24 декабри соли 2015 Вакилони муҳтарам



бет2/2
Дата16.07.2016
өлшемі1.86 Mb.
#203498
1   2
.

Муовини Раиси шаҳр Мақсудзода Ш., Раёсати сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ва роҳбарони сохторҳои марбутаи шаҳрӣ бояд дар самти муаррифии имкониятҳои иқтисодии шаҳр, ҷалби бештари сармоягузориҳо, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, афзун гардидани имкониятҳои содиротӣ ва ғанӣ гардидани буҷети шаҳр мунтазам чораҷӯӣ намуда, аз вазъи татбиқи лоиҳаҳои амалишавандаю мушкилоти онҳо бохабар бошанд, моҳе аққалан як маротиба бо масъулини ширкатҳои сармоягузор вохӯриҳо гузаронида, мустақиман барои ҳалли мушкилоташон мусоидат намоянд.

Нақшаи чорабиниҳо ҷиҳати пурра ба роҳ мондани истифодабарии мошинаҳои назоратӣ-хазинавии дорои хотираи фискалӣ аз ҷониби Ҳукумати кишвар тасдиқ гардидааст, ки яке аз роҳҳои асосии коҳиш додани иқтисодиёти соягӣ ё ғайрирасмӣ ба ҳисоб меравад ва месазад, ки муовини Раиси шаҳр Мақсудзода Ш. – мутасаддии соҳаҳои иқтисодиёт, Раёсати андози шаҳри Душанбе ва дигар сохторҳои марбута иҷрои пурраи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №210 аз 2 майи соли 2013 “Дар бораи Тартиби истифодаи мошини назоратӣ-хазинавии дорои хотираи фискалӣ (аз ҷумла ҳангоми муомилот бо кортҳои пардохтӣ ва штрихкодҳо), талаботи техникӣ ба мошинҳои назоратӣ - хазинавии дорои хотираи фискалӣ (назоратӣ), инчунин талабот нисбат ба системаи компютерӣ оид ба назорати хизматрасониҳои алоқаи мобилӣ ва хизматрасониҳои электронӣ”-ро ҳамаҷониба таъмин намоянд.

Масъалаи таъмини фаровонии бозори истеъмолӣ чун ҳамеша дар сархати фаъолияти шаҳрдорӣ қарор дорад. Дар ёздаҳ моҳи соли равон бо мақсади ғанӣ гардонидани бозори истеъмолии шаҳр ва расонидани таъсири мусбат ба танзими нархҳои маҳсулоти ниёзи аввалия сохторҳои марбутаи шаҳрӣ ва бозорҳои коммуналӣ як қатор чораҳои заруриро амалӣ намуданд.

Тибқи Қарори Раиси шаҳри Душанбе №286-3 аз 15 майи соли 2013 «Дар бораи андешидани чораҳо ҷиҳати ба низом даровардани фаъолияти КВД «Оид ба истеҳсол, харид, захира ва фурӯши маҳсулоти ниёзи аввалия дар шаҳри Душанбе» ва бозорҳои мансуб ба моликияти коммуналии шаҳри Душанбе» бо мақсади зиёд намудани вориду фурӯши маҳсулоти ниёзи аввалия бевосита аз хоҷагиҳои деҳқонӣ ва дигар истеҳсолкунандагон ҳисоботи омории ҳаррӯзаи воридоти маҳсулот ба роҳ монда шудааст.

Дар ёздаҳ моҳи ҳамин сол масъулини бозорҳои коммуналии шаҳр ба минтақаҳои ҷумҳурӣ сафарбар гардида, 1861,84 тонна маҳсулот харид ва ворид намуданд. Ҳамзамон, дар Корхонаи воҳиди давлатии “Маҷмааи савдои “Пойтахт-90” ва дар майдони бозори «Қарияи боло» 84 маротиба ярмаркаи фурӯши маҳсулотҳои кишоварзию агросаноатӣ аз ҳисоби соҳибкорон, хоҷагиҳои кишоварзӣ, корхонаю ташкилотҳои шаҳрию ҷумҳуриявӣ гузаронида шуда, дар онҳо ба миқдори 1571,7 тонна маҳсулот, аз қабили орд, равған, шакар, биринҷ, картошка, пиёз, гӯшт ба маблағи 4393,8 ҳазор сомонӣ фурӯхта шуд.

Татбиқи Қарори Раиси шаҳри Душанбе №782 аз 26 декабри соли 2012 «Дар бораи тасдиқи меъёрҳои ҷамъоварии чиниши яквақта ва хизматрасониҳои пулакӣ дар корхонаҳои воҳиди давлатии «Бозори Шоҳмансур», «Бозори Саховат», «Бозори Деҳқон» ва «Оид ба истеҳсол, харид, захира ва фурӯши маҳсулоти ниёзи аввалия дар шаҳри Душанбе» имконият фароҳам овард, ки вазъи молиявии бозорҳо беҳтар гардида, дар ёздаҳ моҳи соли равон маблағҳои чиниши яквақта ва хизматрасониҳо дар бозорҳои коммуналӣ 6776,4 ҳазор сомониро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 148,7 ҳазор сомонӣ ё 2,2 фоиз зиёд мебошад.

Бо мақсади аз байн бурдани “миёнаравҳо” дар воридоти маҳсулоти ниёзи аввалия ба бозорҳои коммуналии шаҳри Душанбе тавассути автомобилҳои боркаши ба ҳудуди марзию маъмурии шаҳр воридшаванда ва ба ин васила таъмини мунтазами бозори истеъмолии шаҳр бо маҳсулоти кишоварзӣ ва таъсири мусбат расонидан ба нархи бозор Қарори Раиси шаҳри Душанбе №514 аз 20 ноябри соли 2015 “Дар бораи ташкили хариду вориди маҳсулоти кишоварзӣ аз даромадгоҳҳои шаҳр тариқи автомобилҳои боркаш ба бозорҳои коммуналии шаҳри Душанбе” ба тасвиб расида, мавриди иҷро қарор дорад. То имрӯз дар доираи иҷрои Қарори мазкур 590,47 тонна маҳсулоти кишоварзӣ дар даромадгоҳҳои шаҳр харидорӣ ва ба бозорҳои коммуналӣ интиқол дода шудааст.

Дар ин давра 22 номгӯи маҳсулоти ниёзи аввалия ва омилҳои объективию субъективии пасту баландшавии маҳсулот мавриди мониторинги мунтазам, таҳлил, омӯзиш ва чораҷӯиҳои мушаххас қарор дошт. Тибқи маълумоти расмии оморӣ аз 31 номгӯи маҳсулоти кишоварзӣ ва агросаноатӣ, дар шаҳр ба санаи 1 декабри соли 2015 нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта, нархи 9 номгӯй аз 2,6 то 44,7 фоиз коҳиш ёфта, 1 номгӯй бетағйир ва 21 номгӯй аз 1,9 то 60,6 фоиз зиёд шудааст.

Мониторинги мунтазами нархҳои маҳсулоти ниёзи аввалия дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ нишон дод, ки новобаста аз он ки шаҳри Душанбе истеҳсолкунандаи маҳсулоти кишоварзӣ ба ҳисоб намеравад, нархҳои аксари маҳсулоти кишоварзӣ ва агросаноатӣ дар бозори истеъмолии шаҳри Душанбе нисбат ба минтақаҳои ҷумҳурӣ: Турсунзода, Ҳисор, Рашт, Ваҳдат, Хуҷанд, Истаравшан, Исфара, Панҷакент, Конибодом, Қӯрғонтеппа, Кӯлоб, Панҷ, Шаҳритус, Ҳамадонӣ, Данғара, Ҷ.Румӣ, Восеъ ва Ёвон, ки истеҳсолкунандаи молу маҳсулот маҳсуб меёбанд, арзонтар мебошад.

Раванди бо пешниҳоди маҳсулоти алтернативӣ танзим намудани нархи маҳсулоти ниёзи аввалия дар шаҳр гувоҳи фароҳам будани шароити мусоид дар самти ташкили бозори яклухтфурӯшӣ ва чаканаи маҳсулот ва имконияти беҳтари фурӯши маҳсулот аз тарафи истеҳсолкунандагон ва соҳибкорон дар қаламрави шаҳр мебошад.

