Ислом дини ҳамзистӣ ва бародарист



Дата06.07.2016
өлшемі89.35 Kb.
#181493


Ислом дини ҳамзистӣ ва бародарист

] طاجيكية – Tajiki – Тоҷикӣ [

Аҳмад Рошид Расулӣ

2011 - 1432



﴿الإسلام دين الأخوة و المعايشة﴾

«باللغة الطاجيكية»

أحمد راشد رسولي

2011 - 1432


Ислом дини ҳамзистӣ ва бародарист

Дини муқаддаси Ислом дар сарзамине зуҳур кард, ки мардуми он бо мусибатҳои зиёде дасту панҷа нарм мекарданд. Низоме, ки бар ҷомеаҳои Арабии он вақт ҳукм менамуд ва акнун ҳар дубора эҳё шудааст, низоми қабилавӣ буд, ки ҳамеша бо андешаҳои тангу қабилавӣ ба сӯи қазияҳо нигариста ва рӯи масоилҳои андак бо ҳам даргир мешуданд ва инсонҳои зиёде таҳти ҳамин унвон кушта ва ба асорат барда мешуд.

Гоҳе ин даргириҳо солҳо, балки даҳҳо сол идома меёфт, ки ба унвоин намуна метавон аз ҷангҳои давраи ҷоҳилият ба номи Ғабро, Доҳис ва Басус ном бурд, ки даҳҳо сол дар миёни қабоили Авсу Хазраҷ давом ёфт.

Касоне, ки ба оташафрӯзӣ ва нифоқу тафриқа дар миёни онҳо доман мезанад, Яҳудҳои Мадина буд, ки ба хотири тазъифи он қабоил аз ҳар василае мадад меҷӯстанд, то аз хотимаи даргириҳо ва дӯшманиҳои онон ҷилавгирӣ ба амал оваранд. Қабоили Авс ва Хазраҷ, ки аз ин набардҳои бемаъно ба шиддат хаста шуда буданд, барои поёни он дар ҷустуҷӯи раҳбари дилсӯз ва паёми раҳоибахше буданд то ба оломи бешумори онон хотима диҳад ва дӯшманӣ ва адоватро дар миёнашон ба дӯстӣ, муҳаббат ва бародарӣ табдил диҳад.

Вале онгоҳ, ки овози малакӯтиро аз куҳи пояҳои Макка шуниданд, наҷот ва растагории худро дар пайравӣ аз таъолими наҷотбахши он дида ва бо гаравидан ба Ислом, душманиҳои онон барои ҳамеша аз миёнашон рахт барбаст.

Ин дини ҷовидонӣ ба чеҳраи ҳамаи нобаробариҳо ва бартариҷӯиҳои қабилавӣ ва нажодӣ, мушти муҳкаме навохт ва адолату мусовот ва бародариро дар миёни ҳамаи афрод ва ҷомеъаҳои башарӣ, эълон дошт ва ҳамаи ононро ба сӯи ваҳдату ухуват ва дӯстӣ фаро хонд.

Ислом бо садои баланд эълом дошт, ки ҳеҷ Араб бар Аҷам ва ҳеҷ Аҷам ба Араб ва ҳеҷ сафед бар сиёҳ ва сиёҳ бар сафед фазилату бартарӣ надорад, магар аз ноҳияи парҳезгорӣ ва тақво!

Ҳамон буд, ки Муҳаммади Арабӣ (с), Билоли Ҳабашӣ, Суҳайби Рӯмӣ, Салмони Форсӣ (р)-ро бо ҳам ҷамъ кард, муҳаббату садоқат, тараҳуму бародариро ба беҳтарин симои он дар миёнашон ба вуҷуд овард. Тамйизу нажодпарастиро таҳрим дошт ва онро аз вижагиҳои ҷоҳилият баршумурд. Тавре, ки рӯзе Абӯзари Ғаффорӣ Билолро ба хотири модараш, ки сиёҳпӯст буд, таҳқир намуд, ва Билол аз он сахт нороҳат шуд ва назди Паёмбар (с) рафт ва аз Абӯзар шикоят кард ва он ҳазрат (с) ба Абӯзар гуфт: ту марде ҳастӣ, ки тоҳанӯз дар вуҷуди ту хислати дарврони ҷоҳилият боқӣ мондааст, Абӯзар (р) баъда аз шунидани сухани Паёмбар (с) аз кардаи худ сахт пушаймон шуд ва аз Билол узр хоҳӣ кард.

Қуръони карим дар оётҳои бешуморе мусалмононро ба ваҳдату ухуват ва дӯстӣ фаро мехонад ва мефармояд:

)وَٱعۡتَصِمُواْ بِحَبۡلِ ٱللَّهِ جَمِيعٗا وَلَا تَفَرَّقُواْۚ ١٠٣( [آل عمران 103]

«Ва ҳамагӣ ба ресмони (ногусастании Қуръон) Худо чанг бизанед ва пароканда нашавед».

