Накша
1.1. Таърихи пайдоиши аудит, мафњум ва моњияти он.
1.2. Маќсад ва вазифањои аудит.
1.3. Намудњои аудит.
1.4. Зарурати дастрас будани маълумот ба истифодабарандагон.
1. Тарихи пайдоиши аудит, мафњум ва моњияти он
Таърихи пайдоиши аудит нишон медињад, ки он яке аз ќадимтарин илмњо мањсуб меёбад. Аввалин мамлакате, ки низоми назорати молиявиро љорї карда буд, ин кишвари Чин мебошад.
Навиштаљотњои ќадимии чинї нишон медињанд, ки дар соли 700 то милод дар ин мамлакат мансаби аудиторї фаъолият мекард, ки вазифаи асосии онњо назорат аз болои фаъолияти мансабдорони давлатї, яъне онњое, ки њуќуќи таќсим кардани пулу моли хазинаи давлатиро доштанд, ташкил медод.
Тахминан дар соли 200 то милод дар Рим назоратчии Квесторњоро (назоратчињои хазинаи давлатиро) таъин мекарданд, ки ин шахсони масъул корњои молиявї ва судии Империяи Римро назорат кунанд. Њисоботи назоратии хазинаи давлатї аз тарафи сенаторњо муфассал шунида мешуд.
Калимаи аудит дар њамин давра аввалин маротиба арзи њастї кард. Аудит аз калимаи лотинии «audite» гирифта шуда, тарљумаи он бо забони тољикї шунаванда ё пайрав мебошад.
Дар Британияи Кабир дар соли 1299 подшоњ Эдуарди 1 ба Баронњо (мансабдорони олї) њуќуќ дод, ки ба аудиторњо барои назорат аз болои пардохти андоз аз даромади фермерњо иљозат дињанд, то ин ки андоз аз молу мулки бадастовардаашон ситонида шавад.
Аз ќарни XV инљониб навиштаљоти њисобї ба њайси маълумоти исботкунанда барои њакамњо ва зарурияти назорат аз болои боэътимод будани иттилоот ањамияти умумиљамъиятї пайдо кард.
Маълумот дар ин бора якумин маротиба дар яке аз китобњои њисоби бухгалтерї бо номи «Рисола дар бораи њисобњо ва навиштаљотњо», ки аз тарафи Лукой Пачолї соли 1494 навишта шудааст, ба вуќўъ пайваста буд.
Дар Англия калимаи аудитор барои шахсоне, ки навиштаљоти њисоботиро назорат мекарданд, истифода мешуд.
Инкишофёбии аудит бо хусусиятњои молиявї – саноати таърихї дар мамлакатњои пешрафта, пеш аз њама ба инкишофи бозори сармоя зич алоќаманд буд.
Дар бисёре аз мамлакатњо барои сањомон бо маќсади таъмин намудани бехатарии маблаѓгузорї дар бораи фаъолияти ширкатњо ва манфиатнокии маблаѓгузорї, иттилооти доимї ва даќиќ лозим буд.
Чунин маълумотњои эътимоднокро фаќат аудитори баландихтисос таъмин карда метавонист.
Њанўз соли 1844 як ќатор ќонунњо дар бораи истифода кардани аудит дар ширкатњои Британияи Кабир ќабул карда шуда буданд, ки ин ќонунњо истифодабарандагони аудитро вазифадор мекарданд, ки соле на кам аз як маротиба муњосибони махсус китобњои муњосибї ва њисобњои ширкатњоро санљида бароянд ва ин иттилоотро ба маълумоти сањомон расонанд. Аз ин лињоз ватани аудит Британияи Кабир њисобида мешавад.
Аудиторон – ин назоратчиёни молиявї (мутахассисони дипломдори мустаќил) буданд, ки китобњои муњосибї ва њисобњои ширкатњоро месанљиданд, вале аслан дар ин ширкатњо фаъолият намекарданд.
