Имтиёзњо дар бахши андоз ва низоми махсуси андозбандї. Накша



бет2/4
Дата08.07.2016
өлшемі236 Kb.
#184874
1   2   3   4

Ќарзи андоз гуфта таѓийр додани мўњлати супоридани андозро аз љониби субъекти андозситон дар давомияти аз се моњ то се сол меноманд, ки њангоми бавуљуд омаданаи асосњое, ки дар ќисми 10 моддаи 90 КА ЉТ пешбинишуда, тадбиќ мегардад. Дар КА ЉТ мафњуми ќарзи андоз бевосита дода нашудааст, аммо муќарароти алоњида, ки додани ќарзи андозро иникос менамояд, љой дорад. Дар моддаи 160 КА ЉТ муќаррарот оиди ба давраи дигар гузаронидани зарар мављуд аст, ки тибќи он нисбати корхона барзиёдии тарњњои имконпазир нисбат ба даромади умумї (зарар аз фаъолияти соњибкорї) ба давраи минбаъдаи давомнокиаш то 3 солро дарбаргиранда гузаронида мешавад ва аз њисоби фоидаи то андозбандишавандаи даврањои минбаъда пўшонида мешавад. Нисбати шахси воќеї бошад барзиёдии тарњњои имконпазир аз даромади умумї аз фаъолияте, ки мењнати кироя намебошад, нисбати чунин даромади умумї аз музди мењнати ин шахс тарњ шуда наметавонад, вале мумкин аст ба давраи минбаъдаи давомнокиаш то 3 солро дарбаргиранда барои пўшонидан аз њисоби даромади умумии даврањои минбаъда аз фаъолияте, ки мењнати кироя намебошад, гузаронида шавад.

Карзи андоз дар асоси аризаи андозсупоранда ба у барои як ва ё якчанд андоз дода мешавад. Тартиби пешниход ва баррасии аризаи ин шахс доир ба додани ќарзи андоз, ќабули карор оиди он, эътибор пайдо намудани он бо тартиби таѓийр додани мўњлати супоридани андоз монанд аст. Танхо дар карзи андоз як хусусияти хос чой дорад, ки он ба воситаи шартномаи карз барасмият дароварда мешавад. Ба ќарз фоиз зам карда мешавад. Ба истиснои њолатњои муќаррарнамудаи КА ЉТ, агар ягон маблаѓи андоз, аз љумла пардохтњои љорї, дар мўњлати муќарраргардида пардохт нашуда бошад, яъне њангоми мављуд будани пардохти кам (баќияпулї), андозсупоранда вазифадор аст фоизњои ин маблаѓи кам пардохтшударо (баќияпулиро) дар мўњлати аз санаи фаро расидани мўњлати пардохт то санаи пардохти маблаѓи кам супоридашуда (баќияпулї) пардозад. Фоизњо ба андозсупоранда пардохта намешаванд, агар баргардонидани маблаѓи изофагї дар мўњлати на бештар аз 30 рўз аз лањзаи аз љониби андозсупоранда додани ариза дар мавриди баргардонидани маблаѓњои зиёдатии пардохтшуда анљом дода шавад. Меъёри фоизњо мутобиќи њамин модда бо фоизњои оддї дар њаљми 150 фоизи меъёри азнавмаблаѓгузории (рефинансирование) Бонки миллии Тољикистон дар шакли меъёрњои азнавмаблаѓгузорињо ба њисоби миёнаи арифметикии барои њар як семоњаи љорї муайяншуда муќаррар карда мешавад. Дастуруламал дар бораи њисобкунии фоизњо оид ба пардохти баќияпулї ё изофапулї вобаста ба андозњо аз љониби маќоми ваколатдори давлатї бо мувофиќаи Вазорати молияи Љумњурии Тољикистон ва Бонки миллии Тољикистон ќабул карда мешавад.

Асос барои бастани шартнома оид ба ќарзи андоз ин ќарори маќомоти босалоњият дар бораи ба шахси манфиатдор додани ќарзи андоз аст, ки дар давоми 10 рўзи пас аз ќабули он шартнома бояд баста шавад. Ин шартнома бояд дорои муќаррарот оид ба маблаѓи ќарз, фоизи он, хуљљатњо оид ба амволе, ки предмети гарав, инчунин масъулияти тарафњо бошад. Нусхаи шартномаи мазкур ба шахси манфиатдор (ќарздор) ва маќомоти андози љойи баќайдгирии он дар давоми 10 рўз аз лањзаи бастани шартнома фиристода мешавад. Амалии шартнома оиди ќарзи андоз бо созиши тарафњо ё ќарори суд пеш аз муњлат метавонад ќатъ карда шавад.

