1. Сураи Фотиња (Кушоянда)



бет8/33
Дата12.07.2016
өлшемі2.57 Mb.
#195081
1   ...   4   5   6   7   8   9   10   11   ...   33

10. Сураи Юнус
Дар Макка нозил шуд ва он яксаду нўњ оят ва ёздањ рукўъ аст.
Ба номи Худои Бахшояндаи Мењрубон
1. Алиф. Лом. Ро. Ин оятњои Китоби боњикмат аст.

2. Оё мардумонро аљабе шуд, ки ба сўи марде аз онњо вањй фиристодем, ки мардумонро бим кун ва мўъминонро ба он башорат дењ, ки барои онњо назди Парвардигорашон пояи дуруст њаст? Кофирон гуфтанд: «Ба дурустї ки ин шахс љодугари ошкоро аст».

3. Њамоно Парвардигори шумо Худое аст, ки осмонњову заминро дар шаш рўз офарид, сипас бар Арш мустаќар шуд; корро тадбир мекунад; њељ шафоаткунандае нест, магар баъди дастурии Вай. Ин аст Худо – Парвардигори шумо. Пас, Ўро бипарастед. Оё панд намегиред?

4. Бозгашти њамаи шумо якљо ба сўи Ўст. Ба ин ваъдаи дуруст Худо ваъда кардааст. Ба дурустї ки Вай аз бози аввал халќро офарид, сипас онро дигар бор [эњё] мекунад, то ононро, ки имон овардаанд ва корњои шоиста кардаанд, ба инсоф љазо дињад. Ва барои онон, ки кофир шуданд, ошомидание аз оби гарм ва азоби дарддињанда њаст – ба сабаби он, ки кофир буданд.

5. Ў Он [Худой] аст, ки офтобро дурахшанда ва моњро равшан сохт ва барои моњ манзилњоро муайян кард, то шумори солњо ва њисобро бидонед. Худо инро љуз ба тадбири дуруст наофаридааст; нишонањоро барои гурўње, ки медонанд, баён мекунад.

6. Ба дурустї, дар омадурафти шабу рўз ва дар он чи Худо дар осмонњову замин офаридааст, барои гурўње, ки парњезгорї мекунанд, нишонањое њаст.

7. Њамоно, онон, ки мулоќоти Моро умед надоранд ва ба зиндагонии дунё хушнуд шудаанд ва ба он ором гирифтаанд ва онон, ки аз нишонањои Мо бехабаранд,

8. љои ин љамоа ба сабаби он чи амал мекарданд, оташ аст.

9. Њамоно, онон, ки имон овардаанд ва корњои шоиста кардаанд, Парвардигорашон – ба сабаби имонашон – онњоро роњ менамояд;2 дар бўстонњои неъмат, зери онњо љўйњо меравад.

10. Дар он љо дуояшон: «Субњонака-л-Лоњумма»3 бошад ва дурудашон (ба якдигар) «салом» бувад; ва нињояти дуояшон он аст, ки «Њамд Худойрост – Парвардигори оламиён».

11. Ва агар Худо ба мардумон – монанди он ки онњо неъматро зуд металабанд, сахтиро зуд мерасонид, дар њаќќи онњо аљалашон ба анљом расонида мешуд. Пас, ононро, ки ба мулоќоти Мо умед надоранд, мегузорем, то дар бероњии хеш саргардон бошанд.

12. Ва чун ба одамї ранље бирасад, бар пањлў хуфта, ё нишаста, ё истода ба љониби Мо дуо мекунад; пас, он гоњ, ки ранљи ўро аз вай бардорем, меравад, гўё, ки Моро ба дафъ кардани ранље, ки ба ў расида буд, нахондааст. Њамчунин, барои аз њад гузарандагон он чи мекарданд, ороста шуд.

13. Ва ба дурустї ки Мо [ањли] ќарнњоро пеш аз шумо њалок кардаем – он њангом ки ситам карданд ва пайѓамбаронашон бо нишонањои равшан ба онњо омаданд ва онњо њаргиз омодаи он набуданд, ки имон оранд. Гурўњи гуноњкоронро њамчунин љазо медињем.

14. Сипас, шуморо дар замин, пас аз онњо, љонишин сохтем, то бибинем, ки чї гуна кор мекунед.

15. Ва чун оёти возењ омадаи Мо бар онњо хонда шавад, онон, ки ба мулоќоти Мо умед надоранд, гўянд: «Ќуръоне ба љуз ин биёр, ё ўро таѓйир кун».1 Бигў: «Маро раво набувад, ки онро аз љониби худ таѓйир кунам, ба љуз он чи ба сўи ман вањй фиристода шудааст, ба чизе пайравї намекунам; ба дурустї ки ман – агар нофармонии Парвардигори худ кунам, аз азоби бузург метарсам».

16. Бигў: «Агар Худо мехост, ман онро бар шумо намехондам ва Худо шуморо ба он хабардор намекард. Њамоно ман пеш аз ин умре дар миёни шумо мондаам, оё [ба аќл] дарнамеёбед?»

17. Пас, кист ситамкортар аз касе, ки бар Худо дурўѓро барбандад, ё оёти Вайро дурўѓ шуморад? Њар оина, гуноњкорон растагор намешаванд.

18. Ва ба љуз Худо чизеро мепарастанд, ки онњоро зарар намекунад ва ба онњо суд намерасонад; ва мегўянд: «Инњо шафоаткунандагони мо назди Худоанд». Бигў: «Оё Худоро ба он чи хабардор мекунед, ки дар осмонњо ва замин онро намедонад? Покї Вайрост ва Ў аз он ки шарик муќаррар мекунанд, Бартар аст».

19. Ва мардумон ба љуз як уммат2 [чизи дигар] набуданд, пас ихтилоф карданд. Ва агар калимае намебуд, ки собиќ аз Парвардигори ту содир шудааст, дар миёни онњо дар он чи ихтилоф доранд, файсала карда мешуд.

20. Ва мегўянд: «Чаро аз Парвардигори вай нишонае бар ин пайѓамбар фурў фиристода нашудааст?» Бигў: «Љуз ин нест, ки илми ѓайб аз они Худо аст; пас интизор баред, њамоно ман ба шумо аз мунтазиронам».

21. Ва чун ба мардум пас аз сахтие, ки ба онњо расида буд, рањмате бичашонем, ногањон онњо дар нишонањои Мо бадандешї кунанд.3 Бигў: «Худо дар бадандешї зудтар аст». Ба дурустї ки фиристодагони Мо он чиро, ки бадандешї мекунед, менависанд.

22. Ў Он [Худой] аст, ки шуморо дар хушкию дар дарё равон мекунад, то ваќте ки дар киштињо бошед; ва киштињо бо саворони худ ба боди хуш равон шуданд ва онњо ба он (боди мувофиќ) шодмон шуданд. Ногањон боде тунд ба он киштињо бирасад ва мављ аз њар љо ба онњо биёяд ва бидонанд, ки аз њар сў гирифтор гаштаанд; ба Худо – ибодатро барои Ў холис карда – дуо кунанд, ки: «Агар моро аз бало халос кунї, аз шукргузорандагон бошем».

23. Пас, чун онњоро халос сохт, ногањон онњо дар замин ба ноњаќ бероњї мекунанд. Эй мардумон, љуз он нест, ки бероњии шумо зиён бар љони шумо аст, бањрае [аз] зиндагонии дунё (ёфтед), сипас бозгашти шумо ба сўи Мост, пас шуморо ба он чи мекардед, хабардор мекунем.

