1. Сураи Фотиња (Кушоянда)



бет7/33
Дата12.07.2016
өлшемі2.57 Mb.
#195081
1   2   3   4   5   6   7   8   9   10   ...   33

8. Сураи Анфол (Ѓаниматњо)
Дар Мадина нозил шуд ва он њафтоду панљ оят ва дањ рукўъ аст
Ба номи Худои Бахшояндаи Мењрубон
1. Туро аз ѓаниматњо1 мепурсанд; бигў: «Ѓаниматњо аз они Худо ва расул аст».2 Пас, аз Худо битарсед ва он чиро, ки миёни шумо аст, ба салоњ оред; ва агар мўъмин њастед, ба Худо ва расули Ў фармонбардорї кунед.

2. Љуз ин нест, ки мўъминон он касоне њастанд, ки чун Худо ёд карда шавад, дилашон битарсад; ва чун оёти Худо бар онњо хонда шавад, он оёт имонашонро зиёда созанд; ва бар Парвардигори хеш таваккул мекунанд;

3. онон, ки намозро барпо медоранд ва аз он чи ба онњо рўзї додаем, харљ мекунанд.

4. Ин љамоат барњаќ мўъминонанд; барои онњо назди Парвардигорашон мартабањо ва омурзишу рўзии нек њаст.

5. Чунон ки Парвардигорат туро ба тадбири дуруст аз хонаат берун овард ва њамоно гурўње аз мўъминон нохушнуд буданд;

6. бо ту дар сухани рост – баъд аз он, ки зоњир шуд – муљодала мекарданд; гўё ба сўи марг ронда мешаванд; ва онњо дар он менигаранд.

7. Ва ваќтеро (ёд кун), ки Худо ба шумо ваъда медод, ки њамоно яке аз ду гурўњ шуморо бошад; ва дўст медоштед, ки гурўњи ѓайри љангї шуморо бошад. Ва Худо мехост, ки (дини) њаќро ба фармонњои хеш собит кунад ва бунёди кофиронро бибурад.

8. (Мехост,) то (дини) њаќро собит кунад ва (дини) ботилро бартараф кунад, агарчи гуноњкорон нохушнуд бошанд.

9. Он гоњ, ки аз Парвардигори хеш фарёдрасї мехостед, пас, дуои шуморо ќабул кард, ки «Ман бо њазор кас аз фариштагони аз паси якдигар оянда Мададкунандаи шумо њастам».

10. Ва Худо ин мададро нахост, магар барои мужда ва то дилњои шумо ба он ором гирад. Ва фатње нест, магар аз назди Худо. Ба дурустї ки Худо Ѓолиби Боњикмат аст.

11. Он гоњ, ки ба љињати эминї аз назди Худ шуморо бо пинаке пўшонид ва бар шумо аз осмон оби борон фуруд овард, то шуморо ба он пок кунад ва аз шумо олудагии Шайтонро бибарад ва то дилњоятонро устувор дорад ва пойњоятонро ба он муњкам кунад.

12. Он гоњ, ки Парвардигори ту ба сўи фариштагон вањй мефиристод, ки: «Ман бо шумоам, пас, мўъминонро устувор созед; Ман дар дили кофирон тарс хоњам афканд. Пас, болои гарданњоро бизанед ва аз онњо њар тарафи дасту пойро бизанед».

13. Ин ба сабаби он аст, ки онњо бо Худо ва расули Ў хилоф карданд. Ва њар ки бо Худо ва расули Ў хилоф кунад, пас, Худо сахтуќубат аст.

14. Инро бичашед ва (бидонед, ки) азоби оташ барои кофирон аст.

15. Эй мўъминон, чун бо кофирон анбўњ карда, ба њам оед, пас, ба сўи онњо пуштро магардонед.

16. Ва он рўз њар ки ба сўи онњо паси худро бигардонад, магар руљўъкунон барои љанге, ё паноњљўён ба сўи гурўње, пас, ба дурустї ки ба хашме аз Худо бозгардад; ва љои ў љањаннам аст; ва бад љое аст.

17. Пас, шумо ин љамоаро накуштед, валекин Худо онњоро кушт. Ва ваќте ки афкандї,1 ту наафкандї, валекин Худо афканд, то аз назди Хеш ба мўъминон ато кунад – атои некў. Ба дурустї ки Худо Шунавои Доно аст.

18. Њол ин буд; ва (бидонед, ки) Худо сусткунандаи њилаи кофирон аст.

19. Агар талаби фатњ мекардед,2 пас, фатњ ба шумо омад. Ва агар бозистед, он барои шумо бењтар аст; ва агар бозгардед,3 бозгардем.4 Ва љамоати шумо – агарчи бисёр бошад њам, аз шумо њељ чизро дафъ накунад. Ва (бидонед, ки) Худо бо мўъминон аст.

20. Эй мўъминон, дар он њол ки шумо мешунавед, ба Худо ва расули Ў фармонбардорї кунед ва аз вай рўй магардонед.

21. Ва монанди касоне машавед, ки гуфтанд: «Шунидем». Ва онњо намешунаванд.5

22. Ба дурустї ки бадтарини љунбандагон назди Худо карон, гунгон њастанд, ки ба аќл дарнамеёбанд.

23. Агар Худо дар онњо некўие медонист, албатта, онњоро мешунавонид.1 Ва агар онњоро мешунавонид, [боз њам] рўйгардон шуда, бармегаштанд.

24. Эй мўъминон, чун Худову расул шуморо барои он [чиз], ки шуморо зиндадил месозад, бихонанд, (он хонданро) ќабул кунед. Ва бидонед, ки Худо дар миёни марду дили ў њоил мешавад;2 ва (бидонед, ки) ба сўи Ў барангехта хоњед шуд.

25. Ва аз он фитнае бипарњезед, ки хосса [ва танњо] ба касоне аз шумо, ки ситам карданд, намерасад;3 ва бидонед, ки њамоно Худо сахтуќубат аст.

26. Ёд кунед4 он ваќтро, ки шумо дар замин5 андак ва дар шумори нотавонон будед; аз он метарсидед, ки мардумон шуморо бирабоянд. Пас, ба шумо љой дод6 ва ба нусрати Худ ба шумо ќувват дод ва ба шумо аз чизњои покиза рўзї дод, то шавад ки сипосдорї кунед.

27. Эй мўъминон, ба Худову расул хиёнат макунед ва дар амонатњои якдигар хиёнат макунед; ва [њол он, ки] шумо медонед.

28. Ва бидонед, ки молњои шумову фарзандони шумо озмоиш аст; ва он, ки назди Худо музди бузург аст.

29. Эй мўъминон, агар аз Худо битарсед, барои шумо файсалаеро7 пайдо кунад ва аз шумо гуноњони шуморо даргузарад ва шуморо биомурзад. Ва Худо соњиби фазли бузург аст.

30. Ва он гоњ(-ро ёд кун), ки кофирон дар њаќќи ту бадсиголї мекарданд, то туро њабс кунанд, ё бикушанд, ё љалои ватан кунанд. Ва онњо бадсиголї мекарданд ва Худо бадсиголї мекард; ва Худо Бењтарин бадсиголикунандагон аст.

31. Ва чун оёти Мо бар ин љамоа хонда шавад, гўянд: «Шунидем, агар хоњем, монанди он бигўем; ин ба љуз афсонаи пешиниён чизе нест».