Як намуди ќарзи андоз ќарзи сармоягузории андоз мебошад. Ќарзи сармоягузории андоз ин чунин таѓийр додани мўњлати супоридани андоз аст, ки тибки он ба андозсупоранда имконияти дар давоми то се сол ва дар њачми муайян кам намудани пардохтњо аз андоз бо супоридани марњилаи пешбининамудаи ќарз ба замми фоизи он дар њолате, ки асосњои муайян љой дорад, дода мешавад. Ингуна ќарз метавонад танњо оид ба андоз аз даромади ташкилот, инчунин ба андозњои мањалї дода шавад. Ќарзи сармоягузори андоз метавонад хангоми мавчуд будани аќалан яке аз асосњои муќаррарнамудаи ќисми 10 моддаи 90 КА ЉТ пешнињод гардад. Ташкилоте, ќи ќарзи сармоягузори андоз мегирад њуќуќ дорад пардохтњои худро мутобиќи андози муайян дар мўњлати амали шартномаи ќарз кам намояд. Ин ќарз бо аризаи ташкилот дода мешавад. Тартиб ва шарти бастану ичроиши шартномаи ќарзи сармоягузори андоз , ќабули ќарори маќомоти андоз оид ба додани ќарз монанди карзи андоз аст.

Нисбат ба ќарзи андоз реструктризатсия тадбиќ мешавад. Ќонунгузори амалкунанда њолатхоеро муќаррар кардааст, ки тибќи он ба андозсупоранда имконияти батахиргузории супоридани ќарзи кридиторро оид ба андоз, пардохт, фоиз ва љарима барои њуќуќвайронкунї ба воситаи ресруктаризстсияи он дода мешавад. Супоридани ин ќарз бояд аз љониби андозсупоранда марњила ба марњила дар асоси ќарори маќомоти андоз амалї мешавад, ќи ба наќшаи тадбиќнамуда мувофиќ аст. Оиди пешнињоди њуќуќ ба рестуктаризатсияи ќарз оид ба пардотхои њатмии буљет ташкилот ба маќомоти ваколатдор ариза пешкаш менамояд. Ќарз мувофиќи тартиботи муќаррарнамудаи Њукумати ЉТ аз њисоб бароварда (реструктаризатсия) мешавад(моддаи 99 КА ЉТ).
5.Низоми махсуси андозбандї дар Љумњурии Тољикистон.
Низоми махсуси андозбандї дар ЉТ гуфта ин тартиби махсуси бањисобгирї ва супоридани андозу пардохтњоро дар давраи муайян меноманд, ки бо тартиб ва њолатхои бо ќонунгузории андоз пешбинишуда тадбиќ мегардад. Аз руи ќоидаи умумї ин ба як андоз ивазнамудани маљмўи андозњои мављудбуда њисоб меёбад. Ѓайр аз асосоњои пешбурди бањисобгири муњосибавї, њисоботдињї ва супоридани андозњо, рељаи махсуси андоз- имтиёзњоро низ ба андозсупорандаи ин низом муќаррар менамояд. Дар ЉТ ба њайси низоми махсуси андозбандї ин низомњо баромад менамоянд:

1) Низоми андози ягона барои истењсолкунандагони мањсулоти кишоварзї

2) Низоми андозе, ки тибќи низоми соддакардашуда пардохта мешавад

3) Низоми андозбандии сохтмони нерўгоњњои барќи обї

4) Низоми андоз аз мањсулоти коркарди молњо, ки ба Љумњурии Тољикистон њангоми интихоб кардани низоми гумрукии коркард дар ќаламрави гумрукї ворид карда мешаванд (андоз аз мањсулоти коркарди молњо)

5) Хусусияти андозбандии корхонањои азнавтаъсисёфта, ки ба силсилаи пурраи коркарди нахи пахта ба мањсулоти нињої (аз калобаи пахта то мањсулоти пахтагии дузандагї) банд мебошанд

Дар Федерасияи Рассия дар тафовути низоми андозбандии ЉТ чунин намудхои низоми махсуси андозбанди љой дорад:


  1. Низоми соддакардашудаи андозбандии субъекти соњибкории хурд;

  2. Низоми андозбанди дар минтаќахои озоди иќтисодї;

  3. Низоми андозбанди дар њудуди маъмури ташкилёфтаи пўшида;

  4. Низоми андозбанди њангоми иљроиши созишнома оид ба таќсими мањсулот;

  5. Низоми андозбанди њангоми иљроиши шартномаи консесия.

