* * *
Рўзи дигар вай боз роњи хонаи ќассобро пеш гирифт. Сиёњакро аз ќассоб пурсида гирифтанї, њељ набошад, онро як назар дида, обу алафашро дода, сонї баргашта омадан хост. Дар њавои тафсон шаш километр рањро пиёда гузашта, ба њавлии ў расид, вале... Пўсти Сиёњакро дар тор овезон диду ногањон, гўё саг тала карда бошад, бо гиряю фиѓон ба ќафо тохт.
с. 1979
ДАКАНГ
Дар тарафњои мо одатан, бачањои бебоку ѓайратмандро тањсин карда, хурўс мегўянд. Хурўси даканги њамсояи мо Мунира-хола аз ин љињат комилан ба номаш мувофиќ буд.
Дар байни махлуќоти олам Даканг худро чї мепиндошт, ба мо пинњон буд, вале аз гашташ, аз савлату ѓурураш тахмин задан мумкин буд, ки худро аз њељ љонзот кам намедонад. Вай пару боли сурху норанљї дошта, нўги думаш ба сиёњї моил буд, бенињоят азимљусса буда, пою панљањои ѓафсу тавоное дошт. Сари маѓрури вай бо тољи оташинаш аксаран баланд буд ва чашмони сурху шўхаш ба атроф аљаб зирак ва бебокона менигаристанд. Парњои гардани вай монанди тиру камон ба чандин ранг медурахшиданд. Думи бошукўњашро намегўед!
Хурўс аз њељ чиз ва њељ кас биме надошт. Њатто ба муќобили мардони чўбу санг ба даст мусаллањ бебокона рост мерафт. Боре вай бо тўдаи мурѓон аз зери тавора рањ ёфта, ба полизи мо даромада бањузур ковоков мекард, ки хабар ёфтам. Ман њай-њайгўён аз дур кулўх ѓурронда ба тарафи вай тохтам. Гумонам, хурўс дар мулки дигарон, боз дар сари гуноњ аз кас мењаросад. Вале Даканг сар бардошта, оњиста ќинѓос зада, мурѓонашро аз хатар бохабар карду худаш болњояшро каме поён гирифта, љангљўёна рост ба ман рў ба рў омад. Ман дигар ба пеш рафтан љуръат накарда, кулўх ѓуррондам. Даканг ба сўи ман тохт. Ман ќафогаштаравон ўро кулўхборон мекардам, вале хурўси нобакор чунон моњирона чап медод, ки сангу кулўхи ман ба вай намерасид, расад њам, аз афти кор, вай дардро њис намекард. Мурѓон аз тавора гузашта берун рафтанду баъд хурўс, њанўз њам бо ду боли андаке овезон, норозиёна ќут-ќуткунон аз таъќиби ман даргузашт ва якпањлў-якпањлў рањ гашта, аз паи онњо рафт. Даканг дар њавлии Мунира-хола комилан фармонравої дошт. Агар ба кањ ем омехта ба пеши гов монанд, аввал хурўс мурѓонро оварда сер мекарду баъд гови бечора ба таѓора наздик мегашт. То љиѓелдонашро сер карда, аз сари охур дур рафтани онњо гов норозиёна пуфу куф карда сар мељунбонду бас. Албатта, гов ба хурўс ба осонї сар нафуровардааст. Харашон њанўз њам хурўс ба охураш наздик ояд, ду гўшашро љафс карда, пушташро гардонда, бо њамин гўё «набиё, вагарна ќўшлагат мезанам» мегўяд, вале Даканг аз тањдид метарсидагї бало набошад-чї!.. Сагро намегўед! Саги Мунира-хола Зирак чї хел саг аст, њама медонанд — аз як нигоњи вањмангезаш дили кас шуввї карда меравад. Ана, њамин саги калон тоби бо ин хурўс рў ба рў шудан надорад. Зирак аз њамаи њайвоноти дигар бештар Дакангро хуш намекунад. Њатто љеѓи онро шунидан намехоњад. Нимишабњо агар хурўс љеѓ занад, саг хобу хоболуд ѓишингос мезанад, њасратомез фиѓон бармекашад. Рўзњо агар дар сари роњаш хурўс бошад, Зирак таќќї аз роњ бозистода, лањзае фикр мекунад, сонї аз бало њазар гўён, рањашро дигар месозад.
Даканг ба кўча баромада, бо бачањои хурдсол њам бедодгарї дошт. Дар дасти бача пораи нонро дида, ќу-ќу-ќу гўён гирди вай чарх мезаду як илоље карда, нони ўро аз дасташ мегирифт ва дуртар бурда, мурѓонро зиёфат мекард. Худаш намехўрд, гоње нўл зада, ба мурѓон нонро реза карда медод. Баъд, то ки мурѓон бехавотир дон хўранд, атрофро посбонї мекард. Аммо хаќќашро гуфтан даркор аст — Даканг кўдаконро дўст медошт. Агар ду бача даст ба гиребон шаванд, филфавр ќут-ќуткунон ба сари мољаро меомад ва кадоме дар ин муќобала фаъолу зўрнамо тобад, ёлашро хезонда ба вай тањдид мекард, њатто љањида бо болаш мезад.
Овозаи зўрию далерии Даканг ба дуру наздик пањн гашту аз њар тараф хурўсбозон омада, харидорї њам карданд, вале њамсояњо ба фурўхтани он монеъ шуданд. Як нафар хурўсбози гузаро нархи онро ба дусаду панљоњ сўм баровард. Мунира-хола дигар худдорї карда натавониста мулоим гашт. Аммо ин бор њам, хайрияти кор, њамсояњо ѓун шуданду савдоро вайрон карданд. Хусусан, Саркор-амак сахт истоданд. Он кас Дакапг катї расо љўраи наздиканд. Доим аз киса ягон чиз бароварда вайро зиёфат мекунанд.
— Сесад медињам гўяд њам, надињед! Раис мењмони аз марказ омадагиро ба њамин кулбаи шумо барон чї овард?! Аз айвони шумо мањ надидаст! Барои ана њамин хурўс! Ду марди баобрўй-а! — Ман гўсфанд кушта љеѓ занам њам, намеоянд, — гуфтанд он кас ба Мунира-хола. Он кас бесабаб номи раисро ба миён наоварданд. Баъди ин сухан Мунира-хола агар њазор сўм дињанд њам, ба фурўхтани хурўс љуръат намекунанд-дия!
— Рост, рост, ин њам њусни дења-да, — ба гап њамроњ шуд Љаббори шофир. — Ман аз сафар меоям, њар бор аз дур сафедорњои Љўи калонро бинам, дилам гум мезанад! Дар њар вилоят мегардам, аљоибу ѓароиби бисёрро мебинам, лекин ин хел хурўс дигар нест. Дар њар љое хурўси ба ин монандро бинам, валлоњ ки аз роњ истода, як дам менигарамаш. Лекин онњо куљою ин!.. Ба њар њол, хурсанд мешавам. Даканг аз пеши назарам мегузарад. Дењаамонро дидагї барин мешавам. Рости гап-дия, агар дар дења њамин Бобои Наљоти ришсафед набошад, сафедорњои Љўи калон ё ана, Даканг ва боз як-ду чизи дигар набошад, дар ошамон намак набудагї барин... Рости гап... Монед, зеб дода гардад! — хоњиш кард вай. — Пули њамин катї бой намешавед, бе њамин пул камбаѓал њам намегардед.
Дар њаќиќат, хурўси Мунира-хола тамошое дошт! Сару гардани бошукўњашро рост дошта, ба тамоми љонзоти дунё бо виќор, балки тамасхуромез, ким-чї хел баробароњанг ва каљ-каљ нигаристани он, худро њамчун соњиби мутлаќи ин атроф њис карданаш њар касро ба ваљд меовард. Овозашро намегўед! Софу љарангосї ва баѓоят дароз. Пирони дења мегўянд, ки вай шабњои бўронии зимистон њам ваќтро хато намекунад. Аввал Даканг љеѓ мезадасту сонї хурўсњои дигари дења ба вай њамовозї мекардаанд. Боз мегуфтанд, ки ин хурўс њаргиз љеѓи бемањал надорад.
Як пагоњї ман гувоњи воќеаи аљоиб будам ва ѓайриихтиёр ба њамлаи Даканг гирифтор гаштам. Офтоб як ќади найза баланд гашта буд. Говамонро ба пода њамроњ карда меомадам. Пешопеши ман њамшираи шафќат Њабиба-апа мерафт. Њабиба-апа ду моњ пештар тўй шуда, ба гузари мо омада буд. Аз рўи одат, њамчун арўси нав њамеша сару либоси оњорї мепўшид. Ин пагоњї њам дар танаш куртаи атлас, чунон ки очаам мегўяд, алав барин дармегирифт. Ногоњ Дакангро дидам, ки ќут-ќуткунон ба сўи Њабиба-апа метозад.
Њабиба-апа хурўсро дида тарсид! «Э, вой!.. Киш-киш, э, исќот!» гўён худро аз як тарафи роњ ба тарафи дигараш мезад, вале Даканги шум аз вай људо намегашт. Ман дар як миљља задан дар байни Њабиба-апаю хурўс ќарор гирифтам. Ба миён даромадани ман ба Даканг нафорид магар, шикоятомез, баланд-баланд ќут-ќуткунон ду-се ќадам ќафо гашту баъд ёлашро як ваљаб хезонда, ба рўям чунон љањид, ки агар чап намедодам, рост чашмамро меканд.
— Рўхунук чанд рўз боз рањи маро мепояд, —гуфт Њабиба-апа шикоятомез ба занњои ѓун шудагї. — То аз њамин љо гузаштан дилам гуп-гуп мезанад. Намедонам, ман ба вай чї бадї кардам? Дина њам то лаби њавз аз ќафоям тохт.
— Ин хурўс девона шудагї барин, — гуфтам ман њангоми девонагї ба њар як љонвари пеш омадагї њамла кардани њайвоноти касалро ба хотир оварда.
Ин суханро шунида, ранги рўи Њабиба-апа дока барин канд.
— Наход?.. А? — Лабонаш пир-пир парида, дар изтироб ба њозирон нигарист вай. Чашмони њаросонаш гўё аз њар яке алоњида-алоњида дархост дошт: ин тавр набудагист, гўед, ки ин гап нодуруст.
— Не, натарсед, келин, — хоњиши љавонзанро фањмидагї барин њамсояи дигари мо Робия-хола ўро таскин дод. — Одати хурўс њамин хел аст, намедонед-чї? Ба матои рангин ўч мешавад. Хурўс ранги сурхро махсусан наѓз мебинад.
