Мураттиб ва муаллифи сарсухан пайванди гулмурод



бет2/5
Дата14.07.2016
өлшемі0.9 Mb.
#198435
1   2   3   4   5

ЯК РЎЗ НЕ, ЯК РЎЗ...
Азим аз хоб чашм кушоду ба соати дасташ нигарист, аммо ваќтро фањмида натавониста, чашмони сурхшудаашро молид. Соат аз зарбу лати зиндагии ноороми ў зиёда фарсуда гашта, шишааш дарз хўрдаву чирку ѓубор гирифта буд ва кас зуд фањмида наметавонист, ки раќамаш куљову аќрабакњояш куљо. Шояд ба сабаби њамин кўњнагиву фарсудагї соат то њол дар дасти ў мондааст. Азим онро борњо ба ягон шиша шароб иваз карданї шуд, ба гарав мондан хост, фурухтанї шуд, аммо њама аз он рўй метофтанд. «Ма, дањ тинро гиру ба мошин савор шуда, вокзал рав. Ба њељ кас нишон надода, онро ба зери чархи паровоз мон», ё худ «ба музей бар, осори атиќа гўён харида мегиранд», гуфта масхара мекарданд.

Азим чашмонашро молида-молида хеле ваќт зењн монда, фањмид, ки соат ќариб ёздањ. Вай аввал ба ташвиш омад, вале баъди он, ки нафасе андешид, рўзи истироњат буданашро ба хотир оварда ором шуд. Аз таъсири шароби шабина сараш дард мекард, ташнагї дилу љигарашро месўхт. Ў оњиста аз диван бархост. Пружинањои диван пичиррос зада, аз ким-куљояш садои њуштак баромад. Азим калавида-калавида ба ошхона рафт. Бо дастони ларзон дўлчаро пур карда, об хўрду сари дилашро дошта, озурдаву бедимоѓ, оњу воњкунон боз омада, ба диван дароз кашид. Дилаш бењузур гаш­та сараш аз дард ќариб, ки торс мекафид. Баъзан дар назараш тамоми хона гўё чарх зада, зеру забар мешуд.

Азим дирўз баъди кор ба куљо рафт, бо кї нишаста нўшид, чї ваќте ба хона омад, ба хотир оварданї шуд, аммо њељ чизро ёд надошт. Ваќтњои охир ў тез-тез ба ин њол гирифтор мешуд. Пештар баъзе шаробхўрњо њамин хел гўянд, Азим бовар намекард. Гапи бекора, мегуфт, одами маст кори кардагиашу сухани гуфтагиашро медонад. Ў бо чашмони нимпўш хеле ваќт фикру хаёл карду баъд аз љояш бархоста, шароби шишаи рўйи мизро ба стакан холї кард. Стакан нима пасттар шуд. Шишаи холиро обгардон карду ба болои он рехта нўшид. Сипас, як нафаси чуќур гирифту ба диван кишаст. Нишасту чашмаш ба сурати дар девор будаи писараш Мўњсин афтод. Ин сурат ягона ороиши хона буд. Мизи мудаввар, ду курсии фарсудаву чиркин, дивани доѓ-доѓи берўйпу­ш, зери по як шоли кўњнаи рангпарида - њама ба Азим кароњатангез намояд њам, ин сурат њамеша ўро ба хаёлњои ширин мебурд, дар зулмоти рўзгораш монанди нури умеде ба вай мадор мебахшид. Сурати кўдак ќадру эътибори гумшуда ва њаловати рўзгори осудаву муњаббати ширини ўро бо зану фарзанд ба ёдаш меовард. Бача аз сурат бо њайрат ба ў менигарист. Дар ќаъри чашмони ў гўё ѓаме нињон аст. Аслан, Мўњсин дар ин сурат танњо не, њамроњи модараш буду Азим баъди он, ки занаш аз хона баромада рафт, сура­ти ўро бо ќайчї бурида партофт. Мегўянд, ки писараш кайњо мактабрав шудааст. Азим ягон бор Мўњсинро диданї нарафт, бар ќасди занаш нарафт. Пазмон шуд, аммо дандон ба дандон монда тоќат карду нарафт. «Зайнаб дониста монад, ки аз рафтани вай гам намехўрам,- мегуфт вай. - Сарам амон бошад... Мўњсин калон шавад, аз ду сар дада, гуфта меояд, як рўз, не, як рўз мефањмад, ки модари мўлтониаш маро ба њамин ањвол расонд. Ман каму беш араќ хўрам њам, ќатори дигарон будам. Ба гапи ким-кињо парида, ањмаќ шуду баромада рафт. Мардум тамошо карданї буданд. Писарам мефањмад, ягон рўз худаш кофта меояд. Агар наояд... Хайр садќаи сар».

Азим баъзан директори пештараро, баъзан занаш Зайнабро сабаби бадбахтии худ медонист. Дар ин бобат ў «далелњо» дошт. Баъзан ба ягон улфати дилхоњаш аз хусуси занаш њасрат карда, ѓубори дилашро мебаровард: «...аввал дар хона хархаша бардошта безор кард. Сонї рафта, бо улфатњоям ѓидї-ѓидї карда, обрўямро рехт, - воќеањои гузаштаро гаштаву баргашта ба ёд меовард. - Ин њам кам набуд, ки рафта бо дирек­тор гапзанон карда, моњонаамро мегирифтагї шуд. Хушрў-дия, як бор абрў парронда бошад, директор њам фаромад. Аќаллан, як бор љеѓ зада, аз худам гап мепурсид, алам намекард. Ин њам дарди бахайр, бо ди­ректор забон як карда, маро маљбур, барои табобат ба беморхона хобонд. Аз дасти вай дар љиннихона, ќатори љиннињо хоб кардам. Табобат мекардааст! Доруњояшонро ба дањон андохта, хўрдам мегуфтаму њамин, ки њамшира рафт, аз зери забон бароварда, мепартофтам. Лекин баъди духтур хеле ваќт нанўшидам. Ман баъзењо барин не, нахостам, наменўшам, ба дањан намегирам!.. Аз беморхона баромада нигарам, ёру ошноњо аз ман худашонро дур мегиранд. Њим-м! Афтодагї ба лаѓљидагї механдад! Ба њамон холи зор боз мо ќатї гаштанба ор мекунанд. Чунон алам кард. Ду-се њафта ба дањан нагирифтам. Аз кор бароям, нўшида истодани мардумро набинам гуфта, ба њељ љо нигоњ накарда, ба хона меомадам. Ба киса ду-се танга барои мошинпулї мегирифтаму халос. Њамон рўзе, ки пул гирифтем, то охири кор ба як азобе истодам. Дар кисаам пул нею гўё алав буд. Коля-амак катї Њакимча гузаштаравон ба якдигар чашмакї зада: «Читу, њоло њам парњезї? Мањкам ист, Худо худаш сабр дињад», гуфта монданд. Кўњна улфатем-дия. «Нўшидан даркор, - мегўяд Коля-амак - аммо њадду андозаашро дон». Рост, мегўяд, худаш рўзе нест, ки нанўшад, аммо бало намезанад. Андозаашро медонад-дия! Мегўяд, ки агар миси корам мебаромадагї шуд, оњиста ариза дода, аз кор меравам... Аммо ман ба љои дигар рафта наметавонам. Маъмурият ба кори аз ин њам пасттар мефурорад, Иттифоќи касаба боз «бори охир» огоњ мекунад. Хайр-дия!.. Њамаи њамин аз касофати зан, - хулоса мебароварад ў, - ман зан нагирифта, бало гирифтам. Бар ќасди вай менўшам. Агар ба наѓзї мегуфт, ман њам одам-ку! Эњ, њоло ба ман баробар мешудагї одам набуд. Курсии мулоими саринжинер аз они ман буд. Љалолзода ба ягон љо рафта монад, вазифаашро ман адо мекардам. Акнун чї, бо дипломи инженерї, ќатори як бесавод кор мекунам! Аслан, агар дар корхона нописанд намекарданд, араќ намехўрдам. Ња, аввалин бор њамон рўзе, ки директорро танќид кардаму со­нї дар љавобаш худи маро муттањам карданд, маст шудам-дия...».

