Стандарти давлатӣ ПӮСТҲои қарақӮЛӢ ва ғайри қарақӮЛӢ (смушка)



Дата01.07.2016
өлшемі328.04 Kb.
#171635
ВАЗОРАТИ КИШОВАРЗИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

АКАДЕМИЯИ ИЛМҲОИ КИШОВАРЗИИ ТОҶИКИСТОН

ИНСТИТУТИ ЧОРВОДОРӢ ТОҶИКИСТОН
СТАНДАРТИ ДАВЛАТӢ
ПӮСТҲОИ ҚАРАҚӮЛӢ ВА ҒАЙРИ ҚАРАҚӮЛӢ (СМУШКА)

Мураттиб: Х. Ҷалолов, номзади илмҳои

кишоварзї, корманди шоистаи Тоҷикистон

Душанбе – 2009




САРСУХАН
Гӯсфандони зоти қароқӯлӣ тавассути пӯстҳои нодири 1-3 рӯза, ки аз онҳо гирифта мешаванд аз дигар зоти (ҷинси) гӯсфандон ба кулли фарқ мекунанд.

Ин зоти гӯсфандон таърихи куҳан дошта бо роҳи хостагирї офарида шудаанд ва зиёда дар 50 мамолики дунё парвариш меёбанд.

Гӯсфандони қароқӯлӣ дар ҷумҳуриҳои Ӯзбекистон, Туркманистон, Қазоқистон, Тоҷикистон, Украина, Молдова, Калмиқистон, вилояти Астрахан, инчунин дар мамоликҳои хориҷ Афғонистон, Африко, Ирон, дар қитъаи Европа, Осиё ва Амрико афзоиш меёбанд

Пӯстҳои қароқӯлӣ маводи хуби саноатӣ буда, миллионҳо дона пӯстҳои пурарзиш дар бозорҳои дохил ва беруни кишварҳо ба фурӯш бароварда мешаванд.

То барҳамхӯрии замони шӯравӣ ин навъи гӯсфандон дар 235 совхоз ва беш аз 500 колхоз равнақу ривоҷ ёфта буданд, ки теъдоди онҳо ба 16 миллион сар расида буд.

Ҳоло саршумори умуми гӯсфандони мавҷуд буда дар Туркманистон – 93%, Ӯзбекистон – 84%, Қазоқистон – 20% ва Тоҷикистон – 34%-ро ташкил медиҳанд.

Таносуби пӯстҳои дар Тоҷикистон гирифта, чунинанд: пӯстҳои сиёҳ – 65%, хокистарӣ – 20%, сур – 7% ва ранга 6%.

То солҳои 1990 ҳар сол аз хоҷагиҳои ҷумхурӣрӣ зиёда аз 215-230 ҳазор дона пӯсти хушсифат ба фурӯш бароварда мешуд.

Пӯстҳои нодири қароқӯлӣ ба сифати маводи тайёр дар қувваҳои мусаллаҳ истифода шуда, аз ҷумла сари афсар, генерал ва ғайраҳоро оро медоданд.
Стандартҳои таҳияи пӯст. Мувофиқи стандартҳо таҳияи пӯст- пӯсти қароқӯлиро ба ҷанд гурӯҳ ҷудо карда мешавад. Пӯсти хели қароқӯли аз барраҳои инкишофашон мӯъталил ва ба бозтавлид номувофиқ мегиранд: мувофиқи ГОСТ аз рӯи навъу шакли печишҳои ҷингилаи мӯй онҳоро ба чаҳор гурӯҳ ҷудо мекунанд: дар дохили гурӯҳҳои пӯсти қароқӯлӣ, вобаста ба сифати пашм, андозаи печишҳои мӯй ва ғайра ба навъҳо таќсим мешаванд.

Ба гурӯҳи қароқӯлча пӯстҳое мансубанд, ки аз барраҳои норасид ва аз гӯсфандони ҳомилаи кушташуда ё мурда гирифта мешаванд. Дар собиқ Иттиҳоди Шуравӣ истеҳсоли саноатии пӯстҳои барои гӯшт санадшуда қароқулии 135 рӯзаро аз батни мешҳои нуқсондор (калонсол ва ғайра) ё дурагаҳои аз қӯшқорҳои қароқулї ба вуҷуд омада мегиранд. Чунин пӯстҳо ба се гурӯҳ ҷудо мешаванд:

1. Қароқӯл-қароқӯлча - пӯстҳое, ки қабати муйдори онҳо аз рӯи инкишофи печҳояшон ба қабати мӯйдори пӯсти барраҳои солим зоидашуда наздик аст. Ин хел пӯстҳо одатан дар ҷанин дар ҳафтаҳои охирини инкишофи дохили батнии онҳо ба вуҷуд меоянд. Аз рӯи андоза ва ҷойгиршавии печҳои мӯяшон онҳо қароқӯлчаи сифатнок ҳисобида мешаванд.

