3) То њанўз расонидани кўмаки паллиативї дар Тољикистон дар сатњи ќонунгузорї муќаррар нашудааст. Њарчанд давлат ва љомеа муњим будани ин масъаларо, ки он на танњо мушкилоти тиббї, балки иљтимої низ дорад ва зарурати дар љумњурї ташкил намудани хадамоти ёрии паллиативиро расман эътироф намудаанд, вале дар ин самт то њанўз чорањои мушаххас андешида нашудаанд. Ёрии паллиативї ба ќатори афзалиятњои асосии рушди тандурустии Тољикистон дар солњои наздик дохил карда нашудааст. Дар њуљљатњои барномавї ва стратегї на масъалањои ёрии паллиативї ва на роњњои њалли онњо зикр намешаванд. Бо вуљуди дар љумњурї амал намудани шабакаи васеи муассисањои муолиљавию пешгирї дар њељ яки он шўъбаи нигоњубини паллиативии беморони зинаи нињої ва хосписњо вуљуд надорад. Системаи ягонаи расонидани ёрии паллиативї ба беморони саратон дар низоми тандурустии љумњурї вуљуд надорад ва тањия карда нашудааст.
Тањќиќоти муштараки кормандони Маркази илмии саратоншиносї дар якљоягї бо Хазинаи Сорос муайян намуд, ки монеањои асосии расонидани ёрии паллиативї дар љумњурї њамон монеањое мебошанд, ки дар бисёр давалатњои хориљї ба мушоњида мерасанд, аз љумла:
- ба ќадри зарурї эътироф, арзёбї ва дастгирї наёфтани муњимияти масъалаи мазкур аз љониби ходимони сиёсї ва сохторњои давлатии алоќаманд;
- ба ќадри кофї дастрас нашудани дорувории гурўњи опиоидњо;
- номукаммал ё мављуд набудани системаи ягонаи расонидани ёрии паллиативї;
- мављуд набудани муассисањо, шўъбањо ва хосписњои махсусгардонидашуда;
- нарасидани иќтидори кадрии ба принсипњои ёрии паллиативї омўзонидашуда;
- мављуд набудани марказњои таълимию методї ва амалї оид ба тайёр намудани мутахассисон дар ин самт;
- ба таври кофї љињозонида нашудан ва нарасидани таљњизот барои табобат ва нигоњубин;
- нарасидани адабиёт ва маводи таълимиву методї;
- нарасидани имконият барои гузаронидани тањќиќоти илмї;
- ќолабњои манфии фарњангї.
4) Њолати инфрасохтори моддї ва бо техникаи муосири ташхисию муолиљавї ва маводи таъиноти тиббї муљањњаз будани муассисањои махсусгардонидашудаи саратоншиносии љумњурї ба худ диќќати махсусро љалб менамояд. 90 фоизи ин таљњизот фарсуда ва кўњна шуда, ќисми зиёди онњо аз кор баромадаанд. Дар сармуассисаи саратоншиносии љумњурї маммограф, ТК ва ТМР вуљуд надоранд.
5) Барои бо шуоњо муолиља намудани беморони саратон шўъбаи махсусгардонидашуда танњо дар МЉ ИС (шањри Душанбе) фаъолият мекунад, ки дар соли 2006 бо дастгирии Президенти мамлакат ва Њукумати Љумњурии Тољикистон дар доираи лоињаи МАГАТЕ муљањњаз гардонида шудааст. Бинобар дурии роњ ва харољоти зиёди роњкиро, барои беморони ВМКБ ва вилояти Суѓд бо шуоњо муолиља гирифтан мушкил аст. Вобаста ба ин талабот ба кушодани шўъбањои уолиља бо шуоњо дар ин вилоятњо, муљањњаз кардани онњо ва тайёр намудани мутахассисон оид ба бо шуоњо табобати нурдармонї ба миён меояд. Маркази саратоншиносии ВМКБ дар њолати њузнангез ќарор дошта, ба ягон талаботи санитарию зиддисўхторї љавобгў нест.
