РЎйхати ихтисороти шартї



бет3/3
Дата11.06.2016
өлшемі490.42 Kb.
#127868
1   2   3

ж) омоси бадсифати пањнгашта њолате мебошад, ки њангоми он имконияти эњтимолии табобат вуљуд дорад ё ба мўњлати бештар умри беморро дароз кардан мумкин аст (масалан, лейкемияи шадиди кўдакон): расонидани кўмаки тиббию санитарии мувофиќ бо маќсади баланд бардоштани миќдори зинда мондан, паст намудани миќдори фавт ва баланд бардоштаи сифати њаёт;

з) омосњои бадсифат дар марњилањои дершуда: фаъол намудани чорањо оид ба бартараф намудани дардњо ва дигар нишонањо, баланд бардоштани сифати њаёти бемор ва оилаи онњо.

Сиёсат ва стратегияи Барномаи мазкур ба тавсияњои ТУТ, таљрибаи љањонї, вазъи эпидемиологї,  њолатњои иљтимоию иќтисодии љумњурї ва хусусиятњои милли он, инчунин захирањои мављудбуда асос меёбад.

7. Стратегияи Барнома

Дар назар дорад:

- тайёр намудани роњбарони Барнома дар сатњњои гуногун ва муассисањои заминавї;

- тањия ва тасдиќи санадњои меъёрии њуќуќї, ки тартиби ташкили муборизаро бо омосњои бадсифат ва расонидани кўмаки тиббиро ба беморони омоси бадсифат танзим менамояд;

- такмили њуљљатњои баќайдгирию њисоботии давлатии соњаи саратоншиносї ва таъсиси кансер-регистр;

- такмили барномањои тайёркунии тахассусї ва азнавтайёркунии мутахассисони соњаи саратоншиносї ва радиологияи тиббї: табибон, кормандони миёнаи тиб ва донишљўён;

- тањияи талаботи нави тахассусї оид ба саратоншиносї ва радиологияи тиббї барои табибон ва кормандони миёнаи тиб;

- тањияи наќшаи назорат ва идораи бобњои Барнома, ки пешгирии аввалия, дуюмдараља ва сеюмдараљаи омосњои бадсифатро дар бар мегирад;

- созмон додан ва васеъ намудани шабакаи ташхисгоњњои ситологї љињати ташхиси ибтидоии омосњои бадсифат;

- истифода ва ворид намудани дастовардњои навтарини илм дар соњаи пешгирї, ташхиси ибтидої ва табобати омосњои бадсифат.

8. Ўњдадорињои сиёсї
Сиёсати Барнома аз омилњои зеринро ба асос мегирад:

- тасдиќ ва дастгирии «Барномаи миллии пешгирї, ташхис ва табобати беморињои саратон барои солњои 2010-2015» аз љониби Њукумати Љумњурии Тољикистон»;

- созмон додани Кумитаи миллї оид ба Барнома;

- маблаѓгузории Барнома;

- созмон додан ва дастгирии системаи мониторинг ва арзёбии Барнома;

- њамгирої бо дигар барномањои миллии соњаи тандурустї;

- њамкорї бо ташкилотњои байналмилалї ва ѓайридавлатї;

- дастгирии табаќањои гуногуни ањолї.


9. Системаи иттилоотї
Системаи иттилоотї Барномаро бо маълумоти оморї, ки барои идоракунї, мониторинг ва арзёбии иљрои Барнома дар њама сатњњо зарур мебошанд, таъмин менамояд.

Принсипи асосии фаъолияти система дар тамоми ќаламрави љумњурї истифода бурдани њуљљатњои ягонаи баќайдгирию њисоботиро оид ба саратоншиносї пешбинї менамояд:


- огоњинома барои бемори бори аввал бо омосњои бадсифат ба ќайд гирифташуда – ф № 090/у;

- нусха аз вараќаи тиббии бемори статсионарї - ф.№ 027-2/у;

- протокол дар бораи ОБ-и пањнгашта (дар натиљаи мўњлати табобати онро гузаронидан)– ф №027/2у

