Њифзи саломатии модару кўдак асоси бунёди љомеаи солим
“Яке аз самтњои муњими сиёсати иҷтимоии давлати
Тоҷикистон њифзи тандурустии ањолї, саломатии
модару кӯдак ва пиронсолон мебошад”.
Эмомалї Рањмон, 16.04.2005с.
Кўдакон ояндаи миллатро муайян менамоянд ва сарвати бебањои њар як давлат мебошанд. Њифзи саломатии модару кўдак самти афзалиятноки сиёсати иљтимої дар Љумњурии Тољикистон ба шумор меравад. Дар давраи истиќлолияти мамлакат њуљљатњои муњими байналмилалї, аз ќабили «Созишнома дар бораи њуќуќњои кўдак» (с.1993), «Созишнома дар бораи бартараф намудани њамаи намудњои зўроварї нисбат ба занон» эътироф карда шудаанд.
Мањз дар њамин марњилаи таърихї бањри бењтаркунии дастрасии хизматрасонињои тиббї ба модарон ва кўдакон, баланд бардоштани сифати хизматрасонињо, бењтар намудани нишондињандањои вазъи солимии модарону кўдакон ва паст намудани фавти онњо як ќатор њуљљатњои муњими стратегї аз љумла Ќонунњои Љумњурии Тољикистон «Дар бораи солимии репродуктивї ва њуќуќњои репродуктивї» (с.2002), «Дар бораи њимояи ѓизодињии табиии кўдакон» (с.2006), «Дар бораи иммунопрофилактикаи беморињои сироятї» (с.2010), Стратегияи миллии Љумњурии Тољикистон дар бораи рушди саломатии кўдакону наврасон дар давраи то соли 2015 (с.2008), Наќшаи миллии чорабинињо оид ба таъмини њифзи саломатии модарон дар Љумњурии Тољикистон дар давраи то соли 2014 (с.2008), ва Барномаи миллии ташхис ва табобати беморони гирифтори нуќсонњои модарзодї ва тарбодии дил дар Љумњурии Тољикистон барои солњои 2011-2015 (с.2011) ќабул карда шуданд, ки онњо барои устувории заминаи меъёрии њуќуќии масъалањои њифзи солимии модару кўдакон мусоидат намуданд.
Мувофиќи тавсияњои ТУТ нишондињандањои фавти модарон ва кўдакон инъикосгари вазъи иљтимоии њар як давлат мебошад. Бинобар ин, аз љониби њукумати љумњурї ба масъалањои њифз ва бењдошти саломатии модарону кўдакон дар доираи татбиќи расидан ба њадафњои рушди Њазорсола ањамияти махсус дода шуда, он самти афзалиятноки сиёсати давлат эълон шудааст.
Дар натиљаи ќадамњои устувор гузоштан дар самти ислоњоти соњаи тандурустї, аз љумла дар соњаи њифзи саломатии модарон ва кўдакон Вазорати тандурустї бо истифода аз усулњои камхарљи ташхис ва табобат ба дастовардњои назаррас ноил гардид. Тайи солњои истиќлолият нишондињандањои фавти модарон ва кўдакон мутаносибан 2,5 – 3 маротиба паст гардид. Тибќи омори расмї, агар нишондињандаи фавти кўдакони синни то 1- сола соли 1991 ба 40,9 баробар бошад, ин нишондод дар соли 2009 ба 17,5 нисбати 1000 зиндатаваллудро ташкил намуд. Нишондињандаи фавти модарон дар соли 1991 ба 97,7 нисбати 100 000 зиндатаваллуд баробар буд ва он дар соли 2009 ба 46,5 нисбати 100 000 зиндатаваллуд баробар шуд.
Бањри шаффофияти баќайдгирии њодисањои фавти модарон ва кўдакон дар солњои истиќлолият Вазорати тандурустї бо дастгирии ташкилотњои кўмакрасон якчанд тадќиќотњоро ба анљом расонид, ки мувофиќи натиљаи онњо нишондињандаи фавти кўдакони синни то 1- сола ва модарон ба пастравї тамоюл дорад. Масалан, тибќи маълумотњои тадќиќотњои бисёрченакии кластерї нишондињандаи фавти кўдакони синни то 1- сола аз 86,9 дар соли 2000 то ба 46.0 нисбат ба 1 000 зиндатаваллуд дар соли 2007 паст гардидааст. Нишондињандаи фавти кўдакони синни то 5-сола низ майл ба пастравї дошта, дар соли 2000 ба 126.0 ва дар соли 2007 ба 53.0 нисбати 1 000 зиндатаваллуд баробар мебошад. Нишондињандаи фавти модарон бошад, тибќи тадќиќотњои бисёрченакии кластерї дар соли 2003 ба 120.0, дар соли 2005 ба 90.0 ва дар соли 2008 ба 64.5 нисбати 100 000 зиндатаваллуд баробар гардидааст, ки аз тамоюли пастравии ин нишондињанда шањодат медињад.
Њамчунин, бо маќсади паст намудани сатњи беморшавї ва фавти модарону кўдакон дар ноњияњои кўњистонї ва ноњияњое, ки мутахассисон намерасанд, «Корвони саломатї» ва марафони љумњуриявї тањти унвони «Кўдаки солим - миллати солим» гузаронида шуда истодаанд, ки барои дастрас намудани хизматрасонињои тиббї ба ин гурўњњои ањолї мусоидат менамояд.
Яке аз самтњои сиёсати пешгирифтаи Њукумати Љумњурии Тољикистон ва Вазорати тандурустї ин бењтар намудани солимии репродуктивии ањолї ва танзими оила мебошад.
Ба њамин мақсад, соли 1995 Маркази љумњуриявии танзими оила таъсис дода шуд. Бо назардошти вазъи солимии репродуктивии ањолии љумњурӣ ва бо мақсади васеъ намудани дастрасии ањолӣ, хусусан занон ва духтарон, ба хизматрасонињои тиббию пешгирї ва контрасептивӣ соли 2002 Маркази љумњуриявии танзими оила ба Маркази миллии солимии репродуктивӣ ва маслињатгоњњои занона дар тамоми љумњурї ба марказњои солимии репродуктивӣ табдил дода шуданд.
