оварда сухан сар кард мўйсафед, - ба духтурњо ихлосам баланд шуд. Касали ќанд шудам, ба духтур рафтам, хўш, ки бошад, ана, худам дорузаниро ёд гирифтам... Ња, воќеан, сари суханам чї буд? Ња-ња, оќибат љароњати дастам аз чї шифо ёфт гўед? Њой, за­нак! - Бобо боз њамсарашро љеѓ зад.

- Асбобатон тайёр. Боз чї мегўед? - занак боз дар тањи дар пайдо шуда ба бобо маломатомез менигарист.

- Э, њамон доруи 83 - тина чї ном дошт?

- Ким-чї золон буд, - ин бор номи доруро њамсари бобо њам ба хотир оварда натавонист.

- Ња-ња, золун, золун,- сухани њамсарашро тасдиќ кард мўйсафед.

- Депрозолон, - духтур хандиду сухани онњоро ислоњ кард.

Ман аз ханда худдорї карда натавонистам. Бобо фаромўш кард, ки духтури њамон доруро навишта додагї дар пањлўяш нишастааст. Мўйсафед аз рўйи одаташ, дар њузури духтур њам беихтиёр номи доруро боз аз њамсараш пурсид.



  • Ана, њамон золон-да, - 83-тин, 83 тин! Се бор молидам, ту дидї, ман надидам, љароњат нест шуду рафт. Буду шуд - 83 -тинак. - Баъд гўё сиреро кушода бошад, ѓолибона ба рўйи ману духтур нигариста гирифт. Бобо-Амон лањзае хомўш монд ва баъд оњиста ба оњанги дигар гуфт: - Ин не, он не, дасти Абдурашидљон сабук будаст,- мўйсафед бо миннатдорї ба китфи духтур зад. - Илоњо, дастатон дард набинад, хок гиред, зар шавад.

с. 1979


БУЗЃОЛА ВА ПИСАРАК
Талабаи синфи њафтум Дидор чор сол боз гўшт намехўрад. Баъзењо мегўянд, ки вай дар умри худ дигар њаргиз гўшт намехўрад. Њатто хўроки дар деги гўштдор пухтагиро намечашидаст. Шариконаш ўро «Баррача» гўён мазоњ мекунанд. Бачањо гоње таъна менамоянд, гоњи дигар ба таъкид мегўянд: «Агар гўшт нахўрї, аќлат заиф мешавад». Дидор барои ингуна мавридњо љавоби тайёр дорад: «Адиби машњур Бернард Шоу гўшт намехўрдааст, аммо камаќл набудааст-ку! Умри дароз дидаст, марди пурќувват будаст. Дониста монед, ки њайвони аз њама зўртарин — фил гиёњхўр аст!..» Агар калонсолон љиддан сабаби гўшт нахўрданашро пурсанд, вай дар љавоб ѓўлунгхої мекард. Њарчанд исрор менамуданд, вале аз ў њељ кас ба ин савол љавоби таъин намегирифт. Бинобар он њам, аксар гумон доштанд, ки вай табиатан аз гўшт ќимоб аст. Агар гўшти хомро бубинад ва ё ногањон устухони кўњнаи мол ба дасташ афтад, чї гуна ранги рўяш дока барин меканд, њељ кас пай намебурд.

Дидор ба фанни химия раѓбат дошт. Китобу маљаллањои гуногунро хонда, баъзан суханони ѓалатї гўяд, бачањо механдиданд. Вай рўзе чунин даъвое пешнињод кард: таркиби гўшт ва картошка хеле ба њам наздик аст. фарќ њамин ки дар картошка моддаи лей­тсин камтар, дар гўшт бештар, — гуфт ў. —Њамаи ин моддањо ва аминокислотањоро ба усули химиявї аз масолењи баѓоят арзон гирифтан мумкин. Яъне, гўшти сунъї сохтан мушкил не, — даъво кард вай. — Масалан, ба картошка андаке лейтсин њамроњ кунанд, гўшти болаззат мешавад!.. Инро шунида, яке ба истењзо хандид, дигаре нобоварона даст афшонд. Њарчанд ки муаллим даъвои Дидорро «ин гапи маълум» гуфт, бачањо ба лаќаби вай як калимаи дигар афзуданду ўро «Баррачаи хаёлї» ном доданд.