Ин суханонро шунида, аз њама пештар ман њайрон шудам. Як-ду рўз шинам њам, хезам њам, ин хислати аљиби Дакангро мегуфтам. Ба бачањо гуфтам, ба модарам гуфтам, додом аз кор омаданд, ба он кас гуфта, сабаби ин хислати хурўсро пурсидам. Ашёи рангубарангро фаќат Даканг не, ќариб аксари паррандањо ўч будаанду ман бехабар. Додом гуфтанд, ки дар кўњсор, бо чодири ќуроќи рангин кабкњоро љалб карда, сайд мегиранд. Чодири рангиро дида, кабкњои хушилњон ба даври он ѓун мешудаанд.
* * *
Даканг баъди як соли ин воќеа њалок шуд.
Зимистони њамон сол, пеш аз њалокаш, вай бо шаѓол дарафтоду хеле зарбу лат хўрда, пакар гашта буд. Њама мегуфтанд, ки шасти хурўс гаштагї барин. Як шаби сармої шаѓоли гуруснае ба мурѓхона медарояду ба Даканг рў ба рў мешавад. Зираки гаранг дар кадом кањхона ё њезумхона масти хоб будаст магар, хурўси шўр бо дарранда тан ба тан хеле љангидаст. Мурѓхона аз пашми шаѓолу аз пати хурўс пур гаштаст-е! Оќибат тапар-тапару ќийѓоси мурѓонро шунида, Мунира-хола бел дар даст омадасту шаѓол ба зўр пояшро кашола карда гурехтаст.
Зимистон гузашт, бањор расид. Охирњои бањор Мунира-хола ба зери мурѓи чипораш тухм монду биста барин чўља баровард. Чув-чуви чўљањо, ќут-ќути очамурѓ аз сањар то шом ба гўш мерасид. Ман баъзан ба пеши тавораи боѓ омада чўљањоро тамошо мекардам. Сонї, як рўз Даканг гурбаи моро пешандоз карда, ба њавлиамон гузашт. Агар гурба саросема худро ба хона намезад, ба њай-њайи мо гўш накарда, хурўс онро лахта-лахта карданаш як амри воќеї буд.
Баъди берун рафтани Даканг ман гурбаро маломат кардам:
— Гурбаи бефањм! Ба љои чўљадуздї муш гирї, мемурї?! Дар анборча як љуволи дуруст намондаст, њамааш сўрох-сўрох, ин шон чўља мехўрдаанд! Ањмаќї ту! Як бори дигар рав, Даканг чашматро канда ба дастат медињад.
Баъди як њафтаи ин њодиса хурўсро дар назди катаки чўљањо мурда ёфтанд. Монанди як тўб атласи рангин ором хобидани ўро њељ дар тасаввур ѓунљонда наметавонам. Дуртар аз он море мурда афтодаст. Очамурѓ чўљањояшро аз он љо дуртар бурданї буд, вале чўљањо ба сўи мори мурда гарданчањояшонро дароз карда менигаристанду чув-чув доштанд. Баъд, яке аз чўљањо кам-кам ба мор наздик шуду тарсон-тарсон оњиста онро нўл зад ва њаросон худро ќафо гирифт. Сонї дигаре љасуртар гашта ба мор нўл зад, сипас сеюмї...
— Офарин, Даканг! — гуфтам ман беихтиёр овоз бароварда. — Хурўси њаќиќї буд! — Ва ба умеди он ки њозирон маро дастгирї мекунанд, ба атроф нигаристам.
— Агар ин хел шуданашро донам, мефурўхтам, — гуфт Мунира-хола бо афсўс.
Амаки саркор аз зери бурут табассуми маънидоре карданду ќафогаштаравон кинояомез гуфтанд:
— Чї кор кунам, додои пирам пагоњ-фардо мемурад гўён, ман њам ба як табаќ сабўс иваз кунамаш?..
с. 1980
РАМИДА
Њамаи бачањои гирду атрофаш додо доштанд, фаќат вай надошт. Аниќтараш, додош буд, аммо дар куљое аз њоли Муроду модараш бехабар зиндагї доштаст. Ин кори вай њар замон ба Мурод алам мекард. Бачањои дигар њамроњи додояшон ба бозору магазин, ба сайри боѓу кўл ва боѓи њайвонот мерафтанд, рўзњои истироњат ба љониби кўњсор сафар мекарданд. Љўрааш Насим њамроњи додояш мошинсавор ба моњидорї меравад. Як бор додои Насим ўро њам бурд. Аљоиботи он рўзро Мурод њаргиз фаромўш намекунад. Он рўз хушбахттарин рўзи њаёти вай буд.
Бибиаш мегўянд, ки чанд сол пеш аз ин, ваќте ки вай хурд будаст, њар гоњ Насим ба истиќболи додояш «додољон!» гўён тозад, вай њам баробараш «додољон» гўён медавидасту амаки Каримро оѓўш мекардаст. Он солњо вай чунон беаќл будаст, ки «ман шуморо додо гўям, майлаш?» гўён бибии пирашро гаранг мекардаст. Њоло вай хурд не, ба мактаб меравад, њама гапу кори дунёро медонад. Њар кас якто додо дорад, якто — оча. Очаю додоро харида њам намешавад, фурўхта њам, ба ќарз њам гирифта наметавонї. Муаллима њамин тавр гуфт, бибї њам.
Бибиаш хеле пир шудаанд. Суханони пеш аз ин гуфтагиашонро фаромўш мекунанд. Очаю додои ўгай чї хел одам аст, чандин бор гуфта буданд, аммо њозир мегўянд, ки очаат катї ба хонаи додои нав меравї. Додои нав — додои ўгай не мегўянд. Мурод наѓз медонад: вай мардак бегона аст, бегона, ки аст, ўгай аст. Аз чї бошад, ки њамаашон ўро гўлу нодон мењисобанд. Очаю додои ўгайро Мурод наѓз медонад. Чї ќадар афсона хонд, эњ-ње! Муаллима гуфт, ки афсона ба арчаи оростагї монанд аст, аслан дарахти њаќиќї. Ман филми додои ўгайро дида будам. Сонї бачањо чунон саргузаштњо гуфтанд, ки агар онро дар хоб бинед, метарсед. Додои ўгай душмани бачањо аст. Хайрият, ки холааш аз ин хусус ба вай рўирост гуфтанд: «Агар додои ўгай туро ранљ дињад, бархезу ба хонаи бибиат биё!» Ана, ин гапи дуруст. Рости гапро гуфтанд. Дигар њамаашон дурўѓ мегўянд, аммо њељ сурх намешаванд. Боз муаллима мегўяд, ки агар њар кас дурўѓ гўяд, аздусар сурх мешавад. Гапи бекора. Агар бачањо дурўѓ гўянд, ман аз чашмашон мефањмам...
Он рўзњо Мурод аз забони бисёр занон калимаи «ўгай»-ро мешунид. Хешовандон, њамсоязанон аз сари дилсўзї сари ўро навозиш мекарданд, дилдорї медоданд, суханони тасаллибахш ва таскиновар мегуфтанд. Яке аз њамсоязанњо ба бибї њикоя кард, ки додои ўгай писаракеро ба саѓирхона супоридаст. Дигараш духтаракеро се рўз дар оѓилхона беобу нон руст кардаст. Сонї бибї ба Мурод таъинот дод: «Ба сухани очаат гўш бидењ, аз амри вай берун пой нагузор, модар дўсти беѓарази одам аст, вай њамеша ѓами туро мехўрад, бачаам. Додои ўгай ба ту њаргиз дўст намешавад. «Шикамба гўшт намешавад, бегона дўст» гуфтаанд.
Њамаи ин гуфтањо ба гўши Мурод сурб барин нишаста, ўро ботинан беќарор мекард. Вай ба хонаи падари ўгай њаргиз рафтан намехост, вале бибї њамвора талќин мекард, ки ин гапро нагўяд, очааш меранљад. Сонї Мурод ба дил ањд кард, ки ба њавлии додои ўгай рафта, ўро таъзир дињад. Дар ин бобат вай хеле андешид, ќасоси њамаи бачањоро аз вай гирифтанї шуд. Мурод як шаб додои ўгайро дар хоб дида, тарсида бедор шуд. Додои ўгай дев барин ўро бардошта, ба бом баровард. Аз афти кор, аз бом ба поён андохтан мехост. Мурод таппончаи бозичаашро ба вай рост карда, ўро тарсонд.
Сонї дар хонаашон тўй шуд. Мурод ба њамаи бачањо ќандалоту санбўса бароварда дод. Очааш ба тан куртаи сафед пўшида, ба сараш рўймоли сафед андохта арўс шуд. Мурод њамроњи очааш ба мошин нишастан хост, аммо холааш аз дасти вай кашиду манъ кард. Сонї њамроњи холааш вай ба мошини дигар савор шуд.
Мошинњо аввал аз кўчањои чароѓони шањр гузаштанду сонї кўчањои торик сар шуданд ва оќибат онњо дар назди дарвозае ќарор карданд, ки чароѓаш равшан буд ва марду зани бисёре даробаро доштанд.
Мурод аз мошин фуромаду ўро як марди лоѓарандоми малларанг, мисли он ки ягон хеши наздик бошад, оѓўш гирифт. Вай зўр мезаду ба ёд овардан мехост, ки ўро дар куљо дида бошад, вале њељ ба хотир оварда наметавонист. Марди малла дасти ўро гирифту ба хонаи алоњидае бурд, дастархон густурда, самбўсаву кабоб овард, ба наздаш себу ангуру нок нињод ва пайваста бихўр гўён мењрубонї мекарду аз њоли вай, аз тањсилаш пурсон буд.
— Ана, акнун, Муродљон, њамаамон дар ин њавлї зиндагї мекунем. Ман туро ба мактаби мањалла мебарам. Чунон мактаби зўр. Дур не, ба њавлиамон наздик, — мегуфт вай.
Аљибаш ин буд, ки ин марди ношинос номи ўро, дар кадом синф хонданашро, њамаи ањли хонадони онњоро медонист. Њар замон зане ё марде ба хона даромада, ўро дар пањлўи ин мард дида, зењн монда менигаристанд, ба мењрубонї табассум мекарданд, суханони наѓз мегуфтанд, сонї аз марди малла доир ба ягон кор маслињат пурсида мерафтанд. Аз берун хурўши доира ва таронаи занњо ба гўш мерасид. Бо вуљуди ин, тўйи очааш монанди тўйи духтари њамсояашон — Дилбар базми артистдор нашуд, њофизу раќќоса надошт.
— Ман барои ту велосипеди «Орлёнок» харида мондаам, фардо савор мешавї, — гуфт марди малларанг.
Мурод аз њайронї чї гуфтанашро намедонист. Ин мардак кї бошад, чаро вай барои ў велик харидаст, боз «Орлёнок»! Балки ўро ба ягон бачаи хешаш монанд кардагист? Ё додои ўгай њамин бошад?.. Не, ба додои ўгай монанд не, додои ўгай ин хел намешавад.
Ба хона марди миёнсоли дар танаш љомаи зирабеќасаб, дар сар тоќии чустї даромад. Вай мўзаи хироми ялаќќосиашро нишон додан мехост магар, дар кафшкаш рост истода, буруташро мемолиду ба рўи ў менигарист.