6) Имрўзњо дар љумњурї барои бо ёрии кимиё (химиотерапия) муолиља намудани беморони саратон шабакаи марказонидашудаи дорухонањо барои фурўши доруњои зурурї мављуд нест. Зарурати тањияи дурнамои муолиља бо ёрии кимиё зимни тасдиќи рўйхати воситањои асосии доруворї дар ин самт ба миён омадааст.
7) Њамаи беморони саратон пас аз муолиља бояд мавриди солимгардонии рўњї ва тиббї ќарор гиранд, лекин дар басти воњидњои кори муассисањои саратоншиносї табибони равоншинос пешбинї нашудааст. Фаъолияти имрўзаи сохтори Хадамоти давлатии ташхиси тиббию иљтимоии Вазорати мењнат ва њифзи иљтимоии ањолии Љумњурии Тољикистон низ беморони саратонро ќонеъ намекунад. Пас аз љарроњињои густурдаю омехта ё љой доштани аломатњои такроршавї ва ављ гирифтани беморї ба беморон гурўњи номуносиби маъюбиро муайян мекунанд.
8) Вобаста ба аз кор рафтани мутахассисон дар љумњурї барои тайёр намудани мутахассисони баландихтисос дар соњаи саратоншиносї эњтиёљ ба миён омадааст.
Њамин тариќ, вазъи эпидемиологї дар љумњурї оид ба омосњои бадсифат нишон медињад, ки пешгирї ва ташхиси ибтидоии саратон дар марњилаи њозира аз мадди назар берун мондааст. Масъалаи табобати махсусгардонидашуда ва паллиативии ин гурўњи беморон то ба охир њалли худро наёфтааст.
Заминаи меъёрии њуќуќї оид ба таќсим намудани доираи ўњдадорињо дар њамаи соњањо, аз љумла дар системаи тандурустї вуљуд надорад.
Барои тањия ва ќабул намудани Барномаи миллї оид ба пешгирї, ташхис ва табобати бемории саратон дар љумњурї зарурати ногузир ба миён омадааст, ки самтњои афзалиятноки он омосњои бадсифати ѓадудњои ширї, меъда, гарданаи бачадон, пўст, системањои лимфоидї ва хунфишон ва саратони шуш мебошанд.
4. Маќсад ва вазифањои Барнома
Барномаи мазкур ба бењтар намудани вазъи эпидемиологї аз рўйи беморињои саратон дар мамлакат, паст намудани шумораи гирифторон ба ин беморї ва фавт аз он, сафарбарии захирањои мављуда барои ташхиси ибтидоии беморињои саратон, мукаммал намудани ёрии махсусгардонидашудаи онкологї, аз љумла ёрии таъљилї ва паллиативї, таъмини дастрасии тамоми намудњои табобат, мустањкам намудани замина моддию техникии муассисањои тандурустї, тайёр намудани мутахассисони илмию амалї равона шудааст.
Вазифањои Барнома:
- баланд бардоштани сифати чорабинињои пешгирикунанда дар байни ањолї, дар тамоми сатњњои низоми тандурустї, дар њамкории зичи вазорату идорањои манфиатдор, ки ба пастшавї ва пешгирии таъсири омилњои хавфи тањриккунандаи бемории саратон равона шудаанд;
- бењтар намудани сифат ва дастрасии хизматрасонии тиббї аз рўи ташхиси пешакї дар сатњи КАТС, соњаи госпиталї бо роњи фарогирии васеи ањолї ба муоинањои пешгирї, тањия ва љорї намудани барномањои скринингї, ки ба принсипњои тибби собиткунанда асос ёфтаанд;
- ноилшавї ба сифати бењтар, дастрасї и такмили ёрии мукаммалгардонидашудаи саратоншиносї ба ањолї бо назардошти љорї намудани технологияи муосир;
- бењтар намудани сифати ёрии паллиативї ба беморони омосњо бадсифатдошта дар сатњи КАТС, шабакаи умумии табобатї, муассисањои махсусгардондашудаи онкологї ва дар хона.
