БАРНОМАИ МИЛЛИИ
ПЕШГИРЇ, ТАШХИС ВА ТАБОБАТИ БЕМОРИЊОИ САРАТОН ДАР ЉУМЊУРИИ ТОЉИКИСТОН БАРОИ СОЛЊОИ 2010-2015
РЎЙХАТИ ИХТИСОРОТИ ШАРТЇ
АБОС - Агентии байналмилалї оид ба омўзиши саратон
АБНА - Агентии байналмилалї оид ба нерўи атомї
АИТР - Академияи илмњои тибби Россия
БОР - Бонки Осиёии Рушд
БКШ - Беморхонаи клиникии шањрї
БМН - Беморхонаи марказии ноњиявї
ВМКБ - Вилояти Мухтори Кўхистони Бадахшон
ВНМО/БНММ - Вируси норасоии масунияти одам/бемории норасоии масунияти муњассил
ВПО - Вируси папилломаи одам
ВАО - Воситањои ахбори оммавї
ДДТТ - Донишгоњи давлатии тиббии Тољикистон ба номи Абўалї ибни Сино
ДТИБДКТТ- Донишкадаи такмили ихтисоси баъдидипломии кормандони тибби Тољикистон
ЗССР - Занони синну соли репродуктивї (занони ќобили таваллуд)
ИМА - Иёлоти Муттањидаи Амрико
КАТС - Кўмаки аввалияи тиббию санитарї
ММД - Маљмўи мањсулоти дохилї
МШСР - Маркази шањрии солимии репродуктивї
ММСР - Маркази миллии солимии репродуктивї
МЉ ИС - Маркази љумњуриявии илмии саратоншиносї
МТП - Муассисањои тиббию профилактикї
МСД - Маркази саломатии дењотї
МСН - Маркази саломатии ноњиявї
МСР - Маркази солимии репродуктивї
МЕХЕКО - Корпоратсияи Хитой оид ба содирот ва воридоти таљњизоти тиббї
НД - Нигориши демографї
СЃШ - Саратони ѓадуди шир
ТБМ - Ташкилоти байналмилалї оид ба муњољират
ТУТ - Ташкилоти Умумиљањонии Тандурустї
ТМР – Томографи магнитї-резонансї
ТК –Томографи компютерї
ТИКА - Раёсати Туркия оид ба њамкорї ва рушд
ХБА - Хазинаи байналмилалии асъор
ХНДФФ - Хадамоти назорати давлатии фаъолияти фармасевтї
ХДТТИ ВМЊИА ЉТ - Хадамоти давлатии ташхиси тиббию иљтимоии Вазорати мењнат ва њифзи иљтимоии ањолии Љумњурии Тољикистон
USAID (ЮСАИД) - Агентии Амрикої оид ба рушди байналмилалї
НОРЕ - Лоињаи ХОУП
UNFPA - Хазинаи ањолии Созмони Милали Муттањид
ИДМ- Иттињоди Давлатњои Мустаќил
1. Сарсухан
Њамасола дар тамоми љањон бештар аз 9 млн. одамони гирифтори омосњои бадсифат ба ќайд гирифта мешаванд, ки аз ин шумора 5 млн. нафари онњо вафот мекунанд. Дар давлатњои мутараќќї ин беморї бо сабабњои суръати баланди марговарии худ љойи дуюумро ишѓол мекунад. Тањќиќоти эпидемиологии солњои охир тасдиќ намуданд, ки тамоюли ба њамин монанд дар давлатњои рў ба тараќќї низ ба назар мерасад. Омилњои асосии чунин тавсеа ёфтани саратон ин шумораи зиёдшавандаи гурўњњои калонсолони њар ду љинс, босуръат зиёдшавии баъзе шаклњои омосњои бадсифат, махсусан зиёдшавии омосњои бадсифати шуш дар натиљаи тамокукашї мебошад. Тибќи маълумоти Ташкилоти Умумиљањонии Тандурустї эњтимол меравад, ки дар 25 соли наздик 300 млн. њодисаи беморї ва 200 млн. фавт аз бемории саратон ба вуљуд ояд, ки аз 2/3 он ба давлатњои рў ба тараќќї рост меояд.
Вобаста ба њамин њалли масъалњои беморињои саратон ба рўйхати вазифањои афзалиятноки тандурустї дохил шудааст.
