Кафедраи баҳисобгирии бухгалтерй ва молия


Хусусигардони (приватизатсия) чист?



бет2/4
Дата12.07.2016
өлшемі341 Kb.
#195707
1   2   3   4

92. Хусусигардони (приватизатсия) чист?

- Гузаштани ҳуқуқи моликият аз ҷониби давлат ба


шахсони хусусй.

93. Хайринг чиро мефаҳмонад?

- Иҷораи амюл дар як мудцати миёна.



94. Фючер ё ки аҳди фючерй (фючерские сделки)?

- Ин амали дар оянда бо мол таъмин намудани ха-


ридорон аст. Он дар бирҷаҳои молиявй ва моли бо
мақсади пардохти арзиши қарордод танҳо аз бастани
созишнома ва дар асоси нархҳои фючерй дар мӯҳлати
оянда истифода мегардад.

95. Бонк ҳангоми кушодани ҳисоб оид ба пасандоз ба
амонатгузор чӣ медиҳад?


- Дафтарчаи амонатй.

96. Кадом ҳуҷҷат меъёри асосии ташкили кори хазина
дар муассисаҳои бонк ба ҳисоб меравад?

- Дастурамали № 89 «Оид ба кори эмиссионии- ха-


зинавй дар муассисаҳои бонкҳои Тоҷикистон».

97. Дар асоси кадом ҳуҷҷат назорат аз болои ншпо-
наҳои пул бурда мешавад?

- Дар асоси «Қоидаи муайян кардани пулҳои коғазй


ва тангаҳои Бонки миллии Тоҷикистон», ки бо қарори
раёсати БМТ аз 20.03.02 №59 тасдиқ карда шудааст.

98. Пасандозҳои аҳолй ба кадом қисми тавозун дохил
мешаванд?


19

- Уқдадорй.



99. Фоизқои пасандозқо аз тарафи кй муқаррар карда
мешавад?

- Раёсати бонк.



100. Намудқои пасандозқои бонк кадомқоянд?

  • мӯқлатнок (семоқа, шашмоқа, яксола, дусола, се-сола)

  • ҷамъшаванда (як сола, ду сола, се сола)

  • бо маблағи иловаги (як сола, ду сола, се сола)

  • пешниҳодкунанда (се моҳа, шаш моҳа, як сола, ду сола, се сола)

  • кӯдакона (аз1 то 16 сола)

  • нафақавй мукофоти (шаш моҳа, як сола, сесола)

  • ҳамватанони бурунмарзӣ (сесола)

  • ҷашнй (семоҳа, шашмоҳа)

101. Вазифа ва ӯқцадориқои инкассатор аз чиқо ибо-
ратанд?

- Сирри хизматиро махфя нигоҳ доштан, ҳамлу


нақли маблағҳои нақдӣ, қоғазҳои қиматнок ва дигар
дороиҳоро донистан ва риоя намудан.

102. Корманди инкассатсия дар кадом қолат яроқро
истифода бурда метавонад?

- Барои муҳофизат намудани маблағҳои пул ва ар-


зишҳои қиматнок; вақте ки ба ҳаёт ва саломатии кор-
манди инкассатсия хавф ва хатар таҳдид намояд; ба-
рои доштани роҳзанон.

  1. Воҳиди пули Федератсияи Руссия? -Рубл.

  2. Пули миллии Ҷумҳурии Исломии Эрон? -Риёл.

20

105. Воситаи муомилоти пулй дар Чин

- ҷэн минби.



106. Дар Ҷопон муомилоти пул чӣ хел амалӣ мегар-
дад?

- Бо йена амалӣ мегардад, ки 1 йена бо сенти ам-


рикой баробар аст.

Қисми П. Қарз ва қарздиҳй

Ю7.Қарз чист?

- Ин муносибатҳои пул байни шахсони ҳуқуқй ва


воқеи бо мақсади қонеъ гардонидани талаботи онҳо барои
харид бо шартҳои баргардонй, мӯҳлатнок ва музднок ме-
бошад.