Сабабњои пайдоиши талабот ба хизматњои аудиторї ин дар бисёр њолатњо нофањмо ва мушкил будани амалиётњои хољагидорию молиявї буд, ки дар корхона ба миќдори зиёде содир мешуданд. Инчунин муайян намудани иштибоњ ва нофањмињо дар њисоботи бухгалтерї (молиявї) низ яке аз сабабњои пайдоиши талабот ба хизматњои аудиторї ба шумор меравад.
Њамин тариќ, пайдоиши аудит дар навбати аввал ба њавасмандии шахсоне, ки бевосита ба фаъолияти ширкат маблаѓгузорї мекунанд ва шахсоне, ки ширкатро идора мекунанд, зич алоќамандї дорад.
Молики корхона, ќарздињандањои он, таъминкунандагон ва дигар истифодабарандагони њисоботи муњосибї имконият надоранд, ки ба эътимоднокии њисоботи молиявии аз тарафи корхона пешнињодшуда мустаќилона боварї њосил намоянд, зеро одатан баъзе аз истифодабарандагони њисоботи муњосибї дониши касбї ва кофї надоранд, ки ин нобоварии онњоро нисбати маълумоти мављуда зиёд мегардонад. Дар ин кор ба онњо аудиторони баландихтисоси мустаќил ёрии амалї мерасонанд. Аз ин рў, пайдоиши аудит ин зарурияти таърихї ва иќтисодї дорад. Лозимияти воќеии њавасмандии истифодабарандагони иттилооти муњосибї (молиявї) ва тасдиќ кардани иттилооти боварибахш зарурати пайдоиш ва инкишофи аудитро ба вуљуд овард.
Амалан истифодаи аудит дар давлатњои гуногун дар марњилањои мухталиф ба миён омадааст. Масалан, ќонун дар бораи аудит ќабул шуда буд:
Соли 1862 дар Британияи Кабир;
Соли 1867 дар Франсия;
Соли 1937 дар ИМА.
Инчунин муассисањое, ки дар марњилањои гуногун таъсис ёфта буданд:
Соли 1853 дар Шотландия – Институти аудитории Эдинбург;
Соли 1869 дар Франсия – Компанияи миллии тафтишкунандагон;
Соли 1880 дар Англия ва Уэлс – Институти муњосибони савгандї;
Соли 1887 дар ИМА – Иттињодияи аудиторон;
Соли 1932 дар Олмон – Институти аудиторон.
Дар Россия якчанд маротиба барои ташкил кардани институти аудиторї санљиш гузаронида шуд, аммо њамаи онњо натиљае надоданд.
Санљиши якум дар Россия аз тарафи Пётри 1 гузаронида шуд. Дар он замон мансаби аудитор дар артиш пайдо шуд. Соли 1716 ба аудиторон супориш шуда буд, ки низоъњоро њал намоянд ва баробари ин дар бисёр вазъиятњо вазифаи коргузор, котиб, тафтишотчї ва прокурор дар асоси њамкорї иљро карда мешуданд. Аудиторон ба рутбаи њарбї баробар карда шуда буданд. Соли 1867 бошад, зимни татбиќи Ислоњоти њарбї – судї мансаби аудиториро барњам доданд.
Пас аз ин дар Россия боз 3 маротиба масъалаи ташкил кардани институтњои аудиторї дар сатњи баланди њукуматї муњокима карда шуд.
Аз он љумла:
соли 1831–Институти савгандии муњосибон;
соли 1909–Институти муњосибон;
соли 1928–Институти муњосибону экпертњои давлатї.
Њељ кадоме аз ин пешнињодњо ќабул нашуданд. Сабаби асосии ин вазъият набудани бозори дохилии сармоя, дар малакат нокифоя инкишоф ёфтани ташкилотњои сањомї ва набудани кафолати њуќуќї дар бораи фаъолияти аудиторї мањсуб меёфт.
