Фасли I. Назарияи асосии давлат ва њУЌУЌ



бет5/11
Дата27.06.2016
өлшемі0.71 Mb.
#161487
1   2   3   4   5   6   7   8   9   10   11
§49.Ҳокимияти Судї
Мақомоти ҳокимияти суди-мақомоти давлатие мебошад,адолати судиро ба амал мебарорад,ба амал баровардани баробарии ичтимои.

Низоми судии Љумҳурии Тољикистон

Адолати судиро суди конститутсиони,Суди Оли,Суди Олии Иқтисоди,Суди ҳарби.Суди ВМКБ, суд ҳои вилоятҳо,шаҳри Душанбе,шаҳру ноҳияҳо,Суди иқтисодии ВМКБ,Суди иқтисодии вилоятҳо, шаҳри Душанбе,Суди ҳарби горнизонии ВМКБ,суди ҳарби горнизонии вилоятҳо ва шаҳри Душанбе.



Намудҳои судҳо дар Љумҳурии Тољикистон

1.Судҳои умуми

2.Судҳои махсус

1)Судҳои умуми-мақомоти судие, ки дорои васеи парвандаҳоро барраси менамояд(парвандаҳои граждани,меҳнати,оилави,маъмури ва чинояти).

-Суди Олии ЉТ-Суди ВМКБ-вилоятҳо ва шаҳри Душанбе.



2)Cудҳои махсус-судҳои махсусгардонидашудае,ки парвандаҳоро оид ба соҳаи муайян барраси менамояд.

-Суди Конститутсиони-Суди Олии Иқтисоди-Судҳои иқтисодии вилояти ва шаҳри-Душанбе-Коле гияи ҳарбии Суди Оли-Судҳои ҳарбии горнизонҳо.



Намудҳои мурофиаи судї дар Љумҳурии Тољикистон:

1.Мурофиаи конститутсионї

2.Мурофиаи гражданї

3.Мурофиаи хочагї

4.Мурофиаи чиноятї

§50.Ҳокимияти маҳаллї
Ҳокимияти маҳалли аз мақомоти намояндагии маҳалли ҳокимияти давлати ва мақомоти ичроияи маҳаллии ҳокимияти давлати иборат мебошад(моддаи 76 Конститутсияи ЧТ).

Фаъолияти онҳо дар асоси Конститутсияи Чумҳурии Точикистон,Қонуни конститутсионии ЧТ «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлати»,қонунҳо,дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Чум ҳурии Точикистон,инчунин санадҳои байналхалқие ки Точикистон онҳоро эътироф кардааст, ба танзим дароварда мешавад.Фаъолияти мақомоти маҳаллии ҳокимяти давлати дар асоси принсип ҳои қонуният ва адолати ичтимои,ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд,мутобиқати манфиат ҳои маҳалли ва умумидавлати,ба таври демократи,ошкоро ва бо дарназардошти гуногунандешии сиёси ҳал намудани масъалаҳо.масъулият барои натичаҳои фаъолияти худ дар назди аҳоли,

мустақилияти мақомоти маҳаллии ҳокимяти давлати,изҳори иродаи аҳоли ба воситаи Мачлиси вакилони халқи дахлдор ба роҳ монда мешавад.

1.Мақомоти намояндагии маҳаллии ҳокимияти давлати

Мақомоти намояндагии маҳаллии ҳокимияти давлати-қисми таркибии мақомоти маҳаллиро таш кил медиҳад.Он аз Мачлиси вакилони халқи ВМКБ,вилоят,шаҳри Душанбе,шаҳр ва ноҳия иборат мебошад.Мачлиси вакилони халқи ВМКБ,вилоят,шаҳри Душанбе,шаҳр ва ноҳияро интихобкунан дагони воҳидҳои марзиву маъмурии дахлдор,дар асоси принсипҳои умуми,баробар,мустақим,бо овоздиҳии пинҳони ба муҳлати 5 сол интихоб мекунанд.Ҳар як шаҳрванди Чумҳурии Точикистон аз синни 18-солаги метавонад вакили Мачлиси вакилони халқи дахлдор интихоб шавад.Шумораи умуми вакили Мачлиси вакилони халқ,ки санадҳои меъёрии ҳуқуқи муайян мекунад,чунин аст: ба рои Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон,вилоят ва шаҳри Душанбе-то 70 нафар барои шаҳр ва ноҳия-то 40 нафар мебошад.Шакли асосии фаолияти Мачлиси вакилони халқ ичлосия мебошад.

