Иттилоот ва технологияи муосир
Абуллозода М., ДОМУЛЛОҶОНОВ А.
Мақсади ворид шудани мо ба ҷараёни илму техникаи ҷаҳонӣ ин шинос намудани наслинаврас бо дастовардҳои навтарини илм,
технологияи пешқадами иттилоотӣ ва дар
инзамина омода сохтани мутахассисони баландпоя мебошад.
Эмомалӣ Раҳмон
Дар арафаи гузариши Ҷумҳурии Тоҷикистон ба системаи устувори рушди технологияҳои муосир омӯзиши чуқури фанни амнияти иттилоот аҳамияти махсусро пайдо мекунад. Бо баробари ин, дар ин шароит мукаммалгардонии механизми ҳамкориҳои байнидавлатӣ бо мутобиқсозии тамоми равияҳои ҳаёти иқтисодӣ, сиёсӣ ва иҷтимоӣ комилан рушди ҷараёни умумиҷаҳониро талаб менамояд, ки донишҷӯён бояд ба пуррагӣ технологияҳои муосирро аз худ намоянд.
Дар хоҷагии ҷаҳонии муосир тағйиротҳои куллӣ ба вуҷуд омада истодааст. Ин нуқтаи назар водор месозад, ки донишҷӯён низ дониши мукаммал нисбати технологияҳои муосир, барномаҳои мухталиф пайдо намуда, дар соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқ ҳиссаи худро гузоранд. Бо ҳамин мақсад аз тарафи муаллиф комплекси таълимӣ–методии мазкур тартиб дода шуд, ки ин барои истифодаи донишҷӯён пешкаш мегардад.
Ҳоло дар инкишофёбии хоҷаги халқ таъсири прогресси илмию техникӣ бисёр баланд мебошад, ки аллакай ҳар як фарди маълумотнок ҳаёти худро бе технологияҳои муосир тасаввур карда наметавонад, аз ин лиҳоз, донишҷўён бояд ба ғайр аз донистани технологияи муосир, боз ҳифз намудани иттилоти дар он бударо донанд. Дар ҷараёни навиштани комплекси таълимӣ–методӣ аз як қатор адабиётҳои ватанӣ ва хориҷӣ аз ҷумла, аз китобҳои дарсии муаллифон: В.Б.Комягин, С.В.Симонович ва ғайра истифода бурдем.
Рушди раванди иттилоотии ҷомеа ва тадбиқи пурра ва комили компютер дар тамоми самтҳои фаъолияти инсон проблемаи амнияти иттилоотиро боз ҳам ба дараҷаи болотар бардоштааст. Акнун ҳалли ин проблемаро дар баҳисобгирии маҷмўи шароитҳои нави гардиши иттилоот, эҷод ва истифодаи захираҳои иттилоотӣ, ки онҳо дар якҷоягӣ муҳити иттилоотӣ ном гирифтаанд, ҷустан лозим аст.
Бо эҳтимоми Сарвари давлатамон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин самт якчанд Қонунҳо ва санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ ба тасвиб расидаанд. Аз ҷумла, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи иттилоот» таҳти №334, аз 12-уми ноябри соли 2002, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи криптография» таҳти №832, аз 3-юми июли соли 2012, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикситон «Дар бораи ҳуқуқи дастрасӣ ба иттилоот» таҳти № 411, аз 18-уми июни соли 2008 ва ғайра. Қайд карда мешавад, ки Қонунҳои мазкур аз ҷиҳати назариявӣ доир ба самти ҳифзи иттилоот саҳми хешро мегузорад.
Маҷмўи омилҳоеро, ки барои фаъолияти муътадили муҳити иттилоотӣ хавфноканд,
таҳдиди иттилоотӣ мегўянд. Натиҷаҳои мушаххаси таъсири ин таҳдидҳо – гумшавии иттилоот, тағйирёбии миқдор ва мазмуни иттилоот, дастрасшавии иттилоот ба шахсони бегона ва ғайра шуда метавонанд. Таъсири ғайриқонунӣ ва зиддиҳуқуқӣ ба муҳити иттилоотӣ метавонад ба манфиатҳои шахси алоҳида ва ҷамъият зарари чиддӣ оварад. Аз ин рў, амнияти муҳити иттилоотонӣ ва тоза нигоҳ доштани он аз таҳдидҳои иттилоотӣ яке аз вазифаҳои аввалиндарачаи иттилоотонии ҷомеа ба шумор меравад. Манбаи таҳдиди иттилоотии шахс ва ҷомеаро ба омилҳои
берунӣ ва дохилӣ ҷудо мекунанд. Манбаъҳои асосии таҳдидҳои берунӣ чунинанд:
Сиёсати мамлакатҳое, ки дастрасии комёбиҳои ҷаҳониро дар соҳаи технологияҳои иттилоотӣ халалдор месозанд.