— И-и!.. Ин бача писараки келин? — баъди лањзае ба рўи Мурод нигаристан вай аз марди малла савол кард. Вале чашмаш њанўз њам саропои ўро гўё мепалмосид. Сонї ба вай хитобан гуфт: — Додота сахт бидор! Кирои додо аст.
Сонї ба марди малларанг рў оварду пурсид: — Ошпазњо рафтанианд. Ба њар яке љомаю миёнбанд, бисту панљсўмї пул дињем, кифоя будагист?
— Коре кунед, ки розї бошанд, — гуфт кўтоњакак марди малла.
Акнун Мурод аниќ донист, ки вай додои ўгай будаст. «Ў, балое, кї буданашро нафањмонда, маро фиреб карданї! — вай зери чашм ба андоми додои ўгай дурусттар зењн монда нигарист. — Афташ бебуриш, чашмонаш чуќуру бенур, дањонаш дањони ќурбоќќа барин то бехи гўшаш. Мебинам, чї хел ту маро фиреб медињї?! Ман аз он бачањои гўлу гаранг не».
Тадриљан мењмонњо рафтанду њавлї андаке сокит шуд. Сонї хешовандони дар хидмат буда њам якояк хайрухуш карданд. Додои ўгай аз дасти Мурод гирифта, ўро ба сўи иморати калон бурд. Вай лањза ба лањза сари ўро ба навозиш молида мепурсид:
— Муродљон, хобат омад? Хоб кардан мехоњї? Онњо ба хонаи боњашамати тамом оростаю пероста ворид шуданд. Фурсате нагузашта холааш ва як зани дигар аз зери оринљи очааш гирифта, ба хона даромаданд. Дар сари очааш рўймоли сафед, сархам дар пешгоњи хона рост истод, он ду зан њам пањлўи вай истоданд. Очааш ба њар як зани аз дар даромада, бо таъзим салом мекард. Занњо баробар сухан мекарданд, дастархон меоростанд, давуѓељ доштанд.
Мурод чашмонашро ба зўр кушода ба онњо менигарист. Падари ўгай ин њолро пай бурду оњиста ба гўши вай гуфт:
— Муродљон, хоб кун, хобат омад. — Сонї аз љояш бархост. — Биё, ба хобгоњ барамат.
Мурод ба чашми очааш нигарист, вай бо забони нигоњ гуфт: «Майлаш, бирав, хоб кун». Сипас ў аз љояш бархост.
* * *
Рўзи дигар баъди ношто додои ўгай ба Мурод куртаю костюм ва туфлии нав пўшонд, ба сараш тоќии нав дод. Мурод тўњфаи ўро пўшидан нахост, аммо очааш ишора кард, ки бипўшад. Сонї додои ўгай ба њавлї баромад ва коѓазпечи равѓании велосипеди навро канда, онро пок карду ба дасти Мурод дод. Мурод ин бор њам рад кардан хост, аммо дилаш ба велосипед кашол буд, бинобар он, зиёда нозу нуз накард.
— Лекин шарт њамин, Муродљон: бо велосипед ба роњи мошин намебарої. То шонздањсолагї мумкин не, милиса медорад, — гуфт додои ўгай.
Вай њамон рўз бо бачањои њамсоя ошно гашту дар тањи дарвоза бо онњо навбат бо навбат велосипедронї кард. Сонї бо даъвати онњо ба кўл рафт. Оббозї, велосипедронї ончунон ўро машѓул дошт, ки фаќат тарафи бегоњ гурусна монду ба ёдаш расид, ки бояд ба хона равад.
Дар хона очааш ўро маломат кард. Додои ўгай аз љониби ў ба модараш узр оварда, ором табассум мекард. Ба назари Мурод чунин менамуд, ки очааш аслан бо талаби ин мардак ўро сарзаниш мекунад. «Айёра бинед, худаша мусичаи бегуноњ гирифта табассум мекунад. Ман њамаашро медонам, кўдак нестам», — мегуфт вай ба дил. Аз сухани очааш маълум шуд, ки додои ўгай ўро поида ба кўл њам рафта омадаст.
Рўзи дитар додои ўгай ўро ба мактаб бурд. Рањорањ оид ба интизоми мактаб ва мањалла, ањамияти дарсхонї, тарзи дар кўча гаштан ва адаб нигоњ доштан таъинот дод, гуфт, ки баъди анљоми дарсаш ўро дар тањи дарвозаи мактаб нигарон хоњад буд. «Се-чор рўз, то хуб омўхтани роњ бурда меовардаст! Ў маро кї гумон мекунад, намедонам, — худ ба худ зањрханд мекард Мурод. — Њозир агар хоњам, хонаи бибиамро ёфта меравам. Агар бачањои ин мактаб нафоранд, ба мактаби худам меравам...»
Дар њавлии додои ўгай ба Мурод аз њама беш очаи пиру хоњари бадафту заќуми ў маъќул нашуд. Мурод агар ба асбобу олоти њавлї даст занад, пиразан дарњол овоз мебаровард: «Њой, писарам, мон, дастатро мебурї, поятро мезанї, мешиканї...» Ба назар чунин менамуд, ки вай ѓут-ѓут накарда, нишаста наметавонад. Гўё ман ягон чизро дуздида мебурда бошам, доим хавотир, аз ман чашмашро намеканад, дарун дароям њам, берун бароям њам, маро назорат мекунад. Албатта, додои ўгай ба очааш супориш кардагї. Агар як дањан ба вай мегуфт, ки ба Мурод кордор нашавад, кампир ин ќадар ѓут-ѓут намекард. Ўгайи айёре! Боз худро ба гўлї зада, дилбардорї мекунад: «Муродљон, аз гапњои бибикалон наранљї, ин кас калони њавлї, њамаамон гапашона гўш мекунем...» Ана, вай хоњараш — Саломат, исту бисташ зањр будаст. Њамин ки маро дид, «Канор ист, дар тањи пой наљўл, бирав, ба гўсфандон алаф дењ, об дењ, ба мурѓон дон дењ, дарвозаро кушода намон...» Гапаш њамин. Њатто як рўз очаам дар кор буд, љангам кард. «Ту ин хел бачањои кўчаро ѓун карда ба њавлї набиёр, чашмро хато дода, як чиз-ним чизро гирифта мебаранд» гўён чашмашро чунон ало кард, ки хаёл кардам як тарсакї мезанад. Агар очаам дар њавлї бошанд, дўѓ намезанад, аммо агар он кас набошанд, бењтараш ман ба чашмаш нанамоям. Очаам мегўяд, ки ўро ба шавњар медињанд, сонї аз ин њавлї меравад. Кошкї, зудтар мерафт. Очаам гуфт, ки ўро амма гўям. Забонам намегардад. Ваќте ки дар њавлии бибиам будем, аммаи худам њар замон омада, маро дида, мерафт, шоколад меовард. Не, ман Саломати љинниро амма намегўям. Дадои ўгайро њам додо намегўям. Њаргиз намегўям. Њељ, њељ...
* * *
Додои ўгай —Абдурашид бефарзанд буд. Бо њамсари нахустинаш нўњ сол зиндагї карда, фарзанд наёфта буд. Зану шавњар якдигарро сидќан дўстдор буданд, дар тўли ин нўњсола њамзистї њаргиз аз ваљњи бефарзандї ба якдигар сухани таънаомез нагуфтанд, вале њар замон норозиёна ѓут-ѓут кардани модаршў сабаб шуд магар ва ё ягон андешаи дигаре: њамсараш ба вай њарфе назада рўзе ба хонаи модараш рафту баргашта наомад. Абдурашид аз инчунин рафтори ў сахт ранљид, алам кашид, вале ночор ба таќдир тан дод. Як сол, балки бештар аз миён гузашту вай ба модари Мурод — Барфї хонадор шуд.
Шиносоиаш бо Барфї хеле аљиб ва тасодуфи мањз буд. Абдурашид пас аз кор ба бозори «Баракат» даромада ду харбуза харид. Баъд ба ќабати дуюм — ба магазини хўрокворї баромад. Ќатори навбатдоронро диду фањмид, ки њамин замон гўшт медодаанд. Навбат гирифт. Аз миён ним соат гузашта-нагузашта гўшти яхзадаи суфпечро ба фурўхтан шурўъ карданд. Аз рўи одати маъмула бенавбатгирандагон њам пайдо шуданд, телаву такон, њамњамаю њайоњу барпо шуд.
Абдурашид харбузањои ба тўрхалта андохтаашро тањи девор монда, ба ин њама валвала лоќайд менигарист. Чор-панљ кас пештар аз ў љавонзане пиразанеро хоњиш мекард:
— То навбатам расидан ман зуд рафта тухм гирам, шумо маро фаромўш накунед. Њў, ана, ба он сумкањои ман њам нигаред, илтимос.
Сонитар адади бенавбатњо зиёд шуд магар, навбатдорон шўр бардоштанду тела-тела шадидтар гашт. Абдурашид як кило гўшташро гирифта ќафо гашту ба он љавонзани тухмгирї рафтагї рў ба рў шуд, ки навбаташ гузашта ва њоло навбатдорони ќафо ба вай мункир буданд. Абдурашид ба миён даромаду бо изтироб ба одамон фањмондан хост, ки ў ёд дорад, ин љавонзан тухмгирї рафта буд, аммо њељ кас шањодати ўро инобат намекард. Љавонзан сурху сафед гашта, худро ба сўи пештахта мезад, мардум ўро фишурда дур мекарданд. Абдурашид дар ѓазаб ба он мардум ду-се сухани сахту љонкоњ гуфту аз остини љавонзан кашид.
— Бед, ба ман гўшт даркор не, њамин гўшти маро гиред. Бо инњо баробар нашавед.
Љавонзан сараввал аз гўшт даст кашид, баъди исрори љиддии Абдурашид гирифту пулашро дод. Абдурашид сумка ва тўрхалтаи пурбори ўро дида, лањзае дудила биистод — кўмак кунад ё не? Агар шавњараш бошад, мабодо боиси ѓавѓо шавад. Сонї ба дил гуфт, ки агар шавњараш мебуд, хариди бозорро ба љавонзан бор намекард.
— Боратонро дињед, то истгоњ барам, —Абдурашид ба љавонзан наздик рафту аз дасти вай сумкаи вазнинро гирифтан хост.
Љавонзан неву нестон кард, вале Абдурашид бепарво аз дасташ борашро гирифт.
— Агар шавњаратон фањмад, дилашро бад накунад... Лекин хариди бозор, асосан кори мардон аст.
— Хайр, ба зани бешавњар айб набудагист, —сурх шуд Барфї ва ба сар то пои Абдурашид чашм давонд.
Онњо то истгоњ њамгап рафтанду аз хусуси якдигар њар чї зарур буд, фањмиданд.