2.Мақомоти ичроияи маҳаллии ҳокимияти давлати

Мақомоти ичроияи маҳаллии ҳокимияти давлати- қисми таркибии мақомоти маҳаллиро ташкил медиҳад.

Сохтори мақомоти ичроияи маҳаллии ҳокимияти давлати дар ЧТ:Он аз Раиси Вилояти Мухтори

Куҳистони Бадахшон,вилоят,шаҳри Душанбе,шаҳр ва ноҳия,идораҳо,кумитаҳо, шуъбаҳо ва дигар

сохторҳои маҳаллии мақомоти марказии ҳокимияти ичроия иборат мебошад.Раис намояндаи Президенти Чумҳурии Точикистон буда,ҳокимияти ичроияро дар маҳал амали менамояд ва

мақомоти намояндаги ва ичроияро дар воҳидҳои марзиву маъмурии дахлдор сарвари мекунад. Вайро Президенти Чумҳурии Точикистон ба вазифа таъин ва аз вазифа озод менамояд ва ба тасдиқи Мачлиси вакилони дахлдор пешниҳод менамояд.



§51.Мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот(чамоат)
Мувофиқи моддаи 78 Конститутсияи Чумҳурии Точикистон мақомоти худидоракунии шаҳраку деҳа чамоат аст.Фаъолияти чамоат дар асоси Қонуни Чумҳурии Точикистон«Дар бораи мақомоти худидораи шаҳрак ва деҳа»аз 1 декабри соли 1994 ба танзим дароварда мешавад.Чамоат аз руи усу ли марзи ташкил карда мешавад.Шакли асосии худидораи маҳаллии шаҳрвандон Мачлиси намоян дагон мебошад.Дар кори чамоатҳо шаҳрвандоне иштирок менамояд,ки синнашон ба 18 расидааст ва дар ҳудуди мазкур доими истиқомат мекунанд.Чамоатро раиси чамоат бо маслиҳати мачлиси дахлдори вакилони халқ ё раиси шаҳр,ё ноҳия дар мавриди зарурат,вале соле камаш ду бор даъват мекунад. Дар чамоати шаҳрак намояндагони кучаҳо,маҳалҳо,дигар воҳидҳои марзии қаламрави он,дар чамоати деҳот бошад,намояндагони деҳаҳои дахлдор чун вакил иштирок менамояд.Барои ичрои кори чамоат раёсат интихоб карда мешавад.Чамоатро раиси он идора мекунад.Раиси чамо атро бо пешниҳоди раиси шаҳр ё ноҳияи дахлдор чамоат интихоб мекунад.Шумораи ҳайат ва муо винони раиси чамоатро раиси шаҳр ё ноҳия муқарар менамояд.Раиси муовинони у,котиби чамоат ба муҳлати 5 сол интихоб карда мешавад.Асоси иқтисоди ва молиявии мақомоти худидораро моли кияти он ташкил медиҳад.Чамоат фаъолияти худро дар доираи ваколатҳои худ,ки қонунгузори муқарар намудааст,ба роҳ мемонад.


ФАСЛИ III.СОЊАЊОИ ЊУЌУЌ
Боби10. ЊУЌУЌИ ГРАЖДАНЇ
§52.Мафҳум,сарчашма,фунусия ва принсипҳои хукуки Гражданї
Ҳуқуқи Гражданї-соҳаи мустақили хукук буда,муносибатҳои молумулки ва шахсии гайримолумул кии ба он алоқамандро меомузад.

Сарчашмаҳои ҳуқуқи Гражданї:

1.Конститутсияи ЧТ

2.Кодекси Граждани қисмҳои 1-ум 30.06 1999с,қисми2-ум 11.11 1999с,қисми 3-ум 1.03 2005

3.Дигар қонунҳои соҳави



Муносибатҳои молу мулкї

Одатан ба ягон неъматҳои модди вобастаги дорад.Ин муносибатҳо бо намуд ба шаклҳои моликият дории олот ва системаи хочагидори такя менамоянд.(масалан:молу мулк ашё, пул.)