Гузаштани мамлакатњои муштаракулманофеъ, аз он љумла Љумњурии Тољикистон, ба муносибатњои бозорї барои инкишофи аудит, њамчун шакли нави назорати молиявии ѓайридавлатї замина муњайё кард.
Ѓайридавлатї кунонидани иќтисодиёт ба он оварда расонид, ки дар ќатори моликияти давлатї боз як ќатор моликиятњои ѓайридавлатї (ба монанди шахсї, коллективї, муштарак, кооперативї, сањомї, оилавї ва ѓайра) пайдо шуданд. Ба низоми муайян даровардани бозори сармоя ва инкишофи ташкилотњои сањомї дар шаклњои зерин идома дорад:
пайдо шудани шаклњои нави тиљорат ва институтњои маблаѓгузор, ки ба уњдаи бонкњои ќарздењї вогузошта шудааст;
мањв кардани назорати идоравї дар њолати ислоњоти соњавї ва идоравї;
васеъ гардидани гурўњи истифодабарандагони иттилооти њисоботї дар бораи фаъолияти корхона;
эњтимолияти аз љониби маъмурияти субъекти иќтисодї пешнињод кардани ахбороти ѓайриобъективї;
мушкилоти нави молиявї – хољагї, пайдо шудани объектњои нав, омода шудан барои гузаштан ба меъёрњои байналмилалии муњосибї, ки ин њолат эњтимолияти зиёд шудани иштибоњро дар њисоботи муњосибї ба миён меорад.
Њамаи ин њолатњо сабаби пайдошавии талаботи љамъият барои хизматњои экспертони соњибихтиёр, ки тайёрии касбї ва таљрибаи бойи аудиторї доранд, мегарданд.
Айни замон дар њамаи мамлакатњое, ки ба иќтисодиёти бозорї гузаштаанд, институтњои љамъиятии аудиторони дипломдор фаъолият карда истодаанд.
Њанўз дар асрњои 16 – 18 дар муассисањои таълимии рўњонии Аврупо талабаи аълохонро аудитор меномиданд. Зеро ў бо супориши муаллим санљиши боэътимоди дигар хонандагонро вобаста ба азхудкунии дарси гузашта ва иљроиши вазифа мегузаронид, яъне онњоро гўш мекард. Њамин тариќ, аудитор пораи аз "Инљил" азёднамудаи хонандагонро гўш карда, оид ба натиљаи пурсиш ва њаќќонияти иљрои вазифа ба муаллим хабар медод. Аз решаи калимаи "аудит" минбаъд дигар калимањо ба мисоли "аудитория" – љое, ки дар онљо сухани муаллимро гўш мекунанд, шунавандагон ё "аудиотехника" ва монанди инњо ба истеъмол баромаданд.
Њамин гуна муносибатњои эътимоднок дар фаъолияти аудиторї (аудит) низ љой доранд, ки дар нахустасос љараёни санљиши дурустии бурдани бањисобгирии бухгалтерии субъектњои иќтисодиро аз тарафи аудитор ифода мекунад.
Дар зери мафњуми "субъектњои иќтисодї" новобаста аз шакли моликият ва ташкилї – њуќуќї њамаи корхонањо, иттињодияњои онњо, ташкилотњо ва муассисањо, бонкњо ва дигар муассисањои ќарзї, иттифоќњо ва асотсиатсияњои онњо, ташкилотњои суѓурта, биржањои молї ва ташкилотњои сармоягузорї, фондњои инвеститсионї, нафаќа, љамъиятї ва дигар ташкилоту корхонањо, инчунин шањрвандоне, ки "фаъолияти мустаќилонаи соњибкориро пеш мебаранд, ширкатњо ва аудиторони мустаќил фањмида мешавад.