24. Љуз он нест, ки васфи зиндагонии дунё монанди обе аст, ки онро аз осмон фуруд овардем, пас, ба сабаби вай рўидагии замин – аз он чи мардумон ва чањорпоён мехўранд – дар њам омехт, то ваќте ки замин перояи худро фаро гирифту ороста шуд. Ва сокинони он замин гумон карданд, ки дар (нафъ бурдан аз) он тавоноанд; ногањон дар шаб, ё дар рўз фармони Мо ба замин биёмад; пас, онро зироати аз бех бурида гардонидем; гўё дирўз њељ набуд. Њамчунин нишонањоро барои гурўње, ки андеша мекунанд, баён мекунем.

25. Ва Худо ба сўи сарои саломатї мехонад ва њар киро хоњад, ба сўи роњи рост далолат мекунад.

26. Барои онон, ки некўкорї карданд, њолате нек ва зиёда бар он1 бошад ва рўи онњоро њељ сиёњї ва њељ хорї напўшад. Ин љамоа ањли бињиштанд; онњо он љо љовид бошанд.

27. Ва барои онон, ки кирдорњои бад ба амал оварданд, љазои бадї мисли он аст; ва онњоро хорї бипўшонад ва барои онњо њељ паноњдињандае аз Худо набошад; гўё рўйњои онњо бо порањои шаби торик пўшонида шудааст. Ин љамоа ањли оташанд; онњо он љо љовид бошанд.

28. Ва (битарсед аз) рўзе, ки њамаи онњоро якљо барангезем, сипас ба мушрикон гўем: «Шумо ва онон, ки шумо онњоро шарики Худо сохтаед, ба љои худ биистед!» Пас, миёни онњо људої андозем. Ва шариконашон гўянд: «Шумо моро намепарастидед.

29. Пас, Худо миёни мо ва миёни шумо Гувоњ бас аст. Ба дурустї ки мо аз парастиши шумо бехабар будем».

30. Он љо њар шахсе он чи пеш фиристода буд, дарёбад ва [њама] ба сўи Худо – Молики њаќиќиашон гардонида шаванд ва он чи ифтиро мекарданд, аз онњо гум гардад.

31. Бигў: «Кї шуморо аз љониби осмону замин рўзї медињад? Оё кист, ки гўшу чашмњоро молик бошад?2 Ва кист, ки зиндаро аз мурда берун орад ва мурдаро аз зинда берун орад?3 Ва кист, ки корро тадбир кунад?» Хоњанд гуфт: «Худо аст». Бигў: «Оё њазар намекунед?»

32. Пас, Ин Худо аст – Парвардигори њаќиќии шумо. Пас, баъди ростї ба љуз гумроњї чист? Пас, аз куљо гардонида мешавед?

33. Њамчунин ќазои Парвардигори ту бар ин фосиќон собит шуд, ки онњо имон наоранд.

34. Бигў: «Оё аз шарикони шумо касе њаст, ки аз бози аввал халќро биофарад, боз онро дубора [эњё] кунад?» Бигў: «Худо ба аввал халќро меофарад, боз онро дубора [эњё] мекунад. Пас, аз куљо баргардонида мешавед?»

35. Бигў: «Оё аз шарикони шумо касе њаст, ки ба сўи њаќ роњ намояд?» Бигў: «Худо ба сўи њаќ роњ менамояд. Пас, оё касе, ки ба сўи њаќ роњ намояд, ба он лоиќтар аст, ки пайравї карда шавад, ё касе, ки худ роњ намеёбад, магар он ваќт, ки вайро роњ намуда шавад? Пас, шуморо чист? Чї гуна њукм мекунед?»

36. Ва бештари онњо ба љуз гумон [чизеро] пайравї намекунанд. Ба дурустї ки гумон аз маърифати њаќ чизеро кифоят намекунад. Њамоно Худо ба он чи мекунанд, Доно аст.

37. Ва чунин нест, ки ин Ќуръон ба ѓайр аз њукми Худо [аз сўи касе] барбофта шавад, валекин он чиро бовардоранда аст, ки пеш аз вай аст ва баёни шариате аст, ки (барои мардумон) навишта шуд; дар он њељ шубњае нест; аз Парвардигори оламиён аст.

38. Оё мегўянд: «Онро барбастааст»? Бигў: «Агар ростгў њастед, пас, сурае монанди он биёред ва ба љуз Худо њар киро тавонед, бихонед».

39. Балки он чизеро, ки ба дониши он фаро нарасидаанд ва њанўз мисдоќи ваъдаи он наомадааст, дурўѓ шумурданд. Касоне, ки пеш аз онњо буданд, њамчунин дурўѓ доштанд. Пас бинигар, ки оќибати ситамкорон чї гуна шуд.

40. Ва аз онњо касе њаст, ки ба он имон меорад ва аз онњо касе њаст, ки ба он имон намеорад; ва Парвардигори ту ба муфсидон Донотар аст.

41. Ва агар туро ба дурўѓ нисбат кунанд, бигў: «Амали ман аз они ман аст ва амали шумо аз они шумо аст. Шумо аз он чи ман мекунам, безоред ва ман аз он чи шумо мекунед, безорам».

42. Ва аз онњо касе њаст, ки ба сўи ту гўш менињад. Оё ту каронро мешунавонї – ва агарчи [бо аќл] дар намеёбанд?1

43. Ва аз онњо касе њаст, ки ба сўи ту менигарад. Оё ту кўронро роњ менамої – ва агарчи намебинанд?

44. Ба дурустї ки Худо бар мардумон њељ ситам намекунад, валекин мардумон бар хештан ситам мекунанд.

45. Ва рўзе, ки Худо онњоро барангезад, гўё ки ба љуз соате аз рўз диранг накарда буданд; якдигарро мешиносанд. Њамоно онон, ки мулоќоти Худоро дурўѓ доштанд, зиёнкор шуданд ва роњёфта набуданд.

46. Ва агар баъзеи он чиро, ки ба онњо ваъда мекунем, ба ту бинамоёнем ё туро бимиронем, (ба њар њол) бозгашти онњо ба сўи Мо аст. Боз, Худо бар он чи мекунанд, Огоњ аст.

47. Ва њар умматеро пайѓамбаре њаст. Пас, чун пайѓамбарашон омад, миёни онњо ба инсоф файсала карда шавад; ва бар онњо ситам карда нашавад.1

48. Ва мегўянд: «Агар ростгў њастед, ин ваъда кай бошад?»

49. Бигў: «Барои худ зиёне ва суде [расонида] наметавонам, магар он чи Худо хостааст. Њар гурўњеро меоде њаст, чун меодашон биёяд, пас на соате таъхир кунанд ва на сабќат кунанд».

50. Бигў: «Оё мебинед: агар азоби Ў ба шумо шабонгоњ ё ба рўз биёяд, (ба њар њол) ин гуноњкорон аз он (азоб) чї чизро ба шитоб металабанд?

51. Боз, оё ваќте ки воќеъ шавад, ба он имон меоред?» (Он гоњ гуфта шавад:) «Оё акнун (имон овардед)? Ва пеш аз ин онро ба шитоб металабидед?»2

52. Сипас ба ситамкорон гуфта шавад: «Азоби љовидро бичашед, шумо љуз ба он чи мекардед, љазо дода намешавед».