32. Ва он гоњ, ки гуфтанд: «Бор Худоё, агар ин (Ќуръон) рост ва аз назди Ту аст, пас бар мо аз осмон сангро биборон; ё бар мо азоби дарднокро биёр».

33. Ва [чунон] нест, ки то ту дар миёни онњо бошї, Худо онњоро азоб кунад; ва то онњо талаби омурзиш мекунанд, Худо њаргиз азобкунандаи онњо нест.8

34. Ва онњоро чист, ки Худо азоб накунадашон? – Њол он, ки онњо мардумро аз Масљиду-л-Њаром бозмедоранд ва сазовори он љо нестанд. Сазовори он љо ба љуз парњезгорон касе нест, валекин бештарини онњо намедонанд.

35. Ва намози онњо назди Каъба ба љуз сафир кардан9 ва дастак задан чизе нест. Пас, ба сабаби кофир шудани худ азобро бичашед.

36. Ба дурустї ки кофирон амволи худро харљ мекунанд, то (мардумонро) аз роњи Худо боздоранд. Пас, зуд бошад, ки онро харљ кунанд; сипас (он харљ кардан) барои онњо пушаймонї бошад, сипас маѓлуб шаванд. Ва кофирон ба сўи дўзах њашр шаванд.

37. То Худо нопокро аз пок људо созад; ва баъзеи нопокро бар баъзе бинињад ва он њамаро якљо тўда созад, пас, онро ба дўзах дарорад. Ин љамоат зиёнкоронанд.

38. Ба кофирон бигў, ки агар бозистанд, ба онњо он чи гузашт, омурзида шавад; ва агар бозгарданд, пас, ба дурустї ки равиши пешиниён гузаштааст.1

39. Ва бо онњо корзор кунед, то он ки њељ фитна2 набошад; ва дин њама барои Худо бошад, Пас агар бозистанд,3 њамоно Худо ба он чи мекунанд, Бино аст.

40. Ва агар рўй бигардонанд,4 пас, бидонед, ки Худо мададгори шумо аст; Вай нек мададгор ва нек ёридињанда аст.

41. Ва агар ба Худо ва ба он чи бар бандаи Хеш рўзи људо шудани њаќќ аз ботил – рўзе, ки ду гурўњ ба њам омаданд, фурў фиристодем, имон овардаед,5 бидонед, ки он чи аз њар љинс ѓанимат ёфтед, пас, панљуми њиссааш аз они Худову пайѓамбару хешовандон6 ва ятимону дарвешону мусофирон аст.7 Ва Худо бар њама чиз Тавоно аст.

42. Ёд оред, ки шумо ба канораи [водии] наздиктар [ба Мадина] будед ва онњо – ба канораи [водии] дуртар [аз Мадина]; ва корвон – поинтар аз шумо.8 Ва агар ваъдаи љангро бо якдигар муќаррар мекардед, албатта, бар [он] ваъда ихтилоф менамудед. Валекин Худо (љамъ кард), то кореро, ки карданї буд, ба анљом расонад; ва то касе њалок шуданї аст, бо њуљљати равшан њалок шавад; ва касе, ки зинда монданї аст, бо њуљљати равшан зинда монад. Ва ба дурустї ки Худо Шунавои Доно аст.

43. Он гоњ, ки Худо дар хобат [миќдори] онњоро ба ту андак намоёнид; ва агар онњоро бисёр менамоёнид, албатта, буздилї мекардед ва бо якдигар дар кор низоъ менамудед. Валекин Худо саломат дошт.9 Ба дурустї ки Вай ба он чи дар синањост, Доно аст.

44. Ва он гоњ, ки чун рў ба рў шудед, онњоро дар чашми шумо андак бинамоёнид ва шуморо дар чашми онон кам намуд, то Худо кореро, ки карданї буд, ба анљом расонад. Ва корњо ба сўи Худо бозгардонида мешаванд.

45. Эй мўъминон, чун бо гурўње рў ба рў шавед, пас, собит бошед ва Худоро бисёр ёд кунед; бувад ки шумо растагор шавед.

46. Ва ба Худову расули Ў фармонбардорї кунед ва бо якдигар низоъ макунед, ки (дар ин сурат) буздил шавед; ва давлату ќуввати шумо биравад; ва шикебої варзед. Ба дурустї ки Худо бо шикебоён аст.

47. Ва монанди касоне мабошед, ки аз рўи саркашї ва худнамої ба мардумон аз хонањои худ берун омаданд; ва аз роњи Худо бозмедоранд. Ва Худо ба он чи мекунанд, Фарогиранда аст.

48. Он гоњ, ки Шайтон барои ин кофирон кирдорњояшонро биоросту гуфт: «Имрўз њељ кас аз мардумон бар шумо ѓалабакунанда нест ва њамоно ман шуморо мададкунандаам». Пас, чун њар ду гурўњ рў ба рў шуданд, [Шайтон] бар пошнањои худ бозгашту гуфт: «Њар оина ман аз шумо бетааллуќам; ба дурустї, ман он чиро мебинам, ки шумо намебинед; њамоно ман аз Худо метарсам». Ва Худо сахтуќубат аст.

49. Он гоњ, ки мунофиќон ва онон, ки дар дилашон беморист, мегуфтанд: «Инњоро1 динашон фирефта кардааст». Ва њар ки бар Худо таваккул кунад, пас, ба дурустї ки Худо Ѓолиби Дурусткор аст.

50. Ва агар медидї, (тааљљуб мекард, ки) чун фариштагон арвоњи кофиронро ќабз мекунанд, бар рўяшон ва бар пушташон мезананду мегўянд: «Азоби сўзонро бичашед».

51. Ин ба сабаби он кирдор аст, ки дасти шумо пеш фиристодааст; ва (ба сабаби он аст, ки) Худо бар бандагон зулмкунанда нест.

52. Монанди одати ќавми Фиръавн ва касоне, ки пеш аз онњо буданд: ба оёти Худо кофир шуданд. Пас Худо онњоро ба гуноњонашон гирифтор кард. Ба дурустї ки Худо Тавонои сахтуќубат аст.

53. Ин ба сабаби он аст, ки Худо њаргиз таѓйирдињандаи њељ неъмате нест, ки онро ба ќавме инъом карда бошад; то он, ки онњо њолеро, ки дар зоти худашон аст, таѓйир дињанд.2 Ва (ба сабаби он аст, ки) Худо Шунавои Доно аст.

54. Монанди одати ќавми Фиръавн ва касоне, ки пеш аз онњо буданд: оёти Парвардигори хешро дурўѓ шумурданд; пас Мо онњоро ба гуноњонашон њалок кардем; ва ќавми Фиръавнро ѓарќ сохтем. Ва њама ситамкор буданд.

55. Ба дурустї, бадтарини љунбандагон назди Худо ононанд, ки кофир шуданд; пас имон намеоранд;

56. – касоне, ки ту бо онон ањд бастаї, сипас дар њар мартаба ањди худро мешикананд; ва онњо парњез намекунанд.3

57. Пас, агар онњоро дар љанг биёбї, ба сабаби бо онњо љанг кардан касонеро мутафарриќ соз, ки аз паси пушти онњо бошанд; бувад ки пандпазир шаванд.

58. Ва агар аз гурўње хиёнатро тарс дорї, пас, ба навъе, ки њама баробар шаванд, ањдашонро ба сўи онњо бозгардон.4 Ба дурустї ки Худо хиёнаткунандагонро дўст намедорад.

