|
Камоли Хуҷанди (1318/21-1401) Гар бичуянд ба сад карн наёбанд, Камол, Булбуле чун ту хушилхон ба чаманҳои Хуҷанд. Камоли Хуҷанди шоири ғазалсарои форсу тоҷик, дар аввалҳои асри XIV, дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст
|
Дата | 11.07.2016 | өлшемі | 51.5 Kb. | | #191732 |
| Камоли Хуҷанди (1318/21-1401)
Гар бичуянд ба сад карн наёбанд, Камол,
Булбуле чун ту хушилхон ба чаманҳои Хуҷанд.
Камоли Хуҷанди шоири ғазалсарои форсу тоҷик, дар аввалҳои асри XIV, дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Ҳамшаҳриҳои ӯ бо сари баланд хонаи Камоли Хуҷандиро нишон медиҳанд. Ҳозир дар ҷои хонаи ӯ меҳмонхона пӯшида шудааст.
Ҷавониаш дар зодгоҳаш шаҳри Хуҷанд гузаштааст, маълумоти ибтидоиро низ дар он ҷо гирифтааст. Минбаъд таҳсили улумро дар шаҳри Самарканд, Шош (Тошкант) давом додааст. Чуноне ки аз тарҷумаи ҳоли шоир маълум мегардад, ӯ дар ҷавони дар ҳузури устодон аз китоби машҳури Саққоӣи «Мифтоҳ», ки дар он айём асоси таълими забон ва адабиёт ба шумор мерафт, «Алкашшоф»-и Зимаҳшарӣ, «Матолеъ», «Мисбоҳ» ва ғайра дарс омӯхтааст.
Ӯ яке аз донишмандони бузурги замони худ маҳсуб гашта буд. Бо сабабҳои иҷтимои ба шаҳри Табрез сафар карда, дар он ҷо мемонад. Табрез ба шоир ватани дуюм гашт. Дар он ҷо ӯ оромиро дармеёбад. Рӯзҳои охири ҳаёти худро шоир дар Табрез гузаронид. Маҳз бо эҳтимоми султон Увайс барои шоир дар мавзеи худбоду ҳавои Волиёнкӯҳ хона ва боғ тартиб доданд. Дар хонакоҳи шоир ҳамаи шоирон ва дуcтони ӯ ҷамъ меомаданд ва мачлиси шеър меоростанд.
Вакте ки ба Табрез шоҳ Тӯхтамишхон ҳучум мекунад ӯ дар катори дигар ғаниматҳо Камоли Хуҷандиро низ ба асири гирифта, ба шаҳри Сарой мебарад. Шоир 4-сол дар Сарой мемонад (бо маълумотҳои дигар 11 сол). Вале ҳамеша ба ёди Табрез ва дӯстони табрези зиндаги мекард. Ниҳоят ӯ дубора ба Табрез бармегардад ва соли 1401 дар Табрез вафот кард. Ӯро дар боғи худаш ба хок супориданд. Дар канори мақбараи ӯ наққошон, чун: Беҳзод, Султон Муҳаммади Наққош ва аз шоирон: Машрабии Шервонӣ ва Тусӣ дар он ҷо дафн карда шудаанд.
Хоҷа Абдураҳими Хилватӣ таърихи вафоти Камолро дар қитъаи зерин чунин ба назм меоварад:
Орифи ҳақшинос – Шайхи Камол,
Ки ҷаҳонро ба шеъри тар бигирифт,
То суханро сухан бурун афтод,
К-аз сухан ҳамчу он бузург нагуфт.
Ҳаштсаду се гузашт, к-он хуршед
Ҳамчу маҳ дар саҳоби ғайб нахуфт.
