Роњбари илмї: дот. Зокиров. Н. Иљро кард: донишљўи соли чорумb Мухаммадxонзода Шабнам


Тавсифи табиї-географии њудудњои махсус њифзшавандаи Љумњурии Тољикистон



бет2/3
Дата23.06.2016
өлшемі1.85 Mb.
#154725
1   2   3

2.1 Тавсифи табиї-географии њудудњои махсус њифзшавандаи Љумњурии Тољикистон.

Расми 10. Њудудњои махсус њифзшавандаи Тољикистон.


Мамнуъгоњи ”Бешаи палагон”

4-уми ноябри соли 1938 ташкил шудааст, масоњати умумиаш 49,7 њазор га-ро ташкил медињад. Дар љануби Љумњурии Тољикистон љойгир буда, дар баландии 300-1200 метр аз сатњи бањр љойгир аст.

Маќсади асосии ташкил кардани мамнуъгоњи ”Бешаи палангон”

муњофизати њайвонотњои нодир, њифзу нигоњдоштани комплекси туѓайзор, гавазни бухорої, мурѓи даштї ва ѓайра мебошад.

Аз маркази мамнуъгоњ то шањри Душанбе 200киллометр мебошад. Њудуди мамнуъгоњ ба ноњияњои Ќабодиёну Љиликул таалуќ дорад. Маркази мамнуъгоњ дар ќисмати шимолии он љойгир шудааст. Дар мамнуъгоњ 20 намуди моњињо аз ќабили белмоњї, сангмоњї, гамбузия ва ѓайра мављуд аст.

Бояд ёдовар шуд, ки дар кўлњои ин мавзеъ намуди моњии релективї ”белбинии амударё” ( «лопатанос») зиндагї мекунанд. Ин моњї факат дар ќитъаи Осиё, дар њавзаи дарёи Ому ва Сир дар Амрикои Шимолї дар њавзаи дарёи Миссисипи мављуд аст. Тахминан 150-160 намуди парранда зиндагонї мекунанд.



Вазъи экологии мамнўъгоњи «Бешаи палангон»

Таи 60- 70 соли охир дар мавзеъи имрўзаи Тољикистон дахолати инсон ба муњити зист тадриљан афзуда, алњол хеле мураккаб гардидааст. Дар ин давра бе назардошти талаботи экологї дањњо корхонањои азим бунёд шуда, њазорњо га замин азхуд карда шуд. Тазаккур бояд дод, ки матлаби ташкили мамнўъгоњ мањфуз мондани як ќисмати ланшафти љуѓрофї дар њолати табии барои омузиши дарки асрори табиат мебошад. Аз ин лињоз набояд фаромўш кунем, ки яке аз вазифањои асосии системаи њудудии муњофизати табиат аз як тараф нигоњдошти генофонди набототу њайвонот бошад, аз тарафи дигар дар шароити мусоиди табиї омўзиши љараёнњои микроэволютсиони дар популятсияњои намудњои гуногуни набототу њайвонот мебошад. Оё вазъи имрўзаи муњити табиии мамнўъгоњ ба ин талабот љавоб медињад. Љавоби ин масъала афкори доманфарохро таќозо мекунад. Аз ин рў натанњо олимону сайёњон, инчунин њар як шахсе, ки табиатро дўст медорад, кўшиш мекунад, ки нисбати ин масъала андешаи хешро ботафсил иброз намояд. Зеро ошкор намудани нишондињандаи асосии бўњрони экологии ин мавзеъ дар заминаи илми муосир талаби замон аст. Ќаблан ишорат бояд кард, ки ”Бешаи палангон” охирон майдони туѓайзор анќариб дар арсаи љањон мебошад.



Мамнуъгоњи ”Ромит”

Мамнуъгоњи ”Ромит” соли 1959 ташкил шудааст. Мамнуъгоњ 58 километр дур аз ш.Душанбе, дар доманањои љанубии ќаторкўњи Њисор, дар дараи аз падидањои табиат бою рангини Ромит воќеъ гаштааст. Мамнуъгоњ дар миёнаи шохобњои дарёњи Кофарнињон, Сарбо ва Сардаи миёна љой гирифтааст. Њудуди мамнуъгоњ асосан дар воњаи миёнакўњ ва ќисман баландкўњ воќеъ буда, нуќтаи балантаринаш 3195метр ва пасттаринаш 1176метр мебошад. Доманаи миёнаи кўњї бо растанињои буттагї ороста шуда, бо нишебию фароз ва санглохї фарќ мекунад. Намудњои набототи решагї бештар вомехўрад. Ромит мамнўъгоњи кўхї буда, масоњаташ 16100га мебошад.