5.Ташаккули Барнома ва ўњдадорињо
Роњбарии умумии Барномаро Вазорати тандурустии Љумњурии Тољикистон амалї мегардонад ва ба он ваколати њамоњанг сохтани татбиќи Барнома аз рўйи чорабинињое, ки иљрои онњо ба ваколати дигар вазорату идорањо дохил мешаванд, дода шудааст.
Дар сатњи вилоятї, шањрї ва ноњиявї њамоњангсозии Барномаро муовинони раисони вилоятњо, шањри Душанбе, шањрњо ва ноњияњо, ки масъулони соња мебошанд, ба ўњда доранд. Муовинони њамоњангсозон сардорони раёсатњои (мудирони шўъбањо) тандурустии маќомоти иљроияи мањаллии њокимияти давлатї дар мањалњо, сартабибони шањрї ва ноњиявї мебошанд.
Барои амалї намудани Барномаи мазкур љалби вазоратњои мењнат ва њифзи иљтимоии ањолї, маориф, рушди иќтисод ва савдо, молия, кишоварзї, кумитањои занон, њифзи муњити зист, телевизион ва радиои назди Њукумати Љумњурии Тољикистон, Хадамоти гумруки назди Њукумати Љумњурии Тољикистон, Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Њукумати Љумњурии Тољикистон зарур мебошад.
Барои татбиќи самтњои асосии стратегї дар љумњурї муассисањои махсусгардонидашудаи саратоншиносї МЉ ИС ва 4 маркази саратоншиносии вилоятї, кафедраи саратоншиносии ДДТТ ба номи Абўалї ибни Сино ва ДТИБДКТТ мављуданд. Ѓайр аз ин, њуљрањои саратоншиносї, ташхисгоњњои ситологї, патоморфологї ва масуниятї, њуљрањои эндоскопї ва рентгенологї, 2 маммограф, таљњизоти ташхисї бо шуоњо, фавќусадо (УЗИ), ТК, ТМР мављуданд.
Иљрои Барнома дар њамкорї бо ташкилотњои байналмилалї, ширкатњои дорусозї амалї гардонида мешавад.
-
Сохтори соња ва ўњдадорињо
Хадамоти саратоншиносї дар љумњурї расонидани ёрии махсусгардонидашудаи тиббї ва диспансеризатсияи беморони гирифтори омосњои бадсифатро таъмин мекунад. Дар фаъолияти худ он бо шабакаи табобати умумї зич алоќманд мебошад.
Хадамоти махсуси саратоншиносї дар Љумњурии Тољикистон аз 5 муассисаи дорои 410 кат иборат аст.
МЉ ИС (235 кат) дар шањри Душанбе љойгир аст.
Маркази саратоншиносии вилояти Суѓд (110 кат), шањри Хуљанд; Маркази саратоншиносии вилоятии Кўлоб №1 (20 кат);
Маркази саратоншиносии вилоятии Ќўрѓонтеппа №2 (20 кат); Маркази саратоншиносии вилоятии Хоруѓ (25 кат), шањри Хоруѓ.
Ѓайр аз ин дар марказњои шањрию ноњиявии саломатї њуљрањои саратоншиносї амал менамоянд ва муассисањои мазкур дорои воњидњои кории табиби саратоншинос мебошанд.
Њамагї њуљрањои саратоншиносї дар љумњурї – 75;
ш. Душанбе – 11;
Ноињаи тобеи љумњурї – 13;
Вилояти Хатлон, минтаќаи Ќўрѓонтеппа – 15;
Вилояти Хатлон, минтаќаи Кўлоб – 10;
Вилояти Суѓд – 18;
ВМКБ – 8
Кадрњо: Ба хизмат 196 табиб фаро гирифта шудаанд, 72 фоиз мутахассисон дараљањои гуногуни табибї доранд. Дар Маркази љумњуриявии илмии саратоншиносї 80 табиб фаъолият менамоянд, дар вилояти Суѓд дар хадамот – 35 табиб, вилояти Хатлон – 44, ВМКБ – 13, НТЉ – 13 ва шањри Душанбе -11 нафар кор мекунанд. Дар њуљрањои саратоншиносии марказии саломатии ноњия табибоне кор мекунанд, ки курсњои тайёрии махсуси саратоншиносиро нагузаштаанд.