Дар Тољикистон низ чун дар њамаи давлатњои рў ба тараќќї тамоюли болоравии беморињои саратон мушоњида мегардад. Тибќи маълумоти Маркази љумњуриявии омор ва иттлооти тиббї њамасола дар љумњурї беш аз 2000 њодисањои нави беморї (133,5 ба 100 њазор ањолї) ба ќайд гирифта мешаванд, ки њам барои давлат ва њам барои љамъият мушкилоти љиддиро дар худ таљассум мекунанд.
«Консепсияи ислоњоти тандурустии Љумњурии Тољикистон», ки бо дастгирии Ташкилоти Умумиљањонии Тандурустї ќабул шудааст, инчунин «Стратегияи Љумњурии Тољикистон оид ба њифзи саломатии ањолї дар давраи то соли 2010», ки ба таъмини дастрасии баробар ба хизматрасонии тандурустї равона гардида, бо роњи тањким бахшидани кўмаки аввалияи тиббию санитарї ба талаботи гурўњњои камбизоат ва эњтиёљманди ањолї љавобгў мебошад ва дурнамои мубориза бар зидди саратон, ки љаласаи 58 Ташкилоти Умумиљањонии Тандурустї соли 2005 онро тавсия додааст, зарурати тањия ва ворид намудани барномаи миллиро талаб мекунанд, ки масъалањои пешгирї, ташхиси барваќтї ва љанбањои гуногуни муолиљаи омосњои бадсифатро зимни барномаи омўзиши њатмї ва тайёр кардани мутахассисон дар мамлакат фаро мегирад.
2.Заминањо
1) Маълумоти умумї дар бораи мамлакат
Љумњурии Тољикистон яке аз давлатњои Осиёи Миёна буда, њудудњои он аз ѓарб ба шарќ 700 км ва аз шимол ба љануб 350 км тўл мекашад. Беш аз 93 фоизи њудуди давлатро кўњсор ташкил медињад. Шакли идоракуниаш љумњуриявї аст. Ањолии љумњурї 7,2 млн. нафарро ташкил медињад. Афзоиши ањолии мамлакат њамасола ба 2 фоиз мерасад. Бештар аз 70 фоизи ањолї дар дењот зиндагї намуда, 26,5 фоизи ањолї шањрнишин мебошад.
2) Вазъи демографї
Хусусиятњои вазъи демографии љумњурї баъди љанги шањрвандї ба таѓйироти куллии сиёсї ва иљтимоию иќтисодї дучор омада, ба бад шудани шароити зиндагии мардум, ташаккули муносибатњои бозорї, ќисман вайрон шудани сохтори таносулии синну солии ањолї, суст шудани њифзи иљтимоии оилањои серфарзанд, таѓйир ёфтани сохтори миллї ва кам шудани он њиссаи ањолї, ки ба камфарзандї моил шуда буд, алоќаманд аст. Шумораи доимии ањолии љумњурї то 1.01.08 7215,7 њазор нафарро ташкил дод, ки аз ин 3619,6 њазор нафар мардон ва 3447,9 њазор нафар занон мебошанд. Шахсони ќобили мењнат дар ин давра 4210.0 њазор нафарро ташкил медињанд. Вазъи умумии демографї ба дараљаи баланди таваллуд (28,0 ба 1000 ањолї) ва фавти нисбатан ками ањолї (4,7 ба 1000 ањолї), фавти зиёди кўдакон (14,2 ба 1000 ањолї) ва модарон (28 ба 100 њазор тифлони зинда таваллудшуда), дараљаи пасти шањрнишинї, шумораи зиёди муњољирати мењнатї асос ёфтааст.
Њамин тариќ вазъи пањншавии омосњои бадсифат ва аз он фавтидани одамон дар љумњурї мураккаб боќї мемонад. Барњам хўрдани механизми мављудбудаи назорати тиббї ва пешгирии беморињо, мављуд набудани имконияти анљом додани табобати пурра ва комплексї ба дер мурољиат намудани беморони дорои омосњои бадсифат шаклњои гуногун оварда мерасонад.