— Дилат гўшт мекашад? — бо тамасхур мепурсиданд. — Бихўр. Ту ќасам нахўрдї-ку!.. Гўшти сунъї месохтааст!..

— Ман аз гўшт безор... Ин њамту орзу... Масалан, фалакпаймо дар кайњон хўроки сунъї мехўрад? Мехўрад. Хўроки синтетикї нобуд намешавад, арзон...



* * *
Њар як хислати ѓайримаъмули инсон њатман сабабе дорад. Сабаби гўшт нахўрдани Дидор ба назари баъзењо инљиќии бачагї ва ё аз хислати модарзоди ў намояд њам, дар асл як фољиаи дилхароше буд.

Чор сол пеш аз ин Дидор дар синфи сеюм мехонд. Рўзи иди Наврўз буд. Бузашои дугона зоиду барои Дидор ид болои ид афтод. Бузѓолачањо ба вай баѓоят маъќул афтоданд: яке сиёњаки пурмаѓал, дигаре алояки хаппак. Кам-кам вай ба онњо чунон дилбастагї пайдо кард, ки шабу рўзаш бе бузѓолањо њаром буд. Аз мактаб меомаду љузвдонашро монда, ними нонро мегирифту ба марѓзор, ба назди бузичањо медавид. Нонро як бор худаш мегазид, якборї бузичањо ба навбат чимдї мекарданд. Вай њамроњи онњо бозї мекард, дар талу теппањо медавид, аз шахњо мепарид, аз сойњо мељањид. Баъди дарс Дидор ба куљое равад, ду бузичаи бозингар — Алояку Сиёњак ѓурунгосзанон, бо забони худ ким-чињо гуфта аз ќафояш мерафтанд.

Баъд дар хонаи Дидорино чї муњимме пеш баромаду падараш ба таваллою зории ў нигоњ накарда, бузро бо як бачааш фурўхт. Як бузѓолаи дигар — Сиёњак ятим монд ва Дидор ба вай боз бештар дил баст.

Сиёњак бузѓолачаи шўху бебок, зираку рамузфањм буд. Агар танга барин ќашќаи пешонї ва сафедии аранг маълуми як сумашро ба назар нагирем, вай тамоман сип-сиёњ буд. Сонитар аз тори сари бузѓола мехчаи девор барин ду шохи рост зада баромад ва кам-кам ќашќаи пешониаш сабзида мўи пешонии писарбачањо барин як тўбча шуд. Чашмони ў бо нигоњи маѓрур бебокона, њатто андаке озмоишкорона ба кас менигаристанд. Гўё сухани касро, кию чї будани ўро медонистагї барин айёрона нигаристани ў баъзењоро њайрон мекард. «Њў, саѓираи сарсахте, ба одам чунон менигарад, ки гуё аз вай ягон чиз ќарздор бошед!» — мегуфтанд баъзењо бо химча ўро аз худ дур ронда. Сиёњак дар љавоби андаке тањдиду ситеза ду пои пешашро озод ба њаво бардошта, ба каллаљанг њозир буданашро намоиш медод.

Бузича ба Дидор унс гирифта, аз ў лањзае људої намехост. Агар Дидор аз паи дарсхонї ба хона дарояд, Сиёњак бетоќатона дар тањи тиреза пой мекўфт, рост шуда ба дарун менигарист ва дам ба дам баас зада њамаро безор мекард. Сиёњакро ба дарун рањ намедоданд. Бадбахт як-ду бор худсарона ба хона даромада, аз падару модари Дидор сахтакак таъзир дид. Не, вай дигар бор љуръат надошт, аз остона ќадам ба дарун нињад. Бузѓолача ду пои пешашро ба остона нињода ба як навъ ѓут-ѓути махсус Дидорро садо медод, ба забони худ ўро зудтар баро мегуфт. Сиёњак бе Дидор дилтанг буд ва њаргиз бе вай дар марѓзор намечарид, агар баста намонанд, зуд баргашта меомад.