-
Иќтидори илмии соња
Айни замон хадамоти саратоншиносии мамлакат дорои иќтидори кофии илмї, ки 4 профессор (доктори илми тиб) ва 19 номзади илми тиб, аз ин шумора 6 дотсент (номзадњои илми тиб), ки бобњои гуногуни саратоншиносиро муаррифї мекунанд, мебошад.
Маркази љумњуриявии илмии саратоншиносї муассисаи асосии махсусгардонидашудаи табобатї буда, барои татбиќи Барномаи миллии пешгирї, ташхиси пешакї ва табобати омосњои бадсифат иќтидори кофии кадрї ва техникї дорад. Дар ин муассиса 3 профессор, докторњои илми тиб, 19 номзади илми тиб, ки 6 нафараи онњо дотсент мебошанд, 10 унвонљў ва 2 аспирант кор мекунанд. Иќтидории илмии кадрњои Марказ 40,7 фоиз - ва дараљанокии онњо – 25,58 фоизро ташкил медињад. Дар заминаи муассиса 4 кафедра – кафедрањои саратоншиносї, рентгенология ва радиологияи ДДТТ ба номи Абўалї ибни Сино ва ДТИБКТТ амал менамояд.
Ёрии махсусгардонидашудаи онкогематологиро ба ањолї Шўъбаи гематологии Маркази миллии тиббї мерасонад (замима – сохтори хадамот).
3) Вазорати тандурустии Љумњурии Тољикистон дар доираи татбиќи Барнома ўњдадор аст:
- такмили соњаи саратоншиносиро мутобиќи Консепсияи ислоњоти тандурустии Љумњурии Тољикистон, ки ба њамгироии соњаи саратоншиносї бо кўмаки аввалияи тиббию санитарї равона карда шудааст, ба роњ монад;
- барои таъмини муассисањои махсусгардонидашудаи саратоншиносии кишвар бо доруњои муолиљаи кимиёї мусоидат намояд;
- љињати пурзўр намудани заминаи моддию техникии муассисањои махсусгардонидашудаи саратоншиносии кишвар, мусоидат намояд;
- азнавбаќайдгирии таљњизоти њуљрањои эндоскопї ва рентгенологиро гузаронад;
- барои васеъ намудани шабакаи ташхисгоњњои ситологї ва тайёр намудани мутахассисон-ситологњо мусоидат намояд;
- љињати пурзўр намудани ташхисгоњњои морфологї ва тайёр намудани мутахассисон-морфологњо мусоидат намояд;
- системаи мониторинги доимиро дар рафти татбиќи Барнома љорї намояд;
- усулњои нави ташхис ва муолиљаи беморињои саратонро ба роњ монад.
4) Вазорати маорифи Љумњурии Тољикистон дар доираи татбиќи Барнома ўњдадор аст:
- дар барномаи таълимии мактабњои тањсилоти умумї масъалањои пешгирии омосњои бадсифат ва тарѓиби тарзи њаёти солимро дохил намояд;
- дар барномаи таълимии мактабњои олї масъалањои пешгирии омосњои бадсифат ва тарѓиби тарзи њаёти солимро дохил намояд;
- бо маќсади пешгирии омосњои бадсифат љињати гузаронидани муоинаи устодон ва донишљўёни мактабњои тањсилоти умумї ва олї мусоидат намояд.
5) Вазорати мењнат ва њифзи иљтимоии ањолии Љумњурии Тољикистон дар доираи татбиќи Барнома ўњдадор аст:
- Хадамоти давлатии ташхиси тиббию иљтимоии Вазорати мењнат ва њифзи иљтимоии ањолии Љумњурии Тољикистон бояд фаъолияти комиссияи махсуси беморони гирифтори омосњои бадсифатро ба танзим дарорад.