3) Вазъи иќтисодии давлат
Имрўзњо Тољикистон дар марњилаи рушди дубораи худ ќарор дорад. Вазъи иќтисодї дар давлате, ки солњои 1992-97 љанги шањрвандиро аз сар гузаронидааст, акнун барќарор шуда, як ќатор пешравињо ба назар мерасанд. Иќтисоди давраи осоиштагї бо гузаронидани баъзе ислоњоти бунёдии иќтисодї дастгирї ёфт, ки ин ба болоравии ММД мусоидат карда, он зиёда аз 9,3 фоизро ташкил дод. Сарчашмањои болоравии иќтисодиёт мунтазам гуногун мешаванд.Тањким ёфтани љараёни хусусигардонї, махсусан дар бахши кишоварзї, дар радифи ислоњоти корхонањои давлатии коммуналї ва зиёд шудани њаљми сармоягузорї ба инфрасохтори давлатї-њамаи ин омилњо унсурњои асосии дурнамои рушди миллї мебошанд. Зиёдшавии воќеии ММД, аз рўи пешбинї дар дурнамои миёнамўњлат 5 фоизро ташкил хоњад дод. Мувофиќи созишнома бо ХБА андозаи ќарзгирї барои лоињањои инвеститсионии давлатї, бо назардошти ќарзи бузурги берунаи Тољикистон, набояд зиёда аз 3 фоизи ММД-ро ташкил дињад. Ин њолат аз вазъи душвор гувоњї медињад, ки Тољикистон дар он бояд мувозинатро байни дастгирї намудани эътидоли макроиќтисодї ва ќарзгирї барои инвеститсияњои нисбатан зарури давлатї нигоњ дорад. Њангоми маблаѓгузории мањдуди беруна Њукумат эътимод дорад даромади давлатиро дар таносуби фоиз аз њисоби МДД, бо анљом додани як ќатор ислоњот, ки ба содда намудани кодекси андоз ва бењтар кардани андозситонї равона шудааст, зиёд намояд.
Хулосаи дида баромадани сатњи зиндагї дар Тољикистон дар соли 2003 шањодат медињад, ки суръати баланди рушди иќтисодї дар солњои охир ба паст кардани камбизоатї дар мамлакат таъсири мусбї гузоштааст. Тибќи маълумоти Бонки умумиљањонї, ки сатњи камбизоатии Тољикистонро арзёбї намудааст, њамаи нишондињандањои асосии камбизоатї дар ќиёс бо давраи солњои 1999-2003 паст шудаанд. Таносуби ањолие, ки дар як рўз бо маблаѓи на камтар аз 2.15 долл. ИМА зиндагї мекунанд, 16 фоиз кам шуда, 67 фоизро ташкил медињад. Таносуби ањолие, ки дар як рўз бо маблаѓи на камтар аз $ 1.08 зиндагї мекунанд, низ ба андозаи 13 фоиз кам шуда, 18 фоизро ташкил дод.
Умуман, суръати баланди рушди иќтисодї ба сатњи даромади ањолї ба таври назаррас таъсир расонд.
Дар солњои охир болоравии воќеии иќтисодї махсусан назаррас буда, тибќи њисоби ХБА аз рўи мамлакатњо дар соли 2004 ХБА – и аслї дар соли 2003 ба 10 фоиз расид ва пешравии он дар соли 2004 то 8 фоиз пешбинї шудааст.
Рушди мўътадили иќтисодї ба он мусоидат хоњад кард, ки то соли 2015 то нисф кам намудани сатњи камбизоатї дар ќиёс ба нишондињандаи соли 2000 амалї хоњад шуд.
Ба њамаи чорањои андешидаи роњбарияти мамлакат нигоњ накарда, вазъи камбизоатї дар маљмўъ љиддї боќї мемонад ва мамлакат аз рўи нишондињандањои худ њанўз њам дар љањон яке аз мавќеъњои баландтаринро ишѓол мекунад. Бештар аз се ду њиссаи ањолии мамлакат бо маблаѓи $ 2.15 дар як рўз умр ба сар мебаранд.
