Офати забон
] طاجيكية – Tajiki – Тоҷикӣ [
Солеҳ ибни Фавзон ал-Фавзон
2013 - 1434
آفة اللسان
«باللغة الطاجيكية»
صالح بن فوزان الفوزان
2013 - 1434
Офати забон
Бародарони исломӣ!
Мехоҳам бо шумо дар бораи ду хислати бад ва ду одати носазо сӯҳбат намоям, ки кам инсоне дида мешавад, ки аз он раҳои ёбад ва ҳама онро ночиз мешуморанд, вале дар назди Худованд он ду басо бузург аст.
Мардум бо ин ду хислат кори худро оғоз мекунанд ва гули сари сабади маҳфили онҳост, ки Худованд моро аз он ду амон бахшад.
Ин дарди вазнин ва ин бало ба мардум монанди гург ба гӯсфандон ҳуҷум мекунад, балки метавон гуфт, аз гург ҳам бадтар ва он ду: Ғайбат ва суханчинист. Қуръони карим аз ин ду ҳазар кунонидааст ва ба муртакиби ин ду сазои сахтеро ваъда додааст. Аммо мардум панд нагирифтанд ва баъди Қуръон дигар аз чи панд мегирифта бошанд?
Паёмбари бузургамон, он насиҳатгари бузург ва роҳнамои содиқ бо сахтгириҳои зиёде аз ин ду ҳушдор додааст.
Эй бародари исломи!
Дари дилро боз кун, чашмонатро бикшо ва оятҳои Қуръонию аҳодиси Паёмбарро бодиққат бишнав.
Худованд мефармояд:
﴿ وَلَا يَغۡتَب بَّعۡضُكُم بَعۡضًاۚ أَيُحِبُّ أَحَدُكُمۡ أَن يَأۡكُلَ لَحۡمَ أَخِيهِ مَيۡتٗا فَكَرِهۡتُمُوهُۚ وَٱتَّقُواْ ٱللَّهَۚ إِنَّ ٱللَّهَ تَوَّابٞ رَّحِيمٞ ١٢﴾ [الحجرات: ١٢]
"Ва шумо ҳамдигарро ғайбат накунед. Оё ягон нафари шумо дӯст дорад, ки бихоҳад гӯшти бародари худро дар ҳоли мурда буданаш бихӯрад, Пас, онро нохуш хоҳед дошт. Ва аз Худо битарсед, ҳаройна, Худо тавбапазиру меҳрубон аст! "
Сураи Ҳуҷурот, 12
Боз Худованд мефармояд:
﴿وَيۡلٞ لِّكُلِّ هُمَزَةٖ لُّمَزَةٍ ١﴾ [الهمزة: ١]
"Вой ба ҳоли ҳар масхаракуни айбҷӯ"
Сураи Ҳумаза, 1
Ҷои дигар Худованд дар васфи яке аз кофирон мефармояд:
﴿هَمَّازٖ مَّشَّآءِۢ بِنَمِيمٖ ١١﴾ [القلم: ١١]
"Масхаракунандаи суханчин"
Сураи Қалам, 11
Паёмбарамон бошад, дар аҳодисаш аз инҳо ҳазар кунонида, аз он манъ намудааст.
Ҳамин қадараш барои ту кофист, ки Паёмбар ғайбатро дар қатори таҷовуз ба хуну молу номуси инсон зикр кардааст.
Ӯ дар хутбаи машҳураш, дар ҳаҷҷатул видоъ чунин фармуд:
"Хунҳо, молҳо ва обрӯи шумо ҳаром аст, ба монанди ҳурмати ҳамин рӯз, дар ҳамин моҳ ва дар ҳамин шаҳри ҳаром. Оё ман ин хабарро расондам?"
Бухорӣ ва Муслим
Вақте хун ва моли мусалмон ҳурмат дошта бошад, бояд дониста бошем, ки обрӯи ӯ низ ҳурмати зиёде дорад.
Эй касе, ки шабу рӯз ва шому саҳар аз Худованд талаб мекуни, то аз азоби қабр раҳоят кунад! Оё медони, ки яке аз сабабҳои асосии азоби қабр ғайбат ва суханчинист?
Дар саҳеҳайн дар ҳадиси ибни Аббос омадааст, ки Паёмбар (с) аз назди ду қабре гузаштанд ва фармуданд:
"Ин дуро азоб медиҳанд, вале азобашон дар гуноҳи кабира нест".
