КОМПЮТЕР АЗ КАДОМ ТАҶҲИЗОТҲОИ
ИЛОВАГИ ИБОРАТ АСТ
Дар компютерҳои фардй ба ғайр аз таҷҳизоти комплекти асосй боз имконияти пайваст кардани таҷҳизоти иловагӣ низ вуҷуд дорад. Модем ва факс-модем. Барои тавассути компютер аз шабакаи саросарии Интернет (Intemet) ё маҳаллии корхона истифода бурдан, бо почтаи электронӣ кор кардан, равон ё қабул кардани факс ва ғайра зарур аст, ки он бо модем ё факс-модем муҷаҳҳаз бошад. Модем (modem) — таҷҳизотест, ки ба воситаи шабакаи телефонӣ иттилоотро аз як компютер ба компютери дигар интиқол медиҳад. Факс-модем — таҷҳизотест, ки якбора имкониятҳои ҳам модем ва ҳам аппаратҳои факсиро дорад ва барои бо дигар таҷҳизоти ҳамҷинси худ ё аппаратҳои муқаррарии телефаксӣ барпо кардани мубодилаи тасвирҳои факсималӣ хизмат мерасонад. Қисми зиёди модемҳои нав дорои хусусиятҳои факс- модеманд. Баъзе модемҳо дорои имкониятҳои садоӣ буда, метавонанд ба сифати ҷавобдиҳаки худкор хизмат расонанд. Модемҳо дар ду намуд — дохилӣ (платаи электронии ба шинаи ISA пайвастшуда) ва берунӣ (ҳамчун таҷҳизоти алоҳида) истеҳсол карда мешаванд.
П латаҳои аналогӣ-рақамӣ ва рақамӣ-аналогӣ. Дар бисёр соҳаҳо — техника, тиб, биология ва ғайра баъзан лозим меояд, ки сигнали датчикҳо ба компютер дохил карда шуда, дар асоси онҳо раванд идора карда шавад. Масалан, дар табобатгоҳ ба бемори дарди дил датчике гузоштан мумкин аст, ки тавассути он кардиограммаи бемор мунтазам ба компютер ворид гардад. Дар мавриди хуруҷи касалй компютер ба таври худкор метавонад табибонро огоҳ созад. Ва ё агар дар гармхона ба компютер датчикҳои ҳарорати ҳаво, намӣ ва таркиби гази ҳавоченкунандаро пайваст кунанд, он гоҳ дар асоси маълумоти аз онҳо дастрасшаванда дар гармхона микроиқлими беҳтаринро таъмин кардан мумкин аст. Барои амалй гаштани ин мақсад платаи махсус хизмат мерасонад, ки он сигналҳои аналогии аз датчик дастрасшударо ба сигналҳои рақамии компютерӣ табдил медиҳад. Чунин платаро табдил- диҳандаи аналогӣ-рақамӣ мегӯянд. Барои идора кардани афзорҳои беруна бошад, аз платаи рақамӣ-аналогӣ истифода мебаранд, ки он, баръакс, иттилооти рақамиро ба сигналҳои аналогӣ табдил медиҳад. Дар компютерҳои имрӯза функсияҳои ҳар ду платаро як платаи умумӣ иҷро мекунад. Воситаҳои чандрасонаӣ (мултимедиа). Мафҳуми мултимедиа бо калимаи лотинии media — муҳит (барандаи иттилоот) алоқаманд аст. Мултимедиа имконияти бо иттилооти табиати гуногундошта кор карданро фароҳам меорад. Онро дар забони тоҷикӣ чандрасона мегӯянд. Агар воситаҳои муқаррарии компютер имконияти танҳо бо иттилооти намуди матнӣ ва ададй кор карданро фароҳам оранд, пас чандрасона шароит муҳайё месозад, ки аз садо ва тасвир (иттилооти аудиоӣ ва видеоӣ) лаззат барем:
• мусиқӣ, суруд, сухан ва дигар намуд иттилооти савту садой айнан ҳосил, сабт ва шунида мешавад; расму график, видеоролик, филми аниматсиони ва дигар намуд иттилооти видеоӣ саҳеҳ сохта, намойиш дода ва дида мешавад. Воситаҳои садои (микрофон — microphone, системаҳои акустикИ, колонкаҳо) ва тасвирии компютерро (камераи банаворгирии рақамӣ ва ғайра) барномаҳои чандрасонаӣ истифода ва идора мекунанд. Дастгоҳҳои коркарди графикаҳо. Вақтҳои охир як қатор таҷҳизоти нави коркарди графикаҳои комоютерИ ихтироъ шудаанд, ки бо ёрии онҳо ба компютер дохил кардани маълумотҳои графикИ тамоман осон гардидааст. Муҳимтарини ин навъ сахтафзорҳо сканер, фотокамераи рақамӣ, плот- тер, дигитайзер ва ғайра ба ҳисоб мераванд. Сканер (scanner) — таҷҳизотест, ки ба таври худкор иттилооти матниву графикиро аз коғаз ба компютер дохил мекунад. Он саҳифаҳои матниро низ ҳамчун расм аксбардорИ мекунад. Компютер бо ёрии системаи барномаҳои махсус аломатҳои матн ва ҷузъҳои расму графикҳои тавассути сканер дохилшударо мешиносад ва кор карда мебарояд. Сканерҳои ҳозиразамон ҳатто матнҳои дастнависро низ ба компютер дохил карда метавонанд. Сканерҳо ҳам ба мисли дигар таҷҳизот дар намудҳои мухталиф офарида мешаванд: дастИ, рӯйимизИ, планшетИ, барабанИ, ранга, сиёҳу сафед ва ғайра. АксбардорИ дар сканер ба таври худкор бо ёрии нури рӯшной амалй мешавад. Манбаи нур аз як тарафи тасвир ба тарафи дигари он муттасил ба ҳаракат дароварда шуда, иттилоот аксбардори мешавад. Сканерҳо дар соҳаи нашриёт, системаҳои балоиҳагирИ, мултипликатсия ва ғайра бисёр истифода мешаванд. Аз онҳо дар тайёр кардани маводди аёнИ, ки барои намойишномаҳои ифтитоҳИ, хондани маърӯзаҳо, баромадҳои таблиғотИ, реклама ва ғайра заруранд, истифода мебаранд.
Хусусиятҳои фарқкунандаи сканерҳо инҳоянд:
дараҷаи шинохти (дарёфти) ранг — сиёху сафед, хокистарИ, ранга;
дақиқии аксбардорИ — 200, 300, 600, 1200 нуқта/дюйм;
таъминоти барномавИ — шинохти матн, дастхат, ҷузъи тасвир;
— навъи сохт — дастӣ, рӯйимизӣ, планшетӣ.
Фотокамераи рақамӣ аз фотоаппарати муқаррарӣ бо он фарқ мекунад, ки тасвир на дар фотоплёнка (методи кимиёӣ), балки дар микросхемаи хотираи он (методи рақамӣ) ба қайд гирифта мешавад. Тасвир, пеш аз он ки ба хотираи фотокамера фиристода шавад, аввал дар матритсаи ДАЗ (дастгоҳи алоқаи заряднок — ПЗС/прибор с зарядовой связью) сабт карда мешавад.
Матритсаи ДАЗ аз маҷмӯи катакҳо (пикселҳо) иборат аст. Рӯшноие, ки ба ДАЗ меафтад, дар он заряди электрикиро ба вуҷуд меорад. Бузургии заряд ба шиддати рӯшной вобаста аст. Тасвир ба пикселҳои матритса тақсим карда мешавад. Барои ҳосил кардани тасвири ранга, пеш аз матритса полойишгарони рангӣ гузошта мешаванд. Ҳар як полойишгар дар яке аз қисматҳои сурх, сабз ё кабуди спектри нурӣ рангеро ба қайд мегирад. Дар заминаи ин се ранги пойгоҳй протсессор тасвирро ба пуррагӣ ҳосил менамояд. Нишондиҳандаи асосии фотокамераҳои рақамӣ — миқдори пикселҳои матритсаи ДАЗ мебошад. Барои фотокамерае, ки дар расми болой оварда шудааст, ин нишондод ба 2,1 млн. пиксел баробар аст. Нишондоди рангфиристӣ барои тасвирҳои хокистарӣ 8 бит ва ранга аз 10 бит боло мебошад.
