Таҳия: Холид ибни Абдурраҳмон Шоеъ Тарҷумаи: Ҳомидов Мисбоҳиддин 2011 1432 ﴿وجوب بر الوالدين﴾ «باللغة الطاجيكية»



Дата11.06.2016
өлшемі114.97 Kb.
#127867




Эҳсону неки бо падару модар

] طاجيكي – Tajiki – Тоҷики [



Таҳия: Холид ибни Абдурраҳмон Шоеъ

Тарҷумаи: Ҳомидов Мисбоҳиддин

2011 - 1432




﴿وجوب بر الوالدين

«باللغة الطاجيكية»


إعداد: خالد بن عبد الرحمن الشايع


ترجمة: مصباح الدين حاميدوف

2011 - 1432





Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон
Эҳсону неки бо падару модар
Ҳамду сано Худои бузургу бо азаматро ва салавоту салом бар Паёмбару аҳли байту асҳобаш, ва бар пайравони онҳо.

Аммо баъд:

Худованд мефармояд:

وَقَضَى رَبُّكَ أَلَّا تَعْبُدُوا إِلَّا إِيَّاهُ وَبِالْوَالِدَيْنِ إِحْسَانًا إِمَّا يَبْلُغَنَّ عِنْدَكَ الْكِبَرَ أَحَدُهُمَا أَوْ كِلَاهُمَا فَلَا تَقُلْ لَهُمَا أُفٍّ وَلَا تَنْهَرْهُمَا وَقُلْ لَهُمَا قَوْلًا كَرِيمًا (23) وَاخْفِضْ لَهُمَا جَنَاحَ الذُّلِّ مِنَ الرَّحْمَةِ وَقُلْ رَبِّ ارْحَمْهُمَا كَمَا رَبَّيَانِي صَغِيرًا (24)} [الإسراء: 23، 24]

"Парвардигорат муқаррар дошт, ки ҷуз Ӯро напарастед ва ба падару модар эҳсону некӣ кунед. Ҳар гоҳ то ту зинда ҳастӣ, ҳар ду ё яке аз он ду (падару модар) солхӯрда шаванд, ононро маёзор ва ба дуруштӣ хитоб макун ва бо онон ба икром сухан бигӯй.

Дар баробарашон аз рӯи меҳрубони сари хоксорӣ хам бикун ва бигӯ: «Эй Парвардигори ман, ҳамчунон ки маро дар хурдӣ парвариш доданд, бар онҳо раҳмат овар". (Исро 23 ва 24)

Падару модар!!!

Оё медонед падару модар киро мегуянд?

Падару модар яъне сабаби пайдоиши инсон, барои ин ду шахс, бо баландтарин мартабаи эҳсону неки бояд рафтор кард.

Некиву эҳсон бо падар, ба хотири он ки у ба сабаби фарзандаш тамоми машақатҳоро аз сар гузаронид то ки уро ба воя расонд, ва некиву эҳсон ба модар, ба хотир он ки у фарзандашро бо машақати зиёд ба дунё оварда ва тамоми раҳмату шафқаташро ба у бахшидааст.

Ҳабри уммат ва тарҷумони қурон, Абдуллоҳ ибни Абос (р) мегуяд: се ояте ҳастанд ки комил кунандаи ҳамдигаранд, ва яке аз онҳо бидуни дигараш пазируфта намешавад, ояти якум Худованд мефармояд:



وَأَطِيعُوا اللَّهَ وَأَطِيعُوا الرَّسُولَ [التغابن: 12]

"Худоро итоъат кунед ва паёмбарро итоъат кунед" (Тағобун 12)

Аз ин оят чунин фаҳмида мешавад ки ҳарки итоъати Худовандро ба ҷо биёраду итоъати паёмбарашро ба ҷо наорад аз у пазируфта намешавад.

Дар ояти дувум Худованд мефармояд:

وَأَقِيمُوا الصَّلَاةَ وَآتُوا الزَّكَاةَ [البقرة: 43]

"Ва намозро барпой доред ва закотро бипардозед" (Бақара 43)

Аз ин оят фаҳмида мешавад ки ҳарки намоз бихонаду закотро напародозад, аз у пазируфта намешавад.