Аз љониби Вазорати тандурустӣ бо дастгирии Њукумати Љумњурии Тољикистон Стратегияи ноилгардӣ ба модарии бехатар тавассути танзими оила тањия гардид, ки мувофиќи он аз соли 1996 хизматрасонӣ ба онњо аз љониби мутахассисони хадамоти тандурустии репродуктивӣ ба роњ монда шудааст. Дар ин самт аз тарафи Вазорати тандурустї дар њамкорї бо ташкилотњои байналмилалии кўмакрасон бо маќсади рушди хадамоти солимии репродуктивї ва танзими оила як ќатор лоиња ва барномањо, ба монанди «Бењтар намудани хадамоти солимии репродуктивӣ ва вусъатбахшии дастрасӣ ба хадамоти танзими оила», «Робитаи иттилоотию омӯзишӣ, сиёсат дар соњаи нуфузи ањолӣ дар Тољикистон», барномањои «Стратегияи нуфуси ањолӣ ва рушд», «Таблиѓот» ва «Солимии репродуктивӣ» амалї карда шуданд.
Дар чорчўбаи ин барномањо, дар соли 2000-ум бањодињии фаврии њолати љории хадамоти тандурустии репродуктивии Тољикистон гузаронида шуд. Дар асоси натиљањои бадастомадаи ин бањодињӣ хулосањои асоснок ва тавсияњои мушаххас тањия карда шуд, ки онњо барои ташаккули амалњои минбаъдаи хадамоти тандурустии репродуктивии кишвар самаранок истифода бурда шудаанд. Шаклњои њуљљатњои бањисобгирӣ ва њисоботї бо ворид намудани нишондињандањои байналмилалии тавсиянамудаи Ташкилоти умумиљањонии тандурустї такмил дода шуданд.
Аз соли 1995 инљониб дар асоси Созишномаи њамкории Вазорати тандурустии Љумњурии Тољикистон ва Хазинаи ањолии СММ тамоми марказњои солимии репродуктивии љумњурӣ бо чор намуд маводњои њозиразамони пешгирандаи њамл аз љумла, воситањои дохилирањмӣ, њабњои гормонии истеъмолшаванда, маводи њормонии тазриќии Депо-Провера, рифола ва воситањои нутфакуш таъмин карда мешаванд, ки ин њамасола маблаѓи зиёда аз 500 000 доллари ИМА-ро ташкил медињад. Соли 2010 бошад, боз 1 намуди маводи њозиразамони њормонии тазриќии «Импланон» аз љониби ташкилоти номбурда ба љумњурӣ ворид гардид, ки њамаи ин дастрасӣ ва интихоби ањолиро нисбати маводњои пешгирандаи њамл васеъ мегардонад ва боиси њалли масъалањои танзими оила мегардад.
Ба маќсади пешгирии беморињо, оризањои давраи њомиладорї, бењтар намудани нигоњубини антенаталї, фаъол гардонидани кўмаки фаврии акушерї якчанд стандарту протоколњои клиникї, аз қабили «Стандартњои миллӣ оид ба назорат ва нигоњубини антенаталӣ њангоми њомиладории физиологӣ, таваллуди физиологӣ, гестоз ва хунравӣ» ва «Протоколи амалияи клиникӣ оид ба пешгирии сирояти вируси норасоии масунияти одам аз модар ба кӯдак» тањия ва тасдиќ карда шуданд.
Њамчунин ба маќсади васеъ намудани дастрасии наврасон ва љавонон ба хизматрасонињои хайрхоњона, пешгирии амалњои хатарнок, њомиладории бармањал, нашъамандї, беморињои бо воситаи алоќаи љинсї сироятшаванда, аз љумла ВНМО/БПНМ бо дастгирии ташкилотњои КАРЕ Тољикистон ва Хазинаи кӯдакони СММ аз соли 2007 то инљониб дар шањру ноњияњои љумњурӣ 18 шӯъбањои тиббї-машваратии љавонон ташкил карда шуданд.
Ќайд кардан зарур аст, ки дар муддати 20 сол дар натиљаи амалишавии барномањою чорабинињо дар соњаи солимии репродуктивї Вазорати тандурустӣ ба муваффаќиятњои муайян ва нишондодњои мусбӣ ноил гардид.
Тайи ин солњо тамоюли нишондињандаи таваллуд дар умумият рӯ ба пастшавӣ дорад, чунончї, ин нишондињанда дар соли 1991 ба 48 баробар бошад, солњои охир он ба 28 нисбати 1000 нафар ањолї баробар гардидааст.
Айни њол, тањлилњои таркиби таваллуд нишон медињад, ки нахусттаваллуд 37% ва такрортаваллуд 63%-ро ташкил медињад. Солњои охир нишондињандаи риояи фосилаи таваллуд камтар аз 2 сол низ майл ба пастшавӣ дорад. Агар ин нишондод соли 2002 37,2%-ро ташкил дода бошад, пас соли 2009 ин нишондињанда 26,2%-ро ташкил медињад. Шумораи истифодабарандагони маводњои пешгирандаи њамл бошад, дар соли 2010 (26,5%) нисбат ба соли 1991 (5%) тахминан 5 маротиба зиёд шудааст.
Тибќи омори расмии мављуда миќдори кўдакон дар як оила ба њисоби миёна аз 6,7 нафар дар соли 1991, то ба 3,7 нафар дар соли 2010 расидааст, ки аз фаъолияти босамари Хадамоти солимии репродуктивї ва танзими оила шањодат медињад.
Яке аз масъалањои мубрами соњаи тандурустї, ки ба солимии модарону кўдакон вобастагї дорад, ин норасоии ѓизо ва микронутриентњо дар байни модарону кўдакон мебошад. Бо назардошти моњияти ин масъала соли 2009 тадќиќоти миллї оид ба вазъи ѓизогирии занони синну соли репродуктивї ва кўдакони синни то 5-сола гузаронида шуд. Натиљањои тадќиќот нишон доданд, ки дар муќоиса бо соли 2003 ќариб њамаи нишондињандањо бењтар шудаанд, аммо то њол вазъи номувофиќи ѓизої дар байни модарону кўдакон дар љумњурї њамчун масъалаи њалталаб боќї мемонад.