59. Ва бояд ки кофирон напиндоранд, ки онњо пешдастї кардаанд; ба дурустї ки онњо [Худоро] ољиз натавонанд сохт.

60. Ва он чи метавонед аз нерў ва аз омода доштани аспон барои онњо муњайё созед, [то] бо он душмани Худо ва душмани худатон ва низ, ба љуз онњо, ќавме дигарро, ки шумо онњоро намедонед, Худо онњоро медонад,1 битарсонед. Ва он чи – аз њар чи бошад – дар роњи Худо харљ мекунед, ба шумо тамом дода шавад;2 ва шумо ситам карда нашавед.

61. Ва агар ба сулњ майл кунанд, ту њам ба сўи он майл кун; ва бар Худо таваккул кун. Ба дурустї ки Вай Шунавои Доно аст.

62. Ва агар хоњанд, ки туро фиреб дињанд, пас, туро Худо кифояткунанда аст; Ў Њамон аст, ки бо ёрї додани Худ ва бо мўъминон ба ту ќувват дод.

63. Ва (Њамон аст, ки) миёни дилњояшон улфат дод; агар ту њамаи он чиро, ки дар замин аст – якљо, харљ мекардї, миёни дилњояшон улфат намедодї. Валекин Худо дар миёни онњо улфат афканд. Ба дурустї ки Вай Ѓолиби Боњикмат аст.

64. Эй пайѓамбар, туро Худо ва онњое аз мўъминон, ки пайравии ту карданд, кифояткунанда њастанд.

65. Эй пайѓамбар, мўъминонро бар љанг тарѓиб кун; агар аз шумо бист кас сабркунанда бошанд, бар дусад кас ѓолиб шаванд; ва агар аз шумо сад кас бошанд, бар њазор кас аз кофирон ѓолиб шаванд – ба сабаби он, ки онњо гурўње њастанд, ки намефањманд.

66. Акнун Худо аз сари шумо сабук сохт ва донист, ки дар миёни шумо заъфе њаст. Пас, агар аз шумо сад кас шикебо бошанд, бар дусад кас ѓолиб оянд; ва агар аз шумо њазор кас бошанд, ба фармони Худо бар ду њазор кас ѓолиб оянд; ва Худо бо собирон аст.

67. Пайѓамбарро сазовор нест, ки ба дасти вай асирон бошанд, то он ки дар замин ќатли бисёр ба вуљуд орад. Шумо моли дунёро мехоњед ва Худо (маслињати) охиратро мехоњад. Ва Худо Ѓолиби Боњикмат аст.

68. Агар њукми Худо пешї гирифта намебуд, ба шумо – дар он чи гирифтед – азоби бузург мерасид.

69. Пас, аз он чи бихўред, ки њалоли покиза ѓанимат гирифтаед; ва аз Худо битарсед. Ба дурустї ки Худо Омурзандаи Мењрубон аст.

70. Эй пайѓамбар, ба онон аз асирон, ки дар дасти шумо њастанд, бигў: «Агар Худо дар дили шумо некие донад, албатта, ба шумо бењтар аз он чи бидињад, ки аз шумо гирифта шуд ва шуморо биомурзад». Ва Худо Омурзандаи Мењрубон аст.

71. Агар бо ту хиёнат [кардан] хоњанд, пас, њамоно, пеш аз ин бо Худо хиёнат карда буданд. Пас [Худо туро] бар онњо ќудрат дод. Ва Худо Донои Боњикмат аст.

72. Ба дурустї, онон, ки имон оварданд ва њиљрат карданд ва бо молу љони худ дар роњи Худо љињод намуданд;1 ва онон, ки љой доданд ва нусрат карданд2 – он љамоае њастанд, ки баъзеашон корсози баъзеанд. Ва аз онон, ки имон оварданд ва њиљрат накарданд, барои шумо аз корсозї њељ чиз нестанд, то он ки њиљрат кунанд. Ва агар аз шумо дар кори дин мадад талаб кунанд, пас, бар шумо ёрї кардан лозим аст, магар бар [зидди] љамоае, ки миёни шумо ва миёни онњо ањд бошад. Ва Худо ба он чи мекунед, Бино аст.

73. Ва онон, ки кофир шуданд – баъзеашон корсози баъзеанд. Агар ин корро3 накунед, дар замин фитнаву фасоди бузург бошад.

74. Ва онон, ки имон оварданд ва њиљрат карданд ва дар роњи Худо љињод намуданд; ва онон ки љой доданд ва нусрат карданд – њамоно ба њаќиќат мўъминонанд, барои онњо омурзиш ва рўзии нек аст.

75. Ва онон, ки пас аз ин имон оварданд ва њиљрат намуданд ва њамроњи шумо љињод карданд, низ аз шумоанд ва дар њукми Худо баъзе аз соњибони ќаробат ба баъзеи дигар наздиктаранд. Ба дурустї ки Худо ба њама чиз Доно аст.
9. Сураи Тавба4
Дар Мадина нозил шуд ва он яксаду бисту нўњ оят ва шонздањ рукўъ аст
1. Ин безорї аст аз љониби Худо ва расули Ў ба сўи ононе аз мушрикон, ки бо онњо ањд баста будед.

2. Пас, чањор моњ дар замин сайр кунед5 ва бидонед, ки шумо ољизкунандаи Худо нестед; ва Худо расвокунандаи кофирон аст.

3. Ва дар рўзи Њаљљи бузург хабар расонидан аз љониби Худову расули Ў ба сўи мардумон аст, ки Худову расули Ў аз мушрикон безоранд. Пас, агар тавба кунед, он барои шумо бењтар бошад ва агар рўй бигардонед, пас, бидонед, ки шумо ољизкунунандаи Худо нестед. Ва кофиронро ба азоби дарддињанда хабар дењ.

4. Магар онон аз мушрикон, ки бо онњо ањд баста будед, сипас бо шумо дар чизе камї накарданд ва бар [зидди] шумо касеро мадад надоданд. Пас, бо онњо ањди онњоро то муддаташон ба вафо расонед. Ба дурустї ки Худо парњезгоронро дўст медорад.

5. Пас, чун моњњои њаром охир шаванд,6 мушриконро њар љо, ки биёбед, бикушед; ва онњоро бигиред ва дар банд кунед; ва барои онњо ба њар камингоњ бинишинед. Пас, агар тавба кунанд ва намозро барпо доранд ва закотро бидињанд, пас, роњи онњоро бигузоред. Ба дурустї ки Худо Омурзандаи Мењрубон аст.

6. Ва агар касе аз мушрикон аз ту талаби амон кунад, пас ўро амон дењ, то каломи Худоро бишунавад, сипас, ўро ба љои эминии вай бирасон. Ва ин ба сабаби он аст, ки онњо гурўње њастанд, ки намедонанд.

7. Чї гуна мушриконро назди Худову расул ањд бошад? Магар онон, ки назди Масљиду-л-Њаром бо онњо ањд баста будед.1 Пас, модом ки онњо (бар ањд) барои шумо собит бошанд, шумо низ барои онњо собит бошед. Ба дурустї ки Худо парњезгоронро дўст медорад.