- вараќаи назорати диспансерї (онко)- ф №030-6/у

- њисобот дар бораи контингенти беморони гирифтори омосњои бадсифат - форма №35

- њисобот оид ба омосњои бадсифат – форма №7

10. Тайёр намудани кормандон
Тайёрии заминавии кормандон дар ДДТТ ба номи Абўалї ибни Сино, коллељњои тиббї ва баъдан дар ДТИБКТТ амалї карда мешавад. Тайёрии баъдидипломии мутахассисон, такмили ихтисоси њам роњбарони барномаро дар сатњњои гуногун ва њам мутобиќи консепсияи нави таълими табибони амалияи умумї, табибони оилавї, кормандони миёнаи тиббї, табибони дигар ихтисосњо, инчунин тайёрии махсуси табибон-лаборантњо, табибон-рентгенологњо, эндоскопистњо, табибон-морфологњо, ситологњоро дар назар дорад.

Тайёрии кормандон аз рўи азхудкунии методњои муосири пешгирї, ташхис ва табобати омосњои бадсифати љойгиршавии гуногун гузаронида мешавад. Кори омўзишї оид ба усулњои муайян намудани варами љойгиршавии беруна (пўст, ѓадудуди ширї, гарданаки бачадон) ба наќша гирифта мешавад. Ѓайр аз ин тайёр намудани мутахассисони баландихтисос ва илмї барои љумњурї дар асоси њамкорї дар доираи Ассотсиатсияи Шўрои директорони Пажўњишгоњњои илмию тањќиќотї ва марказњои саратоншиносию рентген-радиологии давлатњои аъзои ИДМ амалї карда мешавад.


11. Наќшаи татбиќи барнома
Вазифаи № 1 – Баланд бардоштани сифати чорабинињои пешгирикунанда дар байни ањолї, дар тамоми сатњњои низоми тандурустї, њамкории зич бо вазорату идорањои манфиатдор барои камшавї ва пешгирии таъсири омилњои хавфи кансерогении бемории саратон.
1. Чорабинињо:
- тањияи санадњои меъёрии ба кам намудани истеъмоли тамоку ва машруботи спиртї равонашуда;

- муайян намудан, бањисобгирї ва ба ќайди давлатї гирифтани истењсолоти кансерогенї, муайян кардани номгўйи кансерогенњо ва воситањои хавфноки кансерогение,ки дар Тољикистон мављуданд;

- иштирок дар тањияи лоињаи Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи назорати маводи кансерогенї, љараён ва истењсоли онњо»;

- иштирок дар тањияи фењристи давлатии шахсоне, ки бо соњањои химия, физика, биология, радиатсия ва дигар намудњои кансерогенї алоќаи касбї доранд;

- фаъолона муайян намудани оилањои беморињои саратони хусусияти ирсидошта, машварат ва назорати доимии онњо (ташкили фењристи онкогенетикї);

- таъмини барномаи ваксинатсияи зидди вирусњои гепатити В, ВПО;

- чорабинињо оид ба корњои маърифатии зиддисаратонї ва маърифатї дар байни ањолї;

- љорї намудани силсилаи машѓулиятњо оид ба пешгирии омосњои бадсифат, ташвиќи тарзи њаёти солим дар барномањои таълимии муассисањои тањсилоти миёнаи умумї ва олии касбї;

- ба таври мунтазам гузаронидани намоиш ва гуфтугўњои мустаќим дар васоити ахбори омма бо олимон ва табибони саратоншинос оид ба масъалањои пешгирї, ташхиси ибтидої, табобат ва офияти (реабилитатсияи) омосњои бадсифат;

- омода намудани мавод оид ба масъалањои пешгирї ва ташхиси пешакии омосњои бадсифат ва нашри мунтазами онњо дар матбуоти даврї;

- дар якљоягї бо Кумитаи телевизион ва радиои назди Њукумати Љумњурии Тољикистон тањия ва намоиши филмњои мустанад, мусоњиба бо шахсони аз ин беморињо шифоёфта;

- нашри китобча ва дафтарчањои хотиравї оид ба масъалањои пешгирї ва ташхиси ибтидоии омосњои бадсифат;

- ташвиќи мунтазами тарзи њаёти солим тавассути васоити ахбори омма ;
Индикаторњои арзёбї:
- то соли 2011 тањия ва тасдиќи санадњои меъёрии ба кам намудани истеъмоли тамоку ва машруботи спиртї равонашуда аз љониби Њукумати Љумњурии Тољикистон;

