35. Сураи Фотир (Офаринанда)
Дар Макка нозил шуд ва он чињилу панљ оят ва панљ рукўъ аст.
Ба номи Худо Бахшояндаи Мењрубон
1. (Њама) ситоиш Худойрост – Офаринандаи осмонњо ва замин, ки фариштагонро фиристодагоне гардонидааст, ки дорои бозуњои дугон-дугон ва сегон-сегон ва чањоргон-чањоргонанд; дар офариниши њар чи хоњад, зиёда мекунад. Ба дурустї ки Худо бар њар чиз Тавоно аст.
2. Он чи Худо аз рањмат барои мардумон кушода созад, пас онро њељ бандкунандае нест; ва он чи банд кунад, пас, онро баъд аз Вай1 њељ кушояндае нест. Ва Ў Ѓолиби Боњикмат аст.
3. Эй мардумон, неъмати Худоро бар хеш ёд кунед. Оё офаринандае ѓайри Худо њаст, ки ба шумо аз (љониби) осмону замин рўзї дињад? Њељ маъбуде ба љуз Вай нест. Пас, аз куљо [аз роњи рост] гардонида мешавед?
4. Ва агар туро ба дурўѓ нисбат кунанд, пас, њамоно пайѓамбарони пеш аз ту ба дурўѓ нисбат карда шуданд. Ва корњо ба сўи Худо бозгардонида мешавад.
5. Эй мардумон, дар воќеъ ваъдаи Худо рост аст, пас, зиндагонии дунё шуморо фирефта накунад; ва (Шайтони) фиребанда шуморо нисбат ба Худо нафиребад.
6. Дар њаќиќат Шайтон шуморо душман аст, пас ўро душман гиред; љуз ин нест, ки ў тобеони худро мехонад, то аз ањли дўзах бошанд.
7. Барои онон, ки кофир шуданд, азоби сахт аст; ва барои онон, ки имон оварданд ва амалњои шоиста карданд, омурзиш ва музди бузург аст.
8. Оё касе, ки амали зишти ў барояш ороста карда шудааст ва онро нек дидааст, (мисли мўъмини солењ бошад)? Пас, њамоно Худо њар киро хоњад, гумроњ мекунад ва њар киро хоњад, роњ менамояд. Пас, бояд ки нафси ту аз рўи дареѓ бар онњо њалок нашавад. Ба ростї ки Худо ба он чи мекунанд, Доно аст.
9. Ва Худо Он аст, ки бодњоро фиристод; пас, (он бодњо) абрро барангехт; пас, абрро ба сўи шањри мурда равон кардем; пас, ба он (абр) заминро – баъди мурда буданаш – зинда сохтем. Барангехтани мурдагон њам чунин хоњад буд.
10. Њар ки арљмандї хоњад, пас, њамаи арљмандї якљо аз они Худо аст; сухани покиза ва амали солењ ба сўи Ў боло меравад, онро (Худо) баланд мегардонад. Ва барои онон, ки фитнањо меандешанд, азоби сахт аст ва бадандешии онњо њамоно нобуд шавад.
11. Ва Худо шуморо аз хок офарид, сипас аз нутфа, сипас шуморо љуфти марду зан гардонид; ва њељ зане дар шикам барнамедорад ва намезояд, магар ба илми Худо; ва њељ дарозумреро зиндагонї дода намешавад ва аз умри вай кам карда намешавад, магар он, ки дар Китоб сабт аст. Ба ростї ки ин кор бар Худо осон аст.
12. Ва ду дарё баробар нестанд:2 ин як дар нињояти ширинї ширин ва оби он гуворост; ва он дигар шўри моил ба талхист; ва аз њар яке гўшти тоза мехўред ва зеваре бармеоред, ки онро мепўшед; ва киштињоро дар дарё шикофандаи об мебинї, то аз фазли Ў рўзї талаб кунед ва то бувад ки шумо шукр гўед.
13. Шабро дар рўз дармеорад ва рўзро дар шаб дармеорад ва офтобу моњро ром сохт, њар яке ба меоде муайян меравад. Ин аст Худо – Парвардигори шумо; подшоњї аз они Ўст. Ва онон, ки ба љуз Вай мепарастед, молики (чизе ба миќдори) пўсти хастаи хурмо намешаванд.
14. Агар онњоро бихонед, хондани шуморо намешунаванд; ва агар (ба фарз) бишунаванд, гуфтаатонро ќабул намекунанд; ва рўзи ќиёмат шарик муќаррар кардани шуморо мункир мешаванд. Ва њељ кас монанди [Худои] Доно туро хабар надињад.
15. Эй мардумон, шумо ба Худо мўњтољед ва њамоно Худо Бениёзи Сутудакор аст.
16. Агар хоњад, шуморо нобуд месозад ва офариниши нав меорад.
17. Ва ин кор бар Худо душвор нест.