8. Чї гуна (мушриконро ањд) бошад? Ва агар бар шумо ѓолиб оянд, дар боби шумо на њаќќи хеширо нигоњ доранд ва на ањдро; шуморо ба забонњои хеш ризоманд месозанд ва дилњояшон ќабул намекунад ва бештаринашон фосиќонанд.

9. Оятњои Худоро ба бањои андак харид карданд,2 пас, мардумонро аз роњи Худо боздоштанд. Њамоно онњо бад коре аст, ки мекарданд.

10. Дар боби њељ мўъмине на њаќќи хеширо нигоњ медоранд ва на ањдро. Ва ин љамоа аз њад гузаштагонанд.

11. Пас, агар тавба кунанд ва намозро барпо доранд ва закотро бидињанд, пас, онњо дар дин бародарони шумо њастанд. Ва Мо оётро барои гурўње, ки медонанд, возењ месозем.

12. Ва агар пас аз ањд бастанашон савгандњои хешро бишикананд ва дар дини шумо таъна зананд, пас, бо пешвоёни куфр корзор кунед; ба дурустї ки онњоро ањду паймоне нест; бошад ки онњо бозмонанд.

13. Оё бо гурўње, ки савгандњои хешро шикастанд ва љалои ватан сохтани пайѓамбарро ќасд карданд, љанг намекунед? Ва онњо ањдшиканиро бо шумо нахустин бор ибтидо карданд. Оё аз онњо метарсед? Агар мўъмин њастед, пас, Худо ба он сазовортар аст, ки аз Вай битарсед.

14. Бо онњо љанг кунед, то Худо онњоро бо дасти шумо азоб кунад ва онњоро расво созад; ва шуморо бар онњо нусрат дињад; ва ба синањои гурўњи мўъминон шифо бахшад;

15. ва андўњи дили онњоро дур кунад. Ва Худо бар њар ки хоњад, ба рањмат бозмегардад; ва Худо Донои Устуворкор аст.

16. Оё гумон кардед, ки гузошта шавед ва [дар њоле, ки] Худо њанўз касонеро аз шумо мутамаййиз насохтааст, ки љињод кардаанд ва ба љуз Худо ва пайѓамбари Ў ва мўъминон њељ дўсти пинњонї нагирифтаанд? Ва Худо ба он чи мекунед, Доно аст.

17. Мушриконро, ки бар худ ба куфр эътироф мекунанд, раво набошад, ки масљидњои Худоро обод созанд. Амалњои онњо ботил шуд; ва онњо њамеша бошандаи оташанд.

18. Љуз ин нест, ки масљидњои Худоро касе иморат мекунад, ки ба Худо ва ба рўзи охир имон овардааст ва намозро барпо медорад ва закотро медињад ва ба љуз аз Худо [аз касе] наметарсад. Пас, умед аст, ки ин љамоа аз роњёфтагон бошанд.

19. Оё об нўшонидани њољиён ва обод сохтани Масљиду-л-Њаромро ба амали касе монанд кардед, ки ба Худо ва рўзи охир имон овардааст ва дар роњи Худо љињод кардааст? Назди Худо баробар нестанд. Ва Худо ба гурўњи ситамкорон роњ наменамояд.

20. Онон, ки имон оварданд ва њиљрат карданд ва дар роњи Худо бо амволу љони хеш љињод намуданд, назди Худо дар мартаба бузургтаранд; ва ин љамоа зафарёфтагон њастанд.

21. Парвардигорашон онњоро ба рањмат аз назди Худ ва хушнудї ва бўстонњое мужда медињад, ки барои онњо дар он љо неъмати доим бошад,

22. [дар њоле, ки] дар он љо њамеша [љовидон] бошанда њастанд. Ба дурустї ки музди бузург назди Худо аст.

23. Эй мўъминон, агар падарону бародарони шумо куфрро бар имон ихтиёр кунанд, онњоро дўст магиред. Ва касоне аз шумо, ки бо онњо дўстї доранд, њамонњо ситамкоронанд.

24. Бигў: «Агар падарони шумову писарони шумову занони шумову хешовандони шумо; ва он молњое, ки онро касб кардаед; ва тиљорате, ки аз касоди он метарсед; ва манзилњое, ки онро писанд мекунед, назди шумо аз Худову расули Ў; ва аз љињод дар роњи Ў дўстдоштатар бошанд, пас, нигарон бошед, то он ки Худо уќубати Худро биёрад. Ва Худо ба гурўњи фосиќон роњ наменамояд».

25. Ба дурустї ки Худо шуморо дар љойњои бисёр нусрат дод; ва низ рўзи Њунайн, чун бисёриатон шуморо ба шигифт овард, пас, он бисёрї чизеро аз шумо дафъ накард; ва замин – бо вуљуди фарохиаш – бар шумо танг шуд ва пушт дода баргаштед.1

26. Сипас, Худо таскини Худро бар пайѓамбар ва мўъминон фурў фиристод ва лашкарњоеро фурў фиристод, ки шумо онњоро надидед; ва кофиронро азоб кард. Ва ин аст љазои кофирон!

27. Боз, баъд аз ин, Худо бар њар ки хоњад, ба рањмат бозмегардад;2 ва Худо Омурзандаи Мењрубон аст.

28. Эй мўъминон, љуз ин нест, ки мушрикон палиданд, пас, баъд аз ин сол бояд ки ба Масљиду-л-Њаром наздик нашаванд. Ва агар аз дарвешї метарсед,3 пас, Худо – агар хоњад – шуморо аз фазли Худ тавонгар хоњад сохт. Ба дурустї ки Худо Донои Дурусткор аст.

29. Аз ањли Китоб ба касоне љанг кунед, ки ба Худо ва рўзи охир имон намеоранд; ва он чиро, ки Худову пайѓамбари Ў њаром кардаанд, њаром намешумурданд; ва дини дурустро ихтиёр намекунанд – то он, ки аз дасти худ, хор шуда, љизя бидињанд.

30. Ва яњудиён гуфтанд, ки Узайр писари Худо аст ва насрониён гуфтанд, ки Масењ писари Худо аст. Ин ќавли онњо аст, ки ба забонњояшон [мегўянд;1 ва онро] бо сухани ќавме, ки пеш аз ин кофир шуданд,2 монанд мекунанд. Худо онњоро лаънат кунад! Чї гуна баргардонида мешаванд?3

31. Донишмандону зоњидони худ ва Масењ писари Марямро ба љуз Худо парвардигор гирифтанд; ва [њол он, ки ба чизе] фармуда нашудаанд, магар он ки Як Худоро ибодат кунанд, – ки ба љуз Вай њељ маъбуде нест; Вай аз он чи шарики Ў муќаррар мекунанд, Пок аст.

32. Мехоњанд, ки нури Худоро ба дањони худ фурў нишонанд.4 Ва Худо ќабул намекунад, магар он, ки нури Худро тамом созад, агарчи кофирон нохуш шаванд.

33. Ў Он аст, ки пайѓамбари Худро ба њидоят ва дини рост фиристод, то онро бар њамаи динњо ѓолиб кунад, агарчи мушрикон нохуш шаванд.

34. Эй мўъминон, ба дурустї ки бисёре аз донишмандон ва зоњидон(-и ањли Китоб) амволи мардумонро ба ботил мехўранд ва аз роњи Худо бозмедоранд. Ва ононро, ки зару нуќраро захира мекунанд ва онро дар роњи Худо харљ наменамоянд,5 ба азоби дарднок башорат дењ –

35. ба рўзе, ки бар он (мол) оташи дўзах гарм карда шавад,6 пас, пешонию пањлўву пушти онњо бо он доѓ карда шавад; (гуфта шавад:) ин аст он чи, ки барои худ захира нињодед. Пас, он чиро, ки захира мекардед, бичашед!

