Қонуни ҷУМҲурии тоҷикистон



Дата09.07.2016
өлшемі245.5 Kb.
#186041

ҚОНУНИ

ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи реклама



(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2003, №8, мод.457; соли 2007, №7, мод. 432; соли 2008, №10, мод. 824; Қонуни ҶТ аз 26.12.11с. №779; аз 16.04.2012с., №812)
Маҷлиси намояндагон қабул намуд – 28 майи соли 2003

Маҷлиси миллӣ ҷонибдорӣ намуд – 16 июли соли 2003
Боби 1. МуҚаррароти умумӢ
Қонуни мазкур муносибатҳои соҳаи рекламаро (ба истиснои рекламаи сиёсӣ) ба танзим дароварда, онро аз рақобати бевиҷдонона ҳифз менамояд ва рекламаи номуносиберо, ки метавонад истифодабарандагонро ба иштибоҳ андозад ё ба саломатии онҳо, молу мулки шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, тарзи ҳаёт, шаъну шараф ё эътибори кории шахсони мазкур зарар расонад, инчунин ба манфиатҳои ҷамъиятӣ, принсипҳои башардӯстӣ ва ахлоқӣ таҳдид кунад, пешгирӣ ва манъ менамояд. (ҚҶТ аз 16.04.2012с., №812)
Моддаи 1. Доираи амали Қонун

Қонуни мазкур муносибатҳоеро, ки дар ҷараёни истеҳсол, ҷойгиронӣ ва паҳнкунии реклама дар бозорҳои мол, меҳнату хизматрасонии (минбаъд - мол) Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла бозорҳои хизматрасонии бонкӣ, суғуртавӣ ва дигар хизматрасониҳо, ки бо истифодабарии маблағҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ алоқаманд мебошанд, инчунин дар бозорҳои қоғазҳои қиматнок ба вуҷуд меоянд, танзим менамояд.

Қонун ҳамчунин дар ҳолатҳое, ки амалҳои берун аз қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон содиркардаи шахсони воқеӣ ё ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи реклама боиси маҳдудияти рақобат, ба иштибоҳ андохтани шахсони воқеӣ ё ҳуқуқӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон мегарданд ё оқибатҳои дигари манфиро дар бозорҳои моли Ҷумҳурии Тоҷикистон ба миён меоранд, татбиқ карда мешавад, агар муносибатҳои байни давлатҳо бо созишномаҳои байналмилалӣ ба танзим дароварда шуда бошанд.

Ҳамин Қонун нисбат ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд - соҳибкорони инфиродие, ки бо тартиби муқарраргардидаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шудаанд ва дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон рекламаро истеҳсол, ҷойгир ва паҳн мекунанд, низ татбиқ мегардад.

Қонуни мазкур ба эълонҳои шахсони воқеӣ, аз ҷумла дар воситаҳои ахбори омма, ки ба фаъолияти соҳибкорӣ машғул нестанд, дахл надорад.
Моддаи 2. Мафҳумҳои асосӣ

Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мегарданд:



реклама - иттилооте, ки дар ҳар шакл, тавассути ҳар навъ воситаҳо оид ба шахси воқеӣ ва ҳуқуқӣ, молҳо, ғояҳо ва ташаббусҳо ( ахбори рекламавӣ) паҳн мешаванд ва барои доираи васеи шахсон пешбинӣ шуда, ҷиҳати ташаккул ё дастгирии шавқмандӣ ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, молҳо, ғояҳо, ташаббусҳо таъин гардида, барои фурӯхтани молҳо, ғояҳо ва ташаббусҳо мусоидат менамояд;

рекламаи номуносиб - рекламаи бевиҷдонона, нодуруст, беодобона, ошкоро бардурӯғ, пинҳонӣ ё дигар рекламае, ки дар он ба вайронкунии талабот нисбати мазмун, вақт, маҳал ва тарзи паҳнкунӣ тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳ дода шудааст;

рекламаи мутақобил - рад кардани рекламаи номуносиб, ки бо мақсади барҳам додани оқибатҳои он паҳн карда мешавад;

рекламадиҳанда - шахси воқеӣ ё ҳуқуқӣ,  ки бо фармоиши он реклама таҳия ва  паҳн  карда мешавад; (ҚҶТ аз 16.04.2012с., №812)

истеҳсолкунандаи реклама - шахси воқеӣ ё ҳуқуқие, ки ҷойгир ё паҳнкунии иттилооти рекламаро пурра ё қисман дар шакли тайёр барои паҳнкунӣ омода месозад;

паҳнкунандаи реклама - шахси воқеӣ ё ҳуқуқие, ки ҷойгир ё паҳнкунии иттилооти рекламаро бо роҳи пешниҳод ё истифодаи молу мулк, аз ҷумла, воситаҳои техникии радио, телевизион, инчунин шабакаҳои алоқа, вақти намоиш ва бо истифода аз дигар воситаҳо анҷом медиҳад;

истифодабарандагони реклама - шахсони воқеӣ ё ҳуқуқие, ки реклама ба маълумоташон расонида мешавад;

рекламаи беруна - плакатҳо, стендҳо, овезаҳои номалавҳаи мунаввар ва воситаҳои дигари техникӣ, ҷойгиронии устувори он дар ҳудуди муайян;

рекламаи дохилӣ - ҳар гуна рекламае, ки дар дохили хонаҳо, биноҳо, иншоотҳо ҷойгир карда шудааст;

рекламаи иҷтимоӣ – рекламаи ғайритиҷоратӣ, ки  дар он тарзи ҳаёти солим,  ҳифзи саломатӣ, ҳифзи табиат, амнияти аҳолӣ,  пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ ва дигар масъалаҳои  иҷтимоӣ ифода шудааст; (ҚҶТ аз 16.04.2012с., №812)

оферта - пешниҳод ба бастани шартнома буда, ба як ё якчанд шахсони мушаххас фиристода мешавад ва талабҳои асосии шартномаро дар бар мегирад;

аксепт - ҷавоби шахсе, ки офертаи ба ӯ пешниҳод кардашударо гирифтааст;

сарпарастӣ - аз ҷониби шахси воқеӣ ва ҳуқуқӣ гузоштани саҳм (дар шакли пешниҳоди молу мулк, натиҷаҳои фаъолияти зеҳнӣ, хизматрасонӣ, анҷом додани корҳо) ба фаъолияти шахси дигари воқеӣ ва ҳуқуқӣ (кӯмакгиранда) бо шартҳои паҳн кардани рекламаҳои кӯмакгиранда оид ба сарпараст ва молҳои ӯ;

саҳми сарпарастӣ - пардохт барои реклама аз ҷониби сарпараст  (рекламадиҳанда) ба кӯмакгиранда (паҳнкунандаи реклама). (ҚҶТ аз 16.04.2012с., №812)
Моддаи 3. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи реклама

Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи реклама ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф кардааст, иборат мебошад.