108. Усулҳои асосии қарз кадомҳоянд?

- Мӯҳлатнок будан, бозгардонидании он, таъминот


доштани қарз, музднок буданаш.

109. Субъекти муносибатҳои қарзкадомҳоянд?

- Хоҷагиҳо, соҳибкорон, аҳолй, давлат ва бонкҳо


мебошанд.

110. Қарзҳо аз рӯи мӯҳлати истифодаашон чй тарз тақсим
мешаванд?

-қӯтоҳмудцат (то як сол) -миёнамуддат (аз як то се сол) -дарозмуддат (зиёда аз се сол)



111. Ҳисоби махсуси қарз ба кадом муштарй кушода ме-
шавад?

- Ба муштариёне кушода мешавад, ки онҳо аз қар-


зи бошс ба таври доимй истифода мекунанд.

112. Ҳисоби қарзи одцй ба кадом муштарй кушода меша-
вад?


21

- Ба муштариёне кушода мешавад, ки онҳо аз қар-


зи бонк ба таври доимй истифода намекунанд.

113. Қарзҳои бонкй бо кадом шаклҳо баргардонида ме-
шаванд?

- Гаравнома, замонатнома, кафолатнома ва шарт-


номаи баргардонидани қарз.

114. Гаравчист?

-Тарзи таъмини иҷрои ӯҳдадориест, ки вобаста ба он қарздиҳанда оид ба ӯҳдадории бо гарав таъмингардида (гаравгир) ҳуқуқ дорад, дар ҳолати иҷро накардани ин ӯҳдадорй аз ҷониби қарздор аз арзиши молу мулки ба га-рав гузошташуда нисбат ба дигар қарздиҳанда шахсе, ки ин молу мулк аз они ӯст (гаравдеҳ), талаботашро афзали-ятнок қонеъ гардонад.



Н5.Гаравдеҳ кист?

- Шахсест, ки дорои ҳуқуқи моликият ё дигар ҳу-


қуқ нисбат ба ашёӣ ба молу мулки ба гарав гузошташуда
мебошад;

116. Гаравгир кист?

- Шахсест, ки талаботи ӯ оид ба ӯҳдадории асосй


бо гарав таъмин шудааст.

117. Ипотека чист?

- Шахсе, ки гарави молу мулки ғайриманқул аст,
ки бо тартиби муқаррарнамудаи қонун аз қайди давлатй
гузаштааст.

118. Шартномаи гарав дар кадом мақомот тасдиқ ва ба
қайд гирифта мешавад?

- Дар идораи нотариалии давлат тасдиқ гардида,


дар Вазорати адлия ва мақомоти маҳаллии он ба қайд ги-
рифта мешавад.

22

119. Бо розигии кй (киҳо) хонаи истиқоматии шахсй ба
гарав гузошта мешавад?

- Бо розигии хаттии соҳиби хона ва ҳамаи аъзоёни


оила, ки синнашон аз 16-сола боло мебошад ва розигии
онҳо дар идораи нотариалии давлат ба қайд гирифта шуда
бошад.

120. Шартномаи қарз чист?

- Ин муносибатҳои қарз, байни бонк ва қарзгаран-


да мебошад, ки дар он ӯҳдадориҳо ва ҷавобгарии ҳар ду
тараф дарҷ гардида, бо мӯҳр тасдиқ карда мешаванд.

121. Шартномаи қарз аз кадом қисмҳо иборат аст?

- Муқаррароти умумй, ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои қарз-


гиранда, ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои қарздиҳанда, ҷавобгарии
тарафҳо, тартиби ҳалли ихтилофот, мӯҳлати амали шарт-
нома ва тарафи ҳуқуқй.

122. Қобилияти пардохти қарзи корхона?

-Қудрати адо кардани қарз мебошад.