Арзиши маҷмӯи озуқавории моҳонаи аҳолӣ аз рӯи истеъмоли ҳақиқӣ дар 9 моҳи соли 2015 ба 321,13 сомонӣ ба як нафар баробар аст, ки нисбат ба арзиши маҷмӯи озуқавории моҳонаи аҳолӣ аз рӯи меъёри физиологӣ (300,17 сомонӣ) 7,0 фоиз ё 20,96 сомонӣ зиёд аст.

Новобаста ба корҳои дар ин давра анҷомдодашуда муовини Раиси шаҳри Душанбе Мақсудзода Ш., Раёсати рушди иқтисод ва савдо, роҳбарони бозорҳои коммуналии шаҳрро зарур аст, ки дар соли 2016 ҷиҳати тақвият бахшидани фаъолияти худ дар самти таъмини мунтазами ғановати бозори истеъмолии шаҳр ва ба танзим даровардани нархҳои маҳсулоти ниёзи аввалия, инчунин бо пуррагӣ аз байн бурдани “миёнаравҳо” ва савдои кӯчагӣ дар ҳамкорӣ бо сохторҳои марбута, бахусус бо Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Толҷикистон дар шаҳри Душанбе тадбирҳои заррурӣ андешанд.

Яке аз соҳаҳои муҳими хоҷагидории шаҳр, ин таъмини аҳолӣ ва субъектҳои хоҷагидорӣ бо оби нӯшокӣ мебошад. Дар давраи ҳисоботӣ аз ҷониби Корхонаи воҳиди давлатии «Обу корези Душанбе» 150,0 млн. м3 оби ошомиданӣ истеҳсол гардидааст, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 34,8 млн. м3 камтар буда, натиҷаи насби ҳисобкунакҳои обӣ барои мушатриёни корхона мебошад. Ба истеъмолкунандагон ба маблағи 46,6 млн. сомонӣ оби ошомиданӣ интиқол дода шуда, ҷамъоварии он 46,8 млн. сомонӣ ё 100,4 фоизро ташкил намуд. Аз ҷумла, ба аҳолӣ ба маблағи 18,5 млн. сомонӣ оби нӯшокӣ интиқол гардида, ҷамъоварии он 18,6 млн. сомонӣ ё 101,0 фоизро ташкил дод.

Дар асоси Қарори Раиси шаҳри Душанбе №310 аз 5 июли соли 2011 «Дар бораи Лоиҳаи дуюми обтаъминкунии шаҳри Душанбе» соли равон татбиқи фаъоли Лоиҳаи дуюми обтаъминкунии шаҳри Душанбе бо маблағгузории 16,0 млн доллари ИМА гранти Бонки Умумиҷаҳонӣ ва 3,0 млн. доллари ИМА ҳаммаблағгузории Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе оғоз гардида, ба ҳолати 1 декабри соли 2015 азхудкунии маблағҳо 12,5 млн. доллари ИМА-ро (65,96 фоиз) ташкил менамояд. Аз ҷумла, оид ба қисмати 1-уми Лоиҳа қарордоди «Хариди 76500 адад обченкунаки ҳуҷравӣ» ба имзо расонида шуда, то имрӯз 73014 адади онҳо насб карда шудаанд.

Оид ба қисмати 2-юми Лоиҳа низ пешравиҳо ба мушоҳида расида, ки дар доираи қарордод хариди экскваторҳои гидравликӣ амалӣ ва техникаи зарурӣ ба КВД «Обу корези Душанбе» таҳвил карда шудааст.

Мавриди зикр аст, ки бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати маблағгузории иловагии лоиҳаи мазкур бо Бонки Умумиҷаҳонӣ созишномаи нав ба маблағи 10 млн. доллари ИМА ба имзо расонида шуд, ки 45 фоизи онро маблағҳои грантӣ ва 55 фоизашро маблағҳои қарзӣ ташкил медиҳанд, ки асосан барои сохтмони истгоҳи иловагии филтратсионӣ дар пойгоҳи обтозакунии “Худҷорӣ” бо дарназардошти қубурҳои зарурии магистралӣ истифода мегардад. Баҳри амалисозии бовусъати лоиҳаи мазкур аз ҷониби Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе низ 1 млн. доллари ИМА ҷудо карда шудааст.

Дар давраи ҳисоботӣ аз ҷониби Муассисаи шабакаи гармидиҳандаи шаҳри Душанбе дар доираи барномаи фаъолият иҷрои корҳо аз рӯи нақшаи чорабиниҳои тасдиқгардида идома ёфта, Муассиса то 1 декабри соли равон таъмири ҷории 12 адад деги гармидиҳӣ, таъмири 24,00 км шабакаҳои гармидиҳанда, 3 адад истгоҳи насоси бойлердор, 19 адад истгоҳи насосиро ба анҷом расонида, айни замон тавассути дегхонаҳои локалӣ 23 иншооти соҳаи иҷтимоии шаҳрро бо нерӯи гармӣ таъмин намуда истодаанд.

Вобаста ба оғози мавсими гармидиҳии шаҳр, қайд намудан зарур аст, ки ба ҳолати имрӯза иқтидори гармиинтиқолдиҳии манбаъҳои гармиистеҳсолкунии ШСХК “Барқи Тоҷик” аз 167,95 Гкал/соат-и нақшавӣ 130,0 Гкал/соатро (ё 77,4 фоиз) ташкил менамояд ва аз 815 иншооти нақшавии омодашуда беш аз 500 иншоот нерӯи гармӣ қабул намуда истодаанд.

Самти асосии фаъолияти Муассисаи давлатии «Равшании Душанбешаҳр» дар баробари таҷдиду муосирсозии системаи равшанидиҳии шаҳри Душанбе, таъмини фаъолияти мунтазаму меъёрии он, инчунин сарфаҷӯии қувваи барқ буда, корҳо ҷиҳати иҷрои ин дар шабакаҳои равшаникунӣ идома доранд.

Дар ёздаҳ моҳи соли равон аз ҷониби Муассиса 1827 адад системаи равшанидиҳандаи шаҳраку маҳаллаҳо азнавсозӣ гардида, 12765 адад лампаи чароғҳои аз кор баромада иваз ва 95,6 км ноқилҳои барқии буриши ҳархела таъмиру иваз гардиданд. Инчунин, 1862 адад сутуни барқӣ ва шохаҳо тайёр, 5256 адад рангубор ва дар 377 адад қуттиҳои идоракунӣ корҳои профилактикӣ гузаронида шуданд. Баҳри таъмини сарфаҷӯии қувваи барқ 2952 адад чароғҳои фарсудашудаи равшанидиҳанда ба намуди нав иваз карда шудааст.

Хизматрасонии коммуналию манзилӣ яке аз самтҳои асосии фаъолияти мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳр ва ноҳияҳои он ба ҳисоб меравад ва ҷиҳати дар сатҳи зарурӣ ба роҳ мондани хизматрасониҳо ва беҳдошти ҳолати тозагӣ ва санитарии шаҳр тадбирҳои пайваста андешида мешаванд.

Дар ин давра баҳри беҳбуд бахшидан ба вазъи санитарию экологии шаҳр таҷрибаи нав, аз қабили таҷдиди 1116 нуқтаҳои партовҷамъкунӣ бо насби камераҳои мушоҳидавӣ ва ташкили навбатдории масъулони сохторҳои дахлдор роҳандозӣ карда шуд, ки ин тадбир ҷиҳати риояи Қоидаҳои тартиботи ҷамъиятӣ, санитарӣ ва ободонӣ дар шаҳри Душанбе аз ҷониби сокинон нақши муассир хоҳад гузошт.

Аз ин ҷост, ки дар ин давра барои харидории 278 адад техникаҳои коммуналии наву таъиноташон гуногун барои эҳтиёҷоти муассисаҳои давлатии раёсатҳои истифодабарии роҳҳои ноҳияҳои шаҳр озмуни харид эълон карда шуд.

Дар ёздаҳ моҳи соли 2015 дар Корхонаи воҳиди давлатии “Партовгоҳи партовҳои сахти маишии шаҳри Душанбе” партовҳои сахти маишӣ ба миқдори 239614 тонна ворид гардида,

тахту ҳамвор ва 55137 тонна партовҳои тиббӣ дар печҳои махсус сӯзонида шуданд. Лампаҳои каммасрафи симобдор ба миқдори 3456 дона безарар ва тариқи эҳсонкорӣ ҳолати инфрасохтории корхона беҳтар гардонида шуд.