4) Низоми тандурустї
Дар тўли дањсолаи охир дар Тољикистон њам сифат ва њам дастрасии мардум ба хизматрасонии тандурустї босуръат бад шуд. Дар натиљаи таѓйир ёфтани шаклњои иќтисодї ва љанги шањрвандї, харољот барои соњаи тандурустї аз 4,5 фоиз аз ММД дар соли 1991 бинобар камшавии ММД дар соли 2002 то 1 фоиз расид. Харољоти давлат барои тандурустї дар соли 2003 танњо 2 доллари амрикоиро ба сари њар ањолї ташкил дод. Ин гуна сатњи пасти харољоти давлатї ба дуруст фаъолият намудани системаи мављуда нокифоя буда, барои ќонеъ намудани талаботи таъхирнопазири инвеститсионї ё барои бевосита равона намудани захирањо ба гурўњњои эњтиёљманди ањолии мамлакат тамоман кифоят намекунад. Системаи тандурустї барои бартараф намудани норасоии шадиди маводи доруворї ва таљњизоти тиббї њарчї бештар аз пардохтњои ѓайрирасмии хусусї барои хизматрасонии тиббї ва аз кўмаки берунаи хориљї вобаста гардида истодааст. Дар соли 2003 њаљми умумии харољоти хусусї барои хизматрасонии тиббї ба њар сари ањолї 12 доллари амрикоиро ташкил дод, ки дар миќёси љањон яке аз сатњњои пасттарин дар соњаи тандурустї ба њисоб меравад. Дар ќиёс бо 16 фоизи харољоти њукумат ва 13 фоизи харољоти манбаъњои байналмилалї пардохтњои хусусї 70 фоизи њаљми умумии харољотро барои тандурустї дар бар мегиранд. Системаи тандурустии Тољикистон бештар дар заминаи хизматрасонии госпиталии сеюмдараља, хизматрасонии профилактикї ва кўмаки аввалияи тиббию санитарї ё сифати пасти хизматрасонї асос ёфтааст, ки ба ин намуди хизматрасонї кам мурољиат мекунанд. Хариди доруворї бештар бо роњњои ѓайрирасмї амалї мегардад, ки чунин њолат барои назорати сифати доруворї ва таъиноти муолиљаи дуруст душворињои зиёдеро ба миён меорад. Соњибхонагон тандурустиро ба ќатори ташвишњои аз њама зиёди худ дохил мекунанд, ки он 30 фоизи тамоми харољоти рўзгорро фурў мебарад.
Тибќи арзёбии маълумоти демографї (НД) ва вазъи саломатї дар соли 2002 аз байни 1000 тифли зинда таваллудшуда 87 њодисаи фавт ба ќайд гирифта шуд. Ин нишондињандаи аз њама баланд дар байни кишварњои Иттињоди Давлатњои Мустаќил ба њисоб меравад. Ѓайр аз ин дар Тољикистон сатњи баланди ба таври кофї истеъмол накардани хўрок (боздорандаи сабзиши кўдак ва инкишоф) дар миёни давлатњои Осиёи Марказї ба мушоњида мерасад. Тибќи арзёбии НД дар давраи солњои 1992-1996 дараљаи фавти кўдакони то 5 сола аз байни 1000 зинда таваллудшуда 110 њодисаи фавтро ташкил дод. Фоизи баланди таваллуди хонагї, дастрас набудани хизматрасонии тиббии репродуктивї ва то давраи таваллудкунї, инчунин ба ќадри зарурї дарк накардани мушкилоти асосие, ки ба сињатии модар алоќаманд мебошанд, дар роњи саъй барои паст намудани дараљаи фавт монеаи љиддї ба њисоб меравад. Дараљаи беморињои сироятї бисёр баланд буда, вазъи беморињои сил ва вараља дар солњои охир хеле ташвишовар шудааст. Шумораи баќайдгирифташудаи беморони сил аз 32 нисбат ба 100,000 нафари соли 1996 дар соли 2002 ба 64 нисбат ба 100,000 нафар расидааст. Тибќи маълумоти мављуда дар љумњурї 1595 њодисаи сирояти ВНМО љой дорад ва эњтимол меравад, ки ин раќам то охири соли 2015 ба 6800 мерасад. Дараљаи беморшавии вараља 6,150 њодиса ба 100, 000 нафари ањолї рост меояд. Маблаѓгузории байналмилалї оид ба мубориза бо бемории вараља дар натиљаи аз тарафи ташкилоти USAID ќатъ намудани маблаѓгузорї якбора кам карда шуд, ки ин омил барои ноил шудан ба њадафњои њазорсола дар роњи мубориза бо вараља таъсири манфї мерасонад. Њамин тариќ бидуни ба таври назаррас афзудани инвеститсия барои назорати беморињо гумон аст, ки Тољикистон то соли 2015 пањншавии вараља, сил ва дигар беморињо, аз љумла ВНМО-ро боздошта тавонад. Бо мављудияти шумораи зиёди вазифањои таъхирнопазир ва талабот дар бахши тандурустї назорати беморињо ва хадамоти эпидемиологї метавонанд аз мадди назари њукумат дур монанд. Имконияти хадамоти санитарию эпидемиологї таи дањсолаи охир аз дигар унсурњои системаи тандурустї дида воќеан камтар гардид. Дар маљмўъ пардохтњои хусусї ва ёрии байналмилалї, ки бисёр пањлўњои бахши тандурустиро дастгирї мекунанд, наметавонанд хадамоти тавонои давлатиро дар соњаи тандурустї иваз намоянд, ки барои иљрои вазифа ва пешрафти худ роњбарї ва пешвоии њукуматиро талаб мекунад. Фавран ба бењтар намудани кори хадамоти эпидемиологї, баланд бардоштани сатњи иттилоотонии ањолї ва дарки љомеа, тањким бахшидани чорањои пешгирї љињати боздоштани пањншавї ва инкишофи беморињо дар Тољикистон ањамият додан зарур аст. Ва нињоят, ин инвеститсияњо метавонистанд харољоти зиёди давлатро сарфа намоянд.
