1. Сураи Фотиња (Кушоянда)



бет6/33
Дата12.07.2016
өлшемі2.57 Mb.
#195081
1   2   3   4   5   6   7   8   9   ...   33

7. Сураи Аъроф (Баландињо)
Дар Макка нозил шуд ва он дусаду шаш оят ва бисту чањор рукўъ аст
Ба номи Худои Бахшояндаи Мењрубон
1. Алиф. Лом. Мим. Сод.

2. (Ин) Китобе аст, ки бар ту фуруд оварда шуд, пас, бояд дар синаи ту аз он њељ тангї набошад,1 то ба он бим кунї; ва барои мўъминон панд бошад.

3. Он чиро пайравї кунед, ки аз љониби Парвардигоратон ба сўи шумо фуруд оварда шуд; ва ба љуз вай дўстонеро2 пайравї макунед; андаке панд мепазиред.

4. Ва басо дењањо, ки [ањли] онњоро њалок кардем; ва уќубати Мо шабонгоњ, ё ваќте ки дар хоби нимрўз буданд, ба онњо расид.

5. Ва чун уќубати Мо ба онњо омад, ќавли онњо љуз ин набуд, ки гуфтанд: «Ба дурустї ки мо ситамкор будем».

6. Пас, албатта, аз касоне суол хоњем кард, ки ба сўи онњо пайѓамбар фиристода шуд; ва албатта, аз пайѓамбарон [низ] суол хоњем кард.

7. Пас, албатта, барои онњо бо дониш баён хоњем кард;3 ва Мо ѓоиб набудем.

8. Ва санљидан1 (-и боинсоф) дар он рўз буданї аст. Пас, онон, ки паллаи некињояшон гарон шудааст, растагоронанд.

9. Ва касоне, ки паллаи некињояшон сабук шудааст, ононанд, ки дар њаќќи хештан зиён карданд – ба сабаби он ки ба оёти Мо инкор мекарданд.

10. Ва ба дурустї ки дар замин ба шумо љой додем ва дар он љо барои шумо асбоби маишат пайдо кардем; андаке шукр мекунед.

11. Ва ба дурустї ки Мо шуморо офаридем ва шуморо сурат бастем,2 сипас ба фариштагон гуфтем: «Одамро саљда кунед!» Пас, њама саљда карданд, магар Иблис; ў аз саљдакунандагон набуд.

12. (Худо) гуфт: «Ваќте ки туро амр кардам, чї чиз туро аз он манъ кард, ки саљда кунї?» Гуфт: «Ман аз ў бењтарам, маро аз оташ офаридаї ва ўро аз гил офаридаї».

13. Гуфт: «Аз он [љо] фуруд рав, зеро туро лоиќ нест, ки дар он саркашї кунї! Берун шав, њамоно ту аз хоршудагонї!»

14. Гуфт: «Маро то рўзе, ки барангехта3 шаванд, мўњлат дењ».

15. Гуфт: «Њамоно ту аз мўњлат додашудагонї».

16. Гуфт: «Ба сабаби он, ки маро гумроњ кардї, ба роњи рости Ту барои одамиён бинишинам.4

17. Он гоњ, албатта, аз пеш ва аз паси пушт ва аз љониби росту аз љониби чапи онњо ба сўи онњо биёям ва аксари онњоро шукргузор наёбї».

18. Гуфт: «Аз он љо накўњида, рондашуда берун рав! Аз одамиён – њар ки туро пайравї кунад, аз њамаи шумо якљо, албатта, дўзахро пур кунам».

19. Ва [гуфтем]: «Эй Одам, ту ва занат дар бињишт сокин шавед ва аз њар љо, ки хоњед, бихўред; ва ба ин дарахт наздик машавед, ки аз ситамкорон хоњед шуд».

20. Пас, Шайтон он дуро васваса дод, то он чиро аз шармгоњи онњо, ки аз назарашон пўшида буд, ошкор гардонад. Ва гуфт: «Парвардигоратон шуморо аз ин дарахт манъ накардааст, магар барои он ки ду фаришта ё аз бошандагони љовид мешавед».

21. Ва барояшон ќасам хўрд, ки ман аз насињаткунандагони шумоам.

22. Пас, онњоро бо фиреб додан ба сўи пастї андохт. Ва чун он дарахтро чашиданд, шармгоњашон ба онњо зоњир шуд ва ба часпондани барге болои барге бар худ аз барги дарахтони бињишт шурўъ карданд. Ва Парвардигорашон ба онњо нидо кард, ки оё шуморо аз ин дарахт манъ накарда будам ва ба шумо нагуфта будам, ки њамоно Шайтон душмани ошкорои шумо аст?

23. Гуфтанд: «Эй Парвардигори мо, бар хеш ситам кардем; ва агар моро наомурзї ва бар мо мењрубонї накунї, албатта, аз зиёнкорон бошем».

24. Гуфт: «Фуруд оед, баъзеи шумо баъзеро душман хоњад буд; ва дар замин то ваќти муайян1 барои шумо истиќрор ва бањрамандї њаст».

25. Гуфт: «Дар замин зиндагї хоњед кард ва дар он љо хоњед мурд ва аз он љо берун оварда мешавед».

26. Эй фарзандони Одам, ба дурустї ки бар шумо либосеро фуруд овардем, ки шармгоњи шуморо бипўшад; ва низ љомањои зинатро. Ва либоси парњезгорї аз њама бењтар аст. Ин аз нишонањои Худо аст, то онњо пандпазир шаванд.

27. Эй фарзандони Одам, Шайтон шуморо гумроњ накунад, чунон ки падару модари шуморо аз бињишт берун овард, љомањояшонро аз онњо бикашид, то ба онњо шармгоњашонро бинамояд. Њамоно Шайтон ва ќавми ў аз он љое, ки шумо онњоро намебинед, мебинанд. Мо шаётинро коргузори касоне сохтем, ки имон надоранд.

28. Ва чун кори зишт бикунанд, гўянд: «Падарони худро бар ин кор ёфтаем ва Худо моро ба он фармудааст». Бигў: «Худо ба кори зишт намефармояд. Оё бар Худо он чиро мегўед, ки намедонед?»

29. Бигў: «Ба дурустї ки Парвардигори ман ба инсоф фармудааст; ва назди њар намоз рўи худро рост кунед ва ибодатро барои Ў холис карда, Ўро бипарастед. Њамчунон ки шуморо [аз бози аввал] офарид, бори дигар бозмегардед».2

30. Гурўњеро њидоят намуд; ва бар гурўње гумроњї собит шуд; њамоно онњо ба љуз Худо шаётинро дўст гирифтанд ва мепиндоштанд, ки онњо роњёфтагонанд.

31. Эй фарзандони Одам, назди њар намоз зинати3 худро бигиред; ва бихўреду биошомед ва исроф макунед; ба дурустї ки Худо исрофкунандагонро дўст намедорад.