Ва мефармояд:



) إِنَّمَا ٱلۡمُؤۡمِنُونَ إِخۡوَةٞ فَأَصۡلِحُواْ بَيۡنَ أَخَوَيۡكُمۡ١٠( [الحجرات 10]

«Ҳамоно мӯминон бародари ҳамдигаранд, пас миёни бародарони худ сулҳу сафо барқарор кунед».

Ислом арзишҳои ахлоқӣ ва инсониро меъёри бартарӣ ва фазилат мешуморад ва ҳар гуна тафриқа ва табъизро, ки аз тасаввуру андешаҳои ҷоҳилӣ маншаъ мегирад, ботил дошта ва ба ҷои он ваҳдату ягонагии хонаводаи башариро эълом намуд, зеро Худованди бузург дар ояти 13 аз сураи Ҳуҷурот мефармояд:



)يَٰٓأَيُّهَا ٱلنَّاسُ إِنَّا خَلَقۡنَٰكُم مِّن ذَكَرٖ وَأُنثَىٰ وَجَعَلۡنَٰكُمۡ شُعُوبٗا وَقَبَآئِلَ لِتَعَارَفُوٓاْۚ إِنَّ أَكۡرَمَكُمۡ عِندَ ٱللَّهِ أَتۡقَىٰكُمۡ١٣( [الحجرات 13]

«Эй мардум! Мо шуморо аз марду зане офаридаем ва шуморо гуруҳ гуруҳ ва қабила қабила намудаем, то ҳамдигаро бишиносед, бегумон гиромитарини шумо дар назди Аллоҳ муттақитари шумост».

Ҳамон буд, ки на танҳо мусалмонон, балки пайравони адён ва мазоҳиби мухталифи дигар тавонистанд, бо озодӣ ва оромиши хотир дар миёни мусалмонон зиндагӣ намоянд, дар ҳоле, ки да зери сояи ҳеҷ низоми дигари ғайр аз Ислом аз чунин оромише бархурдор набуданд.

Бозгукунандаи ин ҳақиқат, муъоҳадот ва паймонҳоест, ки дар таърихи Ислом ва футуҳоти исломӣ аз сӯи Саҳобаи киром иҷро гардидааст, ки аз ҷумла паймони ҳазрати Умар бо аҳли Байтулмуқаддас мебошад.

Дар замони халифаи дуввум Уммар бин Хаттоб вақте барои имзои муъоҳидаи сулҳу амният ба Байтумуқаддас рафт ва онҷо маъбадеро ёфт, марбут ба қавми Яҳуд, ки ҷуз қисмати болои он бақия дар зери хок мадфун шуда буд, хокҳои болои ҳам шуда онро бо доманаш дур кардан гирифт ва дар ин миён мусалмонон ҳам ба ӯ иқтидо намуданд ва маъбадро аз зери хок ва овор берун карданд, то Яҳудиён маросими диниашонро дар он баргузор кунанд.

Ривоят шудааст, ки дар ин сафари муборак, рӯзе Умар (р) дар пеши калисои Байтулмуқаддас нишаста буд, ки ҳангоми намоз фаро расид. Вай аз ҷо баланд шуд ва дуртар иқомаи намоз кард. Мусалмонон пурсиданд, магар намоз хондан дар дохили калисо ҷоиз нест? Зимомдори адолатпеша ва озодандеш посух дод: Ман тарсидам, ки агар дар даруни калисо намоз бигзорам, баъд аз ман мусалмонон биёянд ва онро ба масҷид табдил диҳанд.

Оё ҳимоят аз озодии динӣ ва тасҳил дар анҷоми маросими ибодӣ барои дигарандешон қавитар ва беҳтар аз ин вуҷуд дорад?

Намунаи дигари достони халифаи адолатгустари Ислом Алӣ (р) аст. Он ҳазрат боре сипари худро назди марди насронӣ ёфт. ӯро ба назди қозӣ Шурайҳ овард (мансаби қазоро дар даврани он ҷаноб бар уҳда дошт) ва гуфт: ин сипари моли ман аст ва онро назди ин шахс ёфтам, ки онро барояш на фурухтаам ва на бахшидаам. Шурайҳ аз марди насронӣ пурсид: дар мавриди даъвои Амиралмӯминин чӣ посӯх доред? Он мард гуфт: ин сипеҳри ман  ва дар мулки ман аст ва амир ҳам назди ман дурӯғгӯ намебошад. Қозӣ ба сӯи Алӣ (р) нигоҳ кард ва аз вай пурсид: эй амир! Оё шоҳиде ҳар дорӣ? Алӣ (р) хандид ва гуфт: Шурайҳ ба ҳақ расида ва ман шоҳиде надорам ва қозӣ ба нафъи насронӣ файсаларо содир намуд ва он мард сипеҳро гирфт ва  рафт, вале дубора аз роҳ баргашт ва гуфт: ҳамоно ман шаҳодат медиҳам, ки ин файсала ва ҳукми Паёмбаронаст. Амиралмӯминин манро ба муҳокама назди қозии худ мебарад ва ӯ ҳам ба зарари амир файсала мекунад. Ман ба ягонагии Худованд ва рисолати Муҳаммад (с) шаҳодат медиҳам. Эй амирамӯминин! Ин сипеҳр моли шумост ва замоне, ки шумо аз ҷанги Сиффин баргашта будед, ман ба дунбол лашкари шумо меомадам ва ин  сипеҳро, ки болои яке аз шутурҳои шумо афтида буд, ман бардоштам. Алӣ (р) барояш гуфт: ин сипеҳр ҳоло моли шумо бошад ва онро ба вай бахшид.