Маќсади ташкил намудани мамнуъгоњ ин омўзиш ва њифзи намояндагони наботот ва њайвоноти нодир, ки ба Китоби сурхи Тољикистон дохилшудаанд, мебошад. Аз олами њайвонот хирси маллаи Тиёншонї, барси сафед, љайра, сагобї, аз парандањо бургут , кабки дарї, кабутари љангалї (вяхир), мусича (горлица), ва инчунин бисёр намудњои олами наботот ба монанди пиёзи Розенбах, пиёзи Суворов ва ѓайрањо мављуд аст. Ба мањдудияти масоњати худ нигоњ накарда мамнуъгоњ аз гуногунии намудњои олами њайвонот ва наботот бой аст.

Олами њайвонот ба минтаќаи Њисору Дарвоз хос аст. Дар мамнуъгоњ кабки дарї, бум, бедона, бургут, фотимачумчуќ мурѓи њимолої ва дигар паррандагон сукунат доранд. Аз ширхўрон юрмон, суѓур, ќашкалдоќ,гург, рўбоњ, гурбаи вањшї, бузи кўњї (сибирї), мири мушон аз хазандагон гурза, бањтур, мори печон вомехуранд.

Набототи мамнўъгоњ гуногун буда, асосан аз растанињои хоси сиёњзамин, нимсавана ва куњдаштњоиборатанд. Дар ќисмати шимолї марѓзорњои алпї ва субалпии хос дида мешавад. Мављудияти сарв, заранг, асоси љангалро ташкил медињанд. Ба љуз инњо чормаѓз, бодом, сафедор, бед , себ, олуча, гелос, дулона, тут, зирк, чилон, ирѓай ва ѓайрањо дида мешаванд.

Аз намудњои ба китоби сурх дохил шуда хурмои кафказї, ангур ва амсоли инњо мебошанд.

Вазифаи асосии мамнўъгоњ муњофизати комплекси экосистемаи кўњии Њисору Дарвоз ба њисоб меравад.

Вазъи экологии мамнўъгоњи Ромит

Дараи хушманзараи Ромит яке аз мўљизањои табиати диёрамон аст. Ромит макони чашмањои љўшон, рўдњои хурўшон, мурѓони хушхон ва љонварони нодир мебошад. Алњол яке аз мавзеъњои љолиби Тољикистон ба њисоб рафта, бо олами набототу њайвоноти доманфарохаш хеле машњур аст. Замоне дар ин гўшаи дилрабо намудњои мухталифи набототу њайвонот ба таври табиї бидуни дахолати инсон нумўъ меёфтанд. Шояд як ќатор ашхос аз нуќоти боло чунин њисобанд, ки то кунун вазъи мамнўъгоњи Ромит бењ аст. Нахуст зикр бояд кард, ки дар мавзеъи мамнўъгоњи Ромит аз ибтидо то кунун аз тарафи кормандони илмиаш ягон тадќиќоти мавсимї ё солона гузаронида нашудааст. Гарчанде ки дар њудуди мамнўъгоњ фаъолияти хољгидорї манъ карда шудааст, вале аз тарафи кормандони мамнўъгоњ дар њудуди он кўњои кишоварзї ба роњ монда шудаанд, ки он зидди ќоидаи мамнўъгоњ аст. Онњо барои зимистонгузаронии њайвоноти хонагиашон хошок ва барои хеш мевањои набототро љамъоварї менамоянд. Дар баробари ин њар сол чўпонњо 20-30 километр њудуди мамнўъгоњро убур намуда, рамањоро ба чарогоњ мебаранд.

Бо таасуф бояд зикр кард, ки дар њудуди мамнўъгоњ ва атрофи он хонањои истироњати љойгир шудаанд. Ќобили зикр аст, ки таќрибан 70-80 фоизи њудуди мамнўъгоњро харсанг ва сангрезањо ташкил мекунанд. Аз ин бармеояд, ки танњо 20 фоизи њудуди мамнўъгоњ базаи хўрока барои њайвоноти маскунї хизмат мекунад.

То оѓози љанги бародаркушї дар ин љо саршумори оњуи бухорої то ба 200 сар расида буд. Минбаъд миќдори он ба таври фалокатовар кам шуд, алњол ќариб ба њадди нестї расидааст. Набояд фаромўш кард, ки дар мамнўъгоњ бисёр намудњои набототу њайвонот зиндагї мекунанд, ки онњо барои мутахассисон номаълуманд.



