Имтиёзњо дар бахши андоз ва низоми махсуси андозбандї. Накша


Минтаќањои озоди иќтисодї



бет3/4
Дата08.07.2016
өлшемі236 Kb.
#184874
1   2   3   4

7.Минтаќањои озоди иќтисодї.
Њолати њуќуќии минтаќањои озоди иќтисодї тибќи Ќонуни ЉТ «Дар бораи минтаќањои озоди иќтисоди дар Љумхурии Тољикистон» аз 17 майи соли 2004 № 24 муќаррар мешавад.

Минтаќањои озоди иќтисодї – ќисми алоњидаи (маљњдуди) ќаламрави Љумњурии Тољикистон мебошад, ки дар њудуди он на фаќат низоми махсуси гумрукию андозї, балки тартиби соддакардашудаи рафтуомади ѓайрирезидентњо ва меъёрњои имтиёзноки истифодаи захирањои табиї амал мекунад

Маќсади тасиси минтаќахои озоди иќтисодї дар Љумхурии Тољикистон ин:

- ба љомеаи иќтисодии љањонї самараноктар љалб намудани иќтисодиёти Љумњурї ва минтаќањои алоњидаи он;

- таъмин намудани шароити мусоид барои љалби инвеститсияњои хориљї, технология ва таљрибаи идоракунї;

- рушди иќтидори иќтисодии минтаќа дар заминаи њамгироии инвеститсияњои хориљї бо воситањои пулию моддии корхона ва ташкилотњои ватанї, ки ба шаклњои гуногуни моликият асос ёфтаанд;

- ташкил намудани инфраструктураи истењсолї ва иљтимоии њозиразамон;

- ѓани гардонидани бозори дохили бо мањсулот ва молњои таъиноти истеъмолї ва истењсолї;

- бењдошти шуѓл ва баланд бардоштани сатњи зиндагии ахолї аст.

Дар ќаламрави Љумхурии Тољикистон мумкин аст шаклњои гуногуни функсионалии минтаќањои озоди иќтисодї ташкил карда шаванд. Шакли функсионалии минтаќањои озоди иќтисодї мувофиќи маќсади таъсиси онњо ва самти фаъолияти инвеститсионї дар минтаќаи озоди иќтисодї муайян карда мешавад. Дар минтаќањои озоди иктисодї метавонад фаъолияти истењсолї, илмию технологи, воридоти, содироти, савдо, сайёњию истироњатї, инвеститсионї, биржавї, суѓуртавї, бонкї ва намудњои дигари фаъолият, ки конунгузории Љумњурии Тољикистон пешбини намудааст, инкишоф ёбад.

Минтаќањои озоди иќтисоди метавонанд фарогири вазифахое бошанд, ки онњо хоси якчанд шаклњои функсионалии минтаќањои озоди иќтисодиянд. Сарњади њудудии минтаќахои озоди иќтисодиро Маљлиси намояндагони Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон бо пешнињоди Њукумати Љумхурии Тољикистон тасдиќ мекунад.

Минтаќахои озоди иќтисоди бо ќарори Њукумати Љумхурии Тољикистон мувофиќи барномаи давлатии таъсису инкишофи минтаќахои озоди иќтисоди дар ќаламрави Љумхурии Тољикистон ва Ќонун «Дар бораи минтаќањои озоди иќтисодї дар Љумњурии ТОљикистон» таъсис ва барњам дода мешавад.

Субъектњои минтаќаи озоди иќтисодї субъектњои фаъолияти соњибкорие мебошанд, ки новобаста аз шакли ташкилию њуќуќияшон тибќи тартиби пешбининамудаи Кодекси граждании Љумњурии Тољикистон дар минтаќаи озоди иќтисодї фаъолият мекунанд, инчунин филиалњои шахсони њукукии хориљие низ мебошанд, ки дар ќаламрави минтаќаи озоди иќтисоди мутобиќи ќонунгузории Љумњурии Тољикистон аз тарафи маъмурияти минтаќаи озоди иќтисоди ба ќайд гирифта шудаанд. Баќайдгирии давлатии субъектњо дар ќаламрави минтаќаи озоди иќтисодї мутобики ќонунгузории Чумњурии Тољикистон сурат мегирад. Баќайдгирии њисобии филиалњо ва намояндагињои онњо аз љониби маъмурияти минтаќаи озоди иќтисоди бо тартиби муайяннамудаи Низомнома оид ба минтаќаи озоди иќтисодї амали мегардад. Дар њудуди минтаќањои озоди иќтисодї вазифаи идоракуниро маъмурияти минтаќаи озоди иќтисодї, ки онро роњбар сарварї мекунад, иљро менамояд. Тартиби фаъолияти маъмурияти минтаќањои озоди иктисодї дар Низомнома оид ба минтаќаи озоди иктисодї муайян карда мешавад. Роњбари маъмурияти минтаќаи озоди иктисодї аз љониби Њукумати Љумњурии Тољикистон ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешавад.

