Хоҳарам ҳиҷоб амри Худованди Тавоност



Дата11.07.2016
өлшемі2.39 Mb.
#191729


Хоҳарам ҳиҷоб амри Худованди Тавоност

] طاجيكية – Tajiki – Тоҷики [

2011 - 1432

﴿ أختاه! الحجاب أمر من الله عز وجل ﴾

« باللغة الطاجيكية »

2011 - 1432





Хоҳарам ҳиҷоб амри Худованди Тавоност

Ба номи Худованди бениҳоят меҳрубон

Хоҳари муъмин ва мусалмон! Занони сабур ва шуҷоъи меҳанамон! Ононе, ки бо имон ва фидокори дар муқобили мушкилот истодаанд! Имруз душманони қасамхурдаи ислом сарсахтона мекушанд то чодари иффат ва иззати туро аз сарат бардоранд. Зеро онҳо аз ҳиқоби ту метарсанд ва медонанд, то ҳиқоби ту ҳаст наметавонанд барномаҳои шуми худро амали созанд. Аммо ин душманон, ки монанди мор ҳар вақт пусти худро иваз мекунанд ором намешинанд. Мутаассифона иддаи мусалмонони фиребхурда онҳоро ҳамроҳи мекунанд. Бо унвонҳои гунонгун вале ҳадафи ягона мехоҳанд зарба ба ислом бизананд. Гоҳе шиори дифоъ аз ҳуқуқи занро баланд мекунанд ва гоҳе ҳам мусовот ва баробарии байни зану мардро унвон менамоянд. Вале ҳадафашон баракси шиорашон мебошад.

Оре! Ҳадафи онҳо ҳуқуқи зан нест, балки мехоҳанд занони мусалмони моро чун матоъи беарзиш бар сари бозори ҳавасронон бифурушанд ва ба вартаи бадбахти ва хори бикашанд.

Бале, хоҳари гироми! Ҳуқуқ бо аз сар гирифтани ҳиҷоб ва ё беҳиҷоби бадаст намеояд. Ё ин, ки духтарон беҳиҷоб ба мактаб ҳозир шаванд нақше дар бадаст овардани ҳуқуқашон бози намекунад. Ё ин, ки занону мардони корманд дар идораҳо зери як сақф бидуни риояти ҳиҷоб кор намоянд ҳуқуқи мусови ва баробари нест. Балки зане, ки мехоҳад ба ҳиҷоб бошад ин ҳуқуқи вай аст ва набояд поймол гардад. Ин аст ҳуқуқ.

Душманони ислом дар пушти пардаи ин шиорҳо ҳадафҳои шуму ваҳшатноке доранд. Яқинан хоҳарони мусалмони мо фиреби ин шиорҳои куҳна ва аз мўд афтодаро намехуранд ва душманон ҳадафҳои палидашонро иншоаллоҳ ба гўр хоҳанд бурд.

Хоҳари мусалмон! Дар ин майдон ҳиҷоб силоҳи туст. Бо ин силоҳи худ ба душманони дин ва ақидаат нишон бидеҳ, ки ту пайрави Хадиҷа ва Оишаи Сиддиқа ва Фотимаи Заҳро ва вориси иффат ва ҳашамати онҳо ҳастӣ. Бо ҳифзи ҳиҷоб ба душманони дин бифаҳмон, ки ҳиҷоби ту аз имони ту сарчашма мегирад. Имон ба Худованди якто, имон ба китоби Худо ва пайравӣ аз Паёмбари Худо (салом ва дуруди Худо бар У). Ҳиҷоби ту чун теғест бурранда бар гардани душманони дин ва ақидаат ва ба ононе, ки худро ба тамаддуни бебанду бор ва разолати ғарб фурухтаанд.

Пас эй хоҳари мусалмон! Дар ҳифзи ҳиҷоби худ бикуш! Зеро ҳиҷоби ту санади иззат ва сарбаландии шумост. Зебоӣ ва фазлу камол дар беҳиҷобӣ ва беҳаёӣ нест. Балки фазли камол дар зебоӣ ба ахлоқ ва тақво ва андешаи солим аст.

Худованди Таъоло Ҳазрати Муҳаммад (салом ва дуруди Худо бар У)-ро барои ҳидояти башарият ва даъвати онҳо ба дини ҳақ фиристод. Бар У китоби Муқаддас Қуръонро нозил намуд, то олами башариятро аз торикиҳои ҷахлу гумроҳӣ ба нури роҳи ҳақ ҳидоят намояд. Уро фиристод, то мардумро ба ибодати Худои Бузургвор бихонад ва амру наҳйҳои Худовандро ба инсонҳо биёмузад ва эшонро аз пайравии Шайтон ва шаҳвату ҳавову ҳаваси нафс боздорад. Худованди Тавоно Уро фиристод, ки дар замони гумроҳи ва бадбахтӣ бо раҳнамунҳои олимонаи худ ба ҳар васила инсонро ба ахлоқи неку даъват диҳад. Аз ҷумлаи ахлоқи неку, ки Паёмбари Худо ба он даъват намуданд ҳаё мебошад. Худи Паёмбар амалан намуна ва улгуи боризи он буданд ва онро шохае аз шохаҳои имон номиданд. Дар ин шакке нест, ки ҳаё ҷузъи фитрати инсон буда ва беҳаёӣ ҷузъи хислатҳои ҳайвонот мебошад. Ҳаё дар зан бидуни ҳиҷоби исломӣ муяссар намешавад. Ҳиҷобе, ки ба занон азамат, иффат ва иззат мебахшад.

