Роњбари илмї: дот. Зокиров. Н. Иљро кард: донишљўи соли чорумb Мухаммадxонзода Шабнам



бет3/3
Дата23.06.2016
өлшемі1.85 Mb.
#154725
1   2   3

Парваришгоњи Сайвот

Парваришгоњи набототии Сайвот соли 1972 бо пешнињоди кумитаи давлатии Љумњурии Шуравї Сотсиалистии Тољикистон оид ба хољагии љангал ташкил шудааст. Майдони парваришгоњ ба минтаќањои Њисору Дарвоз шомил буда дар баландињои аз 2000метр то 3000 метр љой гирифтаанд. Масоњаташ 4,1 њазор га аст.

Маќсади он муњофизат ва эњёи арчазори нишебињои ќаторкўњи Зарафшон аст. Вобаста ба релеф растанињо даќиќ рўидаанд. То 2000-2200метр талхшуваќ, ушнон, бурс, бодом, заранг, олуча, бирешимхома, дар баландињои 2000- 3000метр арча, хулул ва ѓайра месабзад. Аз намудњои њайвонот харгўш, љайра, кабк, турѓай, кафтари кабуд ва ѓайрањо сукунат доранд.

Парваришгоњи Кусовлисой

Парваришгоњи набототии Кусавлисой соли 1959 бо тавсия олимони Пажуишгоњи ботаникаи Академияи илмњои Тољикистон дар нишебињои шимоли ќаторкўњи Тољикистон рў ба шимоли аѓбаи Шањристони самти Душанбе- Хуљанд ташкил шудааст.

Баландии мутлаќ ба 2700- 3000 метр мерасад. Масоњат 19,8 њазор га аст. Маќсад муњофизат ва эњёи арчазор аст. Дар арчазорњо харгўш, хирс, гуроз, муфлон, нахчир ва кабк сукунат доранд.

Дар назар аст, ки дар заминаи парваришгоњ боѓи миллии табии бешаи арча бо масоњати 60 њазор га ташкил шавад.



Парваришгоњи Камароб.

Парваришгоњи зоологии Камароб охири солњои 60-ум бо пешнињоди кумитаи хољагии љангали Тољикистон ташкил шудааст. Парваришгоњ ба минтаќаи барои зист мувофиќи Њисору Дарвоз шомил буда, дар ќаторкўњи Ќаротегин (Рашт) соњили чапи дарёи Камароб, љои пайвасташавї бо дарёи Сорбоѓ љой гирифтааст. Масоњаташ 9000 га . маќсади ташкили парваришгоњ- муњофизат ва эњёи хирси маллаи тиёншонї, ки ба Китоби сурх дохил шудааст мебошад. Самти асосии парваришгоњ назорати меъёри чарогоњ ва соњаи шикор аст.

Растанињо аз заранг, арча, юѓан, њайвонот аз хирс, силовсин, муфлон, кабк, сагоби, гург, аз моњї гулмоњї, маринка иборат аст.

Парваришгоњи Чилдухтарон.

Маљмааи парваришгоњи Чилдухтарон бо ќарори шўрои вазирони Тољикистон соли 1959 ташкил шудааст. Дар ќаторкўњи Њазратишоњ, дар баландии 1200- 2600 метр байни дарёњои Ёќсу ва шохоби чапи Сурхоб љой гирифтааст. Масоњаташ 14,6 њазор га мебошад.

Маќсади ташкили парваришгоњ- муњофизати ду баландии ќабати амудї, ёдгории геологии табиат, ки ќатораи кўњро дар баландии 1300- 2000 метр таъмин менамояд. Обгардиши ќатора сангњои суфтаву бодхўрдаи сурх аст, ки аз дур пайкарањои занњои чодарпўшро мемонад. Чунин пайкарањо 40- тоянд. Баландияшон гуногун буда, баъзеашон то 30 метр мерасад.