Касби бухгалтер – аудитор (бухгалтер аз калимаи олмонї гирифта шуда, маънояш китобдор, шахсе, ки китобро мебарад) њанўз дар асри гузашта, дар ширкатњои сањомии Аврупо пайдо шудааст. Зеро, сањомон, кредиторон ва кормандони хадамоти андоз маљбур буданд, ки мутахассиси берунаи мустаќилро барои додани хулосаи объективї оид ба вазъи молиявии корхона даъват намоянд.
Фаъолияти аудиторї ё умуман назорат ба мисли бањисобгирии муњосибї таърихи бенињоят ќадима дорад. Назорат дар Мисри Ќадим, Вавилон њангоми бањодињии дурустии андозситонї, дар асрњои миёна дар соњањои тиљорат љой дошт. Дар давлатњои Ѓарб аудити касбї аввалин маротиба дар Шотландия дар миёнањои асри XIX пайдо шуд. Ваќте ки роњиоњанчиёни англис, сармоягузорони суѓурта ба Амрикои Шимолї равона гаштанд, якљоя бо онњо аудиторони мустаќил низ барои њимояи манфиатњои кредиторони инглис рафтанд. Пас аз ќабул ва нашри маљмўи ќонунњо оид ба ширкатњо дар Англия дар ибтидо уњдадорињои аудиторон он ќадар муайян набуданд, њамаи сармоягузорон, њам сањњомон ва њам кредиторон – дар шахси аудитор њимоятгари манфиатњои хешро медиданд. Нигоњи замонавї ба аудитор њамчун шахсе, ки танњо дар назди сањомон масъул аст, пас аз ќабули ќонун оид ба ширкатњо дар соли 1929 ташаккул ёфт. Зеро, мувофиќи ин ќонун њамаи ширкатњо уњдадор шуданд, ки ба њайати њисоботи молиявии худ њисоби фоида ва зарарро њамроњ кунанд.
Чи хеле ки аз нигоштањои болої бармеояд, ватани аудитро Инглистон њисобидан равост. Зеро, дар ин љо њанўз соли 1844 маљмўаи ќонунњо оид ба ширкатњо ба нашр мерасид, ки мувофиќи онњо идораи ширкат масъулияти аќалан як маротиба дар як сол даъват кардани шахси махсусеро барои санљиши њисоботи муњосибї ва тасдиќи њисобот дар назди сањомон бар дўш мегирад. Мањз мувофиќи њамин ќонунњо Љатмиияти аудит аввалин бор љорї карда шуд. Дар Инглистон ќонун оид ба аудити њатмї дар соли 1862, дар Фаронса соли 1867, дар ИМА соли 1937 ќабул гардида буд. Њоло ќариб дар њамаи мамолики дорои иќтисодиёти бозорї ташкилотњои љамъиятии аудит бо инфрасохторњои њуќуќї ва ташкилии худ мављуданд.
Њоло дар мамолики Ѓарб шакли мустаќили назорати молиявї – аудит хеле васеъ истифода мешавад. Таъиноти он – санљиш ва баёни хулоса оид ба боваринокии ахбороти иќтисодї мебошад. Зеро аз сифати ахборот дар шароити бозор дурустии ќабули ќарорњои хољагї ва истењсолї, ки таќдири ширкатњо, ташкилоту корхонањоро муайян мекунанд, вобастагии калон дорад.
Аудиторонро дар мамолики гуногун њархел ном мегиранд. Масалан, дар ИМА муњосиб – аудитор, муњосиби љамъиятї, дар Фаронса муњосиб – мумайиз ё комиссар аз рўи њисобњо, дар Олмон – назоратчии хољагї (китоб) ва ѓайра.
Дар Руссия унвони аудиторро Пётри 1 љорї намуд. Аудиторони ин давра ба корњои бо тафтиши бањсњои моликиятї алоќаманд машѓул буданд, ки вазифањои коргузор, котиб ва додситонро иљро мекарданд. Аудиторонро дар Руссия муњосибони ќасамї, ё ќасамхўрда меномиданд, вале онњоро эътироф накарданд, гарчанде, ки ревизорон њамеша амал мекарданд. Умуман дар Руссия се маротиба кўшиши ташкили хадамоти аудиторї (солњои 1888, 1907–1912, 1930) ба харљ дода шуд, вале њамаи онњо бебарор буданд.