Ба одам ин гуна дилбастагии њайвони безабон ва бешуур њамаро њайрон мекард ва њар кас ба тарзе онро шарњу эзоњ медод. Дидор аз ин хусус андешида дар дилаш мегуфт, ки чї љои тааљљуб, бузича њам монанди одамон аќлу дил дорад, некию бадиро мефањмад, њатто дили касро мехонад. Табиат ба вай шуур ва забон надодаст, аммо аз њис мањрум не.

Тобистон, ваќте ки ањли хонавода шабњо дар сањни њавлї мехобиданд, љои хоби Сиёњак тањи кати Ди­дор буд. Сањари барваќт бедор гашта ба по мехесту сару рўи Дидори њанўз масти хобро лесида ѓурунгос мезад, балки ба забони худаш аз хоб хез мегуфт, кї медонад. Модар ба даст химча гирифта Сиёњакро аз сари болини писараш дур меронд.

Аз рўзе, ки бузича аз модар људо шуд, Дидор ширчояшро бо вай ду њис карда мехўрд. Аз алафњо, Сиёњак асосан, юнучќаи наврас ва печакро бо иштињо ме­хўрд. Алафњои дигарро њамту, сар-сарї дањан зада мегузашт.

Аввали тирамоњ. Нимрўзї њавои дења танўри тафсон барин нафаси касро мегардонд. Њама ба пахтачинї баромада, дар дења фаќат пирону бачањои хурд монда буданд. Њаво гарм, чунон сокит ва бењаракат буд, ки њатто барги сафедорњои сари роњ намељунбид.

Њамсояи њавлї дар миёни онњо Бобои Салом ба асояш такя карда, дар суфачаи назди дарвозааш дилтанг менишаст. Садаи деринсол ва чинору сафедори баланд ба тањи дарвоза сояи ѓафс андохтааст. Бобои Салом Дидорро дида, аз дур ба гап даромад.

— Канї, писар, имрўз бањо чї хел шуд?.. А?.. Бобо рўзи дароз бењамсўњбат дилтанг менишаст.

Айни долу зарби пахтачинї дар дења одами бекор нест, то ки мўйсафед чаќ-чаќ кунаду ѓубори дилашро барорад.

— Ассалом, бобо, — гуфт Дидор наздик омада. Баъд аз роњаш наистода ба саволи мўйсафед љавоб дод: —Аз њисоб — панљ, аз хониш — чор, дигараш бањо намонд.

— Ња, дуруст, боракалло!.. Ња, воќеан, бузѓоларо чиба фурўхтї? А?.. Охир, вай ба ту љўра буд-а! — гуфт ногањон бобо.

— Кадом бузѓоларо? Сиёњакро? — ранги рухи Ди­дор парид.

— Ња, њамон Сиёњакро... Аз афташ, додот ба Комил-ќассоб фурўхтаст. Њозиракак харакї гирифта гузашт. Гўшт камчин, кушта гўшташро мефурўшад-дия.

— Не-е... Дигар буз будагист?

— Хайр, аљаб не. Ман ба њамон бузѓолаи ту монанд кардам.

Бо вуљуди ин, Дидор шамол барин ба тарафи хонаашон давид.

Панљ даќиќа аз миён гузашта-нагузашта вай баргашта ба ќафо медавид. Осемасар, ба шитоб, парешон ва гиряолуд метохт. Беихтиёр мегирист, вале араќи рўяш бо ашки чашмонаш омехта, гиряи ўро номаълум мекард. Ў аз пеши Бобои Салом гирдбод барин зуд гузашту рафт. Бобо аз ќафояш чї гуфт, ба гўшаш надаромад ва ё шунида бошад њам, ба аќиб нанигарист.



* * *
Вай ба тањи адир ба сурати як бачаи гўлахие, ки дар афсонањо мегуфтанд, саропо араќшор ва хоколуд даромад. Хоки роњ, ки ин ваќти сол монанди упои занон мањин ва мисли хокистари гарм пойро месўхт, ба буљули кас мерасид. Дар натиљаи ба шитоб роњ гаштан њоло ба сару рўи араќшори ў хок нишаста, андомашро ба кўзаи гилин монанд карда буд.