Ногоњ модараш ба хотири Азим расиду њайрон шуд, ки чаро кампир љим. «То чоштгоњ хоб намерафт-ку? Тоб-побаш гурехт-чї? Не-е, љин зад-чї, дина аз беморхона «таъмир» шуда омад-ку...». Ба хотири Азим хоби шаб дидагиаш расид. Хоб бинад, падараш даромада омадаанду ба тарафи Азим хандида, аз болояш бистарашро гирифта рафтаанд. «Тавба, таъбири ин хоб чї бошад? Дар хоб мурда агар чиз дињад нагз, аммо чиз гирад - хосияташ нест, мегуфтанд. Ё ин хоби парешон бошад? Хоби парешон таъбир надорад, мегўянд. Тав­ба, ваќтњои охир хоби дидагиамро аз бедорї фарќ кар­да наметавонам. Гоње ягон воќеа ба ёдам мерасаду њайрон мемонам, ки он дар бедориам рўй дода буд, ё дар хоб дидаам».

Дили Азим ѓаш карду беихтиёр аз љояш бархоста, калавида-калавида ба њуљраи модар гузашт. Ў дарро кушода, ба дарун ќадаме гузошту љо ба љо шах шуду монд. Дар аввал ба њукми гумони худ бошад, ё ягон њиссиёти дигаре ба рўйи модар дурусттар нигоњ накарда, дар тањи дар истод. Сари модар аз болин ба як тараф афтода, рангаш зарду кабудчатоб гаштааст. Як дасташ аз кўрпа берун чумчаи алюминиро сахт фишурда буд. Дар тори сараш косаи тунука. Суханони модар ба хотираш расид, ки якчанд рўз пеш мегуфт: «Ода­ми пирам, писарам, ба як пуф маътал. Баногоњ шабњо ањволам бад шавад, чумчаро ба коса зада, туро бохабар мекунам. Њушёр хоб кун».

Азим кам-кам ба рўйи заъфарони модар, дастони бељон афтодаву андоми оромаш зењн монда, нишонањои аз овони кудакї азиз ва мањбуби худро дарёфт. Вай акнун дид, ки чашмони модараш чуќур ѓўтида, вуљудаш пўсту устухон, мўяш сап-сафед шудааст. Чаро ў инро пеш аз ин надид? Модар гўё хобида буд. Ногањон Азим аз ин хоби гарон дигар бедор нашудани ўро ба ёд оварду як ќад парид.

«Кампир медонистааст-дия, њис мекардааст. Агар надонад, намегуфт: «Натарс, ба њалќам об чакон, пахтаро ба об зада лабамро тар карда ист, калима гардон...» Бечора модаракам, њар рўз дањ бор мегуфт-а, ба ќишлоќ барам. Аз гуфтан ба дањанаш мў баромад. Бењуда ин ќадар бетоќат набудааст. Чаро ман бепарво шудам?.. Сабилмонда, пул... Рањкиро даркор буд. Бе­чора модаракам рањкиро дошт. Не, гуноњи худам шуд. Чанд бор ба дастам пул афтод, нест њам шуд... Дина насињат мекард: «Араќ нахўр, ин чизи касофат, хонавайронкун аст. Агар ту араќхўриро напартої, ман дар он дунё њам осуда намешавам... Эњ, ањволатро дида, дилам хун мешавад. Њамин ќадар гуфтам, ба дења биё, наомадї. Мард дар љое, ки даркор аст, азиз. Рав, манзили падарат, чироѓи хонааш даргирад, наѓз, арвоњаш шод мешавад... Ба чї умедњо туро калон кардам! Намедонам, ба ту чї љин зад? Худо нахоњад, раваду ягон кору њоле шавад, њељ ташвиш накаш, рафта ба масљид хабар кун. Њамин хел шуд, гўй, писарам. Ба Мўњсинљону келин њам хабар фирист. Мўњсин додарат барин, ќадаш ќариб бо ќадат баробар шудаст. Миён баста, ба дасташ асо гирифта, «оча» гўяд. Умри гул барин занро хазон кардї». Модар аз ман пинњонї рафта, келину набераашро дида меомад. Њим-м... Вай васият карда будаасту мани гаранг нафањмидаам, нагуфтам, ки чаро ин хел мегўї».

Азим гиристан хост, аммо аз чашмонаш нам набаромад. Бардору зани зиндагї ўро чунон кўфта карда буд, ки акнун дилаш сахт шуда, дигар ба њељ дарде гириста наметавонист. Гиристан њам монанди хандањои беѓубори кўдакї кам-кам аз хотир мерафтааст. Гириста тавонистан њам хушбахтї будааст. Одам гиря кунад, рўњаш сабук мешавад.

Азим аз њуљраи модар оњиста баромаду дарашро пўшид. Дасту рўяшро гурбашў карду зуд бо сачоќ як бор молида гирифт. Чї кор кунад, ба њамсояњо хабар дињад-чї? Охир ягон маслињат медодагистанд. Боз суханони модар ба хотири Азим расид, ки мегуфт: «Халќ акнун бе мењру шафоат шудагї. Њамсояњои дарбадар бегона барин. Њар рўз дањ бор чашм ба чашм, рў ба рў мешавем, на салом, на алейк. Хок кашад! Њоло њам мењру шафоату хайру барака дар љои худамон будаст. Ба тўят то худат рафта хабар накунї, намеоянд, аммо ба сарат ѓаму ташвиш афтад, њамон лањза напурсида, аз дарат медароянд...»

Азим сару либосашро пўшида, саргаранг ба курсї нишасту ду-се бор «тавба» гуфта монд. Ў чї кор карданашро намедонист. Бори аввал зиндагї ўро имтињон мекард, пайванди ўро бо одаму олам месанљид. Бори аввал ў аз робитаи худ бо мардум меандешид: «Дар ин шањр хешу табор надошта бошам, ёру љўрањо кайњо боз аз ман гурехта мегарданд... Уф-ф... Њозир бе сад грамм майна кор намекардагї барин...». Азим кисањои пиджакашро як ба як чаппаву роста карда кофт, аммо ѓайр аз ду-се тангаи зард дигар чизе наёфт. Ба хотираш расид, ки дирўз дар кисааш ќариб понздањ сўм пул буд. «Нўшида, ба ягон љо афтондаам, ё «љўрањо» чойпулї гуфта афшонда гирифтаанд. (Ў «љўрањо» гуфта, навбатдорони њушёрхонаро дар назар дошт). Шербачањо шаб кисањоро топ-тоза мекунанду калонашон наомада, гум шав, мегўянд. Аз худашон понздањ-бист тин рањкиро гирифта, ба хона меоям».

Азим сарашро болои миз ба рўйи дастонаш нињода, хеле ваќт бењиссу бењаракат монд. Дар сараш фикре набуд, дилаш гўё суст мезад, тамоми вуљудаш ба як њолати карахтї афтода буд. Љисми заифи ў њоло ба ин зарбаи зиндагї тоб наоварда, карахтиро сипар карда буд.

- Дар хона њељ чиз нест, то фурўшам, - гуфт ў беихтиёр овоз бароварда.

Баъд чизе ба ёдаш расиду бо ќатъият аз љо хест. «Модар рањкирояшро бастаю тофта, эњтиёт карда мегашт. Акнун рањкиро њам даркор не... Аздусар ин дањ-понздањ сўми вай катї мушкили ман осон намешавад... Ё ба пули модар даст нарасонам? Наход, илољи дигар набошад?».

