1. Сураи Фотиња (Кушоянда)


Сураи Фурќон (Људокунандаи њаќќу ботил)



бет15/33
Дата12.07.2016
өлшемі2.57 Mb.
#195081
1   ...   11   12   13   14   15   16   17   18   ...   33

25. Сураи Фурќон (Људокунандаи њаќќу ботил)
Дар Макка нозил шуд ва он њафтоду њафт оят ва шаш рукўъ аст.
Ба номи Худои Бахшояндаи Мењрубон
1. Бисёр Бобаракат аст Он, ки Фурќонро2 бар бандаи Хеш фуруд овард, то оламиёнро тарсонандае бошад.

2. Он, ки подшоњии осмонњову замин аз они Ўст ва њељ фарзанде нагирифтааст ва дар подшоњї Ўро њељ шарике нест; ва њар чизеро биофарид, пас, онро ба андоза кардане андоза кард.

3. Ва (кофирон) ба љуз Худо маъбудонеро гирифтанд, ки чизе намеофаринанд ва худашон офарида мешаванд ва барои хеш зиёне [бардошта] ва суде [расонида] наметавонанд; ва бар маргу зиндагонї ва барангехтан молик нестанд.

4. Ва кофирон гуфтанд: «Ин Ќуръон [чизе] нест, магар дурўѓе, ки онро барбастааст ва гурўњи дигар бар ифтирои он ба ў ёрї додаанд». Пас, ситаму дурўѓро ба амал оварданд.

5. Ва гуфтанд «(Ќуръон) афсонањои пешиниён аст, ки онро барои худ навиштааст, пас, субњу шом бар вай хонда мешавад».1

6. Бигў: «Онро Њамоне фурў овардааст, ки он пинњонро, ки дар осмонњову замин аст, медонад. Ба дурустї ки Вай Омурзандаи Мењрубон аст».

7. Ва гуфтанд: «Ин пайѓамбарро чист, ки таом мехўрад ва дар бозорњо меравад? Чаро фариштае ба сўи вай фиристода нашуд, то њамроњи вай тарсонанда бошад?

8. Ё чаро ганље аз осмон ба сўи вай партофта нашуд; ё чаро ўро боѓе нест, ки аз он бихўрад?» Ва ситамкорон гуфтанд: «Ба љуз марди љодузада [касеро] пайравї намекунед!»

9. Бибин: чї гуна дар њаќќи ту достонњо заданд! Пас, гумроњ шуданд, пас, њељ роњеро намеёбанд.

10. Бузургвор аст Он, ки агар хоњад, ба ту бењтар аз ин бўстонњое бидињад, ки зери он љўйњо меравад ва ба ту кўшкњои баланд бидињад.2

11. Балки ќиёматро дурўѓ шумурданд. Ва барои касе, ки ќиёматро дурўѓ шуморад, дўзахро омода сохтем.

12. Чун (дўзах) аз масофати дур онњоро бибинад, овози хашм хўрдану ѓурридан аз вай бишунаванд.

13. Ва чун дасту по баста ба макони танг аз он дўзах андохта шаванд, он љо ба њалок (худро) дуои бад кунанд.

14. (Ва гўем:) «Имрўз ба як њалок дуои бад макунед; ва ба њалоки бисёр дуои бад кунед».

15. Бигў: «Оё ин бењтар аст ё бињишти љовид – он, ки ба парњезгорон ваъда дода шудааст, ки барои онњо подош ва љои бозгашт бошад?»

16. Дар он љо он чи мехоњанд, барояшон њаст, дар њоле ки љовидонанд. Ин бар Парвардигори ту ваъдаи талабидашуда аст.

17. Ва он рўз, ки Худо онњоро бо он чи ба љуз Худо мепарастиданд, љамъ кунад, пас, гўяд: «Оё шумо он бандагони Маро гумроњ кардед, ё онњо худ роњро ѓалат кардаанд?»

18. Гўянд: «Туро ба покї ёд мекунем, моро сазовор набошад, ки ба љуз Ту њељ дўсте гирем. Валекин онњову падаронашонро бањраманд сохтї, то он, ки пандро фаромўш карданд ва гурўњи њалокшуда гаштанд».

19. Пас, ба дурустї ки ин маъбудон шуморо3 дар он чи мегуфтед, дурўѓ доштанд. Пас, на азобро дафъ карда метавонед ва на ёрї додан. Ва њар ки аз шумо ситам карда бошад, ба ў азоби бузург бичашонем.

20. Ва пеш аз ту пайѓамбаронро нафиристодем, магар (ба) ин (сифат), ки онњо таом мехўрданд ва дар бозорњо мерафтанд. Ва баъзеи шуморо дар њаќќи баъзе озмоише сохтем, ки оё сабр хоњед кард? Ва Парвардигори ту Бино аст.

