Моддаи 8. Талаботи зиддиинҳисорӣ оид ба гузаронидани озмун барои ҷойгиронии фармоишҳо ҷиҳати молрасонӣ, иҷрои корҳо ва хизматрасонӣ барои эҳтиёҷоти давлатӣ
Ҳангоми гузаронидани озмун барои ҷойгиронии фармоишҳо ҷиҳати молрасонӣ, иҷрои корҳо ва хизматрасонӣ барои эҳтиёҷоти давлатӣ ба амалиёти зерин иҷозат дода намешавад:
-фароҳам овардани шароити афзалиятноки ширкат дар озмун, аз ҷумла дастрас намудани иттилооти махфӣ, кам кардани музди пардохт барои иштироккунандагони алоҳидаи озмун;
-дар озмун иштирок кардани созмондиҳандагон (фармоишгарон) ва кормандони созмондиҳандагони озмунҳо ё шахсоне, ки бо корманди созмондиҳандаи озмун шомили як гурӯҳи шахсон мебошад, инчунин шахсони ҳуқуқие, ки дар онҳо корманди созмондиҳандаи озмун ҳуқуқ дорад беш аз бист фоизи шумораи умумии овозҳои марбути саҳмҳои овоздор ё ташкилкунандаи саҳми оинномавӣ ё сармояи ҷамъшавандаи ҳиссаи шахси ҳуқуқиро ихтиёрдорӣ намояд;
-аз ҷониби созмондиҳандаи озмун амалӣ кардани фаъолияти ҳамоҳангсозии иштирокдорони он, ки дар натиҷа маҳдудияти рақобат байни иштироккунандагони озмун ё маҳдуд сохтани манфиати иштироккунандагони он ҷой доранд, ё ҷой дошта метавонанд;
-вайрон намудани тартиби муайян кардани ғолиб (ғолибон);
-беасос маҳдуд сохтани дастрасии ширкат дар озмун.
Вайронкунии қоидаҳои муқаррарнамудаи моддаи мазкур барои аз ҷониби суд беэътибор донистани озмун, аз ҷумла тибқи даъвои мақомоти давлатии зиддиинҳисорӣ асос шуда метавонад.
Моддаи 9. Фароҳам овардани ёрии давлатӣ ва маҳаллӣ
Таҳти мафҳуми ёрии давлатӣ ва маҳаллӣ барои мақсадҳои Қонуни мазкур аз ҷониби мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, инчунин ташкилотҳои ваколатдори мақомоти зикргардида фароҳам овардани имтиёзҳои инфиродӣ ва (ё) бартарият ба як ё якчанд субъектҳои хоҷагидор фаҳмида мешавад.
Фароҳам овардани (ҷудо, тақсим намудани) маблағҳои давлатӣ ё маҳаллӣ (захираҳо, имтиёзҳои инфиродӣ ва (ё) афзалият) ба шахси алоҳида вобаста ба натиҷаҳои савдо (озмун) ва (ё) мутобиқи дигар расмиёти пешбининамудаи қонунҳо ёрии давлатӣ ё маҳаллӣ ба ҳисоб намеравад.
Фароҳам овардани (ҷудо, тақсим намудани) маблағҳои давлатӣ ё маҳаллӣ (захираҳо, амвол) ба шахсони алоҳида бо мақсади рафъи оқибати офати табиӣ, садама, фалокат ва ҳолатҳои фавқулодда, оқибати амалиёти низомӣ ва амалиёти зиддитеррористӣ аз фондҳои эҳтиётии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ёрии давлатӣ ва маҳаллӣ ба ҳисоб намеравад.
Ёрии давлатӣ ё маҳаллӣ, ба истиснои ёрии пешбининамудаи қонунгузорӣ танҳо бо иҷозати пешакии мақомоти давлатии зиддиинҳисорӣ метавонад фароҳам оварда шавад.
Шахсе, ки ният дорад ба як ё якчанд субъектҳои хоҷагидор ёрии давлатӣ ё маҳаллӣ фароҳам оварад, ба мақомоти давлатии зиддиинҳисорӣ дар хусуси додани иҷозат барои расонидани кӯмак дархост фиристода, тамоми иттилооти заруриро, ки номгӯи онро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд, ба он замима мекунад.
Мақомоти давлатии зиддиинҳисорӣ вобаста ба дархости иҷозат додан барои ёрии давлатӣ ё маҳаллӣ яке аз қарорҳои зайлро қабул мекунад:
1. Дар хусуси қонеъ гардонидани дархост, агар ёрии давлатӣ ё маҳаллӣ боиси бартараф намудан ё роҳ надодан ба рақобат нагардад ва ба категорияҳои зерин мансуб бошад:
-ёрӣ бо мақсади гузаронидани тадқиқоти бунёдии илмӣ, ки мустақиман бо истеҳсоли маҳсулоти нав ё беҳтар намудани сифати он ё равандҳои мавҷудаи технологӣ нигаронида нашуда бошад;
-ёрӣ ба мақсади ҳимояи муҳити зист;
-ёрие, ки барои рушди фарҳанг ва ҳифзи мероси фарҳангӣ нигаронида шудааст;
-ёрӣ барои истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ.