Ривояте мављуд аст, яке аз онњо мазмуни ќањрамонї дорад. Ваќте, ки урдуи Чингизхон шањри ободи Мункро вайрон намуда ба самти кўњистон равона мешавад, алайњи онњо 40 духтари шамшербадаст ба

љанг мебароянд. Миќдори зиёде аз яѓмогарон кушта мешавад. Истилогарон духтаронро шикаст дода натавонистанд ва ба сарзамини ободу зебо роњ наёфтанд. Духтарон аз захмњои хўрдаашон њалок шудаанд. Муљассамаи онњо њамин пайкарањои сангин аст.

Аз растанињо заранг, юѓан, хулул, зирк, бурс, аз њайвонот хирс, харгўш, гуроз, љайра, кабк ва ѓайра вомехўрад.



Парваришгоњи Сангвор

Маљмааи парваришгоњи Сангвор соли 1972 бо тавсияи якљояи Академияи илмњои Тољикистон ва Кумитаи давлатии хољагии љангал ташкил шудааст. Маќоми љумњуриявї дорад. Майдони парваришгоњ аз ќисмати канории шарќии минтаќаи Њисору Дарвоз, ки бо Помири Марказї ё минтаќаи Помири ѓарбї њамсарњад аст. Минтаќа аз кўњњои баланди мутлаќ иборат аст. Масоњаташ 60000га.

Маќсад аз нагоњдоштани намунаи ягонаи оњу аст, аз растанињо чормаѓз, себ, заранг, бурс, ар-ар, тўс, сафедор, ангат, яхмонак ва буттањои гуногун вуљуд доранд.

Аз њайвоноти ба Китоби сурх дохил шуда, хирси мала, шерпаланг, каргас ва ѓайра дида мешаванд.

Сангвор яке аз минтаќањои асосии парвариши оњу аст.

Парваришгоњи Музкул

Парваришгоњи Музкул соли 1972 ташкил шудааст. Дар њудуди

б
Расми 16. Парваришгоњи Музкул.
аландтарин ноњияи кўњсори љумњурї- ноњияи Мурѓоб љойгир аст. Баландии мутлаќи ин љо аз 3500 метр зиёд аст. Масоњат 66,9 њазор га аст.

Гуногунрангии экосистемањо нисбатан мањдуд аст. Аз растанињо тахачи ќирмизї, дар баландињои 3500- 4300 метр асосон чаѓоз ва аз он баландтар аяни тибетї мерўяд.

Аз њайвонот шерпаланг, ѓози кўњї (кўчї), сарља, кабутар, моњихурак ва дар баъзе минтаќањои кўњии Помир архар, байни шахњо муфлон вомехўрад.

Парваришгоњи Оќтош.

Парваришгоњи Оќташ соли 1977 дар ноњияи Ашти вилояти Суѓд ташкил шудааст. Масоњаташ 15000га. Маќсад муњофизату эњёи як намуди суѓури Мензбир, ки ба Китоби сурх дохил шудааст, мебошад Растанињо асосан аз намудњои мањалии бурс, арча, бирешимхома,њайвонот аз рўбоњ, гург, харгўш, кабк ва паррандагони даррандаи шабонагарду рўзпар иборат аст.



Хулоса

Масъалањои экологї дар оянда боиси нигаронии бештари инсон мегардад. Халалдоршавии бештари муњити зист дар натиљаи дахолати инсон чорабинињои лозимиро оиди њифзи он талаб менамояд. Дар солњои охир бозори туристи аз мањсулоти нисбатан мулоим-яъне туризми экологї пурра гардонида мешавад, ки барои тањќиќи муњити зист асосан фаунаю флораи мамнўъгоњњо равона карда шудааст. Вале ин мањсулот тамоми бозорро фаро гирифта наметавонад аз сабаби киммат будани он ва чалби микдори зиёди туристњо, ки метавонанд њолати экосистемаро вайрон кунанд.