Дар ривояти Бухори омадааст:
"Бале, он гуноҳи бузург аст. Якеи он суханчинист, дигараш он аст, ки аз пешоб худро пок намекард".
Маънои қавли Паёмбар (с), азобашон аз гуноҳи кабира нест, он аст, ки он ду нафар онро кабира намеҳисобиданд.
Дар ҳадиси шариф суханчиниро сабаби азоби қабр гуфтааст.
Дар аҳодиси зиёде ишора ба он шудааст, ки ин ду сабабгори асосии азоби гӯр аст.
Худованд мову шумо ва дигар мусалмононро аз он нигоҳ дорад.
Эй мусалмонон!
Он касоне, ки даст ба обрӯи дигарон мезананд ва паи ошкор намудани айби онҳо мегарданд, дониста бошанд, ки Худованд бар сари онҳо азобро дарҳамин дунё меорад ва расвогиро дар хонадони худ мебинанд.
Бароъ ибни Озиб мегӯяд: Боре Паёмбар (с) ба мо хутбае хонд, ки занон дар хона ҳам мешуниданд ва ӯ мегуфт:
"Эй касоне, ки ба забон имон оварда, ҳанӯз дилҳоятон имонро қабул надорад!
Мусалмононро ғайбат накунед ва айбҳои ононро пайгири нанамоед. Зеро ҳар ки дар паи айбҳои бародараш шавад, Худованд дар паи айбҳои ӯ хоҳад шуд ва ҳар ки Худованд дар паи айбҳояш шавад, дар даруни хонааш расво мекунад".
Тирмизӣ
Эй бародари мусалмон!
Вақте аз дидани чизи ифлос худдори мекуни ва аз бӯи бад нафрат дори, бояд даст аз зарар расонидани мусалмонон бардори ва гӯшти худмурдаи онҳоро нахӯри. Зеро резондани обрӯи онҳо ва хӯрдани гӯшти онҳо як аст.
Пас худ қазоват кун, ки чи кор карда истодаи ва албатта ин ояти Худовандро ба ёд ор, ки мефармояд:
﴿ أَيُحِبُّ أَحَدُكُمۡ أَن يَأۡكُلَ لَحۡمَ أَخِيهِ مَيۡتٗا فَكَرِهۡتُمُوهُۚ وَٱتَّقُواْ ٱللَّهَۚ إِنَّ ٱللَّهَ تَوَّابٞ رَّحِيمٞ ١٢ ﴾ [الحجرات: ١٢]
"Оё ягон нафари шумо дӯст дорад, ки бихоҳад гӯшти бародари худро дар ҳоли мурда буданаш бихӯрад, Пас, онро нохуш хоҳед дошт. Ва аз Худо битарсед, ҳаройна, Худо тавбапазиру меҳрубон аст!"
Сураи Ҳуҷурот, 12
Намунаи амалиеро, ки Паёмбар (с) бо яке аз ёронаш анҷом дода буд, дар назар бигир.
Вақте ҳазрати Моъизро ба сабаби зино сангсор карданд, марде ба рафиқи бараш гуфт:
Ин мард ба монанди сагон фарёд кард.
Паёмбар ҳамроҳи он ду мерафт, ки лошае аз пешашон баромад ва Паёмбар (с) ба онҳо гуфт: Аз ин бихӯред.
Он ду нафар гуфтанд: Эй Расули Худо, оё ин чизи бадбӯйро бихӯрем? Фармуданд: "Он чи дар бораи бародаратон гуфтед, аз ин ҳам бадбӯйтар буд"
Абудовуд
Эй мӯъминон!
Ин кор вазнин асту гирифтории ниҳоят бузург ва обрӯи мусалмононро резонидан бало аст.
Шояд ин кор аз он сар занад, ки мардум дар бораи ғайбат чизе надонанд. Шояд баъзе мардум чунин гумон кунанд, ки агар дар бораи бародари мӯъмин ҳақиқатро гӯем, ин ғайбат набошад. Шояд онҳо гумон кунанд, ки ғайбат гуфта, чизеро берун аз ҳақиқат ривоят кардан бошад.
Акнун биёед, бингарем, то Паёмбар (с) чи гуна ин ҳақиқатро равшан мекунад.
Ӯ мефармояд:
"Оё шумо медонед, ғайбат чист?"
Мардум гуфтанд: Худо ва Расулаш донотар аст. Фармуданд: "Дар бораи бародарат чизе гуфтан аст, ки ӯ бад бинад".