32. Бигў: «Кї зинати Худоро, ки барои бандагони Худ пайдо кардааст ва покизањоро аз ризќ њаром кардааст?» Бигў: «Он покизањо4 барои мўъминон дар зиндагонии дунё аст ва рўзи ќиёмат барои онњо холис шавад».5 Њамчунин нишонањоро барои гурўње, ки медонанд, баён мекунем.

33. Бигў: «Љуз ин нест, ки Парвардигори ман бењаёињоро – он чи аз он ошкоро бошад ва он чи пўшида – ва гуноњу тааддии ноњаќро њаром кардааст; ва [низ] он, ки чизеро шарики Худо муќаррар кунед, ки Худо бар он њељ далеле нозил накардааст; ва он, ки бар Худо он чиро бигўед, ки намедонед.

34. Ва њар гурўњеро меоде њаст.6 Пас чун меодашон биёяд,7 на як соат таъхир кунанд ва на сабќат.

35. Эй фарзандони Одам, агар пайѓамбарон аз љинси худатон ба шумо биёянд ва оёти Маро ба шумо бихонанд, пас, касоне, ки парњезгорї кунанд ва некўкорї намоянд, бар онњо њељ тарс набошад ва онњо андўњгин нашаванд.

36. Ва касоне, ки оёти Моро ба дурўѓ нисбат доданд ва аз ќабули онњо саркашї карданд, бошандагони дўзаханд, онњо он љо љовидонанд.

37. Пас, кист ситамкортар аз касе, ки бар Худо дурўѓро барбандад; ё оёти Ўро ба дурўѓ нисбат кунад? Бањраашон – аз он чи дар Китоб1 навишта шудааст, ба онњо мерасад,2 то ваќте ки фиристодагони Мо барои гирифтани арвоњашон назди онњо биёянд, гўянд: «Куљост он чи шумо ба љуз Худо мепарастидед?» Гўянд: «Онњо аз мо гум шуданд». Ва бар хеш онро эътироф карданд, ки онњо кофир буданд.

38. Гўяд:3 «Њамроњи умматоне аз љинну инс, ки пеш аз шумо гузаштаанд, дар оташ дохил шавед». Њар гоњ, ки уммате дарояд, уммати дигари монанди худро лаънат кунад – то ваќте ки њама якљо дар дўзах ба якдигар бирасанд. Љамоати мутааххир аз онњо дар њаќќи љамоати мутаќаддим аз онњо гўянд: «Эй Парвардигори мо, инњо моро гумроњ карданд, пас, аз дўзах ба инњо азоби дучанд бидењ». Гўяд: «Њар якеро дучанд аст,4 валекин намедонед».

39. Ва љамоати мутаќаддимашон ба љамоати мутааххирашон гўянд: «Шуморо бар мо њељ бартарї нест, пас, ба сабаби он чи мекардед, азобро бичашед».

40. Ба дурустї, барои касоне, ки оёти Моро ба дурўѓ нисбат доданд ва аз ќабули онњо саркашї карданд, дарвозањои осмон њаргиз кушода нашавад; ва ба бињишт надароянд, то ваќте ки шутур ба сўрохи сўзан дохил шавад.5 Ва гуноњкоронро њамчунин љазо медињем.

41. Аз дўзах барояшон фарше ва аз болояшон пўшише бошад. Ва ситамкоронро њамчунин љазо медињем.

42. Ва касоне, ки имон оварданд ва корњои шоиста карданд, – њељ касро таклиф намедињем, магар ба ќадри тоќати ў – бошандагони бињиштанд, онњо он љо љовидон бошанд;

43. ва он чи аз кина, ки дар синањояшон буд, берун орем;6 зери онњо нањрњо мераванд. Ва гўянд: «Сипос Худойро аст, ки моро ба сўи ин (бињишт) далолат кард; ва агар Худо моро роњ наменамуд, њаргиз роњ намеёфтем. Ва ба дурустї ки фиристодагони Парвардигори мо ба ростї омаданд». Ва [он гоњ] нидо карда шаванд: «Ин бињишт ба сабаби он чи мекардед, ба шумо дода шуд».

44. Ва ањли бињишт ба ањли дўзах нидо кунанд, ки: «Мо он чиро, ки Парвардигорамон ба мо ваъда карда буд, рост ёфтем. Пас, оё шумо њам он чиро, ки Парвардигоратон ба шумо ваъда карда буд, рост ёфтед?» Гўянд: «Оре!» Пас, овозкунандае дар миёни онњо овоз кунад, ки: «Лаънати Худо бар он ситамкорон аст,

45. – ки мардумонро аз роњи Худо бозмедоштанд ва барои он роњи каљї мехостанд1 ва онњо ба охират эътиќод надоштанд».

46. Ва дар миёни бињишту дўзах њиљобе2 аст. Ва бар Аъроф мардумоне бошанд, ки њама(-и ањли ду мавзеъ)-ро ба ќиёфаашон мешиносанд; ва ањли бињиштро нидо кунанд:3 «Саломун алайкум». Онњо њанўз ба бињишт надаромадаанд; ва онро тамаъ доранд.

47. Ва чун чашми ањли Аъроф ба тарафи ањли дўзах гардонида шавад, гўянд: «Эй Парвардигори мо, моро ба гурўњи ситамкорон њамроњ макун».

48. Ва ањли Аъроф мардонеро, ки онњоро ба ќиёфаашон мешиносанд, нидо кунанду гўянд: «Љамъияти шумо ва он, ки саркашї мекардед, аз шумо [азобро] дафъ накард.

49. Оё ин љамоат ононанд, ки шумо ќасам мехўрдед, ки Худо ба онњо њаргиз њељ рањмате нарасонад?!»4 Ба5 бињишт дароед, њељ тарсе бар шумо нест ва шумо андўњгин нашавед.

50. Ва ањли дўзах ба ањли бињишт нидо кунанд, ки: «Бар мо чизе аз об ё аз он чи Худо ба шумо рўзї додааст, бирезед». Гўянд: «Ба дурустї ки Худо ин њар дуро бар кофирон њаром сохтааст»,

51. – (бар) онон, ки дини худро лањву бозї гирифтаанд ва зиндагонии дунё онњоро фиреб дод. Пас имрўз Мо онњоро фаромўш мекунем,6 чунончи онњо дидани ин рўзи хешро фаромўш карданд ва (чунон ки) оёти Моро инкор мекарданд.

52. Ва ба дурустї, Мо барояшон Китобе овардем, ки онро дониста муфассал кардем; барои мўъминон роњнамо ва бахшоиш аст.