- то соли 2011 амалї намудани баќайдгирии давлатии истењсолоти хавфи кансерогенидошта ва муайян кардани номгўйи воситањои хавфноки кансерогении дар Тољикистон мављудбуда;

- то соли 2012 тањия намудани лоињаи Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи назорати моддањои кансерогенї, љараён ва истењсоли онњо»;

- то соли 2012 фењристи шахсоне, ки бо моддањои химиявї ва дигар воситањои кансерогенї алоќаи касбї доранд ташкил карда мешавад;

- то соли 2013 фењристи онкогенетикї ташкил карда мешавад;

- то соли 2013 бештар аз 70 фоизи ањолї бар зидди гепатити В, ВПО эм (ваксинатсия) карда мешавад;

- то соли 2012 бештар аз 70 фоизи ањолї вобаста ба самтњои инкишофи омилњои хавфи омосњи бадсифат (тамокукашї, алкогол, истеъмол, ирсї ва дигар) бо корњои маърифатї фаро гирифта мешаванд;

- то соли 2011 ба барномањои таълимии муассисањои тањсилоти миёнаи умумї ва олии касбї силсилаи машѓулиятњо оид ба пешгирии омосњои бадсифат ва ташвиќи тарзи њаёти солим ворид карда мешаванд;

- тавассути телевизиону радио баромади саратоншиносон, ходимони илмї оид ба пешгирии омосњои бадсифат мунтазам ташкил карда мешавад;

- дар матбуоти даврї масъалањои пешгирї ва ташхиси пешакии омосњои бадсифат мунтазам инъикос карда мешаванд;

- то соли 2014 якљоя бо Кумитаи телевизион ва радиои назди Њукумати Љумњурии Тољикистон филмњои мустанад бо иштироки беморони аз омосњои бадсифат шифоёфта тањия карда мешаванд;

- њамасола китобчањо, буклет ва дафтарчањои хотиравї барои доираи васеи ањолї оид ба пешгирї ва ташхиси пешакии омосњои бадсифат нашр карда мешаванд;

- тавассути васоити ахбори омма тарзи њаёти солим мунтазам тарѓиб намуда мешавад.
Вазифаи №2. Бењтар намудани сифат ва дастрасии хизматрасонии тиббї оид ба ташхиси пешакии омосњои бадсифат дар сатњи КАТС, бахши госпиталии фарогирии васеи ањолї бо муоинаи пешакї, тањия ва татбиќи барномањои скринингї, ки ба усулњои тибби собиткунанда асос ёфтаанд.
2. Чорабинињо
- тањияи њуљљатњои батартибдароранда оид ба гузаронидани скрининги мунтазами афзалиятноки (ѓадуди шир, меъда, гарданаки бачадон, пўст, системаи хунофишон ва лимфавї, шуш) бо муайян намудани гурўњњои синнусолї, даврияти муоина, таъминоти моддї ва ѓайра;

- љорї намудани низоми скрининги афзалиятноки омосњои бадсифат дар сатњи миллї;

- дар заминаи беморхонањои калони шањрї ва ноњиявї ташкил намудани марказњои скринингии ташхисї бо таъмини таљњизоти зарурии лабораторї-техникии муоинаи васеъ (эндоскопия, флюрография, ситология);

- таъмини минтаќањои љумњурї бо маммографњои муосир барои ташхиси пешакии саратони ѓадуди шир;

- васеъ намудани шабака ва такмили муљањњазгардонї, дастрасии лабораторияњои ситологии љумњурї;

- гузаронидани паспортизатсияи таљњизоти эндоскопї ва рентгенологии тамоми муассисањои тиббию профилактикии љумњурї бо маќсади муайян намудани њолати техникї ва коршоямї;

- васеъ намудани шабакањои ташхисгоњњои патоморфологї, мустањкам намудан ва такмил додани таљњизот, таъмини дастрасии онњо;

- таъмини мунтазами ташхисгоњњо бо реактивњо барои гузаронидани тестњои гирифтории ВПО;

- мустањкам намудани таъминоти моддию техникии муассисањои махсуси саратоншиносї оид ба ташхиси пешакии омосњои бадсифат;