21. Ва онон, ки мулоќоти Моро умед надоранд, гуфтанд: «Чаро фариштагон бар мо фиристода нашуданд, ё чаро Парвардигори худро намебинем?» Њамоно дар заъми хеш бузург шуданд ва саркашї карданд – саркашии бузург.

22. Рўзе, ки фариштагонро бибинанд, он рўз барои гуноњкорон њељ муждае нест; ва гўянд: «(Худо кунад, ки) ба боздоштани муаккад боздошта шаванд».

23. Ва ба сўи он чи аз кирдор карданд, мутаваљљењ шавем, пас, онро монанди заррањои пароканда созем.1

24. Он рўз ањли бињишт аз љињати ќароргоњ бењтаранд ва ба эътибори љои истироњат некўтаранд.

25. Ва рўзе, ки осмон њамроњи абр бишикофад ва фариштагон ба фуруд овардание фуруд оварда шаванд.

26. Он рўз подшоњии њаќиќї аз они [Худои] Рањмон аст; ва он рўз бар кофирон (рўзи) душвор бошад.

27. Ва рўзе, ки ситамгор ду дасти худро бигазад, гўяд: «Эй кош, ман њамроњи пайѓамбар роњ пеш мегирифтам.

28. Эй вой бар ман, кошки фалонро дўст намегирифтам,

29. ба дурустї ки вай маро аз панд – баъд аз он, ки ба ман омада буд, гумроњ кард. Ва Шайтон одамиро (дар мењнат) танњо гузоранда аст».

30. Ва пайѓамбар гуфт: «Эй Парвардигори ман, њамоно ќавми ман ин Ќуръонро фурў гузоштанд».

31. Ва њамчунин барои њар пайѓамбаре аз гуноњкорон душманоне сохтаем. Ва Парвардигори ту Роњнамо ва Нусратдињанда бас аст.

32. Ва кофирон гуфтанд: «Чаро Ќуръон ба як дафъа бар пайѓамбар фуруд оварда нашуд?» Њамчунин (ба дафаот овардем), то ба он дили туро устувор созем; ва онро ба оњистагї хондем.

33. Ва (кофирон) њељ достоне пеши ту наоранд, магар он ки љавоби рост ва дар баён некўтар пеши ту биёрем.

34. Онон, ки афтон бар рўи хеш ба сўи дўзах барангехта шаванд; ин љамоа ба эътибори макон бадтаранд ва роњро ѓалаткунандатаранд.

35. Ва њамоно Мо ба Мўсо Китоб додем ва бародараш Њорунро њамроњи ў вазир сохтем.

36. Пас, гуфтем: «Ба сўи он ќавме биравед, ки оёти Моро дурўѓ шумурданд». Пас, он ќавмро ба њалок кардание њалок сохтем.

37. Ва ќавми Нўњро – чун пайѓамбаронро дурўѓгў шумурданд, ѓарќ сохтем ва онњоро барои мардумон нишонае гардонидем; ва барои ситамкорон азоби дарддињанда муњайё кардем.

38. Ва Оду Самуд ва ањли Расс ва табаќоти бисёреро дар миёни онњо (њалок сохтем).

39. Ва барои њар яке достонњо баён кардем ва њар якеро ба њалок кардание њалок сохтем.

40. Ва њамоно (кофирон) ба дење, ки бар он борони бад боронида шуда буд, расиданд. Оё онро намедиданд? Балки барангехтанро умед намедоштанд.

41. Ва чун туро бибинанд, туро ба љуз масхара нагиранд: «Оё ин њамон шахс аст, ки Худо ўро пайѓамбар фиристодааст?

42. Њамоно наздик буд, ки аз парастиши худоёнамон – агар бар он шикебої намекардем – моро гумроњ кунад». Ва чун азобро бибинанд, хоњанд донист, ки роњро ѓалаткунандатар кист.

43. Оё он касро дидї, ки хоњиши нафси худро худои худ гирифтааст? Оё ту бар вай нигањбон мешавї?

44. Оё мепиндорї, ки бештарини онњо мешунаванд, ё ба аќл дармеёбанд? Онњо ба љуз монанди чањорпоён [каси дигар] нестанд, балки онњо роњро ѓалаткунандатаранд.

45. Оё онро надидї, ки Парвардигори ту чї гуна сояро дароз кард ва агар мехост, онро оромида мегардонд; сипас офтобро бар он рањнамо баргумоштем.

46. Сипас, сояро ба фаро гирифтани осон ба сўи Хеш фаро гирифтем.

47. Ва Ў Он [Худой] аст, ки барои шумо шабро пўшише ва хобро роњате сохт ва рўзро ваќти бархостан кард.