Муносибатхои шахсии ғайримолумулки

Ба муносибатҳои шахсии ғайримолумулки инҳо дохил мешаванд:қадру қиммат,шаъну шараф,эъти бор,ҳуқуқхои муаллифиву патени ва ихтирокори.



Функсияҳои ҳуқуқи гражданї:

1)Танзимкунанда

2)Ҳифзкунанда

3)Барқароркунанда

4)Пешгирикунанда

Принсипҳои ҳуқуқи Гражданї

Моддаи 3 кодекси Граждани принсипҳои ҳуқуқи граждани чунин мебошад:

1)Дахлнопазирии моликият.

2)Озодии шартнома.

3)Номункин будани дахолати худсаронаи хар касе ба корҳои шахси.

4)Зарурати тадбиқи бемансоли ҳуқуқи Граждани.

5)Таъмин ва барқарор намудани ҳуқуқи вайронгардидаи граждани ва ҳифзи судии онҳо.



Иштирокчиёни муносибатҳои ҳуқуқи граждани

1)Шаҳрвандон

2)Шаҳрвандон ва ташкилотҳо

3)Ташкилотҳо(иттиҳодияҳо)

Чавобгари дар соҳаи ҳуқуқи граждани Таҳти мачбурияти давлати ичро намудани чавобгариро меноманд.Чазои модди ин чуброни зарари расонидашуда мебошад.

§53.Қобилияти ҳуқуқдорї ва амалкунии шаҳрвандон

Қобилияти ҳуқуқдори

Қобилияти хукукдори-қобилияти сохиби ҳуқуқ ва уҳдадориҳои граждани,қобилияти ҳуқуқдории граждани меноманд.(м 18КГ ЧТ.)

Қобилияти ҳуқуқдрии шахрвандон аз лаҳзаи таввалуд то дами марг мебошад.



Қобилияти амалкунии граждани

Қобилияти амалкуни-қобилияти бо ҳаракатҳои худ ба даст оврдан ва тадбиқ намуда ни ҳуқуқхои уҳдадориҳои граждани мебошад.(м 22 КГ ЧТ.)

Қобилияти амлкуни ба 3 навъ чудо мешавад:

1.Пурра.

2.Қобилияти амалкунии ноболиғони аз 14 то 18 сола

3.Қобилияти амали ноболиѓони то чордаҳсола



1.Қобилияти пурра

Аз синни 18 солаги фаро мерасад.Шахсоне, ки бо роҳи қонуни то сини 18-ба никоҳ даромадаанд дар ҳачми пурра дорои қобилияти амалкунии пурра мегарданд.



Эмансипатсия (м 28 КГ ЧТ).Агар ноболиғи ба синни шонздаҳсолаги расида тибқи шартномаи меҳнати, аз xумла аз руи қарордод кор кунад ё бо розигии волидайн, фарзандхондагон ё парастор бо фаъолияти соҳибкори машғул шавад, у метавонад дорои қобилияти пурраи амал эълон карда шавад.Дорои қобилияти пурраи амал (эмансипатсия) эълон кардани ноболиғ бо розигии ҳардуи волидайн, фарзандхондагон ё парастор бо қарори мақоми васояту парастори ё дар сурати набудани чунин розиги бо rарори суд сурат мегирад.

Волидайн, фарзандхондагон ва парастор аз руи уҳдадориҳои ноболиғи дорои қобилияти пурраи амал (эмансипатсия) - шуда, аз чумла аз руи уҳдадориҳое, ки дар натичаи зиёни расонидаи у ба миён омадаанд, чавобгар нестанд.



2.Қобилияти амалкунии Ноболиғони аз 14 то 18 сола Ноболиғони аз 14 то 18 сола.Ноболиғони қобилияти амали нопурра чунин ҳуқуқҳо до ранд:музди меҳнат,идрор ва даромади дигари қонуни худро мустақилона ихтиёрдори кунад,аҳдҳои хурду маиши банданд, хуқуқи муаллифи асари илми адабиёт ва санъат ихтироот бошанд.