Сонитар Абдурашид зимнан ба воситаи шиносњояш аз њамсояву њамкорони љавонзан гап гирифта, ўро ба худ сазовор дониста буд.
Њоло вай бо њамсараш хушбахт буд. Кулли ташвиши Муродро ў ба зимма гирифт. Дарсу супоришоти хонагии ўро месанљид, падару писар шиму курта дарзмол мекарданд, њар шаб пойпўшашонро чўтка зада, ранг мемолиданд. Рўзњои шанбе аксар њангом њар ду, баъзан се тан барои харидкунї ба бозору магазинњо мерафтанд. Чун гузарашон ба магазини бозори «Баракат» меафтод, Абдурашид ба сўи Барфї асроромез менигаристу мегуфт: «Ба ин магазин њурматам зиёд аст».
Абдурашид дар як гўшаи њавлї соботе сохта буд ва дар он љо ду-се сар барраро парвариш мекард. Вай баъди кор аксар њангом ба парвариши гўсфандон машѓул буд ва ба ин кор Муродро њам љалб мекард. Боре Мурод гуфт, ки ба љои ин гўсфандони гаранг агар харгўш мепарвариданд, вай дилтанг намешуд. Абдурашид як кунљи соботро симтўр кашиду баъди се-чор рўз ду сар харгўши хокистарранг овард. Шодмонии Муродро њадду ќиёс набуд. Хушнудии ўро дида, Абдурашид завќ мекард.
Барфї њамдастию њамоњангї ва љунбуљўли онњоро дида, дар дил аз толеаш садњо бор шукргузорї дошт, мамнун ва масъуд меболид. Ў њамвора аз Мурод талаб дошт, ки Абдурашидро «додо» гўяд, вале писар ба ин амри ў сар намефуровард.
Мурод тадриљан ба Абдурашид унс мегирифт, гоњо падари ўгай будани ўро сирф фаромўш мекард, агар вай ду-се рўз ба ягон тараф равад, дилтанг буд. Вале ањён-ањён дар банди андеша ѓўтавар мегашту дар тасаввур овардан мехост, ки инчунин марди мењрубону њалим чї гуна ўро уќубат медода бошад, чї тавр ба саѓирхона хоњад ронд. Дар инчунин њангом ў мањзун мегашт, ба атрофиён ошкоро бегонахўї менамуд, инљиќию дуруштї мекарду ба кўча, ба назди љўрањояш мерафт.
Боре, дар сари инчунин вазъи нохуши вай, ки бо бибикалон гапгурезонї карда оташин буд, Абдурашид барояш ботинкае харида оварду Мурод дилгирона ба он нигариста «даркор не» гуфт. Абдурашид гўё таѓйири авзои ўро пай набурда бошад, табассум карду гуфт: «Муродљон, ин ботинка њозир мўд аст, хориљї, як бор пўшида бин, агар хуш наояд, сонї ба љиянам Сосон мебарам». Модар аз гарданшахии Мурод хашм гирифту ўро як тарсакї зад. Мурод ќањр карду роњи хонаи бибиашро пеш гирифт, Абдурашид то ними рањ аз пасаш рафта, ўро баргашта овард.
Аммо бори дигар, ваќте ки ў бо велосипедаш ба роњи мошингард баромаду сабабгори ба њам бархўрдани ду мошин гашт, дар воќеъ, худашро руст карданї љой наёфт. Пиразан ва Саломат чунон шўр бардошта, дашному нафрин карданд, ки Мурод дигар дар њавлї мондан натавонист.
Њамон бегоњї додои ўгай ва очааш аз кор омада, њодисаро шунидаанду дар як сумка наботу мавиз гирифта ба хонаи бибї омаданд. Очааш чунон коњиш кард, ягам валвала бардошт, ки агар додои ўгай намедошт, вай аз ин љо њам мегурехт. Хайрият, ки додои ўгай ѓазаби очаашро паст кард. «Њељ гап не, минбаъд њушёр мешавад, љанг накун. Ду гўсфандро фурўхта, товони мошинњоро медињем. Гўсфандонро худаш парварда калону фарбењ кард. Барќасд накардаст-ку!» — гуфт. Баъд ба њавлї омада, ба њамаи њавлигиён таъкид карда гуфт, ки ягон кас дигар аз ин хусус дањон накушояд.
Умуман, бо велосипед кори Мурод њељ барор накард. Баъди се моњи ин њодиса боре вай велосипедсавор аз паи нон овардан ба магазин рафту то вай нон гирифта берун баромадан велосипедро дузд бурд. Занњо оњу воњ карданд, аммо додои ўгай ин бор «садќаи сар, ѓам нахўр» гуфт.
Баъд вай барои ў шасти моњигирї харида оварду рўзи истироњат њар ду ба дарё рафтанд. Маълум шуд, ки додои ўгай њаргиз дар умраш моњигирї накарда будаст. Мурод ба вай чї гуна кирмро ба чангак гузаронда, ба об андохтани шастро нишон дод. Мурод як рўзи дароз давутоз карду њамагї чор дона ширмоњї гирифт. Додои ўгай бо завќ моњигирии ўро тамошо кард, сонї аз соњилњои дарё барои гўсфандон як линга алаф гирифт.
* * *
Охирњои моњи май Мурод се њафта паёпай интизори рўзи истироњат буд. Абдурашид ба вай ваъда кард, ки ба кўњсор, чукричинї мебарад. Ду бор истироњат омад, вале рафта натавонистанд — мењмон омад, ким-чї хел кори зарур баромад. Љўрањояш ба вай мегуфтанд, ки онњо агар њамин њафта њам нараванд, дер мешавад, сонї чукрї фаќат дар кўњсори баланду дур мемонад. Мурод бе тоќатона интизорї мекашид, рўзу шабњоро мешумурду нигарони рўзи истироњат буд. Дар сари дастархони шом њамеша мавзўи гуфтугўи Муроду Абдурашид аз сафари кўњсор дур намерафт. Онњо ба куљо рафтан, субњидам, соати чанд ба роњ баромадан, чї тўша гирифтан — њамаашро кайњо гуфтаву шунида буданд, њатто Мурод борхалтаи сафариро кайњо ба мехи дањлез овехта монда буд. Гуфтугузори онњо аз ин боб Барфиро ба њадде дилгир карда буд, ки аз хусуси сафар дањон кушоянд, илтиљоомез мегуфт: «Аз барои савоб, ягон сухани дигар гўед».
Аммо ба Мурод ин бањор чукричинї насиб нагашт. Рўзи шанбе Абдурашидро аз корхонааш ба алафдаравї фиристоданду вай якуним моњи расо аз хонадон дур гашт.
Бе Абдурашид Мурод дилтанг буд, сарњисоби кору борашро намеёфт. Њатто як рањ очаашро зиќ карду ду тарсакї хўрд, сонї ќањр карда ба хонаи бибиаш рафт. Воќеа ин тавр рўй дод: Абдурашид барои Мурод шими љинс харида буд. Почаи шим ба вай дароз омад, Абдурашид онро бурида, барои Мурод мувофиќ карду гуфт, ки аз изофааш барояш кулоњ медўзад. Аммо зуд фурсат наёфт, баъд ба алафдаравї рафт. Мурод аз очааш талаб кард, ки аз он матоъ ба ў кулоњ дўзад. Модар гуфт, ки ин корро наметавонад. Аммо Мурод сабр кардан наметавонист, чї кор кунад, њамсинфонаш кулоњи љинсї пўшидаанд. Ана, барои њамин очааш дилтанг шуд.
Бибї сабаби ќањр карда омадани ўро шуниду боз ба насињатгўї сар кард. Ин ќадар ин одамон насињатгўиро наѓз мебинанд! Гапу гапу гап, њељ дилгир намешаванд. Бачањои боѓчаравак медонистагї гапњоро сад бор гаштаю баргашта мегўянду мегўянд, дили кас ба кафидан наздик мерасад.
— Айб аст, Муродљон, агар бо очаат номуросої карданатро додои ўгай фањмад ё ана, ун хоњарашу модараш шунаванд, очаатро таънасор мекунанд, писарат ганда, ана њатто худат катї муросо накард мегўянд. Очаат, шўрпешонї, забонкўтоњ мешавад...
Бибї бо њамин суханон рўзи дигар Муродро ба назди модараш гусел кард. Ин бор «додои ўгай — додои ўгай» гуфтани бибї, аз чї бошад, ки ба вай нохуш асар дошт, дар љавоби бибї ягон сухан гуфтан хост, вале намедонист, ки чї гўяд, то ки њам бибї наранљаду њам ин суханашро дигар нагўяд.
Мурод ба њавлї баргашт, вале њавлї бе Абдурашид ѓамангез ва дилгир асар дошт. Дарун даромад, берун баромад, аммо дилтангиаш бартараф нашуд. Сонї нишаста фикр кард – фикр карду аз њавлї берун шуд.
Мурод ба касе њарфе назада ба истгоњ баромад ва ба автобус савор гашту ба автовокзали шањр рафт. Ба автовокзал ќабл аз ин корафтода набошад њам, медонист, ки он дар ќарибии кўл аст, фаќат як ё ду истгоњ сонитар.
Мурод ба умед ба њамаи дарчањои билетфурўшї якояк сар халонд, аммо ба вай билет надоданд, то ба автобуси Ёвон савор шавад. Њатто як занаки бадљахл ўро ба милиса супурдан хост, аммо Мурод аз толор берун рафту миёни мусофирони бисёр панањ шуд. Ин лањза радиои автовокзал эълон дод, ки автобуси Ёвон омад. Мурод ба сўи он автобус давид. Ба автобус наздик расиду ногоњ чашмаш ба Абдурашид афтод, ки борхалтаи сафарї дар пушт аз автобус фуромада, ба сўи истгоњ мерафт.
— Додо... Додољон!.. Додољонам! — Мурод ѓайриихтиёр фарёд заду аз паси вай тохт.
Фурсати як бор миља задан нагузашта, Мурод аз ќафо ба вай расиду миёни ўро сахт дошта, чашму рўи ашкбори худро ба пиљаки вай молидан гирифт.
— И-и!.. Њой, ту кї?.. Э, додота гум кардї, бача?
Марди монанди Абдурашид навчаи малларанг лањзае аз ин њол њангаш аз сар париду хам шуд, то рўи Муродро равшантар бубинад, сонї бо як даст сару китфи ўро молида, навозиш кардан хост, аммо Мурод сањви худро фањмиду якбора аз ў људо шуд ва ба ќафояш нанигариста гурехт. Ў дар фурсати як миља задан дар миёни мусофирон ѓоиб гашт.
с. 1983
ЧЇ СОН АЪЛОХОН ГАШТАМ?