123. Усулҳое, ки бонкҳо бо ерии онҳо пардохтпазирии
мупггариёнро меомӯзанд?

а) зарибаҳои (коэффитсиент) пардохтпазирии ҷорй


ва мутлақ;

б) зарибаи самаранок (идорасозии активҳо);

в) зарибаи фоиданокӣ;

г) зарибаи бозоргонй.



124. Фоизҳои пардохти қарзи бонк кадомҳоянд?

-Муайян намудани меъёри фоиз, фоизҳо нисбат ба нишондиҳандаи ҷамъбастй, фоиз нисбати нишондиҳан-даҳои соли гузашта, фоизҳои гузашта, фоизҳои оддӣ, фо-изҳои мураккаб, фоизҳои холис, фоизҳои тағйирёбанда, фоизҳои пардохт.



23

125. Ҳангоми аз тарафи қарздор пардохт гардидани маб-
лағ қарз ва фоизи он бо кадом тартиб гирифта мешавад?

- Аввал барои пӯшонидани маблағҳои фоизи


мӯҳлаташон сипаригардидаи қарз, баъд барои пӯшонидани
фоизи қарз ва маблағи боқимонда барои пӯшонидани қар-
зи асосй равона карда мешавад.

126. Барои қарзҳо чанд фоиз захираи пӯшонидани тала-
фоти имконпазир (ФГГГИ) ташкил карда мешавад?

- Барои қарзҳои қилобй -2%; - гайриқилобй -5%


шубҳанок -30%; хатарнок -75%; боэътимод -100%.

127. Киҳо ҳуқуқи гирифтани қарзро доранд?

- Ҳуқуқи гирифтани қарзро шахси ҳуқуқӣ ва воқей,


инчунин резидентҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон доранд.

128. Қобилияти қарзадоқунии қарзгир аз кадом омил во-
баста аст?

-Он аз ҳолати молиявии қарзгир вобаста аст.



129. Мӯҳлати гардонидани қарз аз рӯи ҳисоби қарзи оддй
дар асоси кадом ҳуҷҷат сурат мегирад?

- Мӯҳлати гардонидани қарз аз рӯи ҳисоби қарзи


оддӣ дар асоси ҳуҷҷати ӯҳдадориҳои мӯҳлатнок сурат ме-
гирад.

130. Тавозуни гардиши сармоя ва қарз чиро мефаҳмонад?

- Зерҳисоби маҷмӯи маҳсулоти миллии мамлакат,


ки таносуби содирот ва воридоти сармоя, қарзҳои аз киш-
варҳои хориҷй гирифташуда ва ба кишварҳои дигар пеш-
ниҳодшударо муайян мекунад.

131. Дар шароити иқтисоди бозоргонй чй гуна намудҳои
қарз истифода бурда мешаванд?

- Қарзҳои тиҷорат, бонк, истеъмолӣ, давлатӣ ва


байналхалқӣ истифода бурда мешавад.

132. Кадом қарзҳоро қарзи капон меноманд?

24

- Қарзи калон гуфта, қарзеро меноманд, ки маблағи


он зиёда аз 5 фоизи сармояи умумии бонкро ташкил
диҳад.

133. Кя ҳуқуқи тамдид (аз нав дида баромадан) қарзро
дорад?

- Ин ҳуқуқро кумитаи қарз бонк ва агар қарз дар


доираи салоҳияти муассисаи бонк дода шуда бошад,
роҳбари аввали ҳамин муассиса дорад.

134. Қарзи субординарй чист?

- Ин қарзҳоест, ки бо мӯҳлати зиёда аз 10 сол бо


пули миллй дода фоизи онҳо на баландтар аз меъёри
фоизи бозтамвимии Бонки миллии Тоҷикистон мебошад.

135. Сандуқи қарз ба чанд гурӯҳ тасниф мешавад?

- Ба 4 гурӯҳ: ғайриқилобӣ, шубҳанок, хатарнок ва


боэътимод.