Парвандаҳои тасвирҳо дар формати зичкардашудаи JPEG нигоҳ дошта мешаванд. Зичкунӣ метавонад андозаи парвандаро аз даҳ то сад маротиба хурд кунад. Бояд дар назар дошт, ки дар раванди зичкунӣ сифати тасвир метавонад коҳиш ёбад. Барои сабти тасвир дар фотокамера аз хотираи дохилии он ё аз барандагони иттилоотии навъи Compact Flash (Type I, Type II) card, Ultra Compact Flash card ва ғайра истифода мебаранд. Гарчанде ҷисман ҳаҷми ин барандагон хеле хурд ва истеъмоли энергияашон бисёр кам бошад ҳам, вале ғунҷойиши онҳо хеле калон (то якчанд гигабайт) шуда метавонад. Плоттер — таҷҳизоти графиксоз буда, барои дар коғаз ва лӯлаҳои полиэтиленӣ тасвир намудани расм, навиштаҷот ва графикаву нақшаҳои компю- терӣ хизмат мерасонад. Плоттерро (Plotter) бештар дар системаҳои худкори лоиҳакашй (СХЛ) истифода мебаранд. Вақтҳои охир он дар муассисаҳои таблиғотиву ташвиқотӣ ба
яке аз сахтафзорҳои асосй табдил ёфтааст. Осори фаъолияти ин муассисаҳо ородиҳандаи тамоми кӯчаву хиёбонҳо ва лавҳаҳои рекламавии ташкилоту корхонаҳо ва созмону ширкатҳо гаштаанд. Плоттер дар ду намуд — барабанӣ (бо коғаз ё маводди полиэтилении лӯлапеч) ва планшетӣ (бо варақи ватман) истеҳсол карда мешавад. Плоттерҳои аввалин бо қалам ва ранг кор мекарданд. Ҳоло онҳо ба мисли чопгарҳо дар шаклҳои рангпошанда ва лазерӣ истеҳсол карда мешаванд. Дигитайзер низ таҷҳизоти графиксоз аст, вале он барои ба компютер дохил кардани тасвири эҷодшудаистода хизмат мерасонад. Дигитайзерро планшети графикӣ низ мегӯянд. Ин сахтафзор ҳам ба мисли плоттер бештар дар СХЛ мавриди истифода қарор дода мешавад. Аз он рассомон низ ҳангоми кашидани расму манзараҳои табиат (пейзаж) истифода мебаранд. Яке аз хусусиятҳои дигитайзер он аст, ки ҳангоми бо ёрии он кашидани расм координатҳои нуқтаи ҷорӣ ба таври худкор ба компютер дохил мегарданд. Агар фотокамераи рақамӣ дошта бошед, якчанд расми манзараҳои табиат ва устодону ҳамсабақонатонро гиред ва ба компютер гузаронед. Блоки системавӣ қисми аз ҳама асосии компютер ба ҳисоб меравад, ки дар он клавятура, монитор, муш, принтер, сканер ва дигар таљҳизотҳо пайваст карда мешавад, ва дар дохили он микропротсесор, хотира, блоки таъминоти барқ (блок-питания), картаи тасвири (видио-карта), картаи садоӣ (звуковая карта) ва дигар элементҳои идоракунанда ва таъминкунандаи кори компютер љойгир шудаанд. Платаи асосӣ «метеринская плата» Платаи асосӣ-«Метеринская плата». Ин таљҳизоти аз ҳама калони электронӣ дар КФ мебошад, ки ба он ҳамаи таљҳизотҳои дохили блоки системавӣ пайваст карда мешавад. Дар платаи асосӣ хотираи фаврӣ, микропротсесор, шинаҳо «BIOS» ва ѓайраҳо васл карда шудаанд.