3.Қобилияти амали ноболиѓони ба синни чордањ нарасида

1)Бар ивази ноболиғони ба синни чордаҳ нарасида (хурдсолон) аз номи онҳо аҳдро, ба истиснои аҳдҳои хурди маиши танҳо волидайн,фарзандхондагон ва васиёни онҳо анчом дода метавонанд.Нисбат ба аҳди намояндагони қонунии ноболиғон доир ба молу мулкашон истифода мешаванд.2) Ноболиѓони аз шаш то чордаҳсола ҳуқуқи мустақилона бастани аҳдҳои зайлро доранд: а) аҳди хурди маиши (харидани нон, китоб, қалам ва ғайра), ки ҳангоми бастан аз чониби худи онҳо анчом дода мешаванд;

б) аҳде, ки барои бемузд ба даст овардани фоида равона гардида, тасдиқи нотариали ё бақайдгирии давлатиро талаб намекунанд;в)аҳдҳои ихтиёрдори кардани маблағҳое, ки намояндаи қонуни ё бо розигии у шахси сеюм барои мақсади муайян ё барои ихтиёрдории озодона додааст.3)Аз руи аҳди ноболиѓи ба синни чордањ нарасида, аз чумла аҳде, ки у мустақилона анчом додааст, масъулияти молу мулкиро волидайн, фарзандхондагон ва васиён бар душ доранд, агар исбот наку нанд, ки уҳдадори бо гуноҳи онҳо вайрон шудааст. Ин шахс ҳамчунин тибқи қонунгузори барои зиёни расонидаи ноболиѓон низ масъулият доранд.
Ғайри қобили амал ва Қобилияти амалкунии маҳдуд

Ғайри қобили амал(моддаи 30 КГЧТ).

Шаҳрвандонро дар асоси бемориҳои руҳи ё камақлии шаҳрванд,онҳо аҳамияти амали худро дарк

намекунанд ё амали худро дарк карда наметавонанд,суд метавонад онҳоро ғайри қобили амал эълон намояд.Ба чунин шахсон парастор таъин карад мешавад,ҳамаи аҳдҳо,уҳдадориҳо масулияти молиявию моли ба зиммаи парастори у аст.

Қобилияти амалкунии маҳдуд(моддаи 31 КГ ЧТ).

Шаҳрвандоне ,ки бар асари суистеъмоли машрубот ё маводи нашъаовар худ ё оилаи худро дар вазъияти вазнини модди карор медиҳанд,суд метавонад қобилияти амалкунии онҳоро маҳдуд

намояд.Чунин шахсон барои бастани аҳд ва гирифтани музди меҳнат нафақа сарф кардани он танҳо бо розигии парастор ичозат дода мешавад.


§54.Бедарак ва вафотшуда эълон кардани шаҳрванд
Бедарак эълон кардани шаҳрванд(моддаи 43 КГ ЧТ).

Дар асоси моддаи 43 КГ дар тулии 1 сол дар чои сукунати шаҳрванд дар бораи бошишгоҳи у маълумот набошад онро бо роҳи суди бедарак ғайбшуда эътироф кардан мумкин аст.

Дар сурати муқаррар карда натавонистани расидани маълумоти охир дар хусуси шахси ғоиб, оғози ҳисоби муҳлат барои эътирофи бедарак ғоиб санаи аввали моҳу, ки пас аз моҳи расидани маълумоти охир дар хусуси шахси ғоиб фаро мерасад ва дар сурати муқаррар карда натавонистани ин моҳ, якуми январи соли минбаъда ҳисоб мешавад.



Оқибати бедарак ғоиб эътироф намудани шаҳрванд:

1. Молу мулки шаҳрванди бедарак ғоиб эътирофгардида дар сурати зарурати муҳофизати он дар асоси қарори суд ба идораи ваколатии шахсе супурда мешавад, ки аз чониби мақоми васояту парастори муайян гардида, дар асоси шартномаи бо ин мақом басташуда дар бораи идораи ваколати амал мекунад.