2. Оид ба зарурати тадқиқи иловагии маводи дархост, агар мақомоти давлатии зиддиинҳисорӣ дар хусуси эҳтимоли номутобиқатии ёрӣ ба шартҳои дар банди якуми ҳамин қисм зикргардида ва зарурати дарёфт намудани иттилооти иловагӣ барои қабули қарор ҷиҳати қонеъ гардонидани дархост ё рад гардонидани он ба хулоса оянд.
3. Дар хусуси қонеъ нагардонидани дархост, агар ёрии давлатӣ ё маҳаллӣ ба шартҳои пешбининамудаи банди 1 ҳамин қисм мутобиқ набошад.
Мақомоти давлатии зиддиинҳисорӣ оид ба дархости иҷозат барои расонидани ёрии давлатӣ ё маҳаллӣ дар давоми ду моҳ аз рӯзи гирифтани ҳамаи маълумоти зарурӣ қарор қабул мекунад.
Дар мавриди гузаронидани тадқиқи иловагӣ мақоми давлатии зиддиинҳисорӣ дархосткунандаро огоҳ намуда, дар давоми як моҳ аз рӯзи гирифтани маълумоти зарурӣ доир ба дархост қарор қабул мекунад.
Қарор оид ба қонеъгардонии дархост ҷиҳати расонидани ёрии давлатӣ ё маҳаллӣ метавонад дорои дастуре бошад, ки дар он барои гирандаи дастур талаботи зарурии ба шароитҳои банди 1 қисми шашуми моддаи мазкур мутобиқат кардани ёрии давлатӣ ва маҳаллӣ муқаррар гардидааст. Иҷрои дастур ҳангоми расонидани ёрӣ ҳатмӣ мебошад.
Моддаи 10. Назорати давлатии расонидани ёрии давлатӣ ва маҳаллӣ ва истифодаи он
Мақомоти давлатии зиддиинҳисорӣ риояи мақсад ва шартҳои расонидани ёрии давлатӣ ва маҳаллиро, ки дар дархости иҷозати расонидани чунин ёрӣ зикр гардидааст, таҳти назорат мегирад.
Тартиби расонидани ёрии давлатӣ ва маҳаллӣ, баррасии дархост оид ба ёрирасонӣ, назорати истифодаи он, бекор кардани қарори қонеъгардонии дархост оид ба расонидани ёрӣ, инчунин баргардонидани он бинобар дар қонунҳои амалкунанда ва қонунгузории буҷет танзим нагардиданаш, аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси низомномаи тасдиқнамудаи он муқаррар карда мешавад.
Мақомоти давлатии зиддиинҳисорӣ ҳуқуқ дорад дар ҳолатҳои зайл қарори қонеъгардонии дархости расонидани ёрии давлатӣ ё маҳаллиро бекор кунад ё ҷиҳати баргардонидани он амрия барорад:
-агар қарор оид ба қонеъгардонии дархости расонидани ёрии давлатӣ ё маҳаллӣ ба иттилооти нодурусте асос ёфта бошад, ки барои қабули қарор аҳамият дорад;
-аз ҷониби дархосткунанда вайрон кардани талаботи расонидани ёрии давлатӣ ё маҳаллӣ, ки мутобиқи моддаи мазкур пешбинӣ шудааст;
-номутобиқатии ёрии давлатӣ ва маҳаллӣ ба мақсад ва шартҳои фарогирифтаи дархости иҷозати расонидани ёрӣ;
-расонидани ёрии давлатӣ ё маҳаллӣ бо вайрон кардани тартиби муқаррарнамудаи моддаи 9 Қонуни мазкур.
Моддаи 11. Ваколатҳои мақомоти давлатии зиддиинҳисорӣ ҳангоми вайрон намудани талаботи расонидани ёрии давлатӣ ва маҳаллӣ ва истифодаи он
Санадҳои (қарор, амрия, фармоиш, дастури хаттии) мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, инчунин мақомоти ваколатдоршуда, ки ба субъектҳои алоҳидаи хоҷагидор афзалият ва (ё) имтиёз фароҳам меоранд, бо тартиби судӣ аз рӯи даъвои мақомоти давлатии зиддиинҳисорӣ беэътибор дониста мешаванд.
Боби 3. Мақомоти давлатии зиддиИнҳисорӣ
Моддаи 12. Вазифа ва функсияҳои мақомоти давлатии зиддиинҳисорӣ
Мақомоти давлатии зиддиинҳисорӣ мақомоти идоракунӣ буда, барои татбиқи сиёсати зиддиинҳисорӣ дар соҳаи инкишофи бозорҳо ва рақобати соҳибкорӣ масъул мебошад.