Намунаи ашъори Камоли Хуҷандӣ
Баъди вафоташ факат 14000 байт шеърҳои Камолро ёфтаанд, то замони мо 7000 байт омада расидаасту халос. Дар таърихи адабиёти форсу тоҷик Хоҷа Камоли Хуҷанди чун шоири ғазалсаро шӯҳрат дорад. Ғазалиёти шоир чи аз лиҳози корбурди саноеи адабӣ ва чи аз лиҳози фасоҳату балоғат комил буда, чун намунаи олии осори лирикии адабиёти форсу тоҷик эътироф гаштаанд. Намунаи ашъори шоир мавриди назар карор мегиранд:
Дил муқими кӯи ҷонон асту ман ин ҷо ғариб,
Чун кунад бечораи мискинтан танҳо ғариб
Орзуманди диёри хушаму ёрони хеш,
Дар ҷаҳон то чанд гардам бесару бепо ғариб
Чун ту дар ғурбат наяфтоди,чи дони ҳоли мо,
Меҳнати ғурбат надонад ҳеч кас, илло ғариб!
Ҳаргиз аз роҳи карам рӯзе напурсиди, ки чист
Ҳоли зори мустаманде, монда дур аз мо ғариб.
Чун дар ин даврон намеафтад касе бар ҳоли мо,
Дар чунин шаҳре, ки мебини, ки афтад бо ғариб
Дар ғариби ҷон ба сахти медиҳад, мискин Камол,
Во ғариби, во ғариби, во ғарибо, во ғариб!
* * *
Харобаи дили ман пур шуд аз муҳаббати дӯст,
Мабод хеч диле ҳоли аз муваддати дӯст.
Кадом давлату фурсат биефт, ҳар ки наёфт,
Саодати шарафи васли еру сӯҳбати дӯст.
Агар ба дархури ӯ хидмате намеояд,
Шавем муътакифи остони хидмати дӯст.
Расад ба ғояти ҳиммат,чунон ки дилхоҳ аст,
Забону дасту дили ман зи шукри неъмати дӯст.
Камоли хастадилу номуроду беҳосил,
Чи бошад, ар ба муроде расад зи давлати дӯст.
Мустазод
Эй рехта савдои ту хуни дили моро
бе хеҷ гуноҳе,
Бинвоз даме хастаи шамшери ҷафоро
боре ба гуноҳе.
Боди саҳар аз равзаи ризвон хабар овард
имрӯз ба гулзор,
Эй сарви равон, ҳаст магар пайки саборо
дар кӯи ту роҳе
Занҷири сари зулфи туро бо ҳама хуби,
сунбул натавон гуфт,
Ҳаргиз накунад ҳеч касе мушки Хиторо
нисбат ба гиёҳе.
Бишкаст ҳама лашкари султони қавокиб
бар ҳар тараф имрӯз,
К-он зулфи зиреҳпӯши ту аз анбари соро
оварда сипоҳе.
Аз ҳоли парешони Камолат хабаре нест
ҳайҳот! Чи тадбир
Он кист, ки тақрир кунад ҳоли гадоро
дар ҳазрати шоҳе.
Бе лабат дар ҷигари ташналабон об намонд,
Бе сари зулфи ту дар синаи мо тоб намонд,
То хаёли рӯҳат афтод ба хотир моро,
Ба ду чашми ту, ки дар дидаи мо хоб намонд!
Бар сари зулфи ту бигзашт шабе бод вазон,
Гираҳе боз шуду равнақи моҳтоб намонд.
Дар чаман боди сабо буи ту оварду ба шарм
Ранг дар руи гули лолаи сероб намонд.
Давлати васли туам рафту шудам айшҳаром,
Комрони натавон кард чу асбоб намонд.
Гу бубандед дари майкада бар руи Камол
Ки зи савдои лабат завқи маро ноб намонд
Рафт умру нашуд он ёр ба мо ёр ҳанӯз,
Мекунад ҷавр ба ёрони вафодор ҳанӯз.
Турфа коре, ки расид аз ғами ӯ кор ба ҷон,
Накунад зории мо дар дили ӯ кор ҳанӯз.
Ман аз он чашми хуш он рӯз шудам тавбашикан,
Ки набуд аз ману аз майкада осор ҳанӯз.
Гарчи дил аз марази ишқи ту аз хеш бирафт,
Орзуи ту нарафт аз дили бемор ҳанӯз.