Ва дар ояти сеюм Худованд мефармояд:

أَنِ اشْكُرْ لِي وَلِوَالِدَيْكَ إِلَيَّ الْمَصِيرُ [لقمان: 14]

"Манро ва падару модаратро шукр гӯй" (Луқмон 14)

Аз ин оят фаҳмида мешавад ки ҳарки шукри Худоро ба ҷо биёраду шукри падару модарро ба ҷо наорад, аз у пазируфта намешавад.


► Ба хотири ҳамин Худованд дар китобаш бандаҳояшро доимо васият мекунад ки ба падару модар бо чи роҳе ки набошад эҳсону неки кунед, ва бо чи роҳе ки набошад аз норозигии ва бадрафтори ба онҳо ҳушдор медиҳад, чуноне ки Худованд мефармояд:

وَاعْبُدُوا اللَّهَ وَلَا تُشْرِكُوا بِهِ شَيْئًا وَبِالْوَالِدَيْنِ إِحْسَانًا [النساء: 36]

"Худоро бипарастед ва ҳеҷ чизеро шарики Ӯ масозед ва ба падару модар эҳсону некӣ кунед" (Нисо 36)

Ва боз мефармояд:



وَوَصَّيْنَا الْإِنْسَانَ بِوَالِدَيْهِ حُسْنًا [العنكبوت: 8]

"Ба одамизод супориш кардем, ки ба падару модари худ эҳсону некӣ кунад" (Анкабут 8)

Ва боз мефармояд:



وَوَصَّيْنَا الْإِنْسَانَ بِوَالِدَيْهِ حَمَلَتْهُ أُمُّهُ وَهْنًا عَلَى وَهْنٍ وَفِصَالُهُ فِي عَامَيْنِ أَنِ اشْكُرْ لِي وَلِوَالِدَيْكَ إِلَيَّ الْمَصِيرُ [لقمان: 14]

"Одамиро дар бораи (эҳсону неки бо) падару модараш супориш кардем. Модараш ба ӯ ҳомила шуд ва ҳар рӯз нотавонтар мешуд ва пас аз ду сол аз шираш бозгирифт. Ва супориш кардем, ки Манро ва падару модаратро шукр гӯй, ки бозгашти ту ба суи ман аст" (Луқмон 14)

Бо ин оятҳо маълум гардид ки падару модар чи қадар ҳақи бузурге бар фарзандонашон доранд, ва махсус модар, чунки у дар муқобили чандин сахтиҳову машақатҳо ба хотири фарзандаш истодагари кардааст, ба монанди парҳезгори аз хурданиҳо ва нушиданиҳо ба хотири фарзандаш, ва вазнинии ҳомилаги ва ҳар машақате ки занони ҳомила аз сарашон мегузаронанд, ва аммо тавалуд кардан бошад, ба монанди он аст ки инсон аз дами марг раҳо меёбад, дарди онро ба ғайр аз модарон каси дигаре наметавонад дарк кунад.


► Ва дар суннати Паёмбар (с) низ дар бораи фарз будани эҳсону неки бо падару модар, ва огоҳи аз норозиги ва хашмгин сохтани онҳо хело зиёд таъкид шудааст.

Чуноне ки дар ҳадиси Паёмбар (с) омадааст: "Ризогии Парвардигор дар ризогии падару модар аст, ва хашмгинии Парвардигор дар хамгинии падару модар аст" (Табарони)