Моддаи 4. Ҳуқуқи муаллиф ва ҳуқуқҳои вобаста ба он барои реклама

Реклама метавонад пурра ё қисман объекти ҳуқуқи муаллиф ва ҳуқуқҳои вобаста ба он бошад.

Дар ин ҳолат ҳуқуқҳои муаллиф ва ҳуқуқҳои вобаста ба он мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳифз карда мешаванд.
Боби 2 Талаботи умумӢ ва махсус ба реклама
Моддаи 5. Талаботи умумӣ ба реклама

Реклама бояд бе донишҳои махсус ё бе татбиқи воситаҳои техникӣ, бевосита дар лаҳзаи пешниҳоди он сарфи назар аз шакл ё воситаҳои истифодашавандаи паҳнкунӣ, маҳз ҳамчун реклама фаҳмида шавад.

Дар осори радио, телевизион, видео, аудио ва кино, инчунин дар маҳсулоти чопии дорои хусусияти ғайрирекламавӣ истифодаи мақсадноки таваҷҷӯҳи истифодабарандагони реклама ба навъи (модел, артикул) мушаххаси мол ё ба тайёркунанда, иҷрокунанда, фурӯшанда барои ташаккул ва дастгирии манфиати онҳо бе маълумоти муносиби пешакӣ дар ин маврид (ба хусус, бо роҳи қайд кардан “ҳамчун реклама”) иҷозат дода намешавад.

Ба воситаҳои ахбори омма барои ҷойгиронии реклама ҳамчун маводи иттилоотӣ, таҳрирӣ ё таълифӣ гирифтани маблағ манъ аст.

Реклама дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ба забони давлатӣ ва бо салоҳдиди рекламадиҳандагон, инчунин ба дигар забонҳо, паҳн карда мешавад. Ин муқаррарот ба радиошунавонӣ, пахши телевизионӣ ва нашрияҳои чопие, ки танҳо ба забони давлатӣ, забонҳои дигар миллатҳои дар Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқоматдошта ва забонҳои хориҷӣ сурат мегиранд, инчунин ба тамғаҳои молии (тамғаҳои хизматрасонӣ) ба қайд гирифташуда дахл надоранд.

Ба рекламаи мол, рекламаи худи рекламадиҳанда, ҳамчунин ба рекламаи молҳое, ки мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон истеҳсолу истифодаи онҳо манъ карда шудааст ва инчунин ба рекламаи маҳсулот, кору хизматрасонӣ, ки бояд ҳатман дар Ҷумҳурии Тоҷикистон сертификатсия карда шаванд, вале сертификати мутобиқат надоранд, роҳ дода намешавад.

Рекламаи молҳое, ки сертификатсияи ҳатмиро талаб менамоянд, бояд қайди “ҳатман сертификатсия кунонида шаванд” дошта бошанд.

Истифода намудани объектҳои ҳуқуқҳои истисноӣ (моликияти зеҳнӣ) дар реклама бо тартиби пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозат дода мешавад.

Реклама набояд дар шаҳрвандон ҳисси зӯроварӣ, таҷовуз, воҳима барангезад, инчунин набояд ба амалҳои хатарноке даъват намояд, ки метавонанд ба саломатии шахсони воқеӣ зарар расонанд ё ба бехатарии онҳо таҳдид намоянд ва ба идроки инсон беихтиёр таъсир расонад.

Реклама набояд ба амалҳое, ки қонунгузории ҳифзи табиатро вайрон мекунанд, оварда расонад.


Моддаи 6. Рекламаи бевиҷдонона

Рекламаи бевиҷдонона рекламае мебошад, ки:

шахсони воқеӣ ва ҳуқуқиро, ки аз молҳои рекламашаванда истифода намекунанд, беобрӯ менамояд;

дорои муқоисаҳои носаҳеҳи моли рекламашаванда бо моли (молҳои) дигар шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ буда, инчунин мулоҳизаҳо ва тасвирҳое дорад, ки иззат, шаъну шараф ё эътибори кории рақибонро паст мезананд; (ҚҶТ аз 16.04.2012с., №812)

истеъмолкунандагонро нисбати моли рекламашаванда ба воситаи тақлиди (нусхабардории ё тақлидкории) лоиҳаи умумӣ, матн, формулаҳои рекламавӣ, тасвир, таъсироти мусиқӣ ва савтии дар рекламаи молҳои дигар истифодашаванда ё тавассути сӯиистифодаи боварии шахсони воқеӣ ё нокифоя будани таҷрибаю дониши онҳо, аз ҷумла бо сабаби дар реклама мавҷуд набудани қисматҳои муҳими иттилоотӣ ба иштибоҳ меандозад.

Ба рекламаи бевиҷдонона роҳ дода намешавад.