53. Ва аз ту мепурсанд: «Оё ин ваъда дуруст аст?» Бигў: «Оре, ќасам ба Парвардигорам, њар оина вай дуруст аст ва шумо ољизкунанда нестед».

54. Ва агар он чи дар замин аст, аз они њар нафси ситамкунанда бошад, албатта, онро фидяи худ дињад. Ва чун азобро бинанд, пўшида пушаймонї кунанд; ва миёни онњо ба адл файсала карда шавад ва бар онњо ситам карда нашавад.

55. Огоњ бош, ба дурустї, он чи дар осмонњо ва замин аст, аз они Худо аст. Огоњ бош, ба дурустї ки ваъдаи Худо рост аст. Валекин бештари онњо намедонанд.

56. Ў зинда мекунад ва мемиронад ва ба сўи Вай бозгардонида мешавед.

57. Эй мардумон, аз Парвардигоратон барои шумо панде ва барои он иллате, ки дар синањо аст, шифое ва барои мўъминон роњ намудане ва бахшоише омадааст.

58. Бигў: «Ба фазли Худо ва ба рањмати Ў ба ин чизњо бояд ки шодмон шаванд. Ин аз он чи, ки љамъ мекунанд, бењтар аст».

59. Бигў: «Оё чизеро дидед, ки Худо барои шумо аз љинси рўзї фуруд овардааст, пас, баъзеи онро њаром ва баъзеи онро њалол сохтед?» Бигў: «Оё Худо ба шумо иљозат додааст, ё бар Худо дурўѓ мебандед?»

60. Ва ба рўзи ќиёмат гумони онон, ки бар Худо дурўѓро мебанданд, чист?3 Ба дурустї ки Худо бар мардумон соњиби фазл аст, валекин бештари онњо сипосдорї намекунанд.

61. Ва ту дар њељ шуѓле намебошї; ва њељ ояти аз тарафи Худо омадаро намехонї; ва шумо њељ кореро намекунед, магар он ки чун дар он дармеоед, бар шумо Нигањбон њастем. Ва њамсанги заррае дар замин ва дар осмон [чизе] аз Парвардигори ту пўшида намешавад ва чизе хурдтар ва бузургтар аз он нест, магар он ки дар Китоби равшан навишта шудааст.

62. Огоњ бош, ба дурустї ки бар дўстони Худо њељ тарс нест ва онњо андўњгин нашаванд –

63. онон, ки имон оварданд ва таќво мекарданд.

64. Барои онњо дар зиндагонии дунё башорат ва дар охират башорат аст. Суханони Худоро њељ табдиле нест. Ин (башорат) њамон фирўзии бузург аст.

65. Ва суханонашон туро ѓамгин накунад; ба дурустї ки њама ѓалаба якљо аз они Худо аст; Ў Шунавои Доно аст.

66. Огоњ бош, њар ки дар осмонњо ва њар ки дар замин аст, њамоно, аз они Худо аст; ва онон, ки ба љуз Худо шариконро парастиш мекунанд, [ононро] пайравї намекунанд; ба њаќиќат, пайравї намекунанд, магар гумонро; ва [чизе] ба љуз дурўѓ намегўянд.

67. Ў Он [Худой] аст, ки барои шумо шабро сохт, то дар он ором гиред ва рўзро равшан сохт. Ба дурустї ки дар инњо нишонањо барои гурўње аст, ки мешунаванд.

68. (Кофирон) гуфтанд: «Худо фарзанд гирифтааст». Ў Пок аст; Ў Бениёз аст; он чи дар осмонњо ва он чи дар замин аст, аз они Ўст. Назди шумо бар ин њељ њуљљате нест. Оё бар Худо [чизеро] мегўед, ки онро намедонед?

69. Бигў: «Њамоно касоне, ки бар Худо дурўѓро бармебанданд, растагор намешаванд».

70. (Барои онњо) бањрамандие дар дунё аст; сипас бозгашти онњо ба сўи Мост; пас, ба сабаби он ки куфр мекарданд, ба онњо азоби сахтро мечашонем.

71. Ва бар онњо хабари Нўњро бихон, чун ба ќавми худ гуфт: «Эй ќавми ман, агар ќиёми ман ва бо оёти Худо панд додани ман бар шумо душвор шуда бошад, пас, ман бар Худо таваккул кардам; пас, шумо њамроњи шарикони хеш дар кори худ азимат дуруст кунед; пас кори шумо бар шумо пўшида набошад; пас ба сўи ман бирасонед; ва ба ман мўњлат мадињед.

72. Пас, агар рўй бигардонед,1 ман аз шумо њељ музде нахоста будам, музди ман ба љуз бар Худо [бар касе] нест; ва ба ман фармуда шудааст, ки аз мусулмонон бошам».

73. Пас ўро дурўѓ доштанд. Ва Мо ў ва ононро, ки бо вай дар киштї буданд, халос сохтем ва онњоро љойнишин гардонидем. Ва касонеро, ки оёти Моро дурўѓ доштанд, ѓарќ кардем. Пас, бинигар, ки охири кори бимкардашудагон чї гуна шуд.

74. Сипас, баъди Нўњ пайѓамбаронро ба сўи ќавмњояшон фиристодем. Пас, пеши онњо нишонањои равшанро оварданд. Пас, њаргиз бар он набуданд, ки ба он чи имон оранд, ки онро пеш аз ин дурўѓ дошта буданд. Њамчунин бар дили аз њад гузарандагон мўњр менињем.

75. Боз, баъд аз онњо Мўсо ва Њорунро бо нишонањои Хеш ба сўи Фиръавн ва ќавми вай фиристодем. Пас, такаббур карданд ва ќавми гуноњкор буданд.

76. Ва чун сухани дуруст аз назди Мо ба онњо омад, гуфтанд: «Њамоно ин сењри зоњир аст».

77. Мўсо гуфт: «Оё сухани дурустро – чун ба шумо биёмад – чунин мегўед? Оё ин сењр аст? Ва соњирон растагор намешаванд».

78. Гуфтанд: «Оё пеши мо омадї, то моро аз дине боздорї, ки падарони худро бар он ёфтаем ва то дар замин раёсат аз они шумо бошад? Ва мо шуморо бовардоранда нестем».

79. Ва Фиръавн гуфт: «Њар соњири доноро пеши ман биёред».

80. Пас, ваќте ки соњирон омаданд, Мўсо ба онњо гуфт: «Биафканед он чиро, ки шумо афканандаи он њастед».

81. Пас, чун афканданд, Мўсо гуфт: «Он чи овардаед, сењр аст; ба дурустї ки Худо онро ботил хоњад сохт; ба дурустї ки Худо кори муфсидонро рост намеорад.

82. Ва Худо сухани дурустро ба фармони Худ собит хоњад кард, агарчи гуноњкорон нохуш доранд».

83. Пас, ба Мўсо ба љуз љамоае аз ќавми вай [дигарон] имон наоварданд, бо вуљуди хавф аз Фиръавн ва ашрофашон, ки онњоро уќубат кунад. Ва ба дурустї ки Фиръавн дар он замин саркаше буд ва њамоно вай аз њад гузаранда буд.

84. Ва Мўсо гуфт: «Эй ќавми ман, агар ба Худо имон овардаед ва агар мусулмон њастед, пас, бар Вай таваккул бикунед».