Азим паёпай ду стакан шаробро дам кашиду як нафаси чуќур гирифта ќоматашро рост кард, дастонашро ба ду тараф дароз карда хамёза кашид, баъд аз кисаи шимаш як ќуттї сигарети пачаќшудаи «Помир»-ро бароварда, як дона даргиронд. Ў фикр мекарду си­гарет дар байни ангуштонаш сўхта ба охир мерасид. Чї кор кунад, аз кї маслињат пурсад, кй ба вай роњ нишон медињад? Азим дар илољи кори худ њайрон монда буд. Баъд вай рафта аз чойдон ба кафаш ќадре чойи кабуд рехту онро ба дањон андохта монанди чорпое, ки кавша мекунад, бо њавсала хоид.

- Тамом. Шутур дидї, не! - вай худро тасаллї дода, берун баромад.

Азим аввал дари њамсояи рў ба рўяшро кўфт. Дарро кўфту ба ёдаш омад, ки њамсояааш - Раъно, ўро њељ хуш намекунад. Порсол камтар сурху сафед шуда буданд. Шабе њамин хел ширакайф буд, камтар намак даркор шуд, Азим дари Раънохонро кўфт. Шабона шавњараш дар хона набошад, ин ќадар тарсидани ин занро чї донад? Як худаш танњо њам не, бо писарчаи шашсолааш. Дар љавоби таќ-таќи вай дар хона таќар-туќур сар шуд. Азим истод-истоду рафта, дари њамсояи дигарро кўфт.

Пагоњирўзї Раънохон ба њамсояњо шикоят кардааст, ки одамони ношинос нимашаб дари ўро кўфтаанду вай аз тарс ќариб гурдакаф шуд. Гўё он одамони «шубњанок» тамоми шаб аз тањи дару тирезаи ў дур нарафтаанд. «Хайрият, тирезањо панљараи оњанї доранд, - гуфтааст ў, - ба аќиби дар мизро тамба карда, то сањар бедор нишаста баромадам». Аз ќабати дуюм, зани муаллим гуфтааст, ки вай њамсояатон Азим, дари моро њам кўфт, намак пурсид. Амакатон бароварда доданду љанг карданд, ки ин хел нимашаб одамонро безобита накунад»... Ана, аз њамон воќеа ин љониб табъи латифи Раънохон коњидагї. Салому алекро њам бас кар­данд. Салом гўям, рўяшонро ба тарафи дигар гардонда мегурезанд. Садќаи сар, гуфтаму ман њам салому алек­ро бас кардам. Хайр, имрўзњо шавњарашон дар хона-ку.

Дарро шавњари Раъно - Нозим Ѓайбуллоевич кушод. Вай љавонмарди сию панљ-сию шашсолаи миёнќад, фарбењ, нисбат ба синну солаш зиёда љиддинамо ва калонгир буд. Ў љомаи рахрахи сарупої дар китф, дарро кушода, саволомез ба Азим нигарист.

- Њамсоя, њамин шаб... момо... модари мо... аа-аз дунё гузаштанд, - Азим ба рўйи њамсояаш нигоњ накарда, канда-канда гап мезад.- Ба ќарибї додарзодааш аз ќишлоќ оварда монда буд... Ногањонї...

Азим њоло Азими пештара набуд: сархам ва пакар, овозаш њам дигаргун - маъюс ва дарднок ба гўш мерасид. Касе, ки ба овози одамон бодиќќатат гўш медињад, аз байни њазорон садои гуфтугў, овози шахси мусибатзадаро фарќ мекунад. Овози одами мусибатзада ба садои косаи чинии дарзхўрда монанд аст. Мардум косаи шикастагиро аз садояш зуд фарќ мекунанд, аммо садои дили шикастаи якдигарро на њамеша зуд пай мебаранд.

- Э, афсўс, бечора. Наѓз нашудааст-дия,- Нозим Ѓайбуллоевич сар љунбонда изњори њамдардї кард. Со­нї дарашро пўшида, ба долон баромад. - Афсўс, бечо­ра одами наѓз буданд, даробаро карда мегаштанд... Ба хешу табор хабар додед?

- Аздусар расида омада наметавонанд. Њаво гарм...

- Рост, мурдаро нигоњ дошта намешавад. Хайр, акнун чї чора, мурда дигар зинда намешавад. Мурдани падару модар мерос, мегўянд. Дилро бой натеду аз паи гўру чўбашон шавед. Ман њам меоям. Бачањо кам­тар бетоб, ба хонаи очаашон бурда мемонаму...

Азим ба сањни њавлї баромад. Дар сояи чинор як гурўњ бачањо машѓули бозї буданд. Битнер бо занаш мошинашро аз гараж бароварда, тараддуди сафар дошт. Барои истироњат аз шањр берун мераванд. Шояд ба дараи Варзоб раванд, ё ба сўйи Ромит. Азим ба ёд овард, ки чандин сол боз ў ба он тарафњо нарафтааст. Умуман, аз шањр берун набаромад. Рўзњои истироњаташ чи гуна мегузаштанд, ў њоло дар хотир надорад... «Хўш, ана ба њамсоя њам хабар додам. Боз чї кор ку­нам? Ба комбинат равам? Иттифоќи касаба њаст, њамкорон њастанд... Њељ поям намекашад. Майзада бошам њам, ору номус дорам. Меоянду... Баъд, дўсташ насињат мекунад, душманаш зањрханда... Безорам!»

- Ња, Азимљон, ин ќадар фикру хаёл? Азим сар бардошта, дар рў ба рўяш Робияхоларо дид, ки дар даст тўрхалта аз магазин меомад.

- Э, напурсед, хола. Одам гуфта ба вай машк гап занам... Азим ба тирезаи Нозим Ѓайбуллоевич ишора карда носазо гуфт.

- Азимљон, наѓз не, худро ба даст гиред, чї гап шуд? А? Сањар катї...

- Не-е, истед. Вай хола... Модар мурда монданд. Тамом.

Ранги рўйи Азим суп-сурх, њалќањои чашмонаш танг гашта буданд. Шароб кам-кам ба ў таъсир мекард.

- Не-е! Кай? Дина дар њамин љо буданд-ку? - дасту пои Робияхола бемадор гашта, сараш аз њаяљоя чарх задагй барин шуд. Тўрхалтаро ба дасти наберааш дода, «ба хона бар», гуфт.

- Дар њамин љо. Шаб пой дароз карда мондаанд. Ман бехабар. Дар хонаи дигар хоб...- ў мастона чашмонашро кушодаву пўшида, пойма пой гап мезад.

- Азимљон, ба ман нигоњ кунед, рост мегўед, ё... - Робияхола Азимро маст дида, ба гапаш бовар карданашро њам намедонист, бовар накарданашро њам.

- Э, Худо занад, нон кўр кунад. Ана, даромада бинед. Ман ягон бор гапи дурўѓ гуфтам-чї?

Дар як зум ба гирди онњо чор-панљ нафар њамсоязанњо љамъ шуданд. Азим такрор ба такрор њодисаро гуфта, ба чашми њар як имдодталабона менигарист. Ў дар њамин вазъият ба назари шахси дар канорбуда хурўси дар љанг маѓлубшударо мемонд, ки бо пару боли овезон ва љароњатњои хуншор аз беадолатии њариф, ё ягон дарду алами дигар шикоятомез ќут-ќут мекунад.

- Азимљон, манањашонро бастед?

- Не, валло. Ман надонам.

Робияхола ба хонааш даромад ва ду метр суфи оњорї гирифта баромаду бо ду нафар њамсоязани ди­гар ба хонаи Азим даромада, манањи марњумро баст.