Моддаи 7. Рекламаи нодуруст

Рекламаи нодуруст рекламае мебошад, ки дар он нисбати нишондиҳандаҳои зерин маълумоти ба ҳақиқат номувофиқ мавҷуд аст:

тавсифи молҳо ҳамчун асл, таркиб, тарз ва санаи тайёр намудани онҳо, таъинот, хусусияти истеъмолӣ, шароитҳои истеъмол, мавҷудияти сертификати мутобиқат, аломатҳои сертификатсионӣ ва аломатҳои мутобиқат ба стандартҳои давлатӣ, теъдод, маҳалли истеҳсол;

мавҷудияти мол дар бозорҳо, имкониятҳои дар ҳаҷми мазкур харидорӣ намудани он, вақт ва маҳал;

арзиши (нархи) молҳо дар лаҳзаи паҳн кардани реклама;

шароитҳои иловагии пардохт;

бурда расонидан, табодул, баргардонидан, таъмир ва хизматрасонии мол;

ӯҳдадориҳои кафолатӣ, мӯҳлати хизмат, мӯҳлати истифода;

ҳуқуқ барои истифодаи рамзҳои давлатӣ, инчунин рамзҳои ташкилотҳои байналмилалӣ;

эътирофи расмӣ, гирифтани медалҳо, ҷоизаҳо, дипломҳо ва дигар мукофотҳо;

пешниҳоди маълумот доир ба тарзҳои харидани силсилаҳои пурраи молҳо, агар мол як қисми силсила бошад;

натиҷаи тадқиқот ва санҷишҳо, истилоҳоти илмӣ, иқтибосҳо аз нашрияҳои техникӣ, илмӣ ва дигар интишорот;

маълумоти оморие, ки асоснокии онҳо набояд дар шакли аз ҳад зиёд нишон дода шавад;

истинод ба ягон тавсияҳо ё эътирофи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, аз ҷумла ба тавсияву эътирофҳои кӯҳнашуда;

истифодаи истилоҳот бо дараҷаи баланд, аз ҷумла тавассути истифодаи калимаҳои “беҳамто”, “мутлақо”, “ягона” ва дигарҳо дар сурати имконнопазир будани тасдиқи онҳо бо ҳуҷҷат;

муқоиса бо дигар мол (молҳо), инчунин бо ҳуқуқ ва вазъи дигар шахсони воқеӣ ё ҳуқуқӣ;

истинод ба ягон хел кафолат ба истифодабарандагони молҳои рекламашаванда;

ҳаҷми воқеии талабот ба мол;

маълумот доир ба худи рекламадиҳанда.

Ба рекламаи нодуруст роҳ дода намешавад .


Моддаи 8. Рекламаи беодобона

Рекламаи беодобона рекламае мебошад, ки :

дорои маълумоти матнӣ, тасвирӣ ва савтӣ буда, меъёрҳои умумибашарӣ ва ахлоқиро бо роҳи истифодаи калимаҳои таҳқиромез, ташбеҳ, симоҳо нисбати нажод, миллат, касб, табақаҳои иҷтимоӣ, гурӯҳи синну солӣ, ҷинс, забон, эътиқоди динӣ, фалсафӣ, сиёсӣ ва дигар эътиқоди шахсони воқеиро халалдор месозад;

объектҳои санъатро , ки дорои арзиши миллӣ ё фарҳанги ҷаҳонӣ ҳастанд, беобрӯ менамояд, рамзҳои давлатӣ, асъори миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё давлати дигар ва рамзҳои мазҳабиро бадном мекунад;

ягон шахси воқеӣ ё ҳуқуқӣ, ягон хел фаъолият, касб, молро бадном мекунад.

Шахси воқеӣ ё ҳуқуқие, ки аз истеҳсол ё паҳн гардидани рекламаи дорои маълумоти бадномкунандаи шаъну шараф ё эътибори кории ӯ огоҳ шудааст, ҳақ дорад барои ҳифзи ҳуқуқҳои поймолгардидааш бо тартиби пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба суд муроҷиат намояд, инчунин агар рекламадиҳанда ин талаботро ихтиёрӣ иҷро накунад, ҳуқуқ дорад аз рекламадиҳанда раддияи чунин рекламаро бо ҳамон тарзе ки паҳн карда шуда буд, талаб намояд. (ҚҶТ аз 16.04.2012с., №812)

Ба рекламаи беодобона роҳ дода намешавад.
Моддаи 9. Рекламаи бардурӯғ

Рекламаи бардурӯғ чунин рекламае мебошад, ки тавассути он рекламадиҳанда (истеҳсолкунандаи реклама, паҳнкунандаи реклама) истифодабарандаи рекламаро қасдан ба иштибоҳ меандозад.

Ба рекламаи бардурӯғ роҳ дода намешавад.
Моддаи 10. Рекламаи пинҳонӣ

Дар асари радио, аудио, намоишномаҳои телевизиону видео, дар маҳсулоти кино, ҳамчунин дар маводи дигар истифода кардан ва бо роҳу воситаҳои дигар интишор намудани рекламаи пинҳонӣ, яъне рекламае, ки ба ҳушу идроки истеъмолкунанда, аз ҷумла бо роҳи истифодаи сабтҳои махсуси видеоӣ (сабти овози дуҷӯра) таъсири беихтиёр мерасонанд, иҷозат дода намешавад.


Моддаи 11. Хусусиятҳои реклама дар барномаҳои радио ва телевизион

Дар барномаҳои радио ва телевизион бо реклама буридани барномаҳои зерин роҳ дода намешавад:

суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, гузориш аз иҷлосияҳои Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷаласаҳои якҷояи онҳо, чорабиниҳои давлатӣ, маросимҳои мотам ва дигар маросимҳои расмӣ;

барномаҳои динӣ;

барномаҳои таълимӣ на бештар аз як маротиба дар муддати 15 дақиқа то 30 сония;

барномаҳои радио ва филмҳои бадеӣ бе розигии соҳибҳуқуқон;

барномаҳое, ки давомнокии пахшашон камтар аз 15 дақиқа мебошад;

барномаҳое, ки давомнокии пахшашон аз 15 то 60 дақиқа мебошанд, на бештар аз ду маротиба.

ҳангоми истифодаи реклама ҳамчун замима ба тасвири асосӣ, аз ҷумла ба таври “сатри муҳаррик”, андозаи он бояд аз ҳафт фоизи масоҳати кадр зиёд набошад.