48. Ва Ў Он [Худой] аст, ки бодњоро пешопеши рањмати Хеш муждадињанда фиристод; ва аз осмон оби покро фуруд овардем,

49. то бо он шањри мурдаро зинда созем ва то онро ба он чи аз чањорпоёну мардумони бисёре, ки офаридаем, биошомонем.

50. Ва ба дурустї ки Мо пандро дар миёнашон гуногун баён кардем, то пандпазир шаванд. Пас, бештарини мардумон ба љуз носипосї [чизеро] ќабул накарданд.

51. Ва агар мехостем, дар њар дење тарсонандае мефиристодем.

52. Пас, кофиронро фармон мабар; ва бо онњо ба њукми Худо ба љињоди бузург љињод кун.

53. Ва Ў Он [Худой] аст, ки ду дарёро даромехт: ин яке оби ширини ташнагинишонанда аст; ва он дигар – шўри бадмазза. Ва миёни њар ду њиљобе ва садде устувор сохт.

54. Ва Ў Он [Худой] аст, ки аз об одамї офарид, пас ўро (соњиби) насабу (соњиби) ќаробати домодї сохт. Ва Парвардигори ту Тавоно аст.

55. Ва ба љуз Худо чизеро мепарастанд, ки барояшон на суде дорад ва на ба онњо зиён расонад. Ва кофир бар мухолифати Парвардигори худ њампушт [-и Шайтон] аст.

56. Ва Мо туро ба љуз башоратдињанда ва бимкунанда нафиристодем.

57. Бигў: «Бар таблиѓи Ќуръон аз шумо њељ музде наметалабам, магар он ки њар ки хоњад, ба сўи Парвардигори худ роњ гирад».

58. Ва бар Он Зиндае таваккул кун, ки њаргиз намирад ва [Ўро] њамроњи ситоиши Ў ба покї ёд кун; ва Вай ба гуноњони бандагони Хеш Огоњ бас аст.

59. Он, ки осмонњову замину он чиро, ки дар миёни онњо аст, дар шаш рўз биофарид; сипас, бар Арш мустаќар шуд; (Ўст) Бахшоянда; пас, аз њоли Вай каси огоњеро бипурс.

60. Ва чун ба кофирон гуфта шавад: «Ба [Худои] Рањмон саљда кунед!» – гўянд: «Рањмон чист? Оё чизеро саљда кунем, ки ту ба мо мефармої?» Ва (ин сухан) дар њаќќи онњо рамиданро зиёда кард.

61. Бузургвор аст Он [Худой], ки дар осмон бурљњоро бисохт ва дар он чароѓу1 моњи тобон офарид.

62. Ва Ў Он [Худой] аст, ки шабу рўзро барои касе, ки панд гирифтан хоњад, ё шукргузорї кардан хоњад – љонишини якдигар сохт.

63. Ва бандагони [Худои] Рањмон ононанд, ки бар замин ба оњистагї мераванд;2 ва чун нодонон бо онњо сухан гўянд, онњо мегўянд: «Салом (бар шумо бод) !»

64. Ва ононанд, ки барои Парвардигори хеш саљдакунону ќиёмкунон шаб мегузаронанд.

65. Ва ононанд, ки мегўянд: «Эй Парвардигори мо, аз мо азоби дўзахро боздор; ба дурустї ки азоби дўзах лозимшаванда аст».

66. Њамоно дўзах бад оромгоње ва маќоме аст.

67. Ва ононанд, ки чун харљ кунанд, исроф нанамоянд ва бухл наварзанд, балки миёни ин ду љониб мўътадил бошанд.

68. Ва ононанд, ки бо Худо маъбуди дигарро намепарастанд ва њељ нафсеро, ки Худо њаром кардааст, намекушанд – магар ба њаќ; ва зино намекунанд; ва њар ки ин корро бикунад, ба уќубати душвор бармехўрад.

69. Рўзи ќиёмат азоб барои ў дучанд карда шавад; ва он љо хор шуда, љовид монад.

70. Магар он касе, ки тавба кард ва имон овард ва амали шоиста намуд – пас, ин љамоаеанд, ки Худо бадињояшонро ба некињо бадал созад; ва Худо Омурзандаи Мењрубон аст.

71. Ва њар ки тавба кунад ва кори шоиста ба љо оварад, пас, ба дурустї ки вай ба бозгаштане ба сўи Худо бозмегардад.

72. Ва ононанд, ки гувоњии дурўѓ намедињанд; ва чун бар бењудае бигузаранд, ба равиши бузургон бигузаранд.

73. Ва ононанд, ки чун бо оёти Парвардигорашон панд дода мешаванд, ба шунидани он кўру кар наафтанд.3

74. Ва ононанд, ки мегўянд: «Эй Парвардигори мо, аз занони мо ва фарзандони мо ба мо равшании чашм бибахш ва моро пешвои парњезгорон бикун!»