Мамнўъгоњи Дашти Љум.

Мамнўъгоњи Дашти Љум соли 1983 бунёд шуда, дар ќисми љанубу шарќии кишвар, дар доманаи ќаторкўњи Њазрати Шоњ, дар минтаќаи љангалњои камбарг воќеъ гардидааст. Дашти Љум ягона мамнўъгоњест, дар Осиёи Марказї, ки ин љо оњуи морхўр ва љангалзори писта парвариш карда машавад.

Масоњати мамнўъгоњ 19700га мебошад. Мамнўъгоњ љои мусоиди љуѓрофї дошта, аз љињати дорої ба худ махсус аст. Дар назар аст, ки ба ин мамнўъгоњ маќоми байналмилалї дода шавад.

Маќсади ташкили мамнўъгоњ пеш аз њама њифз ва нигоњдории охирин популятсияи оњуи морхур ва гусфанди куњии бухорї дар њудуди Осиёи Миёна ба њисоб меравад.

Дар мамнўъгоњ 17 намуди њайвоноти нодир мављуд аст, ки 6 намуди онњо парранда мебошанд. Намудњои камёфт- оњуи морхур, муфлон (гусфанди ёбої) хирси маллаи тиёншонї, сагобии осиёмиёнагї ва дигар намудњо ба Китоби сурх дохил шудаанд.

Мамнўъгоњ бо кўњњои касногузару баланд ињота шудааст. Ин омил сабаби асосии то замони мо боќимондани оњуи морхўр гардидааст.

Вазъи экологии мамнўъгоњ

Масълалаи бењдошти вазъи экологии мамнўъгоњ айни замон рўзмарра буда, феълан, мутаассифона, ѓайриќаноатбахш баррасї гардида, аз назари омўшиш берун мондааст.

Ба њамагон равшан аст, ки дањсолањои охир дар натиљаи афзудани таъсири мутаќобилаи инсон ба табиат мувозинати табиии минтаќаи Кўлоб, аз он љумла мавзеи Дашти Љўм вайрон гашт. Мураккабии ин масъала дар он зуњўр мегардад, ки комплекси љамоаи экологии Даштиљум аз назари статсионарї мавриди омўзиш ва тањќиќ ќарор нагирифтааст.

Мамнўъгоњ корхонаи илми буда, олимон асрори табиат ва мутобиќгардонии набототу њайвоноти гуногунро ба иќлими мањал тадќиќ мекунанд. Аз ин рў тамоми шаклњои дахолате, ки боиси таѓйирёбии мувозинати табии табиат мегардад, дар њудуди мамнўъгоњ тамоман маън аст. Вале, ин ќонун бо тамоми унсурњояш дар маманўъгоњњои кишварамон риоя карда намешавад.

Сониян солњои охир мавзейи мамнўъгоњи Даштиљум ба шикоргоњ табдил ёфтааст. Пайваста ќонуншиканї мушоњида шуда, низоми мамнўъгоњ вайрон мешавад. Аз љониби дигар, рустанињои доругию нодирро ѓайримутахассисон бебаркаш љамъ меоранд. То кунун аз тарафи Вазорати њафзи табиат ќонуни низоми мамнуъгоњ дар кишварамон тањия нашудааст. Ва он маблаѓи ночизе, ки љарима ситонида мешавад њељ гоњ дар ин бахш бењбудиро ба даст намеорад. Аз тарафи дигар ваќти онро расидааст, ки ќонуни муњофизати табиатро такмил дода, он ба шароити талаботи бозоргонї мутобиќ намоем. Вагарна ба насли оянда табиати урёнро боќї мегузорем.

Омили дигари тезутундшавии бўњрони экологии ин мавзеъ ќарори Девони Вазирон оиди бунёди дењањои куњан мебошанд. Ба хотири амалї гардонидани ин ќарор дар њудуди мамнўъгоњ ва атрофии он чандин дењањо аз нав бунёд шудаанд. Њукумати Љумњуриро лозим аст, ки ибтидо бо як ќарори хеш эњёи барќароркунинии дењањои њудуди мамнуъгоњ ва атрофи онро боздорад. Њифзи генофонд вазифаи муњим буда, тањти назорати сохторњои давлатї бояд ќарор гирад.



Мамнўъгоњи Зоркул.