36. Ба дурустї, шумораи моњњо назди Худо дар Китоби Худо, аз рўзе, ки осмонњову заминро офарид, дувоздањ моњ аст. Аз он љумла чањор моњи њаром аст.7 Ин аст дини дуруст. Пас, дар он чањор моњ бар хештан ситам макунед.8 Ва бо њамаи мушрикон љанг кунед, чунон ки онњо бо њамаи шумо љанг мекунанд. Ва бидонед, ки Худо бо парњезгорон аст.

37. Љуз ин нест, ки насї9 зиёдатї дар куфр аст, бо он кофирон гумроњ гардонида мешаванд; он моњро як сол њалол мешумурданд ва онро соли дигар њаром мешумурданд, то бо шумораи он чи, ки Худо њаром сохтааст, мувофиќат кунанд. Пас чизеро њалол созанд, ки Худо њаром сохтааст. Кирдорњои бадашон барои онњо ороста карда шудааст. Ва Худо ба ќавми кофирон роњ наменамояд.

38. Эй мўъминон, шуморо чист, ки чун ба шумо гуфта мешавад: «Дар роњи Худо берун оед», – гарон шуда ба сўи замин майл мекунед? Оё дар ивази охират ба зиндагонии дунё ризоманд шудед? Пас, матои зиндагонии дунё дар баробари охират, ба љуз андаке, чизе нест.

39. Агар берун наоед, шуморо азоб кунад – азоби дарддињанда; ва ба љуз шумо ќавмеро бадали шумо гирад; ва ба Худо њељ зиёне намерасонед. Ва Худо бар њама чиз Тавоно аст.

40. Агар пайѓамбарро нусрат надињед (чї бок?) Ба дурустї ки Худо ўро нусрат додааст: он гоњ, ки кофирон ўро дар њоли дуюми ду кас будан берун карданд; он гоњ, ки ин ду кас дар ѓор буданд; он гоњ, ки ёри худро1 мегуфт: «Андўњ махўр, ба дурустї ки Худо бо мост». Пас, Худо таскини Худро бар пайѓамбар фурў фиристод; ва ба ў бо лашкарњое, ки шумо онро надидед, ќувват дод; ва сухани кофиронро фурўтар сохт. Ва сухани Худо баланд аст; ва Худо Ѓолиби Дурусткор аст.

41. Сабукбору гаронбор берун оед ва ба молу љони худ дар роњи Худо љињод кунед; агар медонед, ин барои шумо бењтар аст.

42. Агар нафъи ќарибулњусул ва сафари осон мебуд,2 ба ту пайравї мекарданд. Валекин масофати роњ ба онњо дур намуд. Ва ба Худо савганд хоњанд хўрд, ки агар метавонистем, бо шумо берун меомадем. Хешро њалок мекунанд.3 Ва Худо медонад, ки онњо дурўѓгўянд.

43. Худо туро афв кунад, чаро ба онњо рухсат додї? (Манъи рухсат) то он (ваќт буд), ки ростгўён њувайдо шаванд ва дурўѓгўёнро бидонї.

44. Онон, ки ба Худо ва рўзи охир имон овардаанд, (дар тахаллуф) аз он, ки бо амволу љони хеш љињод кунанд, аз ту рухсат наметалабанд. Ва Худо ба парњезгорон Доно аст.

45. Љуз ин нест, ки аз ту касоне рухсат металабанд, ки ба Худо ва рўзи охир имон наовардаанд ва дилњояшон шак овардааст; пас онњо дар шакки худ саргардон шудаанд.

46. Ва агар берун омадан мехостанд, барои он сомони сафарро муњайё мекарданд. Валекин Худо барангехтани онњоро нописанд дошт, пас, онњоро аз њаракат боздошт. Ва гуфта шуд: «Бо нишинандагон бинишинед».

47. Ва агар дар миёни шумо берун мешуданд, дар њаќќи шумо чизе ба љуз фасод намеафзуданд ва албатта, фитнаљўён дар њаќќи шумо, дар миёни шумо (маркаб) метохтанд.4 Ва аз онњо дар миёни шумо суханшунавон њастанд.5 Ва Худо ба ситамкорон Доно аст.

48. Њамоно пеш аз ин [њам] фитнаро талаб карда буданд ва барои ту корњоро [нагунсор] бигардониданд, то он ки (нусрати) њаќ биёмад ва кори Худо ѓолиб шуд ва онро нохоњон буданд.

49. Ва аз онњо касе њаст, ки мегўяд: «Ба ман рухсат дењ ва маро дар фитна маандоз».6 Огоњ шав, ки онњо дар фитна афтодаанд. Ба дурустї ки дўзах ба кофирон фарогиранда аст.

50. Агар ба ту неъмате бирасад, онњоро нохуш кунад ва агар ба ту мусибате бирасад, гўянд: «Мо пеш аз ин маслињати худро ба даст овардем».1 Ва шодмон шуда бармегарданд.

51. Бигў: «Ба мо ба љуз он чи Худо барои мо навиштааст, њаргиз чизе нарасад. Ў Корсози мост. Ва мўъминон бар Худо бояд ки таваккул кунанд».

52. Бигў: «Дар њаќќи мо ба љуз яке аз ду чизи некўро ихтиёр намебаред;2 ва мо дар њаќќи шумо интизор мекашем, ки Худо азобро аз назди Худ ё ба дасти мо ба шумо бирасонад. Пас, интизор кашед, ба дурустї ки мо низ бо шумо мунтазир њастем».

53. Бигў: «Хоњ ба хушї ва хоњ ба нохушї харљ кунед: аз шумо њаргиз ќабул карда нахоњад шуд. Ба дурустї ки шумо ќавми фосиќон њастед».

54. Ва онњоро чизе бознадошт аз он, ки харљашон аз онњо ќабул карда шавад, магар он, ки онњо ба Худо ва расули Ў кофир шуданд; ва ба намоз намеоянд, магар дар њоле, ки онњо коњиланд ва харљ намекунанд, магар дар њоле, ки онњо нохоњонанд.

55. Пас, молу фарзандонашон туро ба шигифт наорад; љуз ин нест, ки Худо мехоњад бо онњо дар зиндагии дунё азоб кунадашон.3 Ва [дар њоле, ки] онњо кофир бошанд, љонашон барояд.

56. Ва ба Худо савганд мехўранд, ки онњо аз љумлаи шумоанд. Ва онњо аз шумо нестанд. Валекин онњо љамоае њастанд, ки метарсанд.

57. Агар паноње, ё ѓорњое, ё даромадгоње биёбанд, шитобон ба он мутаваљљењ мешаванд.

58. Ва аз онњо касе њаст, ки туро дар (таќсими) садаќот айб мекунад. Пас, агар аз он ба онњо дода шавад, хушнуд мешавад; ва агар дода нашавад, он гоњ онњо хашм мегиранд.

59. Ва агар онњо ба он чи, ки Худову расули Ў ба онњо додааст, ризоманд мешуданду мегуфтанд: «Худо моро бас аст, Худо аз фазли Худ ба мо хоњад дод – ва расули Ў [низ], ба дурустї ки мо ба сўи Худо раѓбаткунандагонем» – (бењтар мебуд).