75. Ин љамоа ононанд, ки ба онњо ба хотири он, ки сабр карданд, ба мавзеи баланд подош дода шаванд ва дар он љо онњо ба дуои хайру салом ба њам бархўранд,

76. дар њоле ки дар он љо љовидонанд. Бињишт нек оромгоњ ва нек маќом аст.

77. Бигў: «Агар ибодати шумо набошад, Парвардигори ман шуморо боќадр намешуморад; ва ба дурустї ки шумо дурўѓ доштед, пас, љазои он, албатта, лозим бошад». Дизайни нав дар вю 277.
26. Сураи Шуаро (Шоирон)
Дар Макка нозил шуд ва он дусаду бисту њафт оят ва ёздањ рукўъ аст.
Ба номи Худои Бахшояндаи Мењрубон
1. То. Син. Мим.

2. Ин оёти Китоби равшан аст.

3. Шояд ту, [эй Муњаммад], – ба сабаби он, ки мўъмин намешаванд – хештанро њалоккунанда бошї.

4. Агар хоњем, нишонае аз осмон бар онњо фуруд меорем, пас, гарданњояшон пеши он ниёишкунанда шавад.

5. Ва њељ панде падидоварда аз љониби [Худои] Рањмон ба онњо намеояд, магар он, ки аз он рўгардонанда бошанд.

6. Пас, ба дурустї ки онњо дурўѓ шумурданд, пас (сидќи) хабари он чи, ки ба он тамасхур мекарданд, ба онњо хоњад омад.

7. Оё заминро наменигаранд, ки чї ќадар дар он љо аз њар љинси некў рўёнидем?

8. Њамоно дар ин (мољаро) нишонае њаст, вале бештаринашон мўъмин нестанд.

9. Ва ба дурустї ки Парвардигори ту Ѓолиби Мењрубон аст.

10. Ва он гоњ, ки Парвардигори ту ба Мўсо овоз дод, ки: «Пеши гурўњи ситамкорон биё, –

11. пеши ќавми Фиръавн – [бигў]: «Оё парњезгорї намекунанд?»,

12. гуфт: «Эй Парвардигори ман, њамоно ман аз он метарсам, ки маро дурўѓгў шумуранд;

13. ва синаи ман танг шавад ва забони ман љорї нагардад, пас, ба сўи Њорун пайѓамбарї фирист.

14. Ва ќавми Фиръавнро бар ман гуноње њаст, пас, метарсам, ки маро бикушанд».

15. Гуфт: «Чунин набошад. Пас њар ду бо нишонањои Мо биравед; њамоно Мо бо шумо шунавандаем.

16. Пас, ба Фиръавн биёеду бигўед: «Њамоно мо фиристодаи Парвардигори оламиён њастем –

17. бо ин пайѓом, ки Банї Исроилро њамроњи мо бифирист».

18. [Фиръавн] гуфт: «(Эй Мўсо) оё туро дар њоли тифлї дар миёни ањли хеш парвариш накардем? Ва аз умри худ солњо дар миёни мо диранг кардї;

19. Ва он кирдори худро кардї, ки аз ту ба амал омад ва ту аз носипосонї».

20. Гуфт: «Ин кирдорро он гоњ кардам ва ман аз гумроњон будам.

21. Пас, чун аз уќубати шумо битарсидам, аз пеши шумо гурехтам. Пас, Парвардигори ман ба ман дониш ато кард ва маро аз пайѓамбарон сохт.

22. Ва оё ин неъмат аст, ки бар ман миннат менињї, ки Банї Исроилро банда гирифтї?»

23. Фиръавн гуфт: «Ва «Парвардигори оламиён» чист?»

24. (Мўсо) гуфт: «Агар яќинорандаед, Парвардигори осмонњову замин аст ва он чи дар миёни инњост».

25. (Фиръавн) ба онон, ки дар атрофаш буданд, гуфт: «Оё намешунавед?»

26. (Мўсо) гуфт: «Парвардигори шумо ва Парвардигори падарони пешини шумо аст».

27. (Фиръавн) гуфт: «Њамоно пайѓамбари шумо, ки ба сўи шумо фиристода шудааст, девона аст».

28. (Мўсо) гуфт: «Агар ба аќл дармеёбед, Парвардигори Машриќу Маѓриб аст ва он чи дар миёни инњост».

29. [Фиръавн] гуфт: «Агар ѓайри ман худое гирифтї, албатта, туро аз зиндониён бикунам».

30. [Мўсо] гуфт: «Агарчи чизи равшанро пеши ту биёрам?»

31. [Фиръавн] гуфт: «Агар аз ростгўёнї, онро биёр».

32. Пас [Мўсо] асои худро биандохт ва ногањон вай аждањои ошкоро шуд.

33. Ва дасти худро баровард, пас, ногањон вай барои бинандагон сафед шуд.