18. Ва њељ бардорандае бори дигареро намебардорад; ва агар гаронбор касеро ба сўи бори хеш бихонад, аз он бор чизе бардошта намешавад – агарчи он кас соњиби хешї бошад. Љуз ин нест, ки ту касонеро бим мекунї, ки аз Парвардигори хеш ѓоибона метарсанд ва намозро барпо медоранд. Ва њар ки пок шавад, пас, љуз ин нест, ки барои нафъи хеш пок мешавад. Ва бозгашт ба сўи Худо аст.
19. Ва нобинову бино баробар нестанд;
20. ва на торикињову равшанї;
21. ва на сояву боди гарм.
22. Ва зиндагону мурдагон баробар намешаванд. Ба ростї, Худо њар киро хоњад, мешунавонад; ва ту касеро, ки дар гўр бошад, шунавонанда нестї.
23. Ва ту нестї, магар тарсонандае.
24. Њамоно Мо туро башоратдињанда ба дини рост ва бимкунанда фиристодем; ва њељ уммате нест, магар он ки дар он бимкунандае гузаштааст
25. Ва агар туро ба дурўѓ нисбат кунанд, пас, њамоно онон, ки пеш аз онњо буданд, ба дурўѓ нисбат карда буданд: пайѓамбаронашон бо нишонањои возењ ва бо Номањои илоњї ва бо Китоби равшан ба онњо омаданд.
26. Сипас кофиронро гирифтор кардам. Пас, уќубати Ман чї гуна буд?
27. Оё надидї, ки Худо аз осмон обро фуруд овард, пас, ба сабаби он мевањои гуногунранг баровардем; ва аз кўњњо роњњое, ки ранги онњо гуногун – сафеду сурху сиёњ аст, дар нињояти сиёњї (пайдо кардем).
28. Ва њамчунин, аз мардумону љонварону чањорпоён – ранги онњо гуногун аст. Љуз ин нест, ки аз бандагони Худо фаќат олимон аз Ў метарсанд. Ба ростї ки Худо Ѓолиби Омурзанда аст.
29. Њамоно онон, ки Китоби Худоро тиловат мекунанд ва намозро барпо медоранд ва аз он чи ба онњо рўзї додем, пинњону ошкоро харљ мекунанд – савдогариеро умедворанд, ки њаргиз касод нашавад;
30. то [Худо] ба онњо муздашонро ба тамом расонад ва ба онњо аз фазли Худ зиёда дињад. Дар њаќиќат Ў Омурзандаи Ќадрдон аст.
31. Ва он чи аз Ќуръон ба сўи ту вањй фиристодем, њамоно рост аст, тасдиќкунандаи он чист, ки пеш аз вай аст. Ба ростї ки Худо ба бандагони Худ Хабардори Бино аст.
32. Сипас, Ќуръонро ба онон, ки онњоро аз бандагони Худ баргузидем, мерос додем;1 пас баъзеашон бар нафси худ ситамкоранд ва баъзеашон миёнараванд ва баъзеашон ба сўи некињо ба њукми Худо сабќаткунандаанд. Ин аст фазли бузург.
33. Ба бўстонњои њамеша мондан дароянд; дар он љо ба онњо аз ќисми даствонањои тиллову марворид зевар дода шавад; ва либоси онњо дар он љо (љомаи) абрешимї бошад.
34. Ва гўянд: «(Њамаи) ситоиш Худойро аст, ки аз мо андўњро дур кард. Ба ростї ки Парвардигори мо Омурзандаи Ќадршинос аст.
35. Он, ки моро аз фазли Худ ба сарои њамеша мондан фуруд овард; дар он љо њељ ранље ба мо нарасад; ва дар он љо њељ мондагї ба мо нарасад».
36. Ва барои онон, ки кофир шуданд, оташи дўзах аст – на бар онњо њукм карда шавад, то бимиранд ва на аз онњо чизе аз азоби дўзах сабук карда шавад. Њамчунин њар носипосро сазо медињем.
37. Ва ањли дўзах дар он љо фарёд кунанд: «Эй Парвардигори мо, моро берун ор, то кори шоиста бикунем – ѓайри он чи ки мекардем». (Гўем:) «Оё шуморо он ќадар зиндагонї надодем, ки дар он њар ки панд пазируфтан хоњад, пандпазир шавад; ва ба шумо тарсонанда омад. Пас, бичашед; пас ситамкоронро њељ ёридињандае нест».
38. Ба дурустї ки Худо Донандаи пинњони осмонњову замин аст; њамоно Вай ба он чи дар синањост, Доно аст.
39. Вай Он аст, ки шуморо дар замин љонишин гардонид. Пас, њар ки кофир шавад, (зарари) куфри ў бар худаш аст. Ва дар њаќќи кофирон куфри онњо назди Парвардигорашон ба љуз ѓазаб [чизеро] намеафзояд ва дар њаќќи кофирон куфрашон ба љуз зиён [чизеро] намеафзояд.
40. Бигў: «Оё шарикони муќарраркардаи худро, ки ба љуз Худо мепарастед, дидаед? Ба ман бинамоед: аз замин чї чизро офаридаанд? Оё онњоро дар осмонњо ширкате њаст? Ё оё ба онњо китобе додем, пас онњо аз он бар њуљљатанд?» Балки баъзе аз ситамкорон баъзеашонро љуз ба тариќи фирефтан ваъда намедињанд.