6) Вазорати рушди иќтисод ва савдои Љумњурии Тољикистон дар доираи татбиќи Барнома ўњдадор аст:
- њамасола дар наќшаи барномањои инвеститсионї љињати пешнињод намудани лоињањо доир ба таљдид ва таљњизонидани сохторњо ва тањќиќоти илмии соњаи саратоншиносї мусоидат намояд.
7) Вазорати кишоварзии Љумњурии Тољикистон дар доираи татбиќи Барнома ўњдадор аст:
- барои парвариши навъњои хушсифати сабзавоту мевањо ва назорату мањдуд намудани истифодаи пеститсидњо, нитрат ва нитритњо чорањо андешад.
8) Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Њукумати Љумњурии Тољикистон дар доираи татбиќи Барнома ўњдадор аст:
- дар байни занону духтарон оид ба зарурати пешгирї ва сариваќт ошкор намудани омосњои бадсифат ташфиќот бурда, барои мунтазам аз муоинаи тиббї гузаронидани онњо бо кормандони соњаи тиб фаъолона њамкорї намояд.
9) Хадамоти гумруки назди Њукумати Љумњурии Тољикистон дар доираи татбиќи Барнома ўњдадор аст:
- њангоми воридоти технологияи тиббї ба љумњурї љињати сариваќт ба расмияти гумрукї даровардани он тибќи талаботи ќонунгузорї мусоидат намояд.
10) Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Њукумати Љумњурии Тољикистон дар доираи татбиќи Барнома ўњдадор аст:
- бозори дохилї ва воридоти мањсулотро љињати сифатнокї мављудияти моддањои кансерогенї назорат намояд.
11) Кумитаи њифзи муњити зисти назди Њукумати Љумњурии Тољикистон дар доираи татбиќи Барнома ўњдадор аст:
- њолати экологии кишварро вобаста ба омилњои кансерогении муњити зист назорат намояд.
- сариваќт ба Вазорати тандурустї оид ба баландшавии миќдори моддањои аз љињати кансерогенї хавфноки муњити зист иттилоот пешнињод намояд.
12) Кумитаи телевизион ва радиои назди Њукумати Љумњурии Тољикистон дар доираи татбиќи Барнома ўњдадор аст:
- ба Вазорати Тандурустии Љумњурии Тољикистон ва зерсохторњои он барои мунтазам пеш бурдани корњои маърифатї оид ба пешгирии омосњои бадсифат дар байни ањолии кишвар мусоидат намояд.
13) Маќомоти иљроияи мањалии њокимияти давлатї ўњдадоранд:
- «Барномаи миллии пешгирї, ташхис ва табобати омосњои бадсифат барои солњои 2010-2015»-ро љорї намуда, маблаѓгузории чорабинињоро аз буљети мањаллї барои дастгирии иљтимоии ањолї, хусусан беморони дорои омосњои бадсифат таъмин намоянд.
14) Шахсони њуќуќї, соњибкорони инфиродї, ташкилотњои љамъиятї, аз љумла ассотсиатсияи саратоншиносон ўњдадоранд:
- манфиатњои беморони гирифтори омосњои бадсифатро њимоя намуда, дар доираи Барнома дар иќдомњои башардўстона иштирок намоянд.
Тањияи системаи њамкорињои байналмилалї
Бинобар вазъи бамиёномадаи вазнини таъминоти моддию техникї ва молиявї, Вазорати тандурустии Љумњурии Тољикистон тасмим гирифтааст, ки татбиќи «Барномаи миллии пешгирї, ташхис ва табобати омосњои бадсифат барои солњои 2010-2015»-ро дар њамкории зич бо созмонњои байналмилалї, бо назардошти тавсияњои ТУТ ба наќша мегирад.
Дар назар аст, ки Барнома бо иштироки ТУТ, АБНА, Лоињаи ХОУП, Хазинаи Сорос, Хазинаи Оѓохон, Раёсати Туркия оид ба њамкорї ва рушд (ТИКА), Корпоратсияи Чин оид ба содирот ва воридоти таљњизоти тиббї (МЕХЕКО), дар доираи кўмакњои башардўстонаи ташкилотњои байналмилалї, ташкилотњои ѓайридавлатї ва ассотсиатсияи саратоншиносони ИДМ амалї гардонида мешавад.