53. Оё ба љуз оќибати он ваъда чизеро интизор мекунанд?7 Рўзе, ки оќибати он биёяд, касоне, ки онро пеш аз ин фаромўш карда буданд, мегўянд: «Ба дурустї ки пайѓамбарони Парвардигори мо ба ростї омада буданд. Оё моро шафеъњое њастанд, ки барои мо шафоат кунанд ё бозгардонида шавем,8 то ѓайри он чи мекардем, амал кунем?»9 Ба дурустї ки дар њаќќи хештан зиён карданд; ва он чи ифтиро мекарданд, аз онњо гум шуд.

54. Ба дурустї, Парвардигори шумо Он Худой аст, ки осмонњову заминро дар шаш рўз офарид, боз бар Арш мустаќар шуд. Шабро ба рўз мепўшонад, [яке дигарро] ба шитоб металабад. Ва офтобу моњу ситорагонро (офарид), ки ба фармони Ў ром шудаанд. Огоњ шав: Ўрост офариниш ва фармонравої. Худо – Парвардигори њама оламиён, баѓоят Бузург аст.

55. Парвардигори худро зорикунон ва пўшида (аз мардумон) бипарастед; њамоно Ў аз њад гузарандагонро дўст намедорад.

56. Ва дар замин – баъди ислоњи он,1 фасод макунед. Ва Ўро бо тарсу умед бипарастед; ба дурустї ки бахшоиши Худо ба некўкорон наздик аст.

57. Ва Ў Он [Худой] аст, ки бодњоро пеш аз рањмати2 Худ муждадињанда мефиристад; то ваќте ки [бод] абри гаронро бардорад, онро ба сўи шањре мурда равон кунем; пас, ба воситаи он абр обро фуруд орем ва бо он об љинси њар меваро берун орем. Њамчунин мурдагонро берун меорем,3 то шумо пандпазир шавед.

58. Ва шањри покизаро рустании ў ба фармони Парвардигори ў берун меояд; ва замини нопокизаро рустании ў берун намеояд, магар ноњамвори бадрўида.4 Њамчунин нишонањоро барои ќавме, ки шукр мегузоранд, гуногун баён мекунем.

59. Ба дурустї ки Нўњро ба сўи ќавми ў фиристодем. Пас, гуфт: «Эй ќавми ман, Худоро ибодат кунед, шуморо ба љуз Вай њељ маъбуде нест. Ман бар шумо аз азоби рўзи бузург метарсам».

60. Ашроф аз ќавми ў гуфтанд: «Њамоно мо туро дар гумроњии зоњир мебинем».

61. Гуфт: «Эй ќавми ман, маро њељ гумроњие нест, валекин ман аз љониби Парвардигори њама оламиён пайѓамбар њастам.

62. Пайѓомњои Парвардигори худро ба шумо мерасонам ва барои шумо некхоњї мекунам; ва аз [њукми] Худо он чиро медонам, ки шумо намедонед.

63. Оё аз он тааљљуб кардед, ки аз љониби Парвардигори шумо бар марде аз шумо панде ба шумо фуруд омад, то шуморо бим кунад ва то шумо парњезгорї кунед ва то бар шумо мењрубонї карда шавад?!»

64. Пас, ўро дурўѓї доштанд; ва Мо ў ва касонеро, ки бо вай дар киштї буданд, наљот додем; ва касонеро, ки оёти Моро дурўѓ дошта буданд, ѓарќ сохтем. Ба дурустї ки онњо гурўње нобино буданд.

65. Ва ба сўи ќавми Од бародарашон Њудро (фиристодем). Гуфт: «Эй ќавми ман, Худоро ибодат кунед, шуморо ба љуз Вай њељ маъбуде нест. Оё парњезгорї намекунед?»

66. Ашроф аз ќавми ў, ки кофир буданд, гуфтанд: «Ба дурустї ки мо туро дар бехирадї мебинем ва мо туро аз дурўѓгўён мепиндорем».

67. Гуфт: «Эй ќавми ман, маро њељ бехирадї нест. Валекин ман аз љониби Парвардигори њама оламиён пайѓамбар њастам.

68. Пайѓомњои Парвардигори худро ба шумо мерасонам; ва ман барои шумо некхоњи боамонат њастам.

69. Оё аз он тааљљуб кардед, ки аз љониби Парвардигоратон бар марде аз шумо панде ба шумо фуруд омад, то шуморо бим кунад? Ва ёд кунед, он ваќт ки баъд аз ќавми Нўњ шуморо љонишин гардонид ва дар хилќат барои шумо ќувватро афзуд. Пас, неъматњои Худоро ёд кунед, то шумо растагор шавед».

70. Гуфтанд: «Оё пеши мо омадаї, то танњо Худоро ибодат кунем ва он чиро, ки падарони мо мепарастиданд, бигузорем? Пас, агар аз ростгўён њастї, он чиро, ки ваид мекунї, пеши мо биёр».5

71. Гуфт: «Ба дурустї ки уќубату хашм аз љониби Парвардигоратон бар шумо собит шуд. Оё дар боби номњое чанд, ки шумо ва падарони шумо онро муќаррар кардаед ва Худо бар он њељ далеле фуруд наовардааст, бо ман муљодала мекунед? Пас, интизор кунед, њамоно ман њамроњи шумо аз мунтазирон њастам».

72. Пас, ў ва касонеро, ки бо ў буданд, бо мењрубонї аз љониби Хеш наљот додем; ва бехи касонеро буридем, ки оёти Моро дурўѓ медоштанд ва мўъмин набуданд.

73. Ва ба сўи ќавми Самуд бародарашон Солењро (фиристодем). Гуфт: «Эй ќавми ман, Худоро ибодат кунед, шуморо ба љуз Вай њељ маъбуде нест. Ба дурустї ки ба шумо аз љониби Парвардигоратон далеле омад: ин модашутури (пайдокардаи) Худо барои шумо нишонаест, пас, ўро бигузоред, ки дар замини Худо бичарад ва ба ў њељ бадие нарасонед, ки он гоњ азоби дарддињандае шуморо бигирад.

74. Ва ёд кунед, он ваќт ки баъд аз ќавми Од шуморо љонишин гардонид ва шуморо дар замин љой дод; ва шумо дар нарми он кўшкњо месозед ва дар кўњњо хонањо метарошед. Пас, неъматњои Худоро ёд кунед ва дар замин табоњию фасод макунед».

75. Он ашроф аз ќавми ў, ки саркашї карда буданд, ба онон, ки њар касе онњоро заиф медонист – ба касоне аз онњо, ки имон оварда буданд, гуфтанд: «Оё медонед, ки Солењ аз љониби Парвардигори худ фиристода шудааст?» Гуфтанд: «Ба дурустї ки мо ба шариате, ки вай ба он фиристода шудааст, мўътаќидем».

76. Саркашон гуфтанд: «Њамоно мо ба он чи, ки шумо мўътаќиди он шудед, кофирем».