5) Вазъи эпидемиологї оид ба беморињои саратон
Вазъият дар љањон
Омосњои бадсифат мушкилоти глобалии љомеа мебошад, ки соњањои тиб, иљтимоиёт ва иќтисодиётро фаро гирифтааст. Дар тамоми љањон тамоюли зиёдшавии шумораи беморони гирифтори омосњои бадсифат ба мушоњида мерасад. Тибќи пешгўињои ТУТ, беморшавї ва фавт аз беморињои саратон дар тамоми љањон дар давраи солњои 2000 -2050 аз 10 то 24 млн. њолати беморшавї ва аз 6 то 16 млн. њодисањои ба ќайд гирифташудаи фавт хоњад расид (Аксел Е.М, Давидов М.И, 2006).
Њамасола, дар љањон таќрибан 10 млн. њолати гирифторшавї ба бемории омосњои бадсифат ба ќайд гирифта мешаванд, ки аз ин њисоб ќариб 48 фоизи он ба давлатњои мутараќќї рост меояд. Зиёд шудани шумораи мутлаќи омосњои бадсифат бо зиёдшавии нуфуси ањолии љањон ва боло рафтани дарозумрї алоќаманд аст. Тамоюл ба зиёд шудани беморшавии умумии мардон ва начандон паст шудани дараљаи беморшавии занон ба мушоњида мерасад.
Тибќи маълумоти академики АИТР В.И. Чиссов њамасола дар Федератсияи Россия бештар аз 450 000 њодисаи гирифторшавї ба омосњои бадсифат ба ќайд гирифта мешавад. Дар сохтори сабабњои марги ањолии Федератсияи Россия пас аз беморињои дилу раг ва осебњо омосњои бадсифат маќоми сеюмро ишѓол мекунад. Пешгирии нисбатан бештари омосњои бадсифат дар байни ањолии Федератсияи Россия омосњои хирной, бронхњо, шушњо (13,3 фоиз), пўст (11,1 фоиз), бо меланома (12,5 фоиз), меъда (10,2 фоиз), ѓадуди ширї (10,1 фоиз), чархакрўда (6 фоиз), рўдаи мустаќим, пайвастагии ректосигмоидї ва маъќад (5 фоиз), бофтањои лимфатикї ва хунофар (4,6 фоиз), љисми бачадон (3,5 фоиз), гурдањо (3,2 фоиз), ѓадуди зери меъда (2,9 фоиз), гарданаи бачадон (2,7 фоиз), тухмдонњо (2,7 фоиз) ва масона (2,7 фоиз) мебошанд.
Омоси бадсифати дар љањон бештар пањншуда саратони шуш мебошад ва њамасола 1 млн. њодисаи гирифторї ба ин беморї мушоњида мешавад, ки 61 фоизи он ба давлатњои мутараќќї рост меояд. Беморшавї ва фавт аз саратони шуш ба таври фољиавї дар бисёр давлатњои Аврупо, Австралия, Зеландияи нав, Осиёи Ѓарбї ва Љанубию Шарќї босуръат боло рафта истодааст. Гирифторї ба бемории саратони шуш дар Россия яке аз нишондињандањои баландтарин дар љањон мебошад. Пањншавии тамокукашї дар байни ањолї омили асосие ба њисоб меравад, ки дигаршавии љуѓрофию фарњангии беморшавии саратони шушро муайян мекунад.