41. Ба ростї, Худо осмонњову заминро аз он нигоњ медорад, ки аз љои худ билаѓзанд. Ва агар билаѓзанд, њељ кас баъд аз Худо2 ин њар дуро нигоњ надорад. Њамоно Ў Бурдбори Омурзгор аст.
42. Ва ба сахттарин ќасамњои худ ба Худо ќасам хўрданд, ки агар тарсонандае ба онњо биёяд, албатта, аз њар як уммат роњёфтатар хоњанд буд. Пас, чун тарсонанда ба онњо омад, дар њаќќи онњо ба љуз рамидан [чизеро] зиёда накард –
43. ба сабаби саркашї дар замин ва бадандешии ќабењ. Ва ваболи бадандешии ќабењ ба љуз ба ањли он [ба касе] фуруд намеояд. Пас, ба љуз оини (уќубати) пешиниён [чизеро] нигарон нестанд. Пас, дар оини Худо табдиле нахоњї ёфт ва дар оини Худо таѓйире нахоњї ёфт.
44. Оё дар замин сайр накардаанд, то бибинанд: анљоми кори онон, ки пеш аз онњо буданд, чї гуна шуд? Ва (он љамоа) дар ќувват аз онњо зиёдатар буданд. Ва њаргиз [чунин] нест, ки чизе дар осмонњо ва дар замин Худоро ољиз кунад. Ба ростї ки Ў Донои Тавоно аст.
45. Ва агар Худо мардумонро ба сазои он чи мекарданд, гирифтор мекард, бар пушти замин њељ љонвареро намегузошт; валекин онњоро то ваќти муайян мавќуф медорад. Пас, чун ваќти онњо биёяд, пас, дар воќеъ, Худо ба бандагони Худ Бино аст.
36. Сураи Ё. Син
Дар Макка нозил шуд ва он њаштоду се оят ва панљ рукўъ аст.
Ба номи Худои Бахшояндаи Мењрубон
1. Ё. Син.
2. Ќасам ба Ќуръони Боњикмат,
3. ки ба дурустї, ту аз пайѓамбаронї,
4. бар роњи ростї.
5. [Ќуръон] фурў фиристодаи Ѓолиби Мењрубон аст,
6. то ќавмеро битарсонї, ки падаронашон тарсонида нашудаанд; пас онњо ѓофилонанд.
7. Њар оина ваъда (-и азоб) бар аксари онњо собит шуд; ва онњо имон намеоранд.
8. Мо дар гарданњояшон тавќњо нињодем, ки то занах бошанд; ва онњо сар ба боло нигоњ доштагонанд.
9. Ва пеши рўи онњо деворе сохтем ва паси пушти онњо – деворе; ва [чашмњои] онњоро пўшонидем; ва онњо њељ намебинанд.1
10. Барояшон баробар аст: чи онњоро бим кунї ва ё онњоро бим накунї, имон намеоранд.
11. Љуз ин нест, ки ту касеро метарсонї, ки пандро пайравї кунад ва аз [Худои] Рањмон ѓоибона тарсад; пас, ўро ба омурзиш ва музди гиромї башорат дењ.
12. Ба дурустї, Мо мурдагонро зинда мегардонем ва он чиро, ки пеш фиристоданд2 ва наќши аќдоми онњоро менависем. Ва њар чизеро дар Китоби Зоњир3 фаро гирифтем.
13. Ва достони ањли он дењаро барояшон баён кун, чун ба он дења пайѓамбарон омаданд.
14. Он гоњ, ки ба сўи онњо ду касро фиристодем, пас, он дуро ба дурўѓ нисбат карданд. Пас, ба саввумї ќувват додем; ва гуфтанд:1 «Ба дурустї, мо ба сўи шумо фиристодагон њастем».
15. Гуфтанд:2 «Шумо ба љуз монанди мо одамї, [каси дигар] нестед ва Худо њељ чиз фурў нафиристодааст ва шумо љуз дурўѓ [чизе] намегўед».
16. Гуфтанд:4 «Парвардигори мо медонад, ки ба дурустї, мо ба сўи шумо фиристодагон њастем.
17. Ва бар ўњдаи мо ба љуз пайѓом расонидани зоњир [чизе] нест».
18. Гуфтанд:5 «Њамоно, мо ба шумо фоли бад гирифтем, агар бознамонед, шуморо сангсор мекунем ва албатта, аз мо ба шумо азоби дарддињандае мерасад».
19. Гуфтанд:4 «Фоли бади шумо њамроњи худи шумо аст. Оё агар ба шумо панд дода шавад, (чунин мекунед)? Балки шумо гурўњи аз њад гузаштае њастед».
20. Ва марде аз дуртарин мањалњои он шањр давида омаду гуфт: «Эй ќавми ман, фиристодагонро пайравї кунед.
21. Касонеро пайравї кунед, ки аз шумо њељ музде наметалабанд ва худ роњёфтагонанд.