Маъмурияти минтаќаи озоди иќтисодї дорои чунин салоњият аст:

- базаи иттилоотию тањлилии дурнамои инкишофи самараноки минтаќаи озоди иќтисодиро ташкил мекунад;

- барномањоро оид ба рушди минтаќаи озоди иќтисодї тањия ва амалї намуда, онњоро такмил медињад;

- манфиатњои истењсолкунандагону истеъмолкунандагонро њимоя мекунад;

- ягонаги ва фаъолияти пурсамари минтаќаи озоди иќтисодиро таъмин менамояд;

- барои љалб намудани инвеститсияњои ватанию хориљи ва дигар захирањо шароити мусоид фароњам меоварад;

- риояи низоми њуќуќии минтаќаи озоди иќтисодиро назорат мекунад ва барои ворид намудани таѓйироти зарурї ба ин низом ба Њукумати Љумњурии Тољикистон таклифњо пешнињод менамояд;

- дигар ваколатњои аз тарафи конунхои Љумњурии Тољикистон пешбинишударо, ки барои тезонидани рушди самараноки муносибатњои бозоргонї равона гардидаанд, амалї менамояд.

Иљрои санадњои маъмурияти минтаќаи озоди иктисодї, ки дар доираи салоњияти он ќабул гардидаанд, дар ќаламрави минтаќа барои тамоми шахсони воќеи ва њуќуќи, ки мувофиќи тартиби муќарраршуда ба ќайд гирифта шудаанд, њатмї мебошад.

Минтаќањои озоди иќтисодї вобаста ба хусусиятњои хоси худ аз дигар минтаќањо фарќ карда мешаванд, ки аз низоми хуќуќи дар минтаќањои озоди иктисодї, низоми махсуси гумрукї, танзими молиявї ва асъорї, имтиёзњои андозбанди, танзими муносибатњои мехнатї, буљети мустаќил, маблаѓгузори барои таъсис, нигоњдорї ва рушди минтаќаи озоди иќтисодї ва ѓайра бармеояд. Дар минтаќањои озоди иќтисодї низоми махсуси гумрукїи, молиявию асъорї ва андозбандї, тартиби соддашудаи воридшавї, иќомат ва хориљшавии резидентњо ва ѓайрирезидентњо, ки бо Низомнома оид ба минтаќаи озоди иќтисодї муайян шудаанд, инчунин дигар низомњое, ки ба љалб намудани сармоя, њавасмандкунии инкишофи соњибкорї ва рушди иљтимоию иќтисодии минтаќањои озоди иќтисодї нигаронида шудаанд, муќаррар карда мешаванд. Барои таъмин намудани низоми зикргардида аз љониби маќомоти давлатии ваколатдор бо тартиби муќарраршуда дар чунин минтаќањо воњидњои сохтории хадамоти гумрукї ва андоз таъсис дода мешаванд. Дар минтаќаи озоди иќтисодї низоми махсуси гумрукї амал мекунад, ки инњоро пешбини менамояд:

- пурра ё ќисман озод намудан аз бољи гумрукї њангоми ворид кардани молњо ба минтаќаи озоди иктисодї;

- тартиби соддакардашудаи интиќоли борњо ва воситањои наќлиёт аз сарњади минтаќаи озоди иќтисодї;

- бекор намудани тадбирњои сиёсати ѓайритарифї.

Барои њисоббаробаркунињо дар минтаќаи озоди иќтисодї асъори миллии Љумњурии Тољикистон ва асъори мубодилашавандаи давлатњои хориљи бо тартиби муайяннамудаи Бонки миллии Тољикистон истифода карда мешавад. Хусусиятхои махсуси танзими молиявї ва асъори дар њудуди минтаќаи озоди иќтисоди мутобиќи ќонунгузории Љумњурии Тољикистон амали карда мешаванд.

Шахсони воќеї ва њуќуќие, ки бо тартиби муќарраршуда дар ќаламрави минтаќањои озоди иќтисодї ба ќайд гирифта шудаанд, мутобиќи ќонунгузории андози Љумњурии Тољикистон дар давраи фаъолияташон дар минтаќаи озоди иќисодї аз андозњо ќисман ё пурра озод карда мешаванд. Барои фоида ва даромадњои субъектњои минтаќаи озоди иќтисодї, ки дар љараёни фаъолияташон дар минтаќаи озоди иќтисоди ба даст овардаанд ва ба соњањои истењсолии дигар минтаќањои Љумњурии Тољикистон равона гардидаанд, имтиёзњои андозбандии пешбининамудаи ќонунгузории Љумњурии Тољикистон нигоњ дошта мешаванд.Муносибатњои мехнатї дар минтаќаи озоди иќтисодї мутобиќи ќонунгузории Љумњурии Тољикистон, шартномањои коллективї ва шартномањои инфиродии мењнатї танзим карда мешаванд. Шартномањои мехнатии коллективию инфиродї набояд шароити кормандони корхонаю ташкилотњои минтаќаи озоди иќтисодиро нисбат ба шароитњои пешбининамудаи ќонунгузории Љумњурии Тољикистон ва инчунин санадњои њуќуќии байналмилалие, ки Љумњурии Тољикистон эътироф намудааст, бад созанд.