Касе пурсид: Дар ин чи мегӯи, агар ман дар бораи ӯ ҳақиқатро гӯям. Фармуданд: "Агар он чи дар борааш мегӯи, ҳақиқат бошад, ғайбат аст ва агар он чи мегӯи, ҳақиқат набошад, онро тӯҳмат ва бӯҳтон мегӯянд"
Муслим
Аз ин ҳадис маълум мешавад, ки дар бораи бародари мӯъмин гуфтани ҳар чизе, ки бад мебинад ҳаром аст, агарчи он воқеият дошта бошад.
Барои маълумоти бештар гирифтан, уламо чунин мегӯянд: Ғайбат он аст, ки дар бораи инсоне чизеро бигӯи, ки воқеият дорад, вале он инсон шунидани онро бад мебинад. Баробар аст, ки он айб дар бадан, дин, дунё, нафс, рафтор, кирдор, мол, фарзанд, падар, ҳамсар, ходим ва монанди инҳо бошад.
Ҳамчунин баробар аст, ки ин бо забон, хат, рамз, ишора ва монанди инҳо гуфта шавад.
Чи зебо аст ин дине, ки аз обрӯ ҳимоят мекунад, айбҳоро мепӯшонад ва чи хуб аст барои мӯъмин, агар бо нишонаҳои имон худро музайян созад ва бо ахлоқи исломи рафтор намояд. Ҷамъият чи зебо мегардад, агар ҳар фарди он ҳуқуқи ҳамдигарро риоя намоянд. Ҳар иморат вайрон мегардад, агар аз ҳар тараф ба сӯи он тир андохта шавад ва мо эҳтиёҷ ба иморате дорем, ки дур аз таъна ва масхара ва суханчини ва ғайбат бошад.
Эй уммати Ислом!
Ба хотири он, ки ин падидаро аз байн бибарем, бояд сабабҳо ва омилҳои асосии ғайбатро барраси намоем, то онҳоро бартараф кунем.
Омили аввал: Шифои хашм ва радди ғазаби худ аст.
Инсоне, ки хашмаш зиёд шавад, бо ғайбат кардани касе, ки хашми ӯро овардааст, онро кам мекунад. Ғазаб ҳамчун кинае дар синаҳо мемонад ва он боиси асосии ғайбат мегардад.
Барои ҳамин, кӯшиш намо, то ғазаб ва кинаро аз дил дур сози ва ҳамеша аз Худованд ин корро талаб намо.
Омили дигар: Хотири дӯсту ошноҳоро дидан аст. Инсон мебинад, ки агар дар бораи фалон чизе нагӯяд, шояд дӯстонаш малол шаванд ва аз сӯҳбати ӯ дури ҷӯянд.
Ин кор аломати заифии дину имон аст ва илло барои кӯмаки бародари мусалмони худ кӯшиш менамуд, агарчи олам аз ӯ малол мешуданд. Зеро ӯ бо ин кораш ризои Худоро талаб мекунад. Паёмбар (с) мефармоянд:
"Мусалмоне нест, ки мусалмонеро хор намояд, ба ин тавр, ки ба обрӯяш даст занад ва ҳурмати ӯро зоеъ намояд, магар инки Худованд ӯро дар ҷое хор менамояд, ки ӯ мехост Худованд кӯмакаш кунад. Ва ҳеҷ мусалмоне нест, ки мусалмони дигарро дар ҳоле, ки ба обрӯяш мерасанд, кӯмак намояд, магар ин ки Худованд дар ҷое ба ёрияш мерасад, ки орзуи онро дошт"
Абудовуд
Ин ҳадисро ҳамеша бояд ба назар гирифт, вақте дар маҷлисҳо менишинед ва мебинед обрӯи мусалмонон рехта мешавад, аз Худо кӯмак талабед.
Омили сеюм: Чунин мешавад, ки инсон сифатеро зикр карданист, ки аз он безор аст ва онро нисбат ба шахси кунандаи он мекунад, бе ин ки қасди ғайбатро дошта бошад.
Дар ҳамин сурат ҳам, хуб мешавад он сифатро зикр намояд, кунандаи онро ба бади ёд накунад, балки хомӯширо ихтиёр кунад, даҳони баста беҳтар.
Омили чорум: Ифтихор ва худанамоист, ба ин тариқа, ки инсон сифати бади касро ёд мекунад ва гуфтани мешавад, ки ӯ чунин мекунад, вале ман ҳаргиз чунин намекунам.