Дар конфронси ТБТ, ки соли 1991 дар чазирањои Канар баргузор гардид, ќайд карда шудааст, ки туризми экологї ин бояд дар чорчубаи муайян мањдуд гардад, балки бояд омили асосии ташаккули туризм гардад. Дар оянда туризми анъанави љои худашро ба туризми экологї иваз хохад намуд.

Аз омилњои дигаре, ки ба ояндаи туризм таъсир хоњанд расонд ин пањншавии љањонии касалињои сирояткунанда ба мисли СПИД, ки ба ташаккули туризм дар мамлакатњое, ки ин гунна касалињо пањн шудаанд таъсири манфи мерасонад. Кашфиётњои технологи низ ба соњаи туризм таъсири манфи мерасонанд, чунки туристњо ба минтаќањои гуногун сафар накарда дар љояшон бо онњо шинос мешаванд. Инчунин ба ташаккули туризм гармшавии сайёра низ таъсири манфи мерасонад, чунки дар натиљаи гармшавии иќлим шароитњои табии географии таѓйир ёфта боиси камшавии миќдори туристњо мегардад.

Баъд аз ба даст овардани истиќлолият ва ба мунисибатњои бозоргони гузаштани иќтисодиёти мамлакат соњаи туризми кишвар ба таври зарурї ривољу равнаќ наёфта баракс аќиб монд, ки он пеш аз њама ба њолати сиёсии дар дохили Љумњурї ба амал омада ва бар асари он паст гардидани обу рую эътибори Тољикистон дар арсаи байналмиллалї, мављуд набудани маќоми ягонаи идораи соња, парокандагии фаъолияти корхонањои туристї, њолати ѓайриќаноатбахши сохтори хизматрасонии мављуда, инчунин набудани мутахассисони соња барои кор дар шароити нави иќтисодї вобаста аст.

То соли 1996 тараќќиёти туризм хеле суст буда, аз тарафи органњои давлатї ба дараљаи кофї назорат намешуд. Аз моњи апрели соли 1996 то соли 2001 маќоми идоракунии давлатии соњаи туризмро ширкати миллии ”Тољиктуризм” ба ўњда дошт. Аз соли 2001 то соли 2006 вазифањои мазкур ба зиммаи Вазорати иќтисод ва савдои Љумњурии Тољикистон супорида шуда буданд.

Бо маќсади эњё ва рушди минбаъдаи соњаи туризм њамчун соњаи афзалиятноки иќтисодиёт бо фармони призиденти мамлакат идоракунии соњаи туризм ба зимаи кумитаи љавонон, варзиш ва саёњии назди њукумати Љумњурии Тољикистон вогузор гардиданд.

Њагоми коркарди њуљатњои зарурї барои рушди соњаи туризм (ќонуни Љумњурии Тољикистон дар бораи туризм, барномаи давлатии рушди туризм барои солњои 2004- 2009) бисёр камбудињо ва масъалањои муњиме, ки ба тараќќиёти туризми љумњурї монеъ мешуданд, ба назар мерасидаанд. Ин пеш аз њама суст будани назорат дар саноати туристї ва дигар соњањои ба он дахлдор инфрасохторњои фарсудаи мављудбуда, ба таври кофї нагузаштани корњои таблиѓотиву рекламавї, аз љумла дар хориљи кишвар, алоќаи суст ва камсамари давлат дар бахши хусусии соњаи туризм мебошад.

Ќайд кардан ба маврид аст, ки мувофиќи тањлилњои гузаронидашуда дар љумњурї дар марњилаи гузашта омори даќик нисбати туризми дохилї, суст будани назорат оиди иљрои санадњои меёрию њуќуќии туристї, инчунин фаъолияти ѓайриќонунии ширкатњои хориљї ва истифодаи ѓаразноки сарватњои туристи мушоњида карда мешуд.

Нишондињандањои туристии љумњурї дар муддати солњои 1996-2006 нисбати нишондињандањои давлатњои њамсояи Осиёи Марказї хеле паст ба назар мерасанд. Ин пеш аз њама кофї набудани сиёсати пешбарандаи маќомоти идоракунии давлатии соњаи саёњї барои рушди турим мебошад.