85. Пас, гуфтанд: «Ба Худо таваккул кардем; эй Парвардигори мо, моро лагадкўби ќавми ситамкорон макун.

86. Ва моро ба рањмати Худ аз гурўњи кофирон халос кун».

87. Ва ба сўи Мўсо ва бародари вай вањй фиристодем, ки ќавми худро ба шањри Миср дар хонањо сокин кунед ва он хонањои худро ќибларў бисозед ва намоз барпо доред. Ва мўъминонро башорат дењ.

88. Ва Мўсо гуфт: «Эй Парвардигори мо, ба дурустї ки Ту ба Фиръавн ва ќабилаи ў дар зиндагонии дунё зинат ва молњои бисёр додаї, эй Парвардигори мо, то (оламро) аз роњи Ту гумроњ кунанд, эй Парвардигори мо, молњояшонро нобуд кун ва бар дилњояшон мўњр кун, ки то азоби дарддињандаро [на]бинанд, имон наоранд».

89. Гуфт:1 «Ба дурустї ки дуои шумо ќабул карда шуд, пас собит бошед ва роњи љоњилонро пайравї макунед».

90. Ва авлоди Яъќубро аз дарё гузаронидем; пас Фиръавну лашкари ў аз роњи ситам ва тааддї дар аќиби онњо шуданд, то ваќте ки машаќќати ѓарќ ба ў расид, гуфт: «Бовар дорам, ки њељ маъбуде нест, магар Он, ки Банї Исроил ба Вай имон овардаанд ва ман аз мусулмонон њастам».

91. (Гуфта шуд:) оё акнун (имон меорї)? Ва пеш аз ин нофармонї карда будї ва аз муфсидон будї?

92. Пас, имрўз туро ба њамон љасадат2 бар макони баланд афканем,3 то барои онон, ки пас аз ту меоянд, нишона бошї. Ва њамоно, бисёре аз мардумон аз нишонањои Мо бехабаранд.

93. Ва ба дурустї ки Мо Банї Исроилро ба маќоми нек љой додем ва ба онњо аз покизањо рўзї додем; пас ихтилоф накарданд, то он ки ба онњо дониш омад.4 Њамоно, Парвардигори ту рўзи ќиёмат миёни онњо дар он чи ихтилоф доштанд, њукм кунад.

94. Ва агар аз он чи, ки ба сўи ту фурў фиристодем, дар шак њастї, пас, аз касоне бипурс, ки пеш аз ту Китоб мехонданд.1 Њар оина аз Парвардигорат вањйи дуруст пеши ту омадааст; пас, аз шакорандагон машав.

95. Ва аз касоне мабош, ки оёти Худоро дурўѓ доштанд; он гоњ аз зиёнкорон шавї.

96. Ба дурустї, онон ки њукми Парвардигори ту бар онњо собит шуд, имон наоранд –

97. – ва агарчи њар нишонае ба онњо биёяд – то он ки азоби дарддињандаро [на]бинанд.

98. Пас, чаро дење набуд, ки имон орад ва имонаш ба вай суд кунад, магар ќавми Юнус, ки чун имон оварданд, уќубати расвоиро дар зиндагонии дунё аз онњо бардоштем ва онњоро то муддате бањраманд сохтем.

99. Ва агар Парвардигорат мехост, њамаи онон, ки дар заминанд, якљо имон меоварданд. Оё ту мардумонро маљбур карда метавонї, то мўъмин шаванд?

100. Ва њељ шахсеро раво набувад, ки љуз ба хости Худо имон орад; ва палидиро ба касоне меандозад, ки ба аќл дарнамеёбанд.

101. Бигў: «Бибинед, ки дар осмонњову замин чї чиз аст?» Ва нишонањову тарсонандагон ба гурўње, ки бовар намекунанд, фоидае намедињанд.

102. Пас [чизеро] интизор намекашанд, магар мусибатњои онон, ки пеш аз онњо гузаштанд. Бигў: «Интизор бикашед, њамоно, ман низ бо шумо аз мунтазиронам».

103. Сипас, пайѓамбарони худ ва ононро, ки имон оварданд, халос мекунем, њамчунин ба Мо лозим аст, ки мўъминонро халос кунем.

104. Бигў: «Эй мардумон, агар шумо аз дини ман дар шубња њастед, пас (бишунавед, ки) ман онњоеро, ки шумо ба љуз Худо мепарастед, ибодат намекунам; валекин он Худоеро ибодат мекунам, ки љони шуморо мегирад; ва ба ман фармуда шудааст, ки аз мўъминон бошам».

105. Ва (ба ман фармуда шуд) он, ки: «Рўи худро барои дини њаниф рост кун ва [њаргиз] аз мушрикон мабош;

106. ва ба љуз Худо чизеро махон, ки ба ту суд накунад ва зиён нарасонад, пас агар [чунин] бикунї, он гоњ аз ситамкорон бошї».

107. Ва агар Худо ба ту ранље бирасонад, пас онро ба љуз Ў бардорандае нест. Ва агар дар њаќќи ту неъмате хоњад, пас фазли Ўро њељ дафъкунандае нест; онро аз бандагони Худ ба њар ки хоњад, мерасонад. Ва Ў Омурзандаи Мењрубон аст.

108. Бигў: «Эй мардумон, ба дурустї ки аз Парвардигоратон ба шумо вањйи рост омадааст; пас њар ки роњ ёфт, љуз он нест, ки барои худ роњ ёфт; ва њар ки гумроњ шуд, љуз ин нест, ки ба зиёни худ гумроњ мешавад; ва ман бар шумо нигоњбон нестам».

109. Ва чизеро пайравї кун,1 ки ба тариќи вањй ба ту фиристодем; ва шикебої кун, то он ки Худо файсала кунад; ва Ў Бењтарини файсалакунандагон аст.
11. Сураи Њуд
Дар Макка нозил шуд ва он яксаду бисту се оят ва дањ рукўъ аст.
Ба номи Худои Бахшояндаи Мењрубон

1. Алиф. Лом. Ро. Ин Китобест омада аз назди (Худои) Дурусткори Хабардор, ки оёти он устувор ва сипас возењ карда шудааст,

2. ба он (мазмун), ки (пайѓамбар гўяд:) «Ба љуз Худо [касеро] ибодат накунед. Ба дурустї ки ман аз љониби Ў барои шумо бимкунанда ва башоратдињанда њастам.

3. Ва он, ки аз Парвардигори худ омурзиш талаб кунед, сипас ба сўи Вай руљўъ кунед, то шуморо ба бањраи нек – то ваќти маълум – бањраманд созад ва то ба њар соњиби бузургї љазои бузургии ўро бидињад. Ва агар рўгардон шавед, пас, њамоно ман бар шумо аз азоби рўзи бузург метарсам.

4. Бозгашти шумо ба сўи Худо аст. Ва Ў бар њар чиз Тавоно аст».

5. Огоњ бош, ин кофирон синањои худро мепечанд:2 мехоњанд, ки аз Худо пинњон шаванд. Огоњ бош, чун љомањои худро бар сар мекунанд, он чиро, ки пинњон медоранд ва он чиро, ки ошкор мекунанд, Худо медонад. Ба дурустї ки Ў ба сирри синањо Доно аст.3

6. Ва њељ љунбандае дар замин нест, магар он ки рўзии ў бар Худо аст ва љои мондани ў ва љои нигоњ доштани ўро медонад;4 њар як дар Китоби Равшан5 аст.