34. (Фиръавн) ба љамоате, ки дар атрофаш буданд, гуфт: «Ба дурустї ки ин шахс љодугаре доно аст,

35. мехоњад, ки шуморо бо сењри худ аз заминатон берун кунад; пас маро чї мефармоед?»

36. Гуфтанд: «Ўву бародарашро нигоњ дор ва љамъкунандагонро дар шањрњо бифирист,

37. то њар љодугари доноро пеши ту биёранд».

38. Пас, соњирон ба њасби меоди рўзи муайян љамъ карда шуданд.

39. Ва ба мардумон гуфта шуд: «Оё шумо њам љамъшавандаед,

40. агар соњирон ѓолиб шаванд, бувад ки пайравии онњо кунем?»

41. Пас, чун соњирон њозир шуданд, ба Фиръавн гуфтанд: «Оё агар мо ѓолиб шавем, барои мо музде њаст?»

42. [Фиръавн] гуфт: «Оре; ва ба дурустї ки шумо он гоњ аз муќаррабон бошед».

43. Мўсо ба онњо гуфт: «Он чиро, ки шумо афканандаи он њастед, биафканед!»

44. Пас, расанњову асоњои худро андохтанду гуфтанд: «(Ќасам) ба бузургии Фиръавн, њамоно мо, албатта, ѓолибем».

45. Пас, Мўсо асои худро андохт ва ногањон вай он чиро, ки даѓобозї мекарданд, фурў мебурд.

46. Пас, соњирон саљдакунон афканда шуданд.

47. Гуфтанд: «Ба Парвардигори оламиён имон овардем –

48. Парвардигори Мўсову Њорун».

49. [Фиръавн] гуфт: «Оё пеш аз он, ки ба шумо иљозат дињам, ба Мўсо имон овардед? Ба дурустї ки вай он рањбари шумо аст, ки ба шумо љодуро омўхтааст. Пас, хоњед донист: дастњову поњои шуморо – яке аз љониби росту дигаре аз љониби чап – албатта, бибуррам ва њамаи шуморо якљо, албатта, бар дор кунам».

50. Гуфтанд: «Њељ зиён нест, ба дурустї ки мо ба сўи Парвардигори хеш бозгарданда њастем.

51. Њамоно мо умед дорем, ки Парвардигори мо гуноњони моро барои мо биомурзад – ба сабаби он, ки мўъминони аввалин шудем».

52. Ва ба сўи Мўсо вањй фиристодем, ки бандагони Маро ба ваќти шаб равон кун; ба дурустї ки шумо таъќиб карда шавед.

53. Пас, Фиръавн љамъкунандагонро дар шањрњо фиристод, [гуфтанд:]

54. «Њамоно Банї Исроил гурўње андаканд;

55. ва ба дурустї ки онњо моро ба хашм оварданд;

56. ва њамоно мо љамоате силоњпўшидаем».

57. Пас, ќавми Фиръавнро аз бўстонњову чашмањо берун кардем;

58. ва аз ганљњову љои нек [низ]

59. чунин кардем. Ва ин чизњоро ба Банї Исроил мерос додем.

60. Пас, ваќти тулўъи офтоб ба таъќиб кардани онњо даромаданд.

61. Пас, чун њар ду гурўњ якдигарро диданд, ёрони Мўсо гуфтанд: «Њар оина ба мо расиданд».

62. (Мўсо) гуфт: «Чунин нест, ба дурустї ки Парвардигори ман бо ман аст, ба ман роњ хоњад намуд».

63. Пас, ба сўи Мўсо вањй фиристодем, ки асои худро дар дарё бизан. Пас, дарё бишикофт ва њар порае монанди кўњи бузург шуд.

64. Ва он дигаронро ба он љо наздик овардем.

65. Ва Мўсо ва њамаи ононро, ки њамроњи вай буданд – якљо, наљот додем.

66. Ва он дигаронро ѓарќ сохтем.

67. Ба дурустї ки дар ин (мољаро) нишонае њаст ва бештаринашон мўъмин набуданд.

68. Ва ба дурустї ки Парвардигори ту Ѓолиби Мењрубон аст.

69. Ва бар онњо хабари Иброњимро бихон,

70. чун ба падари худ ва ќавми худ гуфт: «Чї чизро мепарастед?»

71. Гуфтанд: «Бутонро мепарастем, пас бар [парастиши] онњо ќоим мебошем».

72. Гуфт: «Оё чун мехонед, овози шуморо мешунаванд?

73. Ё ба шумо суде мерасонанд ё зиёне медињанд?»

74. Гуфтанд: «На, балки падарони худро ёфтем, ки чунин мекарданд».

75. Гуфт: «Оё он чиро дидед, ки мепарастидед

76. шумо ва падарони пешини шумо?