Идоракунандаи молу мулки шахси бедарак ғоиб эътирофгардида ичрои вазифаҳои шаҳрвандро ба зимма гирифта, аз ҳисоби молу мулки шахси ғоиб қарзи уро месупорад, ин молу мулкро ба манфи ати чунин шахс идора мекунад. Бо дархости шахси манфиатдор ба шаҳрвандоне, ки шахси бедарак мебоист онҳоро таъмин мекард, таъминот пули дода мешавад.

2. Мақоми васояту парастори то сипари шудани як соли пас аз расидани маълумот дар хусуси чои исти шаҳрванди бедарак низ метавонад барои ҳифзи молу мулки у идоракунандаро таъин намояд.

3. Оқибати бедарак ғоиб эътироф намудани шахсро, ки дар ҳамин модда пешбини нашудааст, қонун муайян менамояд.

Вафот (фавтида )эълон кардани шаҳрванд (м 46 КГ ЧТ).

Агар дар давоми 3 сол бедарак эътироф шуда маълум нагардад, уро вафот ёфта эълон кардан

мумкин аст.

Фавтида эълон намудани шаҳрванд

1. Агар дар маҳалли зисти шаҳрванд дар давоми се сол аз чои исташ маълумоте набошад ва агар у дар вазъияте бедарак ғоиб шуда бошад, ки хатари марг ба ҳаёташ таҳдид мекард ё ба гумони аз фалокат вафот кардани у асос медиҳад, дар давоми шаш моҳ суд метавонад чунин шаҳрвандро фавтида эълон намояд.

2. Суд хизматчии ҳарби ё шаҳрванди дигари бо сабаби амалиёти чанги бедарак ғоибшударо танҳо баъди як соли пас аз анчоми амалиёти чанг фавтида эълон карда метавонад.

3. Рузи вафоти шаҳрванде, ки фавтида эълон шудааст, рeзи эътибори қонуни пайдо кардани қарори суд дар бораи фавтида эълон намудани e дониста мешавад. Дар сурати фавтида эълон гардидани шаҳрванди дар вазъияте бедарак ғоибшуда, ки ба ҳаёти e таҳдид мекард ё барои гумони дар натичаи фалокат вафот кардани e асос медиҳад, суд метавонад рузи тахминии вафоти уро рузи вафоти ин шаҳрванд эътироф намояд.

4. Фавтида эълон намудани шаҳрванд нисбати ҳуқуқу уҳдадориҳои чунин шаҳрванд боиси оқибат ҳое мегардад, ки вафоти у сабаб шуда метавонист.

Оқибати ҳозир шудани шаҳрванде, ки фавтида эълон шудааст:

1. Дар сурати ҳозир шудан ё ошкор гардидани маҳалли буду боши шаҳрванде, ки фавтида эълон шуда буд, суд қарори дахлдорро бекор мекунад.

2. Шаҳрванд, ба истиснои ҳолатҳои пешбининамудаи қисми 3 моддаи 323 ҳамин Кодекс, сарфи назар аз вақти ҳозир шуданаш метавонад аз ҳар шахс баргардонидани молу мулки маҳфузмондаеро талаб намояд, ки пас аз фавтида эълон гардидани шаҳрванд бемузд ба ихтиёри ин шахс гузашта аст.Ашхосе, ки молу мулки шаҳрванди фавтида эълоншуда дар натичаи аҳдҳои бомузд ба ихтиёрашон гузаштааст, агар исбот гардад, ки ҳангоми харидани молу мулк онҳо зинда будани шаҳрванди фавтида эълоншударо медонистанд, вазифадоранд ин молу мулкро ба у баргардонанд. Дар сурати баргардонида натавонистани худи молу мулк арзиши он чуброн карда мешавад. Агар молу мулки шаҳрванди фавтида эълоншуда аз руи ҳуқуқи мерос ба ихтиёри давлат гузашта, бо рио яи шартҳои дар ҳамин модда пешбинигардида фурухта шуда бошад, пас аз бекор кардани қарори фавтида эълон намудани шаҳрванд ба у маблағи аз фуруши молу мулк бадастомада баргардонида мешавад.

