Кафедраи баҳисобгирии бухгалтерй ва молия


Меъёри ҳадди ақали сармояи ташимшаванда барои бонкҳои амалкунанда ба чй баробар аст?



бет4/4
Дата12.07.2016
өлшемі341 Kb.
#195707
1   2   3   4

282. Меъёри ҳадди ақали сармояи ташимшаванда барои
бонкҳои амалкунанда ба чй баробар аст?

- Он мутаносиб ба 5 млн. доллари ИМА (ё

17 200 000 сомонй дар рӯзи муқаррар карда) муайян шу-дааст .

50

283. Меъёри ҳадди ақали сармояи танзимшаванда барои ҷамъиятҳои қарздиҳӣ?

- Он мутаносиб ба 300 ҳазор доллари ИМА (ё

1 032 000 сомонӣ рӯзи муқаррар кардан) муайян шудааст.



284. Таркиби хазинаи бонк чанд хел аст?

  • хазинаи воридотй;

  • хазинаи содиротй;

  • хазинаи шабона;

  • хазинаи бозшуморй;

  • хазинаи нигоҳцории маблағ.

285. Охири рӯзи кори бонк бақияи хазина чй тавр ҳисоб
карда мешавад?

- Бақия дар аввали рӯз «+»-и воридшавии маблағ дар давоми рӯз «-»-и содироти маблағ дар давоми рӯз «=»-и бақия дар охири рӯз.



286. Мафҳуми андозчиро ифода менамояд?

- Андоз пардохти ҳатмие мебошад, ки аз тарафи


шахсони вокеӣ ва ҳуқуқй ба қисми даромадҳои буҷети
давлат ва захираҳои махсуси давлат ворид карда мешавад.

287. Мавзӯи андозбандиро дар бонкҳо номбар кунед?

- Мавзӯи андоз дар бонкҳо даромадҳо, хароҷот, ам-


воли бонк, фоида арзиши иловашуда, музди меҳнат, за-
мин, воситаҳои нақлиёт ва гайра, шуда метавонанд.

288. Ба се қисм ҷудо шудани андозҳои бонкро чй тавр
шарҳ медиҳед?


- Инҳо:

- андозҳо аз объект; андоз аз арзиши иловашуда; андоз аз фоида;



289. Андозҳо аз объект чӣ гуна мебошанд?

  • андози ҳадци ақал аз даромад;

  • андоз аз замин;

51

- андоз аз истифодабарандагони роҳҳои автомобил-гард;



  • андоз аз дорандагони воситаҳои нақлиёт;

  • андози иҷтимой;

- андоз аз амволи ғайриманқул;

- андоз аз даромади шахсони воқей (кормандон).



290. Бонкҳои тиҷорат аз чи гуна амалиёт андоз аз арзиши
иловашуда месупоранд?


  • Бонкҳо аз амалиёти зерин андоз аз арзиши ило-вашуда месупоранд:

  • аз комиссияи бонк: барои ташкшш суратҳисоб, ҳисоби депозитй, арзй, фурӯши варақаҳои чекӣ ва ғайра;

Аз андози арзиши иловагӣ чунин амалиёт озод мебошад: даромади фоизии қарз, аз амалиёти молиявй (хазинавй) ва ғайра. Меъёри андоз 18 фоиз муқаррар шудааст.

291. Андози ҳадци ақал аз даромад чист?

- Ин объекти андозбанди аз даромади умумӣ бо


меъёри 1 фоиз муқаррар шудааст.

292. Андоз аз замин чй гуна андоз мебошад?

- Манбаи андоз қитъаи замини барои истифода


ба бонк ҷудошуда ҳисобида, вобаста аз маҳалли ҷой-
гиршавии он мебошад.

293. Андоз аз истифодабарандагони роҳҳои автомобил-
гард?

- Объекти андозбандй маблаги таҳрҳои (хароҷоти) дар давраи ҳисоботии андоз кардашуда дар ҳаҷми пурра бе назардошти маҳдудиятҳо ба таҳрҳои (хароҷот) ба ҳисоб меравад. Меъёри андоз дар ҳаҷми 2 фоиз субъекти андоз муқаррар карда мешавад.



294. Андоз аз дорандагони воситаҳои нақлиёт чй гуна ан-
доз мебошад?


52

- Меъёри андоз вобаста ба намуди воситаҳои нақ-


лиёт дар як сол тафриқа шудаанд, ки ба ҳисоби 1 қувваи
асп баробар ба иқтидори муҳаррик аст.

295. Андози иҷтимой чист?

- Андози иҷтимой маблағсупории ҳатмие мебошад,


ки барои мақсадҳои суғуртаи иҷтимой аз ҷониби супоран-
дагони андози иҷтимой мувофиқи меъёрҳои муқаррарна-
мудаи Кодекси андоз нисбати маблағи музди меҳнат ё ди-
гар манбаи андоз пардохта мешавад. Меъёри андоз барои
корфармоён 25 фоиз аз фонди музди меҳнат, барои кор-
гарон 1 фоиз аз худи музди меҳнат ва барои соҳибкорони
инфиродй 20 фоиз аз даромади умумӣ муқаррар гардида-
аст.

296. Объектҳои андозро аз амволи ғайриманқул барои
бонкҳо номбар кунед?

- Объектҳои андозбандӣ намудҳои зерини амвол


эътироф карда мешаванд: хонаҳои истиқоматӣ, ҳуҷраҳо,
бӯстонсаройҳо, мошинсаройҳо ва дигар биною иморату
иншоотҳо (минбаъд - амволи ғайриманқул). Меъёри андо-
зи амволи ғайриманқул барои бонкҳо ва ташкилотҳои
ғайрибонкӣ ба андозаи 20 карата то 50 каратаи андози
замин муқаррар карда шудааст.