- ташкили барномањои таълимї барои кормандони КАТС, шабакаи умумии табобатї оид ба ташхиси пешакии омосњои бадсифат;

- тањия ва нашри дастурњои методї барои кормандони КАТС, шабакаи умумии табобатї оид ба ташхиси пешакии омосњои бадсифат;

- ташкили семинарњо барои КАТС ва шабакаи умумии табобатї бо маќсади баланд бардоштани дараља њушёрї дар соњаи саратоншиносї;

- табобати сариваќтии омосњои хушсифат ва беморињои пешазомосї;

- дар сатњи миллї таъсис додани хазинаи маълумоти гурўњњои маќсадноки бо скрининг фарогирифташуда;

- дар асосњои њуќуќї ташкил намудани кансер-фењрист;

- тайёр намудани мутахассисон – табибони ситолог ва морфолог, лаборантњо.


Индикаторњои арзёбї
- то соли 2011 њуљљатњои батартибдароранда оид ба гузаронидани скрининги мунтазами афзалиятноки омосњои бадсифат (ѓадуди шир, меъда, гарданаки бачадон, пўст, шуш, системањои лимфа ва хунофар) бо муайян намудани гурўњњои синнусолї, даврияти муоина, таъминоти моддї ва ѓайра тањия мешаванд;

- то соли 2012 дар 2 ноњияи таљрибавї, то соли 2015 дар сатњи миллї системаи скрининги мунтазами афзалиятноки омосњои бадсифат љорї карда мешавад. То соли 2015 бештар аз 90 фоиз занњои гурўњњои маќсаднок аз муоинаи тестии маводи аз гарданаки бачадон гирифташуда гузаронида мешаванд, 70 фоиз занњои синни 50-69 сола муоинаи скринингї гузаронида мешаванд (барои барномањои маммографї), бештар аз 70 фоиз мардхои синни аз 40 калонтар муоинаи флюрографиро мегузаранд, наздики 50 фоиз нафарони бо маризии саратони шикам гирифтор аз муоинаи эндоскопї мегузаранд.

- то соли 2013 дар минтаќањо, дар заминаи Беморхонаи клиникии шањрї ва Беморхонаи марказии ноњиявї марказњои скринингї ташкил карда мешаванд.

- то соли 2014 тамоми минтаќањои љумњурї бо маммографњо барои гузаронидани скрининги саратони ѓадуди шир таъмин карда мешаванд.

- то соли 2014 дар тамоми муассисањои махсусгардонидашудаи онкологї, БКШ ва БМН-и калон лабораторияњои ситологї фаъолият менамоянд.

- то соли 2011 паспортизатсияи таљњизоти эндоскопї ва рентгенологии муассисањои тиббию профилактикии љумњурї бо маќсади муайян намудани њолати техникї ва коршоямии онњо гузаронида мешаванд.

- то соли 2015 дар њамаи минтаќањои љумњурї лабораторияњои морфологї фаъолият менамоянд.

- лабораторияњо оид ба муайян намудани ВПО мунтазам бо реактивњо таъмин карда мешаванд;

- то соли 2014 МЉ ИС бо ТМР таъмин карда шудаанд, дар њамаи минтаќањо лабораторияњои иммунологї оид ба муайян намудани маркерњо амал менамоянд.

- то соли 2011 беш аз 70 фоиз кормандони КАТС аз курсњои такмили ихтисос аз рўи ташхиси пешакии омосњои бадсифат мегузаранд.

- њамасола дастурњои методї барои кормандони КАТС оид ба ташхиси пешакии омосњо нашр карда мешаванд.

- њамасола дар тамоми марказњои тибби оилавї семинарњо оид ба пешгирї ва ташхиси пешакии омосњои бадсифат гузаронида мешаванд.

- то соли 2015 бештар аз 80 фоиз беморони гирифтори беморињои омосњои хушсифат ва пешазомосї табобати сариваќтии босифат мегиранд.

- то соли 2015 дар сатњи миллї базаи маълумоти гурўњњои маќсадноки ањолии бо скрининг фарогирифташуда ташкил карда мешаванд.