77. Пас, он модашутурро куштанд ва аз фармони Парвардигори хеш таљовуз карданду гуфтанд: «Эй Солењ, агар аз пайѓамбарон њастї, он чиро ба мо ваъда мекунї, биёр».

78. Пас, онњоро зилзила даргирифт. Ва онњо ба ваќти субњ дар сарои хеш ба зону афтода мурданд.

79. Пас, [Солењ] аз онњо рўй бигардониду гуфт: «Эй ќавми ман, ба шумо пайѓоми Парвардигори худро расонидам ва барои шумо некхоњї кардам; валекин шумо некхоњонро дўст намедоред».

80. Ва Лутро (фиристодем), он ваќт ки ба ќавми худ гуфт: «Оё бењаёиеро мекунед, ки пеш аз шумо њељ кас аз оламиён онро накардааст?

81. Ба дурустї ки шумо ба љуз занон ба шањват ба сўи мардон меравед, балки шумо гурўњи мусрифон њастед».

82. Ва љавоби ќавми ў ба љуз ин набуд, ки гуфтанд: «Онњоро аз дењаи худ берун кунед; ба дурустї ки онњо мардуми покиталабанд».

83. Пас, Мо ў ва ањли хонаи ўро наљот додем, магар занаш, ки (дар он љо) аз боќимондагон буд.

84. Ва бороне бар онњо боронидем.1 Пас, бинигар, ки охири кори гуноњкорон чї гуна буд.

85. Ва ба сўи ќавми Мадян бародарашон Шуайбро (фиристодем). Гуфт: «Эй ќавми ман, Худоро бипарастед, шуморо ба љуз Ў њељ маъбуде нест. Ба дурустї ки ба шумо аз Парвардигоратон далеле омадааст, пас, паймонаву тарозуро тамом кунед ва ба мардумон ашёи онњоро ноќис мадињед; ва дар замин – баъди ислоњи он – фасод макунед. Агар бовардоранда њастед, ин кор барои шумо бењтар аст.

86. Ва ба њар роњ манишинед, ки то онњоеро битарсонед ва аз роњи Худо боздоред, ки ба Ў имон оварданд ва то барои он роњ каљї биљўед. Ва ёд кунед, он ваќт, ки шумо андак будед, пас шуморо бисёр гардонид. Ва бинигаред, ки охири кори муфсидон чї гуна шуд.

87. Ва агар гурўње аз шумо ба он чи, ки ман бо он фиристода шудаам, мўъмин њастанд ва гурўње [њанўз] мўъмин нестанд, пас, сабр кунед, то он ки Худо дар миёни мо њукм кунад; ва Ў Бењтарини њукмкунандагон аст».

88. Он ашроф аз ќавми ў, ки саркашї карда буданд, гуфтанд: «Эй Шуайб, ту ва касонеро, ки њамроњи ту имон оварданд, албатта, аз дењаи худ берун кунем, ё ин ки дар дини мо бозгардед». Гуфт: «Агарчи мо нохоњон бошем?

89. Баъд аз он ки Худо моро аз дини шумо бирањонид, агар мо дар он бозгардем, [пас] њамоно бар Худо дурўѓе барбаста бошем; ва ба мо њаргиз лоиќ нест, ки дар он бозгардем, магар он ки Худо – Парвардигори мо хоњад. Парвардигори мо аз рўи дониш бар њама чиз ињота кардааст. Мо бар Худо таваккул кардаем. Эй Парвардигори мо, дар миёни мову дар миёни ќавми мо ба ростї њукм кун; ва Ту Бењтарини њукмкунандагон њастї».

90. Ва он ашроф аз ќавми ў, ки кофир буданд, гуфтанд:2 «Агар Шуайбро мутобаат кунед, ба дурустї ки он њангом зиёнкор бошед».

91. Пас онњоро зилзила даргирифт. Ва онњо ба ваќти субњ дар сарои хеш ба зону афтода мурданд –

92. – онон, ки Шуайбро дурўѓї доштанд, гўё он љо набуданд; онон, ки Шуайбро дурўѓї доштанд, худ зиёнкор буданд.

93. Пас, аз онњо рўй бигардониду гуфт: «Эй ќавми ман, ман ба шумо пайѓомњои Парвардигори худро расонидам; ва барои шумо некхоњї кардам. Пас, чї гуна бар ќавми кофирон андўњ хўрам?»

94. Ва Мо дар њељ дењае пайѓамбареро нафиристодем, магар он ки ањли онро ба сахтию ранљ гирифтор кардем, то бувад ки онњо зорї кунанд.

95. Сипас, ба љои мењнат ба онњо роњат додем, то он ки бисёр шуданд ва гуфтанд: «Ба дурустї ки падарони моро сахтию роњат расида буд». Пас, ногањон онњоро гирифтем; ва онњо хабар надоштанд.

96. Ва агар ањли дењањо имон меоварданд ва парњезгорї мекарданд, бар онњо аз љониби осмону замин баракатњо мекушодем. Валекин ба дурўѓ нисбат карданд. Пас онњоро ба ваболи он чи мекарданд, гирифтем.

97. Оё ањли дењањо аз он эмин шуданд, ки азоби Мо шабонгоњ ба онњо биёяд ва онњо хуфта бошанд?

98. Оё ањли дењањо аз он эмин шуданд, ки азоби Мо ваќти чошт ба онњо биёяд ва онњо бозї мекунанд?

99. Оё аз макри Худо эмин шуданд? Пас, аз макри Худо ба љуз гурўњи зиёнкорон касе эмин намешавад.

100. Оё барои онон, ки баъд аз њалоки сокинони замин вориси он замин мешаванд, возењ нашуд, ки агар мехостем, ба онњо ба ивази гуноњонашон уќубат мерасонидем; ва бар дилњояшон мўњр менињем; пас, онњо намешунаванд.

101. Ин дењањое аст, ки Мо баъзе ахбори онњоро пеши ту зикр мекунем; ва ба дурустї ки ба ањли онњо пайѓамбаронашон бо мўъљизањо омада буданд; пас, ба он чи, ки пеш аз он дурўѓ шумурда буданд, њаргиз имон наоварданд. Худо њамчунин бар дили кофирон мўњр менињад.

102. Ва дар аксарашон вафое ба ањд наёфтем; ва аксарашонро њамоно бадкор ёфтем.

103. Сипас, аз баъди онњо Мўсоро бо нишонањои Хеш ба сўи Фиръавну ќавми ў фиристодем. Онњо ба он нишонањо кофир шуданд. Пас, бинигар, ки охири кори муфсидон чї гуна буд.

104. Ва Мўсо гуфт: «Эй Фиръавн, ба дурустї ки ман аз љониби Парвардигори оламиён пайѓамбар њастам.