Минтаќаи озоди иќтисоди буљети мустаќили худро доранд. Ин буљет аз њисоби даромадњои худи ва дигар пардохтњо, ки аз љониби Маљлиси намояндагони Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон бо пешнињоди Њукумати Љумњурии Тољикистон муќаррар ва аз тарафи шахсони воќеию њуќуќии дар ќаламрави он баќайдгирифташуда пардохт карда мешаванд, ташкил меёбад. Буљети мустаќили минтаќаи озоди иќтисодї бо маќоми ваколатдори давлатї дар соњаи молияи давлатї мувофиќа карда мешавад. Маблаѓггузорї барои таъсис, нигоњдорї ва рушди минтаќаи озоди иќтисодї, аз љумла инфраструктураи истењсолї, наќлиётї ва ѓайра аз њисоби буљети мустаќили минтаќаи озоди иќтисодї амали карда мешавад. Дар ќаламрави минтаќаи озоди иќтисодї Хазинаи инкишофи минтаќаи озоди иќтисодї бунёд карда мешавад, ки идоракунии он аз тарафи Шўрои хазинаи инкишофи минтаќаи озоди иќтисодї амали гардонида мешавад. Манбаъњои таъсисдиќию нигоњдории Хазинаи инкишофи минтаќаи озоди иктисодї ва сохтору ваколатњои Шўрои он аз тарафи Њукумати Љумхурии Тољикистон тасдиќ карда мешаванд. Њаљми маоши роњбарони маъмурияти минтаќаи озоди иќтисодиро Њукукмати Љумњурии Тољикистон муќаррар менамояд.

Минтаќањои озоди иќтисоди дар њолатњои зерин метавонанд барњам дода шаванд:

- гузаштани мўњлати амалиёти минтаќаи озоди иќтисодї, ки Низомнома оид ба минтаќаи озоди иќтисодїи муќаррар кардааст;

- набудани пешнињоди асосноки маќомоти воњиди марзию маъмурї, ки дар ќаламрави он минтаќањои озоди иќтисоди таъсис дода шудааст, оид ба дароз кардани мўњлати мазкур њангоми фаъолияти бобарори минтаќањои озоди иќтисодї;

- ба манфиатњои амнияти давлат, аз љумла амнияти иќтисодию экологї номувофиќ будани фаъолияти минтаќањои озоди иќтисодї;

- пешнињоди мањќомоти њокимияти иљроия ё маќоми воњиди марзию маъмурї, ки дар ќаламрави он минтаќахои озоди иќтисодї љойгир шудааст.

Дар њолатњои дигар барњам додани минтаќахои озоди иктисодї манъ аст. Дар мавриди барњам додани минтаќахои озоди иќтисодї субъектњои фаъолияти соњибкорї, ки дар минтаќањои мазкур ба ќайд гирифта (аккредитатсия) шудаанд, аз њуќуќ ва ўхдадории худ , ки Ќонун «Дар бораи минтаќањои озоди иќтисодї дар Љумњурии Тољикистон» пешбини менамояд, мањрум мегарданд. Барњам додани минтаќањои озоди иќтисодї ба ягон оќибати њуќуќї љихати фаъолият барњамдињии шахсони њуќуќї ва филиалњои шахсони њуќуќии хориљї оварда намерасонад ва онњо дар ќаламрави минтаќаи озоди иќтисодии пештара фаъолият мекунанд ё тибќи ќонунгузории Љумњурии Тољикистон барњам дода мешаванд.


А. Минтаќаи дорои андозбанди имтиёзнок(оффшорї).

Минтаќаи дорои андозбандии имтиёзнок ин њудуде аст, ки дорои сатњи пастари андозбандї нисбат ба дигар њудудњо мебошад. Минтаќаи зикршуда минтаќаи имтиёзноки андозбандї, юридиксияи андозбандї ва ё оффшорї номида мешавад. Дар айни њол дар тамоми љахон 60 минтаќаи анозбандї имтиёзнок ва 3 миллион ташкилотњои оффшорї баќайд гирифта шудааст. Ба сифати ин минтаќањо давлат ва ё њудуди алоњидаи он дохил мегардад ба монанди Гонконг, Ирландия, Панама, Кипр, љазирањои бегон, Белиз, Бармуд, Бритони, Виргинии, Гибралтар, ва ѓайра. Мисол дар Кипр аз 20 њазор ташкилотњои бакайдгирифташуда њарсол 200 милион долари ИМА ба буљети давлат ворид менамоянд. Оид ба минтаќањои дорои андозбанди имтиёзнок дар КА ЉТ моддаи мушахас љой дорад. Тибќи моддаи 168 КА ЉТ агар резидент мустаќим ё ѓайримустаќим дорои зиёда аз 10 фоизи фонди оинномавї ё зиёда аз 10 фоизи сањмияњо бо њуќуќи овози корхонаи хориљї бошад, ки вай дар навбати худ дар мамлакати дорои андозбандии имтиёзнок даромад мегирад, як ќисми чунин даромад, ки ба резидент тааллуќ дорад, ба даромади (фоидаи) андозбандишавандаи вай (резидент) дохил карда мешавад. Давлати хориљї њангоме давлати дорои андозбандии имтиёзнок њисобида мешавад, ки агар меъёри андоз дар он нисбат ба меъёри мувофиќи КА муќарраршуда 30 фоиз кам бошад ё ќонунњое дошта бошад, ки дар бораи махфї нигоњ доштани маълумоти молиявї ё маълумот дар бораи ширкатњо, ки барои нигоњ доштани сирри соњиби воќеии амвол ё даромадгиранда (фоидагиранда) имконият медињанд, вуљуд дошта бошанд. Сиёсати андозбанди ин минтаќахо чунин аст, ки таъмини маблаѓгузори инистутњои умуми пеш аз њама аз њисоби љалби сармоягузории иловагии њоричї дар њудуди худ, инчунин љамнамои пардохтњои баќайдгирии њарсола аз ташкилотњои ѓайрирезидаентї ташкил меёбад.