- то соли 2015 кансер-фењристи дар заминаи њуќуќї амалкунанда ташкил карда мешавад.
Вазифаи 3. Ноил шудан ба сифати хуб, дастрасї ва такомули расонидани ёрии махсусгардонидашудаи саратоншиносї ба ањолї бо назардошти љорї намудани технологияи муосир.
3.Чорабинињо
- тањияи санадњои меъёрии њуќуќии батартибдарорандаи низоми ташкили мубориза бар зидди саратон ва расонидани ёрии тиббї ба беморони гирифтори омосњои бадсифат;

- тањияи протоколњои табобати омосњои бадсифати афзалиятнок бо назардошти зинаи афзоиш ва сохтори морфологї;

- тањияи асосњои равона намудани беморон барои табобат;

- тањия ва љорї намудани санадњои меъёрии њуќуќї оид ба љанбањои гуногуни табобати беморони гирифтори омосњои бадсифат;

- таъсиси Кумитаи этикї оид ба љанбањои гуногуни табобати саратон;

- такмили таъминоти моддии техникии марказњои махсусгардонидашуда бо таљњизоти табобатї;

- таъмини дастрасии муолиљаи шуої барои ањолии вилояти Суѓд ва ВМКБ;

- таъминоти муассисањои махсусгардонидашудаи саратоншиносї бо дорувории химиявї;

- љорї намудани усулњои нави табобат дар муассисањои махсусгардонидашуда;

- такмили барномаи тайёрии касбї ва такмили ихтисоси табибон, кормандони миёнаи тиббї ва донишљўён оид ба саратоншиносї ва радиология;

- тањияи талаботи нави ихтисосї оид ба саратоншиносї ва радиологияи тиббї барои аттестатсияи табибон ва кормандони миёнаи тиббї;

- љорї намудани дахолатњои таъљилии васеъ ва муштарак дар шароити марказњои саратоншиносии вилоятї;

- баланд бардоштани сифати расонидани ёрии махсусгардонидашудаи саратоншиносї;

- тайёр намудани мутахассисони соњаи саратоншиносї: љарроњи саратоншинос, радиолог, химиотерапевт барои марказњои махсусгардонидашудаи вилоятї;

- тадќиќоти илмї оид ба љињатњои гуногуни табобати омосњои бадсифат;

- гузаронидани конференсияњои илмї ва форумњо;


Индикаторњои арзёбї

- то соли 2010 санадњои меъёрии њуќуќї, ки низоми ташкили мубориза бар зидди омосњои бадсифат ва расонидани ёрии тиббиро ба беморони гирифтори омосњои бадсифат ба тартиб медароранд, тањия карда мешаванд;

- то соли 2010 протоколњои табобати омосњои бадсифат афзалиятнок тањия карда мешаванд;

- то соли 2010 присипњои равона намудани беморони гирифтори омосњои бадсифат барои табобат тањия карда мешаванд;

- то соли 2011 санадњои меъёрии њуќуќии љанбањои гуногуни табобати омосњои бадсифат тањия карда мешаванд;

- то соли 2011 Кумитаи этикї ташкил карда мешавад;

- то соли 2015 бинои љарроњии Маркази љумњуриявии илмии саратоншиносї ба истифода дода мешавад;

- то соли 2015 дар вилояти Суѓд ва ВМКБ шўъбаи терапияи шуої фаъолият менамояд;

- то соли 2012 дар тамоми минтаќањои љумњурї дорухонањои марказонидашудаи фурўши доруворињо барои муолиљаи кимиёї фаъолият мекунанд;

- то соли 2013 дар муассисањои махсусгардонидашуда усулњои нави табобат љорї карда мешаванд;

- то соли 2013 барномаи тайёрии касбї ва такмили ихтисоси кормандони соњаи саратоншиносї таљдиди назар шуда, мукаммал гардонида мешавад;

- то соли 2012 талаботи нави ихтисосї оид ба саратоншиносї ва радиологияи тиббї барои аттестатсияи табибон ва кормандони миёнаи тиббї тањия карда мешавад;