Саратони колоректалї аз рўи пањншавии омосњои бадсифат дар давлатњои мутараќќї љои дуюмро ишѓол мекунад. Шумораи зиёди гирифторшавї ба ин беморї дар ИМА ба ќайд гирифта шудааст. Дар Федератсияи Россия ин омосњо дар љои сеюм ќарор доранд (11 фоиз). Саратони мавзеи колоректалиро бо хусусиятњои ѓизохўрї, маќоми баланди иљтимоию иќтисодї, инчунин бо тамоюли генетикї алоќаманд медонанд.
Омосњои бадсифати узвњои системаи репродуктивии занњо дар љањон пањншудатарин мебошанд. Дар миёни онњо љои аввалро саратони ѓадуди ширї ишѓол мекунад(19, 1 фоиз). Ншондињандањои аз њама баланди ин беморї дар Амрикои Шимолї (зиёда аз 100 њолат нисбат ба 100 њазор ањолї) ва нишондињандањои пасттарини он дар Африкаи Ѓарбї ва Осиё ба ќайд гирифта шудаанд. Дар Россия дар байни занњои 40-55 сола саратони ѓадуди ширї сабаби асосии марг ба њисоб меравад. Саратони гарданаи бачадон дар сохтори беморињои саратони ањолии занонаи сайёра љои дуюмро ишѓол мекунад (11,6 фоиз). Дар Россия саратони гарданаи бачадон 5,2 фоизи њамаи омосњои занњоро ташкил медињад, беморї бошад, 16,1 њодиса нисбат ба 100 њазор нафар ањолии занонаро ташкил медињад. Скрининг, инчунин љорї намудани донишњои гигиенї, таѓйир додани ќолабњои муносибатњои љимої барои паст намудани хавфи беморшавї дорои ањамияти аввалиндараља мебошад.
Саратони тухмдонњо ќариб 4,3 фоизи њамаи омосњои бадсифати занњоро ташкил дода, њамасола дар љањон 170 000 њолати гифторшавї ба ин беморї ба ќайд гирифта мешавад, дар Федератсияи Россия омосњои бадсифати тухмдонњо 5,1 фоизро ташкил медињанд. Нишондињандањои баландтар дар Америкаи Шимолї ва дигар давлатњои мутараќќї ба назар мерасанд.
6) Вазъият дар љумњурї
Таи дањсолаи охир шумораи беморони гирифтори омосњои бадсифат дар Тољикистон, чун дар тамоми љањон тамоюли босуръати болоравиро соњиб шудааст. Њамзамон, 60-70 фоизи бемороне, ки ба муассисањои махсусгардонидашудаи саратоншиносї мурољиат мекунанд, дар даврањои нињоии беморї ќарор доранд, ки ин омил њаёти онњоро зери хатар мегузорад.
Имрўзњо шумораи бемороне, ки дар бадани онњо омосњои бадсифат пайдо мешаванд, ва љавоншавии доираи беморон хеле ташвишовар аст, илова ба ин тамоюли манфии зиёд шудани шаклњои нодир ва агресивии морфологии саратон ба назар мерасад.
Агар дар соли 2006 дар Љумњурии Тољикистон бори аввал 2027 бемор ошкоршуда бошад, пас дар соли 2007 шумораи чунин беморон ба 2178 расид. Дар соли 2007 ба 100 њазор нафари ањолї 104,8 њодисаи гирифторшавї ба омосњои бадсифат рост омад. Айни замон дар Љумњурии Тољикистон 9634 бемори гирифтори омоси бадсифати узвњои гуногун ба ќайд гирифта шудааст, ки аз ин шумора 3900 нафар мардон ва 5734 нафар занњо мебошанд. Аввалин маротиба дар соли 2008 беморони саратони ошкоршуда 2218 нафарро (22,9фоиз) ташкил доданд, ки аз онњо 992 (41,57 фоиз) мардон ва 1296 (58,43 фоиз) занњо мебошанд. Дар соли 2008 беморшавї аз миёни 100 њазор ањолї 133,5 нафарро ташкил дод. Тибќи маълумоти омори расмї ба омосњои бадсифат гирифторшавии занњо аз мардон дида ба таври назаррас зиёд аст. Њамин тариќ, дар соли 2006 ин нишондињанда ба 33,1 ва 24,9 њодиса ба 100 њазор нафари ањолї рост омада буд, дар соли 2007 бошад, мутаносибан ба 34,0 ва 27,0 њодиса дар байни 100 њазор нафари ањолї баробар гардид.