Барои пурратар пайдо намудани тасавурот оид ба ин низомњои андоз баъзеи онро тавсиф менамоем.

А) Низоми андозбандии сохтмони нерўгоњњои барќи обї.

Дар давраи сохтмони нерўгоњи барќи обї (минбаъд- «сохтмон») дар ќаламрави Љумњурии Тољикистон Фармоишгари сохтмон ва Пудратчии генералии сохтмон аз пардохти андозњои зерин (аз лањзаи фаро расидани мўњлати пардохт), ки бевосита ба сохтмон алоќаманд мебошанд, озод карда мешаванд:

- андоз аз арзиши иловашуда;

- андоз аз истифодабарандагони роњњои автомобилгард;

- андоз аз фоидаи шахсони њуќуќї;

- андози њадди аќал аз даромади корхонањо;

- андози замин;

- андоз аз соњибони воситањои наќлиёт;

- андоз аз амволи ѓайриманќул;

- андози иљтимої нисбати шахсоне, ки бевосита дар сохтмони нерўгоњи барќи обї банд њастанд ва шањрвандони Љумњурии Тољикистон намебошанд;

- бољи давлатї барои ба ќайдгирии лоињањои эмиссияњои коѓазњои ќиматноки ѓайридавлатї, ки бинобар сохтмони нерўгоњи барќи обї амалї шудаанд.

Воридоти молњо барои сохтмони нерўгоњњои барќи обї, ки барои Љумњурии Тољикистон объекти махсусан муњим ба њисоб мераванд, бояд аз андоз аз арзиши иловашуда ва бољи гумрукї бо тартиби муќаррарнамудаи банди 7 ќисми 4 моддаи 211 КА ЧТ ва банди 7 моддаи 345 Кодекси гумруки Љумњурии Тољикистон озод карда шаванд. Дар давраи сохтмони нерўгоњи барќи обї аз пардохти андоз аз арзиши иловашуда ва андоз аз истифодабарандагони роњњои автомобилгард, ки бояд бевосита нисбати сохтмони (вобаста ба сохтмони) нерўгоњи барќи обї њисоб карда шаванд, инчунин аз пардохти андози иљтимої нисбати шахсоне, ки бевосита дар сохтмони нерўгоњи барќи обї банд њастанд ва шањрванди Љумњурии Тољикистон намебошанд, тањвилгарон ва пудратчиёни сохтмони дар боло зикргардида озод карда мешаванд. Њамзамон ба сифати тањвилгарон ва паймонкорони сохтмони нерўгоњи барќи обї шахсони њуќуќие, ки бевосита ба Фармоишгари сохтмони нерўгоњи барќи обї ё Пудратчии генералии сохтмони нерўгоњи барќи обї бо ќарордодњое (шартномањое, созишномањое), ки тањвили молњо, иљрои корњо, хизматрасонињои ба сохтмони (дар сохтмони) нерўгоњи барќи обї пешбинї мекунанд, алоќаманд мебошанд, баррасї мегарданд.

Дар ин намуди низоми андозбанди бояд мукаррар карда шавад, ки:

-Фармоишгари сохтмони нерўгоњи барќи обї ва Пудратчии генералии сохтмони нерўгоњи барќи обї бо пешнињоди Вазорати энергетикаи Љумњурии Тољикистон, мутобиќи дастури Њукумати Љумњурии Тољикистон мувофиќашуда, аз љониби Њукумати Љумњурии Тољикистон тасдиќ карда мешаванд;

-давраи сохтмони нерўгоњи барќи обї бо дархости Вазорати энергетикаи Љумњурии Тољикистон, ки дар якљоягї бо Фармоишгари сохтмони нерўгоњи барќи обї ва Пудратчии генералии сохтмони нерўгоњи барќи обї тањия шудааст ва мутобиќи дастури Њукумати Љумњурии Тољикистон мувофиќа шудааст, аз љониби Њукумати Љумњурии Тољикистон тасдиќ карда мешавад;