3. Соҳиби бовичдон ҳуқуқ дорад беҳбудиҳои вориднамудаашро, ба шарте ки онҳоро бе зиён xудо кардан мумкин бошад, дар ихтиёри худ монад. Агар чунин xудо кардани беҳбудиҳо имконнопазир бошад, соҳиби бовичдон ҳуқуқ дорад чуброни маблағи барои беҳбуди нарxкардаашро, вале на зиёдтар аз андозаи арзиши молу мулк, талаб намояд.



§55.Мафҳум,аломат ва намудҳои шахси ҳуқуқї
Шахси ҳуқуқи-ташкилотхое. ки молу мулки алоҳида дошта аз руи уҳдадориҳои худ маълумот

доранд ҳуқуқу уҳдадориҳои молу мулки ва шахси молу мулки ба даст оварда дар суд ва судҳои

ҳаками даъвогар ва чавобгар бошанд, шахси ҳуқуқи номида мешавад. (моддаи 48 КГ ЧТ).

Аломатҳои шахси ҳуқуқи:

1.Мутаҳидии ягона. 2.Молу мулки алоҳида доштан. 3.Чавобгарии мустакилона. 4.Дар муомилоти граждани аз номи худ баромад кардан мебошад.



Намудҳои шахси ҳуқуқи:

1.Тичорати (Онҳо дар шакли ширкат ва чамъиятҳои ҳочаги,кооперативҳои истеҳсоли,корхонаҳои воҳиди давлати ва махсус ташкил карда мешавад).

2.Ғайритичорати (Онҳо дар шакли ширкат ва чамъиятҳои ҳочаги,кооперативҳои истеҳсоли,

корхонаҳои воҳиди давлати ва махсус ташкил карда мешавад).



Қобилияти ҳуқуқдории шахси ҳуқуқи

Шахсони ҳуқуқи дорои қобилияти ҳуқуқдори ва амалкуни мебошанд.Қобилияти ҳуқуқдори ва амал куни шахси ҳуқуқи дар як вақт ба вучуд омада ва дар як вақт қатъ мегардад.Қобилияти ҳуқуқдории шахси ҳуқуқи аз мавриди ба қайд гирифтани оиннома ё шартномаи таъсиси у ба вучуд меояд.



Намудҳои қобилияти ҳуқуқдории шахси ҳуқуқи:

1.Умуми

2.Махсус

1)Қобилияти ҳуқуқдории умуми характери истиснои дошта,танҳо ба ташкилотҳои тичоратии ғайри давлати татбиқ мегардад.

2)Қобилияти ҳуқуқдории махсус ба ташкилотҳои тичоратии давлати ва ташкилотҳои ғайритичора ти дахл дорад.


§56.Мафҳум,намуд ва шаклҳои аҳд
Аҳд-амали шахрвандон ва ташкилотҳое,ки боиси муқарар кардан тайгир ёфтан ва ё қатъ

гардидани ҳуқуқу уҳдадориҳои граждани мегардад.(моддаи 178 КГ ЧТ).

Намудҳои аҳд(моддаи 179 КГ ЧТ).

1)Вобаста ба иштирокчиёнашон-яктарафа,дутарафа ва бисёртарафа

2)Вобаста ба гирифтан ё нагирифтани фоида-музднок ва бемузд

3)Вобаста ба лаҳзаи бастанашон-реали ва консенсиали

4)Вобаста ба эътиборашон-асоснок ва норавшан

Шартҳои баэътибори аҳдхо: 1.Қобилияти ҳуқуқдори ва амалкунии граждани доштани субъектҳои аҳд

2.Қонуни будани мазмуни аҳд аҳдҳое,ки хилофи қонун аст эътибор надорад

3.Иродаи тарафҳо се тарзи намудани он озодона бе дахолат мувофики хоҳиши аслии онҳо чараён гиранд

4.Аҳдҳо дар шакле,ки қонун пешбини кардааст ифода карда мешавад



Шартҳои беэътибории аҳд:

Қонун ду намуди беэтибории аҳдҳоро муайян кардааст.

1.Аҳдҳои тамоман беэтибор

2.Аҳдҳои баҳснок



Аҳдҳои беэтибор.