«Ҷанги иттилоотӣ», ки фаъолияти муҳити иттилоотониро дар мамлакат номуътадил мегардонад.
Фаъолияти ҷиноятӣ, ки бар зидди манфиатҳои миллӣ равона гардидааст.
Манбаъҳои асосии таҳдидҳои дохилӣ тариқи зайл аст:
Аз сатҳи информатизатсияи мамлакатҳои мутараққӣ қафо мондан.
Қафомонии технологӣ дар саноати электронии истеҳсоли техникаи информатсионӣ ва коммуникатсионӣ.
Пастравии сатҳи маърифатии шаҳрвандон, ки монеаи рушди муҳити информатсионӣ гардидааст.
Обектҳо ва субектҳои ҳифзи иттилоот -
иттилооти ҳуҷҷатгардидае мебошад, ки нисбати он қоидаҳои муайян ва истифодаи маҳдуди он бо қонунгузории ҶТ аз тарафи доранда ё молики чунин иттилоот муқаррар карда мешавад.
Субектҳои ҳифзи иттилоот - субектҳои муносибати ҳуқуқӣ дар соҳаи ҳифзи иттилоот - давлат дар шакли мақомоти давлатӣ шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ шуда метавонанд:
Қонуни ҶТ дар бораи иттилоот (санаи қабул гардиданаш 10.05.2002) аз 5 боб ва 44 модда иборат аст.
Қонуни ҶТ дар бораи ҳифзи иттилоот (санаи қабул гардиданаш12.11.2002), 5 боб ва 19 модда иборат аст.
Системаи иттилоотӣ – ин маҷмўи ба намуди ташкилот овардашудаи захираҳои иттилоотӣ, воситаҳои техникӣ-технологӣ ва ҳайати кормандон буда, равандҳои иттилоотиро дар реҷаи анъанавӣ ё автоматикӣ барои қонеъ гардонидани талаботҳои иттилоотии истифодабарандаҳо таъмин менамояд. Барои таъмини бехатарии иттилоотӣ ва ҳифзи иттилоот ҳар як шахс бояд масъулият ҳис намояд.
Аз рўи нуқтаи назари таъминоти бехатарии иттилоотӣ системаҳои иттилоотиро ҳамчун 3 қисмҳои ба ҳам алоқаманд дида баромадан мувофиқи мақсад мебошад.
Системаҳои иттилоотӣ:
Иттилоот
Воситаҳои техникӣ ва барномавӣ
Истифодабарандагон ва ҳайати хизматрасонӣ
таҳдид ба вайроншавии махфӣ будани иттилоот – ин намуди таҳдид дар вақтҳои иҷозат ба дастрасӣ ва гузаронидани иттилооти махфӣ аз як система ба системаи дигар пайдо мешавад.
таҳдид ба вайроншавии яклухти иттилоот
– ин таҳдид ҳангоми дохил намудани тағйиротҳо ба иттилоот ва гузаронидани он аз як система ба системаи дигар пайдо мешавад.
таҳдид ба вайроншавии дастрасии иттилоот – ин таҳдид ҳангоми амалиётҳои қасдан аз тарафи ҷинояткор бастани роҳи паҳншавии иттилоот ба вуҷуд меояд.
муроҷиати бевосита ба обектҳои дастрасии иттилоот;
Ташкили бехатарии системаҳои ихтиёрии иттилоотӣ аз таҳлили таҳдидҳо оғоз мегардад. Таҳдид гуфта, ҳодисаи амалан ошкоркориро меноманд, ки ба монанди ягон шахс зарар мерасонад.
Асосан 3 намуди таҳдид ба бехатарии иттилоот мавҷуд аст:
Ин се намуди таҳдидҳо ва амалӣ гардидани онҳо бевосита ба иттилооти ҳифзшаванда таъсир мерасонад.
Классификатсияи таҳдидҳо ба бехатарии иттилоотӣ
Аз ҷиҳати дараҷаи қасдан будан таҳдидҳо тасодуфӣ ва ғаразнок шуда метавонанд.