Захирањои табиию фароѓатии љумњурї, мављудияти ёдгорињои таърихї ва фарњангї, хусусиятњои мањсулоти миллии туристии ташаккулёфтаро муайян мекунад, ки пешнињоду фуруши онњо дар бозори љањонии хизматрасонињои туристї, љалби шумораи зиёди сайёњони хориљиро ба Тољикистон таъмин менамояд.

Дар ин маврид шаклњои афзалиятноки туризми байналмиллалї дар малакат иборатанд аз:



  1. Куњнавардї, туризми кўњию варзишї ва экологї.

  2. Рафтинг, варзиши лижаронии кўњї.

  3. Шикори байналхалќї.

  4. Туризми таърихию маърифатї ва этникї.

  5. Туризми дохилии солимгардонї ва истироњатї, санаторї- курортї.

Бо сабабњои нокифоя будани корњои тарѓиботї ва иттилоотї ва фарсуда будани инфрасохтори соња доираи истифодабарандагони намудњои мазкури туризм ва асосан самтњои фаъоли он мањдуд мебошанд. Ва афзоиши миќдори боздидкунандагони њарсолаи он фаќат 2-3% - ро ташкил менамояд.

Тањлили маќсади ташрифи туристон ба љумњурї шоњиди болоравии муайяни миќдори туризми конгресї - дипломатї мебошад. Ва мањз семинарњои байналхалќї, симпозиумњо ва вохурињое, ки дар сатњи баланд гузаронида мешаванд сабаби афзоиши ин гардонидаанд.

Омили тараќќиёти туризми экологї дар Тољикистон ин ташкилёбии боѓи миллї, боѓњои таббиию таърихии Ширкент ва Сари Хосор ба њисоб мераванд.

Боѓи миллии Тољикистон дар майдони 2,6млн га љойгир шуда, дорои захирањои табиию рекреатсионї мебошад, ки диќќати саёњони хориљиро ба худ љалб менамояд.

Ќабули ќарорњои њукумати Љумњурии Тољикистон дар бораи эълон намудани ноњияњои Варзобу Балљувон ва дараи Ромит њамчун минтаќањои истироњатию ва саёњатї омили мусоидаткунандаи эњёи туризми дохилї мебошад.

Аз назари статистикаи соли 2006 дар љумњурї ќариб 65%-и иншоотњои санаторию курортии мероси замони Шуравї аз нав таъмиру тармим шудаанд.



Аз соли 1996-2000 шумораи ташкилотњои туристї зиёд намешуд, ки сабаби он ќимати баланд доштани лицензия дар бораи фаъолият намудан дар соњаи туриз буд. Дар соли 2004 баъди ќабули низомномаи нав дар лицезия шумораи корхонаи туристї ба 50-то расид, ки ќисми асосии онро сектори хусуси ташкил медод.

Рўйхати адабиёти истифодашуда:

  1. Экология туризма и сервиса. Л.И. Егоренков. Издательство: Финансы и Статистика. 2003 г.

  2. Экологический туризм. Учебно-методическое пособие. В. В. Храбовченко   Издат.: Финансы и статистика Год издания: 2004

  3. Экологический туризм. Т. К. Сергеева. Издательство: Финансы и Статистика 2004г.

  4. Особо охраняемые природные территории Республики Таджикастан.

  5. http://www.extremal.ru/ground/1145012735/articles/1173705345.htm

  6. http://www.turvids.ru/ekologicheskiy-turizm/vidy-ekoturizma.html

  7. http://www.cat.onru.ru/onrucat/catopen/27350/

  8. http://www.ecotourizm.com

  9. http://redigo.ru/geo/North_America/USA?utm_source=Google_M&utm_medium=cpc&utm_campaign=USA



Достарыңызбен бөлісу:
1   2   3




©dereksiz.org 2024
әкімшілігінің қараңыз

    Басты бет