Дар ин давра чораҳои аввалиндараҷа оид ба пешгирии ҳолатҳои фавқулода, вобаста ба мавсими боронгариҳо ва эҳтимолияти рух додани селу обхезиҳо, инчунин таъмини сатҳи санитарию эпидемиологӣ ва тоза нигоҳ доштани каналу селпартоҳо дар миқёси шаҳр бо қувваи техникаю механизм ва коргарон қисмати озоди каналу селпартоҳо аз гилу шағал ва партовҳо тоза карда шуданд.

Дар ёздаҳ моҳи соли равон корҳои тозакунии механикӣ ба миқдори 26608,98 м2, тозакунии дастӣ ба миқдори 1907,3 м2 ва баровардани нопокиҳо ба миқдори 41095,78 тн ба анҷом расонида шуданд.

Дар давраи ҳисоботӣ дар шаҳр ба миқдори 2115,7 млн. кВт. соат қувваи барқ истифода гардидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2014-ум 98,4 млн. кВт. соат зиёд аст. Аз ҷониби аҳолӣ 1413,90 млн. кВт. соат қувваи барқ истифода гардидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 119,5 млн. кВт. соат зиёд мебошад.

Хароҷоти технологӣ (талафот) дар ин давра 476,4 млн. кВт. соат ва ё 18,2 % - ро (ҳамин давраи соли 2014-ум 18,1 %) ташкил дод, ки боиси нигаронии ҷиддист.

Маблағи умумии ҳисобишудаи истифодаи қувваи барқ дар ин давра 357,54 млн. сомонӣ, ҷамъоварии маблағ 294,21 млн. сомонӣ ва ё нисбат ба нақша ҳамагӣ 82,9 фоизро ташкил дод. Аз тарафи аҳолӣ ба маблағи 178,05 млн. сомонӣ қувваи барқ истифода гардида, 139,03 млн. сомонӣ ҷамъоварӣ карда шудааст, ки мутаассифона ба 78,1 фоизи нақша баробар буда, бо чунин ҳолат пешбурди воқеии соҳа зери суол боқӣ мемонад.

Дар Маркази истеҳсоли барқу гармидиҳии шаҳри Душанбе - зерсохтори ШСХК “Барқи тоҷик”, силсиланерӯгоҳҳои барқи обӣ дар ин давра 308,4 млн. кВт. соат қувваи барқ истеҳсол гардид, ки ин нишондод нисбат ба ҳамин давраи соли 2014-ум 132,7 млн. кВт. соат ё ки 75,5 фоиз зиёд мебошад.

Истеҳсоли энергияи гармӣ дар давраи ҳисоботӣ 210,0 Гкал. буда, нисбат ба ҳамин давраи соли 2014 (86,3 Гкал) – 123,7 Гкал ё - 2,4 баробар зиёд мебошад.

Баҳри бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта дар соҳаи энергетика муовини Раиси шаҳри Душанбе Самадов Ш.Д. ва роҳбарияти корхонаҳои зерсохторҳои ШСХК «Барқи Тоҷик» дар шаҳрро зарур аст, ки дар ҳамкорӣ бо роҳбарияти он ҷиҳати таҷдиду азнавсозии таҷҳизот ва шабакаҳои барқии фарсудагаштаву дар ҳолати серборӣ қарордоштаи шаҳр, мустаҳкам намудани базаи моддию техникии ҶСК “Шабакаҳои барқии шаҳри Душанбе” оид ба истифодаи сарфакоронаи қувваи барқ ва паст намудани сатҳи талафоти он чораҳои таъхирнопазир андешанд.

Дар давраи ҳисоботӣ 3602 нафар корҷӯён бо мусоидати марказҳои шуғли аҳолии шаҳр дар корхонаю муассисаҳо аз рӯи ихтисосҳои гуногун бо ҷои кори доимӣ таъмин карда шуданд. Аз ҳисоби ба кор даровардани иншоот ва баланд бардоштани иқтидорҳои истеҳсоливу хизматрасонии мавҷуда дар корхонаю муассисаҳои шаҳр зиёда аз 27661 (нақша 21100) ҷои корӣ таъсис ва барқарор карда шуд, ки ин беш аз 131,1 фоизи нақшаи Барномаи солонаро ташкил медиҳад.

Дар ин давра барои бо шуғл фаро гирифтани бекорони дар рӯйхатбуда, ба 704 нафари он ба маблағи умумии беш аз 466,0 ҳазор сомонӣ кӯмакпулӣ дода шуд, ки ин 103,5 фоизи нақшаи солонаи барномаро ташкил дода, нисбати ҳамин давраи соли гузашта 111 нафар зиёд мебошад.

Бо дарназардошти зиёд гардидани эҳтимолияти баргаштани як қисми муҳоҷирони меҳнатӣ дар соли оянда Раёсати Агентии меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ дар шаҳри Душанберо зарур аст, ки якҷоя бо сохторҳои дахлдор ва мақомотҳои иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияҳои шаҳр, ҷиҳати таъсис додани ҷойҳои нави корӣ ва ҷобаҷогузории онҳо дар соҳаҳои мухталифи иқтисодиёт чораҳои таъхирнопазир андешида, фаъолияти биржаҳои меҳнатиро бо вазъи бозори меҳнат мутобиқ намоянд.

Дар натиҷаи андешидани тадбирҳои зарурӣ дар ёздаҳ моҳи соли 2015 нақшаи контингенти умумии даромадҳо (бе назардошти андози иҷтимоӣ) 104,1 фоиз ва ба маблағи 1 851,8 млн. сомонӣ иҷро карда шуд, ки нисбати нақша 73,3 млн. сомонӣ ва нисбат ба ҳамин давраи соли 2014-ум ба маблағи 232,6 млн. сомонӣ зиёд мебошад.

Нақшаи қисми даромади Буҷети шаҳри Душанбе дар ёздаҳ моҳи соли ҷорӣ аз рӯи воридоти андозҳо 107,7 фоиз иҷро гардида, ба ҷойи 1157,8 млн. сомонии нақша ба буҷет 1 246,4 млн. сомонӣ ворид гардид, ки нисбат ба нақша 88,6 млн. сомонӣ ва нисбат ба ҳамин давраи соли 2014-ум 89,7 млн. сомонӣ зиёд мебошад.

Маблағи бақияи қарзи андозҳо ва пардохтҳо ба санаи 1 октябри соли равон 63,5 млн. сомониро ташкил медиҳад, ки нисбат ба 1 январи соли 2015-ум 2,3 млн. сомонӣ зиёд мебошад.

Раёсати андози шаҳрро зарур зарур аст, ки бо истифода аз чораҳои мубориза бар зидди саркашӣ аз пардохти андозҳо ва усулҳои алтернативии андозбандӣ ҷиҳати саривақт рӯёнидани маблағи андозҳои ҳисобишуда чораҷӯӣ намуда, бо мақсади ситонидани бақияи қарзи андозҳо ва роҳ надодан ба пайдоиши қарзҳои нави андозӣ талаботи қонунгузории амалкунандаро татбиқ намояд.

Аз буҷети шаҳри Душанбе дар 11 моҳи соли 2015 ба соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ 1 048,8 млн. сомонӣ маблағгузорӣ гардидааст, ки ин 84,7 фоизи нақшаро ташкил медиҳад.

Бояд қайд кард, ки маблағгузорӣ аз буҷети шаҳри Душанбе дар 11 моҳи соли 2015 нисбат ба ҳамин давраи соли 2014-ум ба маблағи 201,6 млн. сомонӣ афзудааст.

Соли равон чун ҳарвақта таъмини иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоии давлат ва дастгирии аҳолии камбизоати шаҳр дар мадди аввали фаъолияти Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе қарор дошт. Дар ин давра бо мақсади беҳдошти вазъи соҳаҳои иҷтимоӣ аз ҳисоби маблағҳои озоди буҷетӣ иловатан беш аз 197, 3 млн. сомонӣ равона карда шуд.