Паҳн кардани рекламаи як навъи мол, ҳамчунин паҳн намудани реклама дар бораи худи рекламадиҳанда набояд бештар аз ду маротиба дар давоми тамоми намоиш ва на бештар аз ду дақиқа дар муддати як соати вақти ба пахши барномаҳои радио ва телевизион ҷудошуда дар як мавҷи намоиш ба ҷо оварда шавад.

Дар барномаҳои радио ва телевизиони давлатӣ, ки ҳамчун барномаҳои ба ахбор ва маводи хусусияти рекламавӣ махсусгардонидашуда ба қайд гирифта нашудаанд, реклама набояд аз 10 фоизи ҳаҷми намоиши шабонарӯзӣ ва дар барномаҳои радио ва телевизиони ғайриҳукуматӣ ин ҳаҷм набояд аз 30 фоиз зиёд бошад.

Дар барномаҳои кӯдаконае, ки давомнокиаш то 30 дақиқа мебошад, пахши реклама манъ аст.
Моддаи 12. Хусусиятҳои реклама дар матбуоти даврӣ

Дар матбуоти даврии давлатӣ, ки барои ахбор ва маводи хусусияти рекламавӣ дошта махсус гардонида нашудаанд, реклама набояд аз 25 фоизи ҳаҷми як шумораи нашрияи матбуоти даврӣ ва дар матбуоти даврии ғайриҳукуматӣ ин ҳаҷм набояд аз 40 фоиз зиёд бошад.

Дар воситаҳои ахборе, ки барои реклама махсус гардонида шудаанд, маҳдудият гузошта намешавад.
Моддаи 13. Хусусиятҳои реклама дар кино, видео ва хизматрасонии маълумотӣ

Дар таркиби асарҳои аудиовизуалӣ бе ризоияти дорандагони ҳуқуқҳои  молумулкии муаллиф ба  чунин асарҳо  ҷойгир намудани реклама манъ аст. (ҚҶТ аз 16.04.2012с., №812)

Ҳангоми хизматрасонии маълумотдиҳии телефонӣ, компютерӣ реклама танҳо баъди ба абонент додани маълумоти талабгардида пешниҳод шуда метавонад.

Ҳангоми хизматрасонии пулакии маълумотдиҳии телефонӣ, компютерӣ ё дигар хизматрасонӣ реклама танҳо бо розигии абонент пешниҳод карда мешавад.

Арзиши чунин реклама набояд ба арзиши маълумоти талабкардаи абонент дохил шавад.

Истифодаи рақамҳои бепули телефонҳои хадамоти ёрии таъҷилӣ, милитсия, сӯхторнишонӣ ба мақсади паҳнкунии реклама манъ карда мешавад.
Моддаи 14. Хусусиятҳои рекламаи берунӣ

Паҳн кардани реклама дар шаҳрҳо, ноҳияҳо, шаҳракҳо, деҳот ва дигар мавзеъҳо метавонад дар шакли плакатҳо (овезаҳо), стендҳо, номалавҳаҳои мунаввар, дигар воситаҳои техникии устувори ҷойгиронии мавзеъӣ амалӣ гардад.

Рекламаи берунӣ бояд бо аломатҳои роҳҳо ва нишонаҳо мушобеҳ набуда, дидани онҳоро халалдор насозад, инчунин ба бехатарии ҳаракат халал нарасонад, ҳамзамон реклама (овеза, номалавҳа, стендҳо ва ғайраҳо) бояд дар болои роҳи автомобилгард ё аз тарафи рости роҳ ҷойгир шавад.

Паҳн намудани рекламаи берунӣ дар шаҳрҳо, ноҳияҳо, шаҳракҳо, деҳот ва дигар мавзеъҳо ҳангоми мавҷуд будани иҷозати мақомоти дахлдори ҳокимияти давлатӣ дар маҳалҳо тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода мешавад:

аз тарафи мақомоти дахлдори раёсати истифодабарии роҳҳои автомобилгард, инчунин воҳидҳои минтақавии бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон - дар хати ҷудокарда ва минтақаи наздироҳии роҳҳои автомобилгард - берун аз қаламрави шаҳрҳо, ноҳияҳо, шаҳракҳо ва деҳот;

аз тарафи воҳидҳои минтақавии бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон - дар қаламрави шаҳрҳо, шаҳракҳо ва деҳот;

аз тарафи мақомоти дахлдори идораи роҳҳои оҳан - дар хати ҷудокардаи роҳи оҳан.

Барои додани иҷозати паҳн намудани рекламаи берунӣ бо назардошти талаботе, ки дар қисми якуми ин модда пешбинӣ шудаанд, бо тартиб ва андозаҳои муқаррарнамудаи мақомоти дахлдори ҳокимияти давлатӣ дар маҳал ва бо мувофиқаи мақомоти дахлдоре, ки дар сархатҳои якум ва дуюми қисми сеюми моддаи мазкур зикр гардидаанд, маблағ ситонида мешавад.

Ҳамзамон ҳаҷми пардохт бояд аз андозаи хароҷоти корҳои анҷомдодашуда барои додани иҷозати паҳн намудани рекламаҳои берунӣ, муайян намудани ҷойи паҳн кардани он ва назорати ҳолати рекламаҳои берунӣ ва воситаҳои техникии ҷойгиронии устувори мавзеъии он зиёд набошад.

Паҳн намудани рекламаи берунӣ бо роҳи ҷойгиркунӣ дар мавзеъ (аз ҷумла, дар мавзеъҳои ёдгориҳои фарҳангӣ, иншооти расму ойин, маҷмӯаҳои ҳифзшавандаи табиӣ), бино, иншоот ва дигар объектҳо, инчунин муайян намудани ҳаҷм ва тартиби пардохти маблағ барои паҳн намудани рекламаи мазкур дар асоси шартнома бо молик ё бо шахси ба амвол ҳуқуқи моликидошта анҷом дода мешавад, агар мутобиқи қонун ё шартнома нисбати шахси ба молу мулк ҳуқуқи моликидошта ҳолати дигар пешбинӣ нашуда бошад ва дар мавриди мавҷуд будани иҷозат қисми сеюми пешбинишудаи ин модда амалӣ мегардад.


