Бастауыш білім беру деңгейінің 1-сыныбы үшін


Талаботи асосӣ ба дараҷаи донишомӯзии хонандагон



бет63/63
Дата28.01.2024
өлшемі2.5 Mb.
#490068
түріБағдарламасы
1   ...   55   56   57   58   59   60   61   62   63
Бастауыш оқу бағдарламалары №266 бұйрығы 08.04.2016

3. Талаботи асосӣ ба дараҷаи донишомӯзии хонандагон

13. Натиҷаҳои фаннӣ. Хонандагони синфи 1 дар охири сол бояд донанд:



  1. фарқ карда тавонистани ҳарф ва овози он (садонок ва ҳамсадо), классификацияи ҳарфҳо ва таҳлили фонетикии он;

  2. шумораи овозҳои дар калима бударо донистан, бо воситаи рангҳо (кабуд-ҳамсадо, сурх-садонок) фарқ карда тавонистан;

  3. аз рӯи нақша донистани калима, ҷумла, ҳиҷо, овоз;

  4. ба қоидаҳо риоя карда ҳиҷоҳои кушода ва бастаро фарқ кардан, ба кучондани ҳиҷоҳо амал кардан;

5) бо ҳарфи калон навиштани аввали ҷумла, дар охири ҷумла аломатҳои заруриро монда тавонистан (нуқта, савол, аломати хитоб);
6) бо воситаи саволҳо донистани ном ва ҳаракати ашё;
7) ба қоидаҳои аз сатр ба сатр кучондан, калимаҳоро ба ҳиҷоҳо ҷудо карданро донистан;
8) талаффуз ва навиштани калимаҳо: аз ҷиҳати лексикӣ истифода бурда мешвад (калима, ибора, ҷумла ва матн);
9) матнҳои хурдро фаҳмида ифоданок хондан;
10) матнҳои хурдромустақил хонда ҳикоя карда тавонистан (40-50 калима);
11) аз рӯи мазмуни матн ба саволҳои додашуда ҷавоб дода тавонистан;
12) намудҳои гуногуни матнро аз чиҳати мазмун ва сохт муайян карда тавонистан;
13) ба матн такя карда истода аз рӯи расмҳо ҷумла сохтан;
14) ба маданияти суханронӣ риоя карда дар сӯҳбат истифода бурдан;
15) ба қоидаҳои гигиенӣ эътибор дода дуруст ва хушрӯ навиштанро ташаккул додан;
16) ба дафтар хошия мондан, ба қоидаи дуруст навиштанро амал кардан;
17) дар давраи алифбо;навистани калимаҳо дар натиҷаи шунидан ва гуфта истодан (3-5 чумла);
18) мустақил сӯҳбат кардан, фикри худро озодона баён кардан;
19) суръати хониш дар як дақиқа дар нимсолаи аввал 15-20 калима, нимсолаи дуюм 20-25 калима;
20) баъд аз алифбо 5-6 шеърро аз ёд донистан;
21) воситаҳои бадеии нутқро донистан (муқоиса кардан, ҷумла сохтан);
22) бо роҳи мушоҳида чизҳои омӯхтаашро мустаҳкам кардан, матнҳои хондаашро такрор хондан ва фаҳмидан;
23) таҳлил ва муқоисаро донистан;
24) эҷодиёти даҳонакии халқ: панд ва чистонҳоро донистан;
25) шеърҳо аз ёд донистан;
26) ба муҳити атроф нигоҳ карда истода матнҳои 4-6 ҷумладор сохта тавонистан.
14. Хонандагони синфи 1 дар охири сол бояд аз худ кунанд. Аз рӯи хониш:
1) овоз ва калимаро дуруст талффуз кардан;
2) аз овоз ва харфҳо калимаҳои нав сохта тавонистан;
3) азкалимаҳои додашуда ҷумлаҳо сохта тавонистан;
4) саволи додашударо дуруст фаҳмида ба он ҷавоб гардонидан;
5) матни додашударо хонда, аз рӯи он саволҳо тартиб додан ва ба онҳо ҷавоб гардонидан;
6) мустақилона сӯҳбат кардан ва диалогҳо ташкил кардан;
7) шеърҳо, чистонҳо ва панду насиҳатҳои ҳаҷман хурдро аз ёд донистан;
8) бо овози баланд ва хомушона хонданро;
9) калимаҳоро ба ҳиҷоҳо ҷудо карда хондан;
10) дар давоми як дақиқа 30-40 калимаро ифоданок хондан;
11) овозро дар як маром дота, матнро ифоданок хондан;
12) аз рӯи мавзӯъ матни аз 3-5ҷумла иборатро сохтан.
15. Аз рӯи навишт:
1) имлои тарзи навишти китобат, дастӣ ва ҳарфҳои калону хурди алифбои тоҷикиро ва пайвастшавии онҳоро;
2) матни китобиро, ки (10-15 ҷумла ҳар кадомаш аз 3-4 калима иборат буда) бехато кӯчонида навистан;
3) 5-6 калима ва 2-3 ҷумларо шунида навистан;
4) вақти навистан ба баъзе қоидаҳои орфографӣ риоя намудан (аз сатр ба сатр кӯчонӣ, бо ҳарфи калон нависта шудани ном ва насаби одамон, шаҳрҳо, дарёҳо, кӯчаҳо, кӯҳҳо, кӯлҳова лақаби ҳайвонҳо) ва онҳоро истифода бурдан.
16. Натиҷаҳои шахсӣ:
1) донистани гимни давлатӣ ва ҳурмат кардани нишонҳои Ҷумҳурии Қазоқистон (нишон, (парчам, гимн);
2) тарбияи ватандӯстӣ, муҳофизати табиати муҳит ва ҳимояи он;
3) ҳурман намудани забон ва маданияти худ;
4) бурдани тарзи ҳаёти солим;
5) ҷавобгарӣ ба меҳнат ва хондан;
6) ҳурмат кардани калонсолон ва ғамхорӣ дар ҳаққи хурдсолон.
17. Натиҷаҳои ҳаракатҳои пай дар пай:
1) ҳиҷо ва калимаро донистан;
2) аз ҳиҷо калима, аз калима ҷумла сохтан;
3) бо ҳарфи калон нависта шудани ҳарфи аввалини ҷумла, дар охири он гузошта шудани аломатхои китобатӣ;
4) маълумотҳои қабулкардаи худро дуруст фаҳмидан ва дар ҷойҳои зарурӣ аз онҳо истифода кардан;
5) ифоданок хондани матн;
6) дуруст, бехато ва хушхат навистан;
7) фикри даҳонӣ ва хаттии худро пурра ва бе хато баён кардан;
8) бо воситаи қобилияти эҷодии худ фикри худро пурра, аниқ ва ҷамъбаст карда тавонистан.



Достарыңызбен бөлісу:
1   ...   55   56   57   58   59   60   61   62   63




©dereksiz.org 2024
әкімшілігінің қараңыз

    Басты бет