1.Аҳдҳое, ки дар натичаи гумроҳи баста шудаанд

2.Аҳдҳое,ки бо фиреб,зуровари, таҳдид,созиши барқастдонаи яке аз тарфҳо бо тарафи дигар ё шаро ити вазнин баста шудаанд

Шаклҳои бастани аҳд:

1) Хатти

2) Даҳони(шифоҳи)

§57.Шартнома ва намудҳои он
Шартнома-созиши ду ва зиёда шахсон,ки боиси ба вучуд омадан,тайғир додан ё қатъ намудани

озодиҳои граждани равона карда шудаанд.(м 464 КГ ЧТ).

Намудҳои асосии шартнома:

Яктарафа ва дутарафа

Музднок ва бемузд

Пешаки


Оммави

Ҳамроҳшави ва ба фоидаи шахси сеюм



Намудҳои шартнома:

-хариду фуруш

-боркашони.

-маҳсулотсупори

-дар сохтмон -ичора, қарз ва гайра

Давраҳои бастани шартнома:

1)Пешниҳод(аферта)

2)Муҳокима

3)Қабули он(аксеп)

4)Қабул аз тарафи дигари қабулкунанда

Тағйир ё қатъи шартнома

Тағйир додан ва қатъ кардани шартнома танҳо бо ризоияти тарафҳо ба амал бароварда мешавад.

Дар ҳолатҳои аз ичрои шартнома,қисман ё пурра даст кашидани як тараф агар ин гуна дасткаши бо қо нун ё шартнома ичозат дода шуда бошад,шартнома тағйирёфта ё қатъшуда эътироф карда

мешавад.Дар чунин ҳолат қарори суд талаб карда намешавад.Дар ҳолатҳое,ки дар шартнома ё қонун имконияти тағйир додан ва қатъ намудани шартнома пешбини нашуда бошад,шартнома метавонад бо талаби яке аз тарафҳо бо қарори суд ва танҳо дар ҳолатҳои зерин тағйир дода ё қатъ карда шавад:



1)ҳангоми шартномаро ба таври назаррас вайрон кардани тарафи дигар;

2)ҳангоми ба таври назаррас тағйир ёфтани ҳолат;

3)дар дигар ҳолатҳое,ки дар кодекси граждани,қонунҳои дигар ё шартнома пешбини шудаанд.

§58.Ваколатнома
Ваколатнома аз чониби як шахс ба шахси дигар додани ваколати хатти барои намояндаги дар назди шахси сеюм дониста мешавад.(моддаи 210 КГ ЧТ).

Ваколатдиҳанда метавонад ваколатномаро барои аҳд бастани намоянда бевосита ба шахси сеюми дахлдор диҳад.Ваколатнома барои бастани аҳде, ки шакли нотариалиро талаб мекунад, ба истис нои ҳолатҳои пешбининамудаи қонун, бояд аз чониби нотариус тасдиқ карда шавад.



Шаклҳои ваколатнома:

1)хаттии одди

2)нотариали

Намудҳои ваколатнома:

1)умуми


2)махсус

3)якдафъаги



Муҳлати ваколатнома:

1)бо нишондоди муҳлат

2)бе нишондоди муҳлат

3)муҳлати умуми на бештар аз 3 сол мешавад.

4)муҳлати 1-сола пас аз санаи дода шуданаш.

Ба ваколатномаҳои тасдиқкардаи нотариус ваколатномаҳои зайл баробар карда мешаванд:

а) ваколатномаи хизматчиёни ҳарби ва шахси дигари дар госпиталҳо, санаторияҳо ва муассисаҳои дигари ҳарбии табобати муоличашаванда, ки аз чониби сардори чунин муассиса, муовини у оид ба қисми тибби, сардухтур ё духтури навбатдор тасдиқ шудааст;

б) ваколатномаи хизматчиёни ҳарби ва дар маҳалҳои чойгиршавии қисмҳо, чузъу томҳо, муасси саҳои ҳарби ва таълимгҳҳои ҳарби, ки идораҳои нотариали ва мақомоти дигари анчомдиҳандаи амалҳои нотариали надоранд, инчунин ваколатномаи коргарону хизматчиён, аъзои оилаҳои онҳо ва аъзои оилаҳои хизматчиёни ҳарби, ки аз чониби командири (сардори)-и ин қисм, чузъу том, муассиса ё таълимгоҳ тасдиқ шудаанд;