Асосан чунин намудњои юридиксияи андозбандї вобаста ба типашон бо назардошти нишонањои зерин таќсим мешавад:

-даромад пурра андозбандї намешавад;

-андозбанди намуди муайяни фаъолият ва корхонањо озод карда мешавад;

-андозбандии намудњои фаъолияти алоњидаи соњибкорї дар асоси паст кардани маблаѓи андоз амалї мегардад;

-андозбанди имтиёзнок танњо бо ташкилотњои шакли ташкили њуќуќии хос пањн мегардад, масалан, нисбати холдингњо;

-андозбанди имтиёзнок танњо нисбати ташкилоти ѓайриризидентї пешбини шудааст;

-даромади берун аз њудуди ин минтаќа бадастомада андозбандї намешавад.

1) Ташкилотхои милли- резидент буда дар фаъолияти худ мањдуд намегардад аммо ба онњо ўхдадории андоз пурра пањн мегардад.

2) Ташкилоти Милли бо њолати махсуси андозбандї- нисбати он манукињои алоњида њангоми нисбати онњо пањнгардидани имтиёзњои андоз љой дорад. Њолати махсуси андоз дар ваќти баќайдгирї ва баъд аз он бадастоварда мешавад. Аз лањзаи баќайдгири њолати махсуси андозро ин ташкилотњо бадаст меоранд:

- Ташкилоти байналхалќии корї(делавая).

- ташкилоти оффшорї.

- ташкилоти байналхалкї.

Ба сифати ташкилотхое, ки њолати махсуси андозро баъд аз баќайдгирї бадаст меоранд, шартан ташкилоти имтиёзнок номбурда мешаван, ки аз андоз аз фоидаи шахси њуќуќї озод мегарданд.
8.Хусусияти андозбандї њангоми иљроиши Созишнома оид ба таќсими мањсулот.
Бо маќсади инкишофи истифодабарии сарватњои зеризаминї, муќаррар намудани асосњои њуќуќии бавуљудоии муносибатњо дар раванди сармоягузории ватанї ва хориљї, барои кофтуков, тадќиќ ва дарёфти ашёи хоми менералї дар худуди ЉТ аз љумла дар њудуди махсус минтаќаи озоди иќтисодїи созишнома оид ба таќсими мањсулот(СТМ) баста мешавад. Созишномаи таќсими мањсулот чунин муоњидае мебошад, ки мутобиќи он Љумњурии Тољикистон њуќуќи истиснои кофтуков, тадќиќ ва дарёфти ашёи хоми менераллиро дар минтаќаи сарвати зеризаминї љойгиршуда ба тарафи дигар, ки корњои зикршударо аз њисоб ва тавакали худ амали менамояд, медињад. Ингуна созиш њамагуна шарту шароитро оиди истифодабарии сарвати зеризаминї аз љумла тартиб ва шарти таќсими мањсулоти истењсолшударо байн тарафњо дарбар мегирад. Дар КА ЉТ мафњуми СТМ пешбини нагардидааст аммо маќсад ва шартњое, ин созишнома доро аст дар ќарордод оид ба истифоди ќаъри замин иникос шудааст. Низоми андоз, ки барои истифодабарандаи ќаъри замин муќаррар карда мешавад, танњо дар ќарордод оид ба истифодаи ќаъри замин (минбаъд–«ќарордод»), ки тибќи тартиби муайяннамудаи Њукумати Љумњурии Тољикистон байни истифодабарандаи ќаъри замин ва маќоми салоњиятдори ваколатдорнамудаи Њукумати Љумњурии Тољикистон (минбаъд – «маќоми салоњиятдор») имзо шудааст, муайян карда мешавад. Низоми андозе, ки дар ќарордод муќаррар карда мешавад, бояд ба талаботи ќонунгузории андози Љумњурии Тољикистон дар санаи бастани (имзо намудани) ќарордод мувофиќат намояд. Масъалањои вобаста ба супоридани андозњо ва пардохтњои махсусро ба иљозатномањо ва дигар асноде, ки бо истифодаи ќаъри замин алоќаманд мебошанд, њамроњ кардан манъ аст, ба истиснои ќарордодњо оид ба истифодаи ќаъри замин. Дар мавриде, ки истифодаи ќаъри заминро бо як ќарордод якчанд андозсупорандагон амалї менамоянд, низоми андози дар ќарордод муќарраршуда барои њамаашон ягона мебошад. Дар баробари ин фаъолияти якчанд андозсупорандае, ки дар доираи чунин ќарордод иљро мешавад, барои маќсади андозбандї њамчун андозсупорандаи ягона њисоб ёфта, онњо ўњдадор мебошанд бањисобгирии ягонаи муштаракро пеш баранд, њамаи андозњо ва маблаѓњои махсуси дар ќарордод мутобиќи ќонунгузории андози Љумњурии Тољикистон муќарраршударо супоранд.