Ба вазифаҳои мақомоти давлатии зиддиинҳисорӣ дохил мешаванд:
-пешгирӣ, маҳдудкунӣ ва қатъ намудани фаъолияти инҳисорӣ ва рақобати бевиҷдонона;
-мусоидат ба ташаккули муносибатҳои бозоргонӣ дар асоси рушди рақобат ва соҳибкорӣ;
-назорати давлатӣ ба риояи қонунгузории зиддиинҳисорӣ.
Мақомоти давлатии зиддиинҳисорӣ функсияҳои асосии зеринро иҷро менамояд:
-оид ба ғайриинҳисорӣ кардани истеҳсол ва муомилоти мол чораҳо меандешад;
-иҷрои қонунгузории зиддиинҳисориро ҳангоми таъсис, азнавташкилкунӣ ва барҳамдиҳии субъектҳои хоҷагидор назорат менамояд;
-хариди саҳмияҳои (ҳиссаҳои) дорои ҳуқуқи овозро дар сармояи оинномавии субъектҳои хоҷагидор, ки метавонад боиси ҳукмфармоии субъектҳои хоҷагидор дар бозорҳои мол гардад ё ба маҳдудияти рақобат оварда расонад, назорат менамояд;
-ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои такмили оид ба қонунгузории зиддиинҳисорӣ ва истифодаи амалии он таклифҳо пешниҳод менамояд ва лоиҳаи қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии вобаста ба кори бозор ва инкишофи рақобат хулоса мебарорад;
-ба мақомоти ҳокимияти давлатӣ оид ба гузаронидани тадбирҳои барои инкишофи бозорҳои мол ва рақобат мусоидаткунанда тавсияҳо медиҳад.
Фаъолияти мақомоти давлатии зиддиинҳисорӣ ва сохтори он бо Низомномаи мақомоти давлатии зиддиинҳисорӣ, ки аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мегардад ва бо дигар қонунҳо муайян карда мешавад.
Моддаи 13. Салоҳияти мақомоти давлатии зиддиинҳисорӣ
Мақомоти давлатии зиддиинҳисорӣ ҳуқуқ дорад:
-мавқеи ҳукмфармоии субъектҳои хоҷагидорро муқаррар намояд. Тартиби ташкил ва пешбурди Феҳристи субъектҳои хоҷагидоре, ки дар бозори мол мавқеи ҳукмфармоиро доранд мақомоти давлатии зиддиинҳисорӣ муайян ва тасдиқ мекунад;
-дар сурати мавҷуд будани аломатҳои вайронкунии қонунгузории зиддиинҳисорӣ дар бораи он парванда оғоз намуда, онро баррасӣ намояд ва аз рӯи натиҷаи баррасии он қарор барорад ва субъектҳои хоҷагидор барои иҷрои ҳатмӣ амрияҳои зайлро қабул намояд:
- дар бораи қатъ намудани амали мувофиқашуда ва (ё) қатъ намудани иштирок дар созишномаи маҳдудкунандаи рақобат ва қатъ кардани сӯиистифодаи субъекти хоҷагидор аз мавқеи ҳукмфармоӣ дар бозор, инчунин иҷрои амале, ки ба таъмин намудани рақобат нигаронида шудааст;
- дар бораи қатъ намудани вайронкунии қоидаҳои дастрасии ғайритабъизӣ ба молҳо (корҳо, хизматрасонӣ);
- дар бораи анҷом додани амал оид ба таъмини рақобат ҳангоми назорати давлатӣ, ки дар Қонуни мазкур пешбинӣ шудааст;
- дар бораи қатъ кардани рақобати бевиҷдонона;
- дар бораи роҳ надодан ба амале, ки ба вайронкунии рақобат ва қонунгузории зиддиинҳисорӣ таҳдид менамояд;
- дар бораи барқарор кардани вазъе, ки то вайронкунии қонунгузории зиддиинҳисорӣ мавҷуд буд;
- дар бораи иҷрои амалиёте, ки ба таъмини рақобат ҳангоми анҷом додани назорате, ки ба расонидани ёрии давлатӣ нигаронида шудааст;
- дар бораи бастани шартномаҳо дар хусуси дигар кардани шартҳои шартномаҳо ё бекор кардани шартномаҳо;
- дар бораи ба буҷети давлатӣ гузаронидани даромаде, ки дар натиҷаи вайронкунии қонунгузории зиддиинҳисорӣ ба даст омадааст;
- дар бораи дигар кардан ё маҳдуд намудани истифодаи номи фирмавӣ;
- дар бораи иҷрои талаботи иқтисодӣ, техникӣ, иттилоотӣ ва дигар талаботе, ки ба рафъ ва огоҳонии минбаъд ба миён наомадани шароитҳои табъизӣ нигаронида шудааст;
- дар бораи иҷрои амалиёте, ки ба таъмин намудани рақобат нигаронида шудааст;
- дар бораи қатъ намудани вайронкунии қонунгузории зиддиинҳисорӣ ва рафъи оқибатҳои он;
- ба мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, инчунин шахсони мансабдори онҳо амрияҳои зайл содир намояд, ки иҷрои онҳо ҳатмӣ мебошад:
- дар бораи бекор кардан ё тағйир додани санадҳои қабулнамудаашон, ки қонунгузории зиддиинҳисориро вайрон менамояд;
- дар бораи бекор кардан ё тағйир додани шартномаҳое, ки қонунгузории зиддиинҳисориро вайрон мекунанд;
- дар бораи қатъ намудани дигар вайронкунии қонунгузории зиддиинҳисорӣ;
- дар бораи иҷрои амале, ки ба таъмин намудани рақобат нигаронида шудааст;
- дар ҳолате, ки агар мақомоти ҳокимияти давлатӣ функсияи назоратӣ ва санҷишро дар бозорҳои мол иҷро кунанд, мақомоти зиддиинҳисорӣ дар хусуси ба қонунгузории зиддиинҳисорӣ мутобиқ гардонидани санадҳо ва амали чунин мақомот пешниҳод ирсол созад;
- нисбат ба субъектҳои хоҷагидор, роҳбарони онҳо, шахсони воқеӣ, аз ҷумла соҳибкорони инфиродӣ, инчунин шахсони мансабдори мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот барои вайрон намудани қонунгузории зиддиинҳисорӣ тибқи ҳолатҳо ва тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ чораҳо андешад;
- дар бораи вайронкунии қонунгузории зиддиинҳисорӣ бо даъво, ариза ба суд муроҷиат кунад, аз ҷумла:
- дар бораи пурра ё дар қисми мухолифат ба қонунгузории зиддиинҳисорӣ беэътибор донистани санадҳои меъёрии мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот;
- дар бораи пурра ё дар қисми мухолифат ба қонунгузории зиддиинҳисорӣ беэътибор донистани шартномаҳо;
- дар бораи ҳатман бастани шартнома;
- дар бораи тағйир додан ё бекор намудани шартнома;
- дар бораи барҳамдиҳӣ ё азнавташкилдиҳии шахсони ҳуқуқӣ дар ҳолатҳои муайяннамудаи қонунгузории зиддиинҳисорӣ;
- дар бораи ба буҷети давлатӣ гузаронидани даромаде, ки дар натиҷаи вайронкунии қонунгузории зиддиинҳисорӣ ба даст омадааст;
- дар бораи истифодаи чораҳои зарурӣ барои вайронкунии қонунгузории зиддиинҳисорӣ нисбат ба шахсе, ки ба вайрон кардани қонунгузории зиддиинҳисорӣ роҳ додааст;
- дар бораи беэътибор донистани савдоҳо (озмунҳо);
- дар бораи азнавташкилдиҳии маҷбурии шахсони ҳуқуқӣ (дар шакли тақсимкунӣ, ҷудокунӣ), ки қонунгузории зиддиинҳисориро вайрон мекунанд;
- ҳангоми баррасии парвандаҳои марбут ба истифода ва (ё) вайронкунии қонунгузории зиддиинҳисорӣ дар суд иштирок кунад;
- феҳристи субъектҳои хоҷагидорро, ки дар бозорҳои моли Ҷумҳурии Тоҷикистон мавқеи ҳукмфармо доранд, пеш барад;
- дар воситаҳои ахбори омма қарор ва дастури мақомоти зиддиинҳисориро, ки манфиатҳои доираи номуайяни шахсонро дар бар мегирад, нашр намояд;
- ба мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот оид ба гузаронидани чорабиниҳое, ки ба рушди рақобат дар бозорҳои мол равона гардидаанд, тавсияҳо диҳад;
- бо мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот ва тибқи тартиби муқарраргардида бо ташкилотҳои байналмилалӣ, мақомоти давлатҳои хориҷӣ дар доираи салоҳияти худ мубодилаи иттилоотро анҷом диҳад;
- ҳолати рақобатро дар бозорҳои мол таҳлил кунад;
- барои субъекти хоҷагидор дар бозори молҳои дахлдор мавқеи ҳукмфармо муқаррар созад;
- риояи қонунгузории зиддиинҳисориро аз ҷониби субъектҳои хоҷагидор, мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, инчунин шахсони воқеӣ тафтиш намуда, аз онҳо тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон асноди зарурӣ, иттилоот ва дар шакли хаттӣ ва шифоҳӣ тавзеҳот мегирад, ба мақомоти оперативию ҷустуҷӯӣ дар бораи иҷрои корҳои оперативию ҷустуҷӯӣ муроҷиат кунад;