Аз ин љо, фаъолияти аудиторї, умуман дар мамолики аъзоёни ИДМ њанўз дар давраи ибтидоии инкишоф ќарор дорад, зеро аз истафодабарии калимаи "аудит" дар каламрави ИДМ њанўз 12 сол пур нашудааст. Аввалин ширкати аудиторї – љамъияти сањомии «Ин–аудит» дар соли 1987 бо ќарори Шўрои Вазирони собиќ ИЉШС барпо гашт. Бунёди он пеш аз њама ба ташкилшавии корхонањои муштарак вобаста буд. Зеро сармоягузорони хориљї ба њифз ва фоиданокии маблаѓузорињои худ ва мувофиќан ба ахбороти объективї оид ба њолати молиявї–иќтисодии корхонањои муштарак ниёзманд буданд. Онњо ба системаи назоратии мављуда бовар накарда, таъсири хеле муњимро ба пайдоиш ва инкишофи минбаъдаи аудит дар мамлакати мо расониданд. Њол он ки аудити мамолики инкишофёфтаи иќтисодї зиёда аз 150 сол боз вуљуд дораду боварии доирањои соњибкории ин мамоликро сазовор гаштааст. Дар Љумњурии Тољикистон пас аз соњибистиклол гаштани он нахустин бор дар њуљљатњои меъёрии ќонунии он оид ба аудит дар "Низомнома оид ба бањисобгирии муњосибї ва њисобот" сухан меравад. Дар њуљљати мазкур дар моддаи 79, банди 2 омадааст:
"Эътимоднокии њисоботи нашршаванда аз тарафи ташкилоти мустаќили аудиторї тасдиќ карда мешавад" (Низомнома оид ба ба њисобгирии муњосибї ва њисобот бо ќарори Шўрои Вазирони Љумњурии Тољикистон аз 23 августи соли 1993, №413 тасдиќ шудааст).
Инкишофи аудитро дар адабиётњо ба се давра таќсим намуданд:
Давраи якуми инкишофи аудит то охири солњои 1940 –ро дар бар гирифта, њамчун аудити тасдиќкунанда маълум аст. Чунин ном гирифтан ба он вобаста аст, ки дар ин давра аудиторон ба санљиши њуљљатњое, ки амалиётњои ќайдшудаи пулї ва дурустии гурўњбандии онњоро дар њисоботи молиявї тасдиќ мекарданд, машѓул буданд. Яъне, дар ин давра асосан сабткунакњо ва њуљљатњо санљида мешуданд.
Дар давраи якуми инкишофи худ аудит бо санљиши њисоботи муњосибї (молиявї) ва тасдиќи сањењияти он ё дарёфти камбудї (носањењї) дар он мањдуд мешуд. Дар зери мафњуми носањењ будани њисобот фањмида мешавад:
Мављуд будани хатогињои тасодуфї (беѓаразона) дар њисобот;
Дидаю дониста вайрон намудани меъёрњо, аз љумла пинњон намудани маълумот оид ба ѓайримаќсаднок истифодабарии активњо;
Ќаллобї – фиребе, ки бо маќсади гирифтани даромад – фоидаи муфт равона гардидааст, ки ин амал љазои љиноиро талаб мекунад;
Амалиётњои ѓайриќонунї, ки барќасдона ё тасодуфан содир гаштаанд.
Аз рўи натиљањои санљиши аудиторї њуљљатњои мувофиќ тартиб дода мешаванд. Ин намуди аудитро барои он тасдиќкунанда меноманд, ки вай танњо фаъолияти иљрокунандагонро ба назар гирифта, кори маъмуриятро тавсиф намедањад.
