Мавзўъ: Таќозо ва тањлили графикии он



Дата27.06.2016
өлшемі0.53 Mb.
#160996

Мавзўъ: Таќозо ва тањлили графикии он



НАЌША

Сарсухан

1. Мафњум ва моњияти таќозо дар тадќиќотњои маркетингї

2. Тањлили графики таќозо

3. Тањлили чандирии таќозо

Хулоса

Рўйхати адабиётњо

Сарсухан

Агар ба шакли хољагидории пештара(иќтисоди маъмурї) ва ба иќтисоде, ки (иќтисоди бозорї) љойи вайро иваз намудааст аз нуќтаи назари савдо назар андозем, фарќияти калонро мушоњида намудан мумкин аст. Дар иќтисоди пештара доимо камчинии мол мушоњида мегардид. Дар иќтисоди бозорї бошад бозрхо фаровон ва аз мол пур мебошанд. Шароити гузашта истењсолкунандаро барои фикр кардан оиди он, ки ба кї, кай ва дар куљо молро пешнињод намуд водор намесохт. Њоло бошад дар назди истењсолкунандагон иљроиши як ќатор вазифањое меистиад, ки бе њалли он фурўши мол ѓайриимкон мебошад. Вазифаи асосии фурўшандагон ин барпо намудани алоќа бо харидорон ба шумор меравад.

Яке аз вазифаи муњимтарине, ки соњибкорон бояд барои њалли он кушиш намоянд, ин муайян намудани омилњои вадоркунандае мебошад, ки њангоми интихоби мол харидоронро барои харид водор месозанд. Дар навбати аввал ин якчизи бофта ва нодаркор ба назар мерасад. Масалан гирем либосро. Барои чи одамон онро мехаранд? Маълум барои чї. Барои он, ки барањна нагарданд. Лекин агар ањамият дињем дар давоми рўз мо ду шахси як хел либоспушидаро (ба ѓайр аз он, ки вай корманди милитсия бошад) дучор намеоем. Ин боиси дар ин бора фикр кардани мо мегардад. Барои чї баъзе аз мардон галстукњои ранги балндоштаро интихоб мекунанд, баъзеи дигар оддиашро, баъзеи дигарашон тамоман ин чизро истифода намебаранд? Ин метавонад роњбари маѓоза, фурўшандаи галстук, инчунин молшиносон ва дигар кормандони соњаро ба фикр кардан водор созад. Бисёре аз комерсантхо наѓз медонанд, ки харидор пеш аз он, ки чизеро харидорї намоянд, кушиш менамоянд оиди таркиби мол маълумоти зиёд љамъ орад. Ва ин мумкин, њама он маълумотест, ки фурўшанда нисбати рафтори харидорон њангоми хариди мол дар ихтиёр дорад. Дигар хама он фикрњое, ки дар майнаи харидор оиди интихоб, харид ё рад кардани мол мављуд аст барои фурўшанда норавшан аст. Вобаста ба ин мо њангоми омўзиши тамсилаи рафтори истеъмолкунандагон огоњї пайдо намуда будем. Дар ин тамсила интихоби харидор ба ќутии сиёње шабохат дода мешуд, ки фурўшанда ба он мустакиман таъсир расонида наметавонист. Пас агар мо натавонем мустаќиман таъсир расонем, оё мо метавонем ѓайримустаќим ба он тањсир расонем? Барои љавоб гирифтан ба ин савол бояд муњити психологии рафтори истеъмолкунандаро њаматарафа омухт, вале ин корро бояд оромона анљом дод, то аз ин харидор безобита нагардад ва маќсад бояд боодилона бошад, ин дар маънои он, ки мо набояд ба харидор хариди чизњои нолозимро тавсия дихем ва ўро ба харидорї маљбур намоем, балки ба ў кумак намоем.