- бо мақсади иҷрои масъалаҳои ба зиммааш гузошташуда тавсияҳои методӣ оид ба муайян кардани навъи шартномаҳо, тартиби танзими муайян намудани нархҳои (тарифҳои) субъектҳои хоҷагидор ё сатҳи ниҳоии онҳо, ки дар бозори молии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавқеи ҳукмфармо доранд, низомнома оид ба танзими нарх ба маҳсулот ва моли тайёркарда, хизматрасонии анҷомдодаи субъектҳои хоҷагидор – доминантҳо ва инҳисорон, қоида оид ба тартиби гузаронидани тафтиши риояи қонунгузории зиддиинҳисорӣ аз ҷониби мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот ва ташкилотҳои ваколатдори мақомотҳои зикршударо анҷом диҳанд, низомнома оид ба тартиби ба мақомоти зиддиинҳисорӣ пешниҳод намудани дархост ва огоҳинома тибқи талаботи моддаҳои 15 ва 16 Қонуни мазкур, қоидаҳоро оид ба муайян намудани мавқеи ҳукмфармоии субъекти хоҷагидор дар бозорҳои молӣ, тартиби баррасии парвандаҳоро дар хусуси вайронкунии қонунгузории зиддиинҳисории Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва тасдиқ намояд;
- тарифҳои хизматрасонии пулакиро ба мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот ва субъектҳои хоҷагидории ба доираи идоракунии онҳо дохилбударо ба мувофиқа расонад;
- бо мақсади пешгирии маҳдудсозӣ ва бартараф намудани рақобат ҳангоми хусусигардонии корхонаҳо ва ташкилотҳои давлатӣ иштирок намояд;
- тарифҳои хизматрасонии субъектҳои хоҷагидорро, ки дар бозорҳои моли муайяни Ҷумҳурии Тоҷикистон мавқеи ҳукмфармо ва инҳисориро ишғол мекунанд, ба мувофиқа расонад;
- ба мақомоти дахлдори ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ оид ба ҷорӣ ё бекор намудани иҷозатномаҳо, квотаҳо, тағйир додани тарифҳои гумрукӣ ва дигар намуди дастгирии давлатӣ таклифҳо пешниҳод менамояд;
- оид ба бастани ҷарима ба субъектҳои хоҷагидор, додани ҷазои маъмурӣ ба роҳбарони онҳо, шаҳрвандон, аз ҷумла соҳибкорони инфиродӣ, шахсони мансабдори мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот барои вайронкуниҳои қонунгузории зиддиинҳисорӣ, ғайр аз ҳолатҳои вайронкунии тартиботи муқарраргардидаи нархгузорӣ мутобиқи қонунгузории монополияҳои табиӣ, қарор қабул кунад;
- тибқи тартиби муқарраргардида дар хусуси вуҷуд доштан ё надоштани маҳдудияти рақобат дар бозори мол ҳангоми татбиқ, тағйир додан ва қатъ гардидани амали тарифи гумрукӣ ва дар бораи ҷорӣ кардани чораҳои ғайритарифӣ хулоса диҳад;
- масъалаҳои татбиқи қонунгузории зиддиинҳисориро шарҳ диҳад;
- дигар ваколатҳои пешбининамудаи Қонуни мазкур ва санадҳои меъёрию ҳуқуқиро анҷом диҳад.
Мақомоти давлатии зиддиинҳисорӣ бо мақсади мусоидат намудан ба инкишофи бозорҳои мол ва рақобат, дастгирии соҳибкорӣ ва ғайриинҳисорӣ намудан ба мақомоти дахлдори ҳокимияти давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот оид ба масъалаҳои зайл тавсияҳо медиҳад:
-додани қарзи имтиёзнок, инчунин оид ба кам кардани андозҳо ё аз онҳо озод намудани субъектҳои хоҷагидоре, ки маротибаи аввал ба бозори моли муайян дохил мешаванд;
-ташкил ва инкишофи сохторҳои ба ҳамдигар монанд дар соҳаҳои истеҳсолот ва муомилот, аз ҷумла аз ҳисоби қарз;
-маблағгузории чорабиниҳо оид ба зиёд кардани истеҳсоли мол бо мақсади бартараф намудани мавқеи ҳукмфармоии субъектҳои хоҷагидори алоҳида;
-иштироки сармояи хориҷӣ дар иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ташкили корхонаҳо бо маблағгузории хориҷӣ.
Мақомоти давлатии зиддиинҳисорӣ дар амалӣ гардондани барномаҳои ғайриинҳисорӣ, инкишофи рақобат ва дастгирии соҳибкорӣ иштирок менамояд.
Моддаи 14. Ҳуқуқи дастрас намудани ахбор
Кормандони ваколатдори мақомоти давлатии зиддиинҳисорӣ бо мақсади иҷро намудани вазифаҳои ба зиммаашон гузошташуда ва дар асоси гузаронидани мониторинги бозор, шикояти воридшуда ва (ё) ҳангоми гумонбарии асоснок оид ба вайронкунии қонунгузории зиддиинҳисорӣ барои шиносшавӣ бо ҳуҷҷатҳои зарурӣ дар асоси талаби мақомоти давлатии зиддиинҳисорӣ ҳуқуқ доранд ба мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, инчунин ба бинои субъектҳои хоҷагидор бемамониат ворид шаванд.