22. Ва чаро ман Маъбудеро ибодат накунам, ки маро биофарид ва ба сўи Вай бозгардонида хоњед шуд?
23. Оё ба љуз Вай худоёне гирам, ки агар [Худои] Рањмон дар њаќќи ман зиёне бихоњад, шафоаташон аз ман чизеро дафъ накунад ва маро халос накунанд?
24. Он гоњ ман њар оина дар гумроњии зоњир бошам.
25. Ба дурустї ки ман ба Парвардигори шумо имон овардам. Пас [сухани] маро бишунавед».3
26. Гуфта шуд: «Ба бињишт дарой». Гуфт: «Эй кош, ќавми ман медонистанд,
27. ки Парвардигори ман маро ба чї чиз биомурзид ва маро аз икромшудагон бигардонид».
28. Ва баъд аз ў бар ќавми ў њељ лашкаре аз осмон фуруд наовардем ва Мо фурудоранда набудем.
29. Ба љуз як фарёди тунд набуд, ки ногањон онњо (чун оташи) фурўмурда шуданд.
30. Эй вой бар бандагон, њељ фиристодае бар онњо наомад, магар он ки бо ў тамасхур мекарданд.
31. Оё надиданд, ки чї ќадар табаќоти мардумонро пеш аз онњо њалок сохтем, ки онњо ба сўяшон бознамегарданд?
32. Ва табаќае нест, магар он ки њама назди Мо њозир карда шуда бошад.
33. Ва барояшон замини мурда нишонае аст, ки онро зинда гардонидем ва аз он дона баровардем; ва аз он дона мехўранд.
34. Ва дар он бўстонњое аз дарахтони хурмову ангур офаридем ва дар он чашмањо равон сохтем,
35. то аз меваи он бихўранд. Ва дастони онњо меваро насохтааст. Оё шукр намекунанд?
36. Пок аст Худое, ки тамоми љуфтњоро офарид: аз он чи замин мерўёнад ва аз нафсњояшон ва аз он чи онњо намедонанд.
37. Ва шаб низ барояшон нишонае аст, ки рўзро аз вай [чун пўст аз тан] мекашем ва ногањон онњо дар торикї фурў мераванд.
38. Ва офтоб ба роње меравад, ки ќароргоњи вай аст. Ин ба таќдири (Худои) Ѓолиби Доно аст.
39. Ва барои моњ манзилњое муќаррар кардем, то он ки монанди чўби кўњнаи хушки хурмо бозгардад.
40. На офтобро месазад, ки моњро дарёбад ва на шаб бар рўз сабќаткунанда аст. Ва њар яке1 дар фалаке шино мекунанд.
41. Ва барояшон нишонае ин аст, ки Мо насли онњоро дар киштии пур кардашуда бор кардем.
42. Ва барояшон монанди киштї чизе офаридем, ки бар он савор мешаванд.
43. Ва агар хоњем, онњоро ѓарќ мекунем, он гоњ барояшон њељ фарёдрасе набошад ва онњо рањо карда нашаванд,
44. магар аз рўи рањмати Худи Мо ва барои бањраманд сохтан – то муддате.
45. Ва чун ба онњо гуфта шавад: «Аз он чи битарсед, ки пеши ду дасти шумо ва паси пушти шумо бошад, бувад ки бар шумо рањм карда шавад».
46. Ва њељ нишонае аз нишонањои Парвардигорашон бар онњо намеояд, магар аз он рўгардон бошанд.
47. Ва чун ба онњо гуфта шавад: «Аз он чи Худо ба шумо рўзї додааст, харљ кунед», ин кофирон ба мўъминон гўянд: «Оё ба касе таом дињем, ки агар Худо мехост, [Худаш] ба ў таом медод? Шумо дар гумроњии зоњир њастед».
48. Ва мегўянд:2 «Агар ростгў њастед, ин ваъда кай бошад?»
49. Онњо [чизеро] нигарон нестанд, магар як наъраи тундро, то дар њоле ки хусумат мекунанд, онњоро бигирад.
50. Пас натавонанд, ки васият кунанд ва ба ањли худ бозгарданд.
51. Ва дар сур дамида шавад ва ногањон онњо аз ќабрњо ба сўи Парвардигорашон бишитобанд.
52. Гўянд: «Эй вой бар мо! Кї моро аз хобгоњамон барангехт?» Ин њамон аст, ки [Худои] Рањмон ваъда карда буд ва пайѓамбарон рост гуфта буданд.
53. [Ин воќеа] ба љуз наъраи тунде чизе набошад, ки ногањон онњо њама назди Мо њозир карда шаванд.
54. Пас имрўз бар њељ кас њељ чизе ситам карда нахоњад шуд ва ба љуз он чи мекардед, љазо дода нахоњед шуд.
55. Ба дурустї ки ањли бињишт имрўз дар коре шодон њастанд.
56. Онњо ва занони онњо дар сояњо бар тахтњо такя кардаанд.
57. Онњоро дар он љо мева њаст ва њар чи мехоњанд, барояшон њаст.