Давраи дуюми инкишофи аудит аз ибтидои солњои 1950 то солњои 1970 – ро дар бар мегирад. Пас аз соли 1949 аудиторони мустаќил бештар ба масоили назорати дохилї дар ширкатњо диќќат медоданд, яъне тафтишро дар асоси санљиши назорати дохилї мегузарониданд.
Исбот шудааст, ки агар фаъолияти системаи назорати дохилї маќсаднок ба роњ монда шуда бошад, барои санљиши њаматарафа зарурат намемонад, зеро боварї ба системаи назорати дохилї дар муайяннамоии хатогию вайронкунињо зиёд аст. Аммо дар њолати бесамар будани системаи назорати дохилї аудитор бояд оид ба бењтарнамоии кори система маслињату машварат пешнињод намояд, яъне ба мизољ хизмати конструктивї (инъикоси камбудињо) расонида шавад. Њамин тариќ, ба аќидаи аудиторон њангоми мављудияти системаи мустањкам ва пурсамари назорати дохилї эњтимолияти хатогию ќаллобї камтар шуда, маълумоти молиявї ба таври кифоя пурра ва аниќ мегарданд. Бинобар ин, аудити ин давра њамчун аудити системавии самтнок машњур гаштааст. Мањз дар њамин давра аудиторон назар ба санљиши аудитории бевосита, бештар ба фаъолияти машваратї (консултатсионї) машѓул шуданд. Муносибати системавии самтнок ба аудит имконият дод, ки танњо системањое, ки амалиётро назорат мекунанд, муоина карда шаванд.
Дар давраи дуюми инкишофи аудит диќќати асосии аудиторон бештар ба тањлили самаранокии идоракунии корхона, бањодињии кори маъмурият ва менељерон равона гашта буд, яъне ба санљиши самаранокии назорати дохилї ањамияти махсус дода мешуд.
Моњиятан, дар назди аудит яке аз вазифањои муњимтарин – санљиши њолати аудити дохилї ба вуљуд омад. Њангоми муайянкунии эътимоднокии назорати дохилї, ваќти муайянгардида барои санљиши аудиторї, инчунин њаљми объекти санљишї то андозае ихтисор мегардад, ки ин кори аудиторонро ба куллї осон мегардонад. Вале дар њолате, ки самаранокии нокифояи назорати дохилї муайян гардад, барои боз њам љоннок намудани системаи назорати дохилї ба мизољ машварату тавсияњо дода мешавад, ки иљроиши онњо боз њам ба ихтисор намудани санљиши минбаъдаи аудиторї имконият медањад.
Давраи сеюми инкишофи аудит дар тамоили тавоногаштаистода оид ба огоњонидан ва пешгирии хавфи пешнињод гардидани хулосаи аудитории ноаниќ аз рўи аудити анљомёфта падидор мегардад.
Табиист, ки додани хулосаи аудитории нодуруст – шубњанок барои аудитор на танњо зарари моддиро дар шакли љарима, балки талафи обрўю мартабаи касбро, ки дар шароити раќобатнокии фаъолият хеле хавфнок аст, ифода мекунад. Барои пешгирии ин њолати ногувор аз тарафи ширкатњои аудитории мамолики гуногун усулњои мувофиќеро кор карда, љорї намуданд, ки хавфи додани хулосаи аудитории нодурустро то њадди муайян кам мегардонанд.
Давраи сеюм аз солњои 1970 оѓоз гардида, то имрўзро дар бар мегирад. Самти асосии ин давра кам кардани хавфи санљишњои аудиторї бо роњи огоњонидан ё пешгирї мебошад. Аудити ин давра вобаста ба шароитњои фаъолияти мизољ, ба таври интихобї, асосан дар он љое, ки хавфи хатогї ё ќаллобї зиёд аст, гузаронида мешавад.