Истифодабарандагони ќаъри замине, ки дар асоси зиёда аз як ќарордод фаъолият мекунанд, даромад ва харољотро дар доираи ќарордодњои гуногун барои муайян намудани андозњо ва пардохтњои махсус наметавонанд якљоя намоянд. Доир ба њар як ќарордод бояд бањисобгирии алоњидаи даромадњо ва харољот, инчунин бањисобгирии алоњидаи андозњо ва пардохтњои махсус пеш бурда шавад. Муќаррароти ќисми 5 модда 274 КА ЉТ дар њолатњое, ки истифодабарандагони ќаъри замин дар асоси зиёда аз як ќарордод фаъолият мекунанд ва њамаи ин ќарордодњо ба истихрољи канданињои фоиданоки умумимаъмулї ва (ё) обњои зеризаминї баста шудаанд, татбиќ намегардад, ба шарте агар њамаи чунин ќарордодњо истихрољи дигар намуди канданињои фоиданокро дар бар нагиранд. Истифодабарандаи ќаъри замин ўњдадор аст бањисобгирии алоњидаро барои њисоби ўњдадорињои андоз мутобиќи низоми андозе, ки ќарордод пешбинї намудааст ва њисоб намудани ўњдадорињои андоз оид ба фаъолияти аз доираи чунин ќарордод берунро (бо истифодаи ќаъри замин алоќаманд набуда) амалї намояд. Муќаррароти ќисми 7 моддаи 274 КА ЉТ дар хусуси бањисобгирии алоњида дар њолатњое, ки истифодабарандагони ќаъри замин дар баробари фаъолият тибќи ќарордоди истихрољи канданињои фоиданоки умумимаъмулї ва (ё) обњои зеризаминї, фаъолиятеро анљом медињанд, ки аз доираи чунин ќарордодњо берун аст (новобаста бо истифодаи ќаъри замин), татбиќ намегардад. Њангоми бо маќсади соњибкорї коркард намудани канданињои фоиданоки њамрадифи дар ќарордод пешбининашуда истифодабарандаи ќаъри замин доир ба онњо мувофиќи муќаррароти боби 39 КА ЉТ роялтї месупорад(моддаи 274 КА ЉТ). Андозбанди дар њолати мављуд будани ќарордод оид ба истифодаи ќаъри замин(минбад СТМ) мувофиќи фасли 11 бобњои 37-39, моддањои 272-295 КА ЉТ баамал бароварда мешавад.

СТМ тарафахои зайл дорад:

1) ЉТ- Њукумати ЉТ, маќомоти њокимияти иљроияи љои воќеъ гардидани сарвати зеризаминї ва ё маќомоти дигари аз љониби онхо ваколатдоркардашуда;

2) Сармоягузор-шахрвандони ЉТ, шањрвандони хориљї, шахсони њуќуќї, ва иттињодияи шахсони њуќуќї, ки дар асоси шартномаи фаъолияти якљоя бе тасиси шахси њуќуќїи ташкил ёфта, воситањои худ ва ё воситањои дигарри бадастовардаро барои кофтуков, тадќиќ ва дарёфтнамои ашёи хоми менералї ва истифодабарии сарвати зеризаминї гузоштааст.

Дар соњаи танзими муносибатњо оид ба истифодаи сарватњои зеризаминї масъалањои зерин дар ихтиёри Њукумати Љумхурии Тољикистон мебошанд:

1) тањияю татбиќи барномањои давлатии истифода, барќарорсози вусъати минбаъда ва сифатан бењтар намудани базаи ашёи хоми минералии Љумњурї;

2) муќаррар намудани тартиби истифодаю њифзи сарватњои зеризаминї, тањияи стандартњои (меъёру ќоидањои) мувофиќ;

3) ихтиёрдорї ва идора кардани фонди давлатии сарватњои зеризаминї, аз љумла якљоя бо маќомоти њокимияти давлатии ВАБК, вилоятњо шањру ноњияњо ихтиёрдори ва идора кардани фонди маъданњои фоиданоки маъмулї;

4) муайян намудани номгўи маъданњои фоиданоки маъмулї, инчунин номгўи маводи коллексионї ва маъданњои фоиданок, ки барои заршуии косибї иљозат дода шудааст;

5) додани литсензия (иљозатнома) барои истифодаи сарватњои зеризаминї ва коркарди ашёи хоми минералї;

6) муќаррар намудани њиссаву андозаи истихрољ, коркард ва фурўши ашёи хоми минералии дорои ањамияти давлатї барои корхонањо;

7) муќаррар намудани тартиби љалбкунии маблаѓњои хориљї, додани литсензия ва консессияњо ба шахсони њуќуќии хориљї ва шањрвандон барои љустуљў, инкишоф, истихрољ ва коркарди ашьёи хоми минералї инчунин истифодаи сарватхои зеризаминї ба маќсадњои дигар ва назорат ба риояи он;

8) таъсиси системаи ягонаи фонди давлатии ахбори геологї дар бораи сарватњои зеризаминї, истифодабарии ахбори аз њисоби маблаѓи давлати бадастомада;

9) назорати давлатии истифодаи самараноку њифзи сарватњои зеризаминї, инчунин муќаррар намудани тартиби татбиќи он;

10) тартиб додани баланси давлатии захирањои маъданњои фоиданок, бањисобгирии давлатии ќитъањои сарватњои зеризаминие, ки барои истихрољи маъданњои фоиданок ва сохтмони иншоотњои зеризаминии ба истихрољи маъданњои фоиданок дахлнадошта истифода мешавад, баќайдгирии давлатии корњои омeзиши геологї ва истифодабарии сарватњои зе­ризаминї аз љониби корхонаю ташкилотњо сарфи назар аз шакли моликияташон;