77. Пас, ба дурустї ки онњо душманони мананд, лекин (дўсти ман) Парвардигори оламиён аст,

78. Он ки маро биофарид, пас Њамон ба ман роњ менамояд;

79. ва Он, ки маро таом мехўронад ва маро меошомонад;

80. ва чун бемор шавам, пас Њамон маро шифо медињад;

81. ва Он, ки маро мемиронад ва сипас маро зинда мегардонад;

82. ва Он, ки умед дорам, ки рўзи љазо гуноњони маро барои ман биомурзад.

83. Парваридигоро, ба ман њикмат ато кун ва маро ба шоистагон даррасон!

84. Ва барои ман дар пасиниён зикри нек падид ор!

85. Ва маро аз ворисони бињишти бонеъмат бикун!

86. Ва падари маро биомурз, њамоно вай аз гумроњон буд!

87. Ва маро рўзе, ки (мардумон) барангехта шаванд, расво макун –

88. – рўзе, ки молу фарзандон фоида надињад,

89. лекин (соњиби фоида) он кас бувад, ки дили беайбро пеши Худо биёрад».

90. Ва бињишт барои парњезгорон наздик карда шавад.

91. Ва дўзах барои гумроњон зоњир намуда шавад.

92. Ва ба онњо гуфта шавад: «Куљост он чи мепарастидед –

93. – ба љуз Худо? Оё шуморо нусрат медињанд ё барои худ нусрат металабанд?»

94. Пас, бутону гумроњон дар он љо бар рў андохта шаванд;

95. ва њамаи лашкарњои Шайтон якљо.

96. Ва дар њоле ки онњо дар он љо бо якдигар мухосама мекунанд, гўянд:

97. «Ба Худо, ки њамоно мо дар гумроњии зоњир будем,

98. чун шуморо бо Парвардигори оламиён баробар месохтем.

99. Ва ба љуз ин бадкорон касе моро гумроњ накард.

100. Пас, моро њељ шафоаткунандае нест;

101. ва на дўсте мењрубоникунанда.

102. Пас, кош барои як бор бозгаште бошад, пас, аз мўъминон мешудем».

103. Ба дурустї ки дар ин (мољаро) нишонае њаст ва бештаринашон мўъмин набуданд.

104. Ва ба дурустї ки Парвардигори ту Ѓолиби Мењрубон аст.

105. Ќавми Нўњ пайѓамбаронро дурўѓгў шумурданд,

106. чун бародарашон Нўњ ба онњо гуфт: «Оё наметарсед?

107. Њамоно ман барои шумо пайѓамбари боамонат њастам.

108. Пас, аз Худо битарсед ва ба ман фармонбардорї кунед.

109. Ва аз шумо барои таблиѓи рисолат њељ музде талаб намекунам; музди ман ба љуз бар Парвардигори оламиён [ба касе] нест.

110. Пас, аз Худо битарсед ва ба ман фармонбардорї кунед».

111. Гуфтанд: «Оё бар ту имон оварем ва њол он ки сифлагон ба ту пайравї кардаанд?»

112. [Нўњ] гуфт: «Дониши ман ба он чи мекарданд, расанда нест.

113. Агар бидонед, њисобашон ба љуз бар Парвардигори ман [бар касе] нест.

114. Ва ман дуркунундаи мўъминон нестам.

115. Ман ба љуз тарсонандаи ошкоро [каси дигар] наям».

116. Гуфтанд: «Эй Нўњ, агар бознамонї, албатта, аз сангсоршудагон шавї».

117. Гуфт: «Эй Парвардигори ман, њамоно ќавми ман маро дурўѓгў шумурданд.

118. Пас, миёни ману миёни онњо ба файсала кардан(-и азим) файсала кун; ва марову ононро аз мўъминон, ки њамроњи мананд, халос кун!»

119. Пас, ўву ононро, ки њамроњи ў буданд, дар киштии пуркардашуда наљот додем.

120. Пас, баъди ин боќимондагонро ѓарќ сохтем.

121. Ба дурустї ки дар ин (мољаро) нишонае њаст ва бештаринашон мўъмин набуданд.

122. Ва ба дурустї ки Парвардигори ту Ѓолиби Мењрубон аст.

123. [Ќабилаи] Од пайѓамбаронро дурўѓгў шумурданд,

124. чун бародарашон Њуд ба онњо гуфт: «Оё наметарсед?

125. Њамоно ман барои шумо пайѓамбари боамонат њастам.

126. Пас, аз Худо битарсед ва ба ман фармонбардорї кунед.

127. Ва аз шумо барои таблиѓи рисолат њељ музде талаб намекунам; музди ман ба љуз бар Парвардигори оламиён [бар касе] нест.

128. Оё ба њар баландие аломати бефоида иморат мекунед?