►Ва дар ҳадиси дигар аз Амр ибни Ъос (р) ривоят шудааст ки марде ба назди Паёмбар (с) омад ва гуфт: ман ба назди ту омадам то ки бо ту байъат кунам, ки ҳиҷрат мекунам, ва падару модарамро дар ҳоле гузоштам ки бароям гиря мекарданд, Паёмбар (с) гуфт: "Баргард ба назди онҳо ва бихандон онрҳоро, чигунае ки гирёнашон карда буди" (аҳли сунан ба ҷуз Тирмизи)
►Аз имом Аҳмад ва ибни Моҷа аз Муовия ибни Ҷоҳимаи Сулами ривоят шудааст ки У аз Паёмбар (с) талаб кард ки ҳамроҳи у ҷиҳод кунад, Паёмбар (с) уро амр кард ки баргардад ва бо модараш эсону неки кунад, вақто ки Муовия (ин хоҳишашро такрор кард) ва дар суханаш истодагари намуд, Паёмбар (с) ба У гуфт: "вой бар ту (эй Муовия) зери пои модаратро ҳамроҳи намо ҷаннат дар он ҷо аст"
►Аз Абуҳурайра (р) ривоят шудааст ки марде назди Паёмбар (с) омаду гуфт: "Эй Расули Худо ман беҳтарин эҳсону некияамро бо ки кунам? Паёмбар (с) гуфт: бо модарат, он мард гуфт: боз бо ки? Паёмбар (с) гуфт: боз бо модарат, он мард гуфт: боз боки? Паёмбар (в) гуфт: боз бо модарат, он мард гуфт: боз бо ки? Паёмбар (с) гуфт: боз бо падарат" (Бухори ва Муслим)

Аҳли илм ба чунин фикранд, ки модар се баробари падар бар фарзанд ҳақ дорад, чунки модар се марҳалай мушкилиро аз сараш мегузаронад, аввал мушкилоти ҳомиладори, дувум мушкилоти тавалуд, севум мушкилоти нашъунамо ва хурондану нушонидани тифл, аммо дар тарбияти фарзанд падару модар баробар ҳуқуқанд, чуноне ки Худованд дар ин оят ишора кардааст:



وَوَصَّيْنَا الْإِنْسَانَ بِوَالِدَيْهِ حَمَلَتْهُ أُمُّهُ وَهْنًا عَلَى وَهْنٍ وَفِصَالُهُ فِي عَامَيْنِ أَنِ اشْكُرْ لِي وَلِوَالِدَيْكَ إِلَيَّ الْمَصِيرُ [لقمان: 14]

"Одамиро дар бораи (эҳсону неки бо) падару модараш супориш кардем. Модараш ба ӯ ҳомила шуд ва ҳар рӯз нотавонтар мешуд ва пас аз ду сол аз шираш бозгирифт. Ва супориш кардем, ки Манро ва падару модаратро шукр гӯй, ки бозгашти ту ба суи ман аст" (Луқмон 14)

Ва аз Абуҳурайра (р) ривоят шудааст ки Паёмбар (с) гуфт: "Се тоифае ҳастанд ки Худованд рузи қиёмат ба суяшон назар нахоҳад кард, оқи падару модар, зани мардмонанде ки худро бо мардон монанд месозад, ва (марди) даюс, ва се тоифа ҳастанд ки дохили ҷаннат нахоҳанд шуд, оқи падару модар, арақнуш, ва касе ки чизе медиҳаду боз миннат мекунад". (Насои ва Аҳмад ва Ҳоким)

Инчунин Муъоз ибни Ҷабал (р) мегуяд ки Паёмбар (с) манро чунин васият кард: "Ба Худо шарик наёр, агарчи кушта шави ва сузонда шави, ва оқи падару модар нашав, агарчи онҳо туро амр кунанд ки аз аҳлу оила ва молҳоят руй гардон……" (Аҳмад)

Ҳамон гунае ки неки ва эҳсон бо падару модар аз васиятҳо ва амрҳои Паёмбари ислом (с) мебошад, инчунин аз амалкард ва васиятҳои дигар паёмбарони пешин низ буд.


► Чуноне ки аз Паёмбар (с) ривоят шудааст, ҳаногме ки аз назди қабри модараш, ки дар Ваҳбо минтақае дар миёни Макка ва Мадина ҷоигир аст дафн шуда буд, бо ҳамроҳии саҳобагонаш ки ададашон ҳазор нафар буданд, мегузашт, дар он ҷо истоданду Паёмбар (с) сари қабри модараш гиря кард ва саҳобагон низ аз гиряи Паёмбар (с) ба гиря омаданд, сипас Паёмбар (с) гуфт: "Аз Худованд иҷоза пурсидам ки барои модарам талаби мағфират намоям, бароям иҷоза надод, ва иҷозаи зиёрати қабри уро хостам бароям иҷоза дод, сипас (Паёмбар с) гуфт: қабрҳоро зиёрат намоед, онҳо охиратро ба ёди шумо меоранд"
► Инчунин Иброҳими Халил (а) бо вуҷуди ин ки падараш кофир буд уро бо лутфу меҳрубони нидо мекард ва мегуфт: يا أبتي "Эй Падари ман" ва уро ба суи ибодати Худованди ягона мехонд, ва аз у хоҳиш мекард ки тарки ширку куфр кунад, вале ҳангоме ки падараш уро бо зарбу лат таҳдид намуд, ва хост ки уро аз хонааш берун намояд, Иброҳим (а) ба ҷуз ин сухан ба у чизи дигаре нагуфт, чуноне ки Худованд фармуд:

سَلَامٌ عَلَيْكَ سَأَسْتَغْفِرُ لَكَ [مريم: 47]

"Салом бар ту! Аз Парвардигорам бароят бахшоиш хоҳам хост" (Марям 47)

► Ва ин чунин Худованд ба Яҳё ибни Закарё ба хотири он ки бо падару модараш эҳсону неки мекард сипос гуфт, чуноне ки Худованд фармуд:



وَبَرًّا بِوَالِدَيْهِ وَلَمْ يَكُنْ جَبَّارًا عَصِيًّا [مريم: 14]

"Ба падару модар некӣ мекард ва ҷаббору саркаш набуд" (Марям 14)

Ва ҳамингуна гузаштагони солеҳи ин уммат низ дар неки бо падару модар бисёр кушишманд буданд.


► Чуноне ки аз Абуҳурайра (р) ривоят шудааст, ҳангоме ки мехост аз хонааш берун ояд, дар назди дари хонаи модараш меистоду мегуфт: асалому ъалайка ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу ва модараш мегуфт: ва ъалайка салом ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу эй фарзандам, ва Абуҳурайра мегуфт: Худованд туро раҳм кунад чуноне ки ту манро аз хурди тарбият намуди, ва модараш мегуфт: Худованд туро низ раҳм кунад чуноне ки бо ман дар пиронсоли эҳсону неки менамои.
► Ва аммо Абдуллоҳ ибни Масъуд бошад, шабе модараш аз у об талаб кард, Абдуллоҳ ибни Масъуд рафт то ки об биёрад, ҳангоме ки баргашт дид ки мадараш хоб аст, Абдуллоҳ об дар даст то субҳ дар назди сари модараш интизор монд, ва уро ҳатто бедор ҳам накард то ки уро нороҳат насозад, ва инчунин аз наздаш ҳам дур нарафт то ки мабодо модараш бедор шаваду об бихоҳад ва Абдуллоҳро пайдо накунад.
► Ва ибни Ҳасани Тамими бошад аз пушти каждуме рафт то ки уро бикушад, ва дид ки каждум дар кунчи хона дохили сурохие пинҳон шуд, ибни Ҳасан дари он сурохиро бо ангуштонаш баст, каждум ангушти уро газид, аз у пурсиданд ки чаро ин хел кард, дар ҷавоб гуфт: ба хотири он ин корро кардам ки тарсидам ки шояд он каждум берун ояду модарамро бигазад.
► Ва ибни Ъавни Музаниро рузе модараш нидо кард, ибни Ъавн дар ҷавоб ба модараш каме бо садои баландтар ҷавоб дод, то ки модараш уро хубтар бишнавад, локин бо вуҷуди ин ибни Ъавн пушаймон шуд ва дар роҳи Худо ду ғуломро хариду озод кард.

Ҳангоме ки ба ҳоли гузаштагогнамон менигарем мебинем ки мо дар муқобил нисбат ба падару модаронамон бисёр кутоҳи мекунем, ҳатто ба он дараҷае мерасем ки дучори ғазабу норозигии онҳо мегардем.

Оқи падару модар чанд намуд мебошад ки аз баъзе аз онҳо мо хабар надорем ва дар назарамон андак менамояд, мисли ин ки садоро аз садои падар ё модар баланд намудан, ё ин ки ҳангоми соҳиби пулу мол шудан ё инки соҳиби илм шудан нисбати онҳо такабури намуданд.

Аз ҷумлаи оқи падару модар онаст, ки фарзанд парвои падару модар накунад ва онҳоро ба ҳоли худ гузорад то ки маҷбур шаванд ки даст ба талбандаги бизананд.