Моддаи 15. Хусусиятҳои реклама дар воситаҳои нақлиёт ва муросилоти почта

Паҳн намудани реклама дар воситаҳои нақлиёт дар асоси шартномаҳо бо соҳибони воситаҳои нақлиёт ё бо шахсони ба воситаҳои нақлиёт ҳуқуқи моликидошта, агар мутобиқи қонун ё шартнома нисбати шахсоне, ки ба ин молу мулк ҳуқуқи моликӣ доранд, ҳолати дигар пешбинӣ нашуда бошад, сурат мегирад.

Ҳолатҳои маҳдудият ва манъи паҳн кардани рекламаро дар воситаҳои нақлиёт бо мақсади таъмини бехатарии ҳаракат мақомоти ваколатдор, ки назорати бехатарии ҳаракат ба зиммаашон гузошта шудааст, муайян мекунанд.

Паҳн кардани реклама дар муросилоти почта танҳо бо иҷозати Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷо оварда мешавад. (ҚҶТ аз 16.04.2012с., №812)



Моддаи 16. Рекламаи дохилӣ

Ҷойгиронии реклама дар биноҳои мақомоти ҳокимият, муассисаҳои кӯдаконаи томактабӣ, мактабҳои ҳамагонӣ ва мактабҳои махсус, ба ғайр аз рекламаи иҷтимоӣ роҳ дода намешавад. (ҚҶТ аз 16.04.2012с., №812)


Моддаи 17. Хусусиятҳои рекламаи навъҳои алоҳидаи молҳо

Рекламаи машрубот, тамоку ва маҳсулоти тамоку, маҳсулоти аудио, видео ва маводи чопии хусусияти фаҳшдошта, ғизои кӯдакон ва шишачаҳои ширмакконӣ (шишачаҳои ширдӯшӣ), мккаку пистонак, инчунин маводи нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо манъ аст. (Қ ҶТ аз 26.12.11с. №779)

Рекламаи маводҳои доруворӣ, техникаи тиббӣ, таҷҳизоти таъиноти тиббӣ ва санитарию гигиенӣ, маҳсулоти истеъмолии табобатию профилактикӣ, иловагиҳои озуқавӣ ва ороишие, ки аз қайди мақомоти ваколатдори Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон нагузаштаанд, инчунин рекламаи усулҳои табобат, профилактика, ташхис,офият ҳангоми набудани иҷозати Вазорати тандурустӣ роҳ дода намешавад, аз ҷумла дар ҳолати гирифтани патент барои ихтироот дар соҳаи мазкур.

Ҳангоми рекламаи доруворӣ бо мақсади тақвияти самаранокии реклама муқоисаи он бо дигар маводи доруворӣ иҷозат дода намешавад. Рекламаи доруворие, ки бо дорухати (ресепти) духтур дода мешаванд, манъ аст.

Рекламаи тамоми навъҳои яроқ, силоҳ ва техникаи ҳарбӣ, ба истиснои рекламаи яроқи ғайринизомии иҷозатдошта, аз ҷумла яроқи шикорӣ ва варзишӣ иҷозат дода намешавад.

Паҳн кардани рекламаҳои яроқи ғайринизомии иҷозатдошта, аз ҷумла шикорӣ ва варзишӣ танҳо дар нашрияҳои матбуоти даврӣ, ки барои паҳн кардани реклама махсус гардонида шудаанд, инчунин дар дигар нашрияҳои матбуоти даврии барои истифодабарандагони яроқи иҷозатномадоштаи шаҳрвандӣ пешбинишуда ва дар ҷойҳои истифодаи яроқи шикорӣ ва варзишӣ иҷозат дода мешавад.

Ба интишори рекламаи яроқи иҷозатномадоштаи шаҳрвандӣ дар воситаҳои умумии иттилоотии электронӣ танҳо баъди соати 22 вақти маҳаллӣ роҳ дода мешавад.
Моддаи 18. Хусусиятҳои рекламаи хизматрасонии молиявӣ, суғуртавӣ, сармоягузорӣ ва коғазҳои қиматнок

Ҳангоми истеҳсол, ҷойгир ва паҳн кардани рекламаи хизматрасониҳои молиявӣ, аз ҷумла бонкӣ, суғуртавӣ, сармоягузорӣ ва дигарҳо, ки бо истифодаи маблағи шахсони вокеӣ ва ҳуқуқӣ алоқаманд мебошанд, инчунин коғазҳои қиматнок ба амалҳои зерин роҳ дода намешавад:

дар реклама нишон додани маълумоти миқдорӣ, ки бевосита ба хизматрасониҳои рекламашаванда ё коғазҳои қиматнок алоқаманд нестанд;

кафолат додани ҳаҷми даромадҳо тибқи саҳмияҳои номии оддӣ;

реклама кардани коғазҳои қиматнок то ба қайд гирифтани эълони эмиссияи (барориши) онҳо;

пешниҳод намудани ҳама гуна кафолатҳо, ваъдаҳо ё тахминҳо оид ба даромаднокии минбаъдаи фаъолият, аз ҷумла бо роҳи эълон намудани баландшавии қурби коғазҳои қиматнок;

ном набурдани ҳатто яке аз шартҳои шартнома, агар дар реклама дар хусуси шартҳои шартнома иттилоъ дода шавад.
Моддаи 19. Рекламаи иҷтимоӣ

Рекламаи иҷтимоӣ манфиатҳои ҷамъиятӣ ва давлатиро ифода намуда, барои расидан ба мақсадҳои хайриявӣ нигаронида шудааст.

Дар рекламаи иҷтимоӣ ташкилотҳои тиҷоратӣ, соҳибкорони инфиродӣ, навъҳои мушаххаси (моделҳои, артикулҳои) молҳои онҳо, ҳамчунин навъҳои молҳое, ки натиҷаи фаъолияти соҳибкории ташкилотҳои ғайритиҷоратӣ мебошанд, набояд хотиррасон карда шаванд.