Шуморо падаратон њаргиз таъзир накардаст? Њељ гоњ?.. Дафтаратонро дарронда, лахта-лахта карда, ба саратон наѓуррондаст ё китоб катї ба пешониатон нихта њам накардаст?.. Нохунашро њам нарасондаст? Њељ боварам намеояд. Метарсам, ки дурўѓ мегўед. Ба њар њол, ман ин хел даъвоњои баъзе љўрањоямро шунида, њайрон мешавам. Падар агар фарзандро таъзир накунад, писар агар аз волидайн натарсад, андаке нањаросад, э-э, чї корњое намекунад!.. Гап дар сари шўхию бемаънигї не, доири бањои ду ва ё дарсгурезї њам не. Сабаби аслии нољўрию номувофиќї, ба фикри ман, ин аст, ки баъзан падару модар кореро, ки мо — бачањо ба он њељ раѓбат надорем, маљбур мекунанд, ки иљро намоем. Медонам, кори љиддї на њамеша шавќовар аст, баъзан худро маљбур кардан њам зарур. Аммо бемаќсад маљбур карданњо фоида надорад.
Аз ваљњи њамин гуна маљбурї чандин бор бо падару модар гапам гурехт. Албатта, муддате аз миён нагузашта аз кору гуфтањои худ пушаймон мегаштам. Очаам мегўяд, ки ман беаќлам, якравам, гарданшахам. Э-њэ, чї сифатњое ба ман ў намебандад! Хоњу нохоњ одам дар бачагї аз рўи фањмишу биниши худ зистан мехостаст, лекин падару модар талаб мекунанд, ба тарзе ки онњо мехоњанд амал кунем. Онњо аз хато кардану пешпо хўрдани мо чунон метарсанд, чунон мењаросанд... Њол он ки хато кардан њам баъзан даркор будаст. Агар ман сари ваќт хато намекардам, намедонам имрўз њолам чї гуна буд.
Биёед, њамаашро аз оѓоз то ба анљом гўям, бе дурўѓ, бе сохтагию бофтагињо, ба гуноњу савобам холисона чї хел андешањо доштаму чї гуна амал мекардам — њамаро якояк њикоят кунам. Њозир телевизору рўзномањо ошкорбаёнї гўён валвала доранд-ку, ман њам як бор ба рўи њама дарди диламро бигўям, чї шудаст?
Њамон сол моњи май, чунон ки бибиам мегўянд, моњи љавзои саховат расид. Ман ба азобе синфи њаштумро тамом мекардам. Субњи барваќт ба мактаб давидан ончунон дилгирам карда буд, ки њељ напурсед! Бовар мекунед, дар соати њаштуними субњ мо ба дарсхонї шурўъ менамоем! Аммо дар соати расо њашт дар тањи дари мактаб бояд ки њозир бошем. Њар як муаллим талабагони синфи худро саф ороста ба директор ё мудир намоиш медињад. Баъд гуноњу савоби рўзи гузаштаро як-як гуфта, гунањкоронро сурху сафед мекунанд. Сипас ба мо аз вазъи сиёсати дохилию берунї муаллими навбатдор ваъз мегўяд, ањволи тоќатфарсои бачагонро дар мамлакатњои капиталистї боз як бор хотирнишин карда мегўяд ва гаштаю баргашта таъкид мекунад, ки мо бепул, муфт дар ин гуна мактаби хушиморат ва мўњташам мехонем, хушбахтем, хушњолем, озод нафас мегирем ва ѓайра ва њоказо. Гўр ба сари њамааш, аммо дар бобати нафасгирї ман ба гапи њељ якеи онњо бовар намекунам. Мо дар як синфхона чилу ду нафарем. Баъзан њавои хона чунон бадбўй мешавад, ки дилам буѓз мекунад, аммо муаллимон аз тарси зуком ё дигар ягон дардашон рухсат намедињанд, то даричаи тирезаро кушоем. Аслан, синфхонањоро дар фасли зимистон чандон гарм намекунанд. Њангоми танаффус агар навбатдори синф даќиќае чанд табаќањои тирезањоро во кунад њам, аз даву ѓељу тапар-тапар пойкўбињо синфхона чунон мешавад, ки гўё аз кўчаи пурхок мошин гузашта бошад. Охир, ќариб аксари писарбачањои мо нос мекашанд, ња, бемалол дар ваќти дарсгўии муаллимон ба зери забон носи сабилро партофта, кайф менамоянду баъд як вараќ коѓазро печонда ба он туф мекунанд ва оњиста ба фарш мепартоянд. Ана, аз њамон носњои хушкида чангу ѓубори синфи мо кабудчатоб аст.
Хулосаи калом, ман дар соати њаштуними бомдод аз хона мебарояму рањи мактабро пеш мегирам. Шабњо телевизор њам ќасд кардагї барин киноро дар охири барнома нишон медињад. Аз ин сабаб дер ба бистари хоб медарояму сањар ба азобе аз хоб сар мебардорам ва аксар ваќт барои чойхўрї ва нањорї шикастан на фурсат мешаваду на майлу раѓбат. Ба ман њаминаш алам мекунад, ки сањаргоњон, њанўз калонсолон — њама хобанду ман маљбурам ба сўи мактаб тозам. Аз назди иморатњои бисёрошёна мегузараму ба тирезањо менигарам, — дар аксари хонањо њанўз чароѓ нест — хобанд. Падару модари ман њам дар хоби мастанд. Калонсолон аксар ба кор соати нўњ, баъзеашон нўњуним мераванд. Њайронам, мо — бачањо чї гуноњ карда бошем, ки «кори» мо ќариб ду соат барваќттар аз калонсолон сар мешавад?! Боз азоби дар ин гуна синфи њавояш нохуш шаш-њафт соат нишаста дарс хонданро намегўед!.. Хусусан, наљунбида дар як љо нишастан барои ман азоб аст. Рости гап ин ки ман розї будам ба мактаб нараваму дар ивази он дар ягон корхона њафт-њашт соат баробари калонсолон кор кунам!.. Ба суханам бовар кунед, љиддї мегўям — њашт соат кор мекунам!..
Ана, аз њамин хусус падару модар катї гапамон напухт. Худатон холисона фикр кунед: ман хондан намехоњам, олим шудан њам намехоњам, духтур будан њам, аммо маљбур мекунанд, ки бихонам!.. Боз худи њамин калонсолон мегўянд, ки зўроварию маљбурї аз рўи ќоидаи педагогика дуруст не, тааддї ба њар навъе бошад, ки бемаданиятии инсон аст, пўла-шўла... Кай ќавлу амали одамон якранг мегардад, кай?
Падарам доим мегўянд, ки њолї умрат бино шуда, як рўз њам кор накардаї, намедонї, кор гўянд, ту шанбегї гумон мекунї, њу, барои сару либоси варзишгариатро намоиш додан меравї-ку!.. Ана, дар љавоби ин хел суханњо чї мегўед?! Ман акнун кўдак нестам, ки њар чї гўянд, хуб гўям. Њамин хел гапњо ба дилам зад, боварам намонд. Ин чї гап, падару модар њам, муаллимон њам мехоњанд, ки ман кўдаки дањсола барин доим, ба њар фармонашон хуб гўям, итоаткор бошам. Агар мард бошанд, ку, ягонтаашон гўянд, ки бирав, ту як њафта дар љои ман кор кун, ман дар љои ту нишаста дарс мехонам!.. Намехоњанд! Наметавонанд! Масалан, ман дар љои падарам њам кор карда метавонам, дар љои модарам њам. Ин гапи маро бодигї нашуморед, ќасам мехўрам, ки метавонам. Падари ман рањбари як идораи начандон калон аст. Ман чандин бор ба идораашон рафта, дар кабинеташон соат-соат нишаста, тарзи коргузориашонро омўхтам, наѓз медонам: агар аз идорањои боло телефон шавад, фармоиши онњоро аз курсї бархоста, бо нимтаъзим «хуб, хуб шудаст» гўён навишта мегиранду баъд муовини ба њамон амр дахлдорашонро даъват карда, иљрои онро супориш мекунанд. Таъкид менамоянд, ки хабари иљрои онро бозрасонанд... Агар аз тобеон ягон кас дарояд, арзашро гўш мекунанду баъд ба ягон муовин ё мудири шўъбаи дахлдор занг зада, аввал доир ба он масъала фикри ўро мепурсанд ва ё супориш мекунанд, ки «дида бароянд» ва он додхоњро ба назди он шахс мефиристанд... Магар њамин кори мушкил аст?! Мушкилаш, ба фикрам, вазифа гирифтану соњиби ягон идора гаштан, он тарафаш — осон, худ аз худ кор иљро мешавад. Кори модарам дар назарам аз ин њам осонтар менамояд. Вай дар матбаа мусањњењ аст. Ду кас дар сари як миз рў ба рў нишаста, яке дастнависи китоберо менигараду дигаре мусаввадаи чопи онро мехонад. Чор-панљ сањифа мехонанду ним соат аз ину аз он сўњбат мекунанд. Баъд шарикаш аз паи ягон муњими худ — магазин, бозор, ателеи либосдўзї ва ѓайра мераваду модарам он сањифањои чопиро тез-тез худаш мехонад ё аз боло ба поён нигариста мегузараду баъзе ѓалатњои ба чашмаш афтодаро ислоњ мекунад ва «садќаи сарам, муњаррири нашриёт мехонад-ку!» гўён дар повараќи он имзо мекунад. Ана, аз њамин сабаб, њар бор бачањо аз китоби дарсї ѓалате ёбанд, аз љониби модар ман ѓайриихтиёр сурх мешавам.
Хулоса, ман аминам, ки кори њар кадоми онњоро иљро карда метавонам, аммо дар гумон аст, ки онњо масъалањои алгебраю геометрияро њал намоянд ё шаш соат дар синф гўшашонро наљунбонида нишаста, ба сухани муаллим ба диќќати тамом гўш дињанд.
Умуман, калонсолон њаќќу њуќуќњои мо – бачагонро поймол мекунанд. Барои чї онњо ду рўз истироњат мекунанду мо фаќат як рўз?! Њамаашон хуб медонанд, мегўянд, иќроранд, ки дарсњо рўз аз рўз мўлтар, мавзўъњо мушкилтар мешаванд, хонандагони синфњои болої баъзан њафт соат дарс мехонанд, бар замми ин, корњои пионерї, комсомолї, мањфилњо... Кошкї, њамаи ин фанњо ба кас даркор бошад! Аз байни чилу ду нафар хонандагони синфи мо дањ-дувоздањ нафар дар мактаби олї хонданро давом доданианд, ба онњо як ќисми ин илмњо даркорї барин, аммо ба аксарият дар сад сол њам лозим не! Хайр, гуфта намешавад, агар замоне даркор шавад њам, то он ваќт дар хотир аз ин алгебраю геометрия ному нишон намемонад. Ана, ман дар синфњои панљу шаш ботаникаро наѓз медонистам, доим бањои панљ мегирифтам, аммо кайњо њамаашро фаромўш кардам. Чизе, ки даркор нест, зуд аз ёд мерафтаст...
