Қонуни ҷУМҲурии тоҷикистон дар бораи рақобат ва маҳдудкунии фаъолияти инҳисорӣ дар бозорҳои мол


Моддаи 17. Азнавташкилкунии (тақсимкунӣ ё ҷудокунии) субъектҳои хоҷагидор, ки фаъолияти соҳибкориро амалӣ мегардонанд



бет3/3
Дата09.07.2016
өлшемі435.18 Kb.
#186040
1   2   3

Моддаи 17. Азнавташкилкунии (тақсимкунӣ ё ҷудокунии) субъектҳои хоҷагидор, ки фаъолияти соҳибкориро амалӣ мегардонанд

Дар ҳолате, ки субъектҳои хоҷагидори машғули фаъолияти соҳибкорӣ мавқеи ҳукмфармоиро соҳиб мебошанд ва мунтазам қонунгузории зиддиинҳисориро вайрон мекунанд, мақомоти давлатии зиддиинҳисорӣ ҳуқуқ дорад бо мақсади маҳдуд сохтани фаъолияти инҳисорӣ дар бораи азнавташкилкунии (тақсимкунии, ҷудокунии) онҳо дар доираи воҳидҳои сохториашон, агар ин ба манфиати инкишофи рақобат бошад, ба суд муроҷиат кунад.

Таҳти мафҳуми мунтазам вайрон кардани қонунгузории зиддиинҳисории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муддати се сол содирнамудани беш аз ду далели вайронкунии қонунгузории зиддиинҳисорӣ фаҳмида мешавад, ки тибқи тартиби муқарраргардида ошкор карда шудааст.

Азнавташкилкунии (тақсимкунии, ҷудокунии) субъектҳои хоҷагидор дар ҳолати мавҷуд будани шартҳои зерин амалӣ мегардад:

- вуҷуд доштани имконияти мустақилии ташкилӣ ва ҳудудии воҳидҳои сохтории он;

- байни воҳидҳои сохтории он мавҷуд набудани алоқаи зичи технологӣ, аз ҷумла агар ҳаҷми маҳсулоти (кор, хизматрасонии) воҳиди сохторӣ, ки ҳамин шахси ҳуқуқӣ истеъмол мекунад, аз сӣ фоизи ҳаҷми умумии маҳсулоти истеҳсолкардаи (кор, хизматрасонии) воҳиди сохтории мазкур зиёд набошад;

- дар натиҷаи азнавташкилкунӣ имконият доштани фаъолияти мустақилонаи шахси ҳуқуқӣ дар бозори моли муайян.
Моддаи 18. Шикоят нисбат ба қарор ва амрияи мақомоти давлатии зиддиинҳисорӣ

Агар аризадиҳанда ба дархости худ (ариза дар бораи огоҳкунӣ) аз мақомоти давлатии зиддиинҳисорӣ дар мӯҳлати сӣ рӯзи баъди дархостро гирифтани мақомоти мазкур (моддаҳои 15, 16 Қонуни мазкур) ҷавоб нагирад ё бо қарори қабулкардаи ин мақомот розӣ набошад, вай ҳуқуқ дорад барои ҳимояи ҳуқуқи вайронкардашуда дар давоми се моҳ ба суд муроҷиат кунад.


БОБИ 5. Ҷавобгарӣ барои вайрон кардани

қонунгузории зиддиинҳисорӣ
Моддаи 19. Иҷрои ҳатмии амри мақомоти давлатии зиддиинҳисорӣ

Дар ҳолати вайрон кардани қонунгузории зиддиинҳисорӣ субъектҳои хоҷагидор (роҳбарони онҳо), мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот (шахсони мансабдори онҳо), шаҳрвандон, аз ҷумла соҳибкорони инфиродӣ вазифадоранд мувофиқи амри мақомоти давлатии зиддиинҳисорӣ вайронкориро қатъ гардонанд, мавқеи аввалро барқарор ва шартномаро бекор намоянд ё ба он тағйирот дароранд, бо дигар субъектҳои хоҷагидор шартнома банданд, санади ба қонунгузорӣ номувофиқро бекор кунанд, фоидаи дар натиҷаи вайронкорӣ ба даст омадаро ба буҷет ворид кунанд, дигар амалиётҳоеро, ки дар қарор ё амр зикр ёфтаанд, иҷро намоянд.