- Худо рањмат кунад, бечора бандагиро ба љо овардаанд. Шумо, бесомон,- хола ба Азим рў овард,- ба ин ањвол гаштед. Дуои њамин бечора модарро нагирифтед. Канї, акнун ёбед... Хешу таборатонро хабар кунед, тезтар биёянд. Њаво гарм, нигоњ дошта намешавад,- маслињат дод ў.

Њамсояњо суханони Робияхоларо шунида, бо таассуф сар љунбониданд, оњ кашиданд, дареѓ гуфтанд, баъзењояшон оби чашм њам карданд. Баъд Азимро дилбардорї дода, аз Худо ба вай сабр талабида, як-як оњиста-оњиста ба њар сў парешон шуда рафтанд. Азим дар сањни њавлї боз танњо монд.

Аз воќеаи вафоти пиразан бисёр касон огоњ шуда, онро дар доираи хонаводаи худ муњокима мекарданд. Яке бо таассуф ва дилсўзї, дигаре бо маломат ба Азим менигарист. Аз ошёнаи дуюм њамсояаш Мунира ба Азим менигарист. Ин танноз њоло ба вай зањрханда кардагї барин шуд. «Шавњарам шофёри вазир гуфта, фукаш ба осмон,-аз дил гузаронд Азим.- Зани вазир барин ин кас њам гоњ-гоњ «Волга» савор мешаванд. Аммо шофёри вазир њам шофёр аст, вазир не! Ба мусибати касон шодї кунед, ойим!» Азим дар дилаш бо Мунира манша мекард.

Вай њангоми мастї мисли њамаи майхорањо дасисаљў мегашт.

- Ња, њамсоя, хурсанд шавед... Ин хел рўз ба са­ри шумо њам меояд,- оќибат зањри дилашро ба Муни­ра рехт.

- Ин чї гуфтагиатон, мастед, ё њушёред? - чашмони Мунираи бекинаву шўхтабиат калон-калон шу­данд. Вай ба ќањр ояд њам, аз чењрааш осори шўхї намерафт.- Ман ба шумо чї бадї кардам? - Вай аз тирезаи айвонаш сар берун кард.

- Љаватонро хом даравидагем не-ку! Гапи гуфтагиатонро медонед?.. Э, њайфи одам!

Ў Азимро ширакайф диду бо вай гидї-бидї карда нишастанро ба худ эб надид. Тирезаашро тараќќос занонда пўшиду пардаашро кашида монд.

Азим дар хараки рўйи њавлї хеле муддат хомўшу сархам нишаст. Робияхола ба назди ў омада пурсид, ки чї фикр дорад, чї кор карданї. Ба Азим чунин намуд, ки хола њам ягон ёрдам доданї не, њамту, аз рўйи дил мепурсад. Азим ба хола рўйи хуш надоду оњис­та аз љояш бархоста ба хона даромад. Дари њуљраи модарро кушода, лањзае ба рўйи ороми пўрољинги ў нигариста истод ва сипас ба диван нишаст. Ба дастонаш нигарист, нусхаи дастњои модарашро дид.

Дењаи зодгоњаш, айёми бачагї, солњои љанг, ки модараш бепадар, ду фарзандро ба дандон газида калон кард, ба хотираш омад. Модар рўзњо дар колхоз кор мекард, шабњо чарх ресида, њар њафта ба бозор ду калоба ресмон мефиристод, то ки фурўхта, ба пулаш як кило-ним кило ѓалла оварда дињанд. Боре Парда - даллол ду калоба ресмони онњоро бурду чизе оварда надод. Онњо рўзро бо умедворї шаб карданд, баъд гурусна то нимишаб нигарон шуданд. Аз гуруснагї Азимро хоб намебурд. Модар тасаллї медод, ки њељ гап не, болиш мебардорад... Моргазидаро хоб мебурдааст, аммо гуруснаро не. Азим он солњо хурд буд, аз дасташ кор намеомад. Рўзњо њамроњи хоњараш љувориашонро «њой» гуфта, аз гунљишк нигоњ медошт. Он солњо гунљишкон њам гурусна буданд, бо њойгўиву кулўхчаандозї аз киштзор дур намерафтанд...». Дар пеши назари Азим дења, замини рўйи даричаашон љилвагар шуд ва лањзае худро дањ-дувоздањсола дид, ки њамроњи хоњараш пойлуч љуворизорро давр зада метохту аз фалахмон кулўхча меандохт ва ба як маром «њой-њой» мегуфт.

Он солњо тобистон расад, боѓу киштзорњо бо фарёди бачагону ќарс - ќарси фалахмонњо, бо љаранг-љурунги сатилу таѓорањо аз сањар то шом монанди бозори рўзи ид пурѓавѓо буд. Агар нафасе бехабар монед, гунљишкон села-села ба сари љуворї нишаста, шираи донањои њанўз норасидаи онро макида мерафтанд. Кўдакон ва гунљишкон барои ризќу рўзї бо њам талош доштанд. «Акнун гунљишкон њам сер шуда, баору номус гаштаанд. Љое, ки «киш» гўед, дигар пар намезананд... Ња, мардум чї кор њам кунад, барои серњосил буданаш љуворї мекориданд, вагарна дили кї нони гандум намехост».

- Эњ, чї солњои сахте буд! - Бо дасташ ба сари зонуяш зада афсўс мекард Азим.-Бечора модарам як сањарии зимистон нимкоса дар даст, тамоми дењаро дар ба дар пурсида баромаду ба ќарз як каф орд наёфт. Баъд аз алам дар хона чунон овоз андохта гириста буд, ки ману хоњарам њам ба вай њамовоз гашта фиѓон бардоштем. Бечора модар, ки як умр ба фарэандон худотарс шуданро талќин мекард, чунон бо овози баланд «хонаи Худо сўзад», гуфта зор-зор гирист, ки дили моро вањм зер карда буд. Ману хоњарам акнун Ху­до моро ба ѓазабаш гирифтор мекунад, гуфта метарсидем. Таваллову зорї мекардем, ки модар ин гапро нагўяд. Як моњ боз рўйи нонро надида будем. Намедонистем, ки ѓазаби Худо аз ин зиёд намешавад... Баъд ман њамон нимкоса дар даст ба хонаи амакам рафтам. Амакам бо ањли оилаашон дар гирди сандалї нишаста, ош мехўрданд. Писари њамон Парда-даллол- Самар њам буд. Онњо овози пои маро шунида, табаќи лахчаки хўрдаистодаашонро ба даруни сандалї пинњон карданд. Ман ба хона надаромада, аз тиреза ош хўрда истоданашонро дида будам. Баъд духтарчаи хурдиашон сирро фош карду як шаппотї аз падар хўр­да хомўш шуд. Дар пешгоњи хонаашон як љувол орд сап-сафед метофт, аммо амакам «орд нест, як дона ѓал­ла набошад, орд аз куљо мешавад», гўён љавоб дод. Он солњо њам гузаштанд. Бењуда намегўянд, ки зимистон мераваду рўсиёњии ангишт мемонад... Рўзи аз падар хати сиёњ омадагї аз хотирам њељ намеравад. Модар хабари маъшумро аз саркор шунида, аввал карахт шуд, бовар накард. Баъд саркор хати сиёњро аз љайб бароварда, ба модар дод. Модар монанди занњои дигар фарёд набардошт, мўканиву рўйканї накард, фаќат ќатрањои оби чашмаш марљон барин ба рўяш рехт. Баъд ба Њосилбеки дар болои асп андешаманд нишаста, рў овард: «Мурда бошад, љояш љаннат, не, агар зинда бошад, Худо ёраш бод. Ба ман њамин ду саѓираи вай бас. Њаминњоро калон кунам, шуд». Модари муштипар! Охир вай њам одам буд, медонист, ки аз модар дубора намеояд... Умрашро бо ду фарзанд гузаронд. Агар ман дар љои вай мебудам, њамин хел мекардам? Не, ман ба ин хел фидокорї ќобил нестам. Ана, писарам зиндаятим. Охирин як хоњиши модарамро њам иљро накардам. Модар шароб нахўр гуфт, нахўрда метавонам-чї?