7. Ва Ў Он [Худой] аст, ки осмонњову заминро дар шаш рўз офарид ва Арши Ў бар об буд; то (охири кор) шуморо биозмояд, ки кадом кас аз шумо аз љињати амал некўтар аст. Ва агар гўї: «Ба дурустї ки шумо баъд аз марг барангехта мешавед» – кофирон гўянд: «Ин сухан ба љуз љодуи зоњир чизе нест».

8. Ва агар азобро то муддати шумурдашуда аз онњо боздорем, албатта, гўянд: «Чї чиз онро бозмедорад?» Огоњ бош, рўзе, ки ба онњо биёяд, аз онњо боздошташуда набошад ва он чи, ки ба он истењзо мекарданд, онњоро фаро мегирад.

9. Ва агар одамиро аз назди худ неъмате бичашонем, сипас, онро аз вай баргирем, ба дурустї ки вай ноумеду носипос аст.

10. Ва агар одамиро баъди сахтие, ки ба вай расида бошад, рафоњияте бичашонем, албатта, гўяд: «Сахтињо аз ман бирафтанд». Ба дурустї ки вай шодмону худситоянда аст.

11. Магар онон, ки шикебої намуданд ва корњои шоиста карданд: барои ин љамоа омурзиш ва музди бузург аст.

12. Пас, шояд ту баъзеи он чиро, ки ба сўи ту вањй фиристода мешавад, тарк кунї ва ба он синаи ту танг мешавад1 – аз љињати он, ки мегўянд: «Чаро бар вай ганље фуруд оварда нашуд?» Ё: «Чаро њамроњи ў фариштае наомад?» Љуз ин нест, ки ту бимкунанда њастї ва Худо бар њар чиз Нигањбон аст.

13. Оё мегўянд: «Ќуръонро барбастааст»? Бигў: «Агар ростгў њастед, пас, дањ сураи барбофта монанди инро биёред ва ба љуз Худо њар киро тавонед, бихонед».2

14. Пас, агар (он кофирон) сухани шуморо ќабул накунанд, бидонед, ки Ќуръон ба илми Худо нозил карда шудааст ва бидонед, ки ба љуз Вай њељ маъбуде нест. Пас, оё шумо мусулмон њастед?3

15. Њар ки зиндагонии дунё ва таљаммули онро хоста бошад – ба ин љамоа љазои аъмолашонро дар дунё ба тамом мерасонем ва онњо дар ин љо нуќсон дода намешаванд.4

16. Ин љамоа касонеанд, ки дар охират ба љуз оташ барояшон чизе нест ва он чи карда буданд, дар охират нобуд шавад ва он чи ба амал меоварданд, ботил аст.

17. Оё касе, ки бар њуљљате аз љониби Парвардигори худ бошад5 ва аз паси он гувоњие аз љониби Парвардигори ў гувоњи вай меояд6 ва пеш аз он Китоби Мўсо [њамчун] пешво ва бахшоише гувоњи вай буд, (мисли дигарон бошад)? Ин љамоа ба Ќуръон имон меоранд. Ва њар ки аз гурўњњо ба он кофир шуд, пас, оташ ваъдагоњи вай аст. Пас, аз нузули Ќуръон дар шубња мабош, њар оина вай дуруст аст, ки аз Парвардигори ту омадааст, валекин бештари мардум имон намеоранд.

18. Ва кист ситамкортар аз касе, ки бар Худо дурўѓро барбандад? Ин љамоа пеши Парвардигори хеш оварда шаванд ва гувоњон7 гўянд: «Инњо касонеанд, ки бар Парвардигори хеш дурўѓ бастанд». Огоњ бош, лаънати Худо бар ситамкорон аст,

19. – бар онон, ки мардумонро аз роњи Худо бозмедоранд ва барои он (роњ) каљиро мехоњанд ва онњо ба охират кофиранд.

20. Ин љамоа дар замин ољизкунанда нестанд ва онњоро аз дўстон ба љуз Худо касе набошад; барояшон азоб дучандон карда шавад, [аз он ки дар дунё] шунидан наметавонистанд ва намедиданд.1

21. Ин љамоа касонеанд, ки дар њаќќи хеш зиён карданд ва он чи бармебофтанд, аз онњо гум шуд.

22. Бешак, ин љамоа дар охират зиёнкоронанд.

23. Њамоно касоне, ки имон оварданд ва амалњои шоиста карданд ва рўи худро ба сўи Парвардигори хеш гардонида, фурўтанї карданд – инњо ањли бињиштанд; [ва њам] инњо он љо љовидонанд.

24. Сифати ин ду гурўњ монанди кўру кар ва бинову шунаво аст. Оё њар ду дар сифат баробаранд? Оё панд намегиред?

25. Ва ба дурустї ки Нўњро ба сўи ќавми ў фиристодем. (Гуфт:) «Њамоно ман барои шумо бимкунандаи ошкоро њастам,

26. (ба ин мазмун), ки ба љуз Худо [дигареро] мапарастед. Њамоно ман бар шумо аз азоби рўзи дарддињанда метарсам».

27. Пас, љамоате аз ќавми ў, ки кофир буданд, гуфтанд: «Туро ба љуз одамие монанди хеш намебинем ва намебинем, ки [мардум] пайравии ту карда бошанд – магар онон, ки фурўмоягони моанд – зоњирбинон;2 ва барои шумо бар худ њељ бузургие намебинем, балки шуморо дурўѓгў мепиндорем».

28. Гуфт: «Эй ќавми ман, оё ба он хабар медињед, ки агар ман аз Парвардигори худ бар њуљљате бошам ва Ў ба ман аз назди Худ бахшоише дода бошад, пас, њаќиќати он бар шумо пўшонида шуда бошад, оё шуморо бар он маљбур кунем ва [дар њоле ки] шумо нохоњон бошед?

29. Ва эй ќавми ман, аз шумо барои ин пайѓом расонидан мол талаб намекунам, музди ман љуз бар Худо [бар касе] нест ва ман яксўкунандаи мўъминон нестам;3 ба дурустї ки онњо бо Парвардигори хеш мулоќоткунанда њастанд. Валекин ман шуморо ќавме мебинам, ки нодонї мекунед.

30. Ва эй ќавми ман, агар ман онњоро биронам, кї ба ман аз (уќубати) Худо нусрат медињад? Оё панд намегиред?

31. Ва ба шумо намегўям, ки хазинањои Худо назди ман аст ва на он, ки ѓайбро медонам; ва намегўям, ки ман фаришта њастам; ва ба касоне, ки чашми шумо ба онњо ба хорї менигарад, намегўям, ки Худо ба онњо њељ неъмате нахоњад дод; Худо ба он чи дар замири онњост, Донотар аст. Њар оина ман он гоњ аз ситамкорон бошам».

32. Гуфтанд: «Эй Нўњ, бо мо љидол кардї; ва љидоли моро бисёр кардї, агар аз ростгўён њастї, пас, он чиро, ки ваъда мекунї, биёр».

33. Гуфт: «Љуз ин нест, ки Худо – агар хоњад – онро ба шумо биёрад. Ва шумо ољизкунанда нестед.