-муомилоти (амалиёти, ќарордоди, шартномаи, созишномаи) ба сохтмони нерўгоњи барќи обї алоќаманд муомилоте (амалиёте, ќарордоде, шартномае, созишномае) эътироф карда мешавад, ки аз љониби Фармоишгари сохтмони нерўгоњи барќи обї тасдиќ шудааст;

-озодкунї аз пардохти андозњо аз рўи муомилотњои (амалиётњои, ќарордодњои, шартномањои, созишномањои) ба сохтмони нерўгоњи барќи обї алоќаманд, ки дар давраи сохтмони нерўгоњи барќи обї баста шуда ва бояд то анљоми давраи сохтмони нерўгоњи барќи обї анљом ёбанд, пешнињод карда мешавад.

Б) Хусусияти андозбандии корхонањои азнавтаъсисёфта, ки ба силсилаи пурраи коркарди нахи пахта ба мањсулоти нињої (аз калобаи пахта то мањсулоти пахтагини дузандагї) банд мебошанд.

Воридоти молњо бевосита барои зарурати худи корхонањои азнавтаъсисёфта, ки ба силсилаи пурраи коркарди нахи пахта ба мањсулоти нињої (аз калобаи пахта то мањсулоти пахтагини дўзандагї) банд мебошанд (минбаъд-«корхонањои азнавтаъсисёфта»), аз бољи гумрукї ва андоз аз арзиши иловашуда озод мебошанд. Дар њолати аз љониби корхонањои азнавтаъсисёфта тањвил додани молњои воридшуда ба бозори дохилии Љумњурии Тољикистон, чунин амалиётњо бо бољи гумрукї, андоз аз арзиши иловашуда ва дигар андозњо бо тартиби умумии муќаррарнамудаи Кодекси гумруки Љумњурии Тољикистон ва Кодекси андози Љумњурии Тољикистон андозбандї карда мешаванд. Содироти молњое, ки корхонањои азнавтаъсисёфта истењсол мекунанд, аз андоз аз арзиши иловашуда озод карда мешаванд. Корхонањои азнавтаъсисёфта аз андоз аз фоидаи шахсони њуќуќї, андози њадди аќал аз даромади корхонањо, андоз аз амволи ѓайриманќул ва андози замин озод мешаванд. Дар мавриди дар корхонањои азнавтаъсисёфта ба миён омадани ўњдадорињои андоз аз рўи дигар андозњо чунин ўњдадорињои андоз бояд мутобиќи Кодексњои андоз ва гумруки Љумњурии Тољикистон иљро карда шаванд. Имтиёзњои андоз аз бољи гумрукї ва андоз аз арзиши иловашуда, андоз аз фоидаи шахсони њуќуќї, андози њадди аќал аз даромади корхонањо, андоз аз амволи ѓайриманќул ва андози замин бо ќарори Њукумати Љумњурии Тољикистон ба мўњлати то 12 сол аз 1 январи соли ба ќайди давлатї гирифтани корхонањои азнавтаъсисёфта дода мешавад. Агар корхонаи азнавтаъсисёфта дар давоми 24 моњи пурраи таќвимї пас аз ба кор даровардани силсилаи пештараи коркарди нахи пахта ба мањсулоти нињої ба таъсис додани силсилаи минбаъдаи коркард шурўъ накарда бошад, имтиёзњои андози њамин модда пешбининамуда амали худро ќатъ менамоянд ва маблаѓи имтиёзњои андози корхонањои азнавтаъсисёфта аз лањзаи ба ќайди давлатї гирифта шуданаш то лањзаи ќатъ гардидани ин имтиёзњо бояд аз рўи меъёрњое, ки дар давраи гирифтани имтиёзњои андоз амал мекарданд њисоб карда шавад ва ба њисоби буљет рўёнида шавад. Њамзамон таъсис додани силсилаи минбаъдаи коркард бояд дар мўњлати бо њисобњои техникию иќтисодї ва таљрибаи байналмилалї асоснокшуда амалї карда шавад. Дар хусуси оѓози кор тибќи њар силсила ва ба кор андохтани њар як силсилаи коркард корхонаи азнавтаъсисёфта барои бањисобгирии махсус (алоњида) бо маќсади гирифтани имтиёзњои њамин модда муќаррарнамуда ба маќоми ваколатдори давлатї ва Вазорати молияи Љумњурии Тољикистон ба таври хаттї ахборот медињад. Барои гирифтани имтиёзњои дар њамин модда пешбинигардида корхонањои азнавтаъсисёфта баъд аз баќайдгирии давлатї тибќи тартиби муќаррарнамудаи ќонунгузорї дар маќомоти адлия бояд дар маќоми ваколатдори давлатї ва Вазорати молияи Љумњурии Тољикистон бо тартиби муќаррарнамудаи ин маќомоти давлатї ба ќайди махсус ( алоњида) гирифта шаванд. Агар њамин модда муќаррароти дигар пешбинї накарда бошад, нисбати корхонањои азнавтаъсисёфта њамаи муќаррароти ќонунгузории Љумњурии Тољикистон амал мекунад.