Азим дар сари ин нукта хеле фикр кард, ба хотир овард, ки инсон бо зўри ирода чї корњое накардааст Шароб нахўрдан њам кори мушкил шуд?! Њамин хел мегўяму аммо...- дудила мешуд вай. - Ягон ќасаме бошад, ки онро шикастан нашавад! Пештар ба номи Худо ќасам мехўрданд, «Ќуръон»-ро пеш мегузоштанд. Ман на ба Худо бовар мекунам, на ба «Ќуръон». Эътиќодманд бошам, араќ мехўрдам?! Одамон нон катї ќасам мехўрданд. Нон њам њељ касро кўр намекардааст. Њама љо нон дар зери по. Дина яктояш дар ошхона чангакро ба маѓзи нон халонда, тоза мекард...

Занги дар Азимро ба худ овард. Вай азбаски кайњо боз занги дарашро нашунида буд, як ќад парид. Баъд саросема аз љо бархосту ба сўйи дар ду-се ќадам монд, аммо боз дудила шуда, лањзае истод. Дар њаќиќат ба вай занг заданд, ё ба гўшаш њамин хел расид? Садои занг дубора баланд шуд. Ин дафъа дуру дароз, бо изтироб.

Азим дарро кушоду њушаш аз сар парид. Агар ин дам модараш зинда шуда, дар тањи дар истода бошад њам, аљаб не, вай ба ин андоза њайрон намемонд. Робия-хола пешопеш, аз ќафои ў Зайнабу Мўњсин ва марду зан як гурўњ хешовандони занаш, Мунира бо шавњараш, боз ду-се нафар њамсояњо ба хона даромаданд.

Робия-хола гап мезад, аммо дар аввал Азим аз суханони ў њељ чиз нафањмид. Сонитар ба гўшаш даромад, ки хола мегуфт: «Мунирахонро гуфтаму бечора њар чї зуд рафта ёфта омаданд». Аз даруни хона суханони бо алам ва сўзи дил гуфтаи Зайнаб ба гўшаш расид:

-- Маст њушёр мешавад, аммо ањмаќ не!

Азим ба девор такя карда, бењол сари ду по нишаст. Худ аз худ аз чашмонаш ѓўра-ѓўра ашк рехт. «Ашки набудагї аз куљо мерезад?»- њайрон буд вай.

с. 1972


МУАЛЛИМИ САХТГИР
Бањори он сол ба дашти беоби Ёвон бори аввал пунбадона коштанд. Ѓўза кайњо себаргаву вале аз об дарак набуд. Баъзењо ба раддањои бењудуди сабзгун-гули зањмату умеди худ нигариста, хавотир буданд: “Аз ростї, оби Вахш меояд ё обро надида, мўза кашидем?”-мегуфтанд.

Ба канали нав, одатан, обро њамту, иму љим сар намедињанд. Ид мешавад, раќсу бозї, мукофотдињї, вазъгўї мекунанд. Њоло мардум ба вазъгўї ончунон одат кардаанд, ки дар тўй њам, дар азо њам, то аз рўи коѓаз бурро хатро хонда тавонистани худро собит накунанд, гўё рўзашон намегузарад.

Ман ба ин љо ба муносибати њамин тантана омадам. Вале ногањон Шодиро дидаму дар дили ман аз шодмонї асаре намонд.

Дар баландї истода ѓарќи тамошои канал ва дањанаи наќб будам. Дар пешгоњи он њарфи М-тамѓаи метросозони Москва медурахшид. Дар масофаи њафтуним километр аз зери кўњ наќб канда, оби паси Боѓотро аз як гўшаи биёбон берун овардан, дар њаќиќат, ќиссањои пешини бибию бобоёнро ба ёд меовард.

Њоло њама кори асосї саранљом ёфта, коргарон бо трактор лавозимотеро, ки дар наќбканї ба кор бурдаанд, аз маѓзи кўњ кашонда, берун меоварданд. Обе, ки аз даруни наќб љорї буд, чархњои тракторро ќариб гўр мекард. Ин оби Вахш не, оби ќаъри кўњ аст. Љавони навчаи лоѓарандом, дар тан корљома, дар по мўзаи резинии соќаш баланд чолокона банд-банд тахтаву оњанпорањоро ба чангак андармон месохту кран онро бардошта, дар соњил ѓарам мекард. Њаракатњои љавон ба ман ошно намуд, худи ўро низ гўё мешинохтам, аммо аз дур афташро равшан тафовут намекардам. Аз теппа фуромада, ба љониби вай наздик рафтам. Хандањои соддалавњонааш, поймонињои такаббуромезаш ба Шодї монанд... Шодї! Худаш!.. Ана, вай њам маро дид... Зењн монда менигарад... Аљиб, шамоли таќдир одамро ба куљоњое намебарад!

-Шодї!..-наздик рафтаму даст бардошта овоз додам.

Маро дида вай лањзае карахт шуд. Сипас, маъюс табассум намуду дасташро боло бардошта “Салом” гуфт.

-Баъди кор биё, чаќ-чаќ мекунем... Њозир наѓз не...

Љўраи солњои бачагиам дар ин љо мањбус буда, чунон ки мегўянд, хидмати маљбурї мекардаст, вале ман намедонистам. Њоло ўро дида, агар гўям, ки њайрон шудам, на он маъниро медињад. Лањзае дасту поям бемадор гашт,чї гуфтанамро надониста забон хоидам. Вай андаруни канал, ман дар соњили баланд-њар ду аз изтироб хомўш будем.

-Ягон чиз даркор бошад, гўй,-хоњиш кардам.

-Ташвиш накаш, њељ чиз даркор не... Фаќат дидори шумоён...

Вай табассум намуд ва бо мењр ба рўи ман нигаристу хомўш монд. Посбон ба исрор талаб дошт, ки ман аз соњил дур шавам.

Не, ба њар њол, ин Шодии пешин не. Агар њамон Шодии пешин мебуд, “ягон сони гўсфанда пухта биёр, як дег палави сергўшт кун, палава ёд кардам, араќ гир” мегуфт. Ѓалатї...

Вай бо трактори худ ба наќб даромада рафту ман парешонхотир ба ќафо баргаштам.

“Сазои хулќу атвори бад...-мегуфтам худ ба худ.- Аз карда пушаймон метобад. Аќлаш даромадагї барин...”

Даврони бачагию наврасии мо бо њам гузашт. Дањсоларо њамроњ тамом кардем. Баъд ман аз паи тањсил ба шањр омадаму вай дар дења монд.

Хурд будем. Он солњо њавлии Шодиино дар шафати њавлии мо буд. Њамеша њамдам, бозї мекардем, њамроњ ба мактаб мерафтем, аз паи гову гўсола, алафу њезум медавидем. Рост мегўянд, ки Исо њам ба роњи худ, Мўсо њам. Бесарии вай як зарра њам ба ман сироят накард. Баъди ин гуна таљрибањо чи гуна ба ќонуни ирсият бовар намекунї?! Росташро гўям, баъзан аз касофати вай ман њам дар маломат мемондам. Бинобар он, очаам мудом таъкид мекарданд, ки вай катї камтар бозї кунам. Лекин њамроњ бозї накарда мешавад?