2. Қароқӯлча – қабати болоии чунин пӯстҳо аз мӯи кӯтоҳ ва нақши махсуси диқатҷалбкунанда доранд. Ин хел пӯстҳоро аз ҷанинҳои баррачаҳои батни модари синнашон 128-132 рӯза мегиранд. Бо сабаби зебою хурд ҳаҷму мӯйдор будани пӯсташон, талабот ба он хеле калон буда, арзишаш нисбат ба пӯстҳои қароқӯлии сиёҳи навъи якӯм қимматтар аст;

3. Урён-пӯстҳои мӯяшон ниҳоят кӯтоҳ, бепечиш, бенақш ё тобиши ҷаблбкунанда доранд.

Яхобоб. Пӯсти барраҳои хушзоти қароқӯлӣ ё дурагаҳое, ки муяшон нисбатан дароз аст, яхобоб номида мешаванд. Печҳои ин қабил пӯстҳо ковок, дароз, ҳангоми кашиш кардан 3-5 см дароз мешаванд. Яхобобро аз барраҳои синнашон аз якҳафта боло мегиранд.



Стандарт барои пӯсти қароқӯлии сиёҳ (ГОСТ 8748-70). Вобаста ба навъ, андозаи печиш, нармӣ ва зичии мӯй, инчунин ғафсии тарафи дигари пӯсти чунин гурӯҳҳо ва навъҳоро муқаррар мекунанд (ҷадвали 1).

Гурӯҳи жакетӣ (камзӯлчабоб). Бо бартарӣ доштани печишҳои нимдоираи лӯлашакл, ғилофакмонанд ва нақши умумии намоён дошта фарқ мекунанд.

Ҷадвали 1



Навъҳои пӯсти қароқӯлии



Гурӯҳ

Навъ

Номгӯи навъҳои пӯсти қароқӯлӣ

Хусусияти гурӯҳи қароқӯлӣ

Камзӯлчабоб (жакетӣ)

I

Жакет I

Кирпук


Жакетӣ ғафс

Жакетӣ москвагӣ



Асосан печҳои нимдоираи лӯлашакл ва ғилофакмонанд дорад, накши умумиаш баръало намоён аст

Қавқозӣ

II

Жакет II

Қавқозии ғафс I

Қавқозии маҳин

Парниён


Печишҳо асосаи ғилофакмонанд, мӯйҳояшон андак дароз

Қирдори ҳамвор

I

II

III




Қирадори маҳин I

Қирадори ғафс I

Ҳамвори маҳин I

Ҳамвори ғафс I

Қирадори ғафс II

Қирадори маҳин II

Ҳамвори II

Калонпеч


Партионӣ

Қавқозии маҳин II

Қавқозии ғафс II

Ҳамвор III

Қирадори маҳин II

Қирадори ғафс III

Шакли (фигура)


Асосан печишҳои ёлмонанд, қирадор ё ҳамвор вомехӯранд



Гурӯҳи қирадору ҳамвор. Дар пӯсти қароқӯлии қирадор печишҳои ёлмонанд ва лӯлаҳои қирадор, инчунин печишҳои паҳноиашон нобаробар мавҷуданд. Дар навъҳои ҳамвор бештар печишҳои кӯтоҳ мавҷуданд. Дар навъҳои ҳамвор бештар печишҳои ҳамвор ва нокифоя будани зичии мӯйҳо мушоҳида карда мешавад.

Гурӯҳи қавқозӣ - печишҳо асосан ғилофак ва шакли ҳалқаро доранд. Хусусияти фарқкунандаи он каме дароз будани мӯйҳои печишдор мебошад.

Пӯстҳои қароқӯлии гурӯҳи жакетии навъи I- жакет, жакети ғафс ва кирпук дар байни гӯсфандони беҳтарини зотҳои қароқӯлӣ пурарзиштар ба шумор мераванд. Баробари ба навъи II дар пӯстҳои гурӯҳҳои жакетӣ ва қавқозӣ ба ҷои печишҳои навъҳои беҳтарин (лӯла, ғилофак) печишҳои лӯлашакли сирактару ковок ва кӯтоҳ бештар дучор меоянд. Дар паҳлӯҳои пӯст бошад, печишҳои миёнаҳаҷми ғилофакмонанд, кокулмонанд ё ҳалқа шаклу нахӯдшакл вомехӯранд. Дар пӯстҳои навъи II гурӯҳи қавқозӣ (қавқозии ғафс) дар сурати андак дарозтар будани қабати мӯй печишҳои ғилофакмонанд бартарӣ пайдо мекунанд. Дар пӯстҳои навъҳои сеюм печҳои ғилофакмонанд зиёданд, дар паҳлӯҳои чунин пӯстҳо печишҳои ҳалқамонанд, нахӯдмонанд, пармашакл ё лӯлачаҳои ҳамвор ба тасмаҳо иваз мешаванд. Аз ин лиҳоз навъҳои олӣ ба навъҳои пасттар дохил шуда қабати мӯи пӯст тунуку, камҷило ва хусусияти абрешимиаш паст мешавад.

Дар стандартҳои таҳиявї нуқсонҳои пӯст, ки арзиши онро паст мекунад инҳоянд: а) тағйири шакл кардани қабати мӯй, яъне дар баъзе ҷойҳои пӯст печишҳои шаклашон намадмонанд, гирдобмонанд, сахт хобида ва мӯи сӯхта вомехӯранд; б) ҷойҳои дарида, сӯрох шуда ва дарзҳое, ки аз дӯхтани ҷойҳои даридаи пӯст ҳосил шудаанд; в) набудани қисмҳои пӯст (сар, гардан, дум); г) коркарди нодурусти пӯст. Вобаста ба дараҷаи стандарт онҳоро ба хӯрд, миёна ва калон ҷудо мекунад.

Пӯстҳои масоҳаташон хӯрд ба навъҳо (сорт) ҷудо карда намешаванд.

Ҷадвали 2

Пӯстҳои қароқӯлӣ аз рӯи масоҳат ба чунин гӯруҳҳо тақсим карда мешаванд:





Хели пӯст

Масоҳати пӯст, см²

бо намак хушконида

ошдода хушконида

Калон

зиёд аз 1100

зиёд аз 1000

Миёна

зиёд аз 900 то 1110

зиёд аз 850 то 1000

Хурд

аз 500 то 900

аз 450 то 850

Масоҳати пӯст чунин муайян карда мешавад: дарозӣ аз гардан то саршавии думғоза бо васеъгии пӯст.



Пӯстҳои нуқсондор (дефекты). Арзиши пӯстҳои нуқсондори гурӯҳи якум – 11% ва дуюм- 26% кам мебошад.

Пӯстҳои куя хурда, мӯйҳои ҷо-ҷо рехтаи то 40 см²-11%, аз 40 то 80 см²- 26% арзон фурӯхта мешаванд.

Пӯстҳои гурӯҳи дуюм – агар 30% нуқсондор бошанд то 13% арзон фурӯхта мешаванд.

Пӯстҳои бо намак хушконида, ки масоҳаташон аз 500 см² хурд ё ошдода хушконида аз 450 см² кам- 13% нисбати навъи дуюм арзон фурӯхта мешаванд.

Агар пӯсти як даст ё пой надошта, ё куя хӯрда 3% кам фурӯхта мешавад.

Пӯстҳои зоти тозаи кабуди қароқӯлӣ (ГОСТ). Пӯстҳои қароқӯлии хокистарӣ чунин нишонаҳо доранд.

Мӯйҳои печдори ҷингилаи рӯи пӯст ҷилонок ва абрешимин буда, лулашакл, тобиши мӯйяшон гуногун мебошад. Гардан, шона миён ва сағрї мӯйҳои печдор дошта, сару пойҳо, мӯйҳои нисбатан бо дарози фарқкунандаи ҷилонок доранд.

Думғоза бо мӯйҳои печишдори ковок (рыхлый) пӯшида шудааст.

Дарозии мӯйҳои сафеди гардан то 40 мм, қисмҳои бадан то 30 мм мебошад.

Мӯйҳои печдори рӯи пӯсти хокистарӣ ба мисли пӯстҳои сиёҳ ҷойгиранд. Пӯстҳои кабуд аз рӯи таносуби мӯйҳои сиёҳу кабуд ба чунин рангҳо ҷудо мешаванд: пӯсти хокистарӣ ва осмонӣ, нуқрагун, сиёҳ-кабуд, шир-кабуд, сафедча ва ғайраҳо.

Ҷадвали 3

Пӯстҳои кабуд ба чунин гуруҳҳо (хел) ва навъҳо (сортҳо) ҷудо мешаванд:



Хел

Тавсифи мӯйҳои рӯи пӯст

Сорт

Жакетӣ (нимдоира)

Рӯи пӯстро мӯйҳои печишдори лулашакл пушидаанд

Якум

Қабурғашакл

Руи пӯстро мӯйҳои печишдори ёлмонанди қирадор фаро гирифта аст

Якум

Ҳамвор

Руи пӯстро мӯйҳои печишдори ҳамвор фаро гирифтааст

Якум

Қавқозӣ

Мӯйҳои печишдори руи пӯст лӯбиёмонанди дароз мебошанд

Якум

Дигар гурӯҳҳо




Дуюм

Дигар гурӯҳҳо




Сеюм

Пӯстҳои хокистарӣ аз рӯи масоҳат (размер) ҳамчун пӯстҳои сиёҳ тақсим карда мешаванд.

Пӯстҳои нуқсондор ба нуқсонҳои хурд, миёна ва калон ҷудо карда мешаванд.

Пӯстҳои хокистарии гӯсфандон (ГОСТ). Аз рӯи рангашон ба пӯстҳои қароқӯлии хокистарӣ ва сур тақсим карда мешаванд:

а) сур (нуқраформ), тиллоранг, биринҷӣ (бронзовая), қаҳрабо (янтарная), сури пулодӣ, зардолугул (урюк-гюль).

Ҳар як пӯст тобиши худро дошта ба рангҳо (расцветка) ва навъҳо (сортҳо) ҷудо карда мешаванд:

- якум – лулашакл, қавқозӣ ҳамвор қабурғашакл;

- дуюм – лулашакл, қавқози, ҳамвор, қабурғашаклу – ҳамвор;

- сеюм – ба гурӯҳҳо тақсим намешаванд;

б) дорчинранг, гулобӣ (гулигаз), сафедча, хол-хол ва ғайраҳо.