6. Робита бо дигар Барномањо
- «Барномаи ташаккули тарзи њаёти солим дар Љумњурии Тољикистон то соли 2010»
- «Наќшаи стратегии Љумњурии Тољикистон оид ба солимгардонии репрдуктивии ањолї дар давраи то соли 2014»;
- Барномаи миллии пешгирии ВНМО/БНММ /Беморињое, ки тавассути алоќаи љинсї мегузаранд.
1) Стратегияи њамкорињо оид ба пешгирии омосњои бадсифат
Стратегияи Ташкилоти Умумиљањонии Тандурустї
Моњи апрели соли 2005 дар љаласаи 58 Ассамблеяи байналмилалии тандурустї (форуми њарсолаи намояндагони давлатњои аъзои ТУТ) масъалаи пешгирї ва мубориза бар зидди омосњои бадсифат баррасї гардид.
2) Дар њуљљатњо ќайд гардидааст, ки фаъолият оид ба пешгирї ва мубориза бар зидди омосњои бадсифат, аксари ваќт дар натиљаи аз тарафи њукуматњо ва Вазорати тандурустї дар сатњи пасти афзалиятнокї ќарор додани чунин беморињо, таъкиди сарфи зиёд барои табобат ва харољот вобаста ба гузаронидани он, инчунин номувозинатии барзиёди байни захирањое, ки барои тањќиќоти илмї оид ба омосњои бадсифат ва захирањое, ки барои пешгирї ва мубориза бар зидди ин беморї сарф мешаванд, боздошт мегарданд. Олати самараноки пур кардани љойи холї байни донишњои назариявї ва фаъолияти амалї љињати расидан ба ин маќсад, ин мављуд будани барномаи милии оќилона андешидашудаи мубориза бар зидди омосњои бадсифат мебошад.
3) Ташкилоти Умумиљањонии Тандурустї њамаи давлатњои аъзоро даъват менамояд, ки дар тањия ва пурзўр намудани барномањои комплексии мубориза бар зидди омосњои бадсифат, ки ба шароитњои мушаххаси иљтимоїю иќтисодї, паст намудани беморшавї аз ин беморї ва фавт аз он, инчунин бењтар намудани сатњи зиндагии беморони омосњои бадсифат ва оилаи онњо, аз љумла, бо роњи амалисозии системавї, давра ба давра ва бо асосњои одилонаи стратегияи пешгирї, ошкорсозии барваќтї, ташхис, табобат, барќарорсозї ва кўмаки паллиативии бо маълумоти воќеї асосёфта равона гардидааст ва таъсири амали чунин барномањоро арзёбї мекунад, бо ТУТ њамкорї намоянд.
4) Ўњдадорињои сиёсї
а) расонидани дастгирии техникї ба давлатњои аъзо дар муайян намудани афзалиятњои вобаста ба барномаи пешгирии омосњои бадсифат, мубориза бар зидди он ва расонидани кўмаки паллиативї;
б) дастгирї ва пурзўр намудани механизмњои ба кишварњои рў ба тараќќї додани донишњои техникї ва таљриба оид ба пешгирии омосњои бадсифат ва мубориза бар зидди он, инчунин назорати эпидемиологї, скрининг ва тањќиќоти илмї;
в) ба давлатњои аъзо, хусусан кишварњои рў ба тараќќї пешнињод намудани ёрии машваратї оид ба тањия ё пеш бурдани фењристи миллии омосњои бадсифат, ки дорои маълумот оид ба навъ ва мањдудкунии омосњои бадсифат мебошанд, инчунин таќсимшавии љуѓрофии онњо;
г) бо давлатњои аъзо њамкорї намудан дар фаъолият оид ба таъсиси пажўњишгоњњои миллии саратоншиносї;
д) Дастгирї ва мусоидат ба тањќиќоти илмї оид ба арзёбии таъсирнокии ченакњои кўмаки тиббию санитарї, ки харољоти калонро талаб намекунанд, аз љињати арзиш дастрас мебошанд ва натиљањои устуворро дар кишварњои сатњи даромадашон паст таъмин менамоянд;
е) мусоидат ба гузаронидани тањќиќоти илмї оид ба тањияи ваксинаи босамари зидди саратони гарданаи бачадон;
ж) мусоидат намудан ба тањияи минбаъда ва васеъ намудани барномаи тањќиќоти илмї дар АБОС ва дигар муассисањо, ки барои тањияи сиёсати комплексї ва стратегияњои мубориза бар зидди омосњои бадсифат равона гардидаанд, инчунин мусоидат ва дастгирии барномањои техникї ва тиббї оид ба табобати омосњои бадсифат.