Дар ин давра аз ҳисоби иҷрои барзиёди даромади буҷети шаҳри Душанбе ба Фонди стабилизатсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон беш аз 19,5 млн. сомонӣ ва ба суратҳисоби махсуси захираҳои иловагии молиявӣ, барои маблағгузории сохтмони иншоотҳои муҳими давлатӣ 4 727,9 ҳазор сомонӣ гузаронида шуд.

Бояд қайд намуд, ки дар шароити имрӯза иҷрои босифати нишондиҳандаҳои буҷетӣ ва истифодаи самараноки маблағҳои он барои таъмини устувории нишондиҳандаҳои макроиқтисодии шаҳр нақши муассир хоҳанд дошт, зеро соли оянда эҳтимолияти давом ёфтани равандҳои бӯҳронӣ метавонад барои иҷрои нақшаи Буҷети давалатӣ мушкилиҳо эҷод намояд. Аз ин лиҳоз, Раёсати молия, Раёсати андоз, мақомотҳои иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияҳои шаҳр ҷиҳати иҷрои босифати буҷети давлатӣ, дарёфти сарчашмаҳои нави даромад ва васеъ кардани манбаъҳои мавҷудаи он бояд тадбирҳои зарурӣ андешида, доир ба воридоти саривақтии маблағҳо ба буҷети давлатӣ чораҷуӣ намоянд.

Дар соҳаи маориф дар доираи Консепсияи миллии таҳсилот ва тарбия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути пурра омода намудани кӯдакони синни томактабӣ ба мактаб ва ба ин васила баланд бардоштани сифати таҳсил, фарогирии кӯдакон дар муассисаҳои томактабӣ рӯ ба афзоиш оварда, айни ҳол 26297 нафарро ташкил дод, ки нисбати соли 2014-ум 1,6 фоиз зиёд буда, 85,4 фоизи онҳо дар муассисаҳои томактабие, ки аз буҷети Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он маблағгузорӣ карда мешаванд, таҳсил менамоянд.

Дараҷаи фарогирии кӯдакон ба муассисаҳои томактабӣ 22,0 фоизро ташкил мекунад. Гарчанде ин нишондиҳанда дар ҷумҳурӣ баландтарин бошад ҳам ба ҳеҷ ваҷҳ барои шаҳрамон қаноаткунанда набуда, моро водор месозад, ки ҷиҳати зиёд намудани муассисаҳои томактабӣ, ки норасоии онҳо солҳои охир бараъло ҳис карда мешавад, чораҳои заруриро роҳандозӣ намоем.

Моҳи декабри соли 2015 бори аввал дар шаҳри Душанбе кӯдакистони хусусӣ дар ошёнаи аввали бинои баландошёнаи хиёбони Рӯдакӣ-10 барои 150 ҷой аз ҷониби ҶДММ “Контент-инвест” сохта мавриди истифода қарор гирифт, ки бо тамоми таҷҳизоту технологияи муосир муҷаҳҳаз шуда, бори нахуст дар низоми таҳсилоти томактабӣ бо мақсади таъмини бехатарӣ ва сифати таълиму тарбия дар он Маркази электронии идоракунӣ ва назорати ҷамъиятӣ ташкил карда шуд.

Баҳри фарогирии муътадили кӯдакон бо муассисаҳои томактабӣ дар соли оянда аз ҳисоби буҷети шаҳри Душанбе дар ҳудуди кӯдакистони №45 бинои иловагӣ бо иқтидори 64 ҷой, азнавсозии пурраи кӯдакистони №41 бо иқтидори 160 ҷой ва азнавсозӣ ва ба кӯдакистон табдил додани бинои пештараи муассисаи таҳсилоти умумии №62-и ноҳияи Исмоили Сомонӣ бо иқтидори 85 ҷой, ки дар маҷмӯъ 309 ҷойро ташкил мекунад, то арафаи Иди Наврӯз ба истифода дода мешаванд.

Ҳамзамон аз тарафи корхонаҳо ва шахсони ҳуқуқию воқеӣ то ҷашни 25-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар пойтахт 6 кӯдакистон бо бино ва ҳудудҳои алоҳида бо иқтидори 860 ҷой мавриди истифода қарор мегиранд.

Инчунин 7 муассисаи томактабии дар қабати аввали биноҳои истиқоматии баландошёна ва часпонидашуда бо иқтидори 757 ҷой бунёд мегарданд.

Амалӣ гардидани ин нақшаҳо дар соли ҷашни 25-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон иқтидори муассисаҳои томактабиро дар ҳаҷми 1626 ҷой афзун мегардонад.

Бо мақсади фарогирии ҳарчӣ бештари кӯдакон ба муассисаҳои томактабӣ бо Қарори Раиси шаҳри Душанбе нақшаи дурнамои таъсиси кӯдакистонҳои хусусӣ ва муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии хусусӣ дар назар дошта шудааст, ки дар давоми 5 соли оянда 45 кӯдакистони хусусӣ ташкил карда мешавад. Ин иқдом метавонад дар ҳалли мушкилоти мавҷуда таъсири мусбии худро расонад.

Дар 140 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии шаҳр имрӯзҳо 7825 омӯзгор ба таълиму тадриси 180787 нафар хонанда фаъолият менамоянд.

Таҳлили вазъи компютеркунонии муассисаҳои таҳсилоти умумии шаҳри Душанбе нишон медиҳад, ки дар 11 моҳи соли равон 140 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии шаҳр бо 4260 адад компютер таъмин шуда буд, ки ба 15,8 нафар хонанда як компютер рост меояд. Бо дастгирии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе дар моҳи декабри соли 2015-ум 2000 компютер харидорӣ карда шуд, ки иҷроиши пурраву бо сифати Барномаи давлатии компютеркунониро таъмин менамояд.

Мутобиқ ба Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон № 223 аз 3 майи соли 2010 «Дар бораи тасдиқи Барномаи давлатии таъмини муассисаҳои таълимию илмии ҷумҳурӣ бо кабинетҳои фаннӣ, озмоишгоҳҳои муҷаҳҳази таълимӣ ва илмию таҳқиқотӣ» дар панҷ соли охир 254 кабинети фаннии бо таҷҳизоти зарурӣ ҷиҳозонида харидорӣ ва ташкил карда шуданд.

Айни замон дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Душанбе 112234 адад ҷойи нишаст мавҷуд аст ва коэффитсенти ба бастҳо фаро гирифтани хонандагон 1,61-ро ташкил мекунад. Дар ин давра аз ҷониби Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 100 барои 740 ҷойи нишаст сохта ба истифода дод шуд.

Бори аввал бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе дар муассисаи мазкур Маркази идоракунӣ ва назорати ҷамъиятӣ, ки ҳамзамон дар оянда ба низоми ягонаи идоракунӣ дар соҳаи маориф пайваст мегардад, ташкил шудааст. Ин нуқтаи идоракунӣ, ки маркази махсуси иттилоотӣ мебошад, пурра бо системаи ягонаи идоракунии соҳаи маориф пайваста буда, ҷараёни дарс, рафтори толибилмон ва иртиботи пайвастаи волидайнро бо ин муассисаи таълимӣ таъмин менамояд, ки мутобиқ ба низоми муосир бо охирин техникаи рақамӣ муҷаҳҳаз шудааст. Ин иқдом, яъне ташкили назорати интерактивии ҷамъиятӣ минбаъд, пайваста дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва кӯдакистонҳои шаҳр мавриди амал қарор дода мешавад.

Бо Қарори Раиси шаҳри Душанбе омода кардани ҳуҷҷатҳои лоиҳакашӣ ва тендерӣ оид ба сохтмони биноҳои нави таълимӣ дар мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумии №№38, 50, 54, 60, 80, 91-и ноҳияи Сино ва гимназияи №74 ноҳияи Фирдавсӣ, ки дар маҷмуӯъ дорои 3840 ҷойи нишаст мебошад, дар ҳолати коркард қарор доранд.

Қобили қайд аст, ки дар давраи ҳисоботӣ 5160 нафар кӯдак ва навраси шаҳри Душанбе ба лагерҳои беруназшаҳрӣ ҷалб карда шуданд.

Муассисаҳои таҳсилоти томактабию миёнаи умумии зертобеи Раёсати маорифи шаҳр ба давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2015-2016 комилан омода гардидаанд.