1. Мафњум ва моњияти таќозо дар тадќиќотњои маркетингї

Тадќиќоти таќозо яке аз самтњои муњимтарини тадќиќоти маркетингї ба шумор меравад. Дар шароити бозор гуфтан мумкин аст, ки пешрафти њама самтњои фаъолияти фирма аз шумораи мизољоне, ки ба моли ширкат таќозо доранд вобаста мебошад. Аз оне, ки фирма мехоњад моли худро ба бозор пешнињод намояд, аввалан бояд муайян намояд, ки дар ин бозор харидорони худро пайдо мекунад ё не. Масъалаи дигар сари он меистад, ки фирма барои худ сегменти муайянро пайдо намуда таќозои харидоронро доимо дар њолати чандирї нигоњ дорад. Бинобар ин фирмањоро, махсусан шуъбањои маркетингиии онњоро лозим аст тадќиќотро дар бозор аз ин самт оѓоз намоянд. Пеш аз он, ки тадќиќотро дар ин самт оѓоз намоем, муњим аст чи будани мафњуми таќозоро маънидод намоем. Дар маънидоди умумї таќозо ин талаботи шахс ба ягон мол ё хизмат дар назар дошта мешавад. Аммо ин њоло маънидоди пурраи таќозо ба њисоб намеравад, чунки то замони пурра ќонеъшуда арзёбї гардидани он, вай даврањои гуногун (эњтиёљ, дархост, майл, хоњиш) – ро аз сар мегузаронад. Омили муњимтарини дигар ин имконият, яъне ќобилияти бо пул таъмин будани таќозоро дорад. Гуфтањои болоро љамъбаст намуда таќозоро чунин тавсиф додан мумкин аст.

Миќдори молу хизматњоеро, ки истеъмолкунандагон мехоњанд ва ќодиранд бо нархњои гуногуни бозорї харидорї намоянд таќозо номида мешавад. Агар мо њолати ягон намуди молро дар дилхоњ бозор мушоњида намоем, онгоњ дидан мумкин аст, ки байни нархи мол ва шумораи молњои бафурушрафта алоќи муайян вуљуд дорад. То чи андозае, ки нархи мол пасттар бошад харидорон метавонанд, миќдори зиёдтари молњоро харидори намоянд ва таќозо ба ин намуди мол бештар мегардад. Барои мисол дар њолати 60 доллар будани нарх харидорон ќодиранд як воњиди моли Х-ро харидори намоянд, дар њолати 30 доллар будани нарх -се воњидро, нарх 20доллар будан – чор воњид ва ѓайрањо вобастагии чаппаи байни нарх ва бузургии таќозоро ќонуни таќозо меноманд (law of demand). Ин вобастагии байни шумораи молњои ба фуруш рафта ва меъёри нархњоро мо метавонем ба таври графики нишон дињем. Таќозо унсури навбатиест, ки дар механизми бозорї амал карда ба вазъияти бозор таъсири бевосита мерасонад. Таќозо ин инъикоси талаботи одамон ба ин ё он мол, хизмат мебошад. Истеъмолкунандагонро умуман мол зарур набуда, балки моли дорои нархи ќобили ќабул зарур аст. Бинобар ин таќозо ин на танњо хоњиш, балки имконпазирии хариди мол, хоњиши бо пул таъминбудаи истеъмолкунанда мебошад.

Миќдори молу хизматњоеро, ки истеъмолкунандагон мехоњанд ва метавонанд бо нархи ќобили ќабул дар ваќти муайян харидори намоянд таќозо меноманд. Дар љамъияте, ки иќтисоди бозории пешрафта дорад, њиссаи асосии талабот тариќи таќозо ќонеъ гардонида мешаванд.

Ба бузургии таќозо, таркиб ва динамикаи он, омилњои гуногуни иќтисоди, ичтимої ва технологї таъсир мерасонанд. Лекин сарфи назар аз ин омилњо барои харидор муњим аст, ки мол харидашаванда барояш чи ќадар меафтад ва оё даромадаш имкон медињад, ки ин мол бо чунин њаљми даромад харида шавад. Аз ин андеша бармеояд, ки таќозо ба моли мушаххас аз нархи он ва њаљми даромади барои истеъмол људокардаи харидор вобаста аст.

Миќдори молњое, ки харидорон мехаранд, њамеша аз нархи онњо вобаста аст. Пас таќозо ин муносибати мутаќобилаи байни нарх ва миќдори моли харидоршаванда мебошад. Чи ќадаре ки нарх баланд бошад, њамон ќадар онро истеъмолгарон кам мехаранд ва баръакс, паст будани нарх хариди зиёди онро аз тарафи истеъмолгарон њавасманд месозад.