Фаъолияти ба таври ройгон анҷомдодашудаи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои истеҳсол ва паҳн кардани рекламаи иҷтимоӣ, аз ҷумла тарзи солимии ҳаёт ва дастовардҳои соҳаи тандурустӣ, додани моликияти худ, аз ҷумла воситаҳои пулӣ ба дигар шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, дар истеҳсол ва паҳн кардани рекламаи иҷтимоӣ, ҳамчун фаъолияти эҳсонкорӣ дониста шуда, аз имтиёзҳои пешбининамудаи қонунгузорӣ бархурдор мебошанд.

Паҳнкунандагони реклама - воситаҳои ахбори омма ӯҳдадоранд, ки ҷойгиронии рекламаҳои иҷтимоии пешниҳодкардаи рекламадиҳандагонро дар доираи 10 фоизи вақти намоиш (масоҳати асосии чопӣ ) дар як сол, ки қонунгузорӣ барои реклама муқаррар кардааст, ҷойгир намоянд.

Паҳнкунандагони рекламае, ки воситаҳои ахбори омма намебошанд, ӯҳдадоранд рекламаи иҷтимоиро дар доираи 10 фоизи арзиши солонаи хизматрасонӣ ҷойгир намоянд.

Истеҳсолкунандагони реклама ӯҳдадоранд хизматрасониро оид ба истеҳсоли рекламаи иҷтимоӣ дар доираи 10 фоизи ҳаҷми солонаи рекламаҳое, ки истеҳсол мекунанд, пешниҳод намоянд.

Шартҳои ба вақти ҷойгиронӣ ва воситаҳои паҳнкунии рекламаи иҷтимоӣ тааллуқдошта, ки рекламадиҳанда пешниҳод мекунад, барои паҳнкунандаи реклама ҳатмӣ мебошад, агар рекламадиҳанда ба паҳнкунандаи реклама на дертар аз як моҳи мӯҳлати дар назардоштаи паҳни рекламаи иҷтимоӣ муроҷиат намояд.

Пардохти маблағи истеҳсол, ҷойгир ва паҳн кардани рекламаи иҷтимоӣ дар асоси шартнома анҷом дода мешавад.

Дар сурати зиёд будани ҳаҷми фармоишҳо барои истеҳсол, ҷойгир ва паҳн кардани рекламаи иҷтимоӣ назар ба меъёрҳои вақти муқаррарнамудаи намоиши чунин рекламаҳо, масоҳати асосии чопӣ, ҳаҷми истеҳсол, ҷойгиронӣ, паҳн кардан ва дар мавриди ба вуҷуд омадани баҳсҳо навбати истеҳсол, ҷойгир ва паҳн кардани рекламаи иҷтимоӣ бо тартиби аз ҷониби истеҳсолкунандагон ва паҳнкунандагони реклама гирифтани офертаи рекламадиҳанда муайян карда мешавад.

Ба амалҳои истеҳсолкунандагон ва паҳнкунандагони реклама, ки ба истеҳсол, ҷойгир ва паҳн кардани рекламаи иҷтимоӣ дар доираи муқаррарнамудаи қонунгузорӣ монеа ба вуҷуд меоранд, иҷозат дода намешавад.

Дар сурати роҳ додан ба чунин амалҳо рекламадиҳандагон метавонанд бо тартиби муқарраргардида ба суд шикоят намоянд.


Моддаи 20. Маҳдудият дар фаъолияти сарпарастӣ

Сарпараст ҳуқуқ надорад, ки ба фаъолияти кӯмакгиранда дахолат намояд.

Шахсони воқеию ҳуқуқӣ, ки машрубот ва тамоку истеҳсол мекунанд, сарпараст буда наметавонанд.



Сарпарастӣ ба барномаҳои ахбор ва воқеаҳои ҷорӣ манъ аст. (ҚҶТ аз 16.04.2012с., №812)
Моддаи 21. Ҳифзи ноболиғон ҳангоми истеҳсол, ҷойгир ва паҳн кардани рекламаҳо

Ҳангоми истеҳсол, ҷойгир ва паҳн кардани реклама бо мақсади муҳофизати ноболиғон аз суиистифодаи зудбоварӣ ва бетаҷрибагӣ ба амалиётҳои зерин роҳ дода намешавад:

беэътибор кардани нуфузи падару модар ва мураббиён, коҳиш додани боварии ноболиғон нисбат ба онҳо;

талқини бевоситаи ноболиғон нисбати водор сохтани падару модар ва шахсони дигар ба харидани молҳои рекламашаванда;

ҷалб намудани диққати ноболиғон ба ин ё он молҳое, ки ба даст оварданашон ба онҳо нисбат ба дигар ноболиғон ягон бартарӣ медиҳад, инчунин ба молҳое, ки набуданашон натиҷаи баръакс медиҳад;

дар реклама ҷойгир намудани маълумоти матнӣ, биноӣ ё савтӣ, ки ноболиғонро дар ҷойҳо ва вазъиятҳои хатарнок нишон медиҳанд;

паст намудани сатҳи зарурии малакаҳои истифодаи мол аз ҷониби ноболиғон, ҳамзамон дар сурате, ки агар таҷрибаи истифодаи мол нишон дода ё тавсиф шуда бошанд, реклама бояд дар хусуси он ки кадом чиз воқеан барои ноболиғони гурӯҳи муайяни синну сол, ки мол барояшон пешбинӣ шудааст, маълумот диҳад;

ба ноболиғон талқин намудани хаёлоти ғайривоқеӣ (таҳрифшуда) оид ба арзиши (нархи) мол, аз ҷумла тавассути истифодаи калимаҳои “танҳо”, “ҳамагӣ” ва ба ҳамин монанд, инчунин бо роҳи бевосита нишон додани он ки моли рекламашаванда барои буҷети тамоми оилаҳо дастрас мебошад.