Њамин тариќ, дар давоми ќариб 50 соли охир маросимњои аудиторї се давраи тањаввулотро аз cap гузаронидаанд:
Аудити тасдиќкунанда;
Аудити системавии самтнок;
Аудити ба хавф асосёфта.
Дар ду давраи охир аудиторон фањмиданд, ки маќсади асосиро на танњо ба санљиши китобњо ва њисобкунакњои муњосибї, балки ба бизнеси (фаъолияти) мизољ равона бояд кард. Њангоми аудити тасдиќкунанда аудиторон ба ѓайр аз санљиши сабткунакњо ва хуљљатњо, ба гуногунии фаъолияти корхонањо низ ањамият медоданд.
Аудити системавию самтнок ба аудиторон имконият дод, ки системањоеро, ки амалиётњоро назорат мекунанд, мушоњида намоянд.
Дар давраи сеюм (аудити ба хавф асосёфта) аудиторон ба нафароне, ки системаро назорат мекунанд, диќќат медињанд.
Инкишофи аудит (фаъолияти аудиторї) ба бунёди ширкатњои бузургтарин, ки филиалњою намояндагињои худро дар дањњо мамолики дунё доранд, оварда расонид. Калонтарин ширкатњои аудиторї њамчун "Панљгонаи Бузург" маълуманд, ки ба онњо ширкатњои зерин дохил мешаванд:
'Эрнст энд Янг Интернэшнл Лтд";
"Делойт энд Тач"
"Артур Андерсен энд К";
"Купере энд Лаб–ренд";
"Кей–Пи–Эм–Джи Пит Марвин".
Аъзоёни њар яке аз ин ширкатњо дар бисёре аз давлатњои дунё фаъолият мебаранд. Њар яке аз ин гурўњњои ба «Панљгонаи Бузург» дахлдор, умуман њамаи намудњои хадамоти аудиторї ва машваратиро ба мизољон пешкаш менамоянд.
Аудит (фаъолияти аудиторї) – ин фаъолияти соњибкории аудиторон (ширкатњои аудиторї) оид ба амалигардонии санљишњои мустаќили ѓайриидоравии (ѓайримаъмурии) њисоботи молиявї, њуљљатњои пардохтию њисоббаробаркунї, декларатсияњои андоз ва дигар уњдадорињои молиявї ва талаботњои субъектњои иќтисодї, инчунин расонидани хадамоти дигари аудиторї мебошад, ки ба онњо дохил мешаванд:
Гузориш (батартибдарорї), барќароркунї ва бурдани бањисобгирии муњосибї;
Тартибдињии њисобот оид ба даромадњо ва њисоботи муњосибї (молиявї);
Тањлили иќтисодии фаъолияти хољагидорї;
Бањодињии активњо ва пассивњои субъекти иќтисодї;
Машваратдињї оид ба масъалањои ќонгунгузории молиявї, андозбандї, бонкї ва дигар шаклњои хољагидорї;
Ташкили омўзиш ва ѓ.
Расонидани хизматрасонии иловагї солњои охир дар фаъолияти бисёр ширкатњои аудитории мамолике, ки расонидани хизматрасонии иловагї иљозат дода шудааст (масалан: Англия) ва њатто дар он мамлакатњое, ки дар он аудит расонидани хадамоти дигарро ба назар намегирад, афзалият пайдо намудааст.
Аудит – ин тафтиши њисоботи молиявї (муњосибї), њисоби њуљљатњои ибтидої ва дигар ахбороти фаъолияти молиявию хољагидории субъектони иќтисодї, новобаста аз шакли моликият бо маќсади муайян кардани дурустии њисоботи онњо, бањисобгирї, пурра будани он ва ба меъёрњои муќарраршуда мувофиќ будани онњо мебошад. (Ќонуни Љумњурии Тољикистон "Дар бораи фаъолияти аудиторї" аз 3 марти соли 2006 № 170).