136. Қарз кай таъминнок ҳисобида мешавад?

- Агар таъмини он: 100%, ё зиёда аз ин бошад.



137. Дар кадом ҳолатҳо сохтори (фонд) захиравЯ аз рӯи
қарзҳо ташкил карда мешавад?

- Сохтори (фонд) пӯшонидани талафоти имконпа-


зир аз рӯи қарзҳо дар ҳолати ба таъхир афтодани пардох-
ти онҳо ташкил дода мешавад. Сохтори пӯшонидани та-
лафоти имконпазир аз рӯи қарзҳо барои қарзҳои ғайриқи-
лобй-5%; шубҳанок-30%; хатарнок-75% ва барои қарзҳои
боэътимод андозаи 100%-ташкил карда мешавад.

138. Ба системаи қарз чиҳо дохил мешаванд?

- Ба системаи қарз ташкилотҳои бонк ва танҳо


системаи ташкилотҳои парабонкӣ дохил мешаванд.

139. Дар кадом ҳолат ба муштарй бо асъори хоричя қарз
дода намешавад?


25

- агар қарзи пешгирифтаашро баргардонида набошад; -фоизи қарзи ҳисобшуда ва нопардохта дошта бошад; -вазъи ҳисоби муҳосибавй ва ҳисоботҳояш бонкро қо-неъ нагардонад.



140. Вай-бек чиро меомӯзад?

^-Амалиёти дарозмӯҳлати мубодилавии мол, ки мо-шин ва таҷҳизоти ба қарз гирифташуда дар оянда ба маҳ-сулоти бо ёрии онҳо истеҳсолшаванда пардохт мегардад; маъмулан барои сохтмони корхонаҳои бузург истафода мешавад.



141. Дар бонкҳо карзҳои хурд (микрокредит) ба кадом мӯҳлат дода мешавад?

- Қарзҳои хурд ба мӯҳлати то 1 сол дода мешаванд.



142.Қарзи хурд чист?

-Қарзи хурд пул ё ашёи дорои аломати навъи му-айян аз ҷониби ташкилотҳои қарздиҳии хурд бо шартҳои мӯҳлатноки баргардонидан ва дар ҳолатҳои пешбининаму-даи шартнома бо шарти музднок ба андозаи на бештар аз ҳадди ниҳоии имконпазири ба қарзгирон додашаванда ме-бошад.



143. Қарздиҳии хурд чист?

- пули аз ҷониби ташкилоти амонатии хурд ба қарзгирони худ бо шарти мӯҳлатнок мебошад ба шарти баргардонидан ва музднокй ба андозаи на бештар аз ҳадди ниҳоии имконпазари қарздиҳии хурд.



144. Амонат чист?

-Маблағи пул аз ҷониби шахсони воқей ва ҳуқуқии дар ташкилоти амонатии қарздиҳии хурд ҷойгиршудаест, ки метавонанд бо дархост ва ё анҷом ёфтани мӯҳлат би-дуни фоиз ё бе фоиз аз ҳисоб хориҷ карда шаванд;



145. Ташкилоти маблапузории хурд?

26

-Ташкилоти амонатии кредитии хурд, ташкилоти қарзии хурд ва фонди қарзии хурд мебошанд;



146. Ташкилоти амонатиқарздиҳии хурд?

-Ташкилоти тиҷоратии маблапузории хурде, ки ба-рои ҷалби амонатҳо, додани қарзҳои хурд ва дигар фаъо-лияте, ки дар асоси иҷозатномаи Бонки миллии Тоҷики-стон пешбшш шуда.



147. Ташкилоти қарзи хурд?

- Ташкилоти тиҷоратии маблапузории хурдест, ки дар асоси иҷозатномаи аз ҷониби Бонки миллии Тоҷики-стон додашаванда фаъолият менамояд, қарзҳои хурд ме-диҳад ва дигар хизматҳо мерасонад.