Ба ҳамин асос Ислом бо суръати зиёд миллатҳои гуногунро ба сӯи худ ҷазб кард ва оноро аз ҷавру зулми ҳокимон, истеъмор ва истибдоди қудратҳои вақт озодӣ бахшид.

Вале баъд аз он, ки мусалмонон таълими Исломро ба фаромӯшӣ супурданд ва дубора табъизу бартариҷӯиҳо дар миёни онон зуҳур кард, зиллату хорӣ аз ҳар гӯша ба сӯи мусалмонон рӯй овард ва сарзаминҳои бешуморе аз дасташон берун шуд ва дар додгоҳҳои тафтиши ақоид муҳокама ва қатли ом шуданд ва душманонашон ҳатто аз сузодинашон дареғ наварзиданд.

Мусалмонон ба асари аз ҳампошидагӣ сарзамини муқаддасеро аз даст доданд ва Байтулмуқаддас баъд аз озодсозӣ тавассути Салоҳуддини Аюбӣ, бори дигар аз сӯи Англис ишғол ва сипас ба дасти саҳюнизм асир шуд.

Душманони Ислом баъд аз фурупошии хилофати Усмонӣ аз ҳар сӯ шитофтанд, то ирси баҷомондаро дар миёни худ тақсим кунанд, ҳамон буд, ки давлатҳои хурду кӯчаки зиёдеро ба вуҷуд оварданд ва пайкару сарзамини воҳидеро, ки дин фарҳанг, таърих ва сарнавишти муштарак ҳамаи ононро ба ҳам пайванд медод, қитъа қиъа намуда ва ҳар як аз онон сарзаминҳоеро ҳамроҳ бо сарватҳои табиъии он ба тороҷ бурданд.

Имрӯз ҳоли мусалмонон нисбат ба ҳар замони дигар бадтар шудааст. Кашмакашҳои қавмӣ, забонӣ, нажодӣ, мазҳабӣ аз ҳар гушае аз кишварҳои исломӣ забона мекашад. Англисҳо, ки муддати замони зиёде кишварҳоро ишғол карда буданд, ба асоси эҷоди тафриқа дар миёни миллатҳо ба роҳатӣ ба онон ҳукумат намуданд.

Аммо он чӣ, ки мусалмононро метавонад аз ин мусибати ҷонкоҳ ва хонамонсӯз наҷод диҳад, фақат ва фақат дар бозгашт ба Ислом ва Қуръон асту бас.

Исломе, ки қодираст, тавре дар гузашта ухувату бародарӣ ва ҳамзистиро дар миёни мо падид оварад ва ҳатто ононе, ки бо мо дар дин ва боварҳо ҳам шарик набудаанд, аз оромиш ва бархурди одилона дар ҷомеъаи исломӣ бархурдор гардиданд.

Исломе, ки ба инсон арзиш қоил аст ва  дин, ҷон, мол, обрӯи вайро муҳтарам мешуморад. Таҷовуз ба ҳаёт ва зиндагии мусалмононро ҳаром дониста ва куштани як фардро ба манзалаи куштани тамоми башарият мешуморад ва зинда доштани ӯр ба манзалаи зинда доштани ҳамаи башарият ба ҳисоб меоварад.

Вале мо ба ҳеҷ як аз ин суханони Қуръон гуш намедиҳем ва ба куштани бародари мусалмони худ ба унвонҳои мухталиф идома медиҳем ва  онро мутаъассифона савоб ҳам медонем, дар ҳоле, ки Ислом аз ин кирдорҳои мо комилан безораст, зеро Ислом гуштани кофирро бидуни завобити шаръӣ иҷоза намедиҳад, чигуна ба куштани мусалмон иҷоза диҳад.

Кирдорҳои мо имрӯз огоҳона ва ё ноогоҳона гом ниҳодан дар масири ҳамон сиёсатҳои шайтонист ки Англис онро дар гузашта таъқиб кард ва акнун онро қудратҳои бузурги дигар барои дар ҳам шикастани мусалмонҳо тавассути худашон ба даст гирифтааст, зеро гуфтаанд, "тафриқа андозу ҳукумак кун".

Худованд миллати исломро аз ин зиллату гумро наҷот бидиҳад ва мусулмононро ду бора ба суи динашон роҳнамуд созад. 





Достарыңызбен бөлісу:




©dereksiz.org 2024
әкімшілігінің қараңыз

    Басты бет