Тавассул ба амалҳои неку



Дата05.07.2016
өлшемі30.47 Kb.
#179919


Тавассул ба амалҳои неку

] طاجيكية – Tajiki – Тоҷикӣ [

Таҳия: Мусъаби Ҳамза

2012 - 1433



﴿ التوسل بالأعمال الصالحة ﴾

« باللغة الطاجيكية »

إعداد: مصعب حمزة

2012 - 1433



Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон

Тавассул ба амалҳои неку
Ҳар касе ки дар ҳолатҳои ороми ва фаровони Худоро фаромўш кунад ва барои мулоқоти Ў омодаги набинад, Худованд ҳам ўро дар ҳолатҳои сахти фаромўш мекунад, яъне аз ў рўй гардонида, кўмакаш намекунад.

Яке аз ҳодисаҳои аҷибе, ки бар сари парҳезгорон омад ва чи гуна онҳо ба сабаби тақвои ва амалҳои анҷомдодаи неки худ аз он сахтиҳо раҳои ёфтанд, он аст, ки дар ҳадиси муттафақун алайҳ омадааст. Паёмбар (с) фармудаанд: "Аз умматони собиқ се нафар ба ҷое равона буданд. Чун шаб шуд ба ғоре паноҳ бурданд, то шабро дар он ҷо рўз кунанд. Санги бузурге аз болои кўҳ афтида, дари ғорро баст. Онҳо гуфтанд, аз ин бало касе шуморо раҳо дода наметавонад, магар дуо кардан бо пешниҳоди амалҳои хубатон.



Пас яке аз онҳо гуфт: Худоё, ман падару модари калонсоле доштам ва ман ба аҳли оилаи худ ва молҳоям об намедодам пеш аз он, ки ба онҳо об диҳам. Рўзе ба ҷустуҷўи ҳезум рафта, каме дер кардам ва чун қадаҳи обро ба наздашон бурдам, дидам, онҳо дар хобанд. Ман нахостам онҳоро аз хобашон бедор созам ва нахостам ба оила ва молҳоям пеш аз онҳо об диҳам. Мунтазир истодам, то ин ки субҳ дамид ва тифлонам дар пеши поям зори мекарданд.

Пас падару модарам бедор шуданд ва аз он об нўшиданд. Худоё, агар ин кори ман барои ризои ту бошад, пас моро аз ин бало наҷот деҳ ва ин сангро дур соз. Санг каме яктараф шуд, вале на ба он андоза, ки баромада тавонанд.

Марди дигараш гуфт: Худоё, ман духтари амаке доштам, ки аз ҳама бештар дўсташ медоштам. Ман аз ў борҳо нафсашро хостам, вале ў рози намешуд. Соле аз солҳо сахтие бар сараш омад ва худи ў ба назди ман омад ва ман ба ў 120 динор додам, то худро дар ихтиёри ман гузорад. Ў ин корро кард. Вақте, ки ман хостам, он корро иҷро кунам, ба ман гуфт аз Худо битарс ва ангуштариро ноҳаққона соҳиб машав. Пас ман аз ў рўй гардондам бо вуҷуди он, ки аз ҳама бештар дўсташ медоштам. Худоё, агар ин кори ман барои ризои ту бошад, пас моро раҳо кун. Боз санг каме яктараф шуд, вале на ба он андоза, ки баромада тавонанд.

Саввумаш гуфт: Худоё, ман якчанд мардикор гирифтам ва ба ҳамаи онҳо ҳаққашонро додам, магар як нафари онҳоро, ки ҳаққаш назди ман монда, худ рафта буд. Ман музди ўро кор фармудам ва фоидаи зиёде ба даст овардам. Баъди чанд муддате ў ба назди ман омада, ҳаққашро талаб намуд. Ба ў гуфтам, ин ҳама шутуру гову гўсфанду ғуломон, ки мебини, азони туст. Гуфт: эй бандаи Худо, ту маро масхара макун. Гуфтам: масхара кардани нестам. Пас ў ҳамаро гирифта рафт ва ба ман чизе ҳам намонд. Худоё, агар ин кори кардаи ман барои ризои ту бошад, пас моро аз ин бало наҷот деҳ. Пас санг кушода шуд ва онҳо баромада рафтанд" (Бухорӣ).

Ин се нафар чун дар бало ва сахти гирифтор шуданд, барои раҳоии худ чизеро ҷуз корҳои некўи пештар анҷомдодаи худ наёфтанд. Якумашон назди Худо накўии ба падару модарашро васила намуд, ки ба падару модараш зану фарзандашро баробар намекард. Дуюмаш парҳезгори ва покии худро васила намуд, ки чун ба зино даст ёфт, аз тарси Худо аз он худдори кард. Саввумаш амонатдории худро васила намуд, ки амонатро чи гуна пурра ба соҳибаш баргардонид. Пас баъди он, ки бо корҳои накўяшон дуо намуданд, Худованд сахтиро аз сарашон дур намуд.





Достарыңызбен бөлісу:




©dereksiz.org 2024
әкімшілігінің қараңыз

    Басты бет