60. Љуз ин нест, ки садаќањо барои фаќирон ва бенавоён ва коркунон бар љамъи садаќот; ва онон, ки дилњояшон улфат дода мешавад4 ва барои харљ кардан дар озодии бардањо ва барои вомдорон ва барои харљ кардан дар роњи Худо5 ва барои мусофирон аст; [ва он] њукми собитшуда аз назди Худо аст. Ва Худо Донои Дурусткор аст.

61. Ва аз онњо касонеанд, ки пайѓамбарро озор медињанду мегўянд: «Вай сабукгўш аст».6 Бигў: «Вай барои шумо сабукгўши некў аст». (Гуфтаи) Худоро бовар дорад ва машварати мўъминонро ќабул мекунад ва барои ањли имон аз шумо рањмат аст. Ва барои онон, ки пайѓамбари Худоро озор медињанд, азоби дарддињанда њаст.

62. Барои шумо ба Худо савганд мехўранд, то шуморо ризоманд кунанд; ва агар мўъмин њастанд, сазовортар он аст, ки Худову расули Ўро ризоманд созанд.

63. Оё намедонанд, ки њар кас бо Худову расули Ў мухолифат кунад, пас њамоно оташи дўзах барои ў аст дар њоле, ки ў дар он љо љовидон аст. Ин расвоии бузург аст.

64. Мунофиќон аз он метарсанд, ки бар онњо1 сурае фуруд оварда шавад ва онњоро ба он чи дар дилашон њаст, хабар дињад. Бигў: «Масхара кунед. Ба дурустї, Худо падидорандаи чизе аст, ки аз он метарсед».

65. Агар аз онњо суол кунї, мегўянд: «Љуз ин нест, ки мо дар њазл шурўъ менамудем ва бозї мекардем». Бигў: «Оё ба Худо ва оятњои Ў ва пайѓамбари Ў тамасхур мекардед?»

66. Узр магўед, ба дурустї ки шумо баъд аз имони худ2 кофир шудед. Агар аз сари гурўње аз шумо даргузарем, албатта, гурўњеро – ба сабаби он ки гунањкор буданд – азоб мекунем.

67. Баъзе аз мардони мунофиќ ва занони мунофиќ аз баъзеи дигаранд3 – ба кори нописандида мефармоянд ва аз кори писандида манъ мекунанд ва дастњои худро мебанданд, Худоро фаромўш карданд. Пас Худо онњоро фаромўш сохт. Њамоно, мунофиќон фосиќанд.

68. Худо ба мардони мунофиќ ва занони мунофиќ ва кофирон оташи дўзахро ваъда додааст дар њоле, ки онњо дар он љо њамеша бошандаанд. Дўзах барояшон бас аст; ва Худо онњоро лаънат кардааст ва барои онњо азоби доим аст,

69. – монанди онон, ки пеш аз шумо буданд. Онњо аз шумо дар ќувват зиёдтар ва дар амволу авлод бештар буданд. Онњо ба насибаи хеш бањраманд шуданд;4 ва шумо низ ба насибаи хеш бањраманд шудед, њамчунон касоне, ки пеш аз шумо буданд, ба насибаи хеш бањраманд шуданд; ва шумо ба њазл шурўъ кардед, чунон ки онњо ба њазл шурўъ карданд. Амалњои он љамоа дар дунёву охират нобуд шуд ва он љамоа зиёнкоранд.

70. Оё ба онњо хабари касоне, ки пеш аз онњо буданд, наомадааст – ќавми Нўњу Оду Самуд ва ќавми Иброњиму ањли Мадяну ањли Мўътафикот? Пайѓамбаронашон бо нишонањои равшан ба онњо омаданд. Пас њаргиз [чунин] нашудааст, ки Худо бар онњо зулм карда бошад, валекин онњо бар хештан зулм мекарданд.

71. Ва баъзе мардони мўъмин ва занони мўъмина корсози баъзеи дигаранд: ба кори писандида мефармоянд ва аз кори нописандида манъ мекунанд ва намозро барпо медоранд ва закотро медињанд ва ба Худову расули Ў фармонбардорї мекунанд. Худо бар ин љамоа рањм хоњад кард. Ба дурустї ки Худо Ѓолиби Дурусткор аст.

72. Худо ба мардони мўъмин ва занони мўъмин бўстонњоеро ваъда кардааст, ки зери он љўйњо меравад, њамеша бошандаи он љоанд; ва [низ] – љойњои покиза дар бињиштњои поянда. Ва хушнудии Худо аз њама бузургтар аст; ин фирўзии бузург аст.

73. Эй пайѓамбар, бо кофирону1 бо мунофиќон2 љињод кун ва бар онњо дуруштї кун. Ва љои онњо дўзах аст; ва вай бад љое аст.

74. Ба Худо савганд мехўранд, ки нагуфтаанд. Ва њамоно, сухани куфрро гуфтаанд ва баъди Исломи хеш кофир шудаанд; ва ба коре ќасд карданд, ки онро наёфтанд.3 Ва онњо чизеро инкор накарданд, магар онро, ки Худо аз фазли Худ ва расули Ў онњоро тавонгар сохтанд. Пас, агар тавба кунанд, барои онњо бењтар бошад ва агар (аз тавба) баргарданд, Худо онњоро дар дунёву охират ба азоби дарддињанда азоб мекунад. Ва барои онњо дар замин њељ корсозе ва њељ ёридињандае нест.

75. Ва аз онњо касоне њастанд, ки бо Худо ањд бастаанд: «Агар аз фазли Худ моро бидињад, албатта, садаќа дињем ва аз некўкорон бошем».

76. Пас, ваќте ки онњоро аз фазли Худ бидод, ба он бахилї карданд ва эърозкунон баргаштанд.

77. Пас, Худо нифоќро дар дилашон, то рўзе, ки бо Вай мулоќот кунанд, оќибати њолашон сохт – ба сабаби он, ки бо Худо – дар он чи бо Вай ваъда карда буданд, хилоф карданд ва ба сабаби он, ки дурўѓ мегуфтанд.

78. Оё надонистаанд, ки Худо пинњонашон ва роз гуфтанашонро медонад ва он, ки Худо Донандаи ѓайбњо аст.

79. Онон, ки аз мўъминон бо раѓбат садаќадињандаро дар садаќот айб мекунанд ва низ ононро (айб мекунанд), ки ба љуз машаќќати худ чизе намеёбанд4 ва бо онњо тамасхур мекунанд – Худо бо он тамасхуркунандагон тамасхур мекунад; ва барои онњо азоби дарддињанда њаст.

80. Барои онњо омурзиш талаб кун, ё барои онњо омурзиш талаб макун;5 агар [њам] барои онњо њафтод бор омурзиш хоњї, Худо онњоро њаргиз наомурзад. Ин ба сабаби он аст, ки онњо ба Худову расули Ў кофир шуданд. Ва Худо гурўњи фосиќонро роњ наменамояд.

81. Вопасмондагон ба нишастани хеш – бар хилофи пайѓамбари Худо, шодмон шуданд ва нописанд доштанд, ки бо амволу љони хеш дар роњи Худо љињод кунанд ва (ба якдигар) гуфтанд: «Дар гармї берун маравед». Бигў: «Агар дармеёфтанд, оташи дўзах дар гармї сахттар аст».

