1. Низоми молиявї. 2. Тавсифи ќисмњои он. 1. Низоми молиявї. - Мафњуми «низоми молиявї» инкишофи мафњуми умумии «молия» ба шумор меравад. Дар муайян намудани мафњуми низоми молиявї аќидањои гуногун вуљуд дорад.
- Мисол, намояндагони мактаби молиявии англисї-амрикої (Т. Коуплэнд, Р. Брэйли, С. Росс, Ю. Бригхем ва ѓайрањо) низоми молиявиро чун маљмўи як ќатор муассисањо ва бозорњое, ки ба ширкатњо, шањрвандон, њамчунин њукуматњо хизматрасонињои молиявї пешнињод менамоянд, бањогузорї намудаанд
- Низоми молиявї маљмўи соњањои гуногуни муносибатњои молиявї буда, дар љараёни он фондњои пулии субъектњои хољагидорї, шањрвандон ва давлат ташкил кардаву истифода бурда мешавад.
1. Низоми молиявї - Низоми молияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон - доираи муайяни муносибатҳои молиявӣ, ки дар раванди онҳо маблағҳои пулӣ ташаккул меёбанд ва истифода бурда мешаванд.
- Низоми молияи давлатӣ шакл ва усулҳои ташаккул, тақсимот ва истифодаи маблағҳои пули давлатиро муайян менамояд
- Низоми молиявии Љумњурии Тољикистон дар љадвали 2.1. инъикос карда шудааст.
Ҷадвали 2.1 Низоми молиявии Љумњурии Тољикистон
Молияи марказонидашуда (давлатї)
|
Молияи ѓайримарказонидашуда (ѓайридавлатї)
|
Низоми буљети давлатї
|
Молияи корхона ва ташкилотњои тиљоратї
|
Ќарзи давлатї
|
Молияи корхона ва ташкилотњои ѓайритиљоратї
|
Фондњои маќсадноки давлатї
|
Молияи ташкилотњои ќарзї
|
|
Молияи ташкилотњои суѓурта
|
|
Молияи хољагии хонаводагї
| Тавсифи ќисмњои низоми молиявӣ - Ќисми асосии низоми молиявї буљети давлатї мебошад. Буљети давлатї шакли ташкил ва истифодаи фондњои пулии марказонидашуда барои таъмини вазифањои иќтисодї, сиёсї ва иљтимоии давлат ба шумор меравад.
- Дигар аз ќисми муњими низоми молиявї ќарзи давлатї аст, ки шакли муносибатњои ќарзиро байни давлат, шахсони њуќуќї ва воќеї дар бар мегирад.
- Њангоми амалї намудани ќарзи давлатї, давлат ба сифати ќарздињанда, ќарзгиранда ва кафолатдињанда баромад менамояд.
Тавсифи ќисмњои низоми молиявӣ - Яке аз ќисмњои муњими низоми молиявии Љумњурии Тољикистон фондњои маќсадноки давлатї ба шумор рафта, он ба молияи марказонидашуда дохил мешавад.
- Мувофиќи моддаи 2-уми Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи молияи давлатии Љумњурии Точикистон» «фондњои маќсадноки давлатї - фонди маблаѓњои пулие, ки мутобиќи ќонунгузории Љумњурии Тољикистон аз њисоби даромадњо ё бо роњи људо кардани маблаѓ аз намудњои мушаххаси даромад барои амалї гардонидани ин ё он маќсад истифода мешавад, ташкил меёбад».
Тавсифи ќисмњои низоми молиявӣ - Фондњои маќсадноки давлатї фондњои пулие, мебошанд, ки њадафи муайяни истифодабарї дошта, бо дигар маќсадњо истифода бурдани онњо ќатъиян манъ аст.
- Фондњои мазкур одатан барои расонидани кўмакњои иљтимої ба ањолї, њавасмандгардонии инкишофи соњањои аќибмонда, таъмини соњањои афзалиятноки иќтисодиёт бо маблаѓњои иловаї ва ѓайра истифода мешавад.
Тавсифи ќисмњои низоми молиявӣ - Молияи корхонањо маљмўи муносибатњои иќтисодии пулиро вобаста ба ташкили даромадњои сатњи аввал ва андўхт, таќсим ва истифодаи онњо дар бар мегирад.
Молияи корхонањо ду вазифаро иљро менамояд: - ташкил ва истифодаи даромадњои пулї ва фондњо;
- назоратї.
Дар ташкили молияи ѓайримарказонидашуда хусусиятњои соњавї ва ташкилї-њуќуќии шакли корхонањо таъсири муњим мерасонад. Тавсифи ќисмњои низоми молиявӣ - Ба сифати унсури муњими молияи ѓайридавлатї суѓурта баромад менамояд.
- Сарчашмаи асосии ташкили фонди суѓурта маблаѓњое мебошад, ки дар шакли њаќќи суѓуртавї аз љониби суѓурташавандагон ба ширкати суѓурта пардохта мешавад.
- Маќсади суѓуртакунї њимояи манфиатњои амволии шахсони воќеї ва њуќуќї, њангоми рўй додани њодисањои суѓуртавї мебошад.
- Суѓурта дар шаклњои њатмї ва ихтиёрї гузаронида мешавад.
Тавсифи ќисмњои низоми молиявӣ - Суѓурта як намуди фаъолияти соњибкорї буда, махсусан дар замони иќтисоди бозорї барои рушди босуръати он шароити мусоид фароњам меояд.
- Зеро њар як соњибкор хавфњои ба фаъолияти ў тањдидкунандаро бевосита худаш идора менамояд.
- Давлат талофии зарарњои дар натиљаи офатњои табиї ва њодисањои нохуш ба корхонањо, соњибкорон ва ањолї расонидашударо кафолат намедињад.
- Дигар аз заминаи рушди кори суѓурта дар иќтисоди бозорї мављудияти шаклњои гуногуни моликият мебошад
Саволҳо барои мустаҳкам кардани мавзуъ - Низоми молияви чист?
- Молияи марказонидашударо тавсиф диҳед.
- Молияи ғайримарказонидашудро тавсиф кунед.
- Буҷети давлатӣ чист?
- Сабабҳои пайдо шудани қарзи давлатиро шарҳ диҳед.
- Якчанд фондҳои мақсадноки давлатиро номбар кунед ва сабабҳои таъсис онро фаҳмонед.
- Оид ба молияи корхонаҳо маълумот диҳед.
- Сугурта чист ва чӣ ҳадаф дорад?
Достарыңызбен бөлісу: |