Барои содир кардани кирдорҳои зиддиҳуқуқӣ, ки боиси вайрон кардани қонунгузории зиддиинҳисорӣ мегарданд, шахси мансабдори мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, субъектҳои хоҷагидор (роҳбарони онҳо), инчунин шаҳрвандон, аз ҷумла соҳибкорони инфиродӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.
Моддаи 20. Ҷавобгарии субъектҳои хоҷагидор

Аз субъектҳои хоҷагидор барои вайронкориҳои зерин ҳамчун чораи ҷазо ҷарима ситонида мешаванд:

- барои дар мӯҳлати муқарраргардида иҷро накардани амри мақоми давлатии зиддиинҳисорӣ – ба андозаи 500 (панҷсад) нишондиҳанда барои ҳисобҳо;

- барои ба мақомоти давлатии зиддиинҳисорӣ пешниҳод накардани дархост ва аризае, ки дар моддаҳои 15 ва 16 Қонуни мазкур пешбинӣ шудааст – ба андозаи 500 (панҷсад) нишондиҳанда барои ҳисобҳо;

- барои иҷро накардани талаботи қарори мақомоти давлатии зиддиинҳисорӣ, ки мувофиқи қисми чоруми моддаи 15 ва қисми ёздаҳуми моддаи 16 Қонуни мазкур пешниҳод шудааст – ба андозаи 1000 (як ҳазор) нишондиҳанда барои ҳисобҳо;

- барои дар мӯҳлати муқарраргардида пешниҳод накардани ҳуҷҷат ё дигар ахбор, ки дар моддаҳои 15 ва 16 Қонуни мазкур нишон дода шудааст, ба андозаи 1000 (як ҳазор) нишондиҳанда барои ҳисобҳо;

- барои ба мақомоти давлатии зиддиинҳисорӣ пешниҳод намудани маълумоти носаҳеҳ – ба андозаи 100 (сад) нишондиҳанда барои ҳисобҳо;

- барои ба мақомоти давлатии зиддиинҳисорӣ пешниҳод накардани ҳуҷҷатҳо мутобиқи моддаи 14 Қонуни мазкур – ба андозаи 200 (дусад) нишондиҳанда барои ҳисобҳо.

Соҳибкорони инфиродӣ дар мавридҳои зерин гунаҳкор ҳисобида мешаванд агар:

- дар мӯҳлати муқарраргардида ҳуҷҷат ё ахбори дигарро, ки барои амалӣ гардонидани фаъолияти мақомоти давлатии зиддиинҳисорӣ зарур аст, пешниҳод накунанд – ҷавобгарии маъмурӣ дар намуди огоҳӣ ё ҷарима ба андозаи 20 (бист) нишондиҳанда барои ҳисобҳо;

- барои содир намудани амале (беамалие), ки тартиби пешбинӣ намудаи моддаҳои 15 ва 16 Қонуни мазкурро вайрон менамояд, дар давоми ду моҳ ошкор намудани чунин амал (беамалӣ) аз тарафи мақомоти давлатии зиддиинҳисорӣ – ҷавобгарии маъмурӣ дар намуди огоҳӣ ё ҷарима ба андозаи 20 (бист) нишондиҳанда барои ҳисобҳо;

- барои иҷро накардани талаботи мақомоти давлатии зиддиинҳисорӣ, ки мувофиқи моддаҳои 15 ва 16 Қонуни мазкур пешбинӣ шудаанд – ҷавобгарии маъмурӣ дар намуди огоҳӣ ё ҷарима ба андозаи 30 (сӣ) нишондиҳанда барои ҳисобҳо.

Пардохти ҷарима субъекти хоҷагидорро аз ӯҳдаи иҷрои қарори (амри) мақомоти давлатии зиддиинҳисорӣ озод намекунад.
Моддаи 21. Ҷавобгарии шахсони мансабдори мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот

Шахсони мансабдори мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида мешаванд:

- барои дар мӯҳлати муқарраргардида иҷро накардани қарор ва амрияи мақомоти давлатии зиддиинҳисорӣ – огоҳӣ ё ҷарима ба андозаи аз 100 (сад) то 5000 (панҷ ҳазор) нишондиҳанда барои ҳисобҳо;

- барои халал расондан ба шахсони мансабдори мақомоти давлатии зиддиинҳисорӣ ҳангоми аз тарафи онҳо иҷро кардани вазифаҳои ба зиммаашон гузошташуда – огоҳӣ ё ҷарима ба андозаи аз 50 (панҷоҳ) то 100 (сад) нишондиҳанда барои ҳисобҳо;

- барои беиҷозати мақомоти давлатии зиддиинҳисорӣ, ки дар моддаи 15 Қонуни мазкур пешбинӣ шудааст, ба қайд гирифтани иттиҳодияҳои субъектҳои хоҷагидор (иттифоқҳо, ассотсиатсияҳои) онҳо- огоҳӣ ё ҷарима ба андозаи аз 50 (панҷоҳ) то 100 (сад) нишондиҳанда барои ҳисобҳо.
Моддаи 22. Рӯёнидани зараре, ки ба субъектҳои хоҷагидор расонида шудааст

Агар санади мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот ва мақомоти давлатии зиддиинҳисорӣ, бо вайрон кардани қонунгузории зиддиинҳисорӣ қабул шуда бошад ё мақомотҳои мазкур ӯҳдадориҳои худро иҷро накунанд ё номатлуб иҷро кунанд ва агар аз ин амал ба субъекти хоҷагидор ё дигар шахс зарар расида бошад, товони он мувофиқи қонунгузории гражданӣ рӯёнда мешавад.