82. Пас, ба сазои он чи мекарданд, бояд ки андаке биханданд ва бисёр бигирянд.6

83. Пас, агар Худо туро ба сўи гурўње аз онњо бозорад ва онњо аз ту барои берун омадан рухсат талабанд,7 бигў: «Њаргиз бо ман берун нахоњед омад ва њамроњи ман бо њељ душмане љанг нахоњед кард. Ба дурустї ки шумо бори аввал ба нишастан ризоманд шудед, пас, бо пасмондагон бинишинед!»

84. Ва њаргиз бар њељ яке аз онњо, ки бимирад, намоз магузор ва бар гўри вай маист. Ба дурустї ки онњо ба Худову расули Ў кофир шуданд ва [ваќте ки] мурданд, фосиќ буданд.

85. Ва амволу фарзандонашон туро ба шигифт наоранд. Љуз ин нест, ки Худо бо он мехоњад, ки онњоро дар дунё уќубат кунад ва [дар њоле] рўњашон берун шавад, ки онњо кофир бошанд.

86. Ва чун сурае (ба ин мазмун) фуруд оварда шавад, ки ба Худо имон оред ва њамроњи расули Ў љињод кунед – аз [миёни] онњо соњибони тавоної аз ту рухсат метабаланд ва гўянд: «Моро бигузор, то бо нишастагон бошем».

87. Онњо ба он розї шуданд, ки бо занони пасмонда бошанд; ва бар дилњояшон мўњр нињода шуд ва онњо фањм намекунанд.

88. Лекин пайѓамбар ва онон, ки бо ў имон оварданд, бо амволу љони худ љињод карданд; ва некињо аз они ин љамоа аст; ва ин љамоа растагоронанд.

89. Худо барояшон бўстонњое омода сохтааст, ки зери он љўйњо меравад дар њоле, ки дар он љо љовидонанд. Ин фирўзии бузург аст.

90. Ва узргўяндагон аз аъробиён1 омаданд, то ба онњо рухсат дода шавад; ва онон, ки ба Худову расули Ў дурўѓ гуфтанд,2 [боз] нишастанд. Ва ба касоне аз онњо, ки кофир шуданд, азоби дарддињанда хоњад расид.

91. На бар нотавонон ва на беморон ва на бар онон, ки он чиро намеёбанд, ки харљ кунанд – чун бо Худову расули Ў некхоњї кунанд – њељ гуноње нест.3 Бар некўкорон њељ роњи итоб нест. Ва Худо Омурзандаи Мењрубон аст.

92. Ва на бар ононе [гуноњ аст], ки чун пеши ту биёянд, то ту ба онњо саворї дињї ва [чун] ту гўї: «Он чиро намеёбам, ки шуморо ба он савор кунам» – бозгарданд, дар њоле ки аз чашмњояшон ба љињати андўњ, ки он чиро намеёбанд, ки харљ кунанд, ашк равон бошад.

93. Љуз ин нест, ки роњи итоб бар касоне аст, ки аз ту рухсат метабаланд, дар њоле ки онњо тавонгаронанд; онњо ба он розї шуданд, ки бо занони пасмонда бошанд; ва Худо бар дилњояшон мўњр нињод; пас, онњо намедонанд.

94. Чун ба сўяшон бозоед, пеши шумо узрхоњї кунанд. Бигў: «Узрхоњї макунед, сухани шуморо бовар надорем, њамоно Худо моро ба баъзе хабарњои шумо огоњ сохтааст. Ва Худову расули Ў амали шуморо4 хоњанд дид; сипас шумо ба сўи Донандаи нињону ошкоро бозгардонида мешавед; пас, шуморо ба он чи мекардед, хабар медињад».

95. Чун ба сўяшон бозоед, пеши шумо ба Худо савганд хоњанд хўрд, то аз онњо рўй бигардонед.5 Пас, шумо аз онњо рўй бигардонед, њамоно онњо палиданд ва љои онњо – ба сазои он чи мекарданд, дўзах аст.

96. Барои шумо савганд мехўранд, то аз онњо ризоманд шавед. Пас, агар шумо аз онњо ризоманд шавед, ба дурустї ки Худо аз гурўњи фосиќон ризоманд нашавад.

97. Аъробиён1 дар куфру нифоќ сахттаранд;2 ва ба надонистани ањкоми шариате, ки Худо бар пайѓамбари Худ нозил кардааст; сазовортаранд. Ва Худо Донои Дурусткор аст.

98. Ва аз аъробиён касоне њастанд, ки он чизеро, ки харљ мекунанд, товон мешуморанд ва дар њаќќи шумо гардишњои рўзгорро интизор мекашанд; гардишњои бад бар онњо бод! Ва Худо Шунавои Доно аст.

99. Ва аз аъробиён касоне њастанд, ки ба Худо ва рўзи охир имон меоранд ва он чизеро, ки харљ мекунанд, сабаби ќурбат назди Худо ва василаи дуои неки пайѓамбар мешуморанд. Огоњ бош, ба дурустї ки ин барои онњо ќурбат аст. Худо онњоро дар рањмати Худ дохил хоњад кард. Њамоно Худо Омурзандаи Мењрубон аст.

100. Ва сабќаткунандагони нахустин аз муњољирону ансор ва онон, ки ба некўкорї ба онњо пайравї карданд – Худо аз ин љамоа хушнуд шуд ва онњо аз Вай хушнуд шуданд; ва барои онњо бўстонњое омода сохтааст, ки зери он љўйњо меравад; [онњо] дар он љо њамеша љовидонанд. Ин фирўзии бузург аст.

101. Ва онон аз аъробиён, ки гирдогирди шумоанд, мунофиќонанд ва баъзе аз ањли Мадина бар нифоќ хў гирифтаанд: ту онњоро намедонї; Мо онњоро медонем; ва онњоро ду бор азоб хоњем кард.3 Сипас, ба сўи азоби бузург гардонида мешаванд.

102. Ва дигарон њастанд, ки ба гуноњони худ иќрор карданд; амали некро бо амали дигар, ки бад аст, омехтанд. Наздик аст, ки Худо ба рањмат ба онњо бозгардад. Ба дурустї ки Худо Омурзандаи Мењрубон аст.

103. Аз амволашон закот бигир, то ба он онњоро пок созию бобаракат кунї; ва бар онњо дуои хайр кун. Ба дурустї ки дуои ту барои онњо сабаби оромиш аст. Ва Худо Шунавои Доно аст.

104. Оё надонистаанд, ки Худо Он аст, ки аз бандагони Худ тавба ќабул мекунад ва садаќотро мегирад; ва њамин Худо аст, ки Тавбапазирандаи Мењрубон аст.

105. Ва бигў: «Амал кунед, пас Худову расули Ў ва мўъминон амали шуморо хоњанд дид; ва ба сўи Донандаи пинњону ошкоро баргардонида хоњед шуд. Он гоњ шуморо ба он чи мекардед, хабар медињад».

106. Ва дигарон ба фармони Худо мавќуф дошта шудаанд: ё ин ки онњоро азоб мекунад, ё ба онњо ба рањмат бозмегардад. Ва Худо Донои Дурусткор аст.