- то соли 2014 табибони саратоншиноси марказњои вилоятї техникаи иљрои амалиёти таъљилии муштарак ва маљмўиро азхуд намуда, 3 маркази вилоятии саратоншиносї (Хатлон, ВМКБ, Суѓд) бо табибони маммолог, саратоншинос-гинеколог, љарроњон-саратоншиносњои торакоабдоминалї, онколог-радиолог ва химиятерапевтњо таъмин мешаванд;

- то соли 2012 миќдори нуќсњои (осложнения) баъдиљарроњї ва фавт ба њадди аќал расонида мешаванд, то соли 2015 нишондињандањои фавт аз омосњои бадсифат то 20 фоиз кам карда шуда, бидуни дубора пайдо шудани омос зинда мондани одамон зиёд карда мешавад;

- то соли 2015 тамоми муассисањои махсусгардонидашуда бо кормандони касбї таъмин карда мешаванд;

- то соли 2015 4 рисолаи номзадї ва 2 рисолаи докторї њимоя карда мешаванд;

- дар соли 2010 анљумани саратоншиносони давлатњои ИДМ гузаронида шуда, дар соли 2013 конференсияи љумњуриявии илмию амалї гузаронида мешавад.
Вазифаи 4. Бењтар намудани сифати расонидани ёрии паллиативї ба беморони гирифтори саратон дар сатњи кўмаки аввалияи тиббию санитарї, шабакањои умумии табобатї, муассисањои махсусгардонидашудаи саратоншиносї ва дар хона.
4. Чорабинињо
- тањияи системаи ягонаи расонидани кўмаки паллиативї ба беморони гирифтори саратон;

- тањияи санадњои меъёрии њуќуќї оид ба расонидани кўмаки паллиативї ба беморони гирифтори саратон;

- ташкили катњои махсусгардонидашуда дар БМН, БКШ ё шўъбањои кўмаки паллиативї дар назди марказњои саратоншиносї;

- такмили барномаи таълими системаи кўмаки аввалияи тиббию санитарї, хадамоти госпиталї оид ба кўмаки паллиативї;

- таъмин намудани тайёрии касбии кормандони кўмаки аввалияи тиббию санитарї оид ба масъалањои кўмаки паллиативї ва кам кардани дард њангоми бемории саратон;

- таъмин намудани тайёрии касбии кормандони шабакањои умумии табобатї оид ба рсонидани кўмаки паллиативї;

- таъмини дастрасии расонидани кўмаки паллиативї дар њамаи зинањои сохтори тандурустї;

- ташкили барномањои таълимї барои хешовандони беморони гирифтори саратон оид ба расонидани кўмаки паллиативї;

- омода намудани мутахассисони кўмаки паллиативї;

- таъмини дастрасии дорувории опиоидї барои бедардкунї;


Индикаторњо
- то соли 2011 шабакаи ягонаи кўмаки паллиативї ба беморони гирифтори саратон тањия мегардад;

- то соли 2011 санадњои меъёрии њуќуќї оид ба кўмаки паллиативї ба беморони гирифтори саратон тањия мегарданд;

- то соли 2012 дар назди БМН ва БКШ катњо барои расонидани кўмаки паллиативї ташкил карда мешаванд ва дар назди МЉ ИС Шўъбаи кўмаки паллиативї кушода мешавад;

- то соли 2012 барномаи таълими шабакањои кўмаки аввалияи тиббию санитарї, хадамоти госпиталї оид ба кўмаки паллиативї аз сари нав дида ва такмил дода мешаванд;

- то соли 2013 бештар аз 70 фоиз тайёрии кормандони шабакањои кўмаки аввалияи тиббию санитарї оид ба кўмаки паллиативї таъмин карда мешавад;

- то соли 2014 бештар аз 50 фоиз кормандони шабакањои умумии табобатї омўзиши кўмаки паллиативиро мегузаранд;

- то соли 2014 дастрасї барои расонидани кўмаки паллиативї таъмин карда мешавад;

- то соли 2014 хешовандони беморони гирифтори саратон бо принсипњо ва малакањои расонидани ёрии паллиативї дар хона омўзонида мешаванд;

- то соли 2015 мутахассисон оид ба расонидани ёрии паллиативї дар муассисањои махсусгардонидашудаи саратоншиносї, шабакањои умумии табобатї, кўмаки аввалияи тиббию санитарї ва дар хона тайёр карда мешаванд;

- то соли 2015 дастрасии дорувории опиоидї барои беморони гирифтори саратон муњайё карда мешавад;

- то соли 2014 зиёда аз 70 фоиз кормандони муассисањои КАТС оид ба принсип ва малакањои расонидани кўмаки паллиативї омўхта мешаванд.