105. Ба он сазоворам, ки бар Худо ба љуз сухани рост чизе нагўям. Ба шумо нишонае аз љониби Парвардигоратон овардаам. Пас, Банї Исроилро бо ман бифирист».

106. Гуфт: «Агар мўъљиза овардаї ва агар аз ростгўён њастї, пас, онро њозир кун».

107. Пас, асои худро андохт; ногањон он асо аждањои зоњир шуд.

108. Ва дасти худро берун овард; ногањон он даст барои бинандагон нуронї шуд.

109. Ашроф аз ќавми Фиръавн гуфтанд:1 «Ба дурустї ки ин шахс соњири доно аст.

110. Мехоњад, ки шуморо аз заминатон берун кунад». [Фиръавн гуфт:] «Пас, чї мефармоед?»

111. Гуфтанд: «Ўву бародари ўро мавќуф дор ва дар шањрњо наќибонро бифирист,

112. то њар соњири доноро пеши ту биёранд».

113. Ва соњирон пеши Фиръавн омаданду гуфтанд: «Агар мо ѓолиб шавем, њамоно моро музде мебояд».

114. Гуфт: «Оре ва, албатта, шумо аз муќаррабон бошед».

115. Гуфтанд: «Эй Мўсо, ё он ки (нахуст) ту меафканї, ё мо андозанда бошем».

116. Гуфт: «Шумо афканед». Пас, он њангом ки афканданд, чашмњои мардумонро ба љоду бастанд; ва онњоро тарсонданд; ва љодуи бузург оварданд.

117. Ва ба сўи Мўсо вањй фиристодем, ки асои худро биафкан. Пас, ногањон њамон асо он чиро, ки онњо ба дурўѓ изњор мекарданд, фурў мебурд.

118. Пас, њаќ собит шуд ва он чи онњо мекарданд, ботил шуд.

119. Пас, он љо маѓлуб шуданд ва хор гаштанд.

120. Ва соњирон саљдакунон афканда шуданд.

121. Гуфтанд: «Ба Парвардигори оламиён имон овардем,

122. – Парвардигори Мўсо ва Њорун».

123. Фиръавн гуфт: «Оё пеш аз он, ки ман ба шумо иљозат дињам, ба Мўсо имон овардед? Њамоно ин тадбире аст, ки шумо онро дар ин шањр андешидаед, то сокинони онро аз ин шањр берун кунед. Пас, хоњед донист.

124. Албатта, дастњову пойњои шуморо ба хилофи якдигар1 бибурам; сипас њамаи шуморо якљо бар дор кунам».

125. Гуфтанд: «Ба дурустї ки мо ба сўи Парвардигори худ руљўъкунанда њастем.

126. Ва бар мо инкор намекунї, магар он ки ба нишонањои Парвардигори хеш – чун ба мо биёмад – имон овардем. Эй Парвардигори мо, бар мо шикебої бирез ва дар њоле, ки мусулмон бошем, моро бимирон».

127. Ва ашроф аз ќавми Фиръавн гуфтанд: «Оё Мўсо ва ќавми ўро мегузорї, то дар замин фасод кунанд; ва то ибодати туву маъбудони туро бигузоранд?» Гуфт: «Писарони Банї Исроилро хоњем кушт ва духтарони онњоро зинда хоњем гузошт ва мо болои онњо ѓолибем».

128. Мўсо ба ќавми худ гуфт: «Аз Худо мадад талабеду сабр кунед; њамоно замин аз они Худо аст; аз бандагони Хеш њар киро хоњад, вориси он мекунад; ва охири кор барои парњезгорон аст».

129. Гуфтанд: «Пеш аз он, ки ту назди мо биёї ва баъд аз он, ки назди мо омадї, мо изо дода шудем». Гуфт: «Умед аст, ки Парвардигори шумо душманатонро њалок кунад ва шуморо дар замин халифа гардонад. Пас бинигарад, ки чї гуна амал мекунед».

130. Ва ба дурустї ки Мо касони Фиръавнро ба ќањтњо ва нуќсони мевањо гирифтор кардем, то шояд ки онњо панд пазиранд.

131. Пас, чун ба онњо фарохї меомад, мегуфтанд: «Ин лоиќи мост». Ва агар ба онњо бадї мерасид, ба Мўсо ва касоне, ки бо вай буданд, фоли бад мегирифтанд. Огоњ бош, љуз он нест, ки фоли бади онњо назди Худо аст, валекин бештаринашон намедонанд.

132. Ва гуфтанд:2 «Њар чи аз нишонањо биёрї, то моро ба он сењр кунї, мо туро бовардоранда нестем».

133. Пас, Мо бар онњо нишонањои возењ кардашуда – тўфону малаху канаву ѓукњову хун фиристодем. Пас, онњо саркашї карданд; ва ќавми гуноњкорон буданд.

134. Ва ваќте ки бар онњо уќубат фуруд омад, гуфтанд: «Эй Мўсо, ба Парвардигори худ ба он ањд, ки назди ту (вањйкарда) аст, дуо кун; агар уќубатро аз мо бардорї, албатта, ба ту имон орем ва Банї Исроилро бо ту бифиристем».

135. Пас, чун уќубатро аз онњо бардоштем – то муддате, ки онњо ба он расида бошанд – ногањон онњо ањд мешикастанд.

136. Пас, Мо аз онњо интиќом кашидем ва онњоро ба сабаби он, ки оёти Моро дурўѓ медоштанд ва аз он ѓофил буданд, дар дарё ѓарќ кардем.

137. Ва Мо машриќњо ва маѓрибњои заминеро, ки дар он баракат нињодем,1 ба гурўње мерос додем, ки заиф шумурда мешуданд; ва ваъдаи неки Парвардигори ту бар Банї Исроил – ба сабаби он ки сабр карданд, рост шуд. Ва он чиро, ки Фиръавн ва касони ў месохтанд ва он чиро, ки бармеафроштанд, вайрон кардем.

138. Ва Банї Исроилро аз дарё гузаронидем; пас, бар гурўње омаданд, ки бар ибодати бутони хеш иќомат мекарданд, гуфтанд:2 «Эй Мўсо, он чунон ки онњоро маъбудоне њастанд, барои мо [низ] маъбуде бисоз». Гуфт: «Ба дурустї ки шумо гурўњи нодон њастед.

139. Ба дурустї, мазњабе, ки ин љамоа дар онанд, нобуд карда шудааст; ва он чи мекарданд, ботил аст».

140. Гуфт: «Оё барои шумо маъбуде ѓайри Худо талаб кунам? Ва [њол он ки] Ў шуморо бар оламиён бартарї додааст».

141. Ва (ёд кунед) чун шуморо аз касони Фиръавн наљот додем; ба шумо азоби сахт мерасониданд, писарони шуморо мекуштанд ва духтарони шуморо зинда мегузоштанд. Дар ин (муќаддима) аз љониби Парвардигори шумо озмоиши бузург буд.