58. «Салом!» – сухане аз Парвардигори Мењрубон аст.
59. (Ва бигўем:) «Эй гуноњкорон, имрўз људо шавед!
60. Эй фарзандони Одам, оё бо шумо ањд накарда будам, ки Шайтонро мапарастед, зеро ки вай барои шумо душмани ошкорост;
61. ва он ки Маро бипарастед, роњи рост ин аст?
62. Ва њар оина аз шумо халќи бисёреро гумроњ сохт. Оё намедонистед?
63. Ин њамон дўзах аст, ки ба шумо ваъда дода мешуд.
64. Ба сабаби он ки куфр мекардед, имрўз ба он дароед!
65. Имрўз бар дањонашон мўњр менињем ва бо Мо дастњояшон сухан мегўяд ва пойњояшон гувоњї медињад, ки чї мекарданд.
66. Ва агар хоњем, чашмњояшонро аз тариќи мањв кардан кўр мекунем, пас чун ба сўи роњ сабќат кунанд, чї гуна хоњанд дид?
67. Ва агар хоњем, онњоро бар љояшон масх мекунем, пас, натавонанд ба пеш раванд ва на бозпас бигарданд.
68. Ва њар киро умри дароз медињем, дар офариниш нагунсор мекунемаш. Оё дарнамеёбанд?
69. Ва ба пайѓамбар шеър наомўхтаем ва ин барои ў шоиста нест. Ва ин [Китоб] чизе нест, магар панд ва Ќуръони ошкор,
70. то њар касро, ки зинда бошад,1 битарсонад ва сухани [њаќ] бар кофирон собит шавад.
71. Оё надиданд, ки Мо аз он чи дасти Мо сохтааст, барояшон чањорпоёнро офаридем ва онњо молики он њастанд?
72. Ва чањорпоёнро барояшон ром сохтем, ки аз он баъзе савории онњо аст ва аз он баъзеро мехўранд.
73. Ва аз чањорпоён барояшон манфиатњо ва ошомиданињо њаст. Оё шукр намегузоранд?
74. Ва ба љои Худо маъбудонеро [худо] гирифтанд, ба он [умед] ки шояд онњо барояшон ёрї дињанд.
75. Ва ин [маъбудон] ба онњо ёрї карда наметавонанд ва онњо барои [маъбудони] онњо лашкаре њозиркарда шудаанд.
76. Пас суханашон туро андўњгин накунад, њар оина Мо он чиро, ки пинњон мекунанд ва он чиро, ки ошкор мекунанд, медонем.
77. Оё одамї надидааст, ки Мо ўро аз нутфа офаридем; ва [акнун] ў ногањон хусуматкунандаи ошкоро шудааст?
78. Ва ў офариниши худро фаромўш кардааст, ки барои Мо достоне падид меоварад ва мегўяд: «Ин устухонњоро, ки пўсида бошанд, кї зинда мекунад?»
79. Бигў: «Њамон зинда мекунад, ки онро бори аввал офарид ва Ў бар њар (ќисм) офариниш Доно аст –
80. Њамоне, ки аз дарахти сабз бароятон оташ пайдо кард ва акнун шумо аз он оташ меафрўзед».
81. Оё Он Худое, ки осмонњо ва заминро офарид, бар он Тавоно нест, ки монанди онњо офаринад? – Бале, [Тавоност]. Ва Ў Њамон Офаринандаи Доност.
82. Чун чизеро бихоњад офаридан, фармони Ў љуз ин нест, ки ба ў мегўяд: «[Мављуд] шав!» – Пас [мављуд] мешавад.
83. Пас, Пок аст Он Худое, ки подшоњии њар чиз ба дасти Ўст ва ба сўи Ў баргардонида мешавед.
37. Сураи Соффот (Сафкашидагон)
Дар Макка нозил шуд ва он яксаду њаштоду ду оят ва панљ рукўъ аст.
Ба номи Худои Бахшояндаи Мењрубон
1. Ќасам ба (љамоате аз) фариштагон, ки ба саф кашидане саф мекашанд.1
2. Пас, ќасам ба љамоате, ки ба рондане меронанд.2
3. Пас, ќасам ба љамоате, ки зикрро тиловат мекунанд.3
4. Ба дурустї ки Худои шумо Яке аст.
5. (Ў) Парвардигори осмонњову замин ва он чи дар миёни инњо аст; ва (Ў) Парвардигори машриќњо аст.4
6. Њамоно Мо осмони дунёро ба зинати ситорањо ороиш додем.
7. Ва аз њар шайтони саркаш нигоњ доштем.
8. То (шаётин) ба сўи Малаи Аъло5 гўш нанињанд. Ва аз њар љониб [шињобњо] андохта мешаванд –
9. барои рондани онњо. Ва барои онњо азоби доим аст.
10. Магар касе, ки ба як бор рабудан бирабояд.6 Пас шўълаи сўзанда аз паи ў афтад.
11. Пас, аз онњо бипурс: «Оё дар офариниш онњо сахттаранд, ё касе, ки Мо офаридем?» Ба ростї ки Мо онњоро аз гили часпанда офаридем.