11) экспертизаи давлатии ахбор оид ба маъданњои фоиданоки кашфшуда, хусусиятњои дигари сарватњои зеризаминие, ки ќимати онхоро муайян мекунанд;

12) љори намудани мањдудияти истифодабарии сарватњои зеризами­нї дар китъањои људогона ба маќсади таъмин намудани амнияти миллї ва њифзи муњити зист;

13) муайян кардани сиёсати давлатїи амали намудани њамкории байналхалќи дар соњаи истифода ва муњофизати сарватњои зеризаминї;

14) тасдиќ намудани меъёрњои пардохт барои истифодаи сарватњои зерзаминї;

15) ќатъи њуќуќи истифодаи сарватњои зеризаминї дар сурати вайронкунии талаботи ќонун;

16) мутобиќати корњои тадќиќоти илмї ва таљрибавию конструкторие, ки ба истифодаи сарватњои зеризаминї алоќаманданд;

17) њимояи њуќуќи истифодабарандагони сарватњои зеризаминї ва манфиати шахрвандони Љумњурии Тољикистон;

18) њалли бањсњо дар бобати истифодаи сарватњои зеризаминї дар байни ВАБК, вилоятњо, шањру ноњияњои тобеи Љумњурии Тољикистон;

19) экспертизаи давлатии лоињањои истифодабарии сарватњои зеризаминие, ки дар асоси шартномањои мувофиќи ќонунгузории Љумњурии Тољикистон басташуда ба истифодабарандагони хориљии сарватњои зеризаминї дода мешаванд;

20) танзими масоили дигари истифодаи сарватњои зеризаминї дар асоси Конститутсияи Љумњурии Тољикистон.

Њукумати Љумњурии Тољикистон ваколатњои људогонаро ба­рои танзими муносибатњои оид ба истифодаи сарватњои зеризаминї ба маќомоти њокимияти давлатии ВАБК, вилоятњо, шањру ноњияњо ва маќомоти давлатии Љумњури дода метавонад.

Номгўи минтаќањои манбаи сарватњои зеризаминї, њуќуќи ба истифодабари додани он бо шарти таќсими мањсулот бо ќонуни ЉТ «Дар бораи сарватњои зеризаминї» аз 20 июли соли 1994 №984 муќаррар шудааст. Нисбати ањдњое, ки бо сармоягузорони хориљи баста мешавад ќонуни ЉТ «Дар бораи консесияњо» аз 15 май соли 1997 № 430 тадбиќ мегардад. Њолати њуќуќии сармоягузорони ватаниро оиди бастани СТМ ќонун «Дар бораи сармоягузорї дар Љумњурии Тољикистон» муќаррар менамояд.

Сарватхои зеризаминии Љумхурии Тољикистон пурра моликияти давлатї буда, ба моликони зерин дода мешавад:

-ба маќомоти муайяни давлатї бо роњи ба онњо додани њуќуќи моликї;

-ба истифодабарандагони сарватњои зеризаминї бо роњи интиќоли њуќуќи истифодаи бемўњлат ё таќсими њуќуќи истифодаи мўњлатноки сарватњои зеризаминї.

Дар Љумњурии Тољикистон сарватњои зеризаминї моликияти хусуси шуда наметавонад. Хариду фурўш, тўњфакунї, ба гарав мондани ќитъањои манбаи сарватњои зеризаминї ё ивазкунии худсаронаи онхо манъ аст. Аъмоле, ки руирост ё пинњонї боиси вайроншавии њуќуќи моликияти давлат ба сарватњои зеризаминї мегардад, манъ аст.

Сарватњои зеризаминї барои маќсадњои зайл мавриди истифода ќарор мегиранд:

1) омўзиши геологї;

2) истихрољи маъданњои фоиданок, аз љумла истифодаи партови корхонањои истихрољи маъдан ва коркарди он:

3) сохтмон ва истифодаи иншоотњои зеризаминие, ки ба истихрољи маъданњои фоиданок алоќаманд нестанд, аз љумла иншоотњо барои дар зери замин нигоњ, доштани нафт, газ ва дигар моддаю масолењ, инчунин барои гуронидани моддањои зарарнок, партови саноат ва обњои ганда;

4) ташкили объектњои бахусус њифзшавандаи геологї, ки дорои ањамияти илмї, фархангї, эстетикї, санитарию табобатї ва ѓайра мебошанд (омўзишгоњњои илмию таълимї, мамнуъгоњњои геологї, ёдгорињои та­биї, ѓорњо ва дигар холигињои зеризаминї).

5) љамъ кардани маводи минералогї, палеонтологї ва маводи дигари коллексионии геологї.