148. Захираи қарзи хурд чист?

-Ташкилоти ғайритиҷоратии маблағгузории хурд, ки дар асоси шаҳодатномаи аз ҷониби Бонки миллии То-ҷикистон додашаванда фаъолият менамояд, қарзҳои хурд дода, дигар хизматҳо мерасонад.



149. Шахсони бонуфуз (аффилир) киҳоянд?

-Онҳо шахсони воқей ва ҳуқуқие мебошанд, ки қо-диранд, ба шахсони воқей ва ҳуқуқии бо фаъолияти соҳибкорй амалкунанда таъсир расонанд (ба истиснои мақомоти давлат, ки аз болои фаъолияти ин шахсон дар доираи ваколати ба онҳо додашуда назорат мебарад).



150. Овердрафт чи гуна намуди қарздиҳи мебошад?

-Ин шакли қарздиҳии бонкист, ки нисбати мизоҷо-ни боваринок истифода мешавад. Ҳангоми хариди мол, ё додани пули хизмати расонидашуда маблағи дар ҳисоби бонки мизоҷ буда камӣ кунад, бонк пулдиҳиро манъ на-карда фарқашро аз ҳисоби қарз мепӯшонад.



151. Брокер кист?

27

- Брокер шахс ё ширкати алохдцаест, ки дар бирҷа


чун миёнарав байни харидорону фурушандагон фаъолият
мекунад. Онҳо аз ному ҳисоби мизоҷон амал карда, барои
миёнаравиашон даромади муайян мегиранд. Масалан,
фоизи муайян аз арзиши шартномаи байни харидору
фурӯшанда басташуда.

152. Дилер кист?

- Дилер шахс ё ширкати алоҳидаест, ки ба хариду


фурӯши коғазҳои қиматноку молҳои дигар дар бирҷа
машгул аст. Он фаъолияташро аз ному ҳисоби худ ба роҳ
мемонад. Фарқи нархҳои хариду фурӯш, даромади дилер-
ро ташкил медиҳад.

153. Дебитор кист?

- Дебитор корхона, ташкилот ё ширкатест, ки аз


дигарон қарздор аст.

154. Кредитор кист?

- Кредитор корхона, ташкилот, ширкатҳои дар бо-


лои дигарон қарздошта мебошад.

155. Қарзҳои ипотекй чистанд?

- Ин намуди қарз дар асоси ба гарав қабул кардани


замин, ё хонаи мавҷуда ё сохташаванда дода мешавад.

156. Усулҳои таъмини иҷрои ӯҳдадориҳои қарз?

- Таъмини бозгашти ӯҳдадорихои қарзии бонк ин


гарав (залог), замонат, кафолатномаи (гарантия) бонк ме-
бошад.

Тавсияи (формулаи) ҳаракати қарз:

П И П*

Дар ин ҷо:



П - маблаги пули ба қарз додашуда И - истифодаи қарз дар истеҳсолот, ё соҳаи дигар. П * қарзи баргардонидашуда бо фоизи он

28

157. Қарзи истеъмоли чй хел намуди қарз мебошад?

- Қарзи истеъмолӣ яке аз воситаҳои қонеъ гардо-


нидани талаботи аҳолй ба маблағҳои пули иловагй ба шу-
мор меравад, ки қарзгиранда шахси вокеи буда, қарзди-
ҳанда муассисаҳои бонк, ё корхона ва ташкилотҳо мебо-
шанд. Қарзи истеъмолй ҳам ба шакли пул ва ҳам шакли
мол дода мешавад.

158. Замонат чист?

- Замонат (поручителҳство)- ггурра ё қисман ба


ӯҳдаи худ гирифтани гарави қарзи қарзгиранда аз ҷониби
ширкати дигар замонатшаванда мебошад.

159. Кафолатномаи бонкй чист?