Мамнўъгоњи Зоркул мамнўъгоњи ягона дар Помир буда, соли 2002 ташкил шудааст, дар баландии 4100-4200метр аз сатњи бањр воќеъ гардидааст. Маќсади ташкили мамнўъгоњ нигоњ доштани маљмўи хоси комплекси табиии Помири Шарќї, макони ѓози њиндї куњї, архар ва бузи кўњии Осиёи Марказї ба њисоб меравад. Аз љињати муносибати зоогеографї њайвонот ба њудуди Осиёи Марказї нисбат дошта, њудуди Зоркулро дар бар мегирад. Кўли Зоркўл дар марзи мамлакатамон љойгир буда, дар љануби он њудуди Љумњурии Исломии Афѓонистон воќеъ аст, ки Бадахшони Афѓон номида мешавад. Дар њудуди мамнўъгоњ боз се кўли начандон калон бо номи умумии Чаканкўл, дар яке аз дарањои каторкўњи Вахон љогирифтаанд. Болотари ин дара то ќуллаи Вањдат мерасад, ки баландиаш 6000метр аст.

Њудудњои муњофизатии ба наќша гирифта шуда дар якљоягї бо Љуњурии Исломии Афѓонистон на танњо ањамияти экологї дорад, балки ба њамкории дуљонибаи давлатњои аз љињати љугрофї њамњудуд ва њамдигарро пурракунанда дар бобати инкишофи њифзи табиат аст.

Олами набототи ин мањал нињоят кам аст. Намудњои он аз явшон (полынь), ѓубайрои помирї (рябина), болиштак (подушечник) ва терескан иборатанд.

Олами њайвонот: аз намояндагони парандањо бургут, каргас, заргулдор, пашахурак дида мешавад. Кўњњои Помир селаи зиёди паррандањои кўчиро ба худ фаро мегирад. Паррандагони кўчї дар ин љо њангоми муњољирати бањорї ва тирамоњї дам мегиранд. Дар харсангњои кўњї паррандагон ризќ мељўянд. Намояндагони маъмули ширхўрњо архар, рамањои муфлон мебошанд, ки дар куњњо мечаранд. Дар њамаи љойњо шерпаланг (ирбис) вомехўрад, ки онњоро шикор мекунанд.

Инчунин силовсин, гург, рўбоњ савсорро метавон зикр кард. Дар кўл моњї, асосан ширмоњї ва маринка бењад бисёранд.



Боѓи миллии тољик.

Боѓи миллии тољик соли 1992 ташкил ёфтааст. Масоњати умумии он 2,6 млн га-ро ташкил медињад. Маќсади ташкил кардани он муњофизати маљмўи пурќимати ланшафтї, наботот ва њайвоноти нодири нестшаванда, ёдгорињои табиї, маданї ва таърихї, инкишофи сайёњї ва истифодаи босамараи захирањои табиї мебошад.

Њудуди боѓ 60% масоњати Вилояти Худмухтори Кўњистони Бадахшон ва 40% њудуди ноњияњои Тавилдара ва Љиргатолро фаро мегирад. Боѓ аз кўњњои баландтеѓаи пароканда, ки дар ќисмати болии пиряхњо, шахњо, камарњо иборат аст. Ќисматї бештари масоњати он аз харсангњои баланду дарањои чуќур ва ёлањои тез иборат мебошанд. Ќаторкўњњои Ванљ ва Язгулом то баландии 5000-6000 метр мерасад, ки њудуди барф аз баландии 4700-5000метр оѓоз мегардад.


Расми 11. Гўсфанди Марко Поло.
Боѓи миллї водии зебоманзари Сангвор, кўлњои баландкўњи Ќара –ќул ва Сарез, ќаторкўњи Академияи Фанњо бо ќуллањои баландтаринаш Сомониён (7495метр) ва Ленин (7134метр), пиряхи азими Федченко, Хирсон , чашмањои маъдании гарми шифобахшро фаро мегирад, ки њамвора диќќати куњгардон ва сайёњонро љалб менамояд.

Олами њайвонот. Аз намудњои нодир архар, шерпаланг, гурги сурх, гурбаи вахшї, хирси малла, муфлон, гург, суѓур, силовсин ва харгўшро вохўрдан мумкин.

Аз паррандагон кабки дарї, шоњин, пашшахўрак, њудњуд, лошахўр, мурѓобї, гунљишки кабуд, фохтак, заргулдор, санговдавакро мушоњида намудан мумкин аст.