Сарватњои зеризаминї барои истифода бо иљозатномаи махсус дар шакли литсензия дода мешаванд. Мувофиќи литсензияе, ки барои истихрољи маъданњои фоиданок, сохтмон ва истифодабарии иншоотњои зеризаминии новобаста ба истихрољи маъданњои фоиданок, ташкили объектњои геологии ба таври мах­сус њифзшаванда њуќуќ медињад, ба истифодабарандагон ќитъаи зами­ни кўњсор људо карда мешавад. Замини кўњсор инчунин барои омўзиши геологии сарватњои зеризаминї ва њамзамон истихрољ намудан ё истих­рољи минбаъдаи бевоситаи маъданњои фоиданок дода мешавад, аз рўи шарту шароити озмун, ќарордод ё имтиёз (консессия), инчунин дар асоси гуфтушунидњои мустаќими байни довталабони истифодаи сарватњои зеризаминї ва сохиби сарватњои зеризаминї. Ќитъаи замини кўњсор бо тартиби муќарраркардаи Њукумати Љумњурии Тољикистон дода ва ќайд карда шуда, барои истихрољи маъданњои фоиданоки маъмули танњо аз љониби маќоми назорати истихрољи маъдан ба ќайд гирифта мешавад Соњањои сарватњои зеризаминї барои омўзиши геологї ба тариќи ќитъаи људокардашудаи геологї дода мешаванд. Истифодабарандаи сарватњои зеризаминї, ки ќисми замини кўњсорро ё геологї соњиб шудааст, мувофиќи литсензияи гирифтааш дар њудуди он ба истифодаи сарватњои зеризаминї њуќуќи комил дорад. Њама гуна корњои истифодаи сарватњои зеризаминї дар њудуди замини кўњсор ё геологї танњо бо ризояти истифодабарандае, ки замини кўњсор ё геологї ба ў дода шудааст, ба љо оварда мешаванд. Шахсони њуќуќї ва воќеї, ки аз њисоби худ корњои геологиро маблаѓ таъин мекунанд, дар сурати риояи талаботи ин ќонун «Дар бораи сарватњои зеризаминї» барои истифодабарии кор њаќќи аввалият доранд. Ин њуќуќ дар сурате аз байн меравад, ки дар давоми ду соли баъди тасдиќ гардидани захирањои маводи маъдани конї кашф кардашуда истифода нашуда бошад.

Бо сармоягузорони хориљї бо риояи муќарароти консесия созишнома баста мешвад. Концессия (иљозат, гузашт) — ањднома дар бораи бо шартњои муайян ба инвестори (сармоядори) хориљї муваќќатан ба истифода додани корхонањо (иттиходияњо), замин бо њуќуќи истихрољи канданињои фоиданок, сохтмони объектхо, инчунин обњо, фазои обу њаво, олами њайвоноту наботот, захирањои дигари табиї, ки ќонунгузории Љумњурии Тољикистон манъ накардааст. Санаде, ки тибќи он њуќуќи сармоягузори хориљиро оид ба истифодабарии сарватњои зеризаминї тадбиќ карда мешавад ин ањдномаи консесия аст. Ањдномаи консессия — мувофиќатномае, ки аз рўи он маќомоти ваколатдори давлатї ё маќомоти њокимияти давлатии мањалњо замин, захирањои дигари табиї, корхонањо (иттињодияњо), дигар амволи давлатиро, ки ќонунгузории Љумњурии Тољикистон манъ накардааст, дар доираи салоњияти худ ба сармоягузори хориљї ба истифодаи муваќќкати медиханд. Ањдномаи консессия вобаста ба хусусияти техникию иќтисодии иншооти ба консессия супурдашаванда барои мўњлати на бештар аз 50 сол имзо карда мешавад. Кони канданињои фоиданок, ки харољоти зиёдеро металабад ва давраи пeшонидани харољоташ тулонї аст, истисно мебошад. Дар ин маврид мўхлати ањдномаи консессия бо мўњлате, ки барои пурра ба кор андохтани кон зарур аст, муайян карда мешавад, вале на бештар аз 99 сол. Баъди гузаштани мўњлати ањдномаи консессия консессиядоре, ки шартњои ањдномаро софдилона иљро кардааст, барои тамдиди ањдно­маи кўтоњмуддат ва миёнамуддат зиёдтар њуќуќ дорад. Корњо ва намудњои фаъолияте, ки дар СТМ пешбини шудааст бояд мутобиќи барномањо, наќшањо, лоињањо ва сметањои тасдикшуда иљро карда шавад. Мањсулоти истењсолшуда байни давлат ва сармоягузор дар асоси муќарарорти СТМ таќсим мегардад ва ба ин шарт ва тартиб мувофиќ аст:

-муайянияти њаљми умумии мањсулоти истењсолшаванда (истењсолшуда) ва нархи он;

-муайянияти ќисми мањсулоти истењсолшуда (аз љумла сатњи нињоии он), ки ба соњибмулкии сармоягузор барои љуброни харољоти иљрои корњо тибќи СТМ (мањсулоти љуброни) дода мешавад;

-муќаррарот оиди таќсимоти фоида байни давлат ва сармоягузор, ки тибќи он мањсулоти истењсолшуда бо вичоти ќисми он барои истифодабарии сарватњои зеризаминї, љуброни мањсулот сурат мегирад;

-ба давлат додани ќисми мањсулоти он ва ё маблаѓи эквивалентии он тибќи муќаррароти СТМ;

-гирифтани мањсулоти истењсолшуда аз љониби сармоягузор тибќи СТМ.