Ба таҳдидҳои тасодуфӣ дохил мешаванд:
норасогии барнома ва таҷҳизотҳои истифодашаванда
нофаҳмида хомўш кардани воситаҳои ҳифзи иттилоотӣ
ғайри қасдан аз кор баровардани қисми барнома ё таҷҳизотҳои системаҳои иттилоотӣ ё нодуруст тағйир додани файлҳои дорои иттилоот
беҳуқуқ пайваст кардани тачҳизот ё тағйир додани реҷаи кории онҳо
ғайри қасдан корношоям гардонидани барандагони маълумотҳо
ирсоли маълумотҳо ба суроғаи нодуруст
дохил кардани иттилооти нодуруст
ғайри қасдан корношоям кардани каналҳои алоқа
Аз рўи таҳлили таҳдидҳо маълум мешавад, ки сабаби асосии пайдо шудани онҳо ин иҷро накардани талаботҳо ба шумор меравад
Таҳдидҳои ғаразнок аз бандҳои зерин иборат аст:
- дуздии маълумот, аз масофаи дур мушоҳида ва гўш кардан, ҷамъовардан ва таҳлили партовҳои барандаи маълумотҳо, оташзанӣ, тарконидан;
- таҳдидҳои қасдан - ин истифодаи мавҷҳои электромагнитии ба муҳити атроф вобаста, ки аз таҷҳизотҳои системаҳои иттилоотӣ баромадаанд;
- воридшавии беиҷозат ба шабакаҳои иттилоот, ҳангоми мавҷуд набудан ё дар мавриди аз кор баромадани системаҳои ҳифзи он, қаллобӣ ва сохтакорӣ;
- дигаргунсозии сохти таркибии беваколат бо тағйиротҳои барномавӣ ва техникӣ;
- барномаҳои сирояткунандаи иттилоот – вирусҳо.
Аз рўи манбаъҳои худ таҳдидҳо бевосита аз табиат ё аз тарафи инсон содир шуда метавонанд. Тавассути воридкунии ҷосусҳо ба сохтори ҳифзи иттилоот инсон ба манбаи таҳдид табдил мегардад, ки аз ҳисоби нусхабардориҳои маълумотҳо махфӣ зарар расонида метавонанд. Аз рўи мавқеи ҷойгиршавии худ таҳдидҳо беруна ва дохилӣ шуда метавонанд. Вобаста ба дарачаи фаъолнокии системаи иттилоот таҳдидҳо аз фаъолияташон вобаста ё новобаста шуда метавонанд. Таҳдидҳои новобаста – кушодани рамзҳои криптографӣ ва дуздии барномаҳои иттилоотӣ ба монанди дискҳои микросхемавӣ ва ғ.
Вобаста аз таъсир ба системаи иттилоотӣ таҳдидҳо фаъол ва ғайрифаъол мешаванд.
Усулҳои асосии амалигардонии таҳдидҳо ва бехатарии иттилоот
Таҳдидҳо ба иттилооти махфӣ асосан дар самтҳои зерин амалӣ карда мешаванд:
- дигаргунсозии воситаҳои ҳифз, ки амалӣ гардидани таҳдидҳоро ба бехатарии иттилоот ба вуҷуд меоранд.
Ба усулҳои асосии амалигардонии таҳдидҳо ва бехатарии иттилоотӣ дохил мешаванд:
- аз тарафи ҷинояткор муайян карда нашудани хосиятҳои иттилоот ва тавсифҳои он
- аз тарафи чинояткор ба даст овардани маълумот доир ба муҳити техникӣ – барномавӣ, намуд ва тавсифҳои воситаҳои техникӣ, ҳисоббарор, системаи оператсионӣ ва таркиби барномаҳои амалӣ
Адабиёт:
Ф.С.Комилов, Д.С.Шарапов. Информатикаи татбиқӣ. – Душанбе,
2009.-364с.
Дж. Л. Месси. Введение в современную криптологию. // ТИИЭР, т.76, №5, Май 88 – М, Мир, 1988, с.24-42.
У. Диффи. Первые десять лет криптографии с открытым ключом. // ТИИЭР, т.76, №5, Май 88 – М, Мир, 1988, -
с.54-74.
А. В. Спесивцев и др. Защита информации в персональных компьютерах. – М., Радио и связь, 1992, - с.140-149.
В. Жельников. Криптография от папируса до компьютера. – М., ABF, 1996.
Ульман Д. Введение в системы базы данных. – Москва: Лори, 2000. - 374с.
Дейт К. «Введение в системы базы данных» Киев, диалетика 1998г. -784с.
А.И.Абрамов, П.Г.Зима. Программирование на языке Бейсик. М., Наука, 1991.
А.Н.Гуда, М.А.Бутакова. Алгоритмизация и программирование: учебное пособие. РГУПС, 2003.
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иттилоот» Душанбе, 10.05.2002.
Достарыңызбен бөлісу: |