1. Тарихи пайдоиши аудит, мафњум ва моњияти он


Маќсад ва вазифањои аудит



бет2/4
Дата04.10.2022
өлшемі42.19 Kb.
#461965
1   2   3   4
мафхуми аудит

1.2. Маќсад ва вазифањои аудит


Талабот ба хизматрасонии аудиторї вобаста ба шароитњои зерин пайдо шуд:

  1. Норозигии байни тартибдињандагон ва истифодабарандагони њисоботи молиявї (мављудияти ахбороти ѓайриобъективї);

  2. Вобастагї доштани натиљаи ќарорњои ќабулшуда аз сифати ахборот, зеро ќабули ќарорњо дар асоси ахбороти носањењ ба оќиба­тњои ногувори иќтисодї бурда мерасонад;

  3. Ба вуљуд омадани зарурияти донишњои махсус барои бањодињии боваринокии ахбороти ќабулшуда, зеро на њамаи истифодабарандагони ахборот ќобилияти санљиши дурустии ахборот ё маълумоти заруриро доранд;

  4. Ваќт ва имконият надоштани истифодабарандагони њисоботи молиявї барои бањодињии бевоситаи ахбороти молиявї ва сифати он.

Омилњои мазкур ба пайдоиши талабот ба хизматрасонињои экспертњои мустаќил асос гузошт. Экспертњои мустаќил, ки донишу малака, собиќаи корї ва таљрибаи бой доштанд, ба иљозатнома (барои њуќуќи расонидани хизматрасонии аудиторї) таъмин карда мешуданд. Хизматрасонии аудиторї – ин фаъолиятти миёнаравиест, ки эътимоднокии ахбороти молиявиро муайян мекунад.
Дар зери мафњуми "боваринокї" ё "эътимоднокї" – и њисоботи молиявї дараљаи аниќияти маълумотњои њисоботї фањмида мешавад, ки ба истифодабарандаи салоњиятноки њисоботи молиявї имконият медињад, ки оид ба фаъолияти молиявї – хољагидории корхонаи ба санљиши аудиторї фарогирифташуда хулосаи дуруст барорад. Дар асоси ин хулосаи дуруст метавон доир ба фаъолияти ояндаи корхона ќарорњои асоснок баровард. Мулкдорон ва кредиторон имконияти онро надоранд, ки мустаќилона ќонунї ва дурустии амалиётњои сершумор ва мураккаби дар њисобот инъикосёфтаро дида бароянд, зеро ё навиштаљотњои бањисобгирї ба онњо дастрас нест, ё таљрибаи кофии мувофиќ надоранд, ки маълумотњоро санљида бароянд. Бинобар ин, онњо ба хизмати аудиторон эњтиёљи калон доранд.
Маќсади асосии аудит – муайян кардани дурустии нишондињандањои њисоботи молиявї ва мувофиќатии амалиётњои гузаронидашуда бо ќонунгузорї ва меъёрњои амалкунанда мебошад.
Дар љараёни гузаронидани тафтиши аудиторї аз тарафи аудиторон чунин њолатњо дида баромада мешаванд:

  1. Мувофиќати амалиётњои гузаронидашуда бо ќонунгузорї ва меъёрњои амалкунанда.

  2. Њолати њисоботи бухгалтерї ва тартиб додани њисобот дар корхона.

  3. Дараљаи идоракунї (њолати назорати дохилии корхона).

  4. Иљроиши маќсадноки наќша ва ќарорњои мављуда.

Вазифањои аудитор дар раванди тафтиш вобаста ба маълумотњои дар њисобот инъикосёфта аз инњо иборат аст:



  1. Санљиши мувофиќатнамоии маълумотњои дар њисобот инъикосёфта бо талаботњои муќарраршуда.

  2. Санљиши асоснок будани мављудияти маълумотњои њисобот.

  3. Санљиши пуррагии нишондињандањои њисобот.

  4. Санљиши бањодињии нишондињандањои њисобот.

  5. Бањодињии дурустии маълумотњои њисобот дар асоси гузаронидани санљиши пурра.

Ба ѓайр аз гузаронидани тафтиши аудиторї, њолати њисобгирї ва маълумотњои њисоботи молиявї, инчунин аудиторон ва ширкатњои аудиторї њуќуќ доранд, ки ба корхонаи тафтишшаванда дар асоси шартнома чунин хизматњоро расонанд:



  1. Тартиб додани њуљљатњои таъсисї–оинномавї.

  2. Такмил додани њисобгирии муњосибї (автоматикунонии љараёни њисобгирї).

  3. Такмил додани ихтисоси муњосибон ва мутахассисон.

  4. Машваратдињї оиди ба роњ мондани њисобгирї ва тартиб додани њисобот, эъломияњои молиявї ва ѓайра.



Достарыңызбен бөлісу:
1   2   3   4




©dereksiz.org 2024
әкімшілігінің қараңыз

    Басты бет