107. Ва (аз онњо) касонеанд, ки барои зиён расонидан ва ба љињати куфр ва барои тафриќа афкандан миёни мўъминон ва камингоњ сохтан барои онон, ки пеш аз ин бо Худову расули Ў љанг кардаанд, масљид сохтаанд; ва, албатта, савганд хўранд, ки ба љуз кори некў чизеро нахостаем. Ва Худо гувоњї медињад, ки онњо дурўѓгў њастанд.

108. Он љо њаргиз маист. Њар оина масљиде, ки аз рўзи аввал бар (нияти) таќво бунёд нињода шудааст, сазовортар аст, ки он љо [ба намоз] биистї. Дар он љо мардоне њастанд, дўст медоранд, ки пок шаванд. Ва Худо пок бошандагонро дўст медорад.

109. Оё касе, ки иморати худро бар тарскорї аз Худо ва хушнудии Ў бунёд нињодааст, бењтар аст, ё касе, ки иморати худро бар каронаи замини рўдхўрдаи наздик ба афтодан бунёд нињодааст, ки пас, бо соњиби худ дар оташи дўзах афтад? Ва Худо гурўњи ситамкоронро роњ наменамояд.1

110. Иморате, ки онњо бунёд кардаанд, њамеша сабаби шак дар дилњояшон бошад, магар он ки дилњояшон пора-пора карда шавад. Ва Худо Донои Дурусткор аст.

111. Ба дурустї ки Худо аз мўъминон – ба ивази он, ки бињишт онњоро бошад – љонњояшон ва молњояшонро харидааст; дар роњи Худо љанг мекунанд, пас мекушанду кушта мешаванд – ваъдаест ба њаќиќат дар Тавроту Инљилу Ќуръон, ки бар Худо лозим аст. Ва кист вафокунандатар аз Худо ба ањди хеш? Пас, ба ин фурўхтани худ, ки ба он муомила кардед, шодмон бошед. Ва ин аст фирўзии бузург.

112. (Онњо) тавбакунандагонанд, ибодаткунандагонанд, њамдгўяндагонанд, (дар роњи Худо) сафаркунандагонанд,2 рукўъ ва саљдакунандагонанд, ба кори писандида фармояндагонанд ва аз нописандида манъкунандагонанд ва ањкоми Худоро нигоњдорандагонанд; ва мўъминонро мужда дењ.

113. На пайѓамбар ва на мўъминонро раво набувад, ки барои мушрикон, агарчи хешї дошта бошанд – баъд аз он, ки ба онњо зоњир шуд, ки он гурўњ бошандагони дўзах њастанд – талаби омурзиш кунанд.

114. Ва омурзиш хостани Иброњим барои падари худ ба љуз аз љињати ваъдае набуд, ки бо вай карда буд. Пас, чун барои Иброњим равшан шуд, ки вай душмани Худо аст, аз вай безор шуд. Њамоно Иброњим нармдили бурдбор буд.

115. Ва [њаргиз] Худо [чунон] нест, ки – баъд аз он, ки ќавмеро роњ намуда бошад – онњоро гумроњ кунад,3 то он ки барои онњо он чиро возењ созад, ки аз он парњез кунанд.4 Ба дурустї ки Худо ба њар чиз Доно аст.

116. Њамоно подшоњии осмонњову замин аз они Худо аст; зинда мекунад ва мемиронад; ва шуморо ба љуз Вай њељ корсозею ёридињандае нест.

117. Ба дурустї, Худо бар пайѓамбар ва он муњољирону ансор, ки дар ваќти тангдастї ба вай пайравї карданд – баъд аз он ки наздик буд дили гурўње аз онњо аз љой биравад – ба рањмат бозгашт. Сипас бар онњо ба рањмат бозгашт; њамоно Вай бар онњо Бахшояндаи Мењрубон аст.

118. Ва бар он се касе,1 ки мавќуф дошта шуданд, то он ки замин – бо вуљуди фарохї – бар онњо танг шуд ва љонашон бар онњо танг шуд ва донистанд, ки љуз ба сўи Худо аз Ў паноње нест, сипас Худо ба рањмат бар онњо бозгашт, то онњо руљўъ кунанд. Ба дурустї ки Худо Тавбапазирандаи Мењрубон аст.

119. Эй мўъминон, аз Худо битарсед ва бо ростгўён бошед.

120. Ањли Мадина ва аз аъробиён ононро, ки гирдогирди онњо њастанд, лоиќ набуд, ки аз њамроњии расули Худо бозпас монанд ва набояд ки аз (зоти) расули Худо эъроз карда, дар њифзи хеш раѓбат кунанд. Ин ба сабаби он аст, ки ба онњо дар роњи Худо ташнагию ранљу гуруснагї намерасад ва пои худро ба љое намегузоранд, ки кофиронро ба хашм орад ва аз душман њељ дастбурде ба даст намеоранд, магар он ки барои онњо ба сабаби он амали солењ навишта шавад. Ба дурустї ки Худо музди некўкоронро зоеъ намекунад.

121. Ва њељ харљеро – андаке ё бисёре – харљ намекунанд ва њељ водиеро тай намекунанд, магар он ки барои онњо (амали солењ) навишта шавад, то Худо онњоро некўтар аз он чи мекарданд, љазо дињад.

122. Ва мўъминонро мумкин нест, ки њама якљоя [ба ѓазо] бароянд. Пас, чаро чанд кас аз њар љамъе аз онњо берун наоянд [ва дигарон боќї бимонанд], то дар дин донишманд шаванд ва чун ба сўи ќавми худ бозоянд, онњоро бим кунанд? Бувад ки онњо битарсанд.

123. Эй мўъминон, ба касоне аз кофирон, ки назди шумоанд, љанг кунед. Ва бояд ки кофирон дар шумо дуруштиро ёбанд; ва бидонед, ки Худо бо парњезгорон аст.

124. Ва аз мунофиќон касе њаст, ки чун сурае фуруд оварда шавад, мегўяд: «Ин сура дар њаќќи кадом яке аз шумо имонро афзун кардааст?» Аммо дар њаќќи ањли имон, дар њаќиќат, имонро зиёда кардааст; ва онњо шодмон мешаванд.

125. Ва аммо дар њаќќи онон, ки дар дилњояшон беморист – палидиро њамроњи палидиашон зиёда кардааст; ва онњо дар њоле ки кофир буданд, мурданд.

126. Оё намебинанд, ки онњо дар њар сол як ё ду бор уќубат карда мешаванд?2 Боз њам онњо тавба намекунанд ва панд намегиранд.

127. Ва чун сурае фуруд оварда шавад,3 баъзеи онњо [аз љињати шармандагї] ба баъзе назар кунанд [ва гўянд]: «Оё касе шуморо мебинад?» Сипас бозгарданд; Худо дилњояшонро бозгардонидааст, ба сабаби он ки онњо гурўње њастанд, ки намедонанд.

128. Њамоно пайѓамбаре аз худи шумо ба шумо омадааст, ранљи шумо бар вай душвор аст, бар [њидояти] шумо њарис аст, ба мўъминон бахшояндаи мењрубон аст.

129. Пас, агар бозгарданд,1 бигў: «Худо маро бас аст, ба љуз Вай њељ маъбуде нест, бар Вай таваккул кардам; ва Ў Худованди Арши Бузург аст».



Достарыңызбен бөлісу:
1   2   3   4   5   6   7   8   9   10   ...   33




©dereksiz.org 2024
әкімшілігінің қараңыз

    Басты бет