В) Андоз аз мањсулоти коркарди молњо, ки ба Љумњурии Тољикистон њангоми интихоб кардани низоми гумрукии коркард дар ќаламрави гумрукї ворид карда мешаванд (андоз аз мањсулоти коркарди молњо).

Супорандагони андоз аз мањсулоти коркарди молњо, ки ба Љумњурии Тољикистон њангоми интихоб кардани низоми гумрукии коркард дар ќаламрави гумрукї ворид карда мешаванд, шахсоне мебошанд, ки аз Љумњурии Тољикистон мањсулоти коркардро мебароранд. Объекти андозбандї арзиши мањсулоти коркард мебошад. Барои муайян кардани манбаи андоз арзиши бозории мањсулоти коркарди баровардашаванда, ки дар асоси нархњои дар санаи баровардани мањсулоти коркард њисоб карда шудааст, ќабул карда мешавад. Њукумати Љумњурии Тољикистон номгўи мањсулоти коркардро, ки бояд бо андози мазкур андозбандї шаванд, инчунин номгўи мањсулоти коркардро, ки нархњои онњо барои њисоб кардани манбаи андоз дар биржаи дахлдори байналмилалї (минтаќавї) муќаррар карда мешаванд, муайян менамояд. Меъёрњои андоз аз мањсулоти коркард аз љониби Њукумати Љумњурии Тољикистон бо фоиз аз арзиши мањсулоти коркард ё бо маблаѓи устувор барои воњид (бо ифодаи аслї) муайян карда мешавад.

Тартиби њисобкунї ва мўњлати пардохти ин андоз чунин аст:

- Маблаѓи андози аз мањсулоти коркард пардохтшавандаро андозсупорандагон мустаќилона дар асоси арзиши мањсулоти коркард дар санаи баровардани мањсулоти коркард аз њудуди Љумњурии Тољикистон ва инчунин меъёри андоз њисоб менамоянд.

- Шахсоне, ки коркарди мањсулоти ба Љумњурии Тољикистон тањти низоми гумрукии коркард дар ќаламрави гумрукї воридшавандаро анљом медињанд, ба сифати агенти андоз дар бобати сари ваќт ва пурра њисобкунї ва пардохти андоз аз мањсулоти коркард амал менамоянд.

- Андоз то баровардани мањсулоти коркард аз њудуди Љумњурии Тољикистон пардохта мешавад.

- Маќомоти гумрук дар асоси тасдиќномаи маќомоти дахлдори андоз барасмиятдарории гумрукии баровардани мањсулоти коркардро аз њудуди ќаламрави гумрукии Љумњурии Тољикистон анљом медињанд.

- Њангоми дар рўзи баровардани мањсулоти коркард дар андозсупоранда мављуд набудани нархи биржавї андоз дар асоси маълумоти мављуда оид ба нархи биржавии мањсулоти коркард дар санаи наздиктарини рўзи баровардан њисоб карда мешавад. Маблаѓи андоз аз љониби андозсупоранда њангоми ворид гаштани маълумот оид ба нархи биржавии мањсулоти коркард дар санаи баровардан аниќ карда мешавад.

- Давраи њисоботї оид ба пардохти андоз аз мањсулоти коркард моњи таќвимї мебошад. Эъломия оид ба маблаѓи пардохтшудаи андоз аз мањсулоти коркард ба маќомоти дахлдори андоз то санаи 15-уми моњи баъди давраи њисоботї пешнињод карда мешавад.