Ман рўирост ба падарам гуфтам, ки маро бењуда дарди сар медињанд, ман акнун хурд нестам, мустаќил фикр карда, хулоса бароварда метавонам. Рост-дия, њар рўз шаш соат дарс магар осон аст?! Аз яктояш гурезеду рўзатонро бинед! Дарњол дар рўзномаам ќайд мекунанд, дар маљлис мегўянд, агар ду-се бор такрор кунам, падару модарро ба мактаб даъват мекунанд... Ба ростї, њайронам, чї хел ба инњо фањмонам, ки дигар бењуда дар мактаб нишастан наметавонам, ман кор кардан мехоњам, коре, ки аз он њам ба худам, њам ба љамъият фоидае бошад.
Њар рўз шаш соат нишастан ба љисми љавон зарар оварданашро менависанд, медонанд, аммо боз маро маломат мекунанд, ки бисёр чизњоро намефањмам, аз њамин сабаб ба ќадри мактаб намерасам. Дар кадом як маљаллае хондам, олимони Америка барои таљриба якчанд нафар варзишгарони номварро се-чоррўзї дар катњо баста, бењаракат нигоњ доштаанд. Пеш аз њама дили онњо нуќс пайдо кардаст, њатто якчанд нафар дар аввал роњ гаштан натавонистаанд. Ман бовар дорам, ки вазир њам, олим њам як њафта дар љои ман нишаста, дарс хонда наметавонад. Боз ислоњоти мактаб зарур аст гўён чандин сол боз мегўянду мегўянд, менависанд, аммо дараки бењтарї нест. Не-е, ин калонсолон катї ислоњот намешавад. Ба инњо маљлис бошад, валвала бошад, гап зананд, бас. Бибии пирам дуруст мегўянд: «Коми инњоро ба љои асал гап катї бардоштагї...»
Хулосаи калом, мактаб ба дили ман задаст, агар аз њамин мактаб халосї ёбам, дигар як умр аз наздикаш намегузарам, ба тарафаш наменигарам!..
Дар чоряки охирин якбора аз чор фан бањои ду гирифтанам маълум шуд. Падару модар маро дар шиканља гирифтанд, ки чаро дигарон аќаллан бањои се мегиранду ман фаќат ду. Гуфтам, ки сабр кунед, ба ман њам њамон серо монда медињанд. «Барои чї Камол чор мегирад, њатто Марљони карахт се мегираду ту ду?» гўён ба истинтоќ гирифтанашон тоќатамро тоќ мекунад. Охир, Камол ман барин сурат гирифта наметавонад-ку! Њар кас ба ягон коре шавќ дорад. Ба ѓайр аз ин, аз чилу ду нафар хонандаи синфамон шаш нафар физикаю химияро мехонанду медонанд — онњо ба донишгоњи тиббї дохил шуданианд. Чор — панљ нафари дигар физика ва математикаю геометрияро медонанд. Онњо ба инљинерї мераванд, се-чор нафар забону адабиётро медонанд — онњо ба факултети филологї мерафтагињо, ду нафар ба забони хориљї зўр. Боќї мондагињо — њама ман барин: хондан намехоњанду чору ночор ба мактаб рафтаву омада мегарданд. Фарќамон њамин ќадар аст, ки онњо лўлї барин хушомаду пешомад карда, аз муаллимон як бањои сеяшонро мегиранду ман «нахондаам, намедонам» гўён росташро мегўяму хап мешинам ва маломат мешунавам.
Хайр, њељ боке не, дар охир ќатори дигарон ба ман њам аз њамаи фанњо се-се монда, аз синф ба синф мегузаронанд, дигар илољ надоранд. Борњо аз забони худи муаллимон шунидаам, ки ба ман барин бадхонњо мегуфтанд: «Агар аз синф ба синф нагузаронемат, фоизи пешрафти мактаб паст мешавад, фоида надорад, бењтараш зудтар мактабро тамом куну бирав, ки аз ту халос шавем...»
...Ана, аз њамин сабаб ман аз падарам хоњиш кардам, ки баъди тамом кардани синфи њаштум маро рухсат дињанд, то дар ягон љо ба коре машѓул бошам. Дар њамаи лавњаю эълонномањо одамонро ба кор даъват мекунанд, радиову телевизион катї ташвиќ менамоянд. Аммо бовар намекунед... дар як шањри калон кор ёфтани љавонаки понздањсола осон набудаст! Гап дигару кор дигар гуфтанашон бесабаб не, сад фоиз дуруст аст!
Баъди розигии падарро гирифтан, ман пеш аз њама ягон-ягон ќариб ба њамаи суратгирхонањо даромада баромадам, зеро њунари суратгирї доштам, бо суратгиракњои гуногун — аз «Смена» то «Зенит» сурат гирифта ва плёнкаро равшан карда чоп намудан аз дастам меомад. Баъди дарою барои бисёр донистам, ки ин кори «лояш» дуруст ба шумор мерафтаст ва агар «восита» надошта бошед, ба кор намегирифтаанд. Додои ман восита-посита катї хушашон не. Барои ба кор сар кардани наврасон њуљљату справкаи зиёде даркор будаст, ёрї надоданд, ба њамаи он идорањо худам давидам.
Дар корхонањои ба коргар мўњтољ њам аз ман рў тофтанашон шавќу њаваси маро ба кор тамоман кушт гўям, ѓалат намекунам. Ќариб дар њамаи корхонаю идорањо як хел љавоб мешунидам: «Ба мо коргар даркор аст, аммо бачањою коргарони муваќќатї лозим нестанд!..» Ман бача будаам! То имрўз муаллимон «акнун ту бача не» гўянд, инњо баръакс. Хулосаи калом, башараи ин бюрократњо чунон ба дилам зад, ки њељ монед! Ба кадом забон, чї хел ба онњо фањмонам, ки аз бисёр коргарони коњилу њаромкор, майзадаю чапдасти онњо ман бењтар кор карда метавонам. Агар росташро гўям, кори наѓзу коргари наѓз ба њељ якеи онон даркорї надоштагї барин. Агар дар корхона сад дастгоњ кор накунад њам, онњо њамон муздашонро мегиранд, дусад дастгоњ кор накунад њам! Сипас, чаро худро дарди сар дода, ман катї машѓул шаванд?!
Рўзњои аввал буд, як одами баинсоф њайронии маро дида, гуфт:
— Њайрон нашав, кор мўл, дар баъзе корхонањо њазор-њазор коргар намерасанд. Ту наврасї, њуќуќи зиёдтар дорї, инњо яке аз одами њуќуќдор метарсанду... дигаре аз касе, ки бисёр медонад, мењаросанд. Њолї кор кун, баъд ба маънии ин суханони ман сарфањм меравї.
Оќибат баъди саргардонињои зиёде ман кофта-кофта ба идораи зарфѓундорї рафтам. Дар ин љо њам ба ман эътиное накарда, њатто ба рўям нанигариста љавобамро доданду баъд яке аз идоранишинон ба дигаре хитобан гуфт:
— Амаки Ѓулом дар азоб аст, њамин бача равад, дастёрї кунад-чї? Муздашро худаш як бало мекунад-дия...
Маро ба як дўкони зарфѓундории ќафои магазини «Газвор» фиристоданд. Дар дўкон як марди дар назар шаст-шасту панљсолаи зоњиран аз шумурда гирифтани зарфњои шишагї бенињоят дилгир машѓули кор буд. Вай саропои маро хуб назар карда озмудан хост ва махсусан, ба чашмонам дуру дароз зењн монда нигарист. Ман аз ин хел нигоњи вай, ба ростї, лањзае бесаранљом гаштам, гўё дар ягон љо маро дар сари љинояте дидагї барин. Аз эњтиёт ягон хасу хошок часпида бошад ё ранг молидаам гўён чашмонамро бо кафи даст молидам.
— Ба ман дастёр даркор аст... — гуфт баъди се-чор даќиќа оњиста сар љунбонда амаки Ѓулом. Баъд боз ба чашмам озмоишкорона нигариста илова кард: — Дар кори мо фиреб роњ намеравад... Агар заррае хиёнат кунї... — Ў чї љазо диданамро нагуфту пурсид: — Додою очаат њастанд? Чї кораанд?
Ман гуфтам. Вай њайрон шуд. Баъд боз ба ду-се саволи бемаънї чавоб гирифту гуфт:
— Дар кори мо... умуман, дар кори савдо... ба чашми якдигар хок пошида намешавад, инро сахт ба гўшат њалќа кун! Фањмидї?.. Њар чи ќадар њунарат бошад, дигаронро... Ња... Ќоидаи мо њамин!..
«Ман фањмидам» гўён сар љунбонидам, аммо ба дил гуфтам: «Њунарат ба худат насиб кунад, пири беимон, ба ман ќаллобиро омўхта наметавонї. Вай бачаи ту мегуфтагї нестам! Ман барои аз дарсњои мактаб халос шудан...»
— Ба корат нигариста ба ту худам њаќ медињам... — Боз ба гап даромад амаки Ѓулом. — Моњонаи ман — њаштод сўм... Хайр, ба ту...— Вай чашмонашро нимво карда, лањзае андешиду баъд гуфт: — Хў-ўш... њар рўз ду сўм медињам... Дар як моњ ќариб панљоњ сўм... Пули кам не... — Баъд боз таъкид кард: — Ба шарте ки њалол кор кунї!
— Майлаш, ман розї, — гуфтам ман зуд. Њар чї њам бошад, аз кор ёфтанам хурсанд будам. Як бор аз маѓал халос шавам, сонї ягон кори мувофиќамро меёфтагистам, балки ин пиракї ба нафаќа мераваду дўконашро ба ман медињанд, кї медонад. Дар сар њамин андешањо пурсидам: — Ман чї кор мекунам?.. Аз мардум зарфњоро шумурда мегирам?
— Њар коре, ки фармоям, иљро мекунї!.. Зарфњоро бехато дида, санљида, шумурда мегирї... Хў-ўш. Дар ќуттињо хел ба хел људо карда љо мекунї. Масалан, шишаи об катї шишаи араќро дар як ќуттї монї, намешавад!.. Баъд, ана, мошин меояд, ќуттињоро ба мошин бор мекунї... Зўрат чї хел? Чорта ќуттиро бор карда, «уф-ф!» гўён шишта намемонї, охир?
Ана ба њамин тариќ ман моњи аввали таътили тобистонї дар умрам бори аввал ба кор шурўъ намудам. Албатта, њар кас мехоњад, ки аз кору музди аввалинаш таъсироти хуше хотира карда бошад. Аммо чунин таъсироти дилпазир ба ман насиб нагашт.
Аслан, «кор-кор» мегуфтаму аз сири кор тамом бехабар будаам. «Зарфѓундорї» гўянд, гумон карда будам, ки њељ мушкилї надорад, зарфи овардаи одамонро шумурда мегираму пулашонро дода, дар ќуттињо љо ба љо мегузорам. Чандин бор худам њам шишањои холиро ба дўкони гузарамон бурда, супорида будам.