12. Балки тааљљуб кардї7 ва онњо тамасхур мекунанд.
13. Ва чун ба онњо панд дода шавад, панд намегиранд.
14. Ва чун нишонае бибинанд, тамасхур кунанд.
15. Ва гўянд: «Ин (Ќуръон) ба љуз сењри зоњир [чизе] нест.
16. Оё чун бимирем ва хоку устухоне чанд бошем, оё мо барангехта мешавем?
17. Оё падарони нахустини мо (барангехта мешаванд)?»
18. Бигў: «Оре; ва шумо хор бошед».
19. Пас, љуз ин нест, ки он (барангехтан) як наъраи тунд бошад. Пас, ногањон онњо бинигаранд.
20. Ва гўянд: «Эй вой бар мо, ин рўзи љазо аст».
21. (Гуфта шавад:) «Ин рўзи файсала кардан аст, ки онро ба дурўѓ нисбат мекардед».
22. (Гуфта шавад:) «Эй малоика) ситамкоронро бо њамроњонашон1 ва бо он чи мепарастиданд –
23. ба љуз Худо, барангезед, пас онњоро ба сўи роњи дўзах далолат кунед.
24. Ва онњоро боздоред, ба ростї ки онњо суол карда хоњанд шуд:
25. «Шуморо чист, ки бо якдигар ёрї намекунед?»
26. Балки онњо имрўз гарданнињодагонанд.
27. Ва баъзеашон бар баъзе бо якдигар суолкунон рўй оваранд.
28. Гўянд: «Њамоно шумо пеши мо аз љониби рост меомадед».2
29. Гўянд: «Балки шумо мўъмин набудед;
30. ва моро бар шумо њељ тасаллуте набуд, балки шумо гурўње аз њад гузашта будед.
31. Пас, сухани Парвардигорамон бар мо лозим шуд, ки албатта, чашанда(-и азоб) бошем.
32. Пас, шуморо гумроњ кардем; њамоно мо [худ] гумроњ будем».
33. Пас, њамоно њамаи онњо дар он рўз дар азоб бо њам шарик бошанд.
34. Ба ростї ки Мо бо гуноњкорон њамчунин мекунем.
35. Чун ба онњо гуфта мешуд: «Ба љуз Худо њељ маъбуде нест» – њамоно саркашї мекарданд.
36. Ва мегуфтанд: «Оё мо барои (гуфтаи) шоири девонае тарккунандаи маъбудони худ бошем?»
37. Балки пайѓамбар сухани дурустро овард ва (соири) пайѓамбаронро бовар дошт.
38. Ба ростї ки шумо чашандаи азоби дарддињанда бошед.
39. Ва љуз ба њасби он чи мекардед, љазо дода нахоњед шуд.
40. Лекин бандагони холиссохтаи Худо –
41. барои ин љамоа рўзї муќаррар аст –
42. (анвои) мевањо. Ва онњо навозишёфтаанд –
43. дар бињиштњои неъмат,
44. бар тахтњо, рў ба рўи якдигар.
45. Љоме аз шароб бар онњо [даст ба даст] гардонида шавад,
46. ки сафедранг ва нўшандагонро лаззатдињанда аст.
47. Дар он (шароб) њељ табоњкорї набошад ва онњо аз он (шароб) маст нашаванд.
48. Ва назди онњо занони чашм фурўандозандаи фарохчашм бошанд.
49. Гўё онњо тухмњои (шутурмурѓи) бар парда пўшидаанд.
50. Ва баъзеи ањли бињишт бар баъзе бо якдигар суолкунон рўй оваранд.
51. Гўяндае аз онњо гўяд: «Њамоно маро њамнишине буд,
52. ки (ба инкор) мегуфт: «Оё аз бовардорандагон шудї?1
53. Оё чун бимирем ва хокею устухоне чанд шавем, оё мо љазо дода хоњем шуд?»
54. (Боз) гўяд: «Оё шумо дарменигаред?»2
55. Пас, дарнигарад, пас, он њамнишини худро дар миёнаи дўзах бинад.
56. Гўяд: «Ба Худо, ба ростї, ба он наздик будї, ки маро њалок кунї;
57. ва агар бахшоиши Парвардигори ман намебуд, њамоно аз њозир кардашудагон (дар азоб) мешудам.
58. Оё, пас, мо мурдагон нестем,
59. магар ба мурдани нахустини худ? Ва мо азоб кардашуда нестем?»
60. Ба ростї ки ин фирўзии бузург аст.
61. Пас, амалкунандагон бояд ки барои инчунин неъмат амал кунанд.
62. Оё барои мењмонї он чи [аз неъматњо] мазкур шуд, некўтар аст, ё дарахти Заќќум?
63. Ба ростї ки Мо Заќќумро барои ситамкорон уќубате сохтем.
64. Њамоно вай дарахте аст, ки дар ќаъри дўзах бармеояд.
65. Хўшаи он монанди сарњои шаётин аст.