Дар соли хониши 2014-2015-ум, ки дар сатҳи ҷумҳурӣ ҳамагӣ 10 нафар хонанда (5 медали тилло ва 5 медали нуқра) соҳиби медалҳои тиллову нуқра гаштааст, ҳамаашон хатмкунандагони мактабҳои таҳсилоти умумии шаҳр мебошанд.

Новобаста аз ин, то ба ҳол дар раванди таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимии шаҳр камбудию норасогиҳои зиёди ташвишовар, аз қабили содир намудани ҷиноят аз ҷониби ноболиғон (дар 10 моҳи соли 2015 – 148 адад, 11 моҳи соли 2014-143 адад) ҷой доранд, ки барои рафъи камбудиҳои зикршуда ба ҷуз маорифчиён, инчунин аҳли ҷамоатчигии шаҳр бояд масъулияти дастаҷамъона дошта бошанд.

Дар давраи ҳисоботӣ дар соҳаи тандурустии шаҳр 14 маркази саломатии шаҳрӣ, 17 беморхона, 2 хонаи кӯдакон, 4 дармонгоҳи дандонпизишкӣ, 8 маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ ва дезостансияҳо, 12 маркази соҳавӣ ва 3 маркази ёрирасон бо хизматрасонии 2939 нафар табиб ва 3905 нафар кормандони миёнаи тиб барои сокинони шаҳр фаъолият намуданд, ки ба 10 000 аҳолӣ 37,2 табибони маълумоти олидор ва 49,5 кормандони миёнаи тиб рост меояд. Феълан дараҷанокии касбии табибон 93,0 фоиз ва кормандони миёнаи тиб 88,5 фоизро ташкил медиҳад.

Баҳри амалисозии «Барномаи миёнамуҳлати рушди соҳаи тандурустии шаҳри Душанбе барои солҳои 2011 – 2015», ки бо Қарори Раиси шаҳри Душанбе №157 аз 4 марти соли 2011 ба тасвиб расидааст, дар соли равон муассисаҳои табобатию профилактикии зертобеи Раёсати тандурустӣ аз ҳисоби буҷети шаҳр ба маблағи беш аз 5,0 млн. сомонӣ бо дастгоҳу таҷҳизоти муосири тиббӣ таъмин гардиданд.

Дар муассисаҳои табобатию профилактикии шаҳр ситодҳои доимоамалкунандаи тайёрӣ ба мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2015-2016 таъсис дода шуда, то 1 декабри соли ҷорӣ муассисаҳои соҳа пурра ба васоили гармидиҳӣ ва захираи зарурии ангишту ҳезум таъмин гардидаанд.

Дар 11 моҳи соли равон барои таъмини хун ва маводҳои хунӣ 530568,0, дандонҳои сунъӣ ва табобат 111928,0, сафари хизматӣ 100000,0 сомонӣ аз ҳисоби маблағҳои Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе харҷ гардидааст.

Дар робита ба хизматрасонии тиббӣ ба маъюбону иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва шахсони ба онҳо баробаркардашуда, алалхусус солимгардонӣ ва таъмини онҳо бо маводи доруворӣ, корҳои зиёде анҷом дода шуданд.

Вазъи эпидемиологии бемориҳои сироятӣ дар 11 моҳи соли равон нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта муътадил буда, хурӯҷи бемориҳои сироятӣ ва бемориҳои тавассути об гузаранда тамоман ба қайд гирифта нашудааст. Қайд кардан ба маврид аст, ки таи чор соли охир бемориҳои сироятӣ ба монанди домана, вараҷа, сурхакон, табби хунин, хорӣ, хурӯсак ва бемориҳои ниҳоят хавфнок тамоман ба қайд гирифта нашудаанд.

Бо вуҷуди ин, ҳанӯз ҳам дар соҳаи тандурустии шаҳр камбудиҳо кам нестанд, ки аз роҳбарону кормандони соҳа масъулияти бештарро тақозо менамояд.

Тавре ҳамагон воқифанд, масъалаи солимгардонии ҷомеа ва бо варзиш фаро гирифтану ташкили инфраструктураҳои варзишӣ, қабл аз ҳама дар сатҳи шаҳраку маҳаллаҳо мавриди таваҷҷуҳи доимии шаҳрдорӣ буда, як идда ингуна иншоот то ба имрӯз ба истифода дода шуданд. Баҳри аммалӣ гардонидани Барномаи рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар шаҳри Душанбе барои солҳои 2014-2015, ки бо Қарори дахлдори Раиси шаҳри Душанбе тасдиқ гардидааст, дар самти рушду инкишофи тарбияи ҷисмонӣ як қатор тадбирҳо амалӣ гардиданд. Ба ҳолати имрӯза дар шаҳр 637 иншооти гуногунтаъиноти варзишӣ фаъолият менамояд, ки дар онҳо 43250 нафар варзишгарон ба машғулиятҳои доимии варзишӣ фаро гирифта шудаанд. Аз оғози Барнома то инҷониб сохтмони майдончаҳои муосири варзишӣ аз ҳисоби буҷаи шаҳр вусъати тозаро касб намудааст.

Танҳо аз ҳисоби маблағҳои буҷавӣ тавассути Муассисаи давлатии “Раёсати сохтмони асосӣ” 56 адад майдончаи варзишии замонавӣ сохта ба истифода дода шудааст, ки 17 адади он ба соли равон рост меояд ва барои мақсаднок истифодабарии онҳо ва ҳифзи моликияти коммуналӣ Муассисаи давлатии “Нигоҳдошт ва истифодабарии иншооти варзишии оммавӣ”-и Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе таъсис дода шуд.

Дар доираи барномаҳои маҳаллии ҷавонон дар шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он аз ҷониби Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Душанбе дар давраи ҳисоботӣ ба таври умум 669 чорабинии гуногун бо фарогирии беш аз 242299 нафар ҷавон доир гардид.

Тибқи Қарори дахлдори Раиси шаҳр таҳти шиори «Ҷавонон давомдиҳандагони ҳадафҳои олии кишвар!» дар тамоми ташкилоту муассисаҳои оливу касбии таълимӣ, шаҳраку маҳаллаҳо, қисмҳои ҳарбӣ ва ташкилоту корхонаҳои ҳудуди марзию маъмурии шаҳр 10-23 майи соли равон чорабиниҳои фарҳангиву маърифатӣ ва варзишию ғоявӣ, инчунин маҳфилу озмунҳои мухталиф миёни наврасону ҷавонон дар доираи Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон гузаронида шуданд, ки дар ҷараёни чорабиниҳо бештар аз 100 нафар ҷавонони фаъол бо сипосномаву ифтихорномаҳо ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ гардиданд.

Дар ҳошияи тадбирҳо ба муносибати «Соли оила» эълон гардидани соли 2015, дар арафаи таҷлили Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар шаҳри Душанбе баҳри иҷрои Қарори Раиси шаҳри Душанбе № 298 аз 30 майи соли 2015 «Дар бораи тасдиқи Нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе” дар Муассисаи давлатии «Боғи пойтахт» хатнасури 360 нафар кӯдак ва тӯйи арӯсиву домодии 55 - ҷуфт ҷавонон аз оилаҳои ниёзманд баргузор ва бо ташкили дастурхони тӯёна барои навхонадорон ба онҳо туҳфаҳои молиявии таъсиснамудаи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе супорида шуд. Инчунин дар ин масир аз ҷониби 200 ҷуфт оилаҳои намунавии ҷавони шаҳри Душанбе ба пояи асосгузори давлати тоҷикон Шоҳ Исмоили Сомонӣ маросими бошукӯҳи гулгузорӣ сурат гирифт.

Ба хотири арҷгузорӣ ба арзишҳои фарҳангиву пешгирии тақлиди ноогоҳонаи ҷавонон ба либоспӯшии ба анъанаҳои миллати тоҷик бегона миёни ҷавонон барнома-озмуни касбиву омӯзишии радиоии «Соҳибҷамол», Фестивали фарҳангӣ ва намоиши либосҳои миллӣ миёни тарроҳон «Либоси миллӣ дар асри нав», барномаи фарҳангӣ миёни донишҷӯён «Симои миллӣ», мизи мудаввар оид ба «Пешгирии ҳолатҳои никоҳи барвақтӣ ва танзими оила» доир гардиданд.

