Мафхум, сарчашма ва принсипхои хукуки сохибкори



бет2/2
Дата28.09.2022
өлшемі29.74 Kb.
#461528
1   2
сохибеори

Таваккал аломати дуюми чудонашавандаи фаъолияти сохибкори мебошад. Он мантикан давоми мустакилияти сохибкор буда, омили мухимми барори кор мебошад. Та- ваккал яке аз воситахои ноил шудан ба натичаи нихоии фаъолияти сохибкори аст. Таваккал дар фаъолияти сохиб- кори эхтимолияти ба даст овардани фоидаи ба накша ги- рифташуда ё натичаи мусбати дар назар дошташуда ва хам- замон бо ин, имконияти дидани окибати манфии ин ё он амал мебошад. Мувофики моддаи 1015-и Кодекси граждани таваккали ба даст наовардани даромади дар назар дошта- шуда аз фаъолияти сохибкори вобаста ба вайрон кардани ухдадорихо аз чониби ракибони сохибкор ё тагйир додани шарти ин фаъолият вобаста ба холатхое, ки бо сохибкори алокаманд намебошанд, таваккали сохибкори эътироф кар- да мешавад.
Аломати сеюми фаъолияти сохибкори мунтазам ба даст овардани фоида аз истифодаи молу мулк, фуруши мол, ичрои кор ё расонидани хизмат мебошад. Махз ба даст овардани фоида вачхи асосии барангезандаи сохибкори буда, дар акси хол, хама гуна сохибкори аз ибтидо мохияти худро гум мекунад. Дар баробари ба фоида ноил шудани сохибкор максад ба натича табдил меёбад, вале дар хотир бояд дошт, ки «максад» ва «натича»-и фаъолияти сохибкори, бо вучу- ди бо хамдигар алокаманд буданашон, хаммаъно нестанд. Максади асосии сохибкор танхо бо ноил шудан ба натича амали мегардад. Сохибкор гайр аз максади асосии ба даст даровардани фоида максадхои дигар низ дорад.
Аз чумла сохиб шудан ба молу мулки алохида, андух- тани сармояи иловаги бо максади васеъ намудани доираи фаъолияти ташкилот ва монанди инхо.
Аломати чоруми фаъолияти сохибкори ба сифати сохиб- кор ба кайд гирифта шудани шахсонест, ки азми бо фаъоли- яти сохибкори машгул шуданро доранд. Шахсони хукуки ва сохибкорони инфироди дар макомоти ваколатдори давлати дар сохаи бакайдгирии давлати (макомоти андоз) ба кайди давлати гирифта мешаванд. Бакайдгирии давлати аломати ифодакунандаи фаъолияти сохибкори нест, балки шарти ко- нунан эътироф намудани он мебошад.
Дар баробари ин, хукуки сохибкори муносибатхоеро ба танзим медарорад, ки бо муносибатхои сохибкори зич алокаманд мебошанд. Ин муносибатхо доир ба ташкил ва катъ кардани фаъолияти шахсони хукуки, гирифтани ичо- затнома, сертификатхо, гузаронидани экспертизаи экологи ва г. ба вучуд меоянд.Чунин навъхои фаъолият хусусияти гайритичорати дошта, барои рушди фаъолияти сохибкори дар оянда мусоидат менамоянд. Аз ин ру, онхо ба предмети хукуки сохибкори дохил мешаванд. Муносибатхое, ки дар чараёни танзими давлатии фаъолияти сохибкори ба миён меоянд, чунин муносибатхое мебошанд, ки дар байни субъ- ектхои фаъолияти сохибкори ва макомоти давлати ё дигар макомоте, ки барои чунин танзимнамои ваколатдор карда шудаанд. Яке аз тарафхои чунин муносибатхо субъектхои фаъолияти сохибкори буда, тарафи дигар макомоти зидди- инхисори ё макомоти давлати, чамъияти ва гайра шуда ме- тавонанд.
Муносибатхои сохибкори дар асоси принсипхои муай- ян ба танзим дароварда мешавад. Ба сифати принсипхои хукуки сохибкори асосхои аввалини хукукии батанзимдаро- рии фаъолияти сохибкори амал менамоянд, ки тамоми ко- нунгузории сохибкориро фаро гирифтаанд. Ба онхо прин- сипхои озодии фаъолияти сохибкори; баробархукуки ва хифзи хамаи шаклхои моликият, ки дар фаъолияти сохиб- кори истифода бурда мешаванд; озодии ракобат ва махдуд кардани фаъолияти инхисори; ба даст овардани фоида хам- чун максади фаъолияти сохибкори; танзими давлатии фаъо- лияти сохибкори; мувофикати манфиатхои хусуси ва чамъи- яти дар фаъолияти сохибкори дохил мешаванд.
Фаъолияти сохибкори аз тарафи санадхои меъёри ба тан- зим дароварда мешавад, ки хамаи онхо дар мачмуъ сарчаш- махои хукуки сохибкориро ташкил менамоянд. Мухимта- рини онхо Конститутсияи Чумхурии Точикистон, Кодекси граждании Чумхурии Точикистон, Кодекси андози Чумху- рии Точикистон, Кодекси мурофиавии иктисодии Чумху- рии Точикистон, Конуни Чумхурии Точикистон «Дар бораи ракобат ва махдуд кардани фаъолияти инхисори дар бозори мол», Конуни Чумхурии Точикистон «Дар бораи химоя ва дастгирии давлатии сохибкори дар Чумхурии Точикистон», Конуни Чумхурии Точикистон «Дар бораи муфлисшави» ва гайрахо мебошанд.

Достарыңызбен бөлісу:
1   2




©dereksiz.org 2024
әкімшілігінің қараңыз

    Басты бет