Омили панҷум: Ғайбату ҳасад аст.
Инсон вақте мебинад, дигареро таърифу тавсиф мекунанд ва мардум ӯро дӯст медоранд, вай аз дарди ҳасади худ мехоҳад, обрӯю эътибори ӯро дар байни мардум бирезонад ва барои ин кор роҳи ягонаро дар ғайбат кардан мебинад.
Ин аст чашми ҳасудон, ки орзу дорем Худованд моро аз ҳасад солим нигоҳ дорад, зеро ҳасад корҳои некро мехӯрад, ба монанди ҳезумро хӯрдани оташ.
Омили шашуми ғайбат:Ҳазлу шухи ва хушгӯист.
Инсонҳое, ҳастанд, ки мехоҳанд вақтҳои худро ба хӯши гузаронанд ва онҳо айбҳои дигаронро ёд намуда, механданд.
Маншаъи ин кор дар он аст, ки онҳо аз бузургии гуноҳе, ки мекунанд, бехабаранд.
Омили ҳафтум: Масхара, таҳқир ва айбҷӯист.
Ин корро баъзе ашхос ҳам дар ҳузур ва ҳам дар ғоиб будани шахс анҷом медиҳанд.
Эй бандаи мӯъмин!
Вақте дар дили ту бадгумоние нисбати бародари мӯъминат сар зад, дониста бош, ки ин кор аз васвасаи шайтон аст ва бояд дарҳол ӯро такзиб намои, зеро шайтон фосиқи бузург аст ва Худованд дар бораи ӯ мефармояд:
"Агар фосиқе барои шумо хабаре овард, пас бояд онро таҳқиқ намоед"
Ҳуҷурот, 6
Инсон бояд шайтонро бовар накунад.
Агар инсони одиле ба ту хабареро расонд, на бовараш кун ва на онро инкор намо, то дар бораи бародарат бадгумон нашави.
Дар бораи бародари мӯъминат ҳар бадиеро, ки шуниди, баръакс он бародари мӯъминро бештар эҳтиром намо ва дониста бош, ки ин кор шайтонро ба ғазаб меорад ва дигар шайтон аз ту дӯри меҷӯяд. Агар аз бародарат айберо диди, ки яқинан аз ӯ содир шудааст, дар хилват ӯро насиҳат кун ва шайтон туро фиреб надиҳад, то ба ғайбати ӯ бипардози.
Агар ӯро насиҳат кардани боши, чунон насиҳат макун, ки ту хӯшҳоли, ки айби ӯро пайдо кардаи ва дар борааш иттилоъ ҳосил намудаи.
Балки насиҳатат меҳрубонона ва нарм бошад.
Эй ҷамоати мусалмонон!
Дониста бошед, ки ҳамчуноне, ки ғайбат кардан ҳаром аст, ғайбатро гӯш кардан ва ба он рози шудан низ ҳаром аст.
Вақте инсонеро шуниди, ки ба ғайбат кардан шурӯъ мекунад, бояд ӯро манъ намои, агар хавфи зарари зоҳири надошта бошед.
Агар битарсед, ки ба шумо зарар мерасонад, бояд бо дил онро инкор намуда, аз он маҷлис берун шави, агар имкон бошад.
Агар имкон набошад, ё бо забон онро инкор намо, ё суханро ба тарафи дигар бибар.
Бародарони исломӣ!
Мусибат дар он аст, ки ҳангоми сӯҳбатҳо мо аз андоза зиёд хотирбини мекунем.
Гоҳо як нафар суханони бемаъни мезанад ва аҳёнан бо он суханонаш ба дигарон зарар мерасонад, вале дар он маҷлис касе пайдо намешавад, ки ӯро манъ намояд ва ё риштаи суханро ба тарафи дигар бикашонад, то ҳам обрӯи дигарон ҳифз шаванд ва ҳам савоберо ноил гардад.
Раҳмати Худованд бод бар ҳазрати Умар, ки мегуфт:
Шумо машғули зикри Худо бошед, ки дар он шифо аст ва аз гирифтани номи мардум парҳез намоед, ки дар он гуноҳ аст.
Эй некӯкорон!
Суханони Ҳасан (р)-ро ба ёд оред, ки мегуфт: Ба Худо савганд, ғайбат дар мӯъмин таъсираш бештар аст аз таъсири таъом дар бадан.