34. Ва агар ман хоњам, ки шуморо насињат кунам; ва агар Худо хоста бошад, ки шуморо гумроњ кунад, он насињати ман ба шумо суд намекунад. Ў Парвардигори шумо аст ва ба сўи Ў баргардонида мешавед».

35. Оё мегўянд: «Ќуръонро ба дурўѓ [ба Худо] барбастааст»? Бигў: «Агар барбастааам, пас, гуноњи ман бар ман аст ва ман аз гуноњ кардани шумо безорам».1

36. Ва ба сўи Нўњ вањй фиристода шуд, ки аз ќавми ту ба љуз оне, ки [то њол] мўъмин шудааст, [касе] имон нахоњад овард; пас, ту ба сабаби он чи мекарданд, андўњ махўр.

37. Ва киштиро ба њузури Мо ва ба фармони Мо бисоз ва дар бораи онон, ки ситам карданд, бо Ман сухан магў; њамоно онњо ѓарќшудагонанд.

38. Ва (Нўњ) киштиро месохт ва њар гоњ, ки љамоае аз ќавми ў бар он киштї мегузаштанд, бо вай тамасхур мекарданд; мегуфт: «Агар шумо бо мо тамасхур мекунед, пас, чунончи шумо тамасхур мекунед, њароина мо бо шумо тамасхур хоњем кард.

39. Пас, он касро хоњед донист, ки бар ў азобе биёяд, ки ўро расво кунад ва азоби доим бар вай фуруд ояд».

40. (Дар њамин муомила буд), то ваќте ки фармони Мо омад ва танўр биљўшид;2 гуфтем: «Дар киштї аз њар љинсе ду тан (– нару мода)-ро ва касони худро – магар он, ки бар вай гуфтаи Њаќ сабќат кардааст3 ва мўъминонро бардор». Ва бо вай ба љуз андаке [дигарон] имон наоварданд.

41. Ва (Нўњ) гуфт: «Дар киштї савор шавед; равон шудани вай ва истодани вай ба номи Худо аст. Њамоно Парвардигори ман Омурзандаи Мењрубон аст».

42. Ва он киштї онњоро дар мавље монанди кўњњо мебурд ва Нўњ писари худро овоз дод – ва ў дар карона буд: «Эй писараки ман, бо мо савор шав ва бо кофирон мабош».

43. Гуфт: «Ба сўи кўње, ки маро аз об нигоњ медорад, паноњ хоњам гирифт». (Нўњ) гуфт: «Имрўз аз азоби Худо њељ нигоњдорандае нест, магар он, ки Худо бар вай рањм карда бошад». Ва мављ миёни онњо њоил шуд. Пас, аз ѓарќшудагон гардид.

44. Ва гуфта шуд: «Эй замин, оби худро фурў бар; ва эй осмон, бозмон».4 Ва об кам карда шуд; ва кор саранљом намуда шуд; ва киштї бар кўњи Људї ќарор гирифт; ва гуфта шуд: «Њалок бод бар ќавми ситамкорон!»

45. Ва Нўњ Парвардигори худро овоз дод, пас гуфт: «Эй Парвардигори ман, њамоно писари ман аз ањли ман аст ва ба дурустї ки ваъдаи Ту рост аст ва Ту Бењтарини њукмкунандагон њастї».

46. Гуфт: «Эй Нўњ, ба дурустї ки вай аз касони ту нест, њамоно вай (соњиби) кори ношоиста аст, пас, ту Маро аз чизе суол макун, ки туро дониши он нест. Ба дурустї ки Ман туро панд медињам барои эњтироз аз он ки аз љоњилон бошї».

47. Гуфт: «Эй Парвардигори ман, њамоно ман ба Ту паноњ мебарам аз он, ки аз Ту он чиро бипурсам, ки маро дониши он нест. Ва агар маро наомурзї ва бар ман рањмат накунї, аз зиёнкорон бошам».

48. Гуфта шуд: «Эй Нўњ, фуруд ой бо саломатї аз љониби Мо ва њамроњи баракатњое, ки фуруд омадааст бар ту ва бар умматњое, ки аз њамроњони ту пайдо шаванд; ва умматњое дигаранд, ки онњоро (дар дунё) бањраманд мекунем, сипас ба онњо аз љониби Мо азоби дарддињанда бирасад».

49. Ин ќисса аз ахбори ѓайб аст, онро ба сўи ту вањй мефиристем; онро ту ва ќавми ту пеш аз ин намедонистед. Пас, сабр кун, ба дурустї ки оќибат аз они парњезгорон аст.

50. Ва ба сўи Од бародарашон Њудро (фиристодем), гуфт: «Худоро ибодат кунед, шуморо ба љуз Вай њељ маъбуде нест. Шумо ба љуз ифтирокунанда [каси дигар] нестед.

51. Эй ќавми ман, аз шумо барои ин пайѓом муздеро наметалабам; музди ман [бар касе] нест, магар бар Он, ки маро офаридааст. Оё [ба аќл] дар намеёбед?

52. Ва эй ќавми ман, аз Парвардигори худ омурзиш талабед, боз ба сўи Ў руљўъ кунед, то абри резонгаштаро бар шумо бифиристад ва ба шумо ќувват њамроњи ќуввати шумо биафзояд; ва гуноњкор шуда, рўгардон машавед».

53. Гуфтанд: «Эй Њуд, барои мо далеле наовардї ва мо ба гуфтаи ту маъбудони худро тарккунанда нестем; ва мо туро бовардоранда нестем.

54. Мо [чизе] намегўем, магар он ки баъзе маъбудон ба ту зараре расонидаанд». Гуфт: «Ба дурустї ки ман Худоро гувоњ месозам ва шумо гувоњ бошед, ки ман аз он чи шумо шарик мегиред, безорам –

55. – ба љуз Вай. Пас, њама якљо дар њаќќи ман бадсиголї кунед ва маро мўњлат мадињед.

56. Њамоно ман бар Худо – Парвардигори ман ва Парвардигори шумо таваккул кардам. Њељ љунбандае нест, магар он ки Худо мўи пешонии ўро ба даст гирифтааст.1 Њамоно Парвардигори ман бар роњи рост аст.2

57. Пас, агар рўгардон шавед,3 ба дурустї ки ман пайѓомеро, ки њамроњи он ба сўи шумо фиристода шудаам, ба шумо расонидам; Парвардигори ман ба ѓайр аз шумо ќавмеро љонишин месозад ва ба Худо њељ зиён расонида наметавонед. Њамоно Парвардигори ман ба њама чиз Нигањбон аст».

58. Ва чун азоби Мо омад, Њуд ва ононро, ки бо вай имон оварданд, ба рањмате аз љониби Худ наљот додем ва онњоро аз уќубати сахт бирањонидем.

59. Ва ин (саргузашти) Од аст, ки оёти Парвардигори худро инкор карданд ва пайѓамбарони Ўро нофармонї намуданд ва фармони њар саркаши ситезандаро пайравї карданд.

60. Ва аз паи онњо дар ин дунё ва рўзи ќиёмат низ лаънате фиристода шуд. Огоњ бош, њар оина Од ба Парвардигори худ кофир шуданд. Огоњ бош, нафрин бод бар Од, ки ќавми Њуд буданд.

61. Ва ба сўи Самуд бародарашон Солењро (фиристодем), гуфт: «Эй ќавми ман, Худоро ибодат кунед, шуморо ба љуз Вай њељ маъбуде нест; Ў шуморо аз замин пайдо кард ва шуморо дар замин бошанда гардонид; пас, аз Ў талаби омурзиш кунед ва боз ба сўи Ў руљўъ кунед. Њамоно, Парвардигори ман Наздик ва Пазирандаи дуо аст».