2. Тањлили графики таќозо

Каљхатаи таќозо (demand curve)- каљхата нишон медињад, ки чи миќдор молњоро бо бо нархњои гуногун дар мудати њамин ваќт истеъмолкунандагон ќодиранд харидори намоянд. Дар назарияи иќтисоди ќабул шудааст, ки новобастагии нархро дар хати амуди ва вобастагии таќозоро дар хати уфуќи тасвир намоянд ( инг.ба расми3-2).

Дар каљхатаи зерин њолати нархњо ва њаљми мањсулоти харидашудаи Х-ро дар мудати ваќти муайян нишон медињем. Ин нишон медињад, ки дар њолати паст будани нархњо харидорон ќодиранд мањсулоти бештарро харидорї намоянд. дар намуди умумї:

QD =f (P),

QD—бузургии таќозо (demand);

Р —нарх (price).

Ба ѓайр аз нарх боз дигар омилњое њастанд, киба бузургии таќозо таъсир мерасонанд.



Расм. 3—2. вобастагии бузургии таќозо аз нарх.
Функсияи таќозо. Функсияи таќозо (demand function) — муайянкунии таќозоро аз вобастагии дигар омилњо. Муњимтарини аз онњо дар айни њол нарх ба њар як воњиди мањсулот ба шумор меравад. Ивазшавии нарх ифодаи њаракати каљхатаи таќозо мебошад (ниг. ба расми3-3)

Чи тавре ќайд кардем ба таќозо ба ѓайр аз нарх боз дигар омилњо низ таъсир мерасонанд: афзоиш ё камшавии даромади истеъмолгарон, завќи истеъмолї, интизории камчинии мол, љунбиши даромадњо барои реклом, афзоиш ё камшавии шумораи харидорон, манфиатнокии мол ва ѓайрањо..

Таќозо функсияи њамаи ин омилњо ба шумор меравад:

Q D= f (Р, I, Z, W, Psub, Pcom, N, В), (3.1)

Q D — таќозо

Р — нарх;

I — даромад;

Z — табъу завќ;

W — интизории харидори (waiting);

Psub — нарх ба мол ва субсидияњо;

Pcom— нарх ба молњои комплементарї;

N — шумораи харидорон;

В — дигар омилњо.

Ин омилњо каљхатаи таќозоро ба тарафи чапу рост њаракат медињад. (ниг.расм. 3—4).



Расм. 3-3. каљхатаи таќозо Расм. 3-4. функсияњои таќозољунбиши каљхатаи таќозо)
Масалан афзоиши даромади пули истеъмолгарон (дар њолатинабудани тавварум) ин болоравии таќозоро нишон медињад, ё ин, ки майли каљхатаи Д ба тарафи Д2. Вобаста ба ин таќозо метавонад зуд ё осњистатар аз даромад дар вобастагї аз миќдори молњо афзоиш ёбад. Ин њолат вобастагї дорад бештар ба пастсифатии молњо. Афзоиши даромад бештар талаботро ба молњои баландсифат дар худљой медињад, дар ин њолат таќозо ба молњои пастсифат кам мешавад, яъне каљхатаи Д ба суи Д1 майл мекунад.
Омили асосии ба таќозо таъсиррасонанда ин шумораи харидорон мебошад. Инро дар мисоли зерин мебинем. Фарз мекунем мо ду харидор дорем- Андреев ва Борисов, таќозои инфиродии (расм.3-5а). маљмуи таќозоро азруи таќозои Андреев ва Борисов муайян мекунем (ниг.расм. 3-5б).


Рас. 3—5таќозои инфироди ва маљмуи таќозо.
Дар шароити иќтисоди бозори, ваќте ки сухан аз шумораи харидорон меравад, дар њолат муњим аст бањисобгирии сохтори сину солї, њаљми имёнаи оилањо, њиссаи шахсони нафаќахурњова ѓайра.

Ба таѓйирёбии таќозо метавонад завќи истеъмолгарон таъсир расонад, лекин ин таъсиррасониро дар як ваќт муайян кардан душвор аст. Њамин як омил метавонад ба гуруњњои алоњидаи ањолї њархела таъсир расонад.