Дар лоињањои стандартњои руссиявии фаъолияти аудиторї таърифи зерини аудит омадааст:
Аудит – ин экспертизаи мустаќили њисоботи молиявии корхона дар асоси санљиши риояи тартиби бурдани бањисобгирии муњосибї, мувофиќати амалиётњои молиявї – хољагї ба ќонунгузорї, пуррагї ва даќиќияти инъикоси фаъолияти корхона дар њисоботи молиявї мебошад. Экспертиза бо тартибдињии хулосаи аудиторї анљом меёбад.
Дар доираи таърифи мазкур як ќатор ќисматњои таркибии аудитро ќайд кардан љоиз аст.
Якум, шарти зарурии амалигардонии њама гуна фаъолияти аудиторї – тасвири амиќи њудудњои он мебошад. Ин њудудњоро метавон бо параметрњои субъекти мушаххаси иќтисодї, ё дар дигар њолатњо, масалан, њангоми аудити дохилисоњавї – дида баромадани системаи ахборотї муайян кардан мумкин аст.
Дуюм, аудитор кўшиш мекунад, ки "холигии ахборотї" – и байни объекти аудит ва онњое, ки барои гузаронидани он манфиатдоранд, пур намояд. Ин ба он вобаста аст, ки дар њисобот маъмулан ягон хел ахбороте намерасад ё њисоботро оид ба бањодињї ва ќабули ќарор боэътимод ва аниќ шуморидан ѓайриимкон аст. Аз ин љо, гузаронидани аудит ногузир аст.
Сеюм, ќисмати асосии аудит ихтисосмандии шахсоне мебошад, ки фаъолияти аудиториро амалї мегардонанд, яъне аудиторон. Аудитор бояд далелњои мувофиќро љамъ карда тавонад ва меъёрњоеро, ки дар асоси онњо ин далелњоро бањо додан мумкин аст, донад ва фањмида тавонад. Ѓайр аз ин меъёрњои муайяни ахлоќиро, ки мустаќилият ва тобоварии аудиторро бо таъсиру фишорњои беруна ифода мекунанд, бояд риоя намояд.
Чорум, мазмуни асосии фаъолияти аудиторї – ин фаъолият оид ба љамъоварї ва бањодињии далелњо мебошад, ки бе онњо ягон њисоботи аудиторї њамчун натиљаи санљиш эътироф карда намешаванд.
Панљум, далелњои љамъкардашуда, ки ба мављудияти ахборот дахл доранд ва предмети санљиш мебошанд, мувофиќи стандарт ва меъёрњо бањо дода мешаванд. Ин гуна меъёрњои љамъбастї ё аз берун – њангоми аудити беруна, ё аз наќша ва нияти роњбарияти субъекти иќтисодї њангоми аудити дохилї баромада, барои муќоисаи мушаххаси аудиторї муќаррар карда мешавад.
Шашум, давраи нињоии санљиши аудиторї тартибдињии њисоботи аудиторї мебошад, ки ба воситаи он аудитор оид ба њолати фаъолияти объекти санљидашуда ба он гурўње, ки ба он манфиатдоранд, хабар медињад.
Зери мафњуми аудит баъзан љараёни пастнамоии хавфи ахборотї (яъне эњтимолияти он, ки дар њисобот маълумоти бардурўѓ ё ноаниќ мављуданд) то ба дараљаи маќбул барои истифодабарандагони њисоботи молиявї фањмида мешавад.
Дар рафти санљиши аудитории њисоботи молиявї даќиќияти инъикоси вазъи њаќќонии молиявї ва натиљаи фаъолияти корхона дар он, мувофиќати бурдани бањисобгирии муњосибї ба талабот ва меъёрњои муќарраршуда, риояи ќонунгузории амалкунанда аз тарафи корхона муайян карда мешавад.
Њамин тариќ, фаъолияти аудиторї ин шакли махсуси мустаќили назорат аст.
Достарыңызбен бөлісу: |