- то соли 2013 дар назди марказњои саломатии ноњиявї њуљрањои терапияи зиддидардї барои беморони гирифтори омосњои бадсифат фаъолият менамоянд.


12. Мониторинг ва арзёбии Барнома


Барои татбиќи бомуваффаќияти Барномаи миллї арзёбии мунтазами он, ки ба асосњои меъёрњои арзёбии худи љараён ва њам натиљањои он такя мекунад, њалкунанда мебошад. Воситаи аз њама сарфакоронаи арзёбии муњимият ва ќобилияти њаётї доштани барномаи мазкур метавонад лоињаи таљрибавї бошад ва њама гуна норасоињои наќшаи барнома дар марњилаи аввал ошкор шуда, метавонад бе ќатъшавии љиддии фаъолияти мављуда дар соњаи тандурустї ва ё харољоти иловагии захирањои мањдудбуда ислоњ карда шаванд.

Мониторинг ва арзёбии тамоми ќисматњои Барномаи миллї аз рўи нишондињандаи зерин амалї карда мешаванд: меъёрњои арзёбии љараён, меъёрњои арзёбии таъсир ва меъёрњои арзёбии натиљањо.


1) Мониторинг ва арзёбии вазифањо оид ба пешгирї
а) Меъёрњои арзёбии љараён
- фарогирии васеи ањолї бо маърифатнокї оид ба масъалањои хўроки безарар, зарари тамокукашї, истеъмоли машруботи спиртї, дар бораи хавфи таъсири шуои офтоб;

- бештар аз 80 фоиз кормандони шабакаи кўмаки аввалияи тиббию санитарї иттилооти санитарию маърифатиро оид ба эмкунии зидди вируси гепатити В мегиранд;

- зиёда аз 2 чораи зидди машруботи спиртї ва зиёда аз 4 чораи ќонунгузорї оид ба назорати тамоку дар њаёт татбиќ карда мешаванд.
б) Меъёрњои арзёбии таъсир
- бештар аз 80 фоиз мактаббачагони аз 10 сола боло оид ба зарари тамокукашї, хатари бадмастї маълумот доранд;

- бештар аз 50 фоиз калонсолон оид ба алоќаи байни машрубот, тамокукашї ва бемории саратон огоњанд.


в) Меъёрњои арзёбии натиљањо
- бештар аз 30 фоизи калонсолон таѓйироти меъёри хўрокро дар амал фаъолона татбиќ менамоянд, истифодаи машруботи спиртиро кам карданд ва ё аз тамокукашї даст кашиданд;

- камшавии теъдоди ошкор намудани беморињои системаи узвњои дилу рагњои хунгард, беморињои роњњои нафас, гепатити В ва ѓайра;

- камшавии фавт аз бемории саратони шуш, пастшавии њодисањои беморшавии саратони ѓадуди ширї, меъда ва дигар намудњо;

2) Мониторинг ва арзёбии вазифањо оид ба муайянсозии ибтидоии саратон


- арзёбии фарогирии ањолї бо барномаи скрининг;

- муайян намудани њиссаи одамони гирифтори беморињои пешазомосї ё аз меъёр дуршаванда;

- муайян намудани њиссаи тамоми беморињои шакли муайяни саратон;

- мониторинги сифати техникии тестњои скринингї ва воситањои дар скрининг истифодашаванда;

- арзёбї ва мониторинги тайёрии касбии кормандон;
3) Мониторинг ва арзёбии вазифањо оид ба табобати беморињои саратон
- тањияи принсипњои роњбарикунанда ва стандартњои табобати бемории саратон оид ба њар як намуди он;

- дастрасии доруворињо аз номгўи воситањои асосии маводи дорувории ТУТ барои стифода њангоми муолиљаи кимиёї;

- дастрасии муолиља бо шуоњо;

- тайёрии касбии мутахассисони радиолог-саратоншинос, саратоншинос-терапевт, саратоншинос-љарроњ ва техник-радиолог;