в) ваколатномаи шахси дар чойҳои аз озоди маҳрумшудагон қарордошта, ки аз чониби сардори маҳбасхонаи дахлдор тасдиқ кардааст;

г) ваколатномаи шаҳрвандони болиғи қобили амали дар муассисаҳои ҳифзи ичтимоии аҳоли қарордоштае, ки аз чониби маъмурияти ин муассиса ё роҳбари (муовини у) мақоми дахлдори ҳифзи ичтимоии аҳоли тасдиқ гардидааст.


ТАВСИФИ УМУМИИ СОЊАЊОИ ҲУҚУҚИ ГРАЖДАНї

§59.Ҳуқуқи моликият
Ҳуқуқи моликият-институти ҳуқуқ граждани буда аз мачмуи меъёрҳои ҳуқуқие иборат аст,ки

муносибатхои чамъиятиро вобаста ба доштан,истифода бурдан ва ихтиёрдори намудани моликият батанзим медарорад.

Ваколатҳои соҳибмулк:Доштан,истифода бурдан ва ихтиёрдори намудани молу мулк.

Моликият-амвол ё воситаҳои молиявие мебошанд,ки ба шахси олоҳида,давлат ва ташкилотҳо таалуқ дорад.

Намудњои моликият дар Љумњурии Тољикистон:

- моликияти давлатї

- моликияти коллективї

- моликияти шахсї (хусусї)



Моликияти умуми-амволе,ки таҳти моликичти ду ва ё якчанд шахс қарор дорад.

Моликияти давлати-моликияти давлати гуфта моликияти ЧТ,моликияти ВМКБ,воҳидҳои марзиву маъмури дар назар дошта мешавад:замин,захираҳои зеризамини,обҳои дохили,фазои ҳавои,олами набототу ҳайвонот амблағҳои бучети чумҳури.

Субъектҳои ҳуқуқи моликият:

1.Давлат.

2.Шаҳрвандон.

3.Ташкилотҳои тичорати ва ғайритичорати.

4.Ташкилотҳои чамъияти иттиҳодияҳои дини ва иттиҳодияҳо.

5.Давлатҳои хоричи ва ташкилотҳои байналмилали.

6.Шахсони хоричи ва шаҳрвандони хоричи.

Шаклҳои моликият

Дар ҳуқуқи граждани молу мулкро(вобаста аз руи хусусияташон) ба 2 намуд чудо мекунанд.



1)Молҳои мақул

2)Молҳои ғайриманқул

Молҳои манқул-гуфта молҳоеро меноманд,ки онҳо ҳар руз дар муомилоти граждани қарор доранд.

(мисол:пул,чизу чора,асъори хоричи,қоғазҳои қимматнок ва ғ)

Молҳои ғайриманқул-гуфта молҳоеро меноманд,ки онҳо бо замин алоқамандии зич дошта,аз як чо ба чои дигар интиқол додани онҳо ғайримкон аст.(мисол:хона,бино,иншоот,дарахтҳои бисёрсола ва ғ)

Молҳо боз ба ду намуди дигар чудо мешавад:1)Молҳои тақсимшаванда 2)Молҳои тақсимнаша ванда.



Ҳифзи ҳуқуқи моликият

Мафҳуми даъво(322 КГ ЧТ)

Даъво-воситаи ҳуқуқии ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои шахсони воқеи ва ҳуқуқи мебошад,ки ҳангоми вайрон кардан ё мавриди баҳс будани он(ҳуқуқу манфиатҳо)истифода карда мешавад.

Намудҳои даъво:

1)Умуми(Байни ташкилотҳо муҳлати умуми 3 сол муқарар карад шудааст)

2)махсус



Достарыңызбен бөлісу:
1   2   3   4   5   6   7   8   9   10   11




©dereksiz.org 2024
әкімшілігінің қараңыз

    Басты бет