Акнун хулосабарорї менамоем. Њаракати каљхатаи таќозо ивазшавии бузургии таќозоро ифода мекунад: чи ќадаре, ки нарх баланд бошад, њамон ќадар бузургии таќозо паст аст , дар њолати паст будани нархњо баъакс (ниг. расм. 3-3). Њаракати каљхата ба тарафи рост ё чап таѓйирёбии таќозоро ифода мекунад: вай дар натиљаи омилњоие, ки ба таќозо таъсир мерасонад ба миён меояд ( ниг.расм 3-4).
3. Тањлили чандирии таќозо

Чандирӣ вобастагии байни тақозоу нарх, арзаву нарх, ва нарху музди меҳнатро ифода мекунад. Он суръати ҳаракати тақозо ва арзаро дар тағйирёбии нарх нишон медиҳад.

Чандирии тақозо аз рӯи нарх ё коэффисенти чандирӣ ҳамчун муносибати тағйирёбии тақозо бо фоиз бар тағйирёбии нарх бо фоиз ҳисоб карда мешавад.

дар ин ҷо

Ed –коэффисенти чандирии тақозо мувофиқи нарх

Q – ҳаҷми тақозо ба мол

P – нархи мол

Чунин намудҳои чандириро ҷудо мекунанд: ( Расми 1.2)

Чандирии ягона, вақте, ки ба ҳар як фоизи тағйирёбии нарх, ҳаҷми тақозо низ мутаносибан ба миқдори 1% тағйир меёбад.(Ed=1)

Тақозои чандир, вақте ки тағйирёбии ҳаҷми тақозо (бо фоиз) нисбати тағйирёбии нарх(бо фоиз) тезтар мешавад. (Ed>1)



Тақозои ночандир, вақте ки ҳаҷми тақозо дар фоиз нисбати тағйирёбии нарх дар фоиз оҳистатар тағйир меёбад.(Ed<1)



Тақозои мутлақан ночандир, вақте ки ҳаҷми тақозо дар дилхоҳ тағйирёбии нарх тағйир намеёбад.



Тақозои чандирии беохир, дар ҳолати тағйирёбии андаки нарх, ҳаҷми тақозо метавонад то ба беохир тағйир ёбад. (Ed=∞)



Расми 1.2

1. 2.

3. 4.


Аз нақшаву формулаҳои пешниҳодшуда намоён аст, ки:

  • Зиёдшавии ҳаҷм боиси мутаносибан пастравии нарх мегардад.

  • Зиёдшавии ҳаҷм бо муқоиса ба пастшавии нарх 2 баробар тезтар мешавад.

  • Мавриди зиёд шудани музди меҳнат ва баландшавии сатҳи зиндагӣ, тақозо метавонад зиёд шавад.

  • Тағйирёбии нарх ба тағйирёбии ҳаҷм таъсир намерасонад – маҳсулоти хӯрокворӣ(нон, намак ва ғ)

Хулосаҳо :

Агар пастшавии нарх тақозоро ба мол зиёд кунаду даромади умумии молистеҳсолкунандагон бетағйир монад, онгоҳ чандирии тақозо ба воҳид (1) баробар мешавад. Агар дар натиҷаи пастшавии нарх тақозо ба мол то ба ин дараҷа зиёд шаваду даромади умумии аҳолӣ низ зиёд шавад, онгоҳ тақозо бар нарх чандир мебошад. Агар пастшавии нарх тақозоро ба мол зиёд кунаду даромади умумии аҳолӣ паст шавад, онгоҳ тақозо бар мол ночандир мебошад.

Чандирӣ бо истифодаи молҳои ҷойивазкунанда вобаста мебошад. Агар мол ҷойивазкунандаи зиёд дошта бошад, онгоҳ тақозои вай бар нарх чандир мебошад. Агар мол ҷойивазкунанда надошта бошад, онгоҳ вай соҳиби тақозои ночандир мебошад. Дар шароити вуҷуд доштани нархҳои ивазнашаванда ба молҳои ҷойивазкунанда, агар нархҳо ба молҳои муайяншуда паст карда шаванд, онгоҳ тақозо ба ин молҳо зиёд мешавад ва ин тақозо чандир мебошад.