Ҳар кас аз банди ғаме ёфт наҷотеву Камол,
Ҳамчунон аст ба кайди ту гирифтор ҳанӯз
Мавзӯи панду ҳикмат дар ашъори Хоҷа Камол
Дар ғазалҳои Камол мисраъҳо ва байтҳои панду ахлоқи, ки аҳамияти таълимӣ ва тарбиявӣ доранд, низ кам нестанд. Панду ҳикматҳои ӯ бисер латиф ва ибратбахш мебошанд.
Чун идомаи анъанаи пешқадами замони гузашта, Хоҷа Камол низ бо мақсади гирифтани пеши роҳи ошӯбҳо, бесарусомониҳои замона ва ислоҳи кирдору рафторҳои ношоистаи мардумони гумроҳ аз ин мавзуъ, яъне аз панду насиҳат ба таври васеъ истифода бурдаанд.
Камол дар ин бобат панду ҳикматҳои бисёре дорад, ки ҳар кадоми онҳо барои одами дар ҳакикат ҳамчун нишондиҳандаи дастури хуби шоҳроҳи зиндаги хизмат карда метавонанд. Чунончи:
1. Бикуш, то ба каф ори калиди вуҷуд,
Ки бе талаб натавон ёфт ҷавҳари мақсуд.
2. Санги бадгуҳар агар косаи заррин шиканад,
Қимати санг наяфзояду зар кам нашавад.
3. Бе талхие аз баҳрҳо гуҳар намеояд бурун.
4. Ки ба пояи бузурги нарасанд худписандон.
Мақол ва ибораҳои халқи
Дигар аз хусусиятҳои шеъри Камол он аст, ки вай баъзе таъбир ва мақолҳои халқиро дар ҷойҳои хеле муносиб ва мувофики ашъораш оварда, барои равшан кардани фикр ва мақсадҳои худ истифода бурдааст. Чунончи, мақоли халқии «Ангура хуру боғаша напурс»-ро дар байти ғазале чунин овардааст:
Ақл гуфт: - Ин бари ҳикмат зи ки омӯхт, Камол?
Гуфт: - «Аз боғ мапурс, ар ғаразат ангур аст».
Дигар мақоли «Ба кӯрпа нигоҳ карда, по дароз кун»-ро дар байти поён ба чунин шакл овардааст:
Ту, ки Камол боре, ки бисоте курб ҷӯи,
«Ба ҳади гилем бояд пои худ дароз кардан».
Ё ин ки маколи «Шунидан кай бувад монанди дидан»-ро чунин кор фармудааст:
Ту гуш ниҳодастию мо дида ба дидор,
«Аз дида басе фарқ бувад то ба шунидан».
Баъзе ибораҳои халқи дар байтҳои зерин ба ин шакл оварда шудаанд:
1. Ақл гуфто: - Ба рӯи ӯ чуни?
Гуфтамаш: - «Рӯй бину ҳол мапурс».
2. Маро гӯянд: - Чун бини зи дураш, бехабар афти,
«Ду чашмам чор шуд», то кай ба он маҳваш дучор афтам.
3. Камол, аз лутфи табъ омад асири ишқи гулруён,
Чу булбул, к-аз хушовози «гирифтори кафас бошад».
4. Гар боз ёфт донаи ҳоли ту мурғи ҷон,
Машмур, аҷаб, ки «чашми нишотам парида буд».
Чуноне ки дида мешавад, аз забони гуфтугӯи, мақолу ибораҳои халқи бештар барои тавсифи ҳолатҳои ишқи ва меҳрангезӣ истифода бурда шудаанд. Ин далели намоён чи гуна таваҷҷӯҳ доштан ва алоқаманд будани Камолро ба забони соддаи халқ нишон медиҳад. Маълум мешавад, ки ин забон барои густариш ва баёни ҳар гуна эҳсос ва андешаҳо муҳайётар
буда, мавриди истифодаи шоир карор ёфтааст.
Достарыңызбен бөлісу: |
|
|