Дидор Сиёњакро дар сањни њавлии ќассоб бастагї дид. Вай пайваста арѓамчинро кашида, фарёд мекард. Ў беихтиёр ба сўи вай тохт, вале наздиктар рафта, саги калонеро дид, ки њалќа зада хоб буд. Дидор якбора аз рањаш истод. Саг бачаи бегонаро дид, вале аз коњилї сарашро набардошт, фаќат тањдидомез оњиста ѓуррид. Дидор се-чор ќадам ќафотар рафт. Дар сањни њавлии ќассоб њељ кас набуд. Дар гирду атроф њам. Дуртар, дар лаби љўй зане љомашўї мекард.

Дидор оњиста овоз баровард:

— Сиёњак... Сиёњак...

Саг чашмашро кушода, бо њайрат ба сўи вай нигарист, вале сарашро набардошт. Занак овози ўро нашунид. Сиёњак номашро шунида, аввал як гўшашро, баъд гўши дигарашро ба сўи соњибаш дошта, сонияе ба сўи ў нигарист, баъд якбора фарёду фиѓон бардошт. Вай арѓамчини ба гарданаш бастагиро чунон сахт кашид, ки банд гулўяшро фишурд, овозаш гирифт ва бузѓола якпањлў ба замин афтод. Дидор монанди мурѓи пойсўхта бе тоќат гашт, вале ба љуз лутфу навозиши забонї ба Сиёњак дигар мададе расонда наметавонист. Вай ин дам љинси сагро дар олам ончунон нафрин гуфт, он ќадар лаънат кард...

Дидор баробари Сиёњак талвоса дошт, беихтиёр мегиристу дар рў ба рўи дари ќассоб беќаророна ин сў он сў мегашт.

Аз миён ним соат барин ваќт гузашт, аммо аз хонаи ќассоб њељ кас берун намебаромад.

Зан аз сари љомашўї бархосту ба Дидор, ки бесаришта ва беќарор гирд мегашт, лањзае бо тааљљуб нигарист ва сонї наздиктар омад.

— Њой, бача, чї гум кардї, чиба гиря мекунї? — пурсид зан аз дуртар.

Азбаски гиря гулўгираш карда буд, Дидор ба вай љавоб дода натавонист ва њиќќосзанон бо пушти дасташ ашки чашмонашро пок кард.

Зан пештар омада, ба афту андоми Дидор зењн монд.

— Ба ман нигар, ту писари кї? А? Аз куљої? Дидор љавоб надод.

— Дар ин љойњо чї мекунї? Ё катї додот омадию уна гум кардї?

— Не... Сиёњак... оварданд... — Дидор ба сўи њавлї ишора кард.

— Сиёњакат кї худаш?

— Сиёњак... Бузичаи ман, — Дидор ба сўи бузѓола ишора кард.

— Ња-а... Ќассоб оварданд? — ба сўи њавлї нигариста бузѓоларо диду ба гапи ў сарфањм рафт зан.

Дидор ба тасдиќ сар љунбонд.

Дар сари ин гуфтугў буданд, ки ќассоб аз хонааш берун баромаду дар болои зинапоя рост истода њамёза кашид. Вай ба майли хотир, дастонашро боло бардошта њамёзакашї мекард.

Сиёњак њамвора гарданашро аз банд халос кардан мехосту фарёд мезад. Овозаш њоло гирифта, хирросї гашта буд.

— Њой, ќассоб-амак, бузи ин шўра овардед, аз ќафоятон гириста омадаст, — гуфт зан бо овози баланд, ба як навъ оњанги тантана гўё Дидор барои ќассоби сиёњљурдаи њайкалвор ягон хушхабар оварда бошад. Баъд ба саг чашмаш афтоду хам шуда, аз замин чўбчаеро гирифта, ба он тањдид кард: — Алопар, хез гум шав! Хез!