Рўзи аввали кор амаки Ѓулом дар сари мизи кории худ, ки дар як канори пештахтаи дўкон буд, нишаста, баъди «хў-ўш»-и одатиаш аз ман пурсид:
— Ку, гап зан, шишаро чї хел мегиранд, медонї?
— Медонам, — гуфтам ман бепарво ба рўи мураббии нав нанигариста.
— Аввал лаби шишаро ба диќќат дастат катї палмосида, нигар, ки напарида бошад... — Вай аз ин бобат ба ман хеле дастур дод.
Ва лањзае аз миён нагузашта, пиразане дар як тўрхалта шаш-њафт шишаи оби маъдан аз дар даромад. Ў шишањояшро ба рўи пештахта монду ман аз рўи дастури амаки Ѓулом ягон-ягон санљидам.
— Чандта? — пурсид амаки Ѓулом.
— Њафта.
— Њамааш дуруст? Ку, бинам...
Вай аз љояш бархоста пеш омаду дањони њар як шишаро ба ангушт молида, санљид, пасу пеш гардонда нигаристу гуфт:
— Ана, нигар, лаби ин яктоаш андаке паридагї. Вай он шишаро гирифта канортар нињоду ман шаштои боќимондаашро гирифта ба ќуттї љо кардам. Пиразан дањони он шишаи ноќисро ба диќќат нигаристу љои паридагии онро чашмони камнураш надиданд магар, даст афшонд ва баъд гирифта дар тўрхалтааш андохт ва пули шишањояшро аз дасти амаки Ѓулом гирифту рафт.
— Барои бист тин боз гардонда мебарад... — амаки Ѓулом аз кори пиразан норозинамо ѓут-ѓут кард.
Баъди рафтани пиразан лањзае аз миён гузашту ду нафар духтаракони дувоздањ-сездањсола шиша оварданд. Амаки Ѓулом баъди шишањои онњоро ќабул карданам бархосту се шишаро чиркин њисобид ва дутоашро лабаш паридагї гўён људо кард. Ба духтарњо барои понздањ шиша пул дод, агарчи ман шонздањ шишаро гирифта ба ќуттї нињодам. Духтарон шишањои чиркини худро гирифтанду ду шишаи лабпаридаро монданд.
— Бигир, ба ќуттї мон, — амр кард амаки Ѓулом баъди берун рафтани духтаракон.
— Охир...
— Њељ гап не... Агар њамин хел кор накунї, аз куљо њар рўз ба ту ду сўм меёбам?! Њаштод сўм ба хўрокам намерасад. Нафаќаам катї расад, хурсанд мешавам. Ман барзагов нестам, ки фаќат барои сер кардани шикамам рўз то бегоњ кор кунам... Зиндагї осон не, писар...
Тамоми рўз ба њамин минвол кор карда, њамаи ќуттињои холиро аз зарфњои шишагї пур кардем. Тарафи бегоњ мошини боркаш омаду ман ќуттињои шишадорро бароварда ба дасти амаки Ѓулом медодам, вай онњоро дар кузови мошини боркаш ба тартиб мечид.
Бегоњї, ба ќавли очаам, бо азобе поямро кашола карда ба хона даромадам. Њатто хўроки шомро нахўрда, сахт хобам бурдаст.
Пагоњирўзї очаам аз хоб бедор кард. Аз бистар бархестам, аммо тамоми устухонњоям зириќ-зириќ дард мекард.
Њарчанд амаки Ѓулом таскин медод, ки сари кор сар мекафонад, сонитар омўхта мешавї, кор осон мешавад, рўзи дуюм њам, рўзњои баъд њам кор барои ман осон намегашт.
Мардум зарфњои шишагиро халта-халта оварда месупориданд, баъзењо бордонњои мошини сабукравашонро пур карда меоварданд. Амаки Ѓулом дар ин гуна њолат зарфњои нимлитрию њафсадграмиро тафовут накарда њаќ медод. Акнун ман равшан пай мебурдам, ки вай аз њар як мизољ бемалол панљоњ тин — як сўм мезанад. Аз онњое, ки мошин катї зарф меоварданд, бештар њам мегирифт, аммо одамон эътироз намекарданд. Аз афти кор, аксар шарм мекарданд, ки барои як сўм-ним сўм мољаро кунанд ва ё бо амаки Ѓулом рўхунук гаштан намехостанд. Бо амаки Ѓулом рўхунукї ба онњо фоида надошт. Аксар рўзњо мо њамаи ќуттињоро бо шиша пур мекардем, аммо барои бурдани он мошин намеомад. Дар ин хел рўзњо амаки Ѓулом шишаи мизољњои ба таъбаш форидаро гирифта, дар рўи фарши дўкон чиданро амр мекарду шишаи шахсони ба ў бефоида ва шум медидагиашро, ки аксаран одамони њаќталаб буданашон аён буд, ќуттї нест, гўён ќабул намекард. Њатто дар пеши назари ин гуна шахсон шишаи мизољњои маъќулашро мегирифту бори онњоро рад мекард. Баъзан ќуттии холї бошад њам, амаки Ѓулом зарфи одамони боре њаќталошї кардагиро ба ягон бањона ќабул намекарду онњо ночор борашонро баргашта мебурданд.
«Бас аст, фардо ба кор намеоям» ё «пасфардо, баъди рўзи истироњат ба кор намеоям» гўён ду њафта кор кардаму номаълум андаке омўхта гаштам. Аммо медонистам, ки зиёда тоб оварда наметавонам. Аз шармандагї тарсида, чору ночор ба ин машаќќат тан медодам. Љонам дар азоб буд, аммо ба падару модар аз ин хусус чї гуна дањон кушоданамро намедонистам. Не, мурам њам дањон намекушоям. Агар худашон гап кушода, маро маљбур кунанд, ки корамро ќатъ кунам, гап дигар буд. Аслан, гуноњи худашон, бо айби онњо ман дар азобам. Агар ягон кори табъи диламро ёфта медоданд...
Як бегоњї дар омади сухан, гўё рози дили маро пай бурда бошанд, падарам гуфтанд:
— Модом ки ба кор сар кардї, акнун тоќат кун, вагарна дар миёни дўстонат хандахариш мегардї, баъд мазоќат мекунанд. Њељ гап не, ин њам ба ту сабаќ медињад, зиндагиро мебинї.
Аммо ба кор тоб овардан осон набуд. Хусусан ки ќуттињои пури шишаро ба мошин бор кардан, ба ќавли њамсинфам Вайс, рўдаи касро меканд. Вай рўзе ба дўкон омада, як соат барин истоду кори маро мушоњида кард ва њангоми рафтанаш норозиёна гуфт:
— Ягон кори дигар ёб... Ин амакро ман медонам, — вай ба сўи амаки Ѓулом ишора кард, — њамроњи хоњарам якчанд бор шишањои холиро оварда супорида будем, суп-сурх дузди ќаллоб аст.
Баъди ин суханони Вайс аз кори худ беш аз пеш нафрат мекардам, аммо чораи халосї даст намедод. Вайс инро нагўяд њам, ман ба чашми худ медидам, ки амаки Ѓулом њар рўз аз њаќќи одамон 20—25 сўм мезанаду аз он ду сўмашро, баъзан се сўмашро ба ман медињад. Њол он ки кори асосиро ман иљро мекардам, вай фаќат аз пул мезад. Лекин амак мегуфт, ки кори асосиро вай мекунад.
Умуман, то ин ваќт аз ин љињати зиндагї фикр намекардам. Дар мактаб бо чашми худ медидам, ки духтари прокурор њар рўз сару либоси нав ба нави ќимату нодир пўшида меояд, аммо њељ ба хаёлам намеомад, ки прокурор њам падари ман барин моњона мегирад-ку, аз куљо духтари вай ин хел либос мепўшад. Амаки Ѓулом мегўяд, ки баробари як профессор пул меёбад. Як рўз як профессори номдори тиб шиша оварда супоридасту амак дар омади сухан моњонаи ўро пурсидаст. Баъди ин амак ба ман айнан гуфт: «Ман, додарам, дар хона шишаи холира ба сатили хокрўба андохта, бароварда мепартоям, беваю бечора, саѓиру кабир гиранд, савоб аст мегўям! Аммо профессират шарм надошта, биста шишара бардошта омадаст!.. Боз ту мегўї: илм гирифтан даркор! Ана, њамин профессир чанд сол хонда бошад? 15—20 сол хондагист? А? Бист сол кўр шуда хонда, профессир гаштасту боз ба пули чор шиша зор!.. Тфу!..»
Амаки Ѓулом агарчи аз кори ман асосан розї буд, ба шиша шумурданаму ќабул карданам доим эрод мегирифт:
— Ду-сеташа чиркин гўй, биста шиша биёрад, ту њам одам барин њаждањта ё нуздањта гўй, ин ќадар метарсї!.. Хайр, бача хато кард-дия мегўянд, баъзењо пешакї нашумурда мебиёранд... Кай ту одам мешавї, намедонам... — норозї ѓут-ѓут мекард амаки Ѓулом.
Аммо чї кунам, ки ман дурўѓ гуфта наметавонистам.
Рўзе ду нафар зан амаки Ѓуломро дар сари фиребу найрангаш сахт гирифтанду суханоне гуфтанд, ки ман тоќат карда шунидан натавонистаму ба берун гурехтам.
Ба болои сўхта намакоб гуфтагї барин, чанд нафари дигар аз ваљњи фиребу дасисањои вай ба идораи назорати халќї шикоят навиштаанд. Тафтишу пурсопурс сар шуд, амаки Ѓулом баъзан рўзи дароз давуѓеч карда, аз паси пасанда кардани мољаро овора мегашту дўкон як тин њам фоида намедод. Аз ин ваљњ ў алам кашида, боз ба ман дармеафтод.
Дар набудани амаки Ѓулом баъзе мизољњо маро аз хусуси ба љиноят печидани ў савол мекарданду ман њамчун шарикдасти вай хиљолат мекашидам. Охир, онњо маро шарики вай, зиёда аз он, аз хешу аќрабои наздикаш мешумурданд. Фаќат баъзењо таъкид мекарданд, ки ман њалол кор мекунам, ба «амакам» монанд нестам.
Баъзе занњои мањалла рўирост амаки Ѓуломро таънасор мекарданд, аз ваљњи беинсофињои вай пичинг мепарронданд. Масалан, якеаш рўзе рўирост гуфт:
— Ман мегуфтам-а, ягон рўз ба даст меафтї... Ягон њазор дода халос шудї ё бештар?.. Ними нон — роњати љон гуфтаанд, њаќќи мардум ош намешавад.