66. Пас, њар оина, дўзахиён аз он дарахт бихўранд, пас, аз он шикамњоро пур кунанд.
67. Пас, ба ростї ки барои онњо бар болои он таом аз оби гарм омехтание бошад.
68. Сипас, њамоно бозгашти онњо ба сўи дўзах бувад.
69. Дар воќеъ онњо падарони худро гумроњ ёфтанд.
70. Пас, онњо бар паи падарони худ (ба суръат) ронда мешаванд.
71. Ва ба ростї ки пеш аз онњо аксари пешиниён гумроњ шуда буданд.
72. Ва њамоно дар миёни онњо тарсонандагоне фиристодем.
73. Пас, бибин, анљоми бимкардагон чї гуна шуд.
74. Магар бандагони холиссохтаи Худо.
75. Ва дар воќеъ Нўњ Моро овоз дод, пас, Мо некў Ќабулкунандаи дуоем.
76. Ва ўву касони ўро аз андўњи бузург рањонидем.
77. Ва фаќат авлоди ўро боќимонда сохтем.
78. Ва бар вай дар пасиниён санои нек гузоштем.
79. Дар оламиён бар Нўњ салом бод!
80. Ба ростї ки Мо некўкоронро њамчунин љазо медињем.
81. Њамоно ў аз бандагони мўъмини Мо аст.
82. Сипас дигаронро ѓарќ сохтем.
83. Ва ба дурустї ки Иброњим аз пайравони Нўњ аст.
84. Чун бо дили (аз айб) пок ба назди Парвардигори худ омад.
85. Чун ба падари худ ва ба ќавми худ гуфт: «Чї чизро ибодат мекунед?
86. Оё ба раъйи фосиди худ ба љуз Худо маъбудонеро мељўед?
87. Пас, гумони шумо ба Парвардигори оламиён чист?»
88. Пас, (Иброњим) ба як бор нигаристан дар ситорањо дарнигарист.
89. Пас гуфт: «Ба ростї ки ман беморам».
90. Пас, аз вай пушт гардонида баргаштанд.
91. Пас, пинњон ба сўи маъбудонашон мутаваљљењ шуд. Ва гуфт: «Оё чизе намехўред?
92. Пас шуморо чист, ки сухан намегўед?»
93. Пас, бар онњо мутаваљљењ шуд, бо задане баќувват мезад.
94. Пас, шитобкунон рў ба Иброњим оварданд.
95. (Иброњим) гуфт: «Оё чизеро мепарастед, ки худ метарошед?
96. Ва Худо шуморо ва он чиро, ки мекунед, пайдо кардааст».
97. Гуфтанд:1 «Барои Иброњим иморате бино кунед, пас, ўро дар оташи бисёр биафканед».
98. Пас, бо вай бадсиголиро ќасд карданд; пас, онњоро зертар сохтем.
99. Ва (Иброњим) гуфт: «Ба ростї ки ман ба сўи Парвардигори худ равонаам; маро роњ хоњад намуд.
100. Эй Парвардигори ман, ба ман аз шоистагон (фарзанде) ато кун!»
101. Пас, ўро ба нављавони бурдборе башорат додем.
102. Пас, чун (он тифл) ба он (син) расид, ки бо падар саъй тавонад кардан, (Иброњим) гуфт: «Эй писараки ман, њамоно ман дар хоб мебинам, ки туро забњ мекунам. Пас, дарнигар, то чї чиз ба хотири ту мерасад». Гуфт: «Эй падари ман, он чи бикун, ки туро фармуда шудааст. Худо хоњад, маро аз шикебоён хоњї ёфт».
103. Пас, чун њар ду гардан нињоданд ва падар писарро ба пешонї биафканд,
104. ва Мо Иброњимро овоз додем, ки: «Эй Иброњим –
105. ба дурустї ки хобро рост кардї, њамоно Мо некўкоронро њамчунин љазо медињем».
106. Ба ростї ки он (мољаро) имтињони зоњир аст.
107. Ва ба ивази ў забњи бузург додем.2
108. Ва бар вай дар пасиниён санои нек гузоштем.
109. Бар Иброњим салом бод!
110. Некўкоронро њамчунин љазо медињем.
111. Њамоно вай аз бандагони мўъмини Мо аст.
112. Ва ўро ба Исњоќ – пайѓамбаре аз шоистагон башорат додем.
113. Ва бар Иброњиму бар Исњоќ баракат додем. Ва аз авлоди онњо баъзе некўкоранд ва баъзе бар хештан ситамкунандаи ошкороанд.
114. Ва дар воќеъ Мо бар Мўсову Њорун эњсон кардем.
115. Ва онњову ќавми онњоро аз андўњи бузург наљот додем.
116. Ва онњоро нусрат додем, пас, онњо ѓолиб буданд.
117. Ва ба онњо Китоби возењ додем.
118. Ва онњоро ба роњи рост далолат кардем.
119. Ва бар онњо дар пасиниён санои нек гузоштем.
120. Бар Мўсову Њорун салом бод!
121. Ба ростї ки Мо некўкоронро њамчунин љазо медињем.