5) Пешгирї
Пешгирї стратегияи дарозмўњлати мубориза бар зидди омосњои бадсифат мебошад, ки аз нигоњи иќтисодї мувофиќи маќсад ба њисоб меравад. Чорабинињои пешгирикунанда самаранокии дуљониба доранд, зеро онњо ба пешгирии дигар беморињои кўњнашуда, ки ташаккули онњо ба ин омилњо вобастаанд, низ мусоидат менамоянд.
6) Стратегияи ТУТ оид ба пешгирї:
а) дастгирї ва пурзўр намудани механизмњои ба кишварњои рў ба тараќќї додани донишњои техникї ва таљриба оид ба пешгирии омосњои бадсифат ва мубориза бар зидди он, инчунин назорати эпидемиологї, скрининг ва тањќиќоти илмї;
б) таъсис ва пурзўр намудани инфрасохтори системаи тандурустї, алалхусус дар бахши захирањои кадрии тандурустї бо маќсади созмон додани иќтидори муносиб љињати пурмањсул амалї намудани барномаи пешгирї ва мубориза бар зидди омосњои бадсифат бо ворид намудани системаи фењристи омосњои бадсифат;
в) афзалияти баланд додан ба амалигардонї ва банаќшагирии назорати омосњои бадсифат дар байни гурўњњои осебпазир, инчунин хешу табори бемор ва онњое, ки зери таъсири дуру дароз ва пуршиддати моддањои кансерогенї ќарор доштанд;
г) таваљљўњи хоса зоњир намудан ба он намудњои омосњои бадсифате, ки яке аз сабабњои онњо таъсироте мебошанд ва онро бартараф кардан мумкин аст, махсусан таъсири моддањои кимиёвї ва дуди тамоку дар љойи корию муњити зист, баъзе омилњои сироятї, инчунин таъсири нурњои ионї ва офтобї;
д) мусоидат намудан ба гузаронидани тањќиќоти илмї оид ба самаранокии иќтисодии стратегияњои гуногуни пешгирї ва пеш бурдани њисоботи омосњои бадсифати гуногун;
е) мусоидат намудан ба гузаронидани тањќиќоти илмї оид ба тањияи ваксинаи босамари зидди саратони гарданаи бачадон;
ж) иштироки фаъолона барои амалї намудани барномањои комплексии ТУТ оид ба пурзўр намудани саломатї ва пешгирї, ки ба нест кардани омилњои осебпазири беморињои ѓайрисироятї, аз љумла омосњои бадсифат нигаронида шудаанд, баррасии масъалаи ба имзо расонидан, ќабулу тасдиќ намудан ва расман маъќул донистани конвенсияи ТУТ оид ба мубориза бар зидди тамоку ё њамроњ шудан ба он.