Дар њудуди боѓи миллї беш аз 2000 намуди растанї мављуд аст. Боѓи миллї ба минтаќањои зерин аз љињати ташкили њифзи табиї таќсим мешавад:

Мамнўї- 2000 га.

Фароѓатї- 22,4 њаз га.

Парваришгоњ-200,0 њаз га.

Хољагии шикорї- 260 њаз га.

Маъмурї- хољагидорї- 11,6 њаз га.

Боѓи таърихи- табиии ”Ширкент”

Боѓи таърихї –табиии ”Ширкент” бо ќарори кумитаи иљроияи шўрои вакилони шањри Турсунзода 21 маи соли 1991 ташкил шудааст. Боѓ дар њудуди дарёи Ширкент, дар доманаи љанубии ќаторкўњи Њисор љойгир шудааст. Маркази он аз шимол кўњи Мечетли, аз ѓарб ва шарќ дарёњои Обизаранг ва Ќаротоѓ, аз љануб водии Ширкентро дар бар мегирад. Дар шимоли боѓ дењаи Пашмикўњна дар љануб харобањои Ќирѓизќишлоќ воќеъ шудаанд.


Расми 12. Дараи Ширкент, изи пойи Динозавр.


Масоњати он 3000га майдонро ишѓол менамояд.

Шароити табии Ширкент ба доманањои љанубии ќаторкўњи Њисор хос аст. Инчунин мавќеи каноравии ноњия, монандї дашту нимбиёбони Тољикистони љанубу- ѓарбї ва музофоти Тўрон ба ў хусусияти муайяни фарќкунанда додаанд. Релефи боѓи Ширкент аз кўњњои параканда ва мављудияти баландињои мутлаќ аз 4000-4500 метр дар шимол ва аз 800-1000 метр дар љануб иборат аст.

Ёдгорињои табиї ва таърихии дастрасшудаи водии дарёи Ширкент ањамияти муњими илмї ва фароѓатиро дорост. Як ќатор ёдгорињое, ки

маќоми байналмилалї доранд, дар ояндаи наздик барои тадќиќотњои илмї истифода мешаванд.

Ёдгортњои ѓайри табиати зинда ќариб 40 намуди нотакрорро дар бар мегирад, ки ба ёдгорињои геологї, гидрологи ва глятсиологї мансуб аст. Муњитарини онњо изњои диназаврњо, ки ба се давраи њаёт нисбат доранд, миќдори умуми наќши пойњои калтаколосњои мунќариз беш аз 400 аст. Дар катори ин новодир нишонањои бузурги суфташавии санг, тарќишњои тањшини бањр ва сайќалёбии ќишри давраи мезозой ба чашм мерасад. Дар њудудњои воњаи Ширкент шакли барљастагии муќарнаси зебои ба худ хоси муљассамавї љилвагар аст.

Нишондодњои бостоншиносї ба ду гурўњи бузург таќсим мешаванд: асри санг ва миёна. Бозёфтњои давраи сангї аз 10 бошишгоњи одамони ибтидої, давраи палеолит ва неолит (фарњанги Њисор) иборат аст.



Олами њайвоноташ гуногун ва рангин аст. Дар водии Ширкент ба миќдори 150 намуди њайвоноти мўњрадор ки аз онњо 30 намуд ширхўрон аз ќабили шерпаланг, хирс, савсор, мири мушон фарќ карда меистанд. Аз паррандагон 40 намуд муќимї ва 55 намуди кўчї, ки нодиртарини онњо пашахўри сарсафед, шоњин, калхот ва дигар намудњо мебошанд.


Расми 13. Кули Темур, дар дараиЌаратоѓ.


Аз дарахтон каркас, бодом, заранг, дўлона, хулул ва ѓайра мављуд аст.

Аз намудњои дарахтони пањнбарг дар баландии 1800-2000метр арчазор дар баландии 2000-3000 метр аз давраи бўр боќї мондааст.

Намудњои растанињои дорувори райњон, чойкањак, пудина, шири харак, адрасмон дида мешавад.

Дар баландии 2800-3000метр марѓзорњои алпї, беш аз 350 намуди растанињои олиташкилро фаро мегиранд, ки бештари онњо хусусияти ѓизої ва шифої доранд: торон, юѓани ѓизои, лола ва ѓайра во мехўранд.