Натиљањои бадастомада нишон доданд, ки дар соли 2009 нисбат ба соли 2003 нишондињандањои асосї, ба монанди ќадпастї, камвазнї ва камхунї мутаносибан паст гардидаанд, аз љумла ќадпастї дар байни кўдакон то 29,0% (с.2005-36%), камвазнї нисбати синну сол 8,4% (с.2005-21%) ва камхунї дар байни кўдакони синни 6-59 моња то 28,7% (с.2003-39,7%)-ро ташкил медињад. Аз ин бармеояд, ки тайи 7- соли охир қадпастї дар байни кўдакон 7%, камвазнї нисбати синну сол 12,7% ва камхунї дар байни кўдакони синни 6-59 моња 11% кам шудааст, ки ин аз аз натиљаи мусбии татбиқи барномањои дар боло номбаршуда гувоњї медињад.
Дар љумњурї дар баробари камвазнї, дар байни занони синну соли ќобили таваллуд вазни аз меъёр зиёд низ масъалаи њалталаб мебошад. Дар њамин радиф, камвазнии занони синну соли ќобили таваллуд то 6,7% (соли 2003 – 8,6%) ва занони синну соли ќобили таваллуди вазнашон аз меъёр зиёд то 28,2% (соли 2003 – 25,6%) паст гардидааст. Камхунї бошад, низ 24,2%-ро (с.2003-41,2%) ташкил медињад, ки он њам тамоюл ба пастравї дорад.
Дар чорчўбаи татбиќи Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Оид ба њимояи ѓизодињии табиии кўдакон» њамасола дар љумњурї Њафтаи умумиљањонии њимояи ѓизодињии кўдакон таљлил мегардад. Дар љумњурї 47 беморхонаи дорои сертификати умумиљањонии «Муносибати некбинона нисбати атфол» фаъолият менамоянд, ки дар онњо њамасола зиёда аз 71% кўдакон таваллуд мешаванд.
Аз оѓози соли 2004 инљониб дар љумњурї Стратегияи пешгирии норасоии витамини А дар байни кўдакони синни 6 – 59- моња амалї шуда истодааст, ки дар доираи он њамасола дар ду давра ба кўдакон ѓилофакњои витамини А таќсим карда мешавад.
Дар даврони истиќлолият ба маќсади бањодињии рушду инкишофи кўдакон, муайян намудани њодисањои камвазнї ва фарогирї бо табобат, тамоми муассисањои кўмаки аввалияи тиббию санитарии шањру ноњияњои љумњурї аз нав бо таљњизотњои ченкунии қадду вазн пурра таљњизонида шудаанд.
Яке аз самтњои фаъолияти Вазорати тандурустї ин пешгирии беморињои сироятии бо воситаи эм идорашаванда мебошад.
Дар ин самт Барномаи соњавии иммунопрофилактика барои солњои 2003 – 2010 амалї карда шуд, ки дар асоси он эмгузаронї бо намудњои нави ваксинањо аз он љумла, ваксинаи пентавалентї, гепатит В ва ваксинаи сурхча-гулафшон дар љумњурї гузаронида шуд. Бо маќсади такмил ва устувории чорабинињои анљомдодашуда, дар соли 2010 Ќонун дар бораи иммунопрофилактикаи беморињои сироятї ва Барномаи миллии иммунопрофилактика дар Љумњурии Тољикистон барои солњои 2011 – 2015 ќабул гардиданд.
Аз солњои аввали истиќлолият бањри паст намудани фавти кўдакон аз беморињои дарунравї ва беморињои шадиди роњњои нафас Марказњои љумњуриявии мубориза бар зидди ин беморињо ташкил карда шуд, ки ин боиси паст гардидани беморшавї ва фавти кўдакони синни то 5-сола гардид. Бањри ташаккули фаъолияти ин Марказњо ва њамгироии беморињои асосии давраи кўдакї Марказњои номбурда ба Марказњои њамбастагии беморињои кўдакона табдил дода шуданд. Фаъолияти ин Марказњо ба таъмин намудани пешгирї ва табобати беморињои шадиди роњњои нафас ва дарунравї, камхунї, вараља, камѓизої ва норасоии микронутриентњо, бозомўзии мутахассисони муассисањои кўмаки аввалияи тиббию санитарї ва кор бо волидайн дар сатњи оила оид ба нигоњубин ва рушди мукаммали кўдакон равона карда шуд. Натиљаи босамари фаъолияти ин Марказњо ба паст гардидани нишондињандањои беморшавї ва фавти кўдакон аз беморињои номбурда сабаб гардид.
Яке аз самтњои дигари фаъолияти Вазорати тандурустї дар давраи истиќлол ин таъмин намудани њифзу бењдошти саломатии занони њомила, таваллудкунанда ва давраи баъди таваллуд, беморињои давраи навзодї, тањияи усулњои нави ташхису табобати бармањал, пешгирии беморињои кўдакон, омўзиши омилњои муайянкунандаи сатњи баланди беморињо ва фавти модарону кўдакони мебошад, ки дар ин самт кормандони Пажўњишгоњи илмию тадќиќотии акушерї - гинекологї ва перинатологии Тољикистон наќши босазо гузоштаанд.
Дар даврони истиќлолият 3 анљумани акушер-гинекологњо ва 4 конфронси миллии илмї-амалї гузаронида шуда, дар Пажўњишгоњ 11 рисолањои докторї ва зиёда аз 70 рисолањои номзадї њимоя карда шуд.