142. Ва бо Мўсо сї шаб ваъда кардем ва он меодро ба дањ шаб(-и дигар) тамом кардем. Пас, меоди Парвардигори ў ба чињил шаб комил шуд. Ва Мўсо ба бародари худ – Њорун, гуфт: «Дар ќавми ман љонишини ман бош ва салоњкорї кун ва роњи табоњкоронро пайравї манамо».

143. Ва чун Мўсо ба ваъдагоњи Мо омад ва Парвардигори ў бо ў сухан гуфт, гуфт: «Эй Парвардигори ман, Худро ба ман бинамоён, то ба сўи Ту назар кунам». (Худо) гуфт: «Маро нахоњї дид, валекин ба сўи кўњ назар кун: агар ба љои худ ќарор гирад, пас Маро хоњї дид». Пас, ваќте ки Парвардигори ў бар он кўњ таљаллї кард, он кўњро ба замин њамворсохта гардонид. Ва Мўсо бењуш шуда афтод. Пас, чун ба њуш омад, гуфт: «Туро ба покї ёд мекунам, ба сўи Ту бозгаштам ва ман аввалини мўъминонам».

144. Гуфт: «Эй Мўсо, ба дурустї ки Ман туро ба пайѓомњои Худ ва ба шунавонидани сухани Худ бар мардумон баргузидам. Пас, он чиро, ки ба ту ато кардам, бигир ва аз шукркунандагон бош».

145. Ва барои Мўсо дар лавњњо дар бораи њар чиз – панд ва баёни њар чизро навиштем. Пас (гуфтем): «Онро ба ќувват бигир ва ба ќавми худ бифармо, то ба бењтарини он чи дар ўст, амал кунанд. Зуд бошад, ки ба шумо сарои фосиќонро бинамоёнам».

146. Касонеро, ки дар замин ба ноњаќ такаббур мекунанд, аз (тааммул дар) оёти Худ бозхоњам дошт; ва агар њар нишонаеро (ки њаст) бибинанд, ба он имон наоранд; ва агар роњи ростиро бибинанд, онро роњ нагиранд; ва агар роњи гумроњиро бибинанд, онро роњ гиранд, ин ба сабаби он аст, ки онњо оёти Моро дурўѓ доштанд ва аз он ѓофил монданд.

147. Ва аъмоли касоне, ки оёти Мо ва мулоќоти охиратро дурўѓ доштанд, нобуд шавад; онњо љуз ба он чи мекарданд, љазо дода нашаванд.

148. Ва ќавми Мўсо баъди рафтани ў аз зеварњояшон гўсола – бадане сохтанд, ки ўро овози гов буд. Оё надиданд, ки он гўсола бо онњо њељ сухан намегуфт ва онњоро ба њељ роњ далолат намекард? Онро маъбуд гирифтанд; ва онњо ситамкор буданд.

149. Ва чун пушаймон шуданд ва диданд, ки онњо гумроњ шудаанд, гуфтанд: «Агар Парвардигори мо бар мо мењрубонї накунад ва моро наомурзад, албатта, аз зиёнкорон бошем».

150. Ва чун Мўсо хашмнок шудаву андўњгин гашта, ба сўи ќавми худ бозомад, гуфт: «Љонишиние, ки пас аз ман кардед, бад љонишинї аст! Оё аз њукми Парвардигори хеш шитоб кардед?»1 Ва алвоњро андохту сари бародари худро гирифт ва ўро ба сўи худ мекашид. (Њорун) гуфт: «Эй писари модари ман, њамоно ин ќавм маро заиф шумурданд ва наздик буданд, ки маро бикушанд. Пас, ба сабаби (ињонати) ман душманонро шод макун ва маро бо гурўњи ситамкорон шумор макун».

151. Гуфт:2 «Эй Парвардигори ман, маро ва бародари маро биомурз ва моро дар бахшоиши Худ дохил кун ва Ту Бахшояндатарини бахшояндагон њастї».

152. Њар оина, ба касоне, ки гўсоларо [маъбуд] гирифтанд, хашме аз Парвардигорашон ва расвої дар зиндагонии дунё хоњад расид. Ва њамчунин ба ифтирокунандагон љазо медињем.

153. Ва касоне, ки гуноњњо карданд; боз, баъд аз он (гуноњ) тавба намуданд ва имон оварданд – албатта, Парвардигори ту, баъд аз тавба, Омурзандаи Мењрубон аст.

154. Ва чун хашм аз (хотири) Мўсо таскин ёфт, алвоњро гирифт. Ва дар навиштањои вай барои онон, ки аз Парвардигори худ метарсанд, њидоят ва бахшоиш буд.

155. Ва Мўсо аз ќавми худ њафтод касро барои меоди Мо ихтиёр кард. Пас, ваќте ки онњоро зилзила гирифт, (Мўсо) гуфт: «Эй Парвардигори ман, агар мехостї, пеш аз ин онњо ва маро њалок мекардї. Оё моро ба љазои он чи бехирадон аз ќавми мо карданд, њалок мекунї? Ин (њодиса) ба љуз имтињони Ту чизе нест: њар киро хоњї, ба он гумроњ мекунї ва њар киро хоњї, ба он роњ менамої. Ту Корсози мо њастї, пас, моро биомурз ва бар мо мењрубонї кун; ва Ту Бењтарини омурзандагон њастї.

156. Ва барои мо дар ин дунё ва дар охират (низ) некї бинавис;1 ба дурустї ки мо ба сўи Ту руљўъ кардем». Гуфт:2 «Азоби Худро ба њар ки хоњам, мерасонам ва мењрубонии Ман њама чизро ињота кардааст; пас онро барои касоне хоњам навишт,3 ки парњезгорї мекунанд ва закот медињанд; ва касоне, ки ба оёти Мо мўътаќид мешаванд;

157. – (барои) касоне, ки он пайѓамбарро пайравї мекунанд, ки набии уммї аст – он ки наъташро назди хеш дар Таврот ва Инљил навишта меёбанд; онњоро ба кори писандида мефармояд ва аз кори нописандида манъ мекунад ва барои онњо покизањоро њалол месозад ва нопокизањоро њаром мекунад ва бори гарони онњоро ва он машаќќатњоеро, ки бар онњо буд, аз онњо фурў менињад. Пас, касоне, ки ба ў имон оварданд ва ўро таъзим карданд ва ба ў ёрї доданд ва нуреро,4 ки њамроњи вай нозил шудааст, пайравї карданд – њамоно онњо растагоронанд».