Ин мољаро њам гузашту рафт ва тадриљан гўё аз хотирњо фаромўш мегашт, аммо муддати зиёде аз миён гузашта-нагузашта, ба сари амаки Ѓулом як фољеаи дилхароше омад: писараш мошини «Волга»-ашонро савор ба љониби Ќўрѓонтеппа мерафтаст, дар барози аѓбаи Фахробод њангоми аз як мошини боркаш пеш гузаштан ба мошине рў ба рў бархўрда, њалок шуд. Амаки Ѓулом њафтае машѓули азодорї буд, ман дар дўкон танњо кор мекардам. Бисёр аз занону мардоне, ки зарф меоварданд, аз фољеаи ба сари амаки Ѓулом омада пурсон мегаштанду баъди афсўсу надомат аз њалокати љавон ба маломати амаки Ѓулом сар мекарданд. Ба гумонам, одамон бадбахтї ва шикасти баттолтарин душманашонро њам ин ќадар хоњон набуданд, чунон ки мусибати ўро.
— Љавон њайф гаштаст... Ба модараш мушкил... Худи Ѓулом тањи мошин монад, њељ кас афсўс намегуфт, — таассуф мекард яке. — Касофати њаромхўрї њамин аст.
— Њаќќи саѓиру кабир намемонад... — ба сухани вай илова мебаст дигаре.
Баъди он ки њафтае аз шунидани ин ќабил суханон безор гаштам, амаки Ѓулом ба кор баромад. Ман зуд дўконро њисобу китобаш катї ба вай супоридаму хайрухуш кардам.
— Бас аст, дигар кор намекунам! — гуфтам ман ќатъї.
— Ин тавр нагўй... Ман њаќќатро зиёд мекунам...
— Даркор не... Ман мехонам... Коргар мешавам, духтур, инљинер, профессор мешавам... Аз њаќќи мардум безорам.
Ана, баъди њамин воќеа ман ќадри касбу кори њалолро донистам ва дар соли нави тањсил оњиста-оњиста ба сафи аълохонон гузаштанамро худам њам надониста мондам. Падару модарам гумон доранд, ки сахтии кори ќуттикашонї чашми маро ба зиндагї боз кард. Хайр, ман ба онњо чї гўям, чї хел фањмонам, худам њам намедонам, њамаи инро ба калонсолон гуфта намешавад-ку.
марти с.1988
ТАЉРИБА
Дар чойхонаи мањалла сўњбати чойхўрон метафсид. Марди навчаи лоѓарандоме, ки бо таклифи комитети мањалла дар хусуси мубориза ба муќобили бадмастон ва авбошон ташвиќот дошт, њар нафас айнакашро ба чашм монда таъкид мекард:
- Дар њама љо - њам дар кўчаю бозор, њам дар ошхонаю чойхона бо бадмастону шўрапуштон беамон бояд буд. Агар шумо аз назди онњо бепарво гузаред...
- Як рўз дар чойхона яктааш валвала сар кард, аз гиребонаш гирифта ба берун партофтам, домулло! - самоворчї чойники чойро ба пеши нотиќ мондаравон хабар дод.
- Не, аз чойхона рондан кам аст. Вай ба кўча баромада, зану бача ё пири нотавонеро ѓам медињад. Ба дасти нозирони тартибот супоридан даркор.
- Кадом шаб Шокир-пиёнро дошта сарашро ба таги ќубури оби водопровод доштам,- хабар дод љавонмарди ќавињайкале бо ифтихор.-Худаш њам чунон доду вой кард...
- Шумо ба об тар накардед, писархолааш...- эътироз кард љавони дар пањлўи ў буда.
- Ману писархолааш тар кардем-дия!- исрор кард љавонмарди њайкалвор.- Ўро як худи писархолааш ўњда намекард.
- Ман одати ин мастонро медонам,- ба гап даромад Собир-амаки музадўз бурути сафедашро молида-молида. -Аз маст агар тарсед, бой додед. Назанед њам, аввал мушт бардошта дўѓу пўписа кунед бас, шиппас зада мегурезад. Ман як худам пор ду мастро дошта ба дасти милиса додам.
- Ура-а-а!-ин дам калавида-калавида ба чойхона Наљот даромад. Дар як даст тоќиаш, дар дасти дигар шишаи араќи нима, масти лояќил.
Вай аз рўйи чорпоя лаъличаеро гирифта ба љониби нотиќ ѓурронд. Хайрият лаълї ба вай нарасид. Аммо ранги рўйи вай аз тарс девори оњакзадаи чойхона барин сап-сафед шуду вуљудаш дараќ-дараќ ларзид. Нафаси њама ба дарун зад. Нотиќ худро ба даст гирифту айнакашро аз чашм бардошта имдодталабона ба њозирон чашм давонд.
- Тоќиатро гир!.. Сонї... ба гўшат... га-ап ме-да-ро-яд! - Наљот тоќии Нусратро аз сари ў гирифта ба рўйи харак зад.
Дар дањони Нусрат нос будааст, бо бањонаи носашро ба ягон гўша туф кардан ѓурунгос зада аз љояш бархесту канор рафт.
- Ин чї гап... рафиќон?... Тартибу интизом...
- Љим! Хап шав! - сухани нотиќро бурида ба рўйи миз сахт мушт зад Наљот.
Нотиќ ба вай эътино накарда, сўњбатро хулоса карданї шуд, аммо Наљот ба вай маљоли дањан кушодан надод.
- Њой, нотиќ... ѓурмагас барин... ту... не, шумо... Аз њозирон кадоме чуруќќї карду Наљот нотиќро монда ба вай дарафтод:
- Чї гуфтї? А?... Ман маст... Њамон масти... ме-гуфтагиатон...- Вай мушташро гирењ карда ба назди Собир-амак рафт. Баъд ба замин туф карду туфаш ба шими муњандиси љавон - Салимљон расид.
- Чї ало менигарї?! Гап зан, дар дилат армон намонад!
Салимљон гўшашро ба карї зада рўяшро ба тарафи дигар гардонад њам нашуд.
- Њой, олуфта, ба ту мегўям... Наљот баъди хеле хархаша кардан монда шуд магар, ба сари самоворчї рафта аррос зад :
- Њой пит-пилиќ! Чои хунук њаст? Тез барор, набошад... дониста мон.... самоворатро чаппа мекунам...
Самоворчї «њозир -њозир» гўён ба вай як коса чойи хунук дод. Наљот чойи сардро дам кашиду мастона лабонашро чалаппас занонд, сипас ба нотиќ рў оварда гуфт :
- Чї хап шудї? Гап зан. Ташвиќот кун... Ман гўш мекунам.
Аммо баръакси чашмдошти Наљот њозирон якта-якта аз љо бархоста парешон шудан гирифтанд. Вай ногоњ ќоњ-ќоњ зада хандида фиристод. Азбаски хандааш њоло ба хандаи одами маст шабоњат надошт, њама ба якбора ба тарафи вай нигаристанд. Њатто Собир-амаки ба роњ баромадагї њам баргашта нигарист.
- Домулло, - Наљот ба нотиќ, ки ин дам хаскулоњашро гирифта ба роњ равона гашта буд, рў овард: - Мебахшед-дия...Ман шўхї кардам... Инњоро санљиданї шудам...
- Чи-ї?! Бахшидан?! Бетамизї! Мебахшидаем? Хобатонро ба об гўед... Не-е, бахшидан нест! - нотиќ якбора дигар шуд. Ќоматашро росттар гирифта бо шиддат ба назди Наљот омад. - Ман њозир худам ба милиса телефон карданї будам. Мардумро тањќир кун, сўњбатро вайрон куну «мебахшед» будаст!
- Ту - хулиган! Ту шўрапушт, авбош, араќхўр! - якбора ангуштонашро ба чашми Наљот дарафш карда ба сари вай ѓазаб кард чойхоначї.
Наљот пай бурд, ки агар зудтар сабаби ин гуна масхарабозиашро нагўяд, ин мардум ўро зада маъюб мекунанд.
- Маро мебахшед... Ман маст не, њамту... Мо бо маслињат шуморо санљиданї шудем... Ин њамту, як таљриба буд... Ана, Нусрат медонад.
- Мо, њамту як шўхї кардем...-тасдиќ кард Нусрати аз авзои њозирон ба дањшат афтода.
- Мардумро њаќорат медодаст, ба рўяшон туф мекардасту боз маст набудаст!-бо ѓазаб тамасхур кард љавонмарди ќавињайкал.- Ба 02 телефон кунед,- ў ба чойхоначї амр кард.
Наљоту Нусрат аз њама зиёдтар аз тањдиди ў тарсиданд.
- Бародарон, охир ман маст не! - ба миён даромад Нусрат. Мо санљидан хостем... Барои таљриба... Ана шишаро бинед, араќ не, об... Дањанашро бў кунед.
- Не-е! Акнун халос намешавед. Бањонаи ёфтагиашро нигаред! 15 шабонарўз љазои наќд мегиреду баъд...-зањрханда кард љавонмарди тануманд.
Наљот ва Нусрат бо забони лол ба рўйи якдигар нигариста монданд. Баъд Нусрат ба њама шунавонда гуфт:
- Бо њамон мастї аз чойхона баромада равї, њељ гап набуд. Ягон кас ѓингї намекард. Инњо аз одами њушёр наметарсанд...
МУНДАРИЉА
ТУХМИ НЕКЇ МЕПОШИД…………....................………...3
БОБО……………………………….................………………..13
ЯК РЎЗ НЕ, ЯК РЎЗ…………………………………….........27
МУАЛЛИМИ САХТГИР…………….........…………………39
ГЎШТИГИРЇ…………………..........................……………49
ЊАЌИЌАТИ ТАЛХ………………….............………………..60
КАМГАП ……………………………………………………….71
БУДУ ШУД 83-ТИН…………………………………………...76
БУЗЃОЛА ВА ПИСАРАК……………….............…………..83
ДАКАНГ………………………….............……………………91
РАМИДА………………………………..............……………..96
ЧЇ СОН АЪЛОХОН ГАШТАМ?……......................…….107
ТАЉРИБА …………………………………………………….120
Бањром Фирўз
Муаллими сахтгир
(Маљмўаи њикояњо)
Мусаввир У. Ашўров
Муњаррири сањифабандї М. Саидова
Чопи компутарии Мавзунаи Пайванд
Мусањњењ Р. Атоева
Ба матбаа 18.04. 2007 тањвил шуд. Чопаш 28.05.2007 ба имзо расид. Андозаи 60х841/16. Коѓази офсетї. Чопи офсетї. Љузъи чопии шартї 8. Љузъи нашрию њисобї 8,12. Адади нашр 1000 нусха. Супориши №77.
Нашриёти «Адиб»-и Вазорати фарњанги
Љумњурии Тољикистон.
734018, ш. Душанбе, кўчаи Н. Ќаробоев, 17а
Дар ЉСШК «Матбуот»-и Вазорати фарњанги
Љумњурии Тољикистон чоп шудааст.
734025, ш.Душанбе. хиёбони Рўдакї, 37
Достарыңызбен бөлісу: |