Дар 20 соли истиќлол њайати илмии пажўњишгоњ 5 монография, 34 дастур ва тавсияњои методї, бештар аз 1000 маќолањои илмию амалї, номањои иттилоотї ва хабарї, тањияи фарњангњои русї-тољикї ва тољикї-русии иборањои акушерию гинекологї, неонатологї ва анестезиологиро тањия ва нашр карданд. Аз соли 2009 инљониб маљаллаи илмию амалии пажўњишгоњ бо унвони «Модар ва кўдак» ба таври мунтазам ба нашр мерасад.
Аз зинањои аввали истиќлолияти давлатї њайати илмии пажўњишгоњ мутобиќи дархости давлатї дар тањияи мавзўъњои илмї ва татбиќи бевоситаи онњо иштирок намуданд, ки онњо пеш аз њама ба масъалањои тиббию иљтимоии фавти перинаталї ва кўдакон, синдроми заъфи рушди дохилибатнии тифл дар мавриди оризањои акушерї ва экстрогениталї, таъсири он ба сатњи нишондињандаи фавти перинаталї ва кўдакон, масъалањои пешгирї ва табобати камширї ва пањлўњои тиббию иљтимоии солимии репродуктивии занон дар Тољикистон бахшида шудаанд. Инчунин, оид ба масъалањои беморињои гинекологї миёни љавондухтарону занон, хунравии акушерї, хусусиятњои тиббию иљтимоии фавти кўдакон дар соли аввали њаёт, пањлўњои тиббию иљтимоии модаршавии бехавф, пешбурди њомиладорї ва таваллуди хатари баланддошта, пањлўњои тиббию иљтимоии саломатии модарони ширмакон ва кўдакони синни то 3 сола ва фавти перинаталї њамчун проблемањои мубрами тиббию иљтимої 9 мавзўи илмї ба анљом расонида шудаанд.
Мањз дар даврони соњибистиќлолии кишвар бо дастгирии бевоситаи Президенти Љумњурии Тољикистон маблаѓгузории буљавии пажўњишгоњ ва клиникаи он ба маротиб афзуда, ба таври мунтазам аз њисоби ќарзњои кредитї ва грантї заминаи моддию техникии он мустањакам гардида истодааст. Танњо дар соли 2005 аз њисоби ќарзи Бонки Саудии рушд ба арзиши бештар аз 3.0 млн. доллар бахшњои акушерию гинекологї, неонатологї ва дармонгоњи машваратию ташхисии пажўњишгоњ аз таъмир бароварда, онњо бо таљњизотњои муосири тиббї муљањњаз гардонида шуданд.
Дар соли 2006 бо дастгирии Њукумати Љумњурии Тољикистон ва Сафорати Љопон дар клиникаи пажўњишгоњ шўъбаи гинекологияи эндокринологї, ки оид ба масъалањои безурриётї ба эњтиёљмандон кўмаки махсусгардонидашудаи тиббї мерасонад, мавриди истифода ќарор дода шуд.
Дар давоми солњои 2009 - 2010 бо дастгирии бевоситаи њукумати љумњурї дар заминаи клиникаи пажўњишгоњ шўъбањои амрози духтарон, эндовидеољарроњї, кўмаки махсусгардонидашудаи акушерї, реабилитатсияи навзодон ва бахши кўмаки сайёри махсусгардонидашудаи акушерї ба фаъолият шурўъ намуданд.
Ќайд кардан зарур аст, ки чунин шўъбањои кўмаки сайёри махсусгардонидашудаи акушерї дар вилоятњои Хатлон ва Суѓд низ ташкил карда шуда, бо наќлиёти санитарї таъмин карда шуданд.
Ташкили бахшу шўъбањои номбурда, дар таърихи соњаи акушерию гинекологї ва неонатологї аз љумлаи падидаи навини замони истиқлол буда, барои дар сатњи нави ташкилию дастурї ба роњандозии кўмаки тиббии акушерї ба эњтиёљмандон наќши махсус гузошта, ба рушди хизматрасонии њифзи солимии модару кўдак мусоидат намуд.
Мањз дар даврони истиќлолияти давлатии Тољикистон имкониятњои техникии Дармонгоњи машваратию ташхисии пажўњишгоњ хеле васеъ шуда, дар он таљњизотњои нодиртарини тиббї, аз љумла, денситометр ва маммограф, ки дар минтаќаи Осиёи Марказї ангуштшуморанд, мавриди истифодабарї ќарор дода шуданд.
Бањри бењтар намудани хизматрасонињои тиббии махсусгардонидашуда ба кўдакони маъюб ва имконияташон мањдуд, соли 2009 бо дастгирии бевоситаи Президенти Љумњурии Тољикистон Маркази љумњуриявии барќарорсозии саломатии кўдакон бо иќтидори 40 кат дар шањраки Шифои ноњияи Вањдат сохта ва ба истифода дода шуд.
Њамчунин бо маќсади њамоњангсозї, тањлил ва арзёбии фаъолияти муассисањои тандурустии кўдакона, гузаронидани тадќиќотњои илмї дар љанбањои гуногуни саломатии кўдакон, омода намудани кормандони илмї, тањияи усулњои нави пешгирии беморињои кўдакона, татбиќи дастовардњои илми педиатрия дар амалия бо ќарори Њукумати Љумњурии Тољикистон № 282 аз 30 майи соли 2008 Муассисаи давлатии Маркази љумњуриявии илмию клиникии педиатрї ва љарроњии кўдакон таъсис дода шуд. Марказ дар муддати фаъолияти дусолааш 3 монография, 3 дастур ва 50 маќолањои илмї ба чоп расонида, маљаллаи «Педиатрия ва љарроњии кўдакона Тољикистон»-ро таъсис дод, ки аллакай 5 шумораи он нашр шудааст.
Њамин тавр, метавон ќайд кард, ки дар давоми 20 соли истиќлолияти давлатї муассисањои дахлдори соњаи тандурустї дар самти њифзи сињатии модару кўдак ва танзими оила дар љумњурї оид ба масъалањои тањкими санадњои меъёрии њуќуќї, мустањкам гардонидани заминаи моддию техникии муассисањои кўмаки таваллудї ва ёрии тиббї ба кўдакон, баланд бардоштани сатњи дониш ва малакаи касбии мутахассисони беморињои занона ва кўдакона, паст намудани беморшавї, маъюбї ва фавти модарону кўдакон ба дастовардњои назаррас ноил гардидаанд.