Маҳз ба туфайли кашфи хислати чандирии тақозову арза имконият пайдо шуд, ки ба ин ҳодисаҳо баҳои дурусти амалӣ дода шавад ва дар рафти фаъолияти хоҷагидорӣ мавқеи дурусти тақозову арза муайян карда шавад.

Мафҳуми «чандирӣ» , ки вайро баъзан «ҳаракатнок» ҳам меноманд, барои тасвири сатҳи мутобиқати як нишондиҳандаи тағйирёбанда ба дигаргуншавии нишондиҳандаи дигар истифода бурда мешавад. Барои тасвиру маънидоди чандирӣ одатан вобастагии байни тақозову нарх ва пешниҳоду нархро истифода мебаранд.

Барои ҳисобу муовизӣ кардани чандирии байни нарху тақозо чунин маънидодро пешниҳод мекунад: чадирии тақозову нарх ҳамчун нисбатан ё таносуби тағйироти дар фоиз ифодашудаи ҳаҷми тақозо ба дигаргуншавии фоизи нархи вай муайян карда мешавад.

Акнун ба маънидоди ин ҳолат мегузарем. Фарз кардем, ки нархи моли алоҳида аз 7 воҳид то 4 паст фуромадааст, дар оқибати арзоншавии нарх ҳаҷми тақозо аз 4 воҳид то 8 воҳид зиёд гардидааст. Акнун барои ҳисоб кардани чандирии ин ҳодиса ба ҳисобукитоб мегузарем: Мавриди воҳид будани нарх, миқдори фурӯши мол 4 дона буд. Дар ин ҳолат ҳаҷми умумии фурӯш 24 буд (6*4=24). Пас аз арзон шудани нарх бошад, ҳаҷми фурӯш то 7 дона расид. Дар ин ҳолат ҳаҷми фурӯш ва даромад ба 35(7*5=35) мерасад.

Яке аз нишондиҳандаҳои чандирӣ коэффисенти (зариби) чандирӣ мебошад, он (Е) ҳамчун нисбати фоизи афзоиши тақозо (Q) ба фоизи пастшавии нарх (P) ҳисоб карда мешавад:



Барои ин вобастагиро беҳтар тасаввур кардан ба нақша муроҷиат менамем. (ниг. Ба нақ 1)



Барои ҳисоб кардани чандирӣ таносуби зеринро истифода мебаранд:

Чтн = Тағйироти ҳаҷми тақозо ΣD (%)

Тағйироти нарх ΣP (%)

Дар мисоли овардаамон

Рақами аз ин ҳисобҳо ҳосилшуда 1,46 коэфисенти чндирии нарху тақозоро мефаҳмонад, ё ин ки мувофиқи вай ба ҳар як фоизи пастшавии нарх чӣ қадар афзудани ҳаҷми тақозо рост меояд.

Мавридҳое низ дар ҳаёт ҷой дошта метавонад, ки афзоиши дар фоиз ифодашудаи нарх назар ба афзоиши тақозо зиёдтар мебошад. Дар ни ҳолат афзоиши тақозо назар ба афзоиши нарх қафо мемонад ва ё тағйироти нарх сабабгори амалии тағйироти тақозо намегардад. Дар ин ҳолат мо бо вазъияти бетағйирии тақозо ва ё чандир набудани он сару кор хоҳем дошт.

Дар ҳамин равиш ду ҳолати алоҳидаро ҳам ҷудо мекунанд:



  1. Вазъияте,ки дар вай тақозо мутлақан ночандир, яъне беҳаракату тағйирёбанда мебошад. Дар ин ҳолат ҷадвали мо андоми зеринро дошта метавонад. (Ниг. ба нақ. 1.3)

Нақшаи 1.3

Вазъияти камилан беҳаракатӣ(ночандирии) тақозо


Аз ин ҷадвал бар меояд, ки сарфи назар аз сатҳи тағйироти нархи мол тақозо ба вай дигаргун намешавад ва якхелаву бетағйир нигоҳ дошта мешавад. Дар ҳаёти воқеӣ ҳамингуна ҳолатро ҳам дучор омадан имонпазир аст.