Иддае аз занони мусалмон ба ин ақида ҳастанд, ки ҳиҷоб ҷузъи одот ва расму оини баъзе ҷомиаҳои башарӣ буда ва ё ба воситаи падару бародар ва шавҳар иҷборан болои занҳо таҳмил гардида ва ё аз тарафи гуруҳе маҷбуран ба ҷомиа қабулонида шудааст. Дар ҳоле, ки ҳақиқат комилан хилофи тасаввури онҳо мебошад. Зеро ҳиҷоби зани мусалмон ба ҳукми Худованд дар Қуръони Маҷид фарз буда ва оятҳои зиёде шоҳиди ин ва дар исботи ин масъала омадааст. Чунончи Худованди Ҳаким ва тавоно дар робита ба занҳои мусалмон чунин мефармояд:

«Эй Паёмбар! Бигу занони мусалмонро, то бипушонанд чашмҳои худро аз дидани нораво ва ҳаром ва нигаҳ доранд шармгоҳи худро аз амалҳои зишт ва бар бегона ошкор насозанд зиннати худро магар ончи зоҳираст ва қобили пушондан нест. Бояд, ки бипушонанд гиребон ва синаи худро ва зиннат ва ҷамоли худро ошкор насозанд, магар ба шавҳарони худ ва ё падарони хеш ва ё падарони шавҳарони хеш ва ё писарони хеш ва ё писарони шавҳарон, ё бародарон ва ё писарони бародарон ва ё писарони хоҳарон ва ё занони хонавода ва ё канизони онҳо ва ё атбои хонавода, ки ба занон рағбат надоранд ва ё атфоле, ки ҳануз бар аврат ва маҳорими занон огоҳ нестанд. Ба ғайр аз инҳо аз касони дигар дар ҳиҷоб бошанд ва тавре пой бар замин назананд, ки зиннати онҳо ошкор шавад. Эй аҳли имон ҳама ба даргоҳи Худованд тавба кунед! Бошад, ки растагор шавед.» ( Сураи «Нур» ояти 31)

Аз ин ояти муборак собит мегардад, ки ҳиҷоб яъне пушондани бадан фарз мебошад.

Дар Қуръони Карим оятҳои фаровоне дар бораи фарз будани ҳиҷоб омадааст. Аз ҷумла Худованд чунин фармудааст:

«Эй Паёмбар! Бигу ба занони худ ва духтарони худ ва занҳои муъминон, ки хешро аз сар то по бипушонанд. Ин кор барои онаст, ки ба иффат ва иззат шинохта шаванд. То аз таарруз ва азияти ҳавасронон озор накашанд ва ин ҳиҷоб барои онҳо беҳтар аст. Ва Худованд омурзандаву мехрубон аст.» (Сураи «Аҳзоб» ояти 59).

Хоҳари мусалмон аз пайравӣ ба дунёи ғарб, ки худ ғарқи дар дарёи шаҳват аст бипарҳез!

Расули Худо (салом ва дуруди Худо бар У ) чи зебо гуфтаанд:

«Замоне меояд, ки шумо рафтори онҳоеро, ки пеш аз шумо буданд ваҷаб ба ваҷаь думболагирӣ хоҳед кард. То ҷое, ки агар дар сурохи «забб» (навъе ҷонвари саҳроӣ) дохил шаванд ба дунболи онҳо шумо низ дохил хоҳед шуд». Саҳобагон пурсиданд: Эй Расули Худо оё манзури Шумо яҳуд ва насрониҳо аст? Эшон ҷавоб доданд: «Пас чи каси дигаре бошад».

Хоҳари мусалмон! Ту бояд ба тарзи шоиста ба либосат эҳтимом варзӣ ва барои худ шахсияте дошта бошӣ. Ту бояд дар сарфи молу ҷон ба Хадиҷа ва дар фиқҳ ба Оиша ва дар сабру нигаҳдорӣ ва ҳифзи дини Худованд ба Сумая иқтидо кунӣ! Хоҳари мусалмонам! Агар ту дорои ҳайкали зишт ва чеҳраи нозебо мебудӣ, оё касе ҳозир мешуд, ки фақат ба ин иллат, ки зани равшанфикр ва доно ҳастӣ сурататро дар ҷилди маҷалла чоп кунад? Оё касеро меёфти, ки барои рекламаи маҳсулоташ тасвири чеҳраи туро бар постерҳо чоп кунад? Оё касеро меёфтӣ, ки ба баҳонаи камбуди васоили таълиму тарбият аз ту дифоъ кунад?