Боре сазои ба суханони модар беэътиноиамро дидам. Воќеа ин тавр рух дод: дар ќарибии боѓи мо полизи колхоз буд. Нигоњбони он бобои Орзумурод њар гоњ ба боѓи мо ояд, ягон њандалаки хушбў меоварду маро шод мекард. Он солњо мардум дар замини рўйидарича харбуза намекориданд. Ѓалла танќис буд. Ба мардуми дењќон пул аз он њам танќистар буд. Њељ кас моњона намегирифт, на дар пирї нафаќаю на дар беморї... Дар ивази 20 сотих замини рўйидарича ањли оила дар колхоз кор мекарданд. Бе паспорт ба куљо гурехта меравї?! Ана, аз њамин сабаб ба замине, ки корам аст, хоњ лалмї, хоњ обї, ѓалла мекориданд. Колхоз барои полиз хеле кам замин људо мекард... Њамон рўзи нохуш ману Шодї дар боѓи мо, ки як гўшаи њамон замини рўидаричаро ишѓол мекард, машѓули бозї будем. Намедонам, гап аз куљо бархосту вай барои харбузадуздї ба полизи колхоз рафтанї шуд. Ман инояти бобои Орзумуродро ба хонаводаамон ёд оварда, дар ин хиёнат ба вай шарик нашудам. Чун ў ба љониби полиз рањ гирифт, ман ба даруни љўйи обкандаи чуќуре даромада пинњон шудам.

Дар он айём чї донам, ки агар кас бетарафона љиноятеро гувоњ бошад, низ гунањкор аст.

Ногоњ валвалаю њаёњуе бархосту бача набошам, боз њам худдорї карда натавонистам ва сар бардошта, оњиста ба тарафи ошўб нигаристам. Манзарае, ки дидам, њељ фаромўш намешавад: Шодї харбузаи калоне дар даст ба ин сў медавиду аз ќафо, дар масофаи чил-панљоњ ќадам бо њаёњу бобои Орзумурод ўро дунболагир буд... Ман ин њолро дидаму саросема сарамро поён гирифтам, вале кор аз кор гузашта буд. Шодї гурезон харбузаро ба назди ман ѓелонду рафт.

Ваќте ки бобои Орзумурод омада, дар сарам рост истод, ба љуз шармандавор аз љо бархостан дигар чораам набуд. Мўйсафед тамоми зањрашро ба ман рехт. Суханоне гуфт, ки агар мор шунавад, пўст мепартофт. Рост мегуфтаанд: харбузаро хом кандана, сари дењќонро бикан.

Њамин ќадараш кам набуд, ки мўйсафед боз ба хонаамон рафта, воќеаро ба модарам гуфтаст. Бегоњирўзї гўсолаву се бузѓоларо пеш андохта аз дарвоза дароям, модарам дар сари оташдон будаанд, тарошае ба дасташон афтоду бо он маро чунон заданд, ки он шаттаро ба ёд оварам, то њол тахтапуштам виљиррос зада, дар танам мурѓак медамад. Аз беадолатии модарам сахт ранљидам. Як шабонарўз аз хона таом нахўрдам. Аввал пурсиш, баъд кушиш-дия! Бобои Орзумуродро солњои сол чашми дидан надоштам.

Ба Шодї бало њам назад. Баръакс, фардояш шўру фиѓони маро таќлид карда мазоњ намуд. Бобои Орзумурод ба модараш гуфта бошад њам, Њаёт-хола њаргиз ба писараш сахт намерасад. Занаки аљиб буданд – нармдил, беозор, гапбардор, фориѓдил... Њељ нашунидаам, ки вай ягон бор ба Шодї, аќаллан дўѓу пўписа карда бошад. Бо њама њамин хел, мулоимгап, нармдил. Мо-бачањо њавас мекардем, кошкї модари њар яке њамин хел мебуд... Беаќл будем...

Шодї сол аз сол дар бадкирдорї ном мебаровард. ”Шодї не, ин ѓаму кулфат аст”, мегуфтанд одамон. Ёд дорам, боре модараму Њаёт-хола ба таъзияи кадом як њамдењаамон рафтанд. Ману Шодї дар њавлии онњо будем. Дар сояи тути калони балхї бибиаш ѓир-ѓир чарх ришта, суруди ѓамангезеро замзама мекард. Аз афти кор, пиразани њафтодсола писари дар љанг бедарак рафтагиаш-падари Шодиро боз ба ёд оварда буд магар, ашки рухсорањои пурољингашро дам ба дам ба нўги остини дарозаш пок мекард.

Ин дам аз кўча нидои аттор баромад. Он солњо атторњо ранг, ќулф, сўзан, тугма, шаба, чангаки моњидорї барин майда-чуйдањоро аз шањр харида, дења ба дења гашта ќиматтар мефурўхтанд. Рўзе, ки аттор меомад, барои бачањои дења ид буд. Њар кас ягон чиз мехарид: писарбачањо-њуштакчањои сафолї, дорбозак, духтарон-сўзан, њалќа, илќ, занњо-ранг, зок, зињи пойљома ва ба њамин монанд чизњо.

Ману Шодї саросема ба сўи аттор давидем. Чангаки моњигириро дидему њаваси моњигирї моро беќарор кард. Аммо барои чангакхарї пуламон набуд. Дар он айём пул на фаќат дар љайби бачањо, балки дар кисаи аксар мардони дења њам ёфт намешуд. Аммо мушкиле набуд, ки садди майлу хоњиши Шодї бошад. Вай “њозир” гуфту тозон ба њавлиашон рафт ва фурсате нагузашта, куртаи мардонае дар баѓал берун омад. Аттор куртаро пасу пеш гардонда диду писанд кард, вале ба рўи Шодї бо шубња нигариста гуфт:



  • Бача, боз бе рухсати очаат овардї?

  • Не-е!

  • Ку, рав, бигў очаат ояд.

  • Э, шумо чи хел одам, гиред-дия!.. Очаам ба мењмонї рафт. Худаш гуфта буд, ки инро дигар касе намепўшад.

Ин лањза хоњарчаи Шодї-Фароѓат аз дасти бибиаш гирифта аз њавлї берун омаду ба сўи аттор шитобон расид.

-Ана, куртаи додом, бибиљон!.. Ман гўям, шумо бовар намекунед...- бидиррос зад духтарак куртаро аз пеши аттор бардошта.

Куртаро дар назди аттор дида, фиѓони пиразан баромад.

Шодї ба Фароѓат суханони тањдиду тањќиромез гуфту аз он доира дуртар рафт.



  • Њой, балонусха... Куртаи писаракам-а! Нарўида рав, ту шумќадам... Садќаи падар шав!.. Барои њамин худо ба ту уна њайф дид.

Вай бо алам хеле суханони љонгудоз гуфту куртаро аз дасти Фароѓат гирифта, бо ќомати хамида ба сўи њавлї равон шуд. Шодї аз ин кори хоњарашу бибиаш изо кашиду бењаётар гашта, ба пиразан дарафтод. Сараввал куртаро аз дасти бибї гирифта гурехтанї шуд, вале натавонист. Баъд аз алам њавлиашонро сангборон мекард, ки модараш расида омад. Њаёт-хола сабаби мољарои ўро фањмид ва зуд аз куљое пул ёфту барои Шодї чангак харид ва хархашаи ў пасанда гашт.

Шодї солњои мактабї њам тавфиќ наёфт. Вай ќобилияти хуб дошт, аммо њаргиз дар хона китобу дафтарро ба даст намегирифт. Њар он чї аз муаллим мешунид, каму беш дар хотир медошт ва онро боз гуфта аз муаллим бањо мегирифт. Агар аз роњи худсарию бетамизї намерафт, балки одами дуруст мешуд...

Аз бонги ногањонии мошин як ќад парида, худро ба канори роњ гирифтам. Замини зери поро ларзонда “Белаз” гузашт. Ронанда ба њоли ман хандид. Ман њам хандидам.