-Назорати сари ваќт ва пурра ба буљет воридшавии маблаѓи андоз аз мањсулоти коркардро маќомоти андоз анљом медињад.
6.Низоми соддакардашудаи андозбандї.
А. Андозе, ки тибќи низоми соддакардашуда пардохта мешавад.

Фасли 13 боби 41 моддањои 302-305 КА ЉТ ба андозе, ки тибќи низоми соддакардашуда пардохта мешавад бахшида шудааст. Тибќи моддаи 302 КА ЉТ супорандагони андозе, ки тибќи низоми соддакардашуда пардохта мешавад, корхонањое мебошанд, ки даромади умумии онњо дар оѓози соли андоз бе назардошти андоз аз арзиши иловашуда ва андоз аз фурўши чакана аз њадди 3-каратаи муќаррарнамудаи КА ЧТ барои маќсадњои баќайдгирї ба сифати супорандаи ААИ яъне 144 сомонї зиёд намебошад(ќ. 1. м. 202 КА ЉТ), ба истиснои чунин корхонањое, ки ба истењсоли молњои зераксизї, тањвили нахи пахта ва алюминийи аввалия ќарордошта, онњое, ки истифодабарандагони ќаъри замин, дорои воњидњои махсус мебошанд, муассисањои суѓуртакунї, фондњои инвеститсионї, иштирокчиёни касбии бозори коѓазњои ќиматнок, ташкилотњои кредитї. Объекти андозбанди ин низоми соддакардашуда даромади умумии дар давраи њисоботї бадастомада мебошад. Даромади умумї дар асоси усули хазинавї чун маблаѓи фурўш, ки аз тањвили молњо (кору хизмат), нархи фурўши амволи дар давраи њисоботї тањвилшуда ва даромадњои ѓайрифурўшї дар доираи фаъолияти соњибкорї бо тарњи маблаѓи ААИ ва андоз аз фурўши чакана њисоб карда мешавад. Даромади умумї бояд дар асоси њуљљатњои даромад, ки тибќи тартиби муќарраршуда ба расмият дароварда шудаанд, тасдиќ гардад. Корхонањое, ки тибќи низоми соддакардашуда андозбандї мегарданд, супорандагони андоз аз фоидаи шахсони њуќуќї ва андози њадди аќал аз даромади корхонањо, инчунин андоз аз истифодабарандагони роњњои автомобилгард намебошанд. Андозсупорандагони дар боло зикрёфта доир ба андоз аз даромад нисбати кормандон агентњои андоз ва доир ба андози иљтимої бошад, - њамзамон андозсупорандагон ва агентњои андоз ба њисоб мераванд. Супорандагони андозе, ки тибќи низоми соддакардашуда пардохта мешавад, бањисобгирии оддии даромад, харољот ва њисоботро бо усули соддакардашуда, тибќи тартиби бо мувофиќаи маќоми ваколатдори давлатї муайяннамудаи Вазорати молияи Љумњурии Тољикистон пеш мебаранд.

Имтиёзњои пешбининамудаи моддаи 145 КА ЉТ ба андозе, ки тибќи низоми соддакардашуда пардохта мешавад, татбиќ мегардад.

Меъёри андозе, ки тибќи низоми соддакардашуда пардохта мешавад дар њаљми 4 фоизи объекти андозбандї муќаррар карда мешавад.

Тартиби истифодаи низоми соддакардашудаи андозбандї чунин мебошад:
- Давраи андоз (њисоботї) барои корхонањо њангоми истифодаи низоми соддакардашудаи андозбандї семоња мебошад.

- Корхона ба маќоми андоз дар мўњлати то рўзи 15-уми моњи минбаъдаи давраи њисоботии андоз эъломияро оид ба маблаѓи пардохтшавандаи андоз пешнињод менамояд ва дар њамин мўњлат андози дахлдорро мепардозад.

- Супорандаи андозе, ки дар моддаи 302 КА ЧТ зикр шудааст, њуќуќ дорад ба низоми умумии андозбандї гузарад. Чунин гузариш танњо аз 1 январи њар сол амалї шуда метавонад. Дар ин њолат андозсупоранда бояд маќоми андозро, ки дар он ба ќайд гирифта шудааст, дар бораи гузаштан ба низоми умумии андозбандї то 15 январи соле, ки дар он чунин гузариш амалї мегардад, огоњ намояд.