Истифодаи тасвири матнӣ, биноӣ ё савтии ноболиғон дар рекламае, ки бевосита ба молҳои барои ноболиғон дахл надоранд, роҳ дода намешавад.
Боби 3. Ҳуқуқ ва ӯҲдадориҲои рекламадиҲандагон, истеҲсолкунандагон ва паҲнкунандагони реклама
Моддаи 22. Мӯҳлати нигоҳдории маводе, ки рекламаро дар бар мегирад

Рекламадиҳандагон, истеҳсолкунандагон ва паҳнкунандагони реклама ӯҳдадоранд маводҳо ё нусхаҳои онҳоро, ки рекламаро дар бар мегиранд, аз ҷумла ҳамаи тағйироти минбаъдаи ба онҳо воридшавандаро дар муддати шаш моҳ аз рӯзи паҳн шудани рекламаи охирин нигоҳ доранд.


Моддаи 221. Ҳуқуқҳои рекламадиҳанда, истеҳсолкунанда ва паҳнкунандаи реклама

Рекламадиҳанда,  истеҳсолкунанда ва паҳнкунандаи реклама ҳуқуқ доранд бо ариза оид ба пурра ё қисман бекор кардани қарори мақоми ваколатдори давлатӣ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба суд муроҷиат намоянд. (ҚҶТ аз 16.04.2012с., №812)
Моддаи 23. Пешниҳоди маълумот барои истеҳсол ва паҳн кардани реклама

Истеҳсолкунанда ва паҳнкунандаи реклама ҳуқуқи талаб карданро дорад ва рекламадиҳанда дар ин ҳолат ӯҳдадор аст тасдиқи дурустии маълумоти рекламаро бо ҳуҷҷат пешниҳод намояд.




Моддаи 24. Eҳдадориҳои истеҳсолкунандаи реклама дар мавриди хабардор кардани ҳолатҳои вайронкунии қонунгузории оид ба реклама

Истеҳсолкунандаи реклама ӯҳдадор аст сари вақт ба рекламадиҳанда хабар диҳад, ки риояи талаботи ӯ ҳангоми истеҳсоли реклама метавонад ба вайронкунии қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи реклама оварда расонад.

Агар рекламадиҳанда сарфи назар аз огоҳонии саривақтӣ ва асоснокшудаи истеҳсолкунандаи реклама талаботи худро ба реклама тағйир надиҳад ё мутобиқи талаботи истеҳсолкунандаи реклама тасдиқи ҳуҷҷатии дурустии маълумоти барои истеҳсоли реклама пешниҳодшавандаро пешкаш накунад ё дигар ҳолатҳоеро, ки рекламаро номуносиб мегардонанд, бартараф насозад, истеҳсолкунандаи реклама ҳуқуқ дорад, бо тартиби муқарраргардида шартномаро қатъ намояд ва мутобиқи қонунгузории амалкунанда ҷуброни пурраи зарарҳоро талаб намояд.
Моддаи 25. Пешниҳоди маълумот ба мақомоти ҳокимияти иҷроия

Рекламадиҳандагон, истеҳсолкунандагон ва паҳнкунандагони реклама бо талаби мақомоти давлатии ваколатдор (мақомоти минтақавии онҳо), ки назорати риояи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи реклама ба зиммаашон гузошта шудааст, ӯҳдадоранд дар мӯҳлати муқарраргардида ҳуҷҷатҳои дуруст ва тавзеҳотро дар шакли шифоҳӣ ё хаттӣ, сабтҳои видеоӣ ва овозӣ, инчунин дигар маълумоте, ки барои амалӣ намудани ваколатҳои пешбининамудаи қонуни мазкур зарур мебошанд, пешниҳод намоянд.


Моддаи 26. Пешниҳоди оммавӣ оид ба бастани шартнома дар реклама

Оқибати эътирофи реклама даъват барои бастани шартнома (оферта) ё худ шартномаи оммавӣ (офертаи оммавӣ) (пешниҳоди оммавӣ оид ба бастани шартнома барои реклама) буда, тибқи Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.

Рекламадиҳанда вазифадор аст мӯҳлати амали рекламаро, ки барои даъвати шартномакунонӣ (оферта кардан) хизмат мекунад (агар дар реклама ақаллан яке аз шартҳои асосӣ хабар дода шуда бошад), инчунин рекламаҳоеро, ки ба ҳайси шартномаҳои оммавӣ (офертаҳои оммавӣ) амал мекунанд, нишон диҳад.

Агар рекламадиҳанда баъди бо тартиби муқарраргардида гирифтани аксепти (розигии) шахс, ки офертаи оммавӣ ба номи ӯ мебошад, аз бастани шартнома саркашӣ кунад, ин шахс ҳуқуқ дорад бо талаби бастани шартнома ва ҷуброни зараре, ки дар натиҷаи беасос рад намудани рекламадиҳанда аз бастани шартнома расонида шудааст, бо дархост ба суд муроҷиат намояд.


Боби 4. Назорати давлатӢ дар соҲаи реклама
Моддаи 27. Мақоми ваколатдор дар соҳаи реклама

Назорати давлатии риояи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар бораи реклама мақоми ваколатдори давлатӣ, ки ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд ва раёсатҳои минтақавии он (минбаъд мақоми ваколатдор) амалӣ менамояд.

Мақоми ваколатдор:

далелҳои рекламаҳои номуносибро, ки аз тарафи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ роҳ дода мешаванд, пешгирӣ ва қатъ мекунад;

ба рекламадиҳандагон, истеҳсолкунандагон ва паҳнкунандагони реклама амрияи қатъ намудани вайронкунии қонунгузорӣ дар бораи реклама ва қарори анҷом додани рекламаи мутақобилро равон мекунад;

ба мақомоти прокуратура ва дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ барои баррасии минбаъда оид ба вайронкунии қонунгузорӣ дар соҳаи реклама мавод ирсол мекунад.