Мақомоти корҳои дохилӣ дар доираи салоҳияти худ бояд ба кормандони мақомоти давлатии зиддиинҳисорӣ барои иҷрои вазифаҳои хизматиашон ёрӣ расонад.
Субъектҳои хоҷагидор (роҳбарони онҳо), мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ (шахсони мансабдори онҳо), шаҳрвандон, аз ҷумла соҳибкорони инфиродӣ вазифадоранд бо талаби мақомоти давлатии зиддиинҳисорӣ ҳуҷҷатҳои саҳеҳ ва дигар ахбореро, ки барои фаъолияти қонунии мақомоти давлатии зиддиинҳисорӣ заруранд, пешниҳод кунанд.
Маълумоти дорои сирри тиҷоратӣ, хизматӣ ва қонунан ҳифзшаванда ва маълумоте, ки мақомоти давлатии зиддиинҳисорӣ ҳангоми иҷрои ваколати худ ба даст овардааст, ба истиснои ҳолатҳои муқаррарнамудаи Қонун бояд ошкор карда нашавад.
Дар ҳолати аз тарафи кормандони мақомоти давлатии зиддиинҳисорӣ ошкор кардани маълумоти дорои сирри хизматӣ ва тиҷоратӣ товони зарари расида мувофиқи қонунгузории гражданӣ ҷуброн карда мешавад.
Боби 4. Назорати давлатии рақобат
Моддаи 15. Назорати давлатӣ оид ба таъсисдиҳӣ, азнавташкилкунӣ, барҳамдиҳии субъектҳои хоҷагидор ва иттиҳодияҳои онҳо
Бо розигии пешакии мақомоти давлатии зиддиинҳисорӣ корҳои зайл анҷом дода мешаванд:
-таъсис ва азнавташкилдиҳии иттиҳодияҳои субъектҳои хоҷагидор;
-муттаҳидшавии шахси ҳуқуқӣ ё ҳамроҳ шудани шахси ҳуқуқӣ ба дигар шахси ҳуқуқӣ, агар арзиши умумии тавозуни активҳои онҳо (активҳои гурӯҳи шахсони онҳо) мувофиқи тавозуни охирин аз сад ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо бештар бошад;
-таъсиси шахси ҳуқуқӣ ҳангоми пардохти сармояи оинномавии он бо саҳмҳо (ҳиссаҳо) ё молумулки дигар шахси ҳуқуқӣ;
-барҳамдиҳӣ ва тақсимкунии (ҷудокунии) шахси ҳуқуқӣ, ки арзиши активҳояшон аз панҷоҳ ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо зиёд аст, агар ин боиси ташкил шудани шахси ҳуқуқӣ гардад, ки дар бозори мол мавқеи ҳукмфармо дорад.
Дар ҳолатҳое, ки дар қисми якуми моддаи мазкур пешбинӣ шудаанд, шахсҳо ё мақомоти манфиатдор ба мақомоти давлатии зиддиинҳисорӣ ғайр аз ҳуҷҷатҳое, ки ба мақомоти бақайдгиранда дастрас мекунанд, дархост дар бораи додани розигӣ ба таъсис ва азнавташкилкунии он, маълумот дар бораи фаъолияти асосӣ, маҷмӯи истеҳсол ва фурӯши маҳсулот (корҳо, хизматрасонӣ) дар бозорҳои дахлдори мол пешниҳод менамояд. Мақомоти давлатии зиддиинҳисорӣ ҳуқуқ доранд ахбори дигари заруриро, ғайр аз иттилооте, ки ба салоҳияташ тааллуқ надорад, талаб намояд.
Мақомоти давлатии зиддиинҳисорӣ на дертар аз сӣ рӯзи қабул карда гирифтани ҳуҷҷатҳои лозимӣ ба аризадиҳанда дар бораи қарори қабулгардида хаттӣ хабар медиҳад.
Дар ҳолатҳое, ки агар таъсиси (ҳамроҳшавии, муттаҳидшавии) субъектҳои хоҷагидор ба маҳдудкунии рақобат оварда расонад, муассисони субъектҳои хоҷагидор, шахс ё мақомоте, ки дар бораи ҳамроҳшавӣ, муттаҳидшавӣ қарор қабул кардаанд, вазифадоранд бо талаби мақоми давлатии зиддиинҳисорӣ барои барқарор намудани шароити зарурии рақобат чораҳо андешанд.
Иҷро накардани талаботи мақомоти давлатии зиддиинҳисорӣ барои беэътибор донистани бақайдгирии давлатӣ бо тартиби судӣ аз рӯи даъвои мақомоти давлатии зиддиинҳисорӣ асос мешавад.
Дар ҳолатҳои дар қисми якуми моддаи мазкур пешбинишуда бақайдгирии давлатии иттиҳодияҳои субъектҳои хоҷагидор инчунин аз рӯйхати ягонаи давлатӣ баровардани онҳо аз тарафи мақомоти давлатии бақайдгиранда танҳо бо розигии пешакии мақомоти давлатии зиддиинҳисорӣ анҷом дода мешавад.