Дар ин самт бори нахуст бо дастгирии шаҳрдорӣ Фестивали байналмилалии фарҳангӣ ва намоиши либос дар шаҳри Душанбе бо ширкати тарроҳони варзидаи шаҳрҳои Киев ва Одессаи Украина, шаҳри Лоҳури Покистон, шаҳри Тошканди ӯзбекистон, Пекини Ҷумҳурии Халқии Хитой гузаронида шуд.

Дар соҳаи туризм низ як зумра чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе оид ба татбиқи “Барномаи давлатии рушди туризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи солҳои 2015-2017” амалӣ гардида, тибқи Қарори дахлдори Раиси шаҳри Душанбе дар масофаи 21,3 км сайёҳати пиёдагардӣ аз мавзеи Боғи Ғалабаи шаҳри Душанбе то деҳаи Харангони ноҳияи Варзоб ба роҳ монда шуд.

Рӯзи умумиҷаҳонии туризм дар шаҳри Душанбе санаи 27 сентябри соли равон бо Барномаи фарҳангӣ ва намоишгоҳи туристӣ таҳти унвони “Марҳабо ба Душанбе” бо иштироки ҳунармандони мардумӣ дар ноҳияҳои шаҳри Душанбе ва донишкадаву коллеҷҳое, ки дар риштаи туризм мутахассис омода менамоянд, доир гардида, озмунҳои соҳавии беҳтарин савғотӣ, расм, ролик ва муаррифиномаҳои туристӣ эълон ва то охири сол ҷамъбаст мегарданд.

Дар соҳаи варзиш тибқи Қарори дахлдори Раиси шаҳри Душанбе Ниммарафони VI байналмилалии Душанбе ба муносибати Рӯзи пойтахт баргузор гардид. Мусобиқаи мазкур сол ба сол дар сатҳи байналмилалӣ хусусияти хосро ба худ касб намуда, дар мусобиқаи имсола аз 14 шаҳри 7 кишвари хориҷ ва бори аввал варзишгарон аз шаҳри Барселонаи Испания ва аз кишвари Ҳиндустон иштирок намуданд.

Баҳри оммавияти варзиш марҳилаи дуюми Спартакиадаи донишҷӯёни мактабҳои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи 10 намуди варзиш бо иштироки 1060 нафар варзишгар доир гардида, дар даври ҷумҳуриявии мусобиқаи мазкур варзишгарони шаҳр мақоми аввалро ишғол намуданд.

Ҷиҳати рушди варзиши оилавӣ бахшида ба Соли оила эълон гардидани соли 2015 мусобиқаи оилавӣ дар шаҳри Душанбе оид ба шоҳмот гузаронида шуд.

Дар давраи ҳисоботӣ 1821 нафар варзишгарони шаҳри Душанбе дар мусобиқаҳои байналмилалӣ иштирок намуданд. Хурсандиовар аст, ки айни замон варзишгарони пойтахт барои соҳиби роҳхат ба Бозиҳои олимпии тобистонаи Рио-де-Женейро-2016 гардидан, талош меварзанд.

Гарчанде дар давраи ҳисоботӣ оид ба татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон як идда барномаҳои мушаххас роҳандозӣ карда шуданд, аммо то ҳол фаъолияти ҷойдошта оид ба солимгардонии тафаккури ҷавонон ба талабот ҷавобгӯ набуда, аз масъулин андешидани тадбирҳои ҷадидро тақозо менамояд.

Фазои фарҳангии шаҳр бо таҷлили ҷашни Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Рӯзи модар, Иди байналмилалии Наврӯз, 70-солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945, Рӯзи Ваҳдати миллӣ, Рӯзи китоб, Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Рӯзи Рӯдакӣ, Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Рӯзи Фалак, Рӯзи Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва баргузории маҳфилҳову ташкили барномаҳои консертӣ дар боғҳои фарҳангу фароғатӣ рангин карда шуда, ин ва дигар чорабиниҳои ихтисосӣ ба пешрафти ҳаёти фарҳангию маънавӣ, ҷалби бештари шаҳрвандон ба ҳаёти сиёсиву иҷтимоӣ ва боло бурдани фарҳанги шаҳрнишинии сокинони пойтахт мусоидат намуданд.

Бо мақсади баланд бардоштани савияи дониш ва таҳкими сиёсати давлатии кор бо занон ва оила дар самти тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунандаи шаҳри Душанбе аз ҳисоби занону ҷавондухтарон дар давраи ҳисоботӣ бо ҷалби васеи бонувони фаъолу собиқадор мизи мудаввар дар мавзӯи «Зан ва ташаббусҳои созанда» доир карда шуд. Дар раванди баргузории ҳамоиши мазкур маърӯзаҳои ҷолиб дар мавзӯи «Зан ва сиёсат», «Нақши бонувони Тоҷикистон дар раванди рушди ҷомеаи мутамаддин», «Омилҳои таъсиргузори манфӣ дар раванди ташаккули нақши занон дар ҷомеа», «Хурофот чун омили халалдоркунандаи ташаккули маънавии занону ҷавондухтарон» баррасӣ гардида, як қатор масъалаҳои вобаста ба ҳаёти занону ҷавондухтарон мавриди таҳлилу корбарӣ қарор гирифт.

Ҳамзамон, вобаста ба дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз Паёми имсола ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавриди эълон гардидани Соли 2015 “Соли оила”, маҳви ҳамагуна бегонапарастию хурофотпарастӣ, пешгирии ҷалби ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ чорабиниҳои мушаххас амалӣ карда шуданд.

Инчунин бо мақсади муайян ва баррасӣ намудани ҳолатҳои зӯроварӣ дар оила, сабабҳо ва роҳҳои коҳиш додани он дар ҳамкорӣ бо Муассисаи давлатии “Маркази худшиносии бонувон дар шаҳри Душанбе” бо ҷалби васеи раисони шаҳраку маҳаллаҳо, директорони марказҳои репродуктивии шаҳри Душанбе, нозирони минтақавӣ ва собиқадорони меҳнат мизи мудаввар дар мавзӯи “Хушунат ва маҳкуми он” доир гардид.

Бояд зикр намуд, ки ин тадбирҳо басанда нестанд. Шуъбаҳои фарҳанг, кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе ва Муассисаи давлатии «Маркази худшиносии бонувон дар шаҳри Душанбе»-ро месазад, ки дар иҷрои вазифаҳои ба зиммаашон вогузоргардида бо дарки масъулият муносибат намоянд.

Айни замон дар шаҳри Душанбе 18 масҷиди ҷомеъ, 55 масҷиди панҷвақта, 30 ташкилоти динии ғайриисломӣ ва Кумитаи рушди ҷамоатхонаҳои исмоилия фаъолият менамоянд, ки дар феҳристи давлатии иттиҳодияҳои динии Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шудаанд.

Лозим ба ёдоварист, ки баҳри риояи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ» дар шаҳр як қатор нақшаву чорабиниҳои мушаххас мавриди амал қарор дода шудааст.

Аз ҷумла, оид ба пешгирии омилҳои ифротгароёна, хурофотпарастию бегонапарастӣ, ташаннуҷи мазҳабӣ Қарори Раиси шаҳри Душанбе №146 аз 5 марти соли 2015 «Оид ба нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе дар самти ба роҳ мондани корҳои фаҳмондадиҳӣ ҷиҳати пешгирии омилҳои номатлуби ифротгароёна миёни занону ҷавондухтарон» ба тасвиб расид, ки тавассути он мунтазам доир намудани суҳбату вохӯриҳои дастаҷамъонаи сохторҳои дахлдори шаҳрӣ бо занону ҷавондухтарон ва волидайну наздикони онҳо дар шаҳраку маҳаллаҳои пойтахт баргузор гардиданд.

