1.4. Зарурати дастрас будани маълумот ба истифодабарандагон
Њисоботи муњосибии ташкилот чун манбаи асосии иттилоот оид ба фаъолияти он хизмат менамояд. Омўзиши пурраи њисоботи муњосибї муваффаќќиятњои бадастовардашуда ва инчунин норасогињоро ошкор менамояд ва роњњои ташаккулёбии фаъолияти ташкилотро муайян мекунад. Истифодабарандагони берунии иттилооти муњосибї аз рўи ошної ба њисоботи молиявї чунин имкониятњо ба даст меоранд:
ќабули ќарори мушаххас оид ба шароитњои бурдани кор бо ин ё он шарик;
аз додани ќарзњо ба муштариёни шубњанок худдорї намудан;
бањодињї бо маќсади ќабули ќарор оид ба љалб намудани дороињои ин ё он ташкилот ба фаъолияти корхона;
дуруст ба роњ мондани муносибат бо фармоишгарони воќеї;
бањодињї ба њолати молиявии њамкорони пуриќтидор;
ба назар гирифтани хавфи эњтимолии сањибкорї.
Дар њама њолат сармоягузорони воќеї ва пуриќтидор, кормандон, кредиторон, тањвилгарон ва дигар контрагентњои тиљоратї, муштариён, њукумат, муассисњои давлатї, ањли љамъият ва дигар шахсони манфиатдор, ки истифодабарандагони њисоботи муњосибї ба њисоб мераванд, ба огоњ шудан аз маълумотњо њавасманданд. Дар ин маврид њар яке аз онњо мехоњанд, ки бо ёрии огоњ шудан аз маълумотњои њисоботи муњосибї талаботњои муайяни худро ќонеъ гардонанд.
Сармоягузорон њамчун шахсони пешнињодкунандаи сармоя ва машваратчиёни онњо аз хавфи сармоя ва даромади эњтимолї ба сармоягузорї дар ташвишанд. Ба онњо барои ќабул кардани ќарор оид ба харидан, нигоњ доштан ё фурўхтани сањмия иттилоот зарур аст. Сањомон мехоњанд, ки бо маълумотњои њисоботи молиявї ќобилияти ташкилотро дар пардохт кардани њаќќусањмњо бањо дињанд ва сатњи онњоро дар оянда пешбинї намоянд.
Ба кормандон иттилоот барои он зарур аст, ки дар бобати самарабахшї ва эътимоднокии корхонањои худ маълумот дошта бошанд, ба ќобилияти кордињанда дар самти минбаъд таъмин намудани онњо бо кор, пардохти музди мењнат, ёрдампулии иљтимої бањо дода тавонанд.
Ба ќарздињандањо иттилоот барои муайян намудани баргардонидани ќарзњо ва фоизњои њисобшуда лозим аст.
Тањвилгарон ва дигар тоифаи тољирон ба иттилоот аз он љињат зарурат доранд, ки бо он оид ба ќобилияти пардохтпазирии ташкилот, ќобилияти пардохти маблаѓи ба онњо таалуќдошта ќазоват намоянд.
Муштариён ба иттилоот дар бораи фаъолияти бетанаффуси ташкилот аз он љињат талабот доранд, ки онњо шартномаи дарозмуддат доранд ва ё аз ин ташкилот вобаста мебошанд.
Њукумат ва муассисањои давлатї ба иттилоот оид ба таќсимоти захирањо ва фаъолияти ташкилот манфиатдоранд. Ба онњо инчунин иттилоот барои танзим намудани фаъолияти ташкилот, муайян кардани самти сиёсати андоз ва ба сифати асос барои њисобкунии даромади миллї ва дигар нишондињандањои омории ба ин монанд зарур аст.
Ањли љамъият мехоњанд, ки аз њисоботи муњосибї дар бораи самтњои рушд ва дастовардњои охирини ин ё он ташкилот ва соњаи таъсири он иттилоот ба даст оранд.
Роњбарияти ташкилот низ ба иттилооти дар њисоботи муњосибї мављудбуда манфиатдор аст, њарчанд ки вай ба иттилооти иловагии идоракунї ва молиявї, ки дар банаќшагирї ва ќабули ќарорњо кўмак мерасонад, дастрасї дорад. Роњбарияти ташкилот метавонанд шакл ва мазмуни ин иттилооти иловагиро муайян намоянд, то ки талаботњои худро ќаноатманд карда тавонанд.
Дар баробари ин мутобиќи ќонун аз бањисобгирии муњосибї вазифаи назоратї, ки ба он дар њамаи шароити хољагидорї ва барои тамоми истифодабарандагон хос аст, истисно карда намешавад.
Достарыңызбен бөлісу: |