Бақайдгирии давлатии иттиҳодияҳои субъектҳои хоҷагидор, ки таъсис ва азнавташкилкунии онҳо бе розигии пешакии мақомоти давлатии зиддиинҳисорӣ сурат гирифтааст, бо тартиби судӣ аз рӯи даъвои мақомоти давлатии зиддиинҳисорӣ беэътибор дониста мешаванд.
Моддаи 16. Назорати давлатии иҷрои қонунгузории зиддиинҳисорӣ ҳангоми хариди саҳмияҳо (ҳиссаҳо) дар сармояи оинномавии субъектҳои хоҷагидор ва дигар мавридҳо
Бо мувофиқаи пешакии мақомоти давлатии зиддиинҳисорӣ дар асоси дархости шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ амалҳои зайл сурат мегиранд:
- аз тарафи шахс (гурӯҳи шахсон) харид кардани саҳмияи (ҳиссаи) дорои ҳуқуқи овоз дар сармояи оинномавии субъекти хоҷагидор, ки дар натиҷа чунин шахс (гурӯҳи шахсон) ҳуқуқи ихтиёрдории бештар аз бист фоизи саҳмияҳои (ҳиссаҳои) харидгардидаро пайдо мекунад. Талаботи мазкур ба муассисони субъекти хоҷагидор ҳангоми таъсиси он дахл надорад;
- аз тарафи як субъекти хоҷагидор (гурӯҳи шахсон) соҳиб шудан ба воситаҳои асосии истеҳсолот ё активҳои ғайримоддии субъекти хоҷагидори дигар ё мавриди истифода қарор гирифтани онҳо, ки агар арзиши тавозуни амволи ташкилдиҳандаи мавзӯи аҳд аз даҳ фоизи арзиши тавозуни воситаҳои асосии истеҳсолот ва активҳои ғайримоддии субъекти хоҷагидори ҷудокунандаи амвол зиёд бошад;
- аз тарафи шахс (гурӯҳи шахсон) ба даст овардани ҳуқуқе, ки ба субъекти хоҷагидор имконият медиҳад, шароити амалӣ гардонидани фаъолияти соҳибкории ҳамин шахсро (гурӯҳи шахсонро) муайян намояд ё вазифаи мақомоти идоракунии онро иҷро кунад.
Розигии пешакӣ барои иҷро намудани аҳдҳое, ки дар қисми якуми моддаи мазкур нишон дода шудаанд, дар ҳолатҳое зарур мебошад, ки агар арзиши умумии тавозунии активҳои шахсоне, ки дар қисми якуми моддаи мазкур нишон дода шудаанд, аз дусад ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо зиёд ва яке аз онҳо субъекти хоҷагидоре мебошад, ки ба феҳристи субъектҳои хоҷагидори дорои мавқеи ҳукмфармо дохил карда шудааст ё харидор гурӯҳи шахсоне бошад, ки фаъолияти ҳамин субъекти хоҷагидорро назорат мекунанд.
Барои содир кардани аҳдҳое, ки дар қисми якуми моддаи мазкур пешбинӣ шудаанд, шахсон вазифадоранд ба мақомоти давлатии зиддиинҳисорӣ дар бораи додани розигӣ барои пешниҳод кардани онҳо дархост диҳанд ва қабул кардани қарор мувофиқи номгӯи ахборе, ки мақомоти давлатии зиддиинҳисорӣ тасдиқ мекунад, маълумоти зарурӣ пешниҳод намоянд.
Назорати давлатӣ ба содир шудани аҳдҳое, ки дар моддаи мазкур нишон дода шудаанд, аз тарафи мақомоти давлатии зиддиинҳисорӣ дар асоси моддаи 15 Қонуни мазкур иҷро мегардад.
Мақомоти давлатии зиддиинҳисорӣ ҳуқуқ дорад дархостро рад намояд, агар қонеъкунонии он боиси мустаҳкам гардидани мавқеи ҳукмфармоии субъекти хоҷагидор (гурӯҳи шахсон) ё маҳдудкунии рақобат гардад ва инчунин дар ҳолатҳои пешниҳод намудани ахбори носаҳеҳ, ки барои қабул намудани қарор аҳамият дорад.
Мақомоти давлатии зиддиинҳисорӣ барои қонеъ намудани дархост дар ҳолати иҷро намудани талабот, ки ба таъмини рақобат равона шудааст, ҳуқуқ дорад. Дар айни замон талаботи нишондодашуда, инчунин мӯҳлати иҷрои он бояд дар қарори мақомоти давлатии зиддиинҳисорӣ дар бораи розигӣ барои иҷрои амале, ки дар қисми якуми моддаи мазкур пешбинӣ шудаанд, дарҷ карда шавад.