Мақоми ваколатдор ҳуқуқ дорад, бинобар аз ҷониби рекламадиҳандагон, истеҳсолкунандагон ва паҳнкунандагони реклама вайрон кардани қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи реклама ва оид ба беэътибор донистани аҳдҳои бо рекламаи номуносиб алоқаманд ба суд даъво пешниҳод кунад.

Мақоми ваколатдор, ки тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи ваколатҳои худ вазифаи ҳифзи ҳуқуқҳои истеъмолкунандагон ва пешгирии рақобати бевиҷдононаро анҷом медиҳад, ҳуқуқ дорад бо рекламадиҳандагон, паҳнкунандагони реклама дар бораи аз ҷониби онҳо риоя кардани қоидаҳо ва расмиёти таҷрибаи реклама корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронад. (ҚҶТ аз 16.04.2012с., №812)


Моддаи 28. Ҳуқуқи мақомоти худтанзимкунӣ дар соҳаи реклама

Ташкилотҳои ҷамъиятӣ (иттиҳодияҳо), ассотсиатсияҳо ва иттиҳодияҳои шахсони ҳуқуқӣ метавонанд мақомоти худтанзимкунӣ дар соҳаи реклама таъсис диҳанд.

Мақомоти худтанзимкунӣ дар соҳаи реклама:

барои иштирок дар таҳияи талаботи реклама, лоиҳаҳои қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ҷалб карда мешаванд; (ҚҶТ аз 16.04.2012с., №812)

экспертизаи мустақили рекламаро ҷиҳати муайян кардани мутобиқати он ба талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи реклама мегузаронанд ва тавсияҳои дахлдорро ба рекламадиҳандагон, истеҳсол ва паҳнкунандагони реклама мефиристанд;

аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ ҳангоми амалӣ намудани назорати риояи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи реклама ҷалб карда мешаванд.
Боби 5. РЕКЛАМАИ МУТАҚОБИЛ ва ҶАВОБГАРӢ барои рекламаи номуносиб
Моддаи 29. Рекламаи мутақобил

Ҳангоми муқаррар намудани далели вайронкунии қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи реклама ҳуқуқвайронкунанда вазифадор аст дар мӯҳлати муқаррарнамудаи мақомоти ваколатдор рекламаи мутақобилро анҷом диҳад.

Ҳамзамон ҳуқуқвайронкунанда хароҷоти рекламаи мутақобилро дар ҳаҷми пурра мепардозад.

Ҳангоми дар мӯҳлати муқарраргардида аз ҷониби ҳуқуқвайронкунанда дода нашудани аксулреклама мақоми ваколатдор, ки дар хусуси гузаронидани рекламаи мутақобил қарор қабул намудааст, ҳуқуқ дорад дар хусуси ба таври пурра ё қисман боздоштани рекламаҳои ҳуқуқвайронкунанда то рӯзи ба охир расонидани паҳн кардани аксулреклама қарор қабул намояд.

Ҳамзамон мақоме, ки дар хусуси пурра ё қисман боздоштани рекламаҳои вайронкор қарор қабул намудааст, ӯҳдадор аст, ки аз ҳуқуқвайронкунанда  талаб намояд, то  ки  ӯ тамоми тарафҳои шартномаи бо ҳуқуқвайронкунанда нисбати истеҳсол, ҷойгир ва паҳнкунии рекламаҳои басташударо фавран хабардор намояд.

Рекламаи мутақобил тавассути ҳамон воситаҳои паҳнкунанда ва бо истифодаи ҳамон тавсияҳои давомнокӣ, фазо, ҷой ва тартибе, ки рекламаи номуносибро рад менамояд, ба анҷом расонида мешавад.

Мазмуни рекламаи мутақобил бо мақоми ваколатдори давлатӣ, ки далели вайронкуниро муқаррар ва дар хусуси ислоҳи он ҚАРОРИ дахлдор қабул намудааст, мувофиқа карда мешавад.

Дар ҳолатҳои алоҳида тибқи ҚАРОРИ мақоми ваколатори давлатӣ, ки дар хусуси гузаронидани рекламаи мутақобил қарор қабул намудааст, иваз намудани воситаҳои паҳнкунӣ, таснифи давомнокӣ, фазо, ҷой ва тартиби амалӣ намудани аксулреклама иҷозат дода мешавад. (ҚҶТ аз 16.04.2012с., №812)
Моддаи 30. Ҷавобгарии рекламадиҳандагон, истеҳсолкунандагон ва паҳнкунандагони реклама

Рекламадиҳанда барои вайрон кардани қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи реклама доир ба ҷойгир намудани маълумот барои ташкили рекламаи пешниҳодшаванда ҷавобгар мебошад, агар исбот нашуда бошад, ки ҳуқуқвайронкунии мазкур бо айби истеҳсолкунандаи реклама ё паҳнкунандаи реклама ба вуҷуд омадааст.

Истеҳсолкунандаи реклама барои вайрон кардани қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи реклама доир ба расмиятдарорӣ, истеҳсол ва таҳияи реклама ҷавобгар  мебошад.

Паҳнкунандаи реклама барои вайрон кардани қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи реклама доир ба вақт, маҳал ва воситаҳои ҷойгиронии реклама ҷавобгар  мебошад.



Шахсоне, ки ҳуқуқ ва манфиатҳояшон дар натиҷаи рекламаи номуносиб вайрон карда шудааст, ҳуқуқ доранд бо тартиби муқарраргардида ҷиҳати рӯёнидани зарар, ҷуброни зиёни маънавӣ, раддияи расмии рекламаи номуносиб ба суд муроҷиат намоянд. (ҚҶТ аз 16.04.2012с., №812)
Моддаи 31. Ҷавобгарӣ барои риоя накардани Қонуни мазкур
Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои риоя накардани Қонуни мазкур мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд. (ҚҶТ аз 16.04.2012с., №812)

Моддаи 32. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур

Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.


Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. РАҲМОНОВ

ш. Душанбе

1 августи соли 2003



№34

Достарыңызбен бөлісу:




©dereksiz.org 2024
әкімшілігінің қараңыз

    Басты бет