- Кафолатномаи бонкй (банковская гарантия) ӯҳда-дории хаттии бонк ё муассисаи қарздиҳанда оид ба дода-ни маблағи муайян ба ташкилот, бонк ё ширкати дигар баробари ворид пгудани дархости аввалини он мебошад.



160 Мизони фоиз чист?

- Мизони фоиз (ставка процента) ҳиссаи фоиз дар


маблағи қарз аст. Онро сатҳи фоиз низ меноманд.

161. Сармояи қарз чист?

- Сармояи қарз гуфта маблағҳои пулиеро меноманд,


ки ба мизоҷон бо шартҳои мӯҳлатнок ва фоизнок пеш-
ниҳод мешаванд.

162. Транш чист?

- Транш қисм ба қисм, ё давра ба давра пардохт


намудани қарз.

163. Фишангҳои танзими муомилоти пулу қарз чист?

- Фишангҳои танзими муомилоти пулу қарз каму


зиёд кардани фоизи қарз; дигаргун намудани меъёри захи-
раҳои ҳатмии бонкҳои тиҷорат; маҳдуд кардани амалиёти

29

бонкҳои тиҷоратй; -дигар кардани меъёрҳои бонк мебо-шад.



164. Дар муносибатҳои қарз, бонк ба муштарй чи хел ҳи-
соб мекушояд?

-Бонк ба муштарй як ҳисоби махсуси қарз, ё ҳисо-би оддии қарз меқушояд.



165. Бонкҳои тиҷорат ба муштариён қарзҳои асъорй ҳам
медиҳанд?

Дар шароити ҳозира бонкҳо қарзҳои асъорй ҳам меди-ҳанд, ва бино бар ин, ба онҳо ҳисоби асъорй низ мекушо-янд.



ҚисмиШ. Фаъолияти бонкй

166. Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 августи соли
2009-ум оиди соҳаи бонкдорй чиҳо гуфта шудаанд?

- Нигоҳ доштани сатҳи муайянгардидаи таваррум,


мӯътадил гардонидани қурби асъори миллӣ, устувории
вазъи бонкҳо ва созмонҳои молиявй, аз ҷумла зиёд шуда-
ни номгӯи онҳо аз ҳисоби ташкилотҳои маблағгузории
хурд, афзудани пасандозҳо, ҷорй кардани намудҳои нави
қарздиҳӣ шаҳодати беҳтар гардидани фаъолияти низоми
бонк ва сиёсати 1гулу қарз ва асъор дар кишвар мебошад.

Ҷиҳати ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои амонатгузорон ва тақвияти эътимод ба низоми бонк лозим аст, ки вобаста ба масъалаи ба шахси сеюм танҳо дар асоси қарори суд додани маълумот дар бораи амонатгузор ба санадҳои дах-лдори қонунгузорй тағйироти зарурй ворид карда шавад.



167. Бонк бо чи мақсад ташкил карда мешавад?

- Барои ҷалб намудани амонатҳо ва воситаҳои пул


бо мақсади додани қарз тибқи риояи шартҳои баргардонй,

30

мӯҳлатноки, подошнокӣ инчунин, барои амалй сохтани хисоббаробаркунй бо супориши мизоҷон.



168. Сопи молиявй дар Бонки миллии Точикистон кадом
мӯхдатро дарбар мегарад?

1-уми январ сар шуда, 31-уми декабр анҷом меёбад.



169. Соли молияви дар бонкҳои тиҷорат кадом давраро
дарбар мегарад?

- 1-уми январ сар шуда, 31-уми декабр анҷом меё-


бад.

170. Оинномаи бонк чиро дарбар мегарад?

- Номи пурра ва кӯтоҳкардашудаи бонк бо нишон-


диҳандаҳои ташкилотчигй ва ҳуқуқӣ, ҷойгиршавии бонк,
андозаи захираи оиномавй, маҷмӯи амалиёти бонк ва муо-
милот, маълумот дар бораи сохтори (фонд) захиравй, тақ-
симоти фоидаи бонк, андозаи пасандоз, ки дар маҷдиси
иштирокчиён як овоз дорад, назорат аз рӯи фаъолияти
молиявй ва хоҷагидории бонк.