Хусусияти нотакрори растанињои ин водї он аст, ки дар баландии 3000- 4000метр дарахтони пањнбарг бо сўзанбарг мувофиќат менамоянд. Дар баландињо сўзанбаргњо яклухт беомезиш рўидаанд. Ширкент аз ин рў аз љангалзори Зарафшон ва ќаторкўњи Туркистон фарќ мекунад. Боѓи табии Сари Хосор


Расми 14. Акси яке аз шаршарањои Боѓи таърихи-табиии «Ширкент».
Боѓи табии Сари Хосор бо ќарори Њукумати Љумњурии Тољикистон 25 октябри соли 2003 ташкил шуда, дар ноњияи Балљувон воќеъ аст. Масоњаташ 3805га.

Маќсад аз ташкил намудани боѓ нигоњдоштану муњофизат кардани љангалзори дарахтони пањнбарг, ташкил ва рушди сайёњї мебошад.

Боѓи Сари Хосор нотакрор аст, сарвати он љангалзори кўњї, ки аз дарахтони чормаѓз ва дигар дарахтони худрўи самарадор, иборат аст.

Вобаста ба фаровонии ѓизо ва самараи дарахтон намудњои бебањои њайвонот ба мисли: гуроз, хирс сукунат доранд. Инчунин муфлон, оњу, сагобї, савсор, силовсин, шерпаланг зиндагї мекунанд. Парандагоне чун кабк, фохта, кафтар ва ѓайра бешуморанд.



Парваришгоњи Зарафшон.

Парваришгоњ маќоми љумњуриявї дошта аз тарафи Шўрои Вазирони

Тољикистон соли 1976 ташкил шудааст. Дар ќисмати ѓарбии љумњурї, дар поёноби дарёи Зарафшон поёнтар аз дењаи Саразм воќеъ гардида, масоњаташ 2380га мебошад. Маќсади ташкили он парвариш намудани тазарв (фазан)- и зарафшонї аст.

Дар њудуди парваришгоњ намуди шарќии фазан сукунат дорад, ки макони асосии он туѓайзор аст. Туѓайзорњо танњо дар љазирањои маљрои васеъи дарёи Зарафшон боќї мондаанд. Инчунин соњилњои дарё бо буттањои ангат устувор шудаанд. Дар як ќатор љазирачањо буттањои ангат чунон зич сабзидаанд, ки тамоман касногузаранд. Туѓайзорњо барои тазарв паноњгоњи хуб аст, ки дар печутобњои он тазарв пинњон мешавад. Аз растанињо бештар ангат, бед ва юлѓун пањн шудааст. Ангатзор барои тазарв њам ѓизо ва њам паноњгоњ аст.

Олами њайвонот аз харгўш, сагобї, ќашќалдоќ, шаѓол,рўбоњ, љайра, ондатраи ба шароити инљо мутобиќ карда шуда ва ѓизоли бухорї иборат аст.

Парваришгоњи Ќаротоѓ.

Парваришгоњи Ќаротоѓ ањамияти љумњуриявї дошта бо ќарори Њукумати Тољикистон соли 1972 ташкил шудааст. Дар сарњади музофоти Тољикистони љанубї ва ќисмати марказии ќаторкўњи Ќаротоѓи Панљ, ќад-ќади дарёи Ќизилсу аз шимол ба љануб садњо километр тўл кашидааст. Њудуди парваришгоњ доманаи ѓарбии ќаторкўњи Ќаротоѓ, мавзеи таќсимшавии об ба шимол аз аѓбаи Сардоба-Кутал ба масофаи 35км бо баландињои нишонадори аз 700-800 метр то 1500 метр аз сатњи бањр воќеъ гардидааст.

Маќсади ташкил намудани парваришгоњ муњофизати љангали пистазор ва намудњои гуногуни њайвоноти вањшї ба монанди кафтари рахдор, юзи осиёї,оњуи даштї, оњуи бухорої ки ба Китоби сурх дохил шудаанд, мебошад.

Ќаторкўњи Ќаратоѓ низоми пасткўњи Тољикистони љанубї мебошад.

Доманаи шарќии он ба дарёи Ќизилсу пайванд буда, доманаи љанубиаш ба дарёи Панљ шомил аст. Водї мутлаќо беоб буда, баъзан чашмањои аз њам дур вомехўранд, ки обњои баъзеашон шўрмазза мебошанд. Норасоии об дар гармии тобистон њис мешавад, ки 5-6моњ давом мекунад. Дар давраи боронии зимистону бањор дар ќаторкўњ љамъшавии муваќќатии обро аз борон ё обшавии барфњо дар ба ном ”косаи сангин”, ки дар камарњо, дарањо бисёранд, мушоида кардан мумкин аст.