Бењтар намудани вазъи санитарию эпидемиологї кафолати амнияти саломатии ањолї ва муњити зист
“Таъмини амнияти санитарию
эпидемиологї яке аз проблемањои
муњими соњаи тандурустї мебошад”
Эмомалї Рањмон, 20.04.2011с.
Яке аз самтњои асосии њифзи саломатии ањолї таъмини амнияти санитарию эпидемиологии ањолии кишварамон мебошад. Ин вазифаи бенињоят муњими соња ба зиммаи сохторњои санитарию эпидемиологї, яъне Хадамоти назорати давлатии санитарию эпидемиологї, марказњои љумњуриявию вилоятии мубориза бар зидди БПНМ, беморињои тропикї, ташаккули тарзи њаёти солим, безараргардонии профилактикї, эмтаъминкунї, беморињои карантинї, Маркази љумњуриявї оид ба масъалањои ѓизо ва Пажўњишгоњи илмию тадќиќотии тибби профилактикии Тољикистон вогузор шудааст.
Дар марњилаи аввали соњибистиќлолии мамлакат, сар задани њар гуна беморињои сироятї (домана, вараља), ногувории вазъи эпидемиологии кишвар тамоюли паст рафтани сатњи донишу маърифати тиббию санитарї ва иттилоотнокии ањолии кишвар роњбарияти Вазорати тандурустии Љумњурии Тољикистонро водор намуд, ки ба ин соњаи моњияти стратегї ва амнияти миллї дошта, таваљљўњи бештар зоњир намоянд. Барои танзими муносибатњо вобаста ба таъмини амнияти санитарї 20 июли соли 1994 Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи назорати санитарии давлатї» қабул гардид. Баъдтар, бањри бењтар намудани асосњои њуќуќї, ташкилї, иќтисодї андешидани тадбирњои вобаста ба рушди амнияти санитарию эпидемиологии ањолии мамлакат Ќонуни Љумњурии Тољикистон тањти № 49 аз 8 декабри соли 2003 «Дар бораи таъмини амнияти санитарию эпидемиологии ањолї» аз тарафи Президенти мамлакат Љаноби Олї мўњтарам Эмомалї Рањмон ба имзо расид. Барои пурзўр намудани мавќеъ ва њуќуќњои маќомоти санитарию эпидемиологї Њукумати Љумњурии Тољикистон зарур шуморид, ки сохторњои мављударо такмил дињад. Бо қарори Њукумати Љумњурии Тољикистон аз 3 апрели соли 2007 № 186 Стансияи љумњуриявии санитарию эпидемиологї ба Хадамоти назорати давлатии санитарию эпидемиологї табдил дода шуда, дар шањру ноњияњо Марказњои назорати давлатии санитарию эпидемиологї таъсис ёфта, дар айни замон ба таври самаранок фаъолият доранд.
Солњои истиќлолият дар љумњурї зимни дуруст ба роњ мондани чорабинињои пешгирї сатњи беморињои сироятї, аз ќабили сўхтанї, њорї, лептоспироз ва табби хунин сол то сол кам шуда, солњои охир беморињои њорї ва лептоспироз тамоман ба ќайд гирифта нашудаанд. Соли 2010 назар ба солњои 1991-1994 беморињои буѓумдард 14 маротиба, осебдидагон аз газидани њайвонот 12 маротиба, љамъи беморињои шадиди рўда 5 маротиба, домана 12 маротиба, касалии сил 4 маротиба кам ба ќайд гирифта шудааст.
Ќайд кардан зарур аст, ки баъди пош хўрдани Иттињоди Шўравї зиёда аз 70%-и кадрњои соњаи мазкур корро тарк карданд. Ба замми ин, ќонунњо ва зерќонунњои соњавї мављуд набуданд, ки мутахассисон дар асоси онњо фаъолият намоянд. Тахминан 95% муассисањои соња дар љумњурї бе наќлиёти хизматї монда буданд, ки ин яке аз сабабњои асосии сари ваќт наандешидани чорањои зарурї дар манбаъњои беморињои сироятї ба њисоб мерафт. Биноњо дар њолати садамавї ќарор дошта, таљњизотњои сахту мулоим тамоман кўњнаю фарсуда шуда буданд.
Дар 20 соли охир марказњои назорати давлатии санитарию эпидемиологии шањру ноњияњо бо мутахассисони баландихтисос ва таљњизотњои њозиразамон таъмин гаштанд. 38 марказ бо компютерњо, 30 маљмўи таљњизоти ташхисї ва ёрирасон, 4 дастгоњи реаксияњои полимерозї (намуди гелэлектрофорез), 1 таљњизоти реаксияњои полимерї (барои ташхисгоњи вирусологї) ва маљмўи дастгоњњои реаксияњои полимеразї ва тањлили иммуноферментї барои ташхисгоњи вирусологї дастрас карда шуданд.
Айни замон, дар тамоми љањон проблемаи БПНМ масъалаи ташвишовар ва њалталаби соњаи тандурустї эълон шудааст. Дар љумњурии мо низ проблемањои мављудбударо ба инобат гирифта, бањри ташкил намудани заминаи њуќуќї, бо мақсади таъмини дастрасии умумї ба хизматрасонињои пешгирї, табобат, нигоњубин ва дастгирї њанўз соли 1993 Ќонун «Дар бораи пешгирии БПНМ» ќабул карда шуд.