122. Њамоно њар ду аз бандагони мўъмини Моанд.
123. Ба ростї ки Илёс аз фиристодагон буд.
124. Чун ба ќавми худ гуфт: «Оё парњезгорї намекунед?
125. Оё Баълро1 парастиш мекунед ва Некўтарини офаринандагонро тарк мекунед?
126. (Тарк мекунед) Худоро, ки Парвардигори шумо ва Парвардигори падарони нахустини шумо [аст]?»
127. Пас, ўро дурўѓгў пиндоштанд. Пас, дар њаќиќат, он љамоа њозиркардагонанд.2
128. Магар бандагони холиссохтаи Худо.
129. Ва бар Илёс дар пасиниён салои нек гузоштем.
130. Бар Илёс салом бод!
131. Ба ростї ки Мо некўкоронро њамчунин љазо медињем.
132. Њамоно вай аз бандагони мўъмини Мо буд.
133. Ва ба дурустї ки Лут аз фиристодагон буд.
134. (Ёд кун) чун ўву њамаи ањли хонаи ўро якљо наљот додем,
135. магар пиразане, ки аз боќимондагон буд.
136. Сипас, он дигаронро њалок сохтем.
137. Ва ба дурустї ки шумо ба ваќти субњ бар (мискинњои) он ќавм гузар мекунед.
138. Ва низ ба ваќти шаб. Оё ба аќл дар намеёбед?
139. Ва ба ростї ки Юнус аз фиристодагони Мо буд.
140. Чун ба сўи киштии пуркардашуда гурехт,
141. пас, (бо ањли киштї) ќуръа андохт ва ў аз маѓлубон шуд.
142. Пас, моњї ўро фурў бурд. Ва (кори) ў мўљиби маломат буд.
143. Пас, агар на он аст, ки вай аз тасбењкунандагон буд,
144. – албатта, то рўзе, ки мардумон барангехта шаванд, дар шиками моњї боќї мемонд.
145. Пас, ўро ба замини бегиёњ партофтем ва ў бемор буд.
146. Ва бар сари ў дарахте аз [ќисми] каду рўёнидем.
147. Ва ўро ба сўи сад њазор, ё бештар аз он, фиристодем.
148. Пас, имон оварданд ва Мо онњоро то муддате бањраманд сохтем.
149. Пас, аз мушрикон бипурс: оё Парвардигори туро духтарон аст ва онњоро писарон?
150. Оё фариштагонро духтар офаридем ва онњо њозир буданд?
151. Огоњ бош, њамоно онњо аз [рўи] дурўѓгўии худ мегўянд:
152. «Худо бизод». Ва дар воќеъ, онњо дурўѓгўянд.
153. Оё [Худо] духтаронро бар писарон ихтиёр кард?
154. Шуморо чист? Чї гуна њукм мекунед?
155. Оё андеша наменамоед?
156. Оё шуморо њуљљате возењ аст?
157. Пас, агар ростгў њастед, Китоби худро биёред!
158. Ва (кофирон) миёни Худову миёни љинниён хеширо муќаррар карданд. Ва њамоно љинниён донистаанд, ки онњо, албатта, њозиркардагонанд.1
159. Покї Худойро аст аз он чи баён мекунанд.
160. Магар бандагони холискардаи Худо.
161. Пас, њамоно, шумо (эй кофирон) ва он чи мепарастед2 –
162. – (њамаи) шумо касеро бар он3 гумроњкунанда нестед.
163. Магар касеро, ки ў дарояндаи дўзах аст.
164. Ва (фариштагон гўянд:) «Њељ кас аз мо нест, магар он ки ўро љое муќаррар аст.
165. Ва ба ростї ки мо сафкашидаем.
166. Ва ба ростї ки мо тасбењгўяндагонем».
167. Ва њамоно онњо4 мегуфтанд:
168. «Агар хабаре аз пешиниён пеши мо мебуд,
169. – албатта, бандагони холиссохтаи Худо мешудем».
170. Пас ба он (Ќуръон) кофир шуданд, пас хоњанд донист.5
171. Ва њар оина, ваъдаи Мо барои бандагони фиристодаи Хеш собиќан содир шудааст.
172. Ба дурустї ки онњо ёриёфтагонанд.
173. Ва ба ростї ки лашкари Мо њамоно ѓолиб аст.
174. Пас, аз онњо то муддате рў бигардон.
175. Ва онњоро бинигар; пас, онњо низ хоњанд дид.
176. Оё (ин кофирон) азоби Моро башитоб металабанд?
177. Пас, чун (азоб) ба майдонашон фуруд ояд, бад бошад субњи он бимкардагон!
178. Ва аз онњо то муддате рў бигардон.
179. Ва бинигар; пас, онњо низ хоњанд дид.
180. Пок аст Парвардигори ту – Худованди ѓалаба аз он чи (ин љамоа) баён мекунанд!
181. Ва салом бар фиристодагон(-и Худо) бод!
182. Ва сипас Худойро, ки Парвардигори оламиён аст.
Достарыңызбен бөлісу: |