- њиссаи беморони саратон, ки табобати сињатшаванда мегиранд;

- бењтаршавии коэффитсиенти 1-солаи зинда мондан;

- бењтаршавии коэффитсиенти 5-солаи зинда мондан;
4) Мониторинг ва арзёбии вазифањо оид ба табобати паллиативии беморони гирифтори саратон
- тањияи стратегияи миллї;

- дастрасии воситањои доруворї;

- тайёрии касбии саратоншиносон, кормандони шабакаи умумии табобатї, кўмаки аввалияи тиббию санитарї оид ба расонидани ёрии паллиативї ба беморон;

- самаранокии кўмаки паллиативї дар марказњои махсусгардонидашудаи саратоншиносї;

- самаранокии кўмаки паллиативї дар беморхонањои минтаќавї ва ноњиявї;

- самаранокии кўмаки паллиативї дар хонањо;


13. Тайёр намудани кадрњо
Сафарбарии иљтимої
Маќсади сафарбарии иљтимої иштироки фаъолонаи беморони гирифтори саратон, хешовандони онњо, саратоншиносон ва табибони дигар ихтисосњо, кормандони кўмаки аввалияи тиббию санитарї, кормандони зинаи миёнаи тиббї, њамчунин ташкилотњои давлатї, љамъиятї, динї дар њалли масъалањои пешгирї, ташхис, табобат ва бењтар намудани сатњи зиндагии беморони гирифтори саратон мебошад.

Стратегияи татбиќи сафарбарии иљтимої дар бар мегирад:

- тањия ва нашри маводи методї оид ба бемории саратон барои кормандони соњаи тиб, ходимони дин, ташкилотњои љамъиятї ва истифодаи оммавї;

- таъмини иттилоотонии ањолї оид ба беморињои саратонї тавассути ВАО;

- њамкории байнисоњавї.

14. Тавсеаи иттилоот


Мушкилоти пешгирї ва ташхиси пешакї, табобати бемории саратон, ки ба таљрибаи љањонї асос ёфтаанд, дар барномањои мунтазами телевизион ва радиои миллї, сўњбатњо, овезањо, китобчањо ва нашрномањои даврї пешнињод карда мешаванд.

15. Боби иќтисодї


Татбиќи Барнома дар њолати маблаѓгузории пурраи њамаи бобњои он аз њисоби воситањои барои соњаи тандурустї пешбинишуда ва дастгирии ташкилотњои байналмилалї имкон дорад.

Маблаѓњо њангоми татбиќи Барнома барои харидории воситањои техникї, таљњизоти ташхисю доруворї ва таљњизоте, ки барои њифзи манфиатњои беморони гирифтори саратон, инчунин харољот барои наќлиёт оид ба гузаронидани корњои табобатию пешгирикунанда, ташкилию методї, машваратї ва иттилоотї зарур мешаванд.

16. Буљет
Барномаро Вазорати тандурустии Љумњурии Тољикистон, маќомоти иљроияи мањаллии њокимияти давлатї дар доираи воситањои барои соњаи тандурустї пешбинишуда маблаѓгузорї менамоянд.

Барои рушди бомуваффаќият ва татбиќи Барнома, љумњурї ба кўмаки молиявї ва техникии ТУТ, ташкилотњои байналмилалии МАГАТЭ, Лоињаи ХОУП, «Дорусозон бидуни марз», сарњад надоранд», Лоињаи ЗдравПлюс, Хазинаи Сорос, Хазинаи Оѓо Хон ва дигар ташкилотњои байналмилалї ва фармасевтї эњтиёљ дорад.



Вазоратњои дахлдор (Вазорати тандурустии Љумњурии Тољикистон, Вазорати рушди иќтисод ва савдои Љумњурии Тољикистон, Вазорати молияи Љумњурии Тољикистон) њангоми тањияи наќшаи муфассали татбиќи Барномаи мазкур буљети харољоти онро тањия намуда, барои тасдиќ ба Њукумати Љумњурии Тољикистон пешнињод менамоянд.




Достарыңызбен бөлісу:
1   2   3




©dereksiz.org 2024
әкімшілігінің қараңыз

    Басты бет