Инчунин касеро аз онҳо болову беҳтар донистан, мисли рафиқонро ва ё зану фарзандро ва ҳатто нафсашро.

Ва нидо кардани онҳоро бо номҳояшон ва шухи нанамудан ба номҳои онҳо.

Модаре ки тифлашро дар шикамаш нуҳ моҳ бо чанди машақатҳо бо тамоми намуди эҳтиётҳо ҳамл намуд, ҳар рузе ки дар шикамаш бузург мешавад ҳамон қадар дарду машақати модар зиёд мегардад, ва ҳангоме ки тифлашро ба дунё меорад чунон дарду аламе мебинад ки гуё аз дами марг раҳо ёфтааст, ва баъди тавалуди фарзандаш ҳамаи умедҳояшро бар фарзандаш мебандад, ва тамоми хушиву саодаташро дар хушиву саодати он фарзандаш мебинад, ва шабу рузашро дар хидмати фарзандаш мебахшад, кушиш мекунад ки уро аз беҳтарин таомҳо ва безарартарин таомҳо бихуронад, барои у заҳмат мекашад ва худро хаста месозад то ки фарзандаш роҳат бинад, синаву дастонашро савораи фарзандаш месозад, худро гурусна медорад то ки фарзандаш сер шавад, шабҳо хоб намекунад то ки фарзандаш оромона хоб кунад, ҳарвақто ки уро набинад фарёд мезанад, агар аз у руй гардонад уро хиҳиш мекунад, ҳаргоҳе ба фарзандаш зараре расад барояш кумак металабад, фикр мекунад ки тамоми хайру неки дар дасти уст, ва то замоне ки фарзанд дар оғушаш ё зери назараш бошад ба у нохушие нахоҳад расид.

Оё баъди ҳамаи ин ҷазои модар, уро норози сохтан ва аз у руй гардонидану сазовори хашми у гаштан аст?!. Худоё аз ин руз ба раҳмати ту паноҳ мебарем.

Аммо падар бошад, ба хотири фарзанд чандин намудҳои мушкилотро аз сар мегузаронад, то ки луқмае пайдо кунаду дар даҳони у бигзорад, ва дар тарбияту таълими у чиқадар машақатҳое нест ки накашида бошад, ҳаргоҳе ки фарзанд ба наздаш биёяд хушҳол мегардад, ва ҳаргоҳе ки аз наздаш дур гардад дар фироқи у месузад, ҳаногме ки падар ҳозир мегардад, фарзанд фикр мекунад ки дунё дар зери дасти уст ва дигаронро аз падараш метарсонад бо сари баланд қадам мезанад.

Оё баъди ҳамаи ин ҷазои падар такабури ва норози сохтани уст, ва сазовори хашми у шудан аст?!.

Худоё аз ин руз ба раҳмати ту паноҳ мебарем.

Ҳар як инсони оқил бояд огоҳ бошад, ки дар ҳақи падару модар кутоҳие накунад, оқибати ин кор бисёр сахт аст, бояд тамоми кушишашро сарф намояд, то ки бо онҳо эҳсону неки намояд, чунки рузе аз рузҳо онҳоро аз даст хоҳад дод, ва баъд аз он дигар газидани ангушт фоидае надорад, эҳсону неки бо падару модар агар аз нигоҳи шариъат ҳам фарз намешуд, аз нигоҳи инсонияту виждон аз баландмартабатарин амалҳо ба ҳисоб мерафт.

Ва илова бар ин эҳсону неки бо падару модар гуноҳонро аз байн мебарад, ва сабаби қабули дуъоҳо мегардад.

Худоё гуноҳони мо ва падарону модаронамонро бубахшо ва онҳоро раҳм намо чигунае ки моро дар хурди тарбият намуданд, ва онҳоро бо паёмбарону содиқон ва шаҳидону солиҳон ҳашр намо ва ҷои онҳоро фирдавси аъло бигардон. Омин



Ва салому дуруд бар беҳтарин ва охирини паёмбарон Муҳаммад (с) бод.

 www.alukah.net



Достарыңызбен бөлісу:




©dereksiz.org 2024
әкімшілігінің қараңыз

    Басты бет