Мақомоти давлатии зиддиинҳисорӣ аз рӯи аризаи шахси ҳуқуқӣ ё воқеӣ баъди ба итмом расидани иҷрои аҳдҳое, ки дар қисми якуми моддаи мазкур оварда шудаанд, дар давоми понздаҳ рӯз огоҳ карда мешавад, агар арзиши умумии тавозунии активҳои шахсоне, ки дар қисми якуми ҳамин модда зикр шудааст аз сад ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо зиёд бошад.
Дар ҳолати иштироки шахси воқеӣ дар мақомоти иҷроия, шӯрои директорони (шӯрои нозирони) ду ё зиёда субъектҳои хоҷагидор, ки арзиши умумии тавозуни активҳои аз сад ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо зиёд бошад ва ё субъектҳои хоҷагидор, ки ба рӯйхати гурӯҳи молҳои якхела ё ба рӯйхати гурӯҳи молҳои дараҷаи мухталифи ҷараёни истеҳсолу фурӯши якхела дохиланд, бояд мақомоти давлатии зиддиинҳисорӣ пас аз понздаҳ рӯзи дохилшавӣ (интихобшавӣ) ба мақомоти мазкур ё шӯро аз тарафи ҳамин шахс, ҳатман огоҳ карда шавад. Дар ҳолати огоҳкунии мақомоти давлатии зиддиинҳисорӣ аризадиҳанда якҷоя бо ариза ахбореро пешниҳод мекунад, ки дар қисми чоруми моддаи мазкур пешбинӣ шудааст.
Агар мақомоти давлатии зиддиинҳисорӣ баъд аз омӯзиши пешакии ахбор ба хулоса ояд, ки дар натиҷаи бастани аҳдҳое, ки аз ин хусус ӯро огоҳ кардаанд, мавқеи ҳукмфармоиро субъектҳои хоҷагидор (гурӯҳи шахсон) соҳиб мегарданд ё худ ин мавқеи онҳо пурзӯртар мешавад ё маҳдудкунии рақобат рӯй медиҳад, вай дар бораи санҷиши иловагии мувофиқ будани созиши мазкур ба талаботи қонунгузории зиддиинҳисорӣ қарор қабул мекунад. Қарори мазкур дар давоми понздаҳ рӯзи баъди гирифтани аризаи огоҳкуниро гирифтани мақомоти давлатии зиддиинҳисорӣ ба аризадиҳанда равон карда мешавад.
Қарори қатъӣ аз тарафи мақомоти давлатии зиддиинҳисорӣ дар давоми сӣ рӯз қабул гардида, дар ин хусус ба аризадиҳанда хаттӣ хабар дода мешавад.
Агар амалиётҳои дар қисмҳои ҳафтум ва ҳаштуми моддаи мазкур пешбинишуда боиси зуҳур кардан ё қувват гирифтани мавқеи ҳукмфармоии субъектҳои хоҷагидор ё маҳдудкунии рақобат гарданд, шахсони ин амалиётҳоро иҷрокунанда вазифадоранд бо талаби мақомоти давлатии зиддиинҳисорӣ дар мӯҳлатҳои аз тарафи он муқарраргардида барои барқарор намудани шароити зарурии рақобат чораҳо андешанд.
Дар ҳолатҳои пешбининамудаи қисмҳои ҳафтум ва ҳаштуми моддаи мазкур шахсон ҳуқуқ доранд то қабули чунин қарорҳо розигии пешакии мақомоти давлатии зиддиинҳисориро, ки вазифадор аст аризаҳои дахлдорро дар бораи ба иҷро расонидани амалиётҳои мазкур бо тартиби муқарраргардида дида барояд, дархост кунанд.
Аҳдҳое, ки мухолифи тартиби муқаррарнамудаи моддаи мазкур ба имзо расидаанд ва ба зуҳур кардан ё қувват гирифтани мавқеи ҳукмфармоӣ, маҳдудкунии рақобат оварда мерасонанд, дар ҳолатҳои аз тарафи иштирокчиёни созишҳо иҷро накардани талаботи мақомоти давлатии зиддиинҳисорӣ дар бораи барқарор намудани шартҳои зарурии рақобат дар мӯҳлатҳои аз тарафи он муқарраркардашуда, бо тартиби судӣ ва бо даъвои мақомоти давлатии зиддиинҳисорӣ беэътибор дониста мешаванд.
Иҷро накардани қарорҳои мақомоти давлатии зиддиинҳисорӣ, ки мувофиқи қисмҳои шашум ва ёздаҳуми моддаи мазкур қабул шудаанд, барои беэътибор донистани аҳди дахлдор бо тартиби судӣ аз рӯи даъвои мақомоти давлатии зиддиинҳисорӣ асос шуда метавонад.
Қарори мақомоти давлатии зиддиинҳисорӣ дар хусуси розигӣ оид ба иҷрои аҳдҳои дар моддаи мазкур зикршуда амали худро қатъ менамояд, агар чунин аҳдҳо дар муддати 6 моҳ аз рӯзи қабул гардидани қарори зикршуда иҷро нагардида бошад.
Достарыңызбен бөлісу: |