Барои он ки ба ҳақиқати воқеӣ будани ин ҳолат то андозае боварӣ ҳосил карда шавад, тарафи ҷараёни барқро барои равшанӣ кардани хона ба хотир овардан ҷоиз аст.

Дар замони мо, одатан, барои равшан кардани хона лампаи барқиро истифода мебаранд ва истифодаи барқ барои ин мақсад сарфи назр аз нархи амалии он қариб бетағйир мемонад.

2. вазъияте, ки дар он тақозо мутлақан чандир буда, сарфи назар аз сатхи нарх ба таври беохир чандир мебошад. Ин ҳолатро мутақан ва ё ба таври беохир чандирии (ҳаракатнокии) тақозо меноманд. Мавриди ҷой доштни чандирии мутлақи тақозо, каҷхаттаи тақозо мувофиқу ҳамоҳанги хатти горизонталии абсисса тавсир карда мешавад, ки ба нишондоди беохир шабоҳат дорад (ниг ба нақшаи 1.4)

Нақшаи 1.4

Тасвири нақшагии тақозои мутлақан чандир.



Дар ҳолатҳои алоҳида ба таври оддӣ ҳисоб кардани фоизи афзоиши тақозову нарх ба иштибоҳ оварда метавонад. Бинобарон ҳам, бо мақсади ноил гаштан ба аниқии ҳисобу китоб тархи чандириро ба таври зер ҳисоб мекунанд:

Тағйироти миёнаи фоиз =

Дар ин ҷо: g1- тақозо то тағйирот, g2- тақозо пас аз тағйирот

Монанди ҳамин тағйироти нарх ҳам:

Н1-нархи аввала

Н2-нархи сонӣ(баъдина)

Акнун ба маънидоди чандирии арза ё пешниҳод мегузарем. Ҳамаи он хислатҳое, ки нисбати чандирии тақозо баён карда шудаанд ба тағйироти арза низ мансубанд.

Аз ҳамин боис, оиди онҳо тафсилоти васеъ пешниҳод накарда, бе восита ба тасвири ҷадвалҳо гузашта метавонем. Ҷадвали арзаи чандир чунин намуд дошта метавонад. (ниг. ба нақшаи 1.5)

Нақшаи 1.5 Тасвири тақрибии арзаи чандир.


Чунонки дар нақша мебинем, мавриди баланд шудани нарх аз 1 воҳид то 4 воҳид ҳаҷми пешниҳод меноманд. Ногуфта наонад, ки ин ҷо танҳо вобастагии байни пешниҳоду нарх маънидод карда ешавад.

Дар ҳаёт ҳодисаҳоеро ҳам дучор омадан имонпазир аст, ки монанди тақозо, пешниҳод ҳам мутлақан беҳаракат ё ночандир ва ҳаракатнок буда метавонад. Барои тасвири нақшагии ин ҳолатҳо ба нақшаҳои поён нигаред. (ниг ба нақшаи 1.6, 1.7)

Нақшаи 1.6 Нақшаи 1.7


Тасвири Тасвири

нақшагии нақшагии

арзаи арзаи

мутлақан мутлақан

ночандир чандир


Барои маънидоду тасвири чандирии арза муддати вақт мавқеи намоён дорад. Чунки мӯҳлати мутобиқат ба вазъияти тағйирёфтаи бозор, ё нархи дигаргунгаштаи вай хеле муҳим мебошад. Амалан соҳибкорону тиҷоратчиён кӯшиши дафъатан зиёд кардани миқдори арзаро пеш мегиранд, аммо ин кӯшиш дигаргуниҳоро дар соҳаи истеҳсолот, ба монанди, харида овардани ашёи хом, мошинҳо, таҷҳизот, ҳатто дигаргуниро дар тарзи коркарди маҳсулот (технология) талаб мекунад. Ин чораҳо бошанд, бо мурури замон ба амал оварда мешаванд. Бинобарон, тағйироти нарх, ё ин ки мутобиқи ҷараёни арза баланд гаштани нархҳо соҳибкоронро водор месозанд, ки имконоти афзун гардонидани ҳаҷми маҳсулотро ҷуста, онро дарёбанд ва сари вақт истифода баранд. Дар акси ҳол онҳо ба саволи гузаштаи бозор ҷавоби саривақтӣ баргардонида наметавонанд.