158. Бигў: «Эй мардумон, ба дурустї ки ман пайѓамбари Худо ба сўи њамаи шумо якљо њастам, Он Худой, ки подшоњии осмонњову замин аз они Ўст; њељ маъбуде нест, магар Ў – зинда мекунад ва мемиронад. Пас, ба Худо ва ба он пайѓамбари Ў имон оред, ки набии уммї аст – он, ки ба Худову суханони Ў имон дорад; ва ўро пайравї кунед, то бувад ки шумо роњёб шавед».

159. Ва аз ќавми Мўсо гурўње њастанд, ки (мардумонро) ба роњи рост далолат мекунанд ва ба ростї њукм мекунанд.

160. Ва Банї Исроилро ќабила-ќабила, гурўњ-гурўњ ба дувоздањ ќисм мутафарриќ сохтем; ва ваќте ки ќавми Мўсо аз ў об хостанд, Мо ба сўи вай вањй фиристодем, ки бо асои худ сангро бизан. Пас, аз он санг дувоздањ чашма равон шуд. Њар гурўње обхўри худро бидонист. Ва абрро бар онњо соябон сохтем ва манн5 ва салворо6 бар онњо нозил кардем; (гуфтем:) бихўред аз ин покизањо, ки ба шумо рўзї додаем. Ва онњо бар Мо ситам накарданд, валекин бар хештан ситам мекарданд.

161. Ва чун ба онњо гуфта шуд: «Дар ин дења сокин шавед; ва аз он – њар љо, ки њастед – бихўреду бигўед: «Њиттатун».7 Ва саљдакунон ба дарвоза дохил шавед, то барои шумо гуноњонатонро биомурзем. Ба некўкорон зиёда хоњем дод».

162. Пас, касоне аз Банї Исроил, ки ситамкор буданд, суханро ба ѓайри он чи онњоро фармуда шуд, бадал карданд.8 Пас, бар онњо ба сабаби он ки ситам мекарданд, уќубате аз осмон фиристодем.

163. Ва аз њоли он дењае, ки бар лаби дарё буд, аз онњо суол кун,9 ваќте ки дар рўзи шанбе аз њад мегузаштанд: чун дар рўзе, ки ба таъзими шанбе машѓул мешуданд, моњиёнашон [бар рўи об] зоњир шуда меомаданд; ва рўзе, ки таъзими шанбе намекарданд, ба онњо намеомаданд. Онњоро – ба сабаби он, ки фисќ мекарданд, њамчунин меозмудем.1

164. Ва чун гурўње аз ањли он дења гуфтанд:2 «Чаро гурўњеро панд медињед, ки Худо онњоро њалок хоњад кард, ё ба азоби сахт онњоро азоб хоњад кард?» Гуфтанд: «То моро назди Парвардигори шумо узре бошад; ва то бошад ки онњо парњезгорї кунанд».

165. Пас, ваќте ки он чиро фаромўш карданд, ки онњоро ба он панд дода шуд, касонеро, ки аз кори бад манъ мекарданд, наљот додем; ва ситамкоронро ба сабаби он, ки фосиќ буданд, ба азоби сахт гирифтор кардем.

166. Пас, чун аз тарки он чи, ки онњо аз он манъ карда шуданд, такаббур карданд, ба онњо гуфтем: «Бўзинагони хоршуда шавед!»

167. Ва [ба ёд ор, ки] чун Парвардигори ту огоњ гардонид:3 «то рўзи ќиёмат бар онњо касеро, албатта, бифиристад, ки ба онњо азоби сахт бирасонад». Ба дурустї ки Парвардигори ту Зудуќубаткунанда аст; ва ба дурустї ки Ў Омурзандаи Мењрубон аст.

168. Ва Банї Исроилро гурўњ-гурўњ дар замин пароканда кардем: баъзе аз онњо шоистакор њастанд; ва баъзе аз онњо ѓайри инанд. Ва онњоро ба некўињо ва бадињо имтињон кардем, то шояд бозгарданд.

169. Ва баъд аз онњо љонишинон(-и бад) аз пай даромаданд,4 ки вориси Китоб5 шуданд; онњо матои ин њаёти хасисро ихтиёр мекарданду мегуфтанд: «Барои мо омурзида хоњад шуд». Ва агар ба онњо матое монанди он меомад, албатта, онро мегирифтанд. Оё бар онњо ањде, ки дар Китоб њаст, гирифта нашудааст, ки бар Худо ба љуз сухани рост, чизе нагўянд? Ва он чиро, ки дар Таврот аст, хондаанд. Ва барои парњезгорон сарои охират бењтар аст, оё ба аќл дарнамеёбед?

170. Ва онон, ки ба Китоб тамассук мекунанд ва намозро барпо медоранд – ба дурустї ки Мо музди (ин) некўкоронро зоеъ намесозем.

171. Ва чун кўњро болои онњо бардоштем, гўё вай соябоне бошад; ва гумон карданд, ки он кўњ бар онњо хоњад афтод. (Гуфтем:) «Он чиро, ки ба шумо додем, ба љидди тамом бигиред; ва он чиро, ки дар он аст, ёд кунед, то бувад ки шумо парњезгорї кунед».

172. Ва чун Парвардигори ту аз пушти банї Одам фарзандонашонро гирифт6 ва онњоро бар зоти худашон гувоњ гардонид. (Гуфт:) «Оё Парвардигори шумо нестам?» Гуфтанд: «Оре, њастї, гувоњї медињем». То рўзи ќиёмат нагўед: «Њамоно мо аз ин бехабар будем».

173. Ё нагўед: «Ба љуз ин нест, ки падарони мо пеш аз мо ширк оварда буданд. Ва мо насле будем – баъд аз онњо омада.1 Оё моро ба (уќубати) он чи, ки бадкорон карданд, њалок мекунї?»

174. Ва њамчунин нишонањоро баён мекунем, шояд онњо бозгарданд.

175. Ва бар онњо хабари касеро бихон, ки ба ў (илми) оёти Худро дода будем, пас, аз (илми) он оёт берун рафт;2 ва Шайтон дар паи ў шуд; пас ў аз гумроњон гашт.3

176. Ва агар мехостем, ўро ба сабаби он оёт мебардоштем.4 Валекин ў ба сўи пастї майл намуд ва хоњиши худро пайравї кард. Пас, сифати ў монанди сифати саг аст: агар бар вай машаќќат андозї,5 забон аз дањон берун афканад; ва агар ўро (муаттал) бигузорї, (низ) забон берун афканад. Ин сифати гурўње аст, ки оёти Моро дурўѓ шумурданд. Пас, бар онњо ин пандро бихон, то онњо тааммул кунанд.

177. Ба эътибори сифат ин ќавм баданд, ки оёти Моро дурўѓ доштанд ва бар хештан ситам мекарданд.

178. Њар киро ки Худо роњ намояд, њамон роњёбанда аст; ва касонеро, ки гумроњ созад, пас њамонњо зиёнкоронанд.