Мањсулоти љуброни инчунин ќисми мањсулоти даромаднок тибќи СТМ хамчун сањми сармоягузор ба сохибмулкияш таалуќ дорад. Ашёи хоми менералї, ки моликияти сармоягузор мебошад мутобиќи шарт ва тартиби муќарраршудаи СТМ ба хориља интиќол дода мешавад. Ба истиснои андоз аз даромад ва пардохтњо барои истифодабарии сарватњои зеризаминї, сармоягузор дар давоми мўњлати амали СТМ аз падохти акзис ва дигар пардохтњои њатми озод карда мешавад. Дигар намуди андозу пардохтњо ба таќсими мањсулот тибќи СТМ иваз мешаванд. Дар њолати бо ќонунгузори пешбини нашудани озоднамои сармоягузор аз андозу пардохтњо њисаи давлат бинобар пардохти ин андозњо кам карда мешавад. Њисобу китоби ин маблаѓ бояд бо назардошти ставкаи азнавмаблаѓгузории Бонки Милли Точикистон дар марњилаи итмом ёфтани амали он сурат гирад. Андоз аз фоидаро сармоягузор тибќи тартиби умумї ва ба назардошти моддаи 145 КА ЉТ бо ставкаи дар рўзи имзои СТМ амалкунанда пардохт менамояд, ќи чунин хусусиятхоро дорост:

-объети анозбандии андоз аз фоида ќисми маблаѓи даромади мањсулоти ба сармоягузор дар асоси СТМ талуќдошта баромад мекунад;

-пардохи андоз аз даромад аз љониби сармоягузор њангоми иљроиши корњои дар СТМ муќарраршуда якљоя бо дигар намуди фаъолияти сармоягузории мазкур сурат мегирад;

-бо созиши тарафњо андоз аз фоидаро сармоягузор дар шакли аслї ва ё баробарарзиши мањсулот пардохт менамояд.

Барои истифодабарии сарватхои зеризаини сармоягузор пардохти якдафаинаи давлатї (бонус) мунтазам(роиялтї) ва харсол(ренталс) месупорад. Бонусњо пардохтњои устуворонаи истифодабарандагони ќаъри замин мебошанд ва дар шакли пулї, тибќи њаљм ва тартиби дар ќарордоди истифодаи ќаъри замин муќарраргардида супорида мешаванд. Истифодабарандагони ќаъри замин, бо дарназардошти шартњои инфиродии истифодаи ќаъри замин намудњои зерини бонусро месупоранд:

1) бонуси обунавї;

2) бонуси кашфи тиљоратї;

3) бонуси истихрољ.

Мутобиќи самаранокии иќтисодии ќарордодњои имзошаванда мумкин аст дар онњо як ё якчанд намуди бонусњо муќаррар карда шавад. Бонуси обунавї пардохти яккаратаи устуворонаи истифодабарандаи ќаъри замин барои њуќуќи фаъолият љињати истифодаи ќаъри замин дар њудуди ќарордодї мебошад ва њангоми бастани ќарордод мувофиќи тартиби муайяннамудаи санадњои меъёрии њуќуќии Љумњурии Тољикистон муќаррар карда мешавад. Њаљмњои ибтидоии бонусњои обунавиро, аз љумла мувофиќи шартњои гузаронидани тендер, маќоми салоњиятдор бо мувофиќаи Вазорати молияи Љумњурии Тољикистон ва маќоми ваколатдори давлатї муайян менамояд. Њаљми нињоии бонуси обунавї дар ќарордод вобаста ба ањамияти иќтисодии конњои (њудудњои) барои истифода супоридашаванда, аммо на пасттар аз њаљмњои ибтидої муќаррар карда мешавад. Мўњлати пардохти бонуси обунавиро ќарордод дар мўњлати на дертар аз 30 рўзи таќвимї аз санаи бастани ќарордод, муќаррар менамоядБонуси кашфи тиљоратї маблаѓсупорї барои њар як кашфи тиљоратї дар њудуди ќарордодї, аз љумла барои кашфи канданињои фоиданок дар рафти гузаронидани кофтукови иловагии конњо мебошад, ки боиси афзоиши захирањои дар ибтидо муќарраршудаи истихрољшаванда мегардад, ба истиснои њолатњое, ки дар ќисми 2 моддаи 280 КА ЉТ зикр шудаанд. Бонуси кашфи тиљоратї тибќи ќарордодњо барои кашфи конњои канданињои фоиданоке, ки истихрољи минбаъдаи онњоро пешбинї намекунанд, муќаррар карда намешавад. Кашфи тиљоратї – ин захирањои навъњои алоњидаи канданињои фоиданок мебошад, ки дар доираи њудуди ќарордодї кашф шуда, мувофиќи тартиби муќарраршуда тасдиќ гардидаанд ва барои истихрољ аз љињати иќтисодї самаранок мебошанд. Тартиби њисоб намудани бонуси кашфи тиљоратиро Њукумати Љумњурии Тољикистон муайян мекунад. Њаљми бонуси кашфи тиљоратиро ќарордод муќаррар менамояд. Бонуси истихрољ пардохти устуворона буда, мунтазам, њангоми расидан ба дараљаи њаљми истихрољ, ки дар ќарордод муайян шудааст, аз љониби истифодабарандаи ќаъри замин супорида мешавад. Тартиби њисоб намудани бонуси истихрољро доир ба гурўњњои канданињои фоиданок Њукумати Љумњурии Тољикистон муайян мекунад. Њаљми бонуси истихрољро ќарордод барои истифодаи ќаъри замин муќаррар менамояд. Бонуси истихрољ дар мўњлати на дертар аз рўзи



Достарыңызбен бөлісу:
1   2   3   4




©dereksiz.org 2024
әкімшілігінің қараңыз

    Басты бет