129. Ва мањалњои устувор месозед? Гўё љовид хоњед монд.

130. Ва чун даст мекушоед, ситамкоршуда даст мекушоед.

131. Пас, аз Худо битарсед ва ба ман фармонбардорї кунед.

132. Ва аз Он битарсед, ки шуморо ба он чи медонед, имдод кард.

133. Шуморо ба чањорпоён ва фарзандон имдод кардааст;

134. ва [ба] бўстонњо ва чашмањо.

135. Ба дурустї ки ман бар шумо аз азоби рўзи бузург метарсам».

136. Гуфтанд: «Барои мо яксон аст, ки панд дињї ё аз панддињандагон набошї.

137. Ин ба љуз одати пешиниён [чизе] нест.

138. Ва мо азобкардашавандагон нестем».

139. Пас, ўро дурўѓгў пиндоштанд, пас, онњоро њалок сохтем. Ба дурустї ки дар ин (мољаро) нишонае њаст ва бештаринашон мўъмин набуданд.

140. Ва ба дурустї ки Парвардигори ту Ѓолиби Мењрубон аст.

141. [Ќабилаи] Самуд пайѓамбаронро дурўѓгў шумурданд,

142. чун бародарашон Солењ ба онњо гуфт: «Оё наметарсед?

143. Њамоно ман барои шумо пайѓамбари боамонат њастам.

144. Пас, аз Худо битарсед ва ба ман фармонбардорї кунед.

145. Ва аз шумо барои таблиѓи рисолат њељ музде талаб намекунам; музди ман ба љуз бар Парвардигори оламиён [бар касе] нест.

146. Оё дар он чи ин љо њаст, эмин гузошта хоњед шуд:

147. дар бўстонњо ва чашмањо;

148. ва [дар] киштњо ва хурмоистоне, ки шукуфаи он нозук аст;

149. ва [дар он ки] аз кўњњо устокорона хонањо метарошед?

150. Пас, аз Худо битарсед ва ба ман фармонбардорї кунед!

151. Ва ба фармони аз њадгузарандагон итоат манамоед –

152. онон, ки дар замин фасод мекунанд ва ислоњ наменамоянд!»

153. Гуфтанд: «Љуз ин нест, ки ту аз љодузадагонї.

154. Ту ба љуз одамие монанди мо [каси дигар] нестї, пас, агар аз ростгўён њастї, нишонае биёр!»

155. Гуфт: «Ин модашутурест, ки як навбат об хўрдан барои вай аст ва навбати рўзи муайян – барои шумо.

156. Ва ба ў бо уќубат даст нарасонед, ки он гоњ шуморо азоби рўзи бузург дармегирад».

157. Пас, онро пай заданд, сипас пушаймон гаштанд.

158. Пас, азоб онњоро даргирифт. Ба дурустї ки дар ин (мољаро) нишонае њаст ва бештаринашон мўъмин набуданд.

159. Ва ба дурустї ки Парвардигори ту Ѓолиби Мењрубон аст.

160. Ќавми Лут пайѓамбаронро дурўѓгў шумурданд,

161. чун бародарашон Лут ба онњо гуфт: «Оё наметарсед?

162. Њамоно ман барои шумо пайѓамбари боамонат њастам.

163. Пас, аз Худо битарсед ва ба ман фармонбардорї кунед.

164. Ва аз шумо барои таблиѓи рисолат њељ музде талаб намекунам; музди ман ба љуз бар Парвардигори оламиён [бар касе] нест.

165. Оё (ба ќасди ќазои шањват) аз ањли олам ба сўи мардон меравед,

166. вале он чиро мегузоред, ки Парвардигори шумо аз занонатон барои шумо офаридааст? Балки шумо гурўњи аз њад гузашта њастед».

167. Гуфтанд: «Эй Лут, агар ту бознамонї, њамоно аз берункардагон бошї».

168. Гуфт: «Ба дурустї ки ман ба амали шумо аз душманон њастам.

169. Парвардигоро, маро ва касони маро аз (ваболи) он чи мекунанд, наљот дењ!»

170. Пас, ўву касони ў – њамаро якљо – наљот додем.

171. Магар пиразане, ки аз боќимондагон буд.

172. Сипас, он дигаронро њалок сохтем.

173. Ва бар онњо бороне боронидем. Пас, бад аст борони тарсонидагон!

174. Ба дурустї ки дар ин (мољаро) нишонае њаст ва бештаринашон мўъмин набуданд.

175. Ва ба дурустї ки Парвардигори ту Ѓолиби Мењрубон аст.

176. Бошандагони Айка1 пайѓамбаронро дурўѓгў шумурданд,

177. чун Шуайб ба онњо гуфт: «Оё наметарсед?

178. Њамоно ман барои шумо пайѓамбари боамонат њастам.