Дар сохтори ба омосњои бадсифат гирифторшавии ањолии занонаи љумњурї дар давоми дањсолаи охир омосњои бадсифат ѓадуди ширї ва гарданаи бачадон мавќеи пешсафиро ишѓол намудааст. Њамасола бештар аз 200 њодисањои гирифторшавї ба саратони ѓадуди ширї ва 170 њодисаи саратони гарданаи бачадон ба ќайд гирифта мешавад, ки фоизи онњо дар зинаи II-III беморї ќарор доранд.
Аз рўи ба нозология таќсим намудани беморони бори аввал дар соли 2008 (2218 бемор) ошкоршуда нишон дод, ки дар таркиби ба бемории саратон гирифтор шудани ањолї дар љои аввал омосњои бадсифат ѓадуди ширї(281), дар љои дуюм саратони меъда (236), дар љои сеюм саратони гарданаи бачадон (226), дар љои чорум саратони пўст (165), дар љои панљум омосњои бадсифати системаи лимфоидї ва хунфишон (156) ва дар љои шашум саратони шуш (122) ќарор дорад.
Дар миёни беморони бори аввал дарёфтшуда аксариятро истиќоматкунадагони дењот - 1451 (65,4 фоиз) нафар ташкил доданд, шањриён - 767 (34,6 фоиз) нафар мебошанд.
Тањлили таркиби синну солї ва љинсии беморон нишон дод, ки аксарияти беморон (70 фоиз) ба гурўњи 45-65 сола ва болотар дохил мебошанд.
Тањлили ба зинањо таќсим намудани беморони бори аввал ошкоршуда (2218 нафар) нишон дод, ки њиссаи зинањои I-II-и беморї дар соли 2008 аз 53,5 фоиз то 62 фоиз зиёд шудааст, зинањои III-IV-и беморї дар 38 фоизи беморон ошкор шудаанд. Њамагї 13 њодисаи беморї (0,5 фоиз)дар натиљаи муоинаи пешгирикунанда ошкор карда шуданд.
Омўзиши гирифторшавї ба омосњои бадсифат вобаста ба минтаќањои љумњурї дар соли 2007 нишон дод, ки шумораи беморони бори аввал бо ташхиси тиббї муќарраршуда дар ВМКБ нисбатан бештар аст- 166 њодиса (75,7 њодиса нисбат ба 100 њазор нафари ањолї) ва беморшавї 192,5 њодиса нисбат ба 100 њазор нафари ањолиро ташкил дод. Соли 2007 дар вилояти Суѓд бори аввал 892 нафар бемор ошкор шуд, ки ба 42,2 њодиса нисбат ба 100 њазор нафари ањолї рост омад, њамагї дар муассисањои муолиљавию пешгирии вилоят 3655 беморон ба ќайд гирифта шудаанд, ки 172,9 њодиса нисбат ба 100 њазор нафари ањолиро ташкил медињад.
Соли 2007 дар шањри Душанбе дар беморони бори аввал ошкоршуда 299 нафарро ташкил доданд, ки 34,2 њодиса нисбат ба 100 њазор нафари ањолї рост меояд. Шумораи беморони дар ќайди муассисањои муолиљавию пешгирии шањр ќарордошта 946 нафар ё 141, 1 њодиса нисбат ба 100 њазор нафари ањолиро ташкил медињад. Дар ноњияњои тобеи љумњурї беморони бори аввал ошкоршуда 406 нафарро ташкил доданд, ки 25,6 њодиса нисбат ба 100 њазор нафаи ањолї рост меояд. Соли 2007 њамагї дар НТЉ 1450 беморони саратон ба ќайд гирифта шуда буданд, ки 91,4 њодиса нисбат ба 100 њазор нафари ањолиро ташкил дода буд.
Омори саратоншиносии синну соли кўдакон (то 14 сола) дар соли 2008 нишон дод, ки дар миёни кўдакони бори аввал ошкоршуда (n=2218) ба бемории саратон гирифторшуда 60 нафар мебошанд (2,7 фоиз). Аз шумораи умумии ањолии хурдсол-2.589.700 нафар, ба омосњои бадсифат гирифторшавии кўдакон дар љумњурї 2,3 њодиса нисбат ба 100 њазор нафари ањолиро ташкил дод. Дар таркиби беморињои саратони кўдакон омосњои системањои лимфоидї ва хунфшон, нефробластома, ретинобластома, омосњои устухонњо ва бофтањои нарм, омосњои тухмдонњои духтарон зиёдтар ба ќайд гирифта шудаанд.