Бо афзоиши нархњо њаљми таќозо чун ќоида ба андозаи ∆Q < 0 кам мешавад. Барои аз раќамњои манфї дури љустан ишорати минусро дохил мекунанд.




Таќозоро чандир њисоб мекунанд, агар ЕpD >1 (ин маънои онро дорад, ки таќозо афзоиш меёбад ё ин, ки нархњо тезтар паст шудаистодаанд), ва ѓайричандири бошад, агар ЕpD<1, бошад, ё ин ки таќозо сустар аз ивазшавии нархњо афзоиш мекунад.

Агар таѓйирёбии нархњо, ягон хел таѓйирёбии таќозоро ба миён наоранд, пас ЕpD = 0 мебошад, агар таѓйирёбии беохири кам-ками нархњо, васеъшавии беохири таќозоро ба худ љалб кунад, пас Е = ∞ мебошад (ниг. наќ. 3—20).



Рис. 3—20. Крайние случаи эластичности

Чандирии нуќтавї (point elasticity) дар он њолате муайян карда мешавад, агар ба каљхатаи таќозо таъсир расонем. Хамиши каљхатаи таќозо чи тавре, ки маълум аст кунљи тањсиррасонанда ба Х муайян карда мешавад (наќ. 3—21).

Рис. 3—21. чандирии нуќтави

Чандирии таќозо аз руи нархњо ва маљмуи даромад. Алоќаи байнињамдигарии таѓйироти чандири аз руи даромади умуми дар наќшаи 3-23 нишон дода шудааст. Маљмуи даромад баробар аст ба миќдори мањсулоти истењсолшудаи ба фуруш рафта зарби нархи он:

TR = Р х Q,

TR (total revenue) — маљмуи даромад;

Р (price) — нарх;

Q(quantity)—миќдор.

Агар таќозо аз руи нарх чандир бошад (>1), дар он њолат пастшавии нархњо афзоиши маљмуи даромадро ба миён меорад (TR). Ва баръакс, агар таќозо аз руи нарх чандир набошад, дар он њолат афзоиши нархњо камшавии маљмуи даромадро ба миён меорад. Њолати баръакси ин дар кунљи поёнї љойгир мешавад: таѓйирёбии фоизии миќдори мањсулот кам ва таѓйирёбии фоизии нархњо бузург аст.

Тањсиррасонии нарх ба маљмуи даромад дар њолати чандирї ва ѓайричандирї дар љадвали 3—1нишон дода мешавад. .
Таблица 3-1

Чандирии таќозо аз руи нарх ва даромади умумї.




Чандирии нархї, чи тавре, ки мо мушоњида менамоем барои фирмањои нархљў гуфтан мумкин фирмањое, ки мехоњанд бо нархњои ба онњо маъќул максимуми фоидаро муясар шаванд ќулайтар аст.

Омилњои ба чандирї тањсиррасонанда

Омилњои ба чандирї тањсиррасонанда инњо ба шумор мераванд



1. Ивазкунандањои наќдина: чи ќадаре, ки молњо зиёд бошанд, њамон ќадар моли номбурда чандир ба њисоб меравад. Аммо дар ин њол зарур аст ба назар гирифтани он, ки чи ќадар манбањои неъматњои ќтисодї амиќ муайян шудаанд. Агар мо барои мисол намакро гирем, барои вай душвор аст пайдо кардани моли вайро ивазкунанда. Барои намаки "Экстра" њамчун моли ивазкунанда намаки аз њад зиёд йоднокшуда буда метавонад, лекин вай наметавонад дастархони идонаро оро дињад, аммо дар вай йод зиёдтар аст ва вайро барои намаккунии мањсулотњо зиёдтар истаифода мебаранд. Хамин тариќ дар навбати аввал амалан молњои ивазкунандаи њамдигар вуљуд надорад, лекин дар њолати дигар молњои ивазкунандаро зиёдтар пайдо намудан мумкин (махсусан дар њолатњое, ки маркањои намакњои дар мамлакатњои гуногун истењсолшавандаро ба инобат гирем).

2. вазни холиси мол дар буљаи истеъмолкунанда (асосан чи ќадаре вазни молњо зиёд бошад, њамон ќадар чандирии таќозо низ баланд аст).