Тибқи Қарори Раиси шаҳри Душанбе №386 аз 20 августи соли 2015 “Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Қарори Раиси шаҳри Душанбе №160-2 аз 17 марти соли 2015 “Дар бораи тасдиқи нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе” бо мақсади баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон дар гиромидошт ва волояти қонун, густариши эҳсоси ватандӯстӣ, пешгирии амалҳои ифротгароӣ ва экстремизми динӣ ва эмин нигоҳ доштани зеҳну афкори ҷомеа аз андешаҳои носолиму иртиҷоӣ, бо ҷалби васеи роҳбарони сохтору идораҳои марбутаи дар марзи пойтахт фаъолиятдошта, олимону донишмандон ва мутахассисони ботаҷриба дар самти ҳифзу ҳимояи арзишҳои миллию давлатӣ, ректорону директорони донишгоҳу донишкада ва муассисаҳои илмӣ-тадқиқотӣ ва дигар донишмандону кормандони шоиста, вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, раисони ноҳияҳо ва масъулони сохтору идораҳои шаҳри Душанбе, дар маҷмӯъ иборат аз 315 нафар, 45 гурӯҳи корӣ таъсис дода шуда, миёни сокинони тамоми шаҳраку маҳалла ва кормандони корхонаву идораҳои пойтахт вохӯриҳо доир намуданд.

Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе баҳри назорати риояи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷиҳати баланд бардоштани савияи дониш ва маърифати ҳуқуқии раисони шӯроҳои шаҳраку маҳаллаҳо бо ташаббуси Комиссияи доимоамалкунандаи танзими анъана ва ҷашну маросимҳои Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе барномаи таълимии курси омӯзишии Қонуни зикршударо барои роҳбарон ва масъулони тарабхонаву ошхона, қаҳвахонаю ҷойҳои дилхушии шаҳр таҳия намуда, бо Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати илм ва маориф ва шуъба оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқа ва ба фаъолияти барномаи таълимии мазкур оғоз бахшида, имрӯзҳо даври дуюми он дар ноҳияҳои шаҳр идома дорад.

Аммо новобаста ба ин, фаъолияти анҷомдодаи масъулин то ҳол нигаронкунанда боқӣ монда, зиёдаравиҳо дар баргузории маъракаҳои марбут ба расму оин ва адои фаризаҳои динӣ ба мушоҳида мерасанд, ки аз ҳамагон бознигарии фаъолият ва таъмини ҳар чи бештари волоияти қонунро дар ин самт тақозо менамояд.

Дар давраи ҳисоботӣ аз ҷониби Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе дар доираи салоҳияти бо санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинигардида ва дар ҳамбастагӣ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ як қатор чорабиниҳои марбутаи судманд татбиқ ва амалӣ гардидаанд, ки ҳадаф аз роҳандозии онҳо таъмин намудани волоияти қонун, таҳкими тартиботи ҷамъиятӣ, пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳо ва таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд дар пойтахт мебошад.

Таҳлили фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва ҳолати ҷинояткорӣ тибқи маълумотҳои Cарраёсати Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ва Сармаркази иттилоотӣ-таҳлилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон нишон дод, ки шумораи умумии ҷиноятҳои бақайдгирифташуда дар қаламрави шаҳр дар давраи ҳисоботӣ 4404 ададро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта (4180 адад) 224 адад ва ё 5,3 фоиз зиёд мебошад.

Таҳлил нишон дод, ки дар ин давра ҷинояти куштор 18,7, одамдуздӣ 100, таҷовуз ба номус 50, авбошӣ 9,2, бандитизм 100, роҳзанӣ 13,3, қаллобӣ 11,3, ҷиноятҳои аз ҷониби ноболиғон содиргардида 1,3 ва ҷиноятҳои вобаста ба муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор ё моддаҳои психотропӣ 3,9 фоиз кам гардидаанд.

Мутаассифона, як қатор ҷиноятҳо нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта, аз ҷумла, дуздӣ ба 35,8, азонихудкунӣ ба 11,3, тамаъҷӯӣ 71,4, ғайриқонунӣ соҳиб шудан, ба дигарон додан, ба соҳибияти каси дигар додан, нигоҳ доштан, интиқол додан, гирифта гаштани силоҳ, лавозимоти ҷангӣ, моддаҳои тарканда ва воситаҳои таркиш ба 11,1 фоиз ва порахурӣ 6 баробар афзудаанд.

Бо назардошти ҳолати мавҷуда ва натиҷаи таҳлил мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар сохторҳои шаҳри Душанберо зарур аст, ки новобаста аз самти фаъолият баҳри таъмини волоияти қонун, таҳкими тартиботи ҷамъиятӣ, пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳо ва таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд чораҳои муассир андешанд.

Дар 11 моҳи соли 2015 дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ҷиҳати иҷрои вазифаҳои мақомотҳои намояндагӣ ва иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе, омодагӣ ва баргузор намудани иҷлосияҳои Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, ҷаласаҳои машваратию назоратии назди Раиси шаҳри Душанбе, пешниҳоди лоиҳаҳо ва таҳлили иҷроиши Қарору Амрҳои Раиси шаҳри Душанбе, баррасию назорати ҳуҷҷатҳои аз сохторҳои марбутаи шаҳри Душанбе воридшуда, қабули шаҳрвандону кор бо арзу шикоятҳои онҳо ва ҳамчунин дар боби ҳамоҳангсозии фаъолияти комиссияҳои доимӣ ва муваққатии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе бо сохторҳои Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе корҳои муайянеро ба сомон расонид.

Дар ин муддат корҳои омодагӣ барои ба тасвиб расидани 1083 Қарору Амрҳои Раиси шаҳри Душанбе анҷом гирифта, аз 5340 мактуби хизматии воридгардида 1386 ҳуҷҷат таҳти назорат қарор дода шудааст, ки аз ин миқдор 1297 мактуби хизматӣ бинобар таъмини иҷроиш аз назорат соқит ва бо сабаби нарасидани муҳлати иҷро, 89 ҳуҷҷати дигар таҳти назорат қарор дорад.

Дар ин давра ба Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе 7902 муроҷиат, аз ҷумла 3317 тариқи хаттӣ, 834 ба воситаи почтаи электронии Раиси шаҳр, 1505 тавассути телефони боварӣ, 783 ва 83 муроҷиат мувофиқан тариқи сомонаҳои «Мо метавонем» ва «Бе миёнаравҳо», муроҷиати 457 нафар шаҳрванд, ки аз тарафи роҳбарияти шаҳр қабул карда шуданд ва 923 муроҷиати шаҳрвандон аз тарафи мақомоти болоӣ, Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид гашта, мавриди баррасӣ ва назорат қарор дода шуд.

Баҳри таҳкими робитаҳои бародаршаҳрӣ ва рушди ҳамкориҳои иқтисодӣ аз 31 октябр то 2 ноябри соли 2015 ҳайати бонуфузи шаҳри Урумчии Ноҳияи Мухтори Синзиян - Уйғури Ҷумҳурии Халқии Хитой ба шаҳри Душанбе ташриф оварданд, ки натиҷаҳои он барои ҳарду бародаршаҳрҳо муфид хоҳанд буд.

Бо мақсади ҷалби бештари сокинон ва ҷомеаи шаҳрвандӣ дар татбиқи барномаҳои шаҳрдорӣ, таҳлили афкори сокинон ва инчунин дарёфти ҳалли проблемаҳои ҷойдошта имконоти бештари бахшҳои сомонаи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе дар шабакаҳои иҷтимоии Твиттер (@Dushanbe2012) ва Фейсбук (Dushanbe city) равона гардид.

Дар давраи ҳисоботӣ 3 иҷлосияи Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, 30 ҷаласаи машваратию назоратии назди Раиси шаҳри Душанбе бо иштироки роҳбарон ва намояндагони мақомоту сохторҳои шаҳрдорӣ, раисони комиссияҳои доимӣ ва вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, раисони ноҳияҳо, роҳбарони ҳизбҳои сиёсӣ, раисони шаҳраку маҳаллаҳо, намояндагони созмонҳои ғайридавлатию васоити ахбори омма ва соҳибкорон доир гардид, ки натиҷаи он дар сурати 730 супориши протоколии Раиси шаҳри Душанбе таҳия ва таҳти назорат қарор дода шуда, ки аз онҳо 643 ададаш иҷро ва 87 супориши дигар бо сабаби муҳлат доштанашон мавриди корбарӣ қарор доранд.

Ҳамзамон, бо назардошти дастурҳои Раиси Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе ва Қарорҳои марбутаи иҷлосияҳои Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе зимни ташкили комиссияҳои муваққатии вакилон барои омода намудани маводҳои таҳлилӣ дар субъектҳои хоҷагидориву коммуналии шаҳр 58 маротиба санҷишҳо гузаронида шуданд.