Амали (беамалии) субъектҳои хоҷагидор, ки қонунгузории зиддиинҳисориро вайрон мекунад ва ба субъекти хоҷагидор зиён мерасонад, товони он аз гунаҳкорон мувофиқи қонунгузории гражданӣ рӯёнида мешавад.
Моддаи 23. Ҷавобгарии шахсони мансабдори мақомоти давлатии зиддиинҳисорӣ

Шахсони мансабдори мақомоти давлатии зиддиинҳисорӣ барои ошкор кардани маълумоте, ки сирри тиҷоратии субъектҳои хоҷагидор ва соҳибкорони инфиродиро ташкил медиҳад, ба ҷавобгарии маъмурӣ дар намуди огоҳӣ ё ҷарима ба андозаи 50 (панҷоҳ) нишондиҳанда барои ҳисобҳо кашида мешаванд, ба шарте ки ин амалиёт ба дигар ҷавобгарии пешбинӣ намудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон боис нагардад.



БОБИ 6. Тартиби қабули арзу шикоят ва иҷрои қарор

ва амрияи мақомоти давлатии зиддиинҳисорӣ
Модда 24. Дида баромадани парвандаҳо оид ба вайрон кардани қонунгузории зиддиинҳисорӣ аз тарафи мақомоти давлатии зиддиинҳисорӣ

Мақомоти давлатии зиддиинҳисорӣ далелҳои вайрон кардани қонунгузории зиддиинҳисориро баррасӣ намуда, дар доираи салоҳияти худ қарор қабул мекунад ва амр медиҳад.

Барои баррасии парвандаҳо дар бораи вайрон кардани қонунгузории зиддиинҳисорӣ аризаҳои субъектҳои хоҷагидор, мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот ва шаҳрвандон асос мешаванд.

Парвандаҳо оид ба вайрон кардани қонунгузории зиддиинҳисорӣ бо ташаббуси худи мақомоти давлатии зиддиинҳисорӣ баррасӣ мегардад.

Аризаҳо ба мақомоти давлатии зиддиинҳисорӣ хаттӣ пешниҳод карда мешаванд. Мазмуни ҳуҷҷатҳо ва муроҷиатҳо ошкор карда намешавад.
Моддаи 25. Тартиби шикоят кардан аз болои қарор ва амрияи мақомоти давлатии зиддиинҳисорӣ

Мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот (шахсони мансабдори онҳо), субъектҳои хоҷагидор (роҳбарони онҳо), шаҳрвандон ҳуқуқ доранд аз қарор ва амри мақомоти давлатии зиддиинҳисорӣ ба суд шикоят кунанд.

Ҳангоми дар суд дида баромадани арзу шикоят иҷроиши қарор ва амрияи мақомоти давлатии зиддиинҳисорӣ боздошта мешавад. Аз қарор ва амрияи мақомоти давлатии зиддиинҳисорӣ дар давоми шаш моҳи қабул гардидани ин санад шикоят кардан мумкин аст, ба истиснои талаботе, ки ба он мӯҳлати пешниҳоди даъво татбиқ намешавад.
Моддаи 26. Тартиби иҷро намудани қарор ва амрияи мақомоти давлатии зиддиинҳисорӣ

Дар ҳолати иҷро накардани қарор ва амрия дар бораи тағйир додан ё бекор кардани шартномаи хилофи қонунбуда ё бо субъекти хоҷагидори дигар бастани шартнома мақомоти давлатии зиддиинҳисорӣ ҳуқуқ дорад дар бораи пурра ё қисман беэътибор донистани шартнома ё маҷбуран бастани шартнома бо даъво ба суд муроҷиат намояд.

Дар ҳолати иҷро накардани қарор ва амрия дар бораи ба буҷет гузаронидани фоидае, ки дар натиҷаи вайрон кардани қонунгузории зиддиинҳисорӣ муайян шудааст, мақомоти давлатии зиддиинҳисорӣ ҳуқуқ дорад дар бораи ба буҷет ситонидани фоидаи беасос ба суд даъво кунад.

Ҷаримае, ки аз тарафи мақомоти давлатии зиддиинҳисорӣ ба субъектҳои хоҷагидор, ғайр аз ҷаримае, ки ба соҳибкорони инфиродӣ баста шудааст, дар давоми сӣ рӯзи баромадани қарори рӯёнидани он бо тартиби беаксептӣ (бегуфтугӯ) пардохта мешавад.

Маблағи ҷаримае, ки мақомоти давлатии зиддиинҳисорӣ рӯёнидааст, пурра ба буҷет пардохта мешавад.
Боби 7. Муқаррароти хотимавӣ

Моддаи 27. Дар бораи аз эътибор соқит донистани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рақобат ва маҳдудкунии фаъолияти инҳисорӣ дар бозорҳои мол»

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 ноябри соли 2000 «Дар бораи рақобат ва маҳдудкунии фаъолияти инҳисорӣ дар бозорҳои мол» (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2000, № 11, моддаи 558) аз эътибор соқит дониста шавад.


Моддаи 28. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур

Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Э.Раҳмонов

ш. Душанбе 28 июли соли 2006

198







Достарыңызбен бөлісу:
1   2   3




©dereksiz.org 2024
әкімшілігінің қараңыз

    Басты бет