62. Гуфтанд: «Эй Солењ, ту дар миёни мо пеш аз ин мавриди умедвории мо будї; оё моро аз он манъ мекунї, ки маъбудонеро ибодат кунем, ки падарони мо ибодат мекарданд? Њамоно мо аз он чи моро ба сўи он мехонї, дар шубњаи ќавї њастем».

63. Гуфт: «Эй ќавми ман, оё дидед, ки агар ман аз Парвардигори худ бар њуљљате бошам ва Ў ба ман аз љониби Худ бахшоише ато карда бошад, агар нофармонии Ў кунам, пас, аз уќубати Худо кї маро нусрат медињад? Пас, шумо ба љуз зиёнкорї чизеро дар њаќќи ман зиёда намекунед.

64. Ва эй ќавми ман, ин модашутуре аст, ки (Худо) барои шумо нишона (фиристода) аст; пас, онро бигузоред, то дар замини Худо бихўрад ва ба вай њељ зараре марасонед, ки он гоњ шуморо азоби наздик бигирад».

65. Пас, онро пай заданд, пас (Солењ) гуфт: «Дар сарои худ се рўз бањраманд бошед; ин ваъдаи бедурўѓ аст».

66. Пас, ваќте ки фармони Мо омад, Солењ ва ононро, ки њамроњи вай имон оварданд, ба бахшоише аз љониби Худ наљот додем ва аз расвоии он рўз (рањонидем); Њамоно Парвардигори ту Тавонои Ѓолиб аст.

67. Ва ситамкоронро овози сахт даргирифт, пас, ба ваќти субњ дар сароњои худ мурда афтоданд.

68. Гўё њаргиз он љо набуданд. Огоњ бош, њамоно Самуд Парвардигори худро инкор карданд, њар оина дурї бод бар Самуд!

69. Ва ба дурустї ки фиристодагони Мо ба башорат пеши Иброњим омаданд, «салом» гуфтанд. (Иброњим) љавоби салом дод. Пас, дар он таваќќуфе накард, ки гўсолаи бирён овард.

70. Пас, чун дид, ки дастонашон ба он намерасад, аз онњо бад бурд ва тарсе аз онњо ба хотир овард. Гуфтанд: «Матарс, њамоно мо ба сўи ќавми Лут фиристода шудаем».

71. Ва зани Иброњим истода буд, пас бихандид.1 Пас, ба ў ба таваллуди Исњоќ ва баъди Исњоќ ба вуљуди Яъќуб мужда додем.

72. Гуфт: «Эй вои ман, оё хоњам зод, дар њоле ки ман пирам ва ин шавњари ман калонсол шудааст? Њамоно, ин чизе аљиб аст».

73. (Фариштагон) гуфтанд: «Оё аз ќудрати Худо тааљљуб мекунї? Эй ањли ин хона, бахшоиши Худо ва баракоти Ў бар шумо аст. Ба дурустї ки Худо Сутудаи Бузургвор аст».

74. Пас, чун аз Иброњим хавф рафт ва ба ў башорат омад, дар боби ќавми Лут ба Мо ба љидол кардан шурўъ намуд.

75. Њамоно Иброњим бурдбори тарскори ба Худо руљўъкунанда буд.

76. (Гуфтем:) «Эй Иброњим, аз ин љидол бигузар, ба дурустї (њол ин аст), ки уќубати Парвардигори ту омадааст; ва ба дурустї азобе, ки бозгардонида нашавад, ба он љамоа оянда аст».

77. Ва чун фиристодагони Мо пеши Лут омаданд, ба сабаби онњо андўњгин шуд ва барои онњо тангдил шуд1 ва гуфт: «Ин рўзе сахт аст».

78. Ва ќавми Лут шитобон ба сўи ў омаданд; ва пеш аз он корњои зишт мекарданд. (Лут) гуфт: «Инњо духтарони мананд, инњо барои шумо покизатаранд; пас, аз Худо битарсед ва маро дар боби мењмонони ман расво макунед. Оё аз шумо њељ марди шоистае њаст?»

79. Гуфтанд: «Њамоно ту медонї, ки моро дар духтарони ту њољате нест ва њар оина ту медонї, ки мо чї мехоњем».

80. Гуфт: «Агар маро ба муќобалаи шумо ќуввате мебуд, ё ба ќавми зўровар паноњ мегирифтам, [мекардам он чи мекардам]».

81. (Фариштагон) гуфтанд: «Эй Лут, ба дурустї ки мо фиристодагони Парвардигори ту њастем, ба ту нахоњанд расид; пас, ба [гузаштани] порае аз шаб касони худро бибар; ва бояд ки њељ кас аз шумо вопас нанигарад, магар зани ту, ки он чи ба ин ќавм мерасад, ба ў [низ] расиданї аст. Њар оина меодашон ваќти субњ аст. Оё субњ наздик нест?»

82. Пас, чун фармони Мо омад, забари он дењањоро зери он сохтем ва бар он љо сангњое аз (ќисми) санггили тањ ба тање боридем,

83. ки назди Парвардигори ту нишонаманд сохта шудааст. Ва ин сангњо аз ситамкорон дур нестанд.

84. Ва ба сўи ќавми Мадян бародарашон Шуайбро (фиристодем); гуфт: «Эй ќавми ман, Худоро ибодат кунед, шуморо љуз Вай њељ маъбуде нест; ва паймонаву тарозуро кам макунед; њамоно ман шуморо ба осудагї мебинам; ва њамоно ман бар шумо аз азоби рўзи фарогиранда2 метарсам.

85. Ва эй ќавми ман, паймонаву тарозуро ба инсоф комил кунед ва ба мардум чизњояшонро кам марасонед ва дар замин фасодкунон табоњкорї макунед.

86. Агар бовардоранда њастед, нафъе, ки Худо њалол сохтааст, барои шумо бењтар аст. Ва ман бар шумо нигањбон нестам».

87. Гуфтанд: «Эй Шуайб, оё намозат ба ту мефармояд, ки мо он чиро бигузорем, ки падарони мо мепарастиданд, ё онро (бигузорем), ки дар моли худ њар чи хоњем, бикунем? Ба дурустї ки ту марди бурдбори роњёфта њастї».3

88. Гуфт: «Эй ќавми ман, чї мебинед, агар аз Парвардигори худ бар њуљљате бошам ва ба ман аз љониби Худ рўзии нек дода бошад?4 Ва ман намехоњам дар он чи, ки шуморо аз он манъ мекунам, худ ба сўи он моил шуда, бо шумо мухолифат кунам5 ва то битавонам, ба љуз салоњкорї чизе намехоњам. Ва тавфиќи ман љуз ба фазли Худо [ба чизе] нест; бар Вай таваккул кардам ва ба сўи Ў руљўъ мекунам.

89. Ва эй ќавми ман, душмании ман шуморо ба он набарад, ки ба шумо он чи бирасад, ки ба ќавми Нўњ, ё ба ќавми Худ, ё ба ќавми Солењ расид; ва ќавми Лут аз шумо дур нест.

90. Ва аз Парвардигори худ талаби омурзиш кунед, боз ба сўи Ў руљўъ кунед. Ба дурустї ки Парвардигори ман Мењрубону Дўстдор аст».