Бе њељ маќсад, ѓайриихтиёр мерафтам. Инро пай бурда, оќибат аз роњ истодам. Истодаму баргашта ба сўи чоррањае, ки он љо мардум интизори мошинњои рањгузар буданд, рафтам.

Њоло ба кадом сўи ин дашт назар кунед, сурури тантанаи фардо эњсос мешуд. Гурўњ-гурўњ одамони аз атрофу акноф бањри тамошо омадагї бо шавќ дањани наќб ва нањри навсохтро менигаристанд. Дар њама љо байраќу хитобањо, ошхонаву дўконњои сайёр...

Намедонам, дар синфи шаш будем ё њафт, ѓолибан дар синфи њафт мехондем, ки ба мактаби мо аз шањр муаллимае омад. Ўро мо дар зиндагї њаргиз фаромўш намекунем, зеро вай сабабгор гашт, ки сонитар бисёр бачањои дењаи мо тањсилро давом доданд, касбу њунар омўхтанд. Чашми моро ба олам, ба зиндагї њамон Солења Каримова кушод. Њар як сухан, њар як кори вай барои мо ибратбахш, зебо ва њавасангез буд. Писару духтар-њама мафтуни вай будем. Муаллима барои мо њам рафиќи мўнису сирдон, њам устоди сахтгири иззатманд-хулоса як олами нави тањ ба тањ асрор, хирад, њунар, њусн ва назокати одамї буд. Вай њам донишманд, њам дарзї, њам пазанда-хулоса, кони њунар буд. Ба духтарон бофтану дўхтанро омўзад, ба бачањо аз усули муомила, назокати адаб то оростани аќоиќи назофат, тариќи мењмонию мизбонї, расми хонадорї ва ободу зебо доштани макони истиќоматро меомўхт.

Шодї ўро низ биозурд. Биозурду сипас худ батамом радди маърака шуд: рўзе муаллима ба синф ворид гашт ва пас аз салому алек ба курсї нишаста њозиру ѓоибро санљидан хост, вале курсї яку якбора пора-пора гашта, аз њам рехт. Муаллима ба рўи фарш афтод. Вай аз хиљолат буд ё аз дард ба рўи њељ кас нанигаристу лангон-лангон аз синфхона берун шуд. Чашми духтарон об гирифт, аз ѓазаб дандон ба дандон мефишурданду аз алами ољизї сар намебардоштанд.

Аксари онњо дар он айём аз Шодии љангара ба дил њарос доштанд.

-Ба падарат лаънат... Мур, ту, пес...-яку якбора Мањрам сар ба остин нињода гириста сар дод.- Гум шав, нокас!..

-Агар ягонтаат дањон кушої, аз ман гила накун!-аз љо бархоста мушташро гирењ карда ба ањли синф ва асосан, ба Мањрам тањдид кард Шодї.-Дањаната аз тахтапуштат мекушоям, Таппак!..-Вай духтари Назари Чўпон Мањрамро “Таппак” мегуфт.

-Агар њозир ба мудир рафта нагўям, ман-одам не! Ту ин курсиро мондї,-Мањрам бо чашмони ашколуд аз љо бархосту аз синф берун рафтан хост.

-Бишин, Таппак!- Шодї сари роњи ўро гирифт. Азбаски Мањрам ба мактаб аз молхона меомаду мудом аз танаш бўи ширу љурѓот ба димоѓ мерасид, ин лаќаб ба вай часпида буд.-Ку, як бори дигар гўй!..-Шодї бо ситез мушташро ба тањи манањи духтар бурд. – Чунон гирифта ба девор мезанам, ки...таппак мешавї!-аз лутфи дурушти худ завќида, ќоњ-ќоњ зад вай, вале ба хандааш њељ кас њамроњ нашуд.

...Касе маро љеѓ зад магар ё ба гўшам њамин хел даромад, аниќ надонистам. Сар бардошта ба атроф нигаристам-њоло њама ба њар тараф рафта, дар гирду пеш њељ љонзоте набуд. Дар он сўи канал бачањои Ёвон ба харњо кўзаву офтобањоро баста аз паи оби гуворо ба сўи чашмањои домани кўњ мераванд. Имрўз бачањо бори охир барои об мераванд. Фардо аз ин канал, аз оби Вахш мехўранд.

Боз овоз баромад. Ин дафъа аниќ шунидам-овози зан. Бист-сї ќадам дуртар аз ман дар канори роњ ду мошини самосвал меистод. Аз таваккал ба љониби мошинњо ќадам задаму аз паси яке аз онњо ќиќирросзанон Гулсифат баромад.

-Дар њамин љо њам ту ѓарќи фикру хаёлї?.. Э, ту њам одам барин ягон рўз њушёр мегардї ё не? –гуфт вай бо чењраи хандон ба сўи ман аз дур дасти вохўрї дароз карда омада.

-Фикру хаёл куљо, њамту...-гуфтам аз хиљолат чї гуфтанамро надониста.-Ту дар ин биёбон чї гум кардї?

Мо салому алек ва аз якдигар њолљўї кардем.

-Ба чї кор омадї?-Ва љавоби маро нигарон нашуда пайрави саволи худ гуфт:-Тантана менависї? Мардони майдон ё диловарони Ёвон? А?

Гулсифат њам аз њамсинфони мо. Ман аз бозе, ки ўро мешиносам, одаташ њамин: ягон гапро мепурсаду тоќати љавоби шуморо шунидан надорад. Шумо ба љавоб дањан кушода-накушода, вай аз љои дигар савол мекунад.

-Писардор шудаї, муборак... Чї ном додї?-боз пурсид вай. Ман номи писарам ва маќсади омаданамро гуфтаму сипас аз ў пурсидам:

-Ба ман нигар, ањволи Шодї чї хел аст, бохабарї?

-Њабс шуд-ку, њоло дар њабсхона будагист,-гуфт вай ва якбора маъюс гашт.-Чаро якбора Шодї ба ёдат омад?.. Дар њамин дашт рўята ба ќибла гардонда Шодиро фикр мекардї?

-Не, Гул... Ист, ки ту ба ин љо чаро омадї?

-Мусулмонї ба шикамсерї, гуфтаанд. Се-чор дўкону ошхонаи районро овардам. Гапи хушк ба гўши кї мефорад?! Гумонат рўзномаи ту барояд, офтоб мебарояд, вагарна на пахта мерўяду на мол мезояд. Њамту не?

Кинояи ўро бо табассум гузарондам. Вай кори рўзноманигоронро гапи хушк ва бењуда мешуморад.

Мо дар хусуси њамдиёрон, њамсинфон, кору бори худамону наздиконамон хеле гапзанон кардем. Чун сухан ба сари мактаби дења кўчид, Солења Каримова боз дар пеши чашмам љилвагар гашт.

-Ба ман нигар, Гулсифат, муаллима Каримова њоло дар куљо бошанд?

Вай чашмонашро калон карда ба тааљљуб чунон ба рўи ман нигарист, ки авзоаш баръало мегуфт: “Бача, тани ту сињат аст ё не?”. Дар муќобили рўи лоѓару борикаш чашмонаш зиёда калон намуданд. Дар воќеъ, Гулсифат њељ фарбењ нашуд. Њама њайрон буданд, ки ў бо вуљуди ин ќадар дарёдилию њуштабъї, чаро тортанак барин дар бадан як пайса гўшт надорад. Кораш наѓз, рўзгораш осуда, хулоса чор ишкелаш чоќ. Аз афти кор, аз хўрок парњез дорад, ќомати зебояшро эњтиёт мекунад. Дарвоќеъ, фарбењии зан бештар ќабењ менамояд.

-Имрўз ба ту ягон гап шудагї, поймапой гап мезанї. Чаро хаёлат парешон?-гуфт вай баъди лањзае њайронї ба чашмони ман нигариста.