7) Ташхиси ибтидої
а) бо дастгирии Ташкилоти Умумиљањонии Тандурустї бењтар намудани дастрасї ба технологияњои муносиб љињати ташхис ва табобати омосњои бадсифат бо маќсади ташхис ва табобати барваќти беморињо, махсусан дар кишварњои рў ба тараќќї;
б) мусоидат дар тањияи тавсияњо оид ба ташхиси ибтидоии омосњои бадсифат, пеш аз њама љињати муайян намудани фарогирии гурўњњои осебпазири ањолї, ки бояд тањти чунин ташхиси беморињои омоси бадсифат (масалан, омоси бадсифати пўст, ковокии дањон, гарданаи бачадон, ѓадуди ширї ва ѓадуди олоти таносул) ќарор гиранд;
в) Паст намудани шумораи њолатњои дерошкоркунии беморї ва таъмини табобати муносиб бо маќсади баланд бардоштан, зинда мондан, паст намудани фавт ва баланд бардоштани сифати зиндагї.
8) Табобат
а) Мусоидат ба тањия ва муайян намудани сиёсат дар соњаи мукаммал намудан ва нигоњубини таљњизоти техникї барои ташхис ва табобати омосњои бадсифат дар беморхонањо, ки хизматрасонии омосњои бадсифат ва дигар хизматрасонињои муносибро таъмин менамоянд;
б) омўзиши тамоми имкониятњои мављудаи таъмини васеи дастрасї, аз љумла бо воситањо ва мављудияти воситањои муолиљаи кимиёї, махусусан дар кишварњои рў ба тараќќї барои табобати омосњои бадсифате, ки бо ВНМО/БНММ алоќаманд мебошанд;
в) мусоидат ба тањияи минбаъда ва васеъ намудани барномаи тадќиќоти илмї дар АБОС ва дигар муассисањо, ки барои тањияи сиёсати комплексї ва стратегияњои мубориза бар зидди омосњои бадсифат равона гардидаанд, инчунин мусоидат ва дастгирии барномањои техникї ва тиббї оид ба табобати омосњои бадсифат;
г) мусоидат намудан ба зарурати тањќиќоти илмие, ки барои афзун намудани дониш оид ба гаронии рўњї ва сабабњои пайдо шудани омосњои бадсифат дар узвњои одамон бо диќќати афзалиятнок додан ба табобати омосњои бадсифати гарданаи бачадон ва ковокии дањон, ки дар шароити норасоии захирањо васеъ пањн гаштаанд ва бо ёрии чорањои самараноки иќтисодї ќобили табобат мебошанд.
9) Кўмаки паллиативї
а) Мусоидат намудан ба истифодаи принсипњои дастурдињандаи кўмаки паллиативии беморони дорои омосњои бадсифат бо назардошти љанбањои ахлоќї;
б) дар якљоягї бо Шўрои байналмилалї оид ба мубориза бо маводи нашъадор омўхтани имконияти созмон додани механизми расонидани кўмак барои табобат намудани беморињо ба воситаи бедардкунандањои опиоидї;
в) омўзиши имконияти истифодаи механизмњои муносиб, љињати маблаѓгузории бо њам мувофиќи барномањои пешгирии омоси бадсифат, мубориза бар зидди онњо ва расонидани кўмаки паллиативї, махусусан дар кишварњои рў ба тараќќї;
г) дастгирии техникии давлатњои аъзо барои муайян намудани афзалиятњо нисбат ба барномаи пешгирии омосњои бадсифат, мубориза бар зидди он ва расонидани кўмаки паллиативї;
д) муайян намудани стандартњои аз рўи харољот минималии ба шароитњои мањал мутобиќ љињати табобати омосњои бадсифат ва кўмаки паллиативї, ки барои истифодаи Стратегияи ТУТ дар миќёси миллї оид ба таъмини доруворињои асосї, технологияњо, воситањои ташхисї ва ваксинањо анљом дода мешавад ва бо назардошти тавсияњои вохўрии дуюми умумиљањонии ассотсиатсияи хосписњои миллї ва кўмаки паллиативї дар сатњи олї (Сеул, соли 2005);
е) таъмини дастрасии истифодаи доруворињои бедардкунандаи опиоидї бо маќсадњои тиббї дар асоси шартномањои байналмилалї, тавсияњои ТУТ ва Шўрои байналмилалї оид ба мубориза бо маводи нашъадор ва дар шароити таъмини системаи самараноки мониторинг ва назорат;
Достарыңызбен бөлісу: |