Андозсупорандае, ки ба низоми умумии андозбандї гузаштааст, метавонад гузариши баръаксро барои пардохти андоз тибќи боби мазкур дар мўњлати на пештар аз гузаштани 2 соли таќвимї аз лањзаи гузариши охирин ба низоми умумии андозбандї анљом дињад.

Б. Андози ягона барои истењсолкунандагони мањсулоти кишоварзї.

Муќарррароти фасли 14 боби 42 моддањои 306-310 КА ЉТ ба андози ягона барои истењсолкунандагони мањсулоти кишоварзи бахшида шудааст. Супорандагони андози ягона барои истењсолкунандагони мањсулоти кишоварзї (минбаъд – «андози ягона барои истењсолкунандагони мањсулоти кишоварзї») шахсони њуќуќї ва хољагињои дењќонї (фермерї), ширкатњои хољагидорї ва (ё) кооперативњои истењсолии дар заминаи онњо таъсисёфта мебошанд, ки барои онњо замин воситаи асосии истењсолот (минбаъд – «истењсолкунандагони мањсулоти кишоварзї») ба њисоб мераванд. Андози ягона барои истењсолкунандагони мањсулоти кишоварзї танњо ба њамон ќисми фаъолияти истењсолкунандагони мањсулоти кишоварзї татбиќ мегардад, ки ба истењсол ва тањвили мањсулоти кишоварзї (фаъолияти кишоварзї) алоќаманд аст. Њангоми анљом додани фаъолияти дигари ѓайрикишоварзї нисбати чунин фаъолият истењсолкунандагони мањсулоти кишоварзї бояд тибќи тартиби умумии муќаррарнамудаи КА ЧТ андозбандї карда шаванд ва оид ба даромад ва харољоти фаъолияти кишоварзї ва ѓайрикишоварзї њисоби алоњидаро пеш мебаранд. Дар айни замон арзиши мањсулоти кишоварзии рўёндаи истењсолкунандаи мањсулоти кишоварзї, ки худаш ба сифати ашёи хом барои коркарди минбаъда истифода мебарад, дар асоси нархи бозории чунин мањсулоти кишоварзї муайян карда мешавад.

Объекти андозбандии андози ягона барои истењсолкунандагони мањсулоти кишоварзї масоњати замини истењсолкунандаи мањсулоти кишоварзї мебошад. Маблаѓи андози ягона аз натиљањои фаъолияти хољагии истењсолкунандаи мањсулоти кишоварзї вобаста намебошад, ба истиснои њолатњое рух додани офатњои табиї ё садама ва дар шакли пардохтњои устувор барои воњиди масоњати замин ба њисоби як сол муќаррар карда мешаванд. Истењсолкунандагони мањсулоти кишоварзї дар ќисми фаъолияте, ки бо андози ягона андозбандї мегарданд (фаъолияти кишоварзї), аз пардохти андозњои зерин озод карда мешаванд:

- андоз аз арзиши иловашуда оид ба тањвили мањсулоти кишоварзї, ки дар заминњои бо андози ягона андозбандишаванда рўёнда шудааст;

- андоз аз истифодабарандагони роњњои автомобилгард оид ба тањвили мањсулоти кишоварзї, ки дар заминњои бо андози ягона андозбандишаванда рўёнда шудааст;

- андоз аз фоидаи шахсони њуќуќї;

- андози њадди аќал аз даромади корхонањо;

- андози замин;

- андозе, ки тибќи низоми соддакардашуда супорида мешавад.