171. Дар кадом санадҳои қонунгузорй амалиёти бонк ба-
рои бонкҳо ба танзим дароварда шудааст?

- Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъо-


лияти бонкӣ».

172. Дар кадом қонун оиди мафҳуми «бонк» маълумот


дода шудааст ва тибқи кадом қонун муносибати байни
бонкҳо ва давлат ба танзим дароварда мешавад?

- Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъо-


лияти бонкй», ки 19 маи соли 2009-ум таҳти №524 тасдиқ
гардидааст.

173. Самтҳои асосии фаъолияти бонкҳоро кадом ташки-
лот муайян менамояд?

- Бонки миллии Тоҷикистон.



31

174. Системаи бонкй аз чиҳо иборат аст?

- Бонки миллии Тоҷикистон (бонки давлат); бонк


бо иштироки сармояи хориҷй; бонки байнидавлатй; бонки
саҳомй; бонки тиҷоратй.

175. Муассисони бонк киҳо ба ҳисоб мераванд?

- Шахсони ҳукуқй ва воқей-резидентҳо ва ғайрире-


зидентҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон.

176. Бақайдгирии бонкҳоро дар китоби бақайдгирии дав-


лат кадом мақомот ба анҷом мерасонад?

- Бонки миллии Тоҷикистон.



177. Мақомоти идоракунии бонки саҳҳомй?

- Маҷлиси умумии саҳҳомон, Шӯрои бонк, раёсати


бонк.

178. Роҳбарии умумии фаъолияти бонкҳоро ки иҷро ме-
намояд?

- Раёсати бонкҳо дар ҳайат.



179. Аъзоёни раёсат киҳо мебошанд?

- Раёсати бонк мақоми мушовара ба пгумор рафта,


аз 9 нафар иборат мебошад. Дар ҳайати раёсати бонк аз
рӯи вазифа раиси раёсати бонк, муовинони вай ва аъзоёни
раёсат, ки ду нафари онҳо намояндаҳои Ҳукумати Ҷумҳу-
рии Тоҷикистон мебошанд, дохил мешаванд.

180. Бонкҳо дар кадом шаклҳои ҳуқуқй ташкил карда
мешаванд?

- Дар шакли ҷамъиятҳои саҳомй (шаклҳои кушода


ва пӯшида)

181. Андозаи ниҳоии (квота) иштироки сармояи хориҷиро
дар системаи бонки Ҷумҳурии Тоҷикистон ки муайян ме-
намояд:

- Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.



32

182. Талабот нисбати таъйини кормандони роҳбарикунан-
даи бонк, ташкилотҳои молиявй дар кадом санадҳои қо-
нунгузорй сабт гардидааст?

- Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъо-


лияти бонкй».

183. Аз рӯи амалиёти кадом буҷетҳо барои хизматрасонии
бонк подош гарифта мешавад?

- Аз рӯи амалиёти молиявии шӯьбаҳои маҳаллии


хазинадорй ва ташкилотҳои буҷетие, ки аз буҷетҳои
маҳаллй маблағгузоря мешаванд.

184. Бонк барои амонатҳое, ки дар ҳисоби хазинадории
маҳаллй ва минтақави мавҷуданд, ба кадом андоза даро-
мад мепардозад?

- Аз рӯи амонатҳои то дархост 2,4 фоизи солона


(0,2% моҳона) барои бақияи воқеии миёнаи хронологӣ аз
рӯи амонатҳои мӯҳлатнок дар асоси шартнома бо став-
каҳои бозоргонӣ тибқи ризоияти раёсати бонк.

185. Кормандони роҳбарикунандаи муассисаҳои бонкҳои
тиҷорат чӣ гуна таъин карда мешаванд?