Фаъолияти дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе дар бахши интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳо мутобиқ ба Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастурамалҳои Раёсати хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Низомномаи дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, ки бо Қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 30 марти соли 2011 №172-9 «Дар бораи низомнома, сохтор ва лимити шумораи хизматчиёни давлатии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ва Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе» тасдиқ гардидааст, ба роҳ монда шудааст.

Буҷети шаҳри Душанбе барои соли 2016-ум аз рӯи даромадҳо бидуни андози иҷтимоӣ дар ҳаҷми 1352,1 млн. сомонӣ муайян гардидааст.

Вазни хоси сарчашмаҳои андозҳо дар қисми даромади буҷети шаҳр чунин мебошад:

- андоз аз даромад – 24,0 %;

- андоз аз фоида – 27,5 %;

- андози арзиши иловашуда – 15,2%;

-андоз аз истифодабарандагони роҳҳои автомобилгард – 7,8 %;

- боҷи давлатӣ- 3,6%

- андоз аз молу мулки ғайриманқул – 6,0%;

- андоз аз соҳибони воситаҳои нақлиёт – 2,0%;

- низоми соддакардашудаи андозбандӣ – 11,8%;

- дигар даромадҳои ғайриандозӣ-1,1%

- дигар даромадҳо- 0,5%.

Қисми хароҷоти буҷети шаҳри Душанбе барои соли 2016 дар ҳаҷми 1352,1 млн. сомонӣ муқаррар карда шудааст, аз ҷумла барои:


  • Сектори ҳокимият ва идоракунии давлатӣ – 9,8 млн.сомонӣ

  • Мудофиа (ситоди ҳолатҳои фавқулода)– 1,8 млн.сомонӣ

  • Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ (сӯхторхомӯшкунӣ) – 8,8 млн.сомонӣ

  • соҳаҳои иҷтимоӣ маблағи 490,2 млн. сомонӣ, ё ин ки коҳиш 1,3%, аз ин:

-маориф – 286,6 млн. сомонӣ;

-тандурустӣ– 182,8 млн. сомонӣ;

- ҳифзи иҷтимоӣ – 5,6 млн. сомонӣ;

- фарҳанг – 15,2 млн. сомонӣ.



  • соҳаи хоҷагии манзилию коммуналӣ 781,8 млн. сомонӣ, ё ин ки афзоиш 11,8 фоиз аз ин:

- маблағгузории асосӣ – 636,9 млн. сомонӣ (сохтмони асосӣ -529,2 млн.сомонӣ ва сохтмон, азнавсозӣ ва таъмири роҳҳо-107,7 млн.сомонӣ)

- барои нигоҳдории муассисаҳои коммунали шаҳрию ноҳиявӣ 144,9 млн. сомонӣ;



  • соҳаи нақлиёт ва коммуникатсия 52,9 млн. сомонӣ, аз ҷумла:

- барои хариди нақлиёти ҷамъиятии мусофиркашонӣ 39,3 млн. сомонӣ;

- таҷдиди хатҳои нақлиёти барқӣ – 3,5 млн. сомонӣ;

- субсидия барои ҷуброни роҳкирои имтиёзгирандагон – 10,1 млн. сомонӣ.


  • Фонди захиравии Раиси шаҳри Душанбе – 6,8 млн.сомонӣ

Вазни хоси хароҷоти соҳаҳо дар қисми хароҷоти буҷети шаҳрӣ чунин мебошад:

- хоҷагии манзилию коммуналӣ – 57,8%;

- соҳаҳои иҷтимоӣ – 36,3%;

- нақлиёт ва коммуникатсия – 3,9%;

- ва ғайраҳо – 2,0%.

Барои тасдиқ ба Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе ҳисобот оид ба иҷроиши буҷети шаҳри Душанбе дар соли 2014-ум аз рӯи даромад ба маблағи 1 676 694,7 сомонӣ ва хароҷот ба маблағи 1 457 126 841 сомонӣ, бо барзиёдии даромад нисбат ба хароҷот ба маблағи 219 567 899 сомонӣ пешниҳод мегардад.


Вакилони муҳтарам,

Вазифа, нақша ва иқдомҳои зикршуда аз сиёсати созандаю бунёдкоронаи Президенти Ҷумҳурӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Қарорҳои Парлумону Ҳукумати Тоҷикистон, Маҷлиси вакилони халки шаҳри Душанбе ва талаботи ҷомеъаамон сарчашма гирифта, баҳри фароҳам овардани шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаи сокинони шаҳри азизамон равона гардидаанд.

Баҳри татбиқи ҳадафҳо моро зарур аст, ки беш аз пеш бо тафаккури наву созанда зарфияту касбияти хешро ҷиҳати тақвияту тавсеаи сулҳу ваҳдат, амният, суботу рушди муттасили иқтисодию иҷтимоӣ, дастгирии пайвастаю пайгиронаи соҳибкорӣ, бахусус истеҳсолӣ ва хизматрасонӣ ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ равона намуда, бо дарки бечунучарои волоияти қонун ҷиҳати баланд бардоштани маърифат ва донишҳои ҳуқуқии сокинон нисбати пешгирии таъсиррасонии фарҳанг ва тафаккури бегонаву иртиҷоӣ мулоқоту вохӯриҳои гурӯҳҳои таблиғотии таъсисёфтаро дар шаҳр муассиртар ба роҳ монем.

Дар як вақт моро лозим мебошад, ки раванди дигаргуниҳои куллии инфрасохториро тавсеа, сатҳ ва симои меъмории шаҳрамонро боз ҳам беҳбуд бахшида, барои шуғлу фароғат ва истироҳати сокинон шароитҳои муосири сатҳи байналмилалиро таъмин намоем.

Боварии комил дорем, ки вакилони муҳтарами Маҷлиси вакилони халқи шаҳрамон, аҳли ҷамоатчигӣ ва тамоми сокинони пойтахтамон барои дар амал татбиқ гардидани вазифаҳои соли оянда чун ҳамеша ба Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе кӯмак ва ҳамкориҳои зич хоҳанд дошт.

Бо ҳамин ниятҳои нек аз фурсати муносиб истифода бурда, Шуморо ба муносибати фаро расидани Соли Нави 2016 табрику таҳният гуфта, ба Шумо саломатии комил, бахту саодат, комёбиҳои нав ба нав баҳри гулгулшукуфии Ватани маҳбубамон ва шаҳри дилороямон орзу менамоем.

Дар ҳаллу фасли вазифаҳои зикрёфта ба Шумо, вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳр, тамоми сокинони пойтахт, намояндагони сохторҳои ғайриҳукуматию иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, ҳизбу ҳаракатҳои сиёсӣ, воситаҳои ахбори омма, ки бо мо ҳамкориҳои зич дошта, дар самти пешбурди ҳаёти мухталифи шаҳр таклифу пешниҳодҳои мушаххас баён менамоянд, миннатдорӣ изҳор намуда, зикр менамоем, ки ҳамеша ба нерӯи созандаю креативии Шумо такя ва ниёз дорем.

Мо, сокинони пойтахт, бояд тамоми қувваю ғайратамонро ба он равона созем, ки диёри арҷмандамон боз ҳам ободу зебо гашта, мақому мартабаи пойтахти беназирамонро ба маротиб боло бардорем.

Бо истифода аз ин фурсати муносиб, мо, вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, ба Ҷаноби Олӣ, Президенти Ҷумҳурӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Парлумон ва Ҳукумати мамлакат барои дастгирии ҳамаҷонибаашон ҷиҳати рушду нумӯи шаҳрамон, миннатдории самимӣ изҳор менамоем.

Ба ҳамаи Шумо вакилон ва ба кулли сокинони пойтахт бори дигар ибрози сипос намуда, аз даргоҳи Худованди муттаол фараҳмандӣ, шукӯҳмандӣ, саодатмандӣ ва эминиатонро таманно менамоем.

Бигузор Соли Нав ба ҳар яки Шумо ва сокинону меҳмонони шаҳрамон соли амалӣ гардидани тамоми орзую умедҳои некатон бошад.

Ташаккур!





Достарыңызбен бөлісу:
1   2




©dereksiz.org 2024
әкімшілігінің қараңыз

    Басты бет