Маблаѓи андози ягона њамчун њосили зарби масоњати ќитъаи замини истењсолкунандаи мањсулоти кишоварзї ба меъёрњои муќарраршудаи андози ягона муайян карда мешавад. Даромади вобаста ба фаъолияти кишоварзї бадастовардаи аъзои хољагии дењќонии (фермерии) бе шахси њуќуќї таъсисёфта, ки бояд бо андози ягона барои истењсолкунандагони мањсулоти кишоварзї андозбандї шавад, аз андози даромад озод карда мешавад. Аъзои хољагии дењќонї (фермерї), ки шахси њуќуќї намебошад, бояд суѓуртаи иљтимої кардашуда, ба буљет аз даромад ки мутобиќи ќисми 5 моддаи 307 КА ЧТ аз андоз аз даромад озод карда шудааст, тибќи тартиб ва на камтар аз њаљми барои соњибкорони инфиродї муќаррарнамудаи Њукумати Љумњурии Тољикистон, ки дар асоси патенти харида кор мекунанд, мутобиќи ќисми 2 моддаи 260 ва ќисми 2 моддаи 262 КА ЉТ андози иљтимої супорад. Њамзамон андози иљтимої аз љониби чунин истењсолкунандаи мањсулоти кишоварзї дар мўњлати барои пардохти андози ягона муќаррарнамудаи моддаи 310 КА ЧТ супорида мешавад. Њангоми рух додани офатњои табиї ё садама бо ќарори Њукумати Љумњурии Тољикистон меъёри андози ягона барои истењсолкунандагони мањсулоти кишоварзї дар њудуди муайян ё барои андозсупорандагони муайян мумкин аст кам карда шавад.

Меъёрњои андози ягона барои истењсолкунандагони мањсулоти кишоварзї дар њаљмњои зерин муќаррар карда шаванд:

а) доир ба заминњои кишти обї ва дарахтзорњои бисёрсолаи обї дар њаљми чоркаратаи меъёри андози замин, ки моддаи 267 КА пешбинї намудааст;

б) доир ба заминњои дигар дар њаљми меъёри андози замин, ки моддаи 267 КА пешбинї намудааст.

Доир ба заминњои кишти обї, ки амалан барои парвариши пахта истифода мешаванд, меъёри андози ягона барои истењсолкунандагони мањсулоти кишоварзї дар њаљми нисфи меъёри дар ќисми 1 моддаи 308 КА ЉТ зикр шудааст муќаррар карда мешавад. Маълумот дар бораи масоњати заминњое, ки амалан барои парвариши пахта истифода мешаванд, аз љониби андозсупоранда ба маќоми андози мањали ќайд то 1 июни соли њисоботї (андоз) пешнињод карда мешавад.

Тартиби пешнињод кардани њисоби андоз аз љониби субъекти андози ягона барои истењсолкунандагони мањсулоти кишоварзї чунин аст:

- Истењсолкунандаи мањсулоти кишоварзї то 1 марти соли љорї ба маќоми андози мањали љойгиршавии (бањисобгирии, баќайдгирии) худ њисоби маблаѓи андози ягонаи соли љорї ва њисоби маблаѓи андози иљтимоиро барои соли љорї тибќи шакл ва тартиби муќаррарнамудаи маќоми ваколатдори давлатї пешнињод менамояд.

- Истењсолкунандагони мањсулоти кишоварзї, ки фаъолияташон аз доираи андозбандии андози ягона барои истењсолкунандагони мањсулоти кишоварзї берун аст (яъне фаъолияте, ки аз доираи истењсол ва тањвили мањсулоти кишоварзї берун аст), ба маќоми андози мањали љойгиршавии (бањисобгирии, баќайдгирии) худ њисоботи андозро тибќи шакл, тартиб ва мўњлати мутобиќи муќаррароти њамин Кодекс муќарраршуда пешнињод менамоянд. Истењсолкунандагони мањсулоти кишоварзї, ки фаъолияташон танњо бо андози ягона барои истењсолкунандагони мањсулоти кишоварзї андозбандї мешавад, њисоботи андози дар боло зикршударо пешнињод намекунанд.

- Истењсолкунандагони пахта њисоби аниќи маблаѓи андози ягонаи соли љории барои истењсолкунандагони мањсулоти кишоварзї муайяншударо ба маќоми дахлдори андоз то 1 июни соли љорї пешнињод мекунанд. Њамзамон пардохти маблаѓи андоз, ки барои 15 июн њисоб шудааст, бо назардошти тасњењи пардохти маблаѓи андоз барои 15 марти соли љорї анљом дода мешавад.

Андози ягона барои истењсолкунандагони мањсулоти кишоварзї барои соли андози љорї на дертар аз 15 феврал, 15 май, 15 август ва 15 ноябри соли љорї бо љамъбасти афзоянда аз оѓози сол дар њаљми мутаносибан на камтар аз 10 фоиз, 25 фоиз, 45 фоиз ва 100 фоизи маблаѓи солона супорида мешавад.



Достарыңызбен бөлісу:
1   2   3   4




©dereksiz.org 2024
әкімшілігінің қараңыз

    Басты бет