3. Њаљми даромад.



4. Миќдори молњо: оё моли номгушуда воситаи дорої њисоб мешавад( таќозо ба ин намуди молњо чун ќоида чандир аст) ё инки воситаи зарурї (таќозо ба ќисми зиёди ин молњо ѓайричандир аст).

5. Њаљми захирањо: чи ќадаре захирањо зиёд бошанд њамон ќадар чандири бештар аст..
Хулоса

Баъд аз омўзиши бозор ва вазифањои он мантиќан зарурияти тањлили механизми бозор ба миён меояд. Пеш аз он, ки тањлили механизми бозорро шуруъ намоем, бояд бифањмем, ки худи мафњуми «механизм» чи маъно дорад ва чаро ин мафњум ба бозор часпидааст. Умуман зери мафњуми механизм алоќамандии дохили ва таъсиррасонии муттаќобилаи унсурњои муайян фањмида мешавад. Мафњуми «механизм» бештар ба илмњои техники хос мебошад (механизми мошин, соат ва ѓайра).

Дар њодисаву равандњои иќтисоди низ алоќаманди дохили ва таъсиррасонии мутатаќобилаи унсурњои муайян ба мушоњида мерасанд. Аз љумла равандњои дар бозор ба вуљудоянда зери таъсири омилњову унсурњо метавонанд мањдуд ва ё баръакс густариш ёбанд. Масалан, таѓйироти нарх ба самти пастшавї боиси афзоиши хариди молњо аз тарафи истеъмолгарон гашта ба фаъолияти истехсолкунанда (фурушандагон) таъсири манфи мерсонад. Баландшавии нархњо бошад ба њодисањои хариду фуруши дар боло овардашуда таъсири баръакс мерасонанд. Кам ва ё зиёдшавии харидорон ва фурушандагон низ ба вазъияти бозор таъсири гуногун мерасонанд.

Хулоса истифодаи мафњуми механизми бозор дар илми иќтисоди мантиќан дуруст мебошад. Алоќамандии дохилї ва таъсиррасонии муттаќобилаи унсурњои муайяни иќтисодиро дар шароити муносибатњои бозорї механизми бозорї меноманд.

Таќозо ин инъикоси талаботи одамон ба ин ё он мол, хизмат мебошад. Истеъмолкунандагонро умуман мол зарур набуда, балки моли дорои нархи ќобили ќабул зарур аст. Бинобар ин таќозо ин на танњо хоњиш, балки имконпазирии хариди мол, хоњиши бо пул таъминбудаи истеъмолкунанда мебошад.

АДАБИЁТЊО



Бо забони тољиќї

1.Бобоев О.,Оймањмадов М. Асосњои иќтисодии соњибкорї. Душанбе 1997.

2. Давлатов И.,Исоматов Б.,Хабибов С. Иќтисоди бозоргонї. Китоби таълимї. Душанбе 2001.

3. Исоматов Б. Асосњои назарияи иќтисод. Кисми якум. Душанбе 2001.

4. Исоматов Б.,Сангинов Н. Афзалият ва зиддияти иќтисоди бозорї. Душанбе 2003.

5. Комилов С., Низомова Т. Иќтисоди корхона.Душанбе 2001.

6. Маљмуи ќонунњои иќтисодї. Душанбе 1999.

7. Маркс К. Капитал Љилди 1, 2,3.

8. Исоматов Б. ва диг. Назарияи иќтисод. Ќисми аввали назарияаї.Васоити таълими ёрирасон. Душанбе 2003.

9. Эргашев А.,Муњадбердиев Њ. Курси назарияи иќтисодї(микроиќтисод). Душанбе 2003.



Бо забони русї

1. Борисов Е.Ф. Экономическая теория. Учебник . М.Юрист. 1999

2. Борисов Е.Ф. Основы экономики.Юрист.М . 1999.

3. Котлер Ф. Основы маркетинга М. 1999.



4. Хэл Р. Вэриан. Микроэкономика. Промежуточный уровень. Современный подход. Пер. с англ. 4 –ого изд. – М.: ЮНИТИ, 1997




Достарыңызбен бөлісу:




©dereksiz.org 2024
әкімшілігінің қараңыз

    Басты бет