Эй мусалмонон!
Ҳамчуноне, ки дар дурӯғ чанд истисно омадааст, дар ғайбат низ истисно омадааст.
Олимон мегӯянд: Ғайбат кардан мубоҳ аст, агар он ба мақсади шаръи бошад, ки бидуни зикри он имкон надошта бошад ва он шаш сурат дорад:
Якум, арзу шикоят: Ҷабрдида метавонад дар назди султон ва ё суд ва дигар мақомоти дахлдор арзу шикоят намуда бигӯяд, ки фалон бо ман чунину чунон кард ва тамоми айбҳоро зикр намояд.
Дуюм, талаби кӯмак барои дур кардани бади метавони ба назди як нафаре рафта, хабар расони, ки фалони чунин ё чунон мекунад ва сухани туро қабул дорад, хоҳиш мекунам, рафта ӯро насиҳат намо.
Сеюм, маслиҳат талабидан.
Сураташ чунин аст, ки рафта, дар назди муфти ва ё шахси машваратчи воқеияти ҳолро арз куни ва ривоят мекуни, ки фалон бо ман чунин рафторҳои бад мекунад ва ман чи кор кунам.
Чорум, ҳазар кунонидани мусалмонон аз бади.
Ин бо чанд намуд сурат мегирад, масалан метавонем дар бораи ровиёни ҳадис баҳс намоем ва айбҳои онҳоро биҷӯем. Дар вақти хостгор омадан метавонем дар бораи арӯс ва ё домод бипурсем, ҳамчунин дар бораи ҳамсоя пеш аз харидани хона ва ғайра.
Агар касе дар ин мавзӯъҳо аз мо бипурсад, бояд ҳақиқатро зикр намоем.
Панҷум, ғайбати касе, ки гуноҳро ошкоро мекунад ва бо айбе машҳур аст, монанди шаробнӯши, зинокори, кисабури, золим, фосиқ ва кофир метавонем номи онҳоро бо ин рафторашон зикр намоем.
Шашум, барои шиносонидан, агар инсоне бо лақаби кар, кӯр ва шал маъруф бошад, метавонем бо ин сифат ёдашон кунем.
Дар вақти зикр набояд ҳадаф масхара кардан бошад ва илло ҳаром аст.
Эй мусалмонон!
Дар корҳои карда ва даъвоҳои худ аз Худо битарсед ва дар тамоми ҳолатҳои ороми ва ҳаракат ӯро ҳозиру нозир бидонед ва дониста бошед, ки роҳи тавба аз ғайбат ба монанди роҳи тавба аз дигар гуноҳон аст. Яъне, аввал ин корро тарк кардан, дуюм аз ғайбатҳои пеш карда пушаймон шудан, сеюм қасд кардан ба ин ки дигар инкорро такрор намекунад, чорум аз шахси ғайбат шуда узрхоҳи намудан.
Паёмбар (с) мефармоянд: "Ҳар ки аз бародараш пеши ӯ шикояте аз обрӯ ва мол бошад, бояд маъзарат талабад, пеш аз он ки аз ӯ онро дар рӯзе биситонанд, ки на динор дораду на дирҳам. Дар он рӯз агар амали солеҳ дошта бошад, ба миқдори зулмаш аз ӯ меситонанд ва агар амали солеҳ надошта бошад, аз гуноҳҳои дигарон гирифта, ба ӯ медиҳанд"
Бухорӣ
Магар дар як ҳолат метавонад аз ӯ узр нахоҳад ва он инаст, ки яқин дошта бошад, ки агар аз ӯ узр пурсад, кина ва душмани бештар мешавад ва ё қатъи алоқаҳо бештар мегардад. Дар чунин ҳолат метавонад узр наталабад, вале бояд дигар ғайбат накунад ва ба корҳои то имрӯз кардааш аз Худованд омӯрзиш талабад ва тавба намояд ва ҳамеша дар бораи он мард неки бигӯяд ва дар ҳама маъракаҳо ӯро ба неки ёд намояд.
Худованд мову шуморо бо ин китобаш баракат диҳад ва аз оятҳо ва пандҳои он судамон бахшад.
Ман суханамро дар ин ҷо ба поён мерасонам ва аз Худованд барои худам ва барои шумо омӯрзиш металабам. Барои он ки ба комёбии омӯрзишталабон бирасед, аз Худованд ҳамеша омӯрзиш талабед.
Достарыңызбен бөлісу: |