179. Пас, аз Худо битарсед ва ба ман фармонбардорї кунед.

180. Ва аз шумо барои таблиѓи рисолат њељ музде талаб намекунам; музди ман ба љуз бар Парвардигори оламиён [бар касе] нест.

181. Паймонаро тамом паймоед ва аз зиёндињандагон мабошед.

182. Ва бо тарозуи рост бисанљед.

183. Ва бар мардум чизњояшонро носара мадињед ва дар замин бебок фасодкунон магардед.

184. Ва аз Он (Худое) битарсед, ки шумо ва халоиќи нахустиниёнро офарид».

185. Гуфтанд: «Љуз ин нест, ки ту аз љодузадагонї.

186. Ва ту ба љуз одамие монанди мо [каси дигар] нестї; ва њамоно мо туро аз дурўѓгўён мепиндорем.

187. Пас, агар аз ростгўёнї, порае аз осмонро бар мо биафкан!»

188. Гуфт: «Парвардигори ман ба он чи мекунед, Донотар аст».

189. Пас, ўро дурўѓгў пиндоштанд ва азоби рўзи соябон2 онњоро гирифтор кард; ба дурустї ки он азоби рўзи бузург буд.

190. Ба дурустї ки дар ин (мољаро) нишонае њаст ва бештаринашон мўъмин набуданд.

191. Ва ба дурустї ки Парвардигори ту Ѓолиби Мењрубон аст.

192. Ва ба дурустї ки Ќуръон фурудовардаи Парвардигори оламиён аст.

193. Онро Рўњу-л-Амин1 фуруд овард –

194. бар дили ту, то аз тарсонандагон шавї –

195. ба забони арабии равшан.

196. Ва ба дурустї ки (хабари) вай дар сањифањои пешиниён аст.

197. Оё ин барои онњо нишона нест, ки (њаќќонияти) Ќуръонро олимони Банї Исроил медонанд?

198. Ва агар Ќуръонро бар баъзе аљамиён фуруд меовардем,

199. пас, онро барояшон мехонд, њаргиз онро бовардоранда намешуданд.

200. Њамчунин ин корро дар дилњои гуноњкорон даровардем.

201. ба Ќуръон имон намеоранд, то он ки азоби дарддињандаро набинанд.

202. Пас, [азоб] ногањон ба онњо биёяд ва онњо бехабар бошанд.

203. Пас, гўянд: «Оё мо мўњлат дода шавем?

204. Оё азоби Моро ба шитоб металабанд?

205. Оё дидї, ки агар онњоро солњо бањраманд созем,

206. сипас, он чи ки аз он тарсонида мешуданд, ба онњо биёяд,

207. [он] бањраманд буданашон чї чизро аз сарашон дафъ кунад?»

208. Ва њељ дењаро њалок накардем, магар он, ки онро бимкунандагоне буданд –

209. (барои) панд додан. Ва Мо ситамгор набудем.

210. Ва Ќуръонро шайтонон фуруд наовардаанд.

211. Ва онњоро сазовор нест ва наметавонанд.

212. Њамоно шайтонон аз шунидан2 дур карда шудаанд.

213. Пас, бо Худо маъбуди дигарро махон, он гоњ аз азобкардагон бошї.

214. Ва хешовандони наздики худро бим кун.

215. Ва барои онњое аз мўъминон, ки ба ту пайравї карданд, бозуи худро паст кун.3

216. Пас, агар ба ту нофармонї кунанд, бигў: «Њамоно ман аз он чи шумо мекунед, безорам».

217. Ва бар Ѓолиби Мењрубон таваккул кун –

218. Оне, ки чун [ба ваќти тањаљљуд] бармехезї, туро мебинад.

219. Ва нишастану бархостани4 туро дар миёни саљдакунандагон (мебинад).

220. Ба дурустї ки Вай Шунавои Доно аст.

221. Оё ба шумо хабар дињам, ки шайтонон бар чї кас фуруд меоянд?

222. Бар њар дурўѓгўи гуноњгор фуруд меоянд,

223. гўш фаро медињанд ва бештаринашон дурўѓгўянд.

224. Ва шоирон [касонеанд, ки] гумроњон ба онњо пайравї мекунанд.

225. Оё надидї, ки онњо дар њар водие саргардонанд;

226. ва он чизе мегўянд, ки [худ] намекунанд?

227. На [аз шоирон] онњое, ки имон оварданд; ва амалњои шоиста карданд; ва бисёр зикри Худо карданд; ва баъд аз он ки мазлум шуданд, интиќом кашиданд. Ва золимон хоњанд донист, ки ба кадом љо хоњанд бозгашт.



Достарыңызбен бөлісу:
1   ...   11   12   13   14   15   16   17   18   ...   33




©dereksiz.org 2024
әкімшілігінің қараңыз

    Басты бет