-Њељ,-гуфтаму табассум намудам.

-Каримова аз мактаби мо рафтанду дар Себзор њам гапашон бо директорашон напухт магар, ба кори дигар гузаштанд. Боре дар мошин дучор шудаму як дам гапзанон кардем. Њамаро ном ба ном пурсиданд. Чаро аз муаллимї рафтед гўям, даст афшонданд. Худашон њам пушаймон барин. Хайр, худат медонї, одами ростдил њоло рўзаш сахт аст.

-Ба халќ чизи аз њама зарурї аввало нон, баъд аз он мактаб,-гуфтам ман суханони дар куљое хондагиамро ба ёд оварда.

-Њељ кас ба ин шубња надорад.

-Рўзњои шанбею якшанбе хона ба хона мегаштанд. Очаам аз сањар “бибиотуни айбчинат меояд” гўён, ба рўбучин сар мекарданд. Чи ќадар маслињат, машварат... Худро ба одамон бегона намењисобид... Ёд дорам, очаи маро маломат карда буд, то ки ваќти гиряи кўдак гањвораро сахт наљунбонад... Аммо баъзењо ба хонаашон рафтани ўро хуш намекарданд. Сагашонро кушода мемонданд, медонї?.. Њурмати нон...-гуфтам ман бо сўзу гудоз.

-Муаллими њаќиќї буд... Њайфо, ки бо замона мувофиќат карданро намедонист.

-Њаёт-хола њам омаданашро намехост, рўи хуш намедод, муаллима пай мебурд, аммо домани Шодиро сар намедод.

-Куљо пай намебурд!-эътироз кард Гулсифат.-Њамаашро медонисту худашро ба гўлї мезад.

-Ин тавр бошад, чаро ба Шодї ин ќадар андармон буд? Барои таъмири хонаю њавлии онњо њашар ташкил карда буд, ба хонааш мебурд, китоб медод: бо кўшиши вай Шодї одамсуроб гашт, њатто момои Гулсуми бекасро дастёрї мекард...

Лањзае фикру андешањои њар ду њам ба он солњои наврасї пайванд хўрда, хомўш мондем.

-Азбаски очааш доим тарафи писарашро мегирифт, бечора муаллима ба бало монда буд,-хандид Гулсифат.- Шодї ягон номаъќулї кунад, додхоњон ба хонаи муаллима мерафтанд, гўё фарзанди вай бошад... Э-э, Шодї набуд, вай дарњаќиќат ѓаму кулфат буд. Аз куљо гапи ўро сар кардї?-аз ин гуфтугў дилгир шуд Гулсифат.

-Баъди аз мактаби мо рафтани Солења Каримова Шодї расво шуд. Хусусан, Мањрами бечораро расо азоб дод. Бачаи шум буд,-гуфта ба Гулсифат њамфикриамро баён намудам.

Мањрам аз ферма ба мактаб харсавор меомаду харашро дар ќуруќи лаби сой ишкел зада мемонд. Шодї дар танаффус пинњонї рафта, ишкели харро кушода сар медоду баъд духтари бечора њафт километр роњро пиёда мерафт.

-Оби ганда ба хандаќ, ана оќибаташ,-гуфт Гулсифат андўњгин абру чин намуда.-Аз мукофоти амал гурехта намешавад! Дузд ба дузд вомехўрад, ѓар ба ѓар...

-Аљаб не, вай одами наѓз мешуд...-гуфтам ман, аммо ин дам њамаи далелњоям дар бобати одами наѓз шудани Шодї ба назарам ночиз ва беасос љилва намуданд. Баъди лањзае хомўшї гуфтам: -Њозир Шодиро дидам. Дар њамин љо будаст...

Гулсифат ѓайричашмдошти ман як ќад парида, ба рўи ман нигараст, лањзае ин гуфтўгуро чашмони мо идома доданд: ман бовар кардам, ки солњои охири мактабї мафтунии Шодї ба Гулсифат, њар чї бошад њам, дар дили духтар асаре доштаст.

-Суханро аз њамин сар кунї, намешавад?! Гољиатро бас накардї!.. аз даќќиюнус сухан сар карданат барои њамин Шодї буд?! Хайр, чї илољ, ба бадбахтии Шодї њељ кас гунањгор не, айби худаш,-гуфт Гулсифат њаяљони худро андаке фурў нишонда.-Агар худи кас одам шудан нахоњад, њељ кас ўро одам карда наметавонад.

Њар ду њам даќиќае чанд хомўш мондем. Ман ботинан ин гуфтугўро давом медодам: Ба фикри ман, дар ин бадбахтї танњо худи Шодї гунањгор не,-мегуфтам ба худ.-Фаќат як худи модараш њам гунањгор не. Бале, хурду калон-њама. Дар пеши назарамон дузду авбош, коњилу кўрнамак ба воя расид, њељ кас ба таври ќатъї ба вай монеъ нашуд. Аз хурдї умри вай бекор мегузашт... Њаёт-хола тарафи писарашро мегирифт ва ё дўѓу пўписаи бардурўѓ мекарду бас. Баъди як воќеаи нохуш дили аксар њамсояњо ба модари писар хунук шуд, аммо боз гунањкор бељазо монд. Шодї дар оѓилашон гурбаи њамсояро дошта, ба болояш карасин рехта оташ мезанад: гурбаи оташгирифта ба љониби њавлии соњибаш мегурезад ва њангоми таоми шоми хонавода худро аз тиреза ба хона меандозад. Носири якдаста аз хавфи сўхтор худро ба болои гурбаи машъалвор оташгирифта меандозаду бо як дасти аз љанг амон мондагиаш онро дошта, боз бештар маъюб шуд...

Њаёт-хола њар боре, ки ба хонаи мо меомад, модарам баъзе кирдорњои Шодиро аз рўи дидаю шунидаашон гуфта, “Сари ваќт аст, пеши роњашро гиред”, мегуфтанд. “Абе, дугонаљон, њоли бача-дия. Бе падар, саѓир калон шуд. Дили саѓираро озурдан гуноњи азим аст, мегўянд. Дилам намешавад, ки гапи сахт гўям. Калон шавад, ягон рўз аќлаш медарояд. Бачањои шўх њам калон шаванд, вазнину солор мешаванд”, - мегуфт модари ў дар љавоб.

-Таѓоияшу очааш ба ин љо дидорбинї омадаанд, аммо Шодї ба наздашон набаромадааст. "Ман оча надорам”, гуфтаст. Сонї амакаш омадаст,-гуфт Гулсифат андешаманд.-Шодї гуфтаст, ки очаам наояд. Маро њарчї кард вай кард: тухми мурѓи њамсояро дуздидам, манъ накард, ба сагаш сўзан додам, як шаппотї назад, ана, оќибаташ...

-Ѓалатї... Боварам намеомад, ки Шодї чунин рафтор кунад ва аз ў ин гуна суханњо барояд. Кї ба ин минвол чашми ўро кушода бошад? Кї? А?-гуфтам ангушти њайрат ба лаб бурда.

-Зиндагї... зиндагї љонам, Солења Каримова не,-гуфт Гулсифат дар поёни сухан.-Зиндагї муаллими сахтгир аст... Мегўянд, ки дар њамин љо китоб хонда, донишманд шудагї...

Дар пеши чашмони ман ќомати баланди Шодї љилва намуд, ки ў аз паси мо менигарад. Беихтиёр ба ќафо нигаристам. Кран ба мисли фили бузург бо хартумаш тахтаву оњанпорањоро дарза-дарза бардошта, ситезаомез дар соњил ѓарам мекард.

с. 1973-79



Достарыңызбен бөлісу:
1   2   3   4   5




©dereksiz.org 2024
әкімшілігінің қараңыз

    Басты бет