Саг коњилона аз љояш бархосту бо тааљљуб ду-се бор ба зан нигарист ва якта-якта ќадам монда ба ќафои њавлї гузашт.

Сиёњак худро ба сўи Дидор кашида, ба њар наѓма баос мезад.

— Кї омадаст гуфтї? — ќассоб наздик омада як бор ба зан, як бор ба Дидор нигаристу пурсид.

— Бузи ин бачаяка овардед, пиёда аз ќафотон омадаст...

— Амак, ин... Сиёњаки ман... — Дидорро боз гиря гулўгир кард ва ашк аз чашмонаш якбора ба рўяш рехт. — Накушед... ман мебарам...

Сиёњак ин дам ѓут-ѓуткунон ким-чињо мегуфту сару рўи Дидорро мелесид.

— Э, ана гапу мана гап! — хандид ќассоб. Баъд чунон ки бо кўдаки панљсола њазлу шўхї мекарда бо­шад, гуфт:

— Охир, ман ина аз додот харидам-ку! А?.. Акнун чї мешавад? Додот ту катї маслињат накарда фурўхт? — Вай гиряву зории бачагонро нозу нуз ва ё њамту инљиќию эркагї мењисобид. — Пул додам... Хўш... савдоро гардонда намешавад, писар. Айб аст. Ту љавони кап-калон шудию њолї барои њамин бузича гиря мекунї?! Айб аст... Э, аз дења то њамин љо пиё­да омадї?.. Э, боракалло! — бо завќ хандид вай.

Зан ба Дидор бо як навъ табассуми дилсўзона такрор-такрор нигаристу оњиста-оњиста ба сари љомашўиаш рафт.

— Амак, ин Сиёњаки ман...

— Додот ба пули ин барои ту сафедакаша мехарад. Чї фарќ дорад?! Сиёњак бошад њам, калонак шудаст, гўшт гирифтаст. Расо бонистї-да-а?

— Амак, ин азони ман...

— Акнун азони ман шуд, писар. Э, ту наход нафањмї?

— Бидињед, амакљон, — зорї мекард Дидор. — На­кушед... вай... вай... дуои бад мекунад.

— Э, додот пулаша аз ман гирифт!.. Ту ѓалатї будї-ку!

Дидор кисаашро кофту аз он якто яксўмии чорќатро бароварда, оњиста ќати онро кушод ва ба ќассоб нишон дод.

— Ана, пул дорам... Боз мебиёрам.

— Ња-ња-ња... — ќоњ-ќоњ зада хандид ќассоб. — Ту ина аз куљо гирифтї? А?.. Росташа гўй, аз киссаи до­дот дуздидї? А?

— Не, худи додом доданд, дар танаффус санбўса харида хўр гуфтанд.

Вай бо умеду илтиљо ба чашми марди ќассоб менигарист, вале андоми ў якзайл бепарво ва сангин буд.

— Ман барои молњотон алаф мебиёрам... Аз кўњ њезум њам оварда метавонам... Амакљон, Сиёњакро накушед, ба ман дињед... Ман хар катї њар рўз ба молњотон алаф оварда медињам.

— Ба ман нигар, — оќибат ба вай рањми ќассоб омад магар, ба насињат пардохт, — бузатро ба ман фурўхтанд, мефањмї? Додот аз ман пулаша гирифт. Пу­ли мўл гирифт. Ба он пул балки ба ту ягон чиз мехаридагист? Акнун ин буз азони ман...

— Хайр, амак, пулатона гиреду Сиёњака дињед... Ин Сиёњак... беозор, саѓира аст. Вай дар ин ља зиќ мешавад, њељ чиз намехўрад... Сонї касал мешавад...

Баъди он ки мусоњиба хеле тўл кашиду ин мавзўъ ба дили ќассоб зад, ў ба Дидор гуфт, ки рафта аз додот пулро пас биёру аз хонаи мо бузатро бар. Дидор бо њамин умед шитобон ба ќафо гашт.

Аммо дар хона њам талаби ўро шунида, хандиданд.




Достарыңызбен бөлісу:
1   2   3   4   5




©dereksiz.org 2024
әкімшілігінің қараңыз

    Басты бет