Растанињои парваришгоњ аз љангали камдарахти пистазор дар мавзеи људошавии об ва миќдори ками бодом, буттањои газ, дар як љо гурўњи шулаш (арѓувон) мерўяд. Инчунин марѓзори он аз камол, так-так, тахач иборат аст. Дар ќисмати љануб дар баландињои 800-1000 метр наъно ва ѓеша (ќиёќ) мерўяд.

Олами њайвоноташ гуногунранг аст: аз хазандагон сусмор, тирмор, гурза сукунат доранд. Дар дарахти писта уќоби морхўр лона мегузорад. Дар камарњо каргас, лошахўрњо, ки болои лонаашон пар мезананд ба чашм мерасад. Аз љуфсумњо оњуи вањшї, оњуи даштї, боз аз љумлаи дигар вуњуш харгуш, љайра, рўбоњ, гўрг, савсорро дидан мумкин аст. Аз љумлаи паррандагон кабки муќарнрарї ва дарї, туѓа , кафтари вахшї, шоњин, туѓаи ва амсоли онњо сукунат доранд.

Парваришгоњи Норак

Парваришгоњи маљмўии Норак маќоми љумњуриявї дошта соли 1984 дар ќисми шарќии обанбори Норак созмон дода шудааст. Майдони он доманоњои љанубии ќаторкўњи Сурхкўњро бо баландињои аз 800 то 2000-2200 метр, ќисми обанбори Норак ва манбањое (ќариб 5-њаз га)- ро аз

доманаи шимоли ќаторкўњи Вахш (баландиаш аз сатњи бањр 3000 метр) фаро гирифтааст. Масоњаташ 14,4 њазор га мебошад.

Маќсад созмондињї нигоњ доштани экосистемаи куњии экологї дар минтаќаи обанбори ташкилшуда ва омўхтани минбаъдаи такомули он. Дар оянда мумкин аст, парваришгоњ ба боѓи миллии дохилњои ду бањри сунъї- Норак ва навташкили Роѓун табдил ёбад.

Маљмўи табии парваришгоњ ќисман ба Тољикистони љанубї ва ќисман (ќаторкўњи Вахш) ба музофоти Њисору Дарвоз таалуќ доранд.

Љойгиршавии он дар марзи ду музофоти ба зист мувофиќи тафриќадори љуѓрофї ба низоми экологї гуногунрангї њам дар њолати бумї ва њам њолати кўчї мебахшад.

Набототи ќаторкўњи Сурхкўњ арчазор аст. Дар ќаторкўњи Вахш намудњои экосистемаи ивазшавандаи дарахт- буттањо вомехуранд, ва наздикии обтаќсимкунакњо бошад алафњои хордор бештар пањн шудаанд. Намудњои гуногуни растанињои буттагии экзохорда, бодом, дўлона, писта мављуд аст. Дар соњилњои обанбор буттањои юлѓун, дар обтаќсимкунак арчаи зарафшонї (бурс) дида мешаванд.

Олами њайвоноташ бой ва гуногун аст. Кўршабпарак (шабкўрак) дар ќаторкуњи Вахш хирси маллаи тиёншонї, сагобї, силовсин, шерпаланг,оњу; аз паррандагон лошахўр, каргас ва ѓайрањо вомехўранд. Куброи осиёмиёнагї ва ба миќдори беш гуроз, савсор, аз мурѓон кабк дида мешавад.



Парваришгоњи Алмосї.

Парваришгоњи набототии Алмосї соли 1984 ташкил шуда дар доманањои Ќаторкўњи Њисор дар баландии то 2000 метр аз сатњи

бањр љойгир шудааст. Дар байни дарёњои Ќаратоѓ ва Хонаќоњ љой гирифтааст. Масоњаташ 6,0 њазор га мебошад.

Маќсад аз ташкил намудани паваришгоњ нигоњубин ва эњёи захиравии пурќимматтарин намуди растаниёти Тољикистон амонќара, ки ба Китоби сурх дохил шудааст, мебошад. Майдони парваришгоњ дар њадди минтаќаи биогеографии зисти Њисору Дарвоз мањдуд аст. Наботот аз арчазор, фаркзор ва хорбуттањо иборат аст.

Аз њайвонот харгўш, рўбоњ, гург, савсор, муфлон, пашшахўрак, гунљишки кабуд, хирси мала вомехўрад.