То давраи истиќлолият ва дар солњои аввали истиќлолият корњои пешгирї ва мубориза бар зидди ВНМО/БПНМ дар байни ањолии љумњурї, махсусан ашхоси моддањои нашъаоварро бо роњи тазриќї истифодабаранда, мањбусон, љавонон, шахсони рафтори хавфнокдошта, занњое, ки хизматњои шањвонї мерасонанд ва гузаронидани назорати эпидемиологї дар байни ањолї, расонидани иттилоот, маълумот оиди масъалањои ВНМО дар сатњи нињоят паст ва дар баъзе шањру ноњияњо тамоман аз сатњи назар дур монда буд. Вазорати тандурустї бо дастгирии Њукумати Љумњурии Тољикистон вазъи баамал омадаро ба назар гирифта, соли 1991 Маркази љумњуриявии мубориза бар зидди БПНМ ташкил намуд. Дар давоми солњои истиќлол дар 15 шањру ноњияњои љумњурї низ чунин марказњо ташкил карда шуд, ки айни њол дар онњо 211 мутахассисони пуртаљриба фаъолият доранд. Дар даврањои фаъолият 123 мутахассис дониши худро дар хориљи кишвар сайќал доданд. Њоло ин марказњо бо кадрњои баландихтисос ва бо тамоми таљњизотњои њозиразамони озмоишї таъмин буда, маводњои дохилшударо аз ташхис мегузаронанд. Дар назди Маркази љумњуриявии мубориза бар зидди БПНМ маркази иттилоотию маърифатї бо дастгирии Хазинаи «Восток-Запад» таъсис дода шуд. Инчунин, дар давраи истиќлолият Маркази љумњуриявии пешгирї ва мубориза бар зидди БПНМ, Марказњои вилоятии пешгирї ва мубориза бар зидди БПНМ дар вилоятњои Суѓду Хатлон, ВМКБ ва Марказњои шањриву ноњиявї дар минтаќаи Кўлоб, ноњияњои Б.Ѓафуров, Мўрѓоб ва Фархор, шањри Кўлоб бо 11 адад нақлиётњои санитарї таъмин карда шуданд.
Аз соли 1991 то 1 декабри соли 2010 дар љумњурї 2336 њодисаи сирояти ВНМО ба ќайд гирифта шудааст. Аз њисоби баќайдгирифтагон 1844 њодиса дар байни мардон ва 492 њодиса дар байни занон ќайд шудаанд. Аз рўи роњњои гузариши сирояти ВНМО 55% ё 1286 њодиса бо роњи тазриќї, 28,2% ё 658 њодиса бо роњи алоќаи љинсї, 15,4% ё 360 маврид роњњои номаълум ва 1,4% ё 32 њодиса аз модар ба кўдак сироят ёфтаанд. Сирояти ВНМО дар 60 шањру ноњияњои љумњурї, аз он љумла дар шањри Душанбе 911 њодиса, дар вилояти Суѓд 502 њодиса, вилояти Хатлон 458 њодиса, ВМКБ 165 њодиса ва дар ноњияњои тобеи љумњурї 300 њодиса ба ќайд гирифта шудааст. Аз 2336 нафар сироятёфтагони ВНМО ба ќайд гирифта 635 нафар бо табобати зиддиретровирусї фаро гирифта шудаанд. Њар сол тахминан 230000-240000 шањрванд аз ташхиси ВНМО гузаронида мешавад, ки ќисми зиёдашонро занони њомила, нашъамандони тазриќї, шахсони расонандаи хизматњои шањвонї, муњољирони мењнатї, донорњои хун, кормандони тиб ва шањрвандони хориља ташкил медињанд
Бори аввал соли 2010 дар баъзе муассисањои љумњурї бо мақсади кам кардани зарар аз истифодаи моддањои нашъадор, терапияи ивазкунанда љорї карда шуд.
Дар давраи истиќлолият дар љумњурї 22-нуќтаи боварї дар байни нашъамандони тазриќї, 30 нуќтаи боварї барои муњољирони мењнатї ва ањли оилаи онњо ва 43-њуљраи дўстона барои заноне, ки хизматњои шањвонї мерасонанд, таъсис дода шуд. Дар ин нуќтањо ба мизољон маводњои таълимї, муњофизатї, ташхис ва табобати як ќатор беморињои сирояткунандаи љинсї аз рўи нишонањо пешнињод карда мешаванд. Аз љумла, дар нуќтањои боварї ва њуљрањои дўстона мизољон метавонанд на танњо оиди пешгирии ВНМО/БПНМ ва беморињое, ки тавассути алоќаи љинсї мегузаранд, маслињатњо гиранд, балки аз ташхиси ин беморињо гузашта, дар њолати ошкор намудани беморї бо табобати ройгон фаро гирифта шаванд.
Яке аз њадафњои асосии соња ин бењтар намудани кор дар самти пешгирї ва мубориза бо бемории вараља мањсуб меёбад. Бояд ќайд кард, ки њолатии эпидемикии бемории вараља дар соли 1991 баъди номусоид гаштани вазъи сиёсию-иќтисодии кишвар ва муњољирати домандори ањолї бад гардида, дар як муддати кўтоњ ќисми зиёди кишварро фаро гирифт.
Мураккабии вазъиятро ба назар гирифта, Њукумати Љумњурии Тољикистон бо ќарори № 342 аз 4 августи соли 1997 «Барномаи миллии мубориза бо вараља барои солњои 1997-2005» -ро ќабул намуд. Соли 1997 дар доираи иљроиши барномаи номбурда 14 марказњои мубориза бо беморињои тропикї ташкил карда шуданд: Маркази љумњуриявї – дар шањри Душанбе, вилоятї- дар шањри Ќўрѓонтеппа, шањрї – дар шањри Кўлоб ва ноњиявї дар ноњияњои Вањдат, Вахш, Бохтар, Ёвон, Шањритус, Ќубодиён, Њамадонї, Данѓара, Шурообод, Ванљ ва Дарвоз. Ба ин нигоњ накарда, вазъи бемории вараља њамоно муњимтарин масъалаи иљтимої ва тиббии кишвар боќї мемонад, чунки эњтимолияти зиёди ворид гардидани бемории вараља аз ноњияњои наздисарњадии Љумњурии Исломии Афѓонистон – кишваре, ки дар он сатњи гирифторшавї ба ин беморї хеле баланд аст, њанўз мављуд мебошад.