297. Бонки тиҷоратв чй гуна андоз месупорад ҳамчун
агенти андоз?

- Андоз аз даромади шахсони воқеиро (кормандон-


ро) пардохт менамояд. Меъёри андоз чунин муқаррар шу-
дааст: аз маоши ҳадди ақал ситонида намешавад, то 100
сомонй 8 фоиз ва зиёда аз 100 сомонй 13 - фоиз.

298. Андоз аз фоидаи бонк чист?

- Манбаи андозбандӣ фоидаи бонк мебошад. Фоида


фарқи мусбии байни даромади умумии андозсупоранда ва
маблағҳои тарҳшаванда мебошад.

53

299. Усута ҳисоб кардани фоизҳои одции қарзи бонкиро


шарҳ диҳед?

Маблағи фоиз дар давоми давра бо назардошти андозаи аввалаи қарз, ё ки бақияи он новобаста аз миқцори дав-раҳои ҳисобшавй ва мудцати он муайян карда мешавад.



300. Усули ҳисоб кардани фоизҳои мураккаби қарзи
бонк?

- Фоиз аз рӯи маблағи аввалаи қарз ё ки бақияи он ва афзоиши қарз, яъне маблағи фоизҳое, ки пас аз давраи аввалаи ҳисобкунй ҳисоб шудаанд (ҳисобкунии фоиз ба-рои фоиз) маҳсуд дониста мешавад. Ҳамин тариқ, пойгоҳи ҳисобкунии фоизҳои мураккаб ба ҳар як давраи ҳисоб-кунй зиёд мешавад.



Адабиётҳои истифодашуда:

1.Конститутсияи (Сарқонун) Ҷумҳурии Тоҷикистон.Душанбе, 6

ноябри 1994, тағйироту иловаҳо соли 2005. 2.Кодекси граҷцании Ҷумҳурии Тоҷикистон. Душанбе, 1999. З.Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон. Душанбе, 1 январи

с.2005. 4.Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии

Ҷумҳурии Тоҷикистон аз к. 15 августи соли 2009. 5.Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи қоғазҳои қимат

нок ва бирҷаҳои фондй» (Ахбори Шӯрои Олии Ҷумҳурии

Тоҷикистон с.1992, №11, модцаи 155; Ахбори Маҷлиси Олии

Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 1995, №22 мод. 268; соли 1998,

№10, мод. 135; соли 2003 №12, мод. 696; соли 2006, №3,

мод. 157). б.Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи кафолати амо-

натҳои шахсони воқей». Душанбе, 1 августи соли 2003 №43. 7.Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи металлҳои қимат-

баҳо» Душанбе, 12 майи соли 2001, №21

54

Б.Александрова Н. Г., Александров Н.А. «Банки и банковская деятельность для клиента».- СПб, Питер, 2002.



9.Ашуров Н., Лалбеков. И. Муомилоти пулй, қарз ва бонк. Душанбе, ҶСШК «Матбуот», 2002.-С.271

10. «Банковское дело». Учебник под ред. проф. О. И.Лаврушина


- М.: «Финансы и статистика», 2002.

11. «Банковское дело». Учебник под ред. проф. В. И. Колесни-


кова М.: «Финансы и статистика», 2002.

  1. «Деньги, кредит, банки». Учебник для вузов под ред. проф. Е. Ф. Жукова. М.:ЮНИТО, 2002.

  2. Ғафуров Б. Ғ. «Тоҷикон, таърихи қадимитарин, қадим ва асри миёна». Китоби якум .Душанбе: «Ирфон»,1983.

  3. Давлатов И.Х. Становление и развитии банковской системы

Таджикистана. Душанбе, «Ирфон», 2005.-322с.

15. Дастуруламали МБТ №147 «Оид ба тартиби аз ҷониби

шахсони воқей бе кушодани ҳисобҳои асъор дар бонкҳо анҷом додани амалиёти интиқоли маблагҳои пулй бо асъо-ри хориҷй аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ва гирифтани маб-лағҳои пулии бо асъори хориҷй ба Ҷумҳурии Тоҷикистон интиқолдодашуда». 06.09.2007 с. №290.

16. Дастурамали Бонки миллии Тоҷикистон №132, «Дар барои


тартиби танзими фаъолияти бонкҳо» аз 29 октябри соли

2004 таҳти №291.



  1. Дастуруламали БМТ №135 «Дар барои тартиби танзими фаъолияти ташкилотҳои амонатии кредитии хурд», банди 1 аз 31.07.08, с 310.

  2. Қавмиддинов Қ. Қ. «Бухгалтерский учёт в банках». Учеб-ник. Душанбе: «Шарқи озод», 2003.-433с.

  3. Шариф Раҳимзода. «Муомилоти пулй ва қарз». Душанбе: «ЭР-граф», 2008.450с.

  4. Хонҷонов А. «Лугати муосири истилоҳоти иқтисодӣ». Ду-шанбе: «Ирфон», 2006.-224с.

  5. Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон. Тагироту иловаҳо, с.2007

55

мундариҷа

Муқаддима 3

Қисми I. Муомилоти иул 4

Қисми II. Қарз ва қарздиҳӣ 21

Қисми III. Фаъолияти бонкй 30

Адабиётҳои истифодашуда 54



56

Достарыңызбен бөлісу:
1   2   3   4




©dereksiz.org 2024
әкімшілігінің қараңыз

    Басты бет