Пас бидон, ки онҳо фақат мехоҳанд аз чеҳраи зебову садои латифи ту баҳраманд шаванд ва лаззат баранд. Ҳаргоҳ, ки ин хисолро дар ту наёфтанд, монанди либоси куҳна ва қадимӣ, ки муддати салоҳияташ ба поён расидааст, туро раҳо мекунанд ва ту фаромуш хоҳӣ шуд.

Душманони Ислом ба хубӣ дарк кардаанд, ки фасоди комили ҳар ҷомиа бо фасоди занон имконпазир мегардад. Яке аз саркардагони ҷамоатҳои масеҳӣ мегуяд: Ҷоми шароб ва як зани хонанда дар тахриби уммати Муҳаммад он гуна асар дорад, ки ҳаргиз ҳазор тонк аз паси анҷоми он бар намеояд. Пас онҳоро дар ишқ ба моддиёт ва шаҳват ғарқ кунед! Якеи дигар аз масеҳиён мегуяд: Бар мо воҷиб аст, ки занонро ба суи худ ҷалб кунем. Ҳаргоҳ як зани мусалмон дасташро ба суи мо дароз кунад ба натиҷаи дилхоҳ расидаем ва лашкари ансори дини Муҳаммадро аз пой дароварда аз ҳам пошидаем. Ба ҳама касоне, ки мехоҳанд фаҳшу фуҷур ва беҳаёиву беҳиҷобӣ дар кишвари мо густариш пайдо кунад, ин ихтёри илоҳиро пешкаш мекунам:

«Ба ростӣ касоне, ки дуст доранд, то фоҳишагӣ дар байни муъминон паҳн гардад, дар дунё ва охират азоби дарднок кашанд. Ва Худованд медонад ва шумо намедонед» (Сураи «Нур» ояти 19)

Паёмбари Худо (салом ва дуруди Худо бар У) фармуданд;

«Ду гуруҳ аз аҳли дузахро ман надидаам. Мардумоне, ки шаллоқҳои монанди думи гов ба даст дошта ва бо он мардумро мезананд ва заноне, ки либос пушидаанд, аммо аз нозукии либос бадани онҳо урён менамояд, дур аз роҳи ҳақ, дур кунандаи дигарон аз роҳи ҳақ, ки сари онҳо монанди куҳони шутураст. Онҳо ба биҳишт дохил намешаванд ва ҳаргиз буи он низ ба машомашон намерасад. Ҳол он, ки буи биҳишт аз масирҳои дур ба машом мерасад.»



Ин буд намунае аз ҳидоят ва иршодоти ҳакимонаи Ислом, ки агар мо мусулмонон чи марду чи зан чи пиру чи ҷавон ба он амал намоем ва бар вифқи он рафтор кунем ба мадориҷи улёи фазилат ва саодат ва муваффақият хоҳем расид. Суроғи роҳи рост ва ҳидоятро аз Қуръон бояд ҷуст. Дар охир ин ҳадиси муборак ва ин дастагули зебо, ки Паёмбари Худо (салом ва дуруди Худо бар У) саодати дунё ва охиратро барои занони мусалмон бо ин ҳарфи гуҳарборашон нишон додаанд, гуфторамонро ба поён мерасонем. Паёмбар (салом ва дуруди Худо бар У) фармуданд: «Агар зане панҷ вақт намозро адо намояд ва моҳи Рамазонро руза бигирад ва иффат ва покдомании худро ҳифз намояд ва аз шавҳари хеш дар амре, ки маъсият ва нофармонии Худованд набошад, итоат намояд, дар рузи қиёмат ба у гуфта мешавад; Аз ҳар даре, ки мехоҳӣ дохили Биҳишт шав!» Пас эй хоҳари мусамон! Агар воқеан тасмим бигирӣ ва аҳд кунӣ ин кор чандон мушкил нест. Кори хеле содда ва осон аст. Дарвозаҳои Биҳишт ба руят боз мегардад. Фақат ҳамин ҳоло аз ҷо бархез вузуъ бигир ва ду ракаат намоз бихон ва бо Худованди худ аҳд намо, ки аз ин ба баъд фармонбардори У бошӣ. Агар ту аз ҳамин ҳоло ба ин кор шуруъ кунӣ ҳиҷоби исломиро, ки Худоят туро ба он амр кардааст ба бар кунӣ ва за гузаштаҳо тавба намоӣ, мутмаин бош, ки Худованд гузаштаи туро афв мекунад. Инро худи Худованд ваъда намудааст. Дар иваз Худованд ба ту Биҳиштеро насиб мегардонад, ки аз зери боғҳо ва дарахтони он наҳрҳо ҷорӣ аст. Ҳар неъмате, ки орзу дошта бошӣ, дар он ҷо муяссараст.



Достарыңызбен бөлісу:




©dereksiz.org 2024
әкімшілігінің қараңыз

    Басты бет