Масъалаи бемории вараљаро Њукумати Љумхурии Точикистон ба њайси масъалаи мубрами ва љиддї эътироф намуда, ду маротиба бо ќарорњои дахлдори худ: Барномањои муборизаро бар зидди беморињои тропикї (вараља) барои солњои 2006-2010 ( №502 аз 30 декабри соли 2005) ва барои солњои 2011-2020 (ќарори №163 аз 1 апрели соли 2011) ќабул намуд.
Маблаѓгузорї ва татбиқи барномањои номбаршуда аз тарафи Њукумати Љумњурии Тољикистон ва Хазинаи Глобалї оид ба мубориза бо беморињои ПНМ, сил ва вараља ба пуррагї дастгирии худро ёфтанд.
Дар доираи татбиќи барномањои номбаршуда дар ноњияњои Љ. Рўмї, Ќумсангир ва Фархори вилояти Хатлон, ноњияи Рўшони ВМКБ, шањрњои Панљакент ва Исфараи вилояти Суѓд, ноњияи Шањринав ва Рашт марказњои ноњиявии мубориза бо беморињои тропикї ташкил карда шуданд, ки айни замон онњо чорабинињои зидди беморињои тропикиро дар минтаќањо бомуваффаќият амалї менамоянд. Боиси қайд аст, ки њадафњои асосии Барномаи мубориза бо беморињои тропикї (вараља) дар Љумњурии Тољикистон барои солњои 2006-2010 амалї гардиданд. Чунончї, аз соли 2008 њодисањои мањалии вараљаи тропикї дар љумњурї ба ќайд гирифта нашудааст. Дар 20 соли истиќлолият миқдори беморони вараља сол то сол кам шуда истодааст, чунончї агар соли 1992 406 њодиса ба ќайд гирифта шуда бошад, соли 2010 ин раќам ба 10 њодиса расид.
Сатњи бемории вараља дар соли 2010 (102 њодисаи вараљаи серўза) нисбат ба соли 2005 (2309 њодиса) 2207 њодиса кам мебошад. Нишондоди беморї нисбат ба 100 000 нафар ањолї дар соли 2010 ба 2.3 нафар расид, ки ин нишондод нисбат ба солњои 1991-1992 40 маротиба камтар мебошад.
Дар доираи иљроиши барномаи номбурда ба маќсади самаранок гузаронидани чорабинињои зидди бемории вараља аз љониби њукумати љумњурї ва Хазинаи глобалии мубориза бо беморињои ПНМ, сил ва вараља доруњои зидди бемории вараља (примахин, хлорохин, хинин, коартем ва ѓайра), зањрдоруњо бар зидди хомўшакњои вараљаовар (алфасиперметрин), таљњизоти ташхисї, аз он љумла 194 микроскоп барои ташхиси хун ва 60 микроскопи энтомологї, 32 нақлиёти хизматї ба шањру ноњияњои љумњурї дастрас карда шуданд.
Аз соли 1997 то соли 2010 452 нафар мутахассисон оид ба ташхиси лаборатории бемории вараља дар курсњои омўзишию бозомўзї савияи донишу малакаи худро баланд бардоштаанд. 17 нафар мутахассисони шањру ноњияњои љумњурї дар курсњои омўзишї дар шањри Москваи Федератсияи Руссия иштирок намуда, дониши худро сайќал додаанд.
Њамасола, пеш аз саршавии мавсими пањншавии беморї, санљиши паразитологии беморшудагони вараљаи солњои пешин гузаронида шуда, дар рафти он намунаи хуни беморшудагон санљида мешавад. Аз соли 2006 то имрўз дар љумњурї 10485 нафар беморшудагон ба санљиши паразитологї фаро гирифта шудаанд, ки аз ин шумора ягон натиљаи мусбї дарёфт нагардидааст. Ин аз он шањодат медињад, ки дар љойњо табобати беморї дуруст ба роњ монда шуда, њамаи беморшудагон табобати пурра ва дуруст гирифтаанд, вагарна дар байни онњо такроран беморшудагон пайдо мешуданд.
Дар доираи иљроиши Барнома дар солњои 2006-2010 дар байни 167221 нафар ањолии ш.Норак, ноњияњои Ёвон, Бохтар, Вахш, Панљ, Хуросон, Восеъ, Данѓара, Темурмалик, Шўрообод, Ќубодиён, инчунин дар байни хизматчиёни њарбии Сарраёсати ќўшунњои сарњадї, ки дар сарњади Тољикистону Афѓонистон дифои хизмат доранд, чорабинии байнимавсимї ва мавсимии пешгирии бемории вараља бо доруи примахин ва хлорохин гузаронида шуд.
Натиљаи тадќиќотњои илмї доир ба самаранокии табобати вараљаи тропикиро ба инобат гирифта, бо пешнињоди Ташкилоти умумиљањонии тандурустї доруворї барои самти якуми усули табобати бемории вараљаи тропикї иваз карда шуд.
Яке аз чорабинињо бар зидди бемории вараља ин муњофизати ањолї аз неш задани хомўшакњо ба шумор меравад. Бо ин маќсад дар доираи иљроиши барнома њамагї 120 000 пашшахонањои гуногунњаљм дар байни ањолии шањру ноњияњои љумњурї ва хизматчиёни њарбии Сарраёсати ќўшунњои сарњадї таќсим карда шуд.
Њамзамон, дар доираи иљроиши ин барнома бо маќсади самаранокии чорабинињои зидди бемории вараља аз тарафи мутахассисони Вазорати тандурустї дар якљоягї бо Бюрои Аврупоии минтаќавии ТУТ, Пажўњишгоњи Зоология ва паразитологияи Академияи илмњои Љумњурии Тољикистон, Пажўњишгоњи генетикаи умумии Академияи илмњои Руссия, Пажўњишгоњи беморињои тропикии Швейтсария, пажўњишгоњи паразитология ва тибби тропикии Академияи тиббии Руссия корњои тадќиќотї – илмї оиди тадќиќи генетикию њуљайравии хомўшакњо ва барангезандагон, бањодињии сатњи сироятнокии ањолї бо барангезандагони вараља, муќовимати хомўшакњои вараљаовар ба зањрдоруњои пиретроидї дар Љумњурии Тољикистон, муайянсозии давомнокии таъсири зањрдоруњо дар сатњњои гуногун, бањодињии самарабахшии истифодаи моњичањо (Gambusia affinis) дар шароити Тољикистон гузаронда шудааст.