179. Ва ба дурустї ки бисёре аз љинниёну одамиёнро барои дўзах биофаридем. Онњоро дилњоест, ки бо он намефањманд; ва онњоро чашмњоест, ки бо он намебинанд; ва онњоро гўшњоест, ки бо он намешунаванд. Онњо монанди чањорпоён њастанд, балки онњо гумроњтаранд; онњо бехабаронанд.

180. Ва номњои нек аз они Худо аст. Пас Ўро ба он номњо бихонед; ва касонеро бигузоред, ки дар номњои Худо каљравї мекунанд;6 ба онњо љазои он чи, ки мекарданд, дода хоњад шуд.

181. Ва аз он љамоа, ки офаридаем, гурўње њастанд, ки ба дини њаќ далолат мекунанд ва ба он (дини њаќ) адл мекунанд.

182. Ва касонеро, ки оёти Моро дурўѓ доштанд, аз он роњ, ки надонанд, поя-поя то мањалли њалокат бикашем.

183. Ва ба онњо мўњлат медињам. Ба дурустї ки тадбири Ман муњкам аст.

184. Оё тааммул накарданд, ки ин њамнишини онњоро њељ девонагие нест. Ў ба љуз бимкунандаи ошкоро каси дигар нест.

185. Оё ба подшоњии Худо дар осмонњову замин ва дар он чи Худо аз њар чиз пайдо кардааст ва дар он ки шояд аљали онњо наздик шуда бошад, назар накардаанд? Пас, баъди Ќуръон ба кадом сухан имон хоњанд овард?

186. Њар киро Худо гумроњ созад, пас, барои ў њељ роњнамоянда нест. Ва Худо онњоро дар гумроњии хеш саргардоншуда мегузорад.

187. Аз ту дар бораи ќиёмат суол мекунанд, ки истиќрори он кай бошад? Бигў: «Љуз ин нест, ки илми ќиёмат назди Парвардигори ман аст, онро дар ваќташ ба љуз Худо касе падид намеорад; дар осмонњову замин гарон шудааст;1 љуз ба ногањон ба шумо намеояд». Аз ту (дар бораи ќиёмат) суол мекунанд, гўё ту аз он ковишкунанда бошї.2 Бигў: «Љуз ин нест, ки илми он назди Худо аст». Валекин бисёре аз мардумон намедонанд.

188. Бигў: «Ман барои худ нафъ расонида ва зарар карда наметавонам, магар он чи Худо хостааст. Ва агар ман илми ѓайбро медонистам, њамоно аз љинси манфиат бисёр љамъ мекардам ва ба ман њељ сахтї намерасид. Ва ман барои гурўње, ки имон доранд, ба љуз бимкунанда ва муждадињанда каси дигар нестам».

189. Ў Он аст, ки шуморо аз як шахс офарид ва аз он як шахс занашро пайдо кард, то бо вай ором гирад. Пас, чун мард бо зани худ љимоъ кард, бор гирифт – бори сабук. Пас, бо он бори сабук омадурафт кард. Баъд аз он – чун зан гаронбор шуд, њар ду ба Худо – Парвардигори хеш дуо карданд: «Агар моро фарзанде шоиста бидињї, мо аз шукркунандагон бошем».

190. Пас, чун Худо ба онњо фарзанде шоиста дод, барои Ў дар он чи ба онњо дода буд, шарикон муќаррар карданд. Ва Худо аз он чи шарик муќаррар мекунанд, Баландќадр аст.

191. Оё чизеро шарик муќаррар мекунанд, ки њељ намеофаринад ва худи ин шарикон офарида мешаванд?

192. На барои парастандагони худ ёрї дода метавонанд ва на худро ёрї медињанд.

193. Ва агар бутонро ба сўи роњи њидоят бихонед, шуморо пайравї намекунанд. Барои шумо баробар аст он, ки онњоро даъват кунед, ё хомўш бошед.

194. Ба дурустї, касоне, ки шумо онњоро ба љуз Худо ибодат мекунед, монанди шумо бандагоне мебошанд. Пас, онњоро бихонед; ва агар шумо ростгў њастед, бояд ки дуои шуморо ќабул кунанд.

195. Оё бутонро пойњое њаст, ки ба он роњ мераванд? Оё онњоро дастњое њаст, ки ба он фаро мегиранд? Оё онњоро чашмњое њаст, ки ба он мебинанд? Оё онњоро гўшњое њаст, ки ба он мешунаванд? Бигў: «Шарикони худро бихонед; баъд аз он дар њаќќи ман бадсиголї кунед ва ба ман мўњлат мадињед.

196. Ба дурустї, Корсози ман Он Худой аст, ки Китобро фуруд овард; ва Ў некўкоронро корсозї мекунад.

197. Ва онон, ки шумо онњоро ба љуз Худо мехонед, на шуморо ёрї дода метавонанд ва на худро ёрї медињанд».

198. Ва агар онњоро ба сўи роњи њидоят даъват кунед, (сухани шуморо) нашунаванд. Ва [эй бинанда] бутонро мебинї, ки ба сўи ту менигаранд; ва (њол он ки) онњо њељ намебинанд.

199. Гузашт карданро лозим гир ва ба кори писандида бифармо ва аз нодонон рўй бигардон.

200. Ва агар васвасае аз љониби Шайтон ба ту расад, пас, аз Худо паноњ талаб кун; ба дурустї ки Ў Шунавои Доно аст.

201. Ба дурустї ки парњезгорон – чун аз Шайтон васвасае ба онњо бирасад, Худоро ёд мекунанд; пас ногањон онњо бино мешаванд.

202. Ва бародарони кофирон онњоро дар гумроњї мекашанд ва њаргиз бознамеистанд.

203. Ва чун назди онњо ояте намеорї, мегўянд: «Чаро аз тарафи худ онро иншо намекунї?» Бигў: «Љуз ин нест, ки ман ба он чи аз Парвардигорам ба сўи ман фуруд оварда шудааст, пайравї мекунам. Ин (Ќуръон) нишонањое аст аз Парвардигори шумо; ва њидояту бахшоиш барои ќавми мўъминон аст».

204. Ва чун Ќуръон хонда шавад, пас ба сўи он гўш нињед ва хомўш бошед, то бар шумо мењрубонї карда шавад.

205. Ва Парвардигори худро дар замири худ ба зорию тарскорї ва ба каломи пасттар аз овози баланд, бомдоду шабонгоњ ёд кун; ва аз ѓофилон мабош.

206. Њамоно касоне, ки назди Парвардигори ту њастанд, аз ибодати Ў гарданкашї намекунанд ва Ўро ба покї ёд мекунанд ва (хос) Ўро саљда мекунанд.



Достарыңызбен бөлісу:
1   2   3   4   5   6   7   8   9   ...   33




©dereksiz.org 2024
әкімшілігінің қараңыз

    Басты бет