- Бо фармони раиси раесати бонк ва ризоияти Бон-


ки миллии Тоҷикистон.

186. Талаботи моддаи 19-уми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷики-
стон «Дар бораи фаъолияти бонкӣ», барои таъин намуда-
ни роҳбарони бонкҳо, мудирон, сармуҳосибон дар бахшҳо
ва шӯьбаҳои бонкҳо?

- Маълумоти олии мувофиқ ва собиқаи кор на кам-


тар аз се сол дар соҳа. Раиси бонк ва ҷонишинони вай,
сардори идораи баҳисобгирӣ (сармуҳосиб) ва ҷонишинони
вай, роҳбар ва сармуҳосиби шӯьбаи бонк баъди гирифта-
ни розигии Бонки миллии Тоҷикистон ба вазифа таъйин
(интихоб) карда мешаванд ба шарте, ки дар системаи
бонк собиқаи кори дахлдор дошта бошанд: раис ва сардо-
ри идораи баҳисобгирй на камтар аз ду сол, роҳбар ва

33

сармуҳосиби шӯьбаи бонк на камтар аз се сол, ҷони-шинҳои онҳо бошанд, на камтар аз ду сол.



187. Мутобики кадом ҳуҷҷат Бонки миллии Тоҷикистон, бонкҳои тиҷорат ва муассисаҳои қарздиҳй ба танзим да-роварда мешаванд?

- Созишнома,



187. Дар кадом ҳисобот натиҷаи молиявии бонк инъикос
мегардад?

- Ҳисобот дар бораи даромад ва зарар.



188. Дар кадом кисми тавозун сармоя ҷойщр карда шуда-
аст.

- Қисми сеюм.



189. Тавозун чист?

- Маҷмӯи дорой ва ӯҳдадориву сармояи бонк, ки бо


ифодаи пул дар санаи муайян инъикос ёфтааст.

Дорой = пассив + сармоя



190. Дорой чист?

- ДороЯ ин амволу дороиҳои бонк мебошад, ки аз


истифодаи он дар оянда даромад гарифта мешавад.

191. Кадом намудҳои ҳисоб дар ҳисоботи тавозун, ҳисо-
бот оиди даромадҳо ва зарарҳо инъикос карда мешавад?

- Актив, ӯҳцадорӣ, сармоя, даромад, хароҷот.



192. Ӯҳдадорӣ чист?

- Уҳдадорй манбаи молу мулки ҷалбшудаи бонк


мебошад, ки дар оянда бонк ин маблағҳоро ба соҳибона-
шон бармегардонад.

193. Кадом намуди ҳисобҳо дар ҳисоботи таюзуя ҷой до-
ранд?

- Дороиҳо, пассивҳо, сармоя.



34

194. Кифоятии сармоя чист?

- Таносуби сармояи умумӣ ба активҳои бо назар-


дошти хавф (риск) баркашидашуда.

195. Ҳадди ақали сармояи худии бонкро кй муайян меку-
над?

- Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон.



196. Аз ҳисоби кадом воситаҳо сармояи оинномавии бонк
ташаккул меёбад?

- Аз ҳисоби маблаги пардохтнамудаи муассисон ва


фурӯши саҳмияҳои бонк.

197. Дар асоси кадом Низомнома захираҳои ҳатмй ба тан-
зим дароварда мешаванд.

- Низомномаи №127. дар бораи захираҳои ҳатмии


ташкилотҳои қарзӣ, ки дар раёсати бонки миллии Тоҷи-
кистон нигоҳ дошта мешаванд.

198. Таъйиноти захираҳои ҳатми кай баргузор мешавад?

- Ҳангоми бозхондани иҷозатномаи бонк барои


пӯшонидани ӯҳдадориҳои бонк дар назди амонатгузорон
ва қарздиҳандагон.


Достарыңызбен бөлісу:
1   2   3   4




©dereksiz.org 2024
әкімшілігінің қараңыз

    Басты бет