Дар пешравињои бадастомада нисбати пешгирї ва мубориза бар зидди бемории вараља ва БПНМ дастгирии бевоситаи Њукумати Љумњурии Тољикистон ва ёрии ташкилотњои байналмилалї бенињоят зиёд аст. Боиси ќайд аст, ки Љумњурии Тољикистон 6 маротиба грантњои Фонди глобалиро оид ба беморињои вараља, БПНМ ва сил соњиб гаштааст, ки ин дастовард дар байни давлатњои Иттињоди Давлатњои Мустақил ягона мебошад.
Ба маќсади баланд бардоштани сатњи маърифату малакањои тиббию бењдоштии ањолї, таъмини васеи дастрасї ба иттилооти фарњангї, санитарї ва маърифати тиббии љомеа тавассути кормандони муассисаю ташкилотњои тиббї, васоити ахбори омма ва дигар сарчашмањо, Маркази љумњуриявии ташаккули тарзи њаёти солим (МЉТТЊС) ташкил карда шуд
Бояд ќайд намуд, ки аз соли 2000 сар карда, дар ќаламрави мамлакат шабакањои алоњидаи ташаккули тарзи њаёти солим ташкил шудан гирифтанд ва то соли 2006 дар њамаи шањру ноњияњои љумњурї аллакай марказњо ба таври мустаќил ва ё дар таркиби беморхонањои марказї таъсис дода шудаанд.
Ба маќсади баланд бардоштани сатњи маърифати санитарию гигиении ањолї, ташаккули муносибати нави шањрвандон нисбат ба саломатї, њавасмандгардонии тарзи њаёти солим, инчунин бењбуди сифати зиндагї ва муњити зисти одамон «Барномаи ташаккули тарзи њаёти солим барои солњои 2003-2010 » тањия ва қабул карда шуд.
Самтњои афзалиятноки Барномаи ташаккули тарзи њаёти солим барои солњои 2003-2010 ин- ѓизои хушсифату самарабахш, рушди тарбияи љисмонї ва варзиш, мубориза алайњи сўистифодаи машруботи спиртї, пешгирии тамокукашї ва нос, мубориза алайњи нашъамандї, тарѓибу ташвиќи усулњои бехатари алоќаи љинсї, пешгирии беморињои сироятї ва њифзи муњити зист мебошад.
Барои татбиќи барномаи мазкур дар баробари МЉТТЊС ва 3 марказњои вилоятї (ВМБК, Хатлон, Суѓд), боз 1 маркази минтаќавї (минтаќаи Кўлоб), 10 марказњои шањрї (4 марказ дар вилояти Хатлон, 3 марказ дар вилояти Суѓд, 2 марказ дар ноњияњои тобеи љумњур, 1 марказ дар ш. Душанбе), 50 марказњои ноњиявї (22 марказ дар вилояти Хатлон, 15 марказ дар вилояти Сугд, 2 марказ дар ВМБК, 11 марказ дар ноњияњои тобеи љумњур ), 5 утоќи ташаккули тарзи њаёти солим дар ВМКБ ва 35 утоќњо дар ш.Душанбе ташкил карда шуданд, ки њоло фаъолият менамоянд. Дар якљоягї бо Пажўњишгоњи илмї-тадќиќотии назди Академияи тањсилоти Вазорати маорифи Љумњурии Тољикистон китобњои дарсї оид ба тарбияи љисмонї барои хонандагони синфњои 1 - 4 «Ман ва тарбияи љисмонї», барои синфњои 5 - 6 «Тарбияи љисмонї - дўсти ту», барои синфњои 7 - 9 «Дўсти ту - тарбияи љисмонї», барои синфњои 10 - 11 «Дар љисми солим- рўњи солим!» тањия ва чоп шуданд.
Вазорати тандурустї дар њамкорї бо Вазорати мењнат ва њифзи иљтимоии ањолии Љумњурии Тољикистон дар муассисањои таълимии худ оид ба баланд бардоштани маърифати гигиенї ва пешгирии нашъамандї барномаи махсус ќабул намуда, машѓулиятњои фанни «Тарзи њаёти солим» - ро дар омўзишгоњњои касбию техникї љорї кардааст.
Маќсад ва вазифањои барномаи ташаккули тарзи њаёти солим барои солњои 2011-2020 - инкишоф додани муносибатњои нави шањрвандон ба саломатї, тавассути татбиќи принсипњои тарзи њаёти солим мебошад.
Њамин тариқ, қайд кардан бамаврид аст, ки дар даврони истиқлолият бањри таъмини амнияти санитарї, ки он масъалањои бењтар намудани таъминоти ањолї ва муассисањои тиббї бо оби нўшокии босифат, таъмири шабакањои обу корези шањру ноњияњо, назорати сифати маводи ѓизої, молњои мавриди истифодаи њамагонї ва масолењи сохтмонии воридшавандаро фаро мегирад, корњои зиёде ба анљом расонида шудаанд. Дар њамин давра ќонунњо ва барномањои зарурї тањия ва ќабул шудаанд, ки ба рушди заминаи њуќуќии ин самти муњими соња мусоидат намуданд. Инчунин, сохтори идоракунии соњаи санитарию эпидемиологї ба шароити имрўза мутобиқ карда шуд. Потенсиали кадрии соња ва заминањои моддию техникии муассисањои санитарию эпидемиологї дар 53 шањру ноњияњои љумњурї бењтар гардида, бо таљњизотњои зарурї ва нақлиёти санитарию хизматї таъмин карда шудаанд.
Њамаи ин дастовардњо, танњо дар давраи соњибистиќлол гардидани Тољикистон имконпазир гардиданд.
Достарыңызбен бөлісу: |