91. Гуфтанд: «Эй Шуайб, бисёре аз он чиро, ки мегўї, мо намефањмем ва ба дурустї ки туро дар миёни худ нотавон мебинем ва агар ќабилаи ту намебуд, туро сангсор мекардем ва ту пеши мо гиромиќадр нестї».

92. Гуфт: «Эй ќавми ман, оё ќабилаи ман пеши шумо аз Худо гиромитар аст? Ва Худоро паси пушти хеш андохтаед. Њамоно Парвардигори ман ба он чи мекунед, Фарогиранда аст.

93. Ва эй ќавми ман, ба таври худ амал кунед, њамоно ман низ амалкунандаам. Ба зудї он касро хоњед донист, ки ба ў азоб биёяд ва ўро расво кунад; ва он касро, ки дурустгўй аст. Ва интизор баред, њамоно ман бо шумо мунтазирам».

94. Ва ваќте ки азоби Мо омад, Шуайб ва ононро, ки бо вай имон оварданд, ба бахшоише аз худ наљот додем; ва золимонро овози сахт даргирифт, пас, дар сароњои хеш [чунон] мурда афтода гаштанд,

95. ки гўё њаргиз он љо набуданд. Огоњ бош, дурї бод Мадянро, чунон ки Самуд дур афтоданд.

96. Ва ба дурустї ки Мўсоро бо нишонањои Худ ва бо далели равшан фиристодем –

97. – ба сўи Фиръавн ва љамоати ў. Пас, фармони Фиръавнро пайравї карданд; ва фармони Фиръавн ба роњи рост набуд.

98. Рўзи ќиёмат Фиръавн пешвои ќавми худ мешавад. Пас, онњоро ба оташ биёрад. Ва бад љое аст, ки вориди он шуданд.1

99. Ва аз паи онњо дар ин дунё ва рўзи ќиёмат низ лаънате фиристода шуд. Бад атое аст, ки дода шуд.2

100. Ин аз ахбори дењањо аст, ки онро бар ту мехонем, баъзе аз онњо боќианд ва баъзе аз бех буридаанд.

101. Ва Мо ба онњо ситам накардем, валекин онњо бар хештан ситам карданд, пас, ваќте ки фармони Парвардигори ту омад, он маъбудњояшон, ки ба љуз Худо мехонданд, аз онњо њељ [чизро] дафъ накарданд ва барои онњо ба љуз њалокї [њељ чизро] наафзуданд.

102. Ва њамчунин аст гирифтор кардани Парвардигори ту, чун [бихоњад, ки] дењањоро гирифтор кунад ва [чун] онњо ситамкор бошанд. Њамоно гирифти Вай дарддињандаи сахт аст.

103. Ба дурустї ки дар ин сухан барои касе, ки аз азоби охират метарсад, нишона њаст. Он рўз рўзе аст, ки мардумон дар он љамъ карда шаванд ва он рўз рўзе аст, ки њама дар вай њозир шаванд.

104. Ва онро ба љуз то муддати муайян мавќуф намедорем.

105. Рўзе, ки биёяд, њељ кас сухан нагўяд, магар ба иљозати Њаќ; пас, баъзеашон бадбахт ва баъзе некбахт бошанд.

106. Аммо онон, ки бадбахт шуданд, дар оташи дўзах бошанд, он љо барои онњо фарёди сахт ва нолаи зор бошад,1

107. дар њоле ки то муддати баќои осмонњову замин дар он љо љовидон бошанд, ба ѓайри ваќте ки Парвардигори ту хостааст. Ба дурустї ки Парвардигори ту он чи мехоњад, њамон мекунад.

108. Ва аммо онон, ки некбахт шуданд, дар бињиштанд, дар њоле ки то муддати баќои осмонњову замин дар он љо љовидон бошанд, ба ѓайри ваќте ки Парвардигори ту хостааст. [Ин] бахшише ѓайри мунќатеъ аст.

109. Пас, аз он чи ин гурўњ мепарастанд, дар шубња мабош, онњо ба љуз он чунон ки падаронашон пеш аз ин мепарастиданд, намепарастанд. Ва Мо, албатта, њиссаашонро2 ба онњо ба тамомї, нокоњида мерасонем.

110. Ва ба дурустї ки ба Мўсо Китоб додем; пас, дар он ихтилоф афтод. Ва агар сухане намебуд, ки собиќан аз Парвардигори ту содир шудааст, њамоно миёни онњо файсала карда мешуд. Ва онњо аз он дар шубњаи ќавианд.

111. Ва ба дурустї Парвардигори ту ба њар яки онон љазои кирдорашонро ба тамомї хоњад дод.3 Њамоно Вай ба он чи мекунанд, Доно аст.

112. Пас, чунон ки фармуда шудаї, устувор бош ту ва онон низ, ки њамроњи ту тавба кардаанд; ва аз њад магузаред. Њамоно Вай ба он чи мекунед, Бино аст.

113. Ва ба сўи онон, ки ситам карданд, майл макунед, ки он гоњ ба шумо оташ бирасад ва шуморо ба љуз Худо дўстон нестанд ва низ нусрат дода намешавед.

114. Ва намозро ду тарафи рўз ва соате чанд аз шаб барпо дор; њамоно тоатњо гуноњонро дур мекунанд. Ин барои пандпазирон панде аст.

115. Ва шикебої кун, ба дурустї ки Худо музди некўкоронро зоеъ намесозад.

116. Пас, чаро аз [мардумони] он ќарнњо, ки пеш аз шумо буданд, ањли хирад нашуданд, ки аз фасод дар замин манъ кунанд, магар он љамоаи андаке аз миёни онњо, ки наљот додем. Ва ситамкорон чизеро пайравї карданд, ки ба он осудагї дода шуданд4 ва гуноњкор буданд.

117. Ва Парвардигори ту њаргиз [чунон] нест, ки дењањоро дар њоле ки ањли онњо некўкор бошанд, ба ситам њалок кунад.

118. Ва агар Парвардигори ту мехост, албатта, мардумонро як миллат мегардонид. Ва [лекин] њамеша мухталиф бошанд.

119. Магар касе, ки Парвардигори ту бар вай рањм кардааст ва онњоро барои ин (ихтилоф) офаридааст. Ва сухани Парвардигори ту [бар ин] тамом шуд, ки албатта, аз љинну мардумон – њама якљо – дўзахро пур кунам.

120. Ва њар чизеро аз ахбори пайѓамбарон бар ту мехонем – он чизеро, ки ба он дили туро собит мегардонем. Ва дар ин (сура) сухани дуруст ва панде ва ёд кардание барои мўъминон ба ту омадааст.

121. Ва ба онон, ки имон намеоранд, бигў: «Бар таври худ кор кунед, њамоно мо низ кор мекунем.

122. Ва интизор кашед, њамоно мо низ мунтазиронем».

123. Ва илми ѓайби осмонњову замин аз они Худо аст ва њамаи корњо ба сўи Ў бозгардонида мешавад. Пас, Ўро ибодат кун ва бар Ў таваккул кун. Ва Парвардигори ту аз он чи мекунед, бехабар нест.



Достарыңызбен бөлісу:
1   ...   4   5   6   7   8   9   10   11   ...   33




©dereksiz.org 2024
әкімшілігінің қараңыз

    Басты бет