Тибќи маълумоти Кумитаи давлатии омори Љумњурии Тољикистон (соли 2007) дар сохтори сабабњои фавти ањолї омосњои бадсифат (30,3 нисбат ба 100 њазор нафари ањолї) пас аз беморињои системаи гардиши хун (222,9 нисбат ба 100 њазор нафари ањолї) ва узвњои нафаскашї (41,5 нисбат ба 100 њазор нафари ањолї ) дар љои сеюм ќарор доранд.
Омўзиши таѓйирёбии фавти ањолии љумњурї аз омосњои бадсифат дар солњои 2000-2002 нишон медињад, ки он устуворона меафзояд. Њамин тариќ, агар дар соли 2000 аз саратон њамагї 1910 бемор фавтида бошад, ки 30,9 њодиса нисбат ба 100 њазор нафари ањолї рост меояд, пас дар солњои 2001-2002 ин нишондињанда мутаносибан 2005 бемор (31,8 њодиса нисбат ба 100 њазор нафар ањолї) ва 2161 нафарро (35,5 њодиса нисбат ба 100 њазор нафари ањолї) ташкил дод. Њарчанд аз соли 2003 як андоза тамоюли пастравии нишондињандањои фавт мушоњида шуда бошад њам, аммо таѓйирёбии раќамњо дар доираи 29,5 -30,3- 31,7-32,1 њодиса нисбат ба 100 њазор нафари ањолї мушоњида мешуд. Дар соли 2008 њамагї 2170 бемор (22,5 фоиз) фавтид, ки аз ин миёна 918 нафар мардон ва 1189 нафар занон мебошанд.
Њамин тариќ, вазъи пањн шудани саратон ва фавт аз ин беморї дар љумњурї баѓоят мураккаб боќї мемонад. Барњам хўрдани механизми назорати тиббї ва пешгирии беморињо дар љумњурї, мављуд набудани имконяти муолиљаи пурра, муштарак ва комплексї ба он мусоидат мекунад, ки беморони гирифтори омосњои бадсифати узвњои гуногун ба муасссањо тиббї хеле дер мурољиат мекунанд.
3. Мушкилоти соњаи саратоншиносї
1) Барои ташхиси ибтидої ва сариваќтии омосњои бадсифат дар сатњи пасти маърифатнокї оид ба саратон ќарор доштани ањолї, суст ба роњ мондани корњои маърифатї дар байни ањолї, мављуд набудан ё заиф будани њушдории табибони шабакаи умумии тиббї нисбат ба бемоии саратон, мавќеъ надоштани муоинањои пешгирї ва барномањои скринингї мушкилоти зиёдеро пеш меоварад.
2) Ѓайр аз ин, омосњои бадсифат њамчун яке аз сабабњои асосии фавт дар љумњурї боќї мемонанд. Нишондињандањои фавт аз бемории саратон танњо пас аз нишондињандањои фавт аз бемории дилу раг ва узвњои нафаскашї ќарор доранд. Бинобар мављуд набудани фењристи ягонаи давлатии беморони саратон маълумоти омори расмї наметавонад њолати воќеиро инъикос намояд. Асоси маълумоти мављудаи омориро нишондињандањои мурољиати беморон ба муассисањои махсусгардонидашудаи муолиљавї ташкил медињад. Паст будани кори ташкилию методии муассисањои муолиљавию пешгирии фаъолияти умумї, надонистани принсипњои баќайдгирї ва бањисобгирии беморони саратон, ба таври зарурї тайёр накардани мутахассисони кўмаки аввалияи тиббию санитарї, баъди фавт барои фањмидани сабаби он љарроњї ва муоина накардани љасадњо сабабгори он мешавад, ки бисёр беморони гирифтори омосњои бадсифат ба њисоб ногирифта мемонанд. Беш аз 60 фоизи беморон дар даврањои нињоии беморї ошкор карда мешаванд. Масъалањои расонидани кўмаки махсусгардонидашудаи босамари паллиативии ин ќабил беморон, ки сифати њаёти онњоро бењтар менамоянд, њалли худро наёфтаанд.
Достарыңызбен бөлісу: |