Микропротсесор элементи марказии компютер компютер ба шумор рафта ба воситаи он ҳамаи қисмҳои МЭҲ идора карда ва тамоми амалиётҳои арифметикию мантиқӣ иљро карда мешавад. Дар компютерҳо микропротсесорҳои фирмаи Intel ва баъзан фирмаҳои AMD, Cyrix, IBM ва ѓайраҳо истифода бурда мешавад. Микропротсесорҳои Intel-8808, 80286, SX, 80386 DX, 80486 80486 SX, 80486 DX, 80486 DX2, 80486 DX4, Pentium, Pentium Pro, Pentium 2, Pentium 3, Pentium 4 ва ѓайраҳо моделҳои машҳуртарини микропротсесорҳои Intel ба шумор меравад. Бинобар ҳамин ҳам, компютерҳои дар асоси микропротсессорҳои Intel Pentium 3 ва Intel Pentium 4 ва аз ин зиёд коркунанда имрӯз компютерҳои пуриқтидортарин ба ҳисоб меравад. Моделхои якхелаи микропротсесорхо метавонанд аз хамдигар бо зуддии зарбаашон фарк кунанд. Зуддии зарбаи микропротсесор гуфта, сураъти аз тарафи онхо ичрокунии амалхоро мегӯянд. Зуддии зарбаи микропротсесорхо бо мегагерсхо (Мгс=106Гс) чен карда мешавад. Хар кадаре, ки зуддии зарбаи микропротсесор зиёд бошад, хамон кадар вай сермахсултар хисоб карда мешавад. 2. Монитор барои дар экран тасвир намудани ахборҳои матнӣ ва графикӣ хизмат мекунад. Монитор бо идоракунии видеоадаптерҳо дар ду реља: рељаи матнӣ ва рељаи графикӣ кор мекунад. Экран дар рељаи матнӣ дар худ 25 сатр, ки ҳар яки он аз 80 мавқеъ иборат мебошад, доро мебошад. Намудҳои гуногуни мониторҳо мављуданд, ки аз якдигар бо миқдори рангҳояшон фарқ мекунанд. Дар байни онҳо монитори рангаи EGA (Enhanotd Graphic Adapter) – адабтери графики беҳтарин, VGA (Video Graphic Array) – матрисаи видеографикӣ ва SVGA (Super VGA) мављуд мебошанд. 3. Клавиатура барои дохил кардани ягон рамз, ахбор, фармон ва идора кардани компютер хизмат мекунад. Клавиатура аз тугмачаҳо иборат аст, ки шумораи онҳо аз 109 то 112 то мебошанд. Тугмачаҳои клавиатура ба шаш гурӯҳи зерин људо карда мешавад:
Тугмачаҳои ҳарфӣ – ададӣ;
Тугмачаҳои функсионалӣ;
Тугмачаҳои идоракунии компютер;
Тугмачаҳои идоракунии курсор;
Тугмачаҳои ададии иловагӣ;
5 Индикаторҳо.
Тугмачаҳои ҳарфӣ – ададӣ ба тугмачаҳои машинаҳои чопӣ монанд буда, бо воситаи онҳо рамзҳо, рақамҳо, ҳарфҳо ва дигар аломатҳои гуногун дохил карда мешаванд.
Хотираи фаврӣ. яке аз таљҳизот-ҳои асосиии компютерҳои фардӣ ба шумор меравад. Ин таљҳизот барои нигоҳ доштани ахборотҳои коркардашаванда ва программа-ҳои коркарди онҳо хизмат мекунад. Микропротсесор ахборотҳо-ро аз ҳамин хотира мехонад. Дар адабиётҳо ин хотираро RAM (Rendom Access Memory) мегуянд. Хотираи фаврӣ ин таљҳизоте мебошад, ки асоси онро схемаҳои интегралии ѓунљоишашон калон ташкил мекунанд. Ахборе, ки бевосита бо ёрии компютер таҳлил карда мешавад, дар хотираи фаврии вай нигоҳ дошта мешавад. Хотираи фавриро барои он чунин ном гузоштанд, ки бо суръати ниҳоят баланд кор мекунад. Аз сабабе, ки суръати кори хотираи фаврӣ баланд аст, микропротсесор дар вақти хондани маълумотҳо аз хотира ва сабт кардани маълумотҳо дар хотира вақти бисёр сарф намекунад. Ҳар гуна ахборе, ки дар хотираи фаврӣ нигоҳ дошта мешавад, дар вақти хомӯш кардани КФ нест мешавад. Ѓунљоиши хотираи компютерро бо байтхо чен мекунанд. Дар як байти хотира як аломатро љойгир мекунанд: 1 Килобайт (Кбайт) = 1024 байт = 210 байт, 1 Мегабайт (Мбайт) = 1024 Кбайт = 220 байт, 1 Гигабайт (Гбайт) = 1024 Мбайт = 230 байт. 1 Терабайт (Тбайт) = 1024 Гбайт = 240 байт, 1 Петабайт (Пбайт) = 1024 Тбайт = 250 байт.
Мавзўъ: КОМПЮТЕР АЗ КАДОМ ТАҶҲИЗОТҲОИ
Достарыңызбен бөлісу: |