Парваришгоњи Дашти Љум

Парваришгоњи Дашти Љум соли 1972 созмон дода шуд. Дар фарозу нишебињои љанубї- ѓарбии ќаторкўњи Њазрати шоњ, ќад-ќади соњили рости дарёи Панљ ба љануб 45 километр љойгир шудааст. Баландии мутлаќи њудуди парваришгоњ аз 700метр то 3000метр то аз сатњи бањр аст. Маркази шимолии парваришгоњ ба дарёи Њољидара, ки парваришгоњро аз хољагии љангали Дашти Љум људо мекунаду ба он мутаалиќ аст, мерасад.

Марзи љанубии паваришгоњ сарњади давлатии Љумњурии Тољикистон дарёи Панљ аст.

Агар ба њисоб гирем, ки њудуди муњофизатшаванда 30 њазор га бошад, пас масоњати умумї 80 њазор га аст. Парваришгоњи Дашти Љум бо масоњати 50,1 њазор га ва мамнўъгоњи њамному њамсоя, ки њамдигарро пурра месозанд, аз љињати миќдор ва намуди гуногуни табиати вахшї бой аст.

Маќсади ташкили парваришгоњ њифзи намунаи охирини популятсияи оњуи морхўр дар њудуди ИДМ мебошад. Парвариш ва муњофизати љангалзори кўњї ба эњёи њайвоноти нодир, ки ањамияти илмї ва амалї доранд, мусоидат менамояд.

Набототи Дашти Љ ум бой буда, намунањои зиёди минтаќави аз

нимбиёбони паст кўњ то марѓзорњои сералаф, бо иловаи пистазор, арчазор ва дигар растанињои дарахтию буттагиро фарогир аст.

Намудњои асосии растанињои майдони парваришгоњ ба 25 намуд мерасад, бодом, олуи дарвозї, ноки кайон, пиёзи кўњї, шулаш ва ѓайра мебошанд. Шумори умумии намудњои растанї аз 40 беш аст.

Аз олами њайвонот барои муњофизат 15 намуд диќќатљалбкунанда аст, ки 5 намуд ба Китоби сурх дохил шудааст: оњуи морхур, шерпаланг, каргас, куброи осиёи миёнагї. Шахњои љануби Њазрати шоњ љои кабкрав аст.

Парваришгоњи Искандаркул

Парваришгоњи Искандаркўл соли 1956 ташкил шудааст. Масоњаташ 30 њазор га аст. Маљмўи парваришгоњ минтаќаи куњии кўли машњур (кўли Искандари Зулќарнай)- резишгоњи дарёи Сориќтоѓ ва нишебињои шимолии ќаторкўњи Њисор то баландии 2195 метро дар бар мегирад.




Расми 15. Искандаркўл.
Ба номи Искандари Зулќарнай (маќдуни) бисёр ривоятњо мансуб аст. Дар яке оварда шудааст, ки Искандари љањонккушод дар ин макон будааст. Писандаш омада, ќарор додааст кўле офарад. Ба сарбозон супориши додаст, ки обанбор созанд. Пас аз як моњ гуё обанбор сохта шудааст.

Кўли пайдошударо Искандаркул номгузори кардаанд. Агар ба ин ривоят бовар кунем, Искандар на танњо дар онљо будаасту ба кўл номи худро додаст, балки офаридгори он њам будааст. Кўл дар натиљаи кандашавии ќабати кўњ пайдо шудааст ва феълан ба он се дарё Саритоѓ (дарозї 35км), Њазормеч (15км) ва Серима ( 6-7км) мерезад. Аз кўл дарёи Искандарё сарчашма мегирад.

Маќсади паваришгоњ муњофизати табиати зинда бо рушди минбаъдаи сайёњї ва дигар соња аст. Ќад- ќади соњили кўл сафедорзор, бедзор аст. Лаб- лаби дарёи Саритоѓ пайроњањои асосї мегузарад, агар аз аѓба ба тарафи рост (ба шимол) равед, ба кўњњои зебоманзари Фон ва аз аѓбаи Мўр ба чап (љануб) равед ба дараи Каратоѓ мерасед.

Наботот гуногуну рангин аст. Аз растанињои буттагї, фарк, арча, бирешимхома дида мешавад. Дар љангалзор хирси малла, нахчир,шерпаланг, суѓур, аз паррандањо паррандањои кўчї мурѓобии куланг, ќасобак ва ѓайра сукунат доранд. Аз њама аљоиб ва нодир ин нахчир аст.




Достарыңызбен бөлісу:
1   2   3




©dereksiz.org 2024
әкімшілігінің қараңыз

    Басты бет