Мӯйҳои рӯи пӯст аз рӯи шакл ва сифат ба сортҳои ҷудо карда мешаванд.

Нуқсоннокии пӯстҳои сур ҳамчун пӯстҳои сиёҳ баҳогузорї мешаванд.
Пӯстҳои қароқӯлии дурагаи сиёҳ ва ранга (ГОСТ). Қароқӯли дубар аз пӯсти зоти тоза куллан фарқ мекунад. Мӯйҳои печдори рӯи пӯст дароз, печ дар печ, гулҳо кушода, ҷилонокӣ ва маҳини надоранд. Ранги пӯстҳои дубар, сиёҳ, хокистарӣ, ранга, хол-хол буда, ба сорти I, II, III ва бо нуқсонҳои хурд, миёна ва калон (брак) ҷудо карда мешаванд.

Навъҳои пӯсти дурага:

Навъи I ҷилонокии мӯй кам, шишамонанд, рӯи пӯст бо мӯйҳои

печдори ёлмонанд, лубиёмонанд, муй камранги печ дар печ, гулҳои бе печу тира, ба назар мерасанд.

Навъи II зичии мӯй кам, ҷилонокї ва шакли абрешимї надорад, мӯй дурушти шишамонанди тира ба назар мерасад.

Дар қаламрави бадани чорво мӯйҳои печдори рӯи пӯст ёлшакл, қирадор, лӯбиёшакл, ҳалқа ва дар паҳлӯҳои пӯст лес дучор меояд.

Рӯи пӯстҳои хокистарӣ ва ранга бештар бо мӯйҳои печдори лӯбиёмонанд, нахудмонанд пӯшида шудаанд.

Навъи III мӯйҳои печдори рӯи пӯст зич ҷойгиранд, ҷилонокиаш хира мебошад. Дар қаламрави рӯи пӯст мӯйҳои печдор ба шакли нахудмонанди ковок, лӯбиёмонанд, ҳалқашакл, лес ва ғайраҳо дучор меоянд. Ин хели пӯст нисбат ба пӯстҳои наъи 1 то 17% арзон фурӯхта мешаванд.

Агар мӯйҳои рӯи пӯст гулҳои печдор надошта бошанд, ҳамчун пӯсти камарзиш (мерлушка) ҳисоб мешавад.
Пӯстҳои яхобоб (яхабаб) (ГОСТ). Ин навъи пӯст аз гӯсфандони зоти тоза ва омехтаи дурага гирифта шуда, дар қаламрави рӯи пӯст мӯйҳои на онқадар печдори шаклашон номувофиқ рӯи пӯстро пушидаанд.

Дарозии мӯй (сиёҳ) гардан аз 3 то 5 см ва пӯстҳои хокистарӣ 4-5 см мебошад. Ранги пӯст сиёҳ, ранга, хол-хол буда, ба навъҳои I, II, III ва нуқсонҳои хурд, миёна ва калон ҷудо карда мешаванд.



Навъи I. Рӯи пӯст бо мӯйҳои печишдори ҷилоноку камҷило, абрешим монанд, кам абрешим монанд пӯшида шудааст.

Гулҳои печишдори рӯи пӯст ковок, миёна ва кӯтоҳ (луламӯйҳо), дар паҳлӯ гулҳои лӯбиёшакл, нимдоира (кольцо) ва ғайраҳо ҷойгир шудаанд.



НавъиII. Ин хели пӯст мӯйҳои ҷилоноку камҷило, шишамонанд, кам абрешимин мебошанд.

Дар қаламрави бадан мӯйҳои печишдор ҷавбгуи меъёрҳо нестанд.



Навъи III. Мӯйҳо аз меъёр дороз ё печишҳои мӯй қамҷилоянд. Гулҳои рӯи пӯст ҷавобгуи талаботи дастурамалҳо нестанд.

Нуқсони пӯсти яхобоб. Нуқсони хурд – 17%, нуқсони калон нисбати навъи 1 – 35% арзон фӯрухта мешавад.


Қарақӯлчаи зоти қароқӯлӣ ва дурага, (ГОСТ). Пӯсти қарақӯлча ба чунин хелу ранг тақсим мешавад:

- ранги мӯйҳои пӯст: сиёҳ, хокистарӣ, сур, ало;

- намуди пӯст: лучак, қароқӯлча, қароқӯл- қароқӯлча мебошанд;

- ба навъи: I, II, III тақсим мешаванд;

- нуқсҳо: хурд, миёна, калон, нуқсондор (брак).

Пӯсти луч (голяк) – дар 3,5 – 4,0 моҳагии давраи буғузӣ бо сабабҳои гуногун гирифта мешавад.



Навъи I. Мӯйҳои рӯи пӯст хело ҷилоноку кӯтоҳ мебошанд.

Навъи II. Мӯйҳои рӯи пӯст камҷило ва беҷилоянд.

НавъиIII. Мӯйҳои рӯи пӯст кӯтоҳу беҷило (хира) мебошанд.

Пӯстҳои лучаки нуқсондор ба навъи III мансуб дониста мешаванд.

Пӯсти қарақӯлча аз мешҳои буғӯз то 10-20 рӯзи зоиши асосӣ гирифта мешавад.

Навъи I- 75% рӯи пӯстро мӯйҳои кӯтоҳи ҷилонок (муаристый) фаро гирифтааст.

Навъи II – 50 % рӯи пӯстро мӯйҳои кӯтоҳи ҷилонок пӯшидааст.

Навъи III - 50% рӯи пӯстро мӯйҳои кӯтоҳи ҷилонок фаро гирифтааст.

Пӯсти қароқӯл - қароқулча – аз мешҳое гирифта мешавад, ки то тавлидашон чанд рӯз боқӣ монда аст.



Навъи I-– 75%-и рӯи пӯст бо мӯйҳои печишдори лӯлашакл пушида шудааст.

Навъи II - пӯстҳое, ки 50% рӯи онҳоро мӯйҳои печишдори лӯлашакл печонидааст.

Навъи III – на камтар аз 50% рӯи пӯстро мӯйҳои печишдори лӯлашакл фаро гирифтаанд.
Пӯстҳои ғайри қароқӯлӣ (смушка), (ГОСТ). Аз гӯсфандони зоти соколӣ, решетиловӣ ва чушка баъди тавлид дар синни 8 рӯзагӣ гирифта мешавад.

Аломатҳои (нишонаҳои) зот чунинанд:

- мӯйҳои рӯи пӯст шишамонанди ҷилонок, камҷило, тира, гулҳои ҳархеларо дар бар мегирад;

- гардан мӯйҳои печишдори то 35 мм (пӯсти сиёҳ) ва пӯсти кабуд 40 мм дарози дорад;

- сар ва пойҳоро мӯйҳо пушидаанд;

- дум - борик ва печишдор, пӯст тунук, ранги пӯст сиёҳ, хокистарӣ, ранга ва ало мебошад.

Сатҳи пӯсти баъди консервасия то 700 см² (нормальный) хӯрд аз 350 то 700 см² нозукча. Пӯсти хушконида 800 см² муътадил ва нозукча 400 то 800 см² масоҳат доранд. Пӯстҳо ба 3 навъ ҷудо мешавад: навъи I, II, III -юм. Ёдрас бояд шуд, ки пӯстҳои аз гӯсфандони ғайри қароқӯлӣ гирифта, дар Тоҷикистон маъмул набуда, ба истеҳсоли чунин пӯстҳои камарзиши зарурат нест.
Нуқсонҳое, ки ҳангоми забҳ намудани барра ва ҷудо кардани пӯст аз бадан пайдо мешаванд:

Нодуруст сарбуридан ва ҷудо накардани пӯст аз бадани барра чунин нуқсонҳоро ба вуҷуд меоварад:

- буридани гардан аз бар;

- олуда гардидани пӯст бо хун;

- ҷудо кардани пӯст ва роҳ додан ба нуқсонҳо;

- дар пӯст боқӣ мондани гӯшт, моддаҳҳои каллогенӣ ва ғайраҳо;

- боқӣ мондани тағояк дар гӯшт;

- мондани устухон дар дум;

- аз пӯст ҷудо кардани сар, пайҳо ва ғайраҳо;

- сурохиҳои гуногуни пӯст;

- ҷо-ҷо буридани, хангоми ҷудо кардани пӯст аз бадан;

- сӯрох намудани ҷо-ҷои пӯст;

- шикастани пӯсти хушк ва ғайраҳо.


Нуқсонҳое, ки дар вақти коркарди аввала ва нигоҳдоштани (консервировкаи) пӯст пайдо мешаванд.

Коркарди нодурусти аввалаи пӯст ва нигоҳ доштани он чунин нуқсонҳоро пайдо мекунад:

- агар амбор-хонаи пӯстнигоҳдор шамолрав бошад;

- аз меъёр истифодаи ками намак;

- нобаробар пошидани намак ба қисми бе мӯйи пӯст;

- қисми бе мӯйи пӯст, ки аз мӯҳлат зиёд дар намак хобонида шудааст;

- ҷо-ҷо кучидани мӯйҳои рӯи пӯст;

- риоя накардани қоидаҳои хӯшконидани пӯст;

- сатҳи пӯстро ҳамвор накарда хӯшконидан (комовая);

- пӯст шакли эластикиро гум кардааст (горелая);

- канорҳои пӯст дар вақти хушконидан қатшуда;

- аз олатҳои оҳанин пайдо гардидани занг дар пӯст (ржавчина);

- доғҳои пӯст то 3 мм, ки ранги сурхчатобро дар фасли гарми сол пайдо мекунанд;

- ҷо-ҷо кучидани мӯй аз пӯст (теклость).


Нуқсонҳое, ки дар вақти нигоҳ доштани пӯст рух медиҳанд. Нуқсҳои зер дар вақти нигоҳдоштани пӯст дар амборҳо ба амал меоянд:

- ҷо-ҷои пӯстро қунғузҳо ва дигар ҳашарот хӯрда;

- ҷо-ҷои пӯстро куя хурда;

- замбуруғ (грибокҳо) ҷо-ҷои пӯстро фаро гирифта;

- тағйир ёфтани ранги мӯйҳои руи пӯст дар вақти нигоҳдори;

- шикастани ҷо-ҷои пӯст.


Шартномаи тарафайн оид ба омода намудаи ва ба фурӯш баровардани пӯстҳои қароқӯлии зоти тоза ва ғайраҳо.

Маводҳои муйина аз ҷумлаи пӯст, пашм ва ғайраҳо солҳои зиёд бо тариқи бастани шартномаҳои пешакӣ таҳрезигардида, ба фурӯш бароварда мешуданд, ва ин ҳуҷҷатҳо амнияти ҳуқуҳиро доро буданд.

Мутассифона имрӯзҳо хариду фурӯши пӯстҳои хӯрду бузург, пашм, ширдон, суму шох, шикамба ва ғайраҳо тавассути муассисаи давлатии «Тоҷикматлубот» ба амал намебароранд.

Солҳои зиёд маводҳои хоми аз ҷониби хоҷагиҳои ба ин кор шуғл варзида омода карда шуда, харидор пайдо намекунанд.

Корчалонҳо қисми ками маҳсулот, ки хушсифат мебошанд, бо нархи арзон ба даст медароранд. Беш аз 96% он маводҳои хоми саноати дар амборҳои хоҷагиҳо хӯроки куя шуда, сифати худро гум карда, ба партовҷойҳо бароварда мешаванд.

Имрӯз кормандони вазорати саноати сабук иқдидори харид ва коркарди аввалаи маводҳои зикргардидаро надоранд (танҳо ҳар сол аз 2 то 5%-и онро қабул мекунанду халос).

Аҳол дар ҷумҳурӣ саршумори моли майда, чорвои калони шохдор, асп, парранда, занбури асал ба солҳои 1990 расидааст, вале сифати маҳсулоти аз онҳо гирифта мешудагӣ бинобар хушзот набудани чорво ҷовобгӯи стандартҳо нестанд.

Ҳоло дар ҷумҳурӣ шаклҳои нави хоҷагиҳо пайдо шудаанд. Вақт тақозо мекунад, ки онҳо дар дохили хоҷагии хеш дуконҳои хӯрд-хӯрди коркарди маҳсулотро ташкил намуда, барои тайёр кардан ва ба фурӯш баровардани ин ё он маводи бозоргир ва ҷавобгуӣ меъерҳо тайёр намоянд.

Тавсия карда мешавад, ки ҳукумати ҷумҳурӣ оиди ин мавзӯъи мубрами рӯз ҷиддан машғул шаванд.
Ба дараҷа (синфҳо) ҷудо кардани пашми нимдурушт (ГОСТ 19779-74). Пашми нимдурушти қароқӯлиро вобаста ба мӯҳлати тарош ба баҳорӣ, тирамоҳї ва баррагӣ ҷудо мекунанд.

Пашми нимдурушти омехтаи баҳорӣ бо сохти дастагии пашми яклухт, нобаробарии маҳинӣ ва дарозии нахҳо фарқ мекунад, он асосан аз нахҳои дарози тибит, мӯи миёна ва қилҳои борик иборат аст. Ба сабаби кам будани миқдори мӯй, маҳинӣ ва дарозии нахҳо фарқ мекунад, он асосан аз нахҳои дарози тибит, мӯи даргузар ва мӯйҳои борик иборат аст. Вобаста ба зоти гӯсфандон онро ба балбасӣ, сароҷинӣ, тоҷикӣ, олойӣ, дуругаи пашмашон нимдурушт ҷудо мекунанд.

Пашми нимдурушти (баҳорӣ) ҳама номгӯйҳоро ба пашми яклухт, пашмпора ва бесинф (қабза, клюнкер) ҷудо мекунанд.

Пашми яклухти нимдурушт ба ду синф (класс) тақсим мешавад: синфи I – дастаҳои нарм, асосан нахҳои тибитӣ ва миёна ва каму беш килҳои борик дорад. Синфи II – дастаҳояш нисбат ба синфи I дарозтар ва дағалтаранд, асосаи нахҳои миён, тибит, каму беш қил дорад, нахҳои хушку мурда низ вомехӯранд.

Пашми нимдурушти омехтаи тирамоҳӣ ва пашми баррагӣ бо он фарқ мекунанд, ки қабзаҳои алоҳидаи нахҳо ва дастаҳо пашми яклухт

ҳосил намекунанд, дарозии нахҳо ва миқдори равған (жиропот) нисбат ба пашми баҳории ҳамин номгуй камтар аст. Пашми нимдурӯшти тирамоҳӣ ва пашми баррагиро ба синфҳо тақсим намекунанд.

Аз рӯи намуд пашми нимдурушти баҳорӣ мӯътадил, ифлоси мушхордор (ду гурӯҳ), иллатнок (ду гурӯҳ) ва ифлоси мушхордори иллатнок, пашми тирамоҳӣ ва баррагӣ бошад, мӯътадил ва ифлоси мушхордор (ду гурӯҳ) мешавад. Мувофиқи ранг пашми нимдурушти тирамоҳӣ ва баррагиро ба синфҳо тақсим намекунанд.

Аз рӯи хел пашми нимдурушти баҳори мӯътадил, ифлоси мушхордор (ду гурӯҳ), иллатнок (ду гурӯҳ) ва ифлоси мушхордори иллатнок, пашми тирамоҳӣ ва баррагӣ бошад, мӯътадил ва ифлоси мушхордор (ду гурӯҳ) мешавад. Мувофиқи ранг, пашми нимдурушт сафед, хокистарии равшан ва ранга мешаванд.



Ба синфҳои дараҷа (класс) ҷудо кардани пашми дурушт (ГОСТ 7939 -79). Пашми дурушти гӯсфандонро вобаста ба мӯҳлати тарош ба баҳорӣ, тирамоҳӣ ва баррагӣ ҷудо мекунанд.

Пашми дурушти баҳорӣ сохти дастагӣ дорад, маҳин ва дарозии нахҳояш нобаробар, аз нахҳои тибитӣ; миёна ва мӯй (қил), аз ҷумла миқдори гуногуни қилҳои хушк ва мурда иборат аст.

Вобаста аз пайдоиш ва зоти гӯсфандон, пашми дурушти баҳорӣ аз рӯи номгӯй тақсим мешавад.

Пашми дурушти ҳамаи номгӯйҳоро ба яклухт, пашмпора ва бесинф: қабза ва клюнкердор ҷудо мекунанд.

Дараҷаи пашми дурушти яклухт вобаста ба маҳинии нахҳо, таносуби нахҳои гуногун - тибитӣ, нахи миёна, мӯй (қил), дарозии онҳо мавҷудияти нахҳои хушку мурда дар қисми асосии пашм муайян карда мешаванд.
Пашми дурушт - кӯҳӣ, лезгинӣ, тушинӣ, қароқӯлӣ - ба ду синф: I ва II ҷудо мешавад: пашми гӯсфандони русӣ ва думбадор ба се синф тақсим

мешаванд. Пашми гӯсфандони зотҳои, шимолии кӯтоҳдум қарабоғӣ ва ҳисорӣ ба синфҳо ҷудо намешаванд.

Хусусияти пашми дурушти тирамоҳӣ ва баррагӣ он аст, ки қабзаҳои алоҳидаи нахҳои пашм бо ҳам сахт пайваст нестанд, аз ин рӯ дастаҳо пашми яклухт ҳосил намекунанд, онҳо нисбат ба пашми баҳорӣ нахҳои кӯтоҳтар доранд ва миқдори равғанарақашон низ камтар аст.

Пашми дурушти тирамоҳӣ ва баррагиро ба синфҳо ҷудо намекунанд.

Аз рӯи ҳолат пашми дурушти баҳорӣ ба мӯътадил, ифлоси мӯшхордори иллатнок, пашми тирамоҳӣ ва баррагӣ ба мӯътадил ва ифлоси мӯшхордор (ду гурӯҳ) ҷудо мешаванд.

Аз рӯи рангаш пашми дурушти баҳориро ба сафед, хокистарии равшан, ранга, пашми тирамоҳиро бошад, ба сафед, хокистарии равшан ва ранга ҷудо мекунанд.



Аз соли 1992 стандарти нав 28491-90 чоирӣрӣ шуд, ки он ба ҳама намудҳои пашми ношустаи гӯсфанд, ки аз пашми яклухт ҷудо карда шудаанд, татбиқ мегардад. Мувофиқи ин стандарт пашми маҳинро ба мериносӣ ва ғайримериносӣ; пашми ниммаҳинро ба кроссбредӣ, сигайӣ, типи кроссбредӣ, сигайии дуруштпашм, пашми дуругаҳои бо навъҳои гуногунии чуфтикунӣ рӯёндашуда, пашми барра (пашми тароши якӯми барра)-ро ба маҳин ва ниммаҳин ҷудо мекунанд; пашми баҳории омехтаи нимдурушт ва дурушт гурӯҳҳои зеринро дар бар мегирад: гурӯҳӣ 1 - сароҷинӣ, тоҷикӣ, олойӣ, балбас, арманӣ, дегересӣ, каргалинӣ, лезгинӣ, тушинӣ, карпати кӯҳӣ, нимдурушти дурагаҳо; гурӯҳӣ 2 - қароқӯлӣ, пашми гӯсфандони думбадор (ҷойдори, эдилбоӣ, туркмани, бурятӣ, муғулӣ ва ғайра), русӣ (волошӣ, соколӣ, чушка, раска, решетиловӣ, суркан, сакел, кучугуровиӣ, муқаррарии думашон дарозу борик), кӯҳӣ (карочиӣ, андийӣ, осетинӣ, бозах, мазех ва дигар гӯсфандони кӯҳӣ); гурӯҳӣ 3 - романовӣ, русии шимолӣ; гурӯҳӣ 4 – ҳисорӣ, карабоғӣ.

Пашми омехтаи нимдурушт ва дурушти тирамоҳї ва пашми барраро низ айнан ба ҳамин гуна гурӯҳҳо ҷудо мекунанд.

Номгӯй ва намудҳои гуногуни пашм аз рӯи талаботҳои зерин ба яклухт ва навъҳои паст ҷудо мешаванд.

Дараҷаи фарбеҳии вазни кушташуда аз рӯи сифати гӯшт вобаста ба талаботи ГОСТ-5111 – 55 муайян карда мешавад.



Дараҷаи олӣ - Мушакҳо хуб инкишоф ёфтаанд, устухонҳо

ба ғайр аз мӯҳраҳои сағри ноаёнанд, равғани

зери пӯст танаро пушидааст, дар қисми сағри

ҷойҳои беравған мавҷудаанд.



Дараҷаи миёна - Инкишофи мушакҳо мӯътадил аст,

барҷастагиҳои мӯҳраҳо дар қисми тахтапушт

ва сағри намоён аст. Равғани зери пӯст танаро

дар тахтапушт ва миён бо қабати тунук

мепӯшад, дар қабургаҳо дар қисми чорбанд

кос ҷойҳои беравған дида мешаванд.




Дараҷаи аз миёна Мушакҳо ғайриқаноатбахш инкишоф ёфтаанд,

паст устухонҳо баръало намудоранд, дар рӯи тана

ҷо-ҷо қабатҳои тунуки равған вомехӯрад ва ё

умуман беравған аст.
Коэффисиенти сергӯштӣ таносуби микдори гӯшти лаҳм ва устухонро дар тана ифода менамояд.

Миқдори навъҳои гӯшт дар тана бо роҳи пора кардани онҳо аз рӯи ГОСТ 7596-81 муқаррар карда мешавад.

Миқдори равған ва ҷой гирифтани он барои муайян намудани сергӯштии гӯсфанд аҳамияти калон дорад.

Дар ҷараёни рушду инкишофи чорво дар давраи дохилибатнӣ ҷамъшавии равған дар ҷайҳои гуногуни тана бо як низоми муайян ба амал меояд. Аввал равғани дарунӣ (болои гурда, назди рӯда), баъд равғани байни мушакҳо, зери пӯст ва ниҳоят, равғани дохили мушакҳо ҳосил мешаванд.

Гӯсфандони гуногунзот аз рӯи хусусияти қабатгирии равған фарқ мекунанд. Масалан, дар гӯсфандони романовӣ асосан равғани дарунӣ, дар гӯсфандони зудраси гӯшту пашмдеҳ дар рӯи тана, дар байни мушаҳо равған пайдо мешавад. Барои танаи 15-18 кг вазндошта ғафсии равған дар рӯи мушаки дарозтарини тахтапушт, дар байни мӯҳраҳои 12-ӯм ва 13-ӯми сина бояд 3-3,5 мм, барои танаи вазнаш 20-25 кг 4-5 мм бошад.

Маҳсулоти иловагии гӯштиро ба чунин қисмҳо ҷудо мекунанд: а) лаҳм – ҷигар, дил, шуш, диафрагма, нойи нафас бо гулӯ, гурдаҳо, испурч, гӯштпораҳо, пистон, забон; б) луобдор – шикамба; в) пашмдор – калла. Вобаста ба дараҷаҳо чунин меъёри каллапоча муқаррар карда шудааст (ба ҳисоби фоиз нисбати вазни танаи гӯсфанд пеш аз куштан):

навъи 1: ҷигар – 1, забон – 0.3, майна – 0.15, гӯштпора – 0.38, дил - 0.45, диафрагма – 0.32, ҳамагӣ - 2,6 кг.

навъи П: шикамба – 1.4, қалтиқ – 0.15, гӯшти пиколи – 0.1, шуш – 0.8, испурч – 0.2, каллаи бемайна ва безабон – 3.6, ҳамагӣ - 6 ,25 кг.

Қимати гизонокии гӯшт аз рӯи ранг, бӯй таъм, нозукӣ,ширадорӣ ва ғизонокии он муайян карда мешавад. Гӯшти гӯсфандони ҷавон нисбат ба гӯсфандони пир нафису сафедтоб аст. Гӯшти гӯсфандони сергӯшту миёна - гӯшт нисбат ба гӯсфандони фарбеҳиашон аз миёна поёнтар ва хароб нарму сершира мебошад. Гӯшти қӯшқор таъми махсуси сабук, андаке ширин ва камнамак дорад. Ин хусусият дар гӯсфандони ҷавон нисбат ба гӯсфандони пир камтар зоҳир мешавад.

Қимати ғизонокии гӯшт ба таркиби он сахт алоқаманд аст, ки он дар навбати худ ба зот, синну сол, фарбеҳии чорво вобаста аст.







Достарыңызбен бөлісу:




©dereksiz.org 2024
әкімшілігінің қараңыз

    Басты бет