Ҷин дар Қуръон ва Суннат
] طاجيكية – Tajiki – Тоҷикӣ [
Ҳусейн Тоҷӣ Галадорӣ
Баргардонанда: Абдусаттори Ҳақназар
Таҳия ва тасҳиҳ: Мусъабӣ Ҳамза
2013 - 1434
الجن في القرآن و السنة
«باللغة الطاجيكية»
حسين تاجى گله دارى
ترجمة: عبد الستار حق نظر
مراجعة وتصحيح: مصعب حمزة
2013 - 1434
Мундариҷа
|
Пешгуфтор.................................................................
|
6
|
Таваккал бар Худо воҷиб аст..................................
|
9
|
Имон ба ғайб..............................................................
|
15
|
Ҷин...............................................................................
|
16
|
Далилҳо аз Қуръони карим...................................
|
16
|
Надидани ҷинҳо далил бар вуҷуд надоштани онҳо нест.....................................................................
|
22
|
Ҷин аз чи чиз офарида шуда аст?........................
|
23
|
Чигуна ҷинҳои кофир ба оташи азоб кашида мешаванд?..................................................................
|
25
|
Оё ҷин мукаллаф аст?..............................................
|
28
|
Навъҳои ҷин...............................................................
|
30
|
Оё ҷинҳо мехуранд ва менӯшанд?........................
|
32
|
Ҷин худро ба шакл ва суратҳои гуногун дар меоварад.....................................................................
|
34
|
Паноҳ бурдан ба ҷин ҳаром аст............................
|
36
|
Қурбони кардан барои ҷин ҳаром аст.................
|
38
|
Кумак хостан аз ҷин ҳаром аст.............................
|
40
|
Оё ҷин ба мардум озор ва азият мерасонад?.....
|
41
|
Саръ ва ҷинзадагӣ....................................................
|
42
|
Зикри далилҳо аз Қуръон ва суннат....................
|
43
|
Иллати ҷинзадагӣ чист?.........................................
|
47
|
Нишонаҳои ҷинзадагӣ............................................
|
49
|
Нишонаҳои ҷинзадагӣ дар хоб чунин аст..........
|
50
|
Нишонаҳои ҷинзадагӣ дар бемор........................
|
51
|
Машруъияти илоҷи мас (ҷинзадагӣ)..................
|
52
|
Сифатҳои муъолиҷакунанда.................................
|
54
|
Кайфияти (чигунагии) илоҷ..................................
|
55
|
Марҳилаи аввал пеш аз муъолиҷа кардан.........
|
55
|
Марҳилаи дуюм: Илоҷ............................................
|
56
|
Марҳалаи сеюм: Баъд аз илоҷ...............................
|
69
|
Чанд насиҳат барои дар амон будан аз шарри ҷин................................................................................
|
71
|
Пешгуфтор
Худованд дар ин ҷаҳон бинобар ҳикмати хеш мавҷудоти зиёде офарида аст, ва ҳар кадомеро барои ҳадафе халқ карда аст, бисёре аз ин мавҷудот бо чашм дида мешаванд ва бисёре ҳам қобили дидан нестанд, ҷинҳое ҳастанд, ки Худованд онҳоро монанди инсонҳо барои ибодат офарида аст, Худованд мефармояд:
ﭽوَمَا خَلَقۡتُ ٱلۡجِنَّ وَٱلۡإِنسَ إِلَّا لِيَعۡبُدُونِ ﭼ
[سورة الذاريات ٥٦]
«Халқ накардам инс ва ҷинро магар барои инки ибодатам кунанд».
Сураи Зориёт, ояти 56
Онҳо мавҷудоти ғайби ҳастанд, ки Қуръону суннат аз онҳо суҳбат намуда ва имон овардан ба онҳо лозим ва зарури аст, ба тавре, ки уламои ислом иттифоқи назар доранд, ки ҳар кас вуҷуди ҷинро инкор намояд аз доираи ислом берун мешавад, зеро ӯ Қуръон ва суннатро инкор ва такзиб намуда аст.
Албатта мардум тасавуроти гуногун ва мухталиф дар бораи ҷин доранд, ки тасавуроти онҳо вобастаги ба мизони илм ва огоҳии онҳо дарад.
Дар ҷомиаи ҳозираи мо, дар асари ғафлат аз ёди Худо, ва адами парҳез аз муҳаррамот, ва суст шудани пояҳои эътиқоди, шайтон ононро дучори сардаргуми намуда ва аз роҳи рост мунҳариф намуда аст, зеро ҳарчи инсон аз Худо дур шавад шайтон ба вай бештар наздик мешавад.
Масъалаи ҷинзадагӣ ва роҳҳои илоҷи он яке аз масоиле аст, ки имрузҳо инсонҳои бисёре аз мусалмононро ба худ машғул сохта аст, баъзе бо рафтан назди ҷодугарон ва аз роҳи сеҳру ҷоду ва тилисмҳои шайтони ва баъзеи дигаре бо тавассул ба роҳҳои мухталифи дигар хоҳони илоҷ ва шифо аз ин бемори ҳастанд.
Ва агар онҳоро аз ин корҳо манъ кунем хоҳанд гуфт: Пас роҳи шаръии он дар Қуръону суннат чист?
Яке аз дӯстон аз ин ҷониб хостанд ки дар заминаи вуҷуди ҷин ва ҷинзадагӣ ва роҳи илоҷи шаръии он матолибе ба забони форси ҷамъ овари намоям то ҷавобгуи ин талаби азизон бошад.
Банда бо вуҷуди инки аз навиштани чунин баҳс қосир ва нотавон буд вале бо истиъонат аз Худованд тақозои он дӯсти азизро лаббайк гуфтам, ва китоби ҳозирро ба риштаи таҳрир дар овардам ва ҳамчунин ба фармони расули Худо ҷомаи амал пушида бошам, ки мефармояд:
"Касе, ки метавонад ба бародараш фоида бирасонад, дареғ нанамояд".
Ва умедворам, ки ин китоб роҳнамое бошад барои бародарони мусалмонам ва василаи наҷоти мо дар рӯзи қиёмат бошад, он рӯзе, ки молу дорои бакор наёяд.
Дар поён аз Худованди бузург масъалат дорам, ки ҳамаи моро аз шари шайтони инсу ҷин нигоҳ бидорад.
Илтимоси дуъои нек.
Ҳусейн Тоҷӣ Галадорӣ
20 раҷаби 1421 ҳиҷрӣ.
Таваккал бар Худо воҷиб аст
Таваккал бар Худои бузург амре аст матлуб ва маҳбуб, ва Худованд бар он амр намуда ва мардумро басӯӣ он рағбат дода ва мутаваккилинро ситуда аст:
ﭽوعلى ٱللَّهِ فَتَوَكَّلُوٓاْ إِن كُنتُم مُّؤۡمِنِينَ ﭼ
[سورة المائدة ٢٣]
«Ва бар Худо таваккал кунед, агар аз мӯъминон ҳастед!»
Сураи Моида, ояти 23
Пас агар мо мусалмони ҳақиқи ҳастем бояд таваккал бар парвардигорамон кунем.
ﭽوَمَن يَتَوَكَّلۡ عَلَى ٱللَّهِ فَهُوَ حَسۡبُهُ ﭼ
[سورة الطلاق 3]
«Ва ҳар кас, ки бар Худо таваккал кунад, Худо ӯро кофи аст».
Сураи Талоқ, ояти 3
ﭽرَّبَّنَا عَلَيۡكَ تَوَكَّلۡنَا وَإِلَيۡكَ أَنَبۡنَا وَإِلَيۡكَ ٱلۡمَصِيرُ ﭼ
[سورة الممتحنة ٤]
«Парвардигоро! Мо бар ту таваккал кардем ва ба сӯӣ ту боз гаштем ва бозгашт ба сӯӣ ту аст».
Сураи Мумтаҳина, ояти 4
ﭽوَتَوَكَّلۡ عَلَى ٱلۡحَيِّ ٱلَّذِي لَا يَمُوتُ ﭼ
[سورة الفرقان ٥٨]
«Ва таваккал кун бар он зиндае, ки ҳаргиз намемирад»
Сураи Фурқон, ояти 58
Ҳамоно таваккали содиқ ва ҳақиқи бар Худованд, таъаллуқи дил бар Аллоҳи якто, лаззат ва ширини дорад, ки шахси мусалмон онро дар дили худ меёбад, ва агар куҳҳои дунё бар пушташ гузошта шавад ва мусибатҳо бар вай ҳуҷум оварад, ва бемориҳо бар ӯ чира шавад ҳаргиз лабханди ризоят ва қабул аз вай дур намешавад.
Ҳазрати Абдуллоҳ писари Аббос (р) мефармояд:
«حسبنا الله ونعم الوکيل»
Калимае аст, ки ҳазрати Иброҳим (а) ҳангоме, ки дар оташ андохта шуд фармуд, ва Муҳаммад (с) фармуд: Ҳангоме, ки гуфта шуд:
ﭽٱلَّذِينَ قَالَ لَهُمُ ٱلنَّاسُ إِنَّ ٱلنَّاسَ قَدۡ جَمَعُواْ لَكُمۡ فَٱخۡشَوۡهُمۡ فَزَادَهُمۡ إِيمَٰنٗا وَقَالُواْ حَسۡبُنَا ٱللَّهُ وَنِعۡمَ ٱلۡوَكِيلُ ﭼ
[سورة آل عمران ١٧٣]
«Ҳамоно мардум барои муқобала бо шумо неру ва ҷамъ овари кардаанд пас аз онҳо битарсед, онон имонашон зиёдагӣ ёфт ва гуфтанд: Худо моро кофи аст ва чи нек корсоз аст».
Сураи Оли Умрон, ояти 173
Ҳазрати Иброҳим (а) халили Аллоҳ таъоло, бутшикани замонаш, падари Пайғамбарон, ба мо чигунаги таваккал бар Аллоҳро меомузад, Ҳазрати Иброҳим (а) дар муҳит ва сарзамини куфр зиндагӣ мекард, ва падараш мушрик буд, ва бут мефурухт, вале ҳазрати Иброҳим (а) аз оғози кудаки тавҳид ва яктопарасти дар дилаш ҷой гирифта буд, ва ба ширку аъмоли мушрикин розӣ набуд, мебинем, ки ӯ табарро ба китфаш мегирад ва равона шуда бо дасти муборакаш бутҳоро реза-реза мекунад ва табарро бар дӯши бути бузург гузошта ва аз бутхона берун мешавад... Пас сазояш чунин буд, ки ӯро зиндони карданд ва як ғори калон (чуқури) канданд ва дар он ҳезуми зиёде ҷамъ овари намуданд, ҳатто пирзанон ва кудакони зиёде дар ҷамъ оварии ҳезум ширкат карданд, онгаҳ оташ афрухта шуд сипас ҳазрати Иброҳим (а)-ро дар манҷаниқ гузоштанд ва даруни он оташ андохтанд. Ӯ дилаш вобаста бар Худо буд ва таваккалаш бар Ӯ буд. Ва гуфт:
(حسبي الله)
Худо кифоят кунандаи ман аст.
Пас дар он вақти душвор ва сахтӣ, парвардигораш ба фарёдаш мерасад ва нидои илоҳӣ меояд:
ﭽقُلۡنَا يَٰنَارُ كُونِي بَرۡدٗا وَسَلَٰمًا عَلَىٰٓ إِبۡرَٰهِيمَ ﭼ
[سورة الأنبياء ٦٩]
«Гуфтем: Эй оташ, бар Иброҳим сард ва саломат бош».
Сураи Анбиё, ояти 69
Онвақт он оташи шуълавар ба боғи сарсабз табдил ёфт ва оташ бар вай зараре нарасонд, мушрикин дар гирди оташ ҷамъ шуда буданд ва мунтазири натиҷа буданд, пас ҳазрати Иброҳим (а) аз оташ сиҳат ва саломат берун меояд.
Барон мардуми муъмини ростгӯ,
Чу ингуна гуфтанд қавми ростгӯ,
Шуморо кашонанд дар тангно,
Бибояд битарсед аз он вағо.
Бигуфтанд морост кофи Худо,
Нигаҳбони некест он кибриё.
Ва маънои таваккал ин нест, ки инсон асбобро раҳо кунад, масалан дар ақл рост намеояд, ки инсоне дар хонааш хобрафта ва мунтазири ризқу рӯзи бошад, ки дар манзилаш дохил шавад, дар ривоятҳо омада аст, ки рӯзе ҳазрати Умар (р) гуруҳе аз ҷавонони ибодатгузорро дид, ки дар масҷид нишастаанд, пас аз онон пурсид: Аз куҷо мехӯред?
Онон гуфтанд: мардум ба мо ғизо медиҳанд.
Пас ҳазрат ононро дурра зада ва ба онон гуфт:
Аз инҷо берун шавед, зеро осмон тило ва нуқра намеборонад.
Вале инсон бояд эътиқод дошта бошад, ки Худованд мусабиби асбоб аст, ҳамаи корҳо ба дасти Худо аст ва бо хоҳиш ва хости Ӯ мебошад, балки мо мебинем, ки ҳатто ҳайвонот ва парандагон чигуна ба гирифтани асбоб бо таваккал бар Худо субҳи зуд барои ҷустуҷӯӣ рӯзи мебароянд.
Дар ҳадис омада аст, ки расули акрам (с) фармуданд: «Агар шумо таваккал мекардед бар Худованд таваккали ҳақиқи, ҳар ойна рӯзи дода мешудед ҳамчунонеки парандагон рӯзи дода мешавад, дар ҳангоми субҳ бо шиками холи берун мераванд ва шаб бо шиками пур бар мегарданд».
Аз Худованд масъалат дорем, ки таваккали ҳақиқиро насиби мо гардонад, ва як лаҳза моро бар худ вонагузорад.
Имон ба ғайб
Ончики бар мо пушида аст ва Худо ва расулаш дар бораи он ба мо хабар додаанд ғайб мебошад.
Ва имон ба ғайб яке аз усули бунёди ақидаи исломӣ мебошад, балки аввалин сифате аст, ки Худованд дар Қуръони карим муттақинро ба он васф намуда ва чунин фармуда аст:
ﭽالٓمٓ ١ ذَٰلِكَ ٱلۡكِتَٰبُ لَا رَيۡبَۛ فِيهِۛ هُدٗى لِّلۡمُتَّقِينَ ٢ ٱلَّذِينَ يُؤۡمِنُونَ بِٱلۡغَيۡبِ وَيُقِيمُونَ ٱلصَّلَوٰةَ وَمِمَّا رَزَقۡنَٰهُمۡ يُنفِقُون3ﭼ
[سورة البقرة 1-٣]
«Алиф. Лом. Мим. ин китобе аст ки ҳеч шакке дар он нест ва мояи ҳидояти парҳезгорон аст, он касоне, ки ба ғайб имон доранд ва намоз барпо медоранд, ва аз ончи рузияшон додаем нафақа мекунанд»
Сураи Бақара, оятҳои 1-3
Барои ҳамин бар ҳар мусалмон воҷиб аст, ки ба ғайб имон дошта бошад, имоне, ки шак бар он роҳ надошта бошад.
Ҷин
Аз чизҳои ғайбие, ки имон доштан бар он воҷиб аст: Имон доштан ба вуҷуди ҷин мебошад, далилҳои бисёре дар Қуръон ва суннати мутаҳҳара дар бораи вуҷуди онҳо зикр шуда аст.
Далилҳо аз Қуръони карим:
ﭽوَإِذۡ صَرَفۡنَآ إِلَيۡكَ نَفَرٗا مِّنَ ٱلۡجِنِّ يَسۡتَمِعُونَ ٱلۡقُرۡءَانَﭼ
[سورة الأحقاف ٢٩]
«(Ба ёд овар эй Паёмбар) ҳангоме, ки гуруҳе аз ҷинро назди ту равона кардем, ки қуръонро бишунаванд».
Сураи Аҳқоф, ояти 29
ﭽيَٰمَعۡشَرَ ٱلۡجِنِّ وَٱلۡإِنسِ أَلَمۡ يَأۡتِكُمۡ رُسُلٞ مِّنكُمۡ يَقُصُّونَ عَلَيۡكُمۡ ءَايَٰتِي وَيُنذِرُونَكُمۡ لِقَآءَ يَوۡمِكُمۡ هَٰذَاۚ ﭼ
[سورة الأنعام ١٣٠]
«Эй гуруҳи ҷин ва инс! Оё расулоне аз шумо ба сӯӣ шумо наомаданд, ки оятҳои моро бароятон бозгу мекарданд ва шуморо аз мулоқоти чунин рӯз тарс медоданд».
Сураи Анъом, ояти 130
ﭽيَٰمَعۡشَرَ ٱلۡجِنِّ وَٱلۡإِنسِ إِنِ ٱسۡتَطَعۡتُمۡ أَن تَنفُذُواْ مِنۡ أَقۡطَارِ ٱلسَّمَٰوَٰتِ وَٱلۡأَرۡضِ فَٱنفُذُواْۚ لَا تَنفُذُونَ إِلَّا بِسُلۡطَٰنٖ ﭼ
[سورة الرحمن ٣٣]
«Эй гуруҳи ҷин ва инс! Агар метавонед аз марзҳои осмонҳо ва замин бигузаред, пас бигузаред, вале ҳаргиз наметавонед магар бо неруӣ бузург ва калон».
Сураи Ар-раҳмон, ояти 33
ﭽقُلۡ أُوحِيَ إِلَيَّ أَنَّهُ ٱسۡتَمَعَ نَفَرٞ مِّنَ ٱلۡجِنِّ فَقَالُوٓاْ إِنَّا سَمِعۡنَا قُرۡءَانًا عَجَبٗاﭼ
[سورة الجن ١]
«Бигу: ба ман ваҳӣ шуда аст, ки гуруҳе аз ҷин ба суханонам гуш фаро додаанд, сипас гуфтанд: Мо қуръони аҷиб шунидаем».
Сураи Ҷин, ояти 1
ﭽوَأَنَّهُۥ كَانَ رِجَالٞ مِّنَ ٱلۡإِنسِ يَعُوذُونَ بِرِجَالٖ مِّنَ ٱلۡجِنِّ فَزَادُوهُمۡ رَهَقٗاﭼ
[سورة الجن ٦]
«Ва инки мардоне аз башар ба мардоне аз ҷин паноҳ мебурданд, ва онҳо сабаби афзоиши гумроҳи ва туғёнаш мешуданд».
Сураи Ҷин, ояти 6
Далилҳо аз суннат:
Имом Муслим аз Абдуллоҳ ибни Масъуд ривоят мекунад, ки фармуд: Шабе ҳамроҳи расули Худо будем, ногаҳон ӯро наёфтем, пас дар водӣ ва дарраҳо ӯро ҷустуҷуӣ кардем, пас гуфтем, ки: Рабуда шуда ё кушта шуда аст, пас ба бадтарин ҳолат шабро гузаронидем, ҳангоме, ки субҳ шуд дидем, ки аз тарафи ҳиро меомад, пас гуфтем: Шуморо ҷустуҷӯӣ кардем ва наёфтем, пас ба бадтарин ҳолат шабро гузаронидем!.
Онгоҳ расули Худо фармуд: «Фиристодаи ҷин назди ман омад, пас ба ҳамроҳи ӯ рафтам, ва бар онон Қуръон хондам».
Ҳазрати Абдуллоҳ мегуяд: Сипас ҳамроҳи мо ба роҳ афтод, ва асари онон ва асари оташи онҳоро ба мо нишон дод ва дар бораи тушае аз расули Худо пурсида буданд, пас ба онон фармуда буда:
«Ҳар устухоне, ки дар он номи Худо бар он бурда шуда барои шумост, вақте, ки ба дастатон мерасад гушти бисёр хоҳад дошт...» сипас расули Худо фармуд:
«Пас бо ин ду (устухон ва саргин) истинҷо накунед зеро, ки хуроки бародаронатон ҷинҳо мебошад».
Муслим 450
Аз Абу Саъиди Худрӣ ривоят аст, ки гуфт: Расули Худо ба ман фармуданд:
«Ҳамоно мебинам, ки ту гусфанд ва саҳроро дӯст дори, пас ҳаргоҳ дар байни гусфандонат ва дар саҳро буди ва онгоҳ, ки барои намоз азон доди пас овозатро баланд кун, зероки овози муазинро ҷин ва инс ва чизи дигаре намешунавад магар инки дар рӯзи қиёмат барои ӯ гувоҳи медиҳад».
Бухорӣ 609
Аз Абдулоҳ ибни Аббос ривоят аст ки гуфт:
Расули Худо ҳамроҳ бо гуруҳе аз ёронаш ба сӯи бозори "Укоз" рафтанд, дар ҳоле, ки миёни шаётин "ҷин" ва ахбори осмон парда ва мониъе пайдо шуда буд, ва оташ порае ба суяшон андохта шуда буд.
Пас шайтонҳои "ҷинҳо" ба сӯи қавмҳояшон боз гаштанд, пас онҳо гуфтанд: Шуморо чи шуда аст? Гуфтанд: Дар миёни мо ва ахбори осмон парда ва мониъе пайдо шуда аст, ва оташ ба сӯи мо андохта шуда аст.
Гуфтанд: Миёни шумо ва осмон пардае пайдо нашуда аст, магар ба хотири инки коре рух дода аст, пас ба суӣ шарқ ва ғарбӣ замин биравед то бубинед, ки чи чизе сабаби монеъият миёни шумо ва ахбори осмон шуда аст.
Сипас он гуруҳе, ки ба сӯӣ Таҳома рафта буданд, ба бозори Укоз расиданд, ва расули Худо ҳамроҳи асҳобаш дар нахла намози субҳро мехонданд, сипас онон ҳангоме, ки Қуръонро шуниданд, ба он гуш фаро доданд, онгоҳ гуфтанд: Қасам ба Худо ин ҳамон чизе аст миёни мо ва ахбори осмон монеъият пайдо карда аст, пас ҳангоме, ки назди қавмашон баргаштанд, гуфтанд:
Эй қавми мо, бидуни шак, ки мо қуръони аҷибе шунидаем, ки ба сӯӣ рушд ҳидоят мекунад, пас ба он имон овардаем ва касеро ба парвардигорамон шарик намегирем, пас Худованд бар паёмбараш нозил фармуд:
ﭽقُلۡ أُوحِيَ إِلَيَّ أَنَّهُ ٱسۡتَمَعَ نَفَرٞ مِّنَ ٱلۡجِنِّﭼ
[سورة الجن ١]
«Бигу: Ба ман ваҳӣ шуда аст, ки гуруҳе аз ҷин ба суханонам гуш фаро додаанд».
Сураи Ҷин, ояти 1
Надидани ҷинҳо далил бар вуҷуд надоштани онҳо нест
Надидани ҷинҳо далил ба вуҷуд надоштани онҳо нест, ва бисёри чизҳо дар атрофи мо вуҷуд дорад аммо мо онҳоро намебинем, монандӣ барқ, ки ҷараён дорад, вале мо онро намебинем, лекин барои исботи он ба асари он дар чароғҳо ва ғайра истидлол мекунем, ва ҳамчунин ҳавое ки ба василаи он вуҷуди онро иҳсос мекунем.
Балки руҳ, ки бар асоси он зиндагии мо устувор аст ва бидуни он мемирем, бо вуҷуди инки онро намебинем ва ҳақиқати онро намешиносем, аммо ба мавҷуд будани он имон дорем.
Ва чизҳои дигаре монанди ҷозибаи замин, неруи оҳанрабо ва ғайраро низ метавон ном бурд.
Ҷин аз чи чиз офарида шуда аст?
Ба таври қатъи ва яқин оятҳои Қуръон ва ҳадисҳои Паёмбар (с) бар ин далолат доранд, ки ҷин аз оташ офарида шуда аст.
Худованд мефармояд:
ﭽوَخَلَقَ ٱلۡجَآنَّ مِن مَّارِجٖ مِّن نَّار ﭼ
[سورة الرحمن 15]
«Ва ҷинро аз оташ халқ кард».
Сураи Ар-раҳмон, ояти 15
Ҳазрати Абдуллоҳ ибни Аббос мефармод: Яъне: Аз оташи холис, ва дар дигар ривоят: Аз шуълаҳои оташ1.
Ва Худованд мефармояд:
ﭽوَٱلۡجَآنَّ خَلَقۡنَٰهُ مِن قَبۡلُ مِن نَّارِ ٱلسَّمُومِﭼ
[سورة الحجر 27]
«Ва ҷинро пеш аз он аз оташи гарм ва сӯзон халқ кардаем».
Сураи Ҳиҷр, ояти 27
Ва Иблис вақто, ки ба саҷда кардан ба Одам (ъ) амр шуд чунин фармуд:
ﭽقَالَ أَنَا۠ خَيۡرٞ مِّنۡهُ خَلَقۡتَنِي مِن نَّارٖ وَخَلَقۡتَهُۥ مِن طِينٖﭼ
[سورة الأعراف 12]
«Ман аз Одам беҳтарам, манро аз оташ офаридаи ва ӯро аз хок офаридаи».
Сураи Аъроф, ояти 12
Ва ҳазрати Ойша (р) мегуяд: Расули Худо (с) фармуданд: «Фариштагон аз нур офарида шудаанд, ва ҷин аз оташ офарида шуда, ва Одам (ъ) аз ончики барои шумо васф шуда офарида шуда аст»
Муслим 2996
Чигуна ҷинҳои кофир ба оташи азоб кашида мешаванд?
Ин саволе аст, ки хелеҳо онро матраҳ мекунанд, ва агар онҳо каме фикр ва андеша намоянд, ҷавоби ин саволро хоҳан ёфт.
Маълум аст, ки инсон аз хок офарида шуда аст вале феълан ӯ хок нест, фақат асли ӯ аз хок буда аст, инчнин ҷин низ аз оташ офарида шуда вале феълан ӯ оташ нест. Далилҳои зиёде дар ин бора вуҷуд дорад.
Ҳазрати Ойша (р) мефармояд:
Расули Худо дар ҳолеки намоз мехонданд шайтоне наздаш омад, онгоҳ расули Худо ӯро маҳкам гирифт ва гулуяшро фишор дод, ва фармуданд:
«Онқадар гулуяшро фишор додам, то инки сардии забонашро бар дастам эҳсос кардам».
Насои дар Сунани кубро (11639) ривоят кардааст. Ҳадис саҳеҳ аст.
Аз ин ҳадис чунин натиҷа мегирем, ки ҷин феълан оташ нест, зеро агар оташ мебуд расули Худо сардии забони шайтонро бар дасти худ эҳсос намекард.
Ва дар ҳадиси дигаре омада аст, ки расули Худо фармуданд:
«Душмани Худо, Иблис, шуълае аз оташ барои гузоштани он дар чеҳраам овард... ».
Муслим рақами 562
Аз ин ҳадис чунин мефаҳмем, ки агар шайтон ба кайфиятеки офарида шуда (оташ) боқӣ мебуд ҳоҷате барои овардани шуълае аз оташ надошт.
Ва ҳамчунин расули акрам (с) фармуданд:
«Шайтон монанди хун дар раги инсон ҳаракат мекуанд».
Нисои дар сунани кубро (11439) ривоят карда аст. Ҳадис саҳеҳ аст
Пас агар ба ҳолати худаш боқӣ мебуд ҳар ойна ҷасади инсонро месӯзонд.
Ва бояд гуфт: Инсоне, ки аз хок офарида шуда аст шиканҷа додани он ба воситаи хок мумкин мебошад ва ҳамчунин метавон онро бо об азоб ва шиканҷа кард. Пас ҳеҷ ҷои таъаҷуб нест, ки шайтон ва ҷин ки аз оташ офарида шудаанд ба воситаи оташ шиканҷа ва азоб шаванд. Зеро Худованд ба ҳарчиз қодир ва тавоно аст.
Оё ҷин мукаллаф аст?
Мегӯям: Бале, ҷин низ ба монанди инсон мукаллаф бар ба ҷой овардани авомири шаръӣ аст.
Ба далили, ин фармудаи Худованд:
ﭽيَٰمَعۡشَرَ ٱلۡجِنِّ وَٱلۡإِنسِ أَلَمۡ يَأۡتِكُمۡ رُسُلٞ مِّنكُمۡ يَقُصُّونَ عَلَيۡكُمۡ ءَايَٰتِي وَيُنذِرُونَكُمۡ لِقَآءَ يَوۡمِكُمۡ هَٰذَاۚ قَالُواْ شَهِدۡنَا عَلَىٰٓ أَنفُسِنَاۖ وَغَرَّتۡهُمُ ٱلۡحَيَوٰةُ ٱلدُّنۡيَا وَشَهِدُواْ عَلَىٰٓ أَنفُسِهِمۡ أَنَّهُمۡ كَانُواْ كَٰفِرِينَﭼ
[سورة الأنعام 130]
«Эй гуруҳи ҷин ва инс! Оё Паёмбароне аз шумо ба сӯӣ шумо наёмаданд, ки оёти моро бароятон бозгуи мекарданд ва шуморо аз мулоқоти чунин руз тарс медоданд?».
Сураи Анъом, ояти 130
Ва ҳамчунин ба ин далил, сухани Худованд:
ﭽفَبِأَيِّ ءَالَآءِ رَبِّكُمَا تُكَذِّبَانِ ١٣ ﭼ
[سورة الرحمن 13]
«Пас (эй гуруҳи ҷин ва инс) кадом неъматҳои парвардигоратонро инкор мекунед».
Сураи Ар-раҳмон, ояти 13
Ва уламои ислом бар ин матлаб иттифоқи назар доранд, ки ҷин низ монанди инсон мукаллаф мебошад.
Ва Худованд мефармояд:
ﭽوَمَا خَلَقۡتُ ٱلۡجِنَّ وَٱلۡإِنسَ إِلَّا لِيَعۡبُدُونِﭼ
[سورة الذاريات 56]
«Ман ҷин ва инсро наёфаридам, магар барои инки ибодатам кунанд».
Сураи Зориёт, ояти 56
Дар натиҷа ҷин низ барои ибодат ва бандаги офарида шуда аст. Пас подоши солиҳон ва некукоронашон биҳишт ва кофирону золимону бадкоронашон дӯзах мебошад.
Ва ҳамчунин дар бобҳои гузашта зикр намудем, ки расули Худо (с) барои хондани Қуръон ва баёни аҳкоми дин наздашон рафтанд, пас бар ин далолат дорад, ки онҳо низ мукаллаф ба умури шаръи ва дини ислом мебошанд.
Навъҳои ҷин
Ҷинҳо навъҳои гуногун ҳастанд, дар ҳадис омада аст, ки расули Худо фармуданд:
«Ҷинҳо се навъ ҳастанд, як навъи аз онҳо пар доранд, ва дар ҳаво парвоз мекунанд, ва навъи дигаре морҳо ва каждумҳо ҳастанд, ва навъи сеюми онҳо зиндаги мекунанд ва куч менамоянд».2
Ҷои зиндагии ҷинҳо
Ҷинҳо бештар ҷойҳои хилват ва саҳро, ва ҷойҳое, ки дар он касе зиндагӣ намекунад дӯст медоранд, ва ба ҳамин хотир буд, ки расули Худо (с) барои даъвати онҳо ба сӯӣ Аллоҳ таъоло ва таълими Қуръон барояшон ба саҳро мерафтанд. Чуноне, ки дар ҳадисҳо омада аст.
Ва баъзе дигар аз ҷинҳо дар ҷойҳои касиф ва партовҳо зиндаги мекунанд, ва ин ба хотири он аст, ки онҳо боқи мондаи хуроки инсонҳоро мехуранд. Чунонеки дар ҳадис зикр шуда аст.
Ва баъзе дигар аз онҳо дар хонаҳо бо ҳамроҳи инсонҳо зиндаги мекунанд.
Ва ҳамчунин дар ҳамомҳо ва дастшуйҳои (ҳоҷатхонаҳо) зиндаги мекунанд. Дар ин ҷойҳо бештар ҷинҳои кофир зиндаги мекунанд, зеро онҳо ҷойҳои нопок ва касифро бештар дӯст медоранд, ва аз бӯи хуб хусусан аз бӯи мушк бадашон меояд.
Ва ҳамчунин дар шикофиҳо ва сӯрохҳо зиндаги мекунанд, зеро дар ҳадис омада аст ки:
"Расули Худо (с) аз пешоб кардан дар сӯрох манъ карда аст"3.
Аз Қатода яке аз ровиёни ин ҳадис пурсида шуд: Барои чӣ пешоб кардан дар сӯрохиҳо кароҳат дорад? Гуфт: Гуфта мешавад, ки ҷои зиндагии ҷинҳо мебошад.
Ва инчунин ҷин дар ҷои хобгоҳи шутур зиндаги мекунад, чунонеки дар ҳадис омада аст.
Оё ҷинҳо мехуранд ва менӯшанд?
Ҳадисҳои зиёде ривоят шуда аст, ки ҷин мехурад ва менӯшад. Ҳазрати Абуҳурайра (р) ривоят мекунад, ки ӯ ҳамроҳи Пайғамбар (с) буд, ва барояшон об барои қазои ҳоҷат ва таҳорат мегирифтанд. Рӯзе ҳамроҳ бо об аз пушти Паёмбар